Главная страница

Пдф. фарҳаншгшиносӣ_ва_диншиносӣ_к-1__Почоҷонова_М.С. Донишгои давлатии УУ, бизнес ва сиёсати тоикистон кафедраи таърих ва диншинос Саволномаи тестии имтихони ниоии нимсолаи якуми соли хониши 20202021 аз фанни фараншгшинос ва диншинос барои амаи ихтисосои донишго Хуанд 2021 Дар Шрои илм методии факултети сиёсатшинос ва муносибатои


Скачать 173.88 Kb.
НазваниеДонишгои давлатии УУ, бизнес ва сиёсати тоикистон кафедраи таърих ва диншинос Саволномаи тестии имтихони ниоии нимсолаи якуми соли хониши 20202021 аз фанни фараншгшинос ва диншинос барои амаи ихтисосои донишго Хуанд 2021 Дар Шрои илм методии факултети сиёсатшинос ва муносибатои
Дата24.10.2022
Размер173.88 Kb.
Формат файлаdocx
Имя файлафарҳаншгшиносӣ_ва_диншиносӣ_к-1__Почоҷонова_М.С.docx
ТипДокументы
#752286
страница11 из 16
1   ...   8   9   10   11   12   13   14   15   16
1   ...   8   9   10   11   12   13   14   15   16

5.

Эътиқод ба сеҳру ҷоду.

27

Ин динҳоро бо асосгузорон ва моҳияташон мувофиқат кунонед

A)

Ҳиндуия.

1.

Дини миллии политеистӣ буда асосгузор надорад.

B)

Ҷайния.

2.

Дини миллии солитерӣ буда асосгузораш Натапута Вардхамана мебошад

C)

Сикхия.

3.

Дини миллии монотеистӣ буда асосгузораш гуру Нанак мебошад.

D)

Парсизм.

4.

Дини миллии дуалистӣ буда асосгузораш Зардушт мебошад.







5.

Дини миллии монотеистӣ буда, асосгузор надорад

28

Ин авлодони пайғамбари ислом Муҳаммадро бо муносибаташон бо пайғамбар мувофиқат кунонед

A)

Абдулло ибни Абўмуталлиб

1.

Падари пайғамбари ислом Муҳаммад.

B)

Абўмуталлиб ибни Ҳошим

2.

Бобои пайғамбари ислом Муҳаммад.

C)

Абутолиб ибни Абуму-таллиб.

3.

Амак ва тарбиятгари пайғамбари ислом Муҳаммад.

D)

Абул-Акаб ибни Абуму-талиб

4.

Сардори авлоди ҳошимиён баъд аз вафоти Абўмуталлиб. Душмани Муҳаммад.







5.

Сардори Қурайшиён душмани Муҳаммад.

29

Ин халифаҳои рошидинро бо фаъолияташон мувофиқат кунонед

A)

Абўбакр ас – Сиддиқ Абдуллоҳ бинни Усмон.

1.

Аввалин халифаи рошидин, тоҷири бои маккагӣ, дўсти Муҳаммад, падари Оиша ҳамсари Муҳаммад. Солҳои 632-634 халифа. Дар кори мустаҳкам кардани дини ислом дар Арабистон хизмати зиёде кардааст. Дар замони ҳукмронии ў системаи давлатдории араб шакл ёфтааст.

B)

Умар ибни Хаттоб ал – Фаррух

2.

Халифаи дуюми рошидин, сиёсатмадор ва ходими бузурги давлат, аз қабилаи қурайшӣ аз авлоди ал –аддӣ, касбаш тоҷирӣ. Солҳои 634-644 халифа. Поягузори асосҳои давлатии ислом, танзимкунандаи асосҳои иқтисодии хилофати араб, аввалин ислоҳотгари соҳаи иқтисодиёти хилофат, Дар давраи ў лашкаркашиҳои араб оғох меёбад. 7-нояби соли 644 дар масҷиди Мадина аз тарафи ғуломи эронӣ кушта мешавад.

C)

Усмон ибни Афон.

3.

