Главная страница
Навигация по странице:

  • ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНИ АНГЛИСЇ Кафедраи методикаи таълими забони англисї Ихтисос : 1-02-03-06 «Забони англисї»

  • Иљрокунанда

  • МУНДАРИЉА МУЌАДДИМА

  • БОБИ II . ИНТИХОБИ МАТН БАРОИ ТАЪЛИМИ ГУФТОРИ МУСТА Ќ ИЛИ МОНОЛОГ Ї……………….........................................22

  • Хулоса………….......................................................................................33

  • БОБИ I . АСОСЊОИ НАЗАРИЯВИИ ТАЪЛИМИ НУТЌИ МОНОЛОГЇ ДАР ДАРСИ ЗАБОНИ АНГЛИСЇ 1.1 Нутќи монологї чун намуди фаолияти нутќ

  • обучение монологической речи. матн монолог. Донишгои Давлатии омзгории Тоикистон ба номи Садриддин Айнї факултети забони англисї кафедраи методикаи таълими забони англисї Ихтисос 1020306 Забони англисї


    Скачать 86.04 Kb.
    НазваниеДонишгои Давлатии омзгории Тоикистон ба номи Садриддин Айнї факултети забони англисї кафедраи методикаи таълими забони англисї Ихтисос 1020306 Забони англисї
    Анкоробучение монологической речи
    Дата23.03.2022
    Размер86.04 Kb.
    Формат файлаdocx
    Имя файламатн монолог.docx
    ТипДокументы
    #410491
    страница1 из 3
      1   2   3

    Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон

    Донишгоњи Давлатии омўзгории Тољикистон

    ба номи Садриддин Айнї


    ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНИ АНГЛИСЇ

    Кафедраи методикаи таълими забони англисї
    Ихтисос: 1-02-03-06 «Забони англисї»

    кОРИ КУРСЇ
    Наќши матнњо дар таълими гуфтори мустаќилонаи монологии хонандагон

    Иљрокунанда: донишљўйи курси 3-уми факултети забони англисї гуруњи 312

    Љўраева Ирода

    Роњбари илмї: Саромўзгори кафедраи

    методикаи таълими забони англисї,

    Сангинова М.

    ====================================================

    Душанбе –2020

    МУНДАРИЉА
    МУЌАДДИМА…………………………………………………………....... 3

    БОБИ I. АСОСЊОИ НАЗАРИЯВИИ ТАЪЛИМИ НУТЌИ МОНОЛОГЇ ДАР ДАРСИ ЗАБОНИ АНГЛИСЇ…………………………………………………………………….7

    1.1 Нутќи монологї чун намуди фаолияти нутќ………………............7

    1.2 Хусусиятњои психологї ва педагогии таълими нутќи монологї ..16

    БОБИ II. ИНТИХОБИ МАТН БАРОИ ТАЪЛИМИ ГУФТОРИ МУСТАЌИЛИ МОНОЛОГЇ……………….........................................22

    2.1 Тањлили матнњо барои таълими нутќи монологї……….…..........22

    2.2 Талабот ба матнњо барои таълими гуфтори монологї….............27

    Хулоса………….......................................................................................33

    Фењристи адабиёти истифодашуда........................................................36

    МУЌАДДИМА

    Гузориши масъала. Дар шароити имрўзаи ташаккулёбии љамъият муњимияти таълими забони анг ин пеш аз њама ташаккул додани шахсияти хонанда, ки тавонад дар коммуникатсияи байнифарњангї иштирок карда, мустаќилона дониш, мањорат ва малакањои фаолияти нутќии худро инкишоф дињад. Таиноти асосии забони англисї чун фанни таълимї ин албатта азхуд шудани мањорати бо забони англисї гуфтугў кардан мебошад. Сухан дар бораи салоњияти коммуникативї меравад, яъне ќобилияти њам иртиботи бевосита (гуфтор, фањмидан ва гўш кардан) ва њам бавосита (хониши матн ва фањмидани он). Дар марњилаи миёна ва болои таълим дар мактаб салоњияти коммуникативї, ки истифодаи расмї ва ѓайрирасмиро дар раванди таълим, фарњанги маъмурї ва касбиро таъмин месозад, бояд дида шавад. Дар баробари ин, дар мадди назар ташаккули фарњанги нутќи шифоњї ва хаттї бо забони англисї, донишњои чуќури фарњангї доир ба образ ва тарзи њаёти кишвари забонаш омўхташудаистода меистад. Маќсад ва мундариљаи муоширати таълимии хонандагон бо забони хориљї вобаста ба мактаб муайян карда мешавад ва мувофиќи мавќеи забони хориљї нисбат ба дигар фанњо васеъ карда мешавад.

