Пдф. фарҳаншгшиносӣ_ва_диншиносӣ_к-1__Почоҷонова_М.С. Донишгои давлатии УУ, бизнес ва сиёсати тоикистон кафедраи таърих ва диншинос Саволномаи тестии имтихони ниоии нимсолаи якуми соли хониши 20202021 аз фанни фараншгшинос ва диншинос барои амаи ихтисосои донишго Хуанд 2021 Дар Шрои илм методии факултети сиёсатшинос ва муносибатои
Скачать 173.88 Kb.
|
176 | Аввалин шуда истилоҳи «католикос»-ро кӣ истифода бурдааст? |
A) | Усқуфи Антиохиягӣ- Игнатий. |
B) | Файласуфи Юнонӣ Зенони Китионӣ. |
C) | Теологи Римӣ Тертуллиан. |
D) | Теологи испанӣ Иридий. |
177 | Дини Юнониёни Қадим бисёрхудоӣ буда, ҳар як падидаи рўҳии инсон ва ҳар як қувваю зуҳуроти табиат худои худро дошт. Ин дар диншиносӣ чӣ хел фахмида мешавад? |
A) | Политеизм. |
B) | Монотеизм. |
C) | Пантеизм. |
D) | Деизм. |
178 | Таблиғи дини ислом дар аввал чанд сол махфӣ буд? |
A) | Се сол |
B) | Чор сол |
C) | Ду сол |
D) | Панҷ сол |
179 | Ин шакли баёни иродаи Худованд, ки бо воситаи пайғамбарон ба одамон расонида шуда ва дар шакли китобҳои мукаддасба одамон аён мешуд дар диншиносӣ чӣ фахмида мешавад? |
A) | Ваҳй. |
B) | Ҳақиқат. |
C) | Калом. |
D) | Т афсир. |
180 | Дини ислом чанд рукн дорад? |
A) | 5 рукн |
B) | 4 рукн |
C) | 7рукн |
D) | 3 рукн |
181 | Чанд фоизи мусулмонони ҷаҳонро сунниён ташкил медиҳанд? |
A) | 90% |
B) | 80% |
C) | 50% |
D) | 70% |
182 | Анимизм гуфта чиро мефахмед? |
A) | Эътиқод ба рўҳ, арвоҳ. |
B) | Эътиқод ба сухани сеҳрнок. |
C) | Эътиқод ба кўҳу дарахт. |
D) | Эътиқод ба тумор |
183 | Масъалаи ҳастӣ дар фалсафаи Зардушт чӣ мақом дорад. Мувофиқи он олам аз чанд асос ё ҷавҳар иборат аст? |
A) | Олам аз чор унсур обу оташ хоку бод иборат аст. |
B) | Олам аз як унсур иборат аст |
C) | Оламро танҳо як қувваи нек офаридааст. |
D) | Олам ду мабдаъ, ду ҷавҳар дорад (неку бад) ва онҳо зидди якдигаранд. |
184 | Конфутсий кист? |
A) | Файласуфи чинӣ. |
B) | Файласуфи юнонӣ, ки таълимоташ ба дин табдил дода шудааст. |
C) | Файласуфи ҳиндӣ, ки таълимоташ ба дин табдил дода шудааст. |
D) | Файласуфи японӣ, ки таълимоташ ба дин табдил дода шудааст. |
185 | Китоби муқаддаси дини зардуштия чӣ ном дошт? |
A) | Авесто. |
B) | Ведҳо. |
C) | Ардирофнома. |
D) | Бундаҳишн. |
186 | Дини Юнониёни Қадим чӣ хел дин буд? |
A) | Дини политеистӣ. |
B) | Дини дуалистӣ. |
C) | Дини деистӣ. |
D) | Дини монотеистӣ. |
187 | Худоёни Юнониёни Қадим одаммонанд буданд чунин хусