Пдф. фарҳаншгшиносӣ_ва_диншиносӣ_к-1__Почоҷонова_М.С. Донишгои давлатии УУ, бизнес ва сиёсати тоикистон кафедраи таърих ва диншинос Саволномаи тестии имтихони ниоии нимсолаи якуми соли хониши 20202021 аз фанни фараншгшинос ва диншинос барои амаи ихтисосои донишго Хуанд 2021 Дар Шрои илм методии факултети сиёсатшинос ва муносибатои
Скачать 173.88 Kb.
|
147 | «Агар Худо набошад ҳам, онро фикр карда баровардан лозим буд». Ин ақидаи кист? |
A) | Волтйер. |
B) | Ж.Ж. Руссо. |
C) | Д. Дидро. |
D) | Ш. Монтескё. |
148 | Дин ин эътиқод ба мавҷудоти қувваест, ки он берун аз табиат меистад. Вай бо ақл айният надорад, вале ба он монанд мебошад. Эътиқод бояд ба ақл асос ёбад. Ин ақидаи кист? |
A) | Д. Юм. |
B) | И. Кант. |
C) | Г.В.Ф.Гегел. |
D) | Л. Фейербах. |
149 | Одамоне ки, муқаддасоти динашонро (Маккаю Каъба, Байтулмуқаддас) зиёрат кардаанд, ҳаргиз сустэътиқод намешаванд. Эътиқод ин ғояи зинда аст, асоси дин хирад аст ва он аз худи табиати одам бармеояд. Ин ақидаи кист? |
A) | Д. Юм. |
B) | И. Кант. |
C) | Г.В.Ф.Гегел. |
D) | Л. Фейербах. |
150 | «Ман хирадро танг кардам, то ки ба эътиқод низ ҷой монад»- ин ақидаи кист? |
A) | И. Кант. |
B) | Г.В.Ф.Гегел. |
C) | Л. Фейербах. |
D) | Д. Юм. |
151 | «Танқиди хиради соф», «Танқиди хиради амалӣ» ва «Дин танҳо дар доираи хирад». Ин асарҳои кист? |
A) | И. Кант. |
B) | Г.В.Ф.Гегел. |
C) | Л. Фейербах. |
D) | Д. Юм. |
152 | Ахлоқ ногузир ба сўи фаҳмиши дин мебарад, фаҳмиши дин ба ғояе мебарад, ки он берун аз ихтиёри инсон меистад ва он ҳукми қонунгузории ахлоқиро дорост. |
A) | И. Кант. |
B) | Г.В.Ф.Гегел. |
C) | Л. Фейербах. |
D) | Д. Юм. |
153 | Мувофиқи таълимоти ин файласуф Худо ин, ғояи мутлақ, рўҳи ҷаҳонист. Худо ҳақиқати мутлақест, ки ҳамаи олам аз ў бармеояд ва боз ба ў бармегардад. Ба ў ҳама ниёзманданд вале ў ба чизе ба касе ниёз надорад. Ин ақидаи кист? |
A) | Г.Гегел. |
B) | Л. Фейербах. |
C) | Д. Юм. |
D) | И. Кант. |
154 | Дар кадом аср диншиносӣ ба соҳаи мустақили илм табдил ёфт? |
A) | Асри XIX. |
B) | Асри XVIII. |
C) | Асри XVII . |
D) | Асри XVI . |
155 | Қуръон, Сунна, иҷмоъ ва қиёс сарчашмаҳои кадом илманд? |
A) | Илми фиқҳ. |
B) | Илми калом. |
C) | Илми тафсир. |
D) | Илми таъвил. |
156 | Дини ҳиндуия дар ибтидо чӣ ном дошт? |
A) | Бараҳманизм. |
B) | Шиваизм. |
C) | Вишнуизм. |
D) | Кришнаизм. |
157 | Бараҳма чӣ хел худост ва ў ба чӣ қодир аст? |
A) | Худои холиқу офаридагори кулл. |
B) | Худои маргу фанои кулл. |
C) | Худои ҳаёт ва ҳифзи кулл. |
D) | Худои ҳимоятгар ва нигаҳбон. |
158 | Шива чӣ хел худост ва ў ба чӣ қодир аст? |
A) | Худои маргу фанои кулл. |
B) | Худои ҳаёт ва ҳифзи кулл. |
C) | Худои ҳимоятгар ва нигаҳбон. |
D) | Худои холиқу офаридагори кулл. |
159 | Вишну чӣ хел худост ва ў ба чӣ қодир аст? |
A) | Худои ҳаёт ва ҳифзи кулл. |
B) | Худои ҳимоятгар ва нигаҳбон. |
C) | Худои холиқу офаридагори кулл. |
D) | Худои маргу фанои кулл. |
160 | Кришна чӣ хел худост ва ў ба чӣ қодир аст? |
A) | Худои ҳимоятгар ва нигаҳбон. |
B) | Худои ҳаёт ва ҳифзи кулл. |
C) | Худои холиқу офаридагори кулл. |
D) | Худои маргу фанои кулл. |
161 | Дине, ки дар ҳудуди Эрони имрўза дар асри 7-и то мелод пайдо шуда буд, чӣ ном дорад? |
A) | Зардуштия |
B) | Сикхизм |
C) | Монавия |
D) | Маздакия |
162 | Аввалин бор китоби Авасто бо фармони кадом шоҳ ба рӯи 120000 пӯсти гов навишта шуда буд? |
A) | Гуштосп |
B) | Искандари Мақдунӣ |
C) | Маҳмуди Ғазнавӣ |
D) | Исмоили Сомонӣ |
163 | Тэнонизм чист? |
A) | Равияест, ки парастиши император чун авлоди Худо ба миён мемонад. |
B) | Равияест, ки синтоизмро дини давлатӣ дидан мехоҳад. |
C) | Равияест, ки буддоияро дар Япония ҷорӣ кардани аст. |
D) | Равияест, ки парастиши Крфутсийро дар Япония ҷорӣ кардани аст. |
164 | Аввалин дини монотеистӣ дар таърихи инсоният кадом дин аст? |
A) | Дини яҳудия. |
B) | Дини насронӣ. |
C) | Дини ислом. |
D) | Дини сикхҳо. |
165 | Унвони «Ҳуҷҷатулислом» -ро дар асри миёна ба кӣ мансуб медонистанд? |
A) | Муҳаммад Ғаззолӣ |
B) | Ибни Сино |
C) | Закариёи Розӣ |
D) | Абунасри Форобӣ |
166 | Руси Киевӣ дини насрониро кай қабул кард? |
A) | Дар соли 988. |
B) | Дар соли 1000. |
C) | Дар соли 1100. |
D) | Дар соли 1200. |
167 | Кадом княз дини насрониро дар Русия ҷорӣ кард? |
A) | Княз Ярослави Оқил. |
B) | Княззан Олга. |
C) | Княз Владимир Святославович. |
D) | Княз Владимир Мономах. |
168 | Дар байни динҳои имрўзаи ҷаҳонӣ кадом дин қадимтарин ҳисоб мешавад? |
A) | Буддоия. |
B) | Насронӣ. |
C) | Ислом. |
D) | Ҳиндуия. |
169 | Дини Буддоия кай арзи вуҷуд кард? |
A) | Асри VI то мелод. |
B) | Асри V томелод. |
C) | Асри IV то мелод. |
D) | Асри III то мелод. |
170 | Дар зери мафҳуми «дхарма» дар буддоия чиро мефаҳманд? |
A) | Зуҳуроти ҳиссачаҳои ғайримоддиро, ки ҳастии олам ба он вобаста аст. |
B) | Чархи гетиро, ки он новобаста ба ихтиёри одамон даврмезанад. |
C) | Якҷоягии мабдаъҳои моддию маънавиро, ки ҳастии олам аз онҳост. |
D) | Ба ҳам вобастагии таносух (сансара) ва кармаро. |
171 | Дини Буддоия чӣ хел дин аст ва моҳияти таълимоти он чист? |
A) | Буддоия дини сотерологӣ буда, моҳияти таълимоташ озодӣ аз ранҷи зиндагист. |
B) | Буддоия дини политеистӣ буда, моҳияти таълимоташ ҳаёти абадист. |
C) | Буддоия дини монотеистӣ буда, моҳияти таълимоташ ба даст овардани ҷаннат аст. |
D) | Буддоия дини теистӣ буда, моҳияти таълимоташ дарки Худованд ва ҷои инсон дар системаи офариниш аст. |
172 | Дар маркази ин дин на каста, на авлод, балки шахси алоҳида меистад. Наҷот бо кўшиши шахсӣ ба даст меояд. Ин кадом дин аст? |
A) | Буддоия. |
B) | Кофутсиячигӣ. |
C) | Даосизм. |
D) | Синтоизм. |
173 | Китоби муқаддаси буддоиён чӣ ном дорад? |
A) | Трипитака. |
B) | Винная. |
C) | Сутра. |
D) | Абхидхарма. |
174 | Ин дини нав пеш аз ҳама баробарии одамонро дар назди Худо эълон намуд, ин дин ба тағйир додани олам ба барпо намудани ҷомеаи боадолатона даъват намуда, ба ғуломону бечорагон умеди рўзи нек медод. Оид ба кадом дин сухан меравад? |
A) | Насрония. |
B) | Монавия |
C) | Маздакия. |
D) | Хасидия. |
175 | Мазҳаб чист? |
A) | Тарз, шакли эътиқоди динӣ дар дохили ин ё он дини ҷаҳонӣ. |
B) | Бидъатҳои гуногун дар дини яҳудиён. |
C) | Бидъатҳои гуногун дар дини насронӣ. |
D) | Бидъатҳои гуногун дар дини ислом. |