    Таълими гуфтор њамчун љараёни продуктивї аз хонанда тартиб додани мурољиатро мувофиќи вазъияти ба миён омада талаб мекунад, ки дар баробари худ вазифаи мураккаби методї њисобида мешавад. Зеро азхуд кардани он бо душворињо барои хонандагон, аз љумла сарфи зиёди вакту кўшиш чї аз тарафи хонанда ва чї аз тарафи муаллим, алокаманд аст. Вале ба њамаи ин нигоњ накарда, ваќту кўшишњои сарфшуда самараноканд. Агар љараёни таълими гуфтор хуб ва дуруст ба роњ монда шуда бошад, дар натиља хонанда ин намуди фаолиятро дар зинаи аввал хуб омўхта, дар зинаи миёна, дар натиљаи азхуд кардани маводи тартибдодашуда сайќал медињад. Дар баробари ин, дар хонанда пойдевори мустањками њавасмандї нисбати таълим асос ёфта, барои инкишофи дигар намудњои фаолияти нутќ ёрирасон мешавад.

    Маќсади асосии таълими гуфтор ин инкишофдињии асоси коммуникативї ва ё малакањои аввалиндараљаи муошират бо забони хориљї мебошад. Мукаммалгардонии малакањои муошират, аз љумла тахминкунии забонї ва мањорати арзкунии аќидањои шахсї нисбати маълумоти ќабулгардида, имконият медињад, ки вазифањои коммуникативї - дарккунї ба тариќи мустаќилона њал карда шаванд.

    Њадафи асосї ва аввалиндараља дар таълими забонњои хориљї дар мактабњои тањсилоти умумї ин албатта њадафи коммуникативї мебошад, ки љараёни таълимро муайян месозад. Яке аз шаклњои асосии муоширати нутќї ин нутќи монологї ба њисоб меравад.

    Яке аз воситањои самарабахши тањия ва ташаккулдињии малакањои гуфтор дар таълими забони англисї, чї хеле ки алакай ќайд намудем, ин монолог мебошад. Бисёре аз омўзгорон алакай имкониятњои васеъи ин намуди гуфторро бањогузорї карда, ќайд кардаанд, ки натиљањои ба даст омада ва ваќти сарфшуда пурра талаботњои таълимро ќонеъ мегардонанд.

    Ташаккулёбии нутќи монологї дар забони омўхташудаистода ин яке аз масъалањои њалталаби илми педагогикаи имрўза ба њисоб меравад. Тасдиќкунандаи гуфтањои дар боло зикр шуда ин як ќатор корњо, маќолањо, барномањое, ки дар замони имрўза зиёд шуда истодаанд, мебошанд. Аз ин гуфтањо бар меояд, ки масъалаи зерин њалли методии худро талаб менамояд, зеро талабот ба нутќи монологї ин дар хонандагон инкишоф додани малакаи сухан кардан бо забони хориљї мебошад, ки дар љамъияти имрўза наќши салоњиятнокии коммуникативї рўз аз рўз афзуда истодааст. Вале бояд хотиррасон кунем, ки натиљаи дилхоњ на њама ваќт ба даст оварда мешавад.

    Шароити имрўза талаб менамояд, ки методу усулњои наву замонавии таълими нутќи монологї дарёфт карда шаванд, ки дар натиљаи истифодабарии онњо натиљањои таљрибавии дилхоњ тезтар ва натиљабахштар ба даст оварда шаванд. Инчунин, бояд ќайд шавад, ки љараёни таълими нутќи монологї ваќти кам ва кўшишњои минималиро талаб намояд њам, вале худи љараёни таълим бояд барои хонандагон шавќовар бошад.

    Муњимияти мавзўъ дар истифодаи эљодии матнњои гуногун барои мукаммал гардонидани љараёни таълим ва алалхусус дар самаранок гардонидани таълими нутќи монологї иброз мегардад.