Саввўмин халифаи рошидин, тоҷири бои маккагӣ аз авлоди бани Умайя. Дуст ва тарафдори содиқи Муҳаммад, яке аз аввалин мусулмонон. Солҳои 644-656 халифа. Дар давраи ў давлати Сосониён истило карда шуд. Бо ташаббуси ў матни Қуръон ҷамъ оварда шуд, нусхаҳои аввали Қуръон ба номи ў вобаста аст. 17 июни 656 дар Мадина дар хонаи худаш аз тарафи исёнгарон кушта шудааст.

D)

Али ибни Абутолиб Абулҳасан ал - Муртазо.

4.

Халифаи чорумини рошидин, амакбачча ва домоди пайғамбари ислом, иштирокчии ҳамаи лашкаркашиҳои пайғамбар, лашкаркаш ва нотиқи бузург. Солҳои 656 – 661 халифа. 19 январи соли 661 ҳангоми баромадан аз масҷиди Кўфа аз тарафи хориҷӣ Ибни Мулҷам захмдор карда шуда, 21 январи 661 вафот мекунад. Ҳаракати шииён бо номи ў вобаста аст.







5.

Забти Миср, Шом, Ироқ ва Мовароуннаҳр барин кишварҳо, ки шаҳрҳои зиёди сернуфус дошатнд ба фаъолияти ин халифа вобаста буд.

30

Ин истилоҳҳои конфутсийчигиро бо моҳияташон мувофиқат кунонед

A)

Шан – ди.

1.

Худои осмон сараҷдоди чиниён.

B)

Жэн.

2.

Инсондўстӣ, ҷавонмардӣ

C)

Ли.

3.

Ҳисси масъулият, ба кор ва вазифаи супоридашуда.

D)

Сяо.

4.

Муҳабат ба волидон, ба халқ, ба ватан ва роҳбари давлат.







5.

Ҷусту чолокию пуршўру шарӣ.

31

Ин истилоҳоти дини буддоияро бо моҳияташон мувофиқат кунонед

A)

Дхарма.

1.

Ҳастии олам, зуҳуроти ҳиссачаҳои ғайримоддӣ

B)

Нирвана

2.

Фурў рафтан ба муроқиба. Хомўшӣ. Фано шудан.

C)

Карма.

3.

Сазою ҷазо, сарнавишт, натиҷаи ҳаёти пештара.

D)

Сансара.

4.

Таносух. Аз нав таваллудшавӣ мувофиқи карма.







5.

Чархе ки гетиро давр мезанонад ва тағйири олам аз он вобаста аст.

32

Ин истилоҳоти дини буддоияро бо моҳияташон мувофиқат кунонед

A)

Сутра.



1.

Ҳадисҳои Буддо.

B)

Абхидхарма.

2.

Таълимоти фалсафии Буддо

C)

Трипитака

3.

Се сабад. Китоби муқаддаси буддоиён

D)

Винная.

4.

Низомнома ва қоидаҳои ҳамзистии роҳибон







5.

Гимнҳои (сурудҳо) – и Буддоия


33

Ин истилоҳоти дини буддоияро бо моҳияташон мувофиқат кунонед

A)

Ламаизм.

1.

Ин равияи синтези дини буддоия ва дину оинҳои миллии Тибет мебошад.

B)

Чан – буддизм.

2.

Навъи чинии буддоия, ки онро дар Чин таблиғотгар Бодхидхарма ҷорӣ кардааст.

C)

Махаяна.

3.

Роҳи васеъ. Роҳи оммаи халқ сўи наҷот.

D)

Хинаяна.

4.

Роҳи танг, роҳи роҳибон сўи нирвана.







5.

Равияи Бурятию қалмиқии буддоия, ки бо шаманизм омехтааст.

34

Сиёсати ин императорони Римро бо номашон мувофиқат кунонед

A)

Император Диоклетиан

1.

Таъқибгару душмани насрониён.

B)


Император Константин

2.

Дини насрониро ба дини давлатии империяи Рим табдил дод.

C)


Император Юлиан

3.

Насронияро манъ кад ва дини пешинии римиёнро дастгирӣ намуд барои ин хоину муртад номида шуд.

D)


Император Юстиниан

4.

