обучение монологической речи. матн монолог. Донишгои Давлатии омзгории Тоикистон ба номи Садриддин Айнї факултети забони англисї кафедраи методикаи таълими забони англисї Ихтисос 1020306 Забони англисї
Скачать 86.04 Kb.
|
2.2. Талабот ба матнњо барои таълими гуфтори монологї Масъалаи њалталаби интихоби матн барои таълими гуфтори монологї дар он зинае, ки љараёни таълими хониш тамом шуда, љараёни ташаккулёбии малакањои синтетикии гирфитани маълумот аз матн мегардад, тезу тунд мегардад. " То ин зина хонанда хонданро меомўзад, акнун бошад њадафи таълим хондан бо максади фањмидан мешавад. Дерустараш хонанда бо максади гирифтани маълумот мехонанд. Ў, албатта, то њол хонданро меомўзад, вале дар зинаи баландтар, ваќте ки диќќати ў ба маълумоте ки гирифта метавонад љалб карда шудааст, на ба графемю њамбастагии онњо" [29]. Дар баробари ба роњ мондани таълими нутки мустаќили монологї, наќши муњимро инчунин мундариљаи маъноии мавод, ки барои хониш муайян шудаанд, низ мебозад. Мањз аз мундариљаи маводи интихобшуда баланд ва ё паст гаштани њавасмандии хонандагон нисбати хонда омўхтани матн вобастагї дорад. Мувофикаткунии мавзўии маводњо барои таълими нутќи мустаќили монологї ба мавзўи лексико-муоширатии дарс, ки дар зинаи муайян мегузад, муњим нест. Танњо дар зинаи аввал, матнњо маводи забонии зинаи гуфташударо дар худ иброз мекунанд, ки хонандагон бо онњо аллакай шинос буда, дар нутќи худ истифода мебаранд. Мундариљаи матнњо такрибан бо мундариљаи нутќи гуфтўгўї якхела аст. Дар зинањои баъдина, бо баробари васеъ шудани њаљми маводи забонї шумораи комбинатсияњо низ зиёд мешавад, ки худ таъсири худро ба мундариљаи матнњо мерасонад. Мундариљаи чунин матнњо бо мурури замон мавзўъњо ва њолатњои нав ба навро, ки на њамаваќт метавонад мавзўян бо нутќи гуфтугўї мувофиќат кунад, фаро мегиранд. Инчунин, онњо метавонанд маводњои ношиноси забониро низ дошат бошанд. Вале фањмидагирии онњо дар асоси маънои контекстии матн ва ё аз рўйи монандии он ба калимаи забони модарї ба амал меояд. Инчунин бояд ќайд карда шавад, ки дар љараёни ба роњ мондани таълими нутќи мустаќили монологї, матнњои интихобшуда бояд зиёд, содда ва бе тарљума буда, мундариљаашон бояд бо маълумоти нињониаш хонандаро завќманд гардонад ва албатта, хусусияти тарбиявї дошта бошад. Коршоямї ва натиљабахшии матнњоро барои таълими нутќи мустаќили монологї аз рўйи критерияњои зерин муайян кардан мумкин аст: бо фабулаи равшани матн ва ё порча. ибрози њиссиётї. ањамиятнокии мавод. монандии тематикии мавзўъ бо њолатњо ва шароитњои њаётї. мавчуд будани шароит барои оростани мушовара. мавчуд будани хусусиятњои тарбиявї. Мавод бояд бо назардошти кадом проблема њал шуданаш лозим, интихоб карда шавад[29]. Аз рўйи критерияњои дар боло оварда шуда матнњои адабии бо забони хориљие, ки онњоро хонандагон меомўзанд, интихоб карда мешаванд. Тарафдорони љараёни бадеї-кишваршиносї собит кардаанд, ки мањз адабиёти бадеї барои таълими нутќи мустаќили монологї бештар ва хубдар дуруст меоянд. Интихоби адабиёти бадеї њамчун мавод барои таълими нутќи мустаќили монологї бењуда нест. Олимон психологњо (Л. С. Виготский, В. А. Крутецкий, О. И. Никифорова ва ѓ.) аќидае пешнињод карданд, ки дар синни 13-14 солагї дар хонандагон шавќу хавас нисбати хондани адабиёти бадеї баланд мегардад. Хусусияти фарќкунандаи адабиёти бадеї аз ѓайрибадеї ин антропосентии сад фоизаи он аст, яъне адабиёти бадеї аввалин дараља ба тафаккури инсон равона карда шудааст. Истифодабарии адабиёти илми-публиситї ва ё дигар