    Њадафу маќсади мавзўъ ин муайян кардани асосњои илмї ва методии ташаккул додани малакањои нутќи монологї дар асоси тањлил кардани адабиёти методии ба ин мавзўъ бахшидашуда ва љамъ кардани маълумотњои лозимаи илмї, ки ба масъалаи омўхташудаистода тааллуќ дорад, мебошад. Ѓайр аз ин, бояд:

    1. Мавќеи малакањои гуфтор ва усулњои ташаккул додани онњо дида шаванд.

    2. Сатњи истифодабарии матнњо чун яке аз супоришњои машќї дар раванди омўзиши забони англисї муайян карда шавад.

    3. Тањлил кардани хусусиятњои психологии таълими гуфтори монологї дар зинаи миёна ва болоии таълим.

    Кор мазкур аз муќаддима, ду боб, хулоса, фењристи адабиёти истифодашуда иборат аст.

    Дар раванди кор методњои зерини корї истифода бурда шуданд:

    1. Тањлили адабиёти илмї ва методї.

    2. Омўзиш ва муттањид кардани таљрибаи мусбии омўзгорон.

    3. Мушоњида кардан аз рўйи фаолияти хонандагон дар рафти таљрибаомўзї.

    4. Санљиши эксперементалии супоришњои нутќї.

    Дар раванди таълими забони англисї омўзгор метавонад бо чунин вазъияте рў ба рў шавад – хонанда наметавонад мустаќилона як паёмро, ки аз якчанд иборањои бо њам алоќаманд иборат аст, тартиб дињад. Дар бисёр маврид, гуфтори хонандагон аз љавобњои содда ва ё номбар кардани пай дар пайи ягон амал иборат аст. Таълими нутќи мустаќили монологї яке аз амалњои мушкил ва мураккаб ба њисоб меравад. Нутќи монологї чун компоненти љараёни муошират дар сатњи гуногуни таълим ї, аз љумла, љуфтї, гурўњї ва оммавї дониста мешавад. Ин маънои онро дорад, ки гуфтори монологї мувофиќи табиати худ њама ваќт монологї мебошад, яъне чунин шакли нутќ ба касе равона карда шудааст.

    Таълими гутфор чун љараёни продуктивї аз хонанда тартиб додани гуфторро, ки мувофиќи вазъияти муоширатї ба миён омадааст , талаб мекунад. Бояд ќайд гардад, ки нутќи монологї масъалаи мураккаби методї мебошад ва омўзиши он аз хонандагон кўшишу ваќти зиёдро талаб мекунад. Ба ин нигоњ накарда, ин њама зањматњо мевањои худро медињанд. Албатта ба шарте ки хонандагон мањорату малакањои ин намуди гуфторро азхуд мекунанд. Барои ташаккул додани малакањои нутќи монологї маводњои зиёди мотиватсионї тартиб дода шудаанд, ки сатњи лозимаи њавасмандиро таъмин месозанд.

    БОБИ I. АСОСЊОИ НАЗАРИЯВИИ ТАЪЛИМИ НУТЌИ МОНОЛОГЇ ДАР ДАРСИ ЗАБОНИ АНГЛИСЇ
    1.1 Нутќи монологї чун намуди фаолияти нутќ

    Гуфтор шакли продуктивии фаъолияти нутќ мебошад, ки тавассути он (якҷоягӣ бо шунавоӣ) муоширати шифоҳии вербалї амалӣ карда мешавад.

    Мундариљаи гуфтор ин баён кардани фикри худ дар шакли шифоњї мебошад. Асоси гуфторро малакањои талаффузї, луѓавї ва грамматикї ташкил медињанд.

    Дар бисёр усулҳои таълимӣ, гуфтор яке аз самтҳои муҳими таълимдиҳӣ мебошад. Мувофиќи тартиб додани гуфтор нутќи фаол (инитсатиавї), нутќи љавобї (реактивї) ва нутќи репродуктивї (стохастикї) људо карда мешавад.

    Сохтори психологии амали гуфтор аз чор марҳила иборат аст:

    1. Њавасмандї, ки дар раванди он шахсият зарурияти муоширатиро дар зери таъсири мотивњои муайян ва зарурияти баёни чизе њис мекунад.

    2. Марњилаи аналитикї-синтезї, ки дар шакли амалњои фикрии кўтоњ доир ба барномасозї ва тарњрезии фикр, пешнињод карда мешаванд.