Мактаби Афлотунро баст. Бутпарастӣ ва оинҳои пешинаи римиёнро қатъиян маҳкум намуд.







5.

Соли 391 қарор дар бораи манъи дини политеистии румиёнро баровард.

35

Ин шахсони муқаддаси дини насрониро бо моҳияташон мувофиқат кунонед

A)

Марям.

1.

Модархудо. Яке аз симоҳои асосии муқаддаси дини насронӣ.

B)

Исои масеҳ.

2.

Одамхудо. Аз рўи ривояти дини насронӣ, асосгузори дин. Шогирдони ў одамонро бо об ва Худо Падару Писар ва Рўҳулқудс таъмид медиҳанд

C)

Яҳё пайғамбар. Юҳаннои таъмидгар.

3.

Ў одамонро бо об ғуслу таъмид медиҳад, аз омадани Масеҳ хабар медиҳад, Исои Масеҳро таъмид додааст.

D)

Ҳавворӣ Петри Валӣ.

4.

Аввалин сарвари калисои католикӣ, ҷонишини Исо.







5.

Нависандаи инҷили Юҳанно.

36

Ин намояндагони протестантизмро бо ақидаҳояшон мувофиқат кунонед.

A)


Ҷон Виклиф (1320—1384).

1.

Калисо бояд ба давлат тобеъ бошад. Зидди андозҷамъкунии Калисои Каттоликӣ аз Англия буд, бар зидди индулгентсия баромад мекард.

B)

Лоллардҳо.

2.

Рўхониёни бенаво, шогирдони Ҷон Виклиф, ғояҳои устодашонро тарғиб мекарданд. Зидди ҳокимияти Папаи Рим ва фурўши индулгентсия баромад мекарданд

C)

Ян Гус (1369 -1415)

3.

Профессори ўниверситети Прага, зидди ҳокимияти Папаи Рим, зидди фурўши индулгентсия ва зидди соҳиби мулку боигарӣ будани калисо баромад мекард.

D)

Таборитҳо.

4.

Ин тарафдорони Ян Гус баробарии одамонро дар назди Худо ва дин талаб мекарданд. Тарафдори таҳаммулпазирӣ дар дин буданд. Зидди фурўши индулгентсия, таълимот оиди аъроф, иконаҳо ва парастиши шахсони муқаддас буданд.







5.

Дар дин Танҳо Библияро эътироф мекарданд, Ривояти муқаддасро инкор. Зидди ҳукмронии калисоли Католикӣ буда, динро ба давлат тобеъ карданӣ мешуданд.

37

Ин мазҳабҳои протестантиро бо моҳияташон мувофиқат намоед.

A)

Лютеранство

1.

Мазҳаби протестантии Германия. Танҳо Библияро китоби муқаддас медонанд дигар китобҳо хусусан «Ривояти муқаддас»-ро инкор мекунад. Китобҳои муқаддаси худро аз қабили «Мазҳаби Аугсбургӣ», «Китоби ризоият»ро, дорад. Библияро ба забони немисӣ тарҷума кардааст, маросимҳоро бо забони немисӣ мегузаронад.

B)

Калвинизм.

2.

Мазҳаби протестантӣ дар Швейтсария ва дигар мамлакатҳо. Танҳо Библия чун китоби муқаддас эътироф мешавад. «Панду андарзҳо дар дини насронӣ», «Мазҳаби шотландӣ» чун китобҳои муқаддас истифода бурда мешавад. Рўҳониёнаш оиладоранд.

C)

Англиканство.

3.

Дар ин мазҳаб дин ба давлат тобеъ аст. Шоҳ сардори дин ҳисобида мешавад. Молу мулки калисои Католики мусодира шудааст, дайрҳо вуҷуд надоранд.

D)

Баптисты.

4.

Асосгузораш Ҷон Смит. Ғуслу таъмиди калонсолон баъд аз гузаштан аз санҷиш ба роҳ монда шудааст. Онҳо озодии дин, яъне аз давлат ҷудо будани он, таҳаммулпазирӣ ва баробарии одамонро талқин менамояд.








написать администратору сайта