адабиёти ѓайрибадеї ањамиятнокии на он ќадар калон дошта, натиљабахшиаш паст мебошад. Барои фањмида гирифтани мундариљаи чунин намуд адабиёт ба хонанда дараљаи муайяни донишњо, њавасмандї нисбати мавзўи дар мавод иброз ёфта лозим аст. Вале маводи дар адабиёти бадеї иброз гардида тайёрии махсуси фањмидагирии хонандаро талаб намекунад. Сабаби дигари истифодабарии адабиёти бадеї њамчун маводи асосї барои таълими нутќи мустаќили монологї дар он зоњир мегардад, ки ба аќидаи методистон асарњое ки давомноканд хонданаш барои хонандагон ќулайтар аст, назар ба матнњои људогона, ки мундариљаи гуногун доранд. Дар љараёни хониши порчањои як асар, он њолатњои алоњидаи, ки ба хонанда дар љараёни хониш нофањмо мешаванд, метавонанд, дар љараёни муњокимаронї оиди асар тавассути фањмондадињї ва ё тањлили он фањмонида шаванд. Бинобар ин, новобаста аз он, ки хонанда њамаи калимањои дар матн инъикос ёфтаро фањмидааст ва ё на, мундариљаи асар гум нашуда, маънои умумї ба хонанда маълум мегардад. Як сабаби дигаре барои истифодабарии адабиёти бадеї дар дарсњои таълими нутќи мустаќили монологї ин хусусияти композитсионии он мебошад, ки аз як тараф хусусияти таъсиркунии эмотсионалї ба хонандаро дорад, аз тарафи дигар бошад, ба хубтар фањмида гирифтани мавод равона карда шудааст. Аргументи дигар ба фоидаи адабиёти бадеї ин хусусияти воќеиятї доштани он мебошад. Хонанда дар љараёни хониш анљомидани ин ё он њодиса, ки дар асар ифода мешавад, интизор мешавад. Найрангњое, ки дар асар тасвир мешаванд, хонандаро водор месозанд, ки диќќаташро хуб ба асар љалб кунад, то ягон њодиса аз назари ў дур нагардад. Њамаи компонентњои асари бадеї ба инкишофи дурусти фањмиш мусоидат карда, малакањои пешгўї карда тавонистани њодисоти баъдинаи дар асар иброз гашта инкишоф медињад. Матнњои бадеї ва ѓайрибадеї аз рўйи хусусиятњои дохили забонї, яъне бо хусусиятњои интихоб ва истифодабарии воситањои забонї фарќ мекунад. Адабиёти ѓайрибадеї системаи забонии мањдуд доранд. Дар чунин намуди матнњо лексикаи терминологї ва махсус зиёдтар истифода бурда мешаванд. Бинобар њамин, хониши чунин намуди адабиёт дар дарсњои таълими нутќи мустаќили монологї ба васеъ гаштани фонди луѓавии хонандагон мусоидат намекунад, назар ба адабиёти бадеї. Зеро дар адабиёти бадеї мо гуногунрангии лексикаю грамматикаро дида метавонем. Бинобар њамин, истифодабарии адабиёти бадеї мањорату малакањои хонандагонро нисбати лексика ва грамматика ташаккул медињад. Ба ѓайр аз ин, такроршавии барзиёди воњидњои грамматикию лексикї имконият медиханд, ки мавод аз тарафи хонанда хубтар азхуд шавад. Инчунин, такроршавии лексика дар адабиёти бадеї ба истифодабарии он дар нутќи шифоњї мусоидат мекунад. Лексикаи матнњои бадеї, назар ба лексикаи адабиёти ѓайрибадеї, бо луѓати нутќи гуфтугўї, ки њама рўза дар забон аст, алоќамандии зич дорад. Бинобар њамин, имконияти дастрас шудан ба муносибати зичи таълими хониш ва гуфтор дар асоси матнњои бадеї ба назар хеле хуб намоем аст. Истифодабарии адабиёти бадеи дар дарсњои таълими нутќи мустаќили монологї бо хусусияти кишваршиносї доштани таълими забони англисї алокаманд аст. Дар ќатори њал намудани вазифањои асосии лингвистикї ва нутќї хониши асарњои бадеї хусусияти хуби таълимї низ доранд, зеро дар асоси хониши чунин асарњо хонанда ба як дунёи нави фарњангии кишвари бегона ворид карда мешавад. Принсипи асосии интихоби матнњои бадеї ин хусусияти маълумии он дар кишвари забонаш омўхташуда истода мебошад (дар асоси терминологияи Верешагина Е.Н ва Костомарова Г.М.). Яъне асарњое, ки ба тариќи оммавї дар кишвари забонаш омўхташудаистода истифода бурда шуда, дониши базавии ин халќият мебошад. Мавќеи муайянро дар байни имкониятњои адабиёти бадеї ин муњимияти умумї-фарњангї доштани он мебошад. Масалан, дар ин ё он асар албатта персонажњое њастанд ва онњо њар як дорои номанд. Њар яке аз образњои асар дорои хусусиятњои хоси худ мебошад, ки ин хусусият имконият медињад, ки хонанда дар љараёни хониши асар як чањон маълумоти умумї-фархангї гирад, яъне донишњои кишваршиносї. Дар баробари ин, мо бояд дар бораи принсипи умумї-дастрасии матн фаромўш насозем, ки ба тариќи истифодбарии васеи коркарди матн барои таълим, ки аз љониби илми методика коркард мешавад, дастрас мегардад. Шароитњои таълимї имконият намедињанд, ки ин принсип ба таври пурра дар бахши таълими забонњои хориљї дар мактаб амалї гардад. Инчунин, бояд фаромўш нагардад, ки дар љараёни хониши асарњои бадеї, хонандаро бояд ба макон ва замони иљроиши амали дар асар тасвир ёфта тайёр кунем. Барои хубтар ва бењтар фањмидани воќеияти дар асар тасвир гашата хонанда бояд аз нозукињои ин ё он давраи таърихї, хусусиятњои фарњангии ин ё он халќият ва ё кишвар маълумот дошта бошад. Бидуни ин хама нозукињо фањмиши дурусти мундаричаи асар ѓайри имкон аст. Њамин тариќ, аз назар гузаронии хусусиятњои дар боло оварда шуда имконият медињад, ки мо бо боварии комил гуфта тавонем, ки мавќеи асарњои бадеї дар љараёни дарсњои таълими нутќи мустаќили монологї ва умуман дар љараёни таълими забонњои хориљї дар мактаб хеле баланд аст. Ва назар ба дигар намудњои адабиёт адабиёти бадеї дар таълим натиљахои хуб дар ташаккулёбии мањорату малакањои забономўзии хонанадгон наќши марказиро ишѓол менамояд [29]. Хулоса Таълими забони табиї танњо дар он њолат ба вуљуд оварда мешавад, ки агар маводњои таълимии истифодашаванда аз њаёти њаррўзаи соњибзабонон гирифта шуда, дар худ хусусиятњои фарњангии онњо якљоя бо нормањои ќабулкардаи забонї дошта бошанд. Матни методї - аутентї маводе мебошад, ки бо маќсади таълим тартиб дода шудааст. Аќидае њаст, ки тартибдињї ва истифодабарии чунин матнњо имконият медињад, ки таълими њамаи намудњои мањорату малакањои нутќї натиљањои назаррасу мусбиро медињад. Таълими гуфтор бошад, як ќисми људонашавандаи чараёни таълим буда, бояд дар њамаи зинањои таълим ба роњ монда шавад. Зеро дар натиљаи ин дарсњо донишњои лексикї ва лингво-кишваршиносии хонандагон васеъ мегардад. Дуруст ба роњ мондани таълими нутќи монологї яке аз компонентњои муњим ва натиљабахши таълим мебошад. Дар муассисањои таълимї дар раванди таълими забони англисї диќќати асосї ба фањмиши дурусти адабиёти илмї ва нутќи монологї дар доираи маводњои забонии омўхташудаистода зоњир карда мешавад. Њадафи асосии омўзгор ин тайёр кардани хонандагон ба фаолияти мустаќили кор бо мавод ва маълумот ва ташаккул додани малакањои нутќи мустаќили монологї мебошад. Дар раванди таълими забони англисї мавќеи матн бузург буда, яке аз воситањои муњими таълимї дониста мешавад. Аз љињати лингвистикї матн ин ягонагии шакл ва мафхум, наќшаи мундариља ва наќшаи ифодакунї мебошад. Чун яке аз воситањои таълими забони англисї матн метавонад объекти азхудкунї ё объекти шаклї, ё мундариља ва ё њар ду шуда тавонад. Матнро метавонем чун истиноди ќавї ва чун воситаи ѓанигардонї ва такмили нутќи хонандагон, аз он љумла, таълими мантиќан дуруст ва мунтазам баён кардани фикри худ дар шакли нутќи монологї, ќабул кунем. Ин њама ташаккул ёфтани малакањои муайяни грамматикї ва инкишоф додани малакањои нутќи монологиро талаб мекунад. Дар зери мафњуми малакањои нутќи монологї ќобилияти мантиќан дуруст ва мувофиќи хусусиятњои шакли нутќи монологї ва хусусиятњои ба худ хоси нормаи забонї сухан кардан фањмида мешавад. Малакаи мазкур хусусияти комплексї дошта, як ќатор малакањоро дарбар мегирад. Аз ќабили, - Дар раванди наќл. Малакаи дар раванди фаолияти нутќї мунтазам наќл карда тавонистани њодиса бо истифода аз воситањои забони омўхташудаистода; - Дар раванди тавсиф додан. Малакаи ба таври муфассал фош кардани хусусиятњои объекти нутќ, алалхусус, малакаи муайян кардани шакли он, таркиб, сохтор, хусусият ва сифат, њадафњои он ба воситаи номбар кардани хусусиятњои ба худ хоси объекти нутќ, бо истифода аз воситањои забон. - Дар раванди мулоњиза. Малакаи ба таври собиткунанда васеъ баён кардани фикри худ мувофиќи схемањои муайян ва мањорати тањлилкунии маъної. Хониши матнњои таълимї хеле муњиманд, зеро дар љараёни ин амал хонанда имконият пайдо мекунад, ки бо шароити табиии забони хоричї ворид гардад. Шарти асосї дар интихоби матн ин хусусияти бадеї - кишваршиносї доштани он мебошад, зеро мањз ин хусусият имконият медињад, ки хусусиятхои аслї нигоњ дошта шаванд. Таълими нутќи мустаќили монологї дар асоси матнњои бадеї ва аслї чун ќисмати муњими љараёни таълимї метавонад, аз як тараф, ташаккулёбии мустањками њамаи намудњои компетенсияи коммуникативиро таъмин намуда, аз тарафи дигар масъалањое ки дар рафти таълим ба миён омада контектсти муайяни маъноиро талаб мекунанд, њал менамояд. Дар бораи хониш бо забони хориљї чун воситаи бевоситаи муошират сухан карда, бархе аз олимону методистон бо боварии комил ќайд менамоянд, ки дар натиљаи хониши зиёди адабиёти бадеї дар хонандагон талаботњои хониш инкишоф ва ќонеъ мегардад, яъне хондани адабиёти бо забони хориљї навишташуда дар ваќхои берун аз таълимї ба васеъ гаштани доирањои дониш, мањорат ва малакањои забонї гашта, ба хонандагон имкониятњои васеи нутќиро фаро меоварад. Мувофиќаткунии мавзўии маводњо ба мавзўи лексико-муоширатии дарс, ки дар зинаи муайян мегузарад, муњим нест. Танњо дар зинаи аввал, матнњо маводи забонии зинаи гуфташударо дар худ иброз мекунанд, ки хонандагон бо онњо аллакай шинос буда, дар нутќи худ истифода мебаранд. Мундариљаи матнњо таќрибан бо мундариљаи нутќи гуфтўгўї якхела аст. Дар зинањои баъдина, бо баробари васеъ шудани њаљми маводи забонї шумораи комбинатсияњо низ зиёд мешавад, ки худ таъсири худро ба доираи маводњои дар нутќ истифода мешуда мерасонад. Мундариљаи чунин матнњо бо мурури замон мавзўъњо ва њолатњои нав ба навро, ки на њамаваќт метавонад мавзўян бо нутќи гуфтугўї мувофиќат кунад, фаро мегиранд. Инчунин, онњо метавонанд маводњои ношиноси забониро низ дошта бошанд. Вале фањмидагирии онњо дар асоси маънои контекстии матн ва ё аз рўйи монандии он ба калимаи забони модарї ба амал меояд. Фењристи адабиёти истифодашуда Алхазишвили А.А. Психология обучения устной речи на иностранном языке. – М., 1988.- 214 с. Артемов В.А. «Психология обучения иностранным языкам». М., 1969. – 169 с. Беспальчикова Е.В. «Обучение анализу текста», ИЯШ, № 2, 2002. -С. 24-26. Бим И.Л. «Теория и практика обучения иностранному языку в средней школе» М., 1988.- 211 с. Бухбиндер В. А., Розанов Е. Д. О целостности и структуре текста.—«Вопр. языкознания», 1975, № 6. - С. 31-33. Гальскова Н.Д., Гез Н.И. Теория обучения иностранным языкам. Лингводидактика и методика. М.: Академкнига, 2006.- 318 с. Горкин А.Г. Большая педагогическая энциклопедия Том II. – М.: Большая Российская энциклопедия, 1999. – 452 с. Гез Н.