    3. Ичроишї – тарњрези овозї ва талаффузии фикр (дар зинаи ибтидоии таълим гузариши барномаи гуфтор ба иљроиши он дар асоси забони модарї).

    4. Санљишї, ки маќсади хабар доданро дорад, яъне дар раванди љой доштани хатогињо сари ваќт ислоњ карда мешаванд [23].

    Хонанда имконияту ќобилиятњои инфиродии худро истифода бурда, амали гуфторро иљро мекунад. Ба ќобилиятњои шахсї инњо дохил карда мешаванд: контексти фаолияти таълимгиранда, таљрибаи њаётии хонандагон, шавќу њавас, хоњишу дархост, љањонбинї, њиссиёт ва эњсосот, маќоми шахсї дар коллектив. Њамаи ин компонентњои гуфташуда «маљмўаи шартњои нутќи ва ѓайринутќї мебошанд, ки барои амалї кардани фаолити нутќї мувофиќи наќша лозиманд».

    Нутќи шифоњї ва компоненти марказии он - гуфтор фаолияти асосии забон дар мактаб ба њисоб рафта, натанњо њадафи таълим, балки воситаи самараноки азхудшавии забон дониста мешавад.

    Талаботњое ки барои азхуд шудани нутќи мустаќилонаи монологї пешбинї карда шудаанд, чунинанд: аз нуќтаи назари нутќи муколамавї хонанда бояд бо тавассути истифодабарии саволњои хитобї, хоњиш, фармоиш ва репликањои љавобї (розигї, радкунї, хабаррасонї ва ѓайра), ки худ дар доираи маводи таълимї мебошанд, сўњбат карда тавонад.Вале он чунин маъно надорад, ки хонанда набояд дар асоси вазъиятњои дида ва шунидааш сўњбат карда тавонад.

    Аз нутќаи назари нутќи монологї чунин талаботњо муайян карда шудаанд: хонандагон, бидуни ягон тайёрибинии пешакї, бояд фикру аќидањои худро доир ба вазъияти таълимї баён карда тавонанд. Инчунин, бояд доир ба мавзўи супоридашуда хабарњои шифоњї тайёр карда тавонанд, бо калимахои худ доир ба маводи шунидашуда ва ё хондашуда суханронї карда тавонанд. Ин њама бояд берун аз маводи таълимї набошад.

    Ѓайр аз ин, дурустии танзими забонї, мантиќнокї ва мутобиќаткунии нутќ ба вазъияти муоширатї, гуногунрангии таркибї, дар нутќи монологї бошад инчунин пайдарпайии наќл хеле муњим аст.

    Мувофиќи барнома хонандагон бояд њам нутќи тайёрї дида шуда ва њам нутќи тайёрї дида нашударо бояд азхуд кунанд. Албатта, дар таълими мактабї наќши асосиро нутќи тайёрї дида шуда мебозад. Вале њадафи асосї ин азхуд кардани малакањои нутќи тайёрї дида нашуда мебошад. Нутќи тайёрї надида шуда чунин сатњи азхудшавии забон мебошад, ки мувофиќи он гўянда бидуни тайёрии пешаки ва ё бидуни ягон таклиф ба муошират, метавонад бемалол маводи алакай азхудшудаашро дар нутќ истифода барад.

    Барои азхуд кардани нутќи мустаќили монологии бетайёридидашуда бояд малакањои зерин ташаккул дода шаванд:

    • Вобаста ба маќсади коммуникативии гуфтор, вазъияти муоширатї интихоб кардани калимаи дуруст.

    • Маводи азхудшударо дар пайвасткунињои нав ба нав истифода бурдан. Яъне маводи азхудшударо мувофиќи вазъияти муоширатї истифода бурда тавонистан.

    • Намунањои шиноси нутќиро дар вазъиятњои забонии дигар истифода бурда, онњоро бо лексикаи гуногун пурра кунонидан.

    • Ба љои калима ва ё ибораи азёдбаромада истифода бурдани эквивалентњои онњо.

    • Боасос пай бурда тавонистани мундариљаи гуфтор.

    Дар љараёни ташаккул додани ин малакањо мо бояд дар бораи малакањои грамматикии дурусти нутќ ва талаффуз дар хотир дошта бошем. Дар таълими мактабї нутќи мустаќили монологии тайёрї дида нашуда танњо дар њолати мањдуд будани барномаи забонї ва тематикаи дар он нишон додашуда имконпазир аст. Ин њама омўзгорро водор месозад, ки мавзўъ ва маводњои барои нутќи мустаќили монологии тайёрї дида нашуда пешбинї шударо хеле бодиќќатона интихоб кунад. Яъне мавзўъњо ва маводњои таълимї бояд аз доираи њаљми луѓавї ва грамматикї берун набароянд [18].

    Дар бисёр мавридњо хонандагон албатта нутќи тайёрї дида шударо истифода мебаранд. Гуфтори монологї метавонад дар хона ва ё синф тайёр карда шуда бошад (дар љараёни кори инфиродї, љуфтї ва ё гурўњї). Нутќи тайёрї дида шуда метавонад дар асоси мавзўъ ва маводи дода шуда тайёр карда шавад. Дар ин њолат, хонандагонро лозим меояд, ки иборањо ва калимањои алакай ба онњо шиносбударо ба вазъиятњои дигари муоширатї мутобиќ кунонида, онњоро бо луѓати шинос ва лозима пурра гардонанд. Яъне, дар ин марњила дар хонандагон ташаккулёбии малакањои истифодабарии воњидњои лугавї ташаккул меёбад. Барои дастрас шудан ба ин њадаф омўзгор бояд супоришњо ва машќњои махсусро истифода барад.

    Агар дар бораи таълими нутќи шифоњї, ки таълими нутќи монологиро дарбар мегирад, сухан кунем, ду намуди фаолиятро људо кардан мумкин аст: гуфтор ва истемоъ. Гуфтор ва истемоъ ду фаолияти ба њам алоќаманд буда, яке бидуни дигаре вуљуд дошта наметавонад.

    Гуфтор ин љараёни расонидани маълумот ба воситаи овоз мебошад. Дар љараёни гуфтори монологї яке аќидаи худро баён сохта, маълумотро ба касе дигар мерасонад. Яъне, гўянда якто буда, шунаванда якчандто аст. Ќобили баён аст, ки дар љараёни муошират нутќи монологї метавонад бо нутќи муколамавї њамбастагї кунад.

    Хусусияти ба худ хоси нутќи монологї дар он аст, ки гуфтор дар он аз як ќатор гуфтањо иборат аст, яъне матне мебошад, ки барои як ва ё якчанд шунавандањо пешбинї шудааст. Хусусияти фарќкунадаи нутќи монологї ин пай дар пайии гуфтор, вусъатёбии мантиќии мундариља, ба охиррасї мебошад, ки барои ба суханони худ боварї кунонидани шунавандањо барои гўянда зарур аст. Аз љињати шакл бошад, нутќи монологї мешавад самтнок ва нутќи васеъ, зеро танњо дар ин маврид шунаванда маънои гуфторро фањмида метавонад. Дар ин намуди нутќ вазъияти табии муошират одатан нест. Нутќи монологї ба рафтори гўшкунанда вобаста нест. Дар нутќи монологї, ба монанди нутќи муколамавї, гўянда ду њадафро, њадафи гўшкунї ва баён кардани аќидаи худ, пайгирї намекунад. Њамин тавр, диќќат танњо ба нутќи худ равона карда мешавад. Монолог асоси худро дар нияти дарунии гўянда мегирад, яъне аз он мундариљае ки мехоњад ба касе расонад. Хонанда бояд наќлњои хурде, ки дар доираи мавзўи гузашташудаистода мебошад, тартиб дода тавонад. Масалан, наќл карда додани мундариљаи матни шунавидашуда, дар бораи худ наќл кардан, дар бораи мактаб, оила ва ё дўсти худ, шањр, доир ба филми тамошо кардааш ва ѓ. маълумот додан. Ин гуна нутќи монологї вобаста ба супориши додашуда метавонад тайёрї дида шуда ва тайёрї надида шуда бошад [31].

    Нутќи монологї дар мактаб дар бисёр мавридњо тайёрї дида мебошад. Масалан дар мактаб, хона. Истисно ин гуфторњои хурде ки аз 2-3 љумла иборатанд, шуда метавонанд. Вале одатан дар ин њолат ёрї дар шакли саволњо дода мешавад.

    Нутќи монологї, ба монанди нутќи диалогї натанњо њадафи таълим, балки воситаи таълим шуда метавонад. Нутќи монологї ба хубтар фањмидани матни хондашуда ва ё шунидашуда мусоидат мекунад. Он инчунин, дар зери таъсири хондани порчањо аз маљаллањо, таъсири тарбиявї низ мерасонад. Ба ѓайр аз гуфтор (нутќи муколамавї ва монологї) ба намудњои шифоњии нутќї инчунин истемоъ низ дохил мешавад.

    Мафњуми истемоъ натанњо гўшкуниро, балки фањмидани нутќи шунидашударо мефањмонад. Пештар истемоъро аз таълими нутќи шифоњї људо намекарданд, зеро гуфтор бидуни фањмидани нутќи шунидашуда ѓайриимкон аст. Солњои охир бошад, истемоъро њамчун фаолияти мустаќили нутќ ќабул кардаанд. Истемоъ худ намуди махсуси фаолияти нутќ мебошад. Он шарти њатмии гуфтор мебошад. Истемоъ худ вазифаи алоќаи љавобиро иљро мекунад, ки бидуни он муошира кардан ба тавассути нутќ ѓайриимкон аст. Дар љараёни таълими забони англисї дар мактаб диќќати лозима бояд ба ташаккулдињии мањорату малакањои шунида фахмидани нутќи шунидашудаистода зоњир карда шавад. Истемоъро пеш аз њама, њамчун воситаи таълими забони хориљї њисобидан дуруст аст.

    Фањмидагирии нутќ дар љараёни гўш кардан пеш аз њама дар асоси њиссиётњои шунавої ба амал меояд. Ин њиссиётњо наќши њалкунандаро дар љараёни фахмидагирии нутќи шунидашудаистода мебозанд. Љараёни фањмидагирї бошад ба ќобилияти дар хотира нигоњ доштани порчањои нутќ вобаста аст. Онњоро фањмида мо чизи шунидаамонро дар шакли нутќи дарунї такрор мекунем. Фањмидагирии нутќи шунидашудаистода дар љараёни садо додан бо фаолияти фикрї алоќаманд аст, ки дар худ шинохтани воситањои забонї ва дарккунии мундариљаро муттањид мекунад. Дарккунї дар натиљаи муносибати байнињамдигарии њиссиётњои шунавої дар лањзаи фањмидагирї ба амал меояд. Истемоъ њамчун воситаи таълим њангоми ворид кардани калимањои нав ба љумлањо, бо тартиб додани иборањо, такроркунии онњо истифода бурда мешавад. Њангоми гузаштан ба матн истемоъ ба хониш бо овози баланд мусоидат мекунад. Њамчун намуди фаолияти нутќ истемоъ њадафи таълимдињии нутќи муколамавї ва монологї њисобида мешавад. Дар ин њолат талаботи ташаккул додани мањорати бароварда тавонистани маълумот аз матни садододашуда истода пайдо мешавад. Ба њалли ин масъала шинохтани калимањои шунидашудаистода ва такроркунии он, ки барои фањмидагирии бештар муњим аст, мусоидат карда метавонад. Дар илми психология чунин калимањоро калимањои такягоњї меноманд. Яъне љараёни фањмидагирї ба тариќи људо кардан ва муттањид кардани чунин калимањо ба амал меояд.

    Дар натиљаи таълими забони англисї дар мактаб, хонандагон натанњо гуфторро бояд азхуд кунанд, балки хонда фањмидани маънои матни хондашударо бояд омўзанд. Хониш ин яке аз њадафњои таълими забони англисї дар мактаб мебошад. Хониш хамчун фаолияти нутќе, ки барои дарк кардан ва фањмидани нутќи хаттї мусоидат мекунад, кабул карда шудааст. Маќсади хониш њамчун фаолият ин муошират мебошад, њадафаш бошад – гирифтани маълумот. Назар ба фањмидагирии нутќи шифоњї, дар хониш маълумот на ба ёрии канали шунавої балки бо тавассути канали биної ќабул карда мешавад. Вале бояд фаромўш насозем, ки хониш бо такроркунии дохилаи мавод њамбаста аст [16].

    Дар раванди хониш, хонанда натанњо метавонад калимањои азхудшударо такрор кунад, балки метавонад бо воњидњои дигари луѓавї шинос шуда, баъдан онњоро дар нутќи мустаќили монолиаш истифода барад. Танњо дар мавриди љой доштани хониш, хонанда метавоанд мањорату малакањои забонии худро васеъ гардонад. Зеро танњо дар мавриди хондани мавод, талаботи наќли он – табалот ба нутќи монологї пайдо мешавад.

    Барои мукаммал гардонидани таълими нутќи мустаќили монологї инчунин шароиту шартњои дигар низ лозиманд.

    Шарти аввал, ки бидуни он масъалањои таълими мустаќили монологї тамоман њал карда намешаванд, ин дараљабандї кардани чараёни азхуд кардани нутќи монологї мебошад.

    Шарти дуввум аз он иборат аст, ки китобњои дарсї бояд бо назардошти хусусиятњои забони модарии хонандагон тартиб дода шаванд.

    Ба њам наздик будани решањо инсонро ба танзими одатшудаи синтаксисї ва морфологї водор месозад. Вале агар дар забон њама чиз бегона аст, лозим меояд ки онро аз сари нав азхуд куни. Дар њолате ки љараёни шинохтан фаолона мегузарад, дар њолате ки 60-70 фисади решањо шиносанд, албатта љараёни фахмида гирифтан осон мегузарад ва мављуд будани пешояндњои ношинос ба ин љараён халал намерсонанд.

    Њамин тариќ, таълими нутќи мустаќили монологї, маќсаду хадафњои он дар бисёр маврид аз дараљаи монандии забони модарї ба забони омўхташудаистода вобастагї дорад. Аз ин лињоз, таълими бомуваффакияти забон хориљї аз муайян сохтани мушкилињои ба худ хоси забони модарї вобастагї дорад. Аз ин пайдарпайии мавод ва муносибат ба корњои таљрибавї низ вобаста аст.

    Шарти севвум ин људокунии илмии маводи минималии луѓавї ва грамматикї мебошад.

    Шарти чањорум, ин истифодабарии дуруст, ратсионалї ва саривактии воситањои техники таълим мебошад. Одамоне њастанд, ки дар воситањои техникї таълим њалли њама масъалањои таълимиро мебинанд. Бояд давраю марњилањое ки истифодабарии воситањои техникиро бештар талаб карда, натиљањои назаррасро таъмин месозанд муайян карда шаванд. Алалхусус, истифодаи воситањои техникї дар марњилаи таълими намунањои овозї хеле муњиманд. Зеро дар бисёр мавридњо, дар талаффуз, оњанг ва вазни омўзгор низ нуќсон дида мешавад. Ѓайр аз ин, истифодаи воситањои техникї барои интенсивї гардонини љараёни таълим хизмат расонида метавонанд. Марњилаи сеюм дар истифодабарии воситањои техникї ин корњои мустаќилонаи хонандагон мебошад. Дар ин маврид, омўзгор ќисман аз сарборї озоб мешавад ва ба хонандагон имконият медињад, то онњо мустаќилона фаолият карда хусусиятњои мустаќилиятиро дар худ ташаккул дињанд.

    Нињоят, шарти охирини бомуваффаќият азхуд кардани нутќи мустаќили монологї ин муносибати байнињамдигарии хонанда ва омўзгор дар љараёни дарс мебошад. Дар бисёр маврид муносибати омўзгорон нисбати хонандагонашон ѓалат аст. Яъне хонанда объект буда, омўзгор субъект мебошад. Ин худ ба беѓайратии психологии њозирин мусоидат мекунад. Дар љараёни таълими забони англисї њам омўзгор ва њам хонандагон бояд муносибати њамкорона дошта бошанд. Хонанда бояд дарк кунад, ки барои чи мањз ин супориш барояш супорида шуд, барои чи мувофиќи пай дар пайии зерин, кадом хусусият ва малакаю мањоратњоро бояд дар худ ташаккул дињад. Содда карда гўем, ба хонанда љараёни педагогї бояд ошкор бошад [11].

    Лозим аст, ки муносибати омўзгор ба синф дигаргун карда шавад. Омўзгор бояд муќовимати дарунии хонандагонро яктарафа карда тавонад, зеро исбот карда шудааст, ки ин муќовимат ба љараёни азхудкунї таъсир расонида ба дарккунии мавод халал мерасонад. Ваќте ки омўзгор ба хонандагон тамоми пањлуњои омўзиши забонро нишон дода, онњоро равона месозад, натиљањои назаррас ба даст оварда мешавад.

      1   2   3


    написать администратору сайта