И. Роль условий общения при обучении слушанию и говорению. - Иностранные языки в школе, 1981.- №5.- С.34 Гурьева С.А. Психологический анализ логико-смысловой организации речевого высказывания: Автореф. канд. дис. психол. наук. – М.:1984. – 193 с. Елухина Н.В. Устное общение на уроке, средства и приемы его организации. М., 1995.- 168 с. Заремская С.И., Слободчиков А.А. «Развитие инициативной речи учащихся», М., 1983. – 211 с. Зимняя И.А. «Психология обучения иностранным языкам в школе», М., 1991. – 173 с. Зимняя И. А. Речевой механизм в системе порождения речи.— В кн.: Психологические и психолингвистические проблемы владения и овладения языком, М., Изд-во Моск. ун-та, 1969. - 393 с. Карапчук А.В. Иностранный язык в школе № 6 \ М. 1998.- С. 19 Кудревич М.А. Учебно-методическое пособие по развитию навыков устной речи. – Минск, 1990. – 269 с. Леонтьев А. А. Ориентировочная деятельность при понимании иноязычного текста.— «Иностр. языки в высшей школе», 1975, вып. 10. -С. 53-55. Леонтьев А. А. Психофизиологические механизмы речи.— Общее языкознание, М., «Наука», 1970. - 315 с. Леонтьев А.А. Язык и речевая деятельность в общей и педагогической психологии: избранные психологические труды. - М.: Изд-во Московского психолого-социального института, 2003. - 536 с. Ляховицкий М.В. «Методика преподавания иностранных языков» М., 1981.- 296 с. Малявин Д.В., Аникина В.Н., Латушкина М.С. Работа с газетой на английском языке в средней школе. М. 1981. – 121 с. Маслыко Е.А. Бабинская П.К. Настольная книга преподавателя иностранно языка. – Минск: Высшая школа, 2001. – 261 с. Махмурян К.С. Курс лекций по методике преподавания английского языка.- 164 с. Миллер Дж. Психолингвисты.— В кн.: Теория речевой деятельности, М., «Наука», 1968. - 461 с. Миролюбов А.А., Рахманов И.В., Цейтлин В.С. Общая методика обучения иностранным языкам в средней школе. – М., 1967.-351 с. Пальмер, Гарольд Е. Устный метод обучения иностранному языку. – М., 1961. – 205 с. Пассов Е.И. Урок иностранного языка в средней школе. – М., 1988. – 152 с. Подласый И.П. Педагогика. Новый курс: учебник для студентов пед. ВУЗов. В 2-х книгах. - М.: Владос, 2000. – 264 с. Сахарова И.И. Методика обучения иностранному языку. Хрестоматия. – М.: Просвещение, 1999 г. – 451 с. Селиванов Н.А. Литературно-страноведческий подход к отбору текстов для домашнего чтения, ИЯШ, № 1, 1991. - С. 61-62. Скалкин В.Л. Английский язык для общения. – М., 1986. – 169 с. Скалкин В. Л. Обучение монологической речи Киев 1989. – 235 с. Сластенин В.П. Педагогика. – М.: Просвещение, 1986. – 395 с. Соловова Е.Н. Методика обучения иностранным языкам. Базовый курс лекций. – М.: Просвещение, 2002. – 264 с. Стам И.С. Интепретация газетного текста: выявление оценочных связей заголовка и текста. Ин. яз. в школе, 1985г. №5. – С.59. Рогова Г.В. «Методика обучения английскому яыку», Л., 1995. – 386 с. Уайзер Г.М. Климентенко А.Д. Развитие устной речи на английскои языке. М 1992. – 216 с. Формановская Н.И. Речевой этикет и культура общения. М, Высшая школа, 2002г., 137 с. Шубин Э.П. Языковая коммуникация и обучение иностранным языкам М., Просвещение, 1982. – 151 с. Щерба Л. В. Преподавание иностранных языков в средней школе. Общие вопросы методики. Под ред. И. В. Рахманова. М., «Высш. школа», 1974 (I). – 468 с. Щерба Л. В. Языковая система и речевая деятельность. Л., «Наука», 1974. - 336 с. Цветкова З.М. Обучение устной речи. М, «Языкознание», 2005г., 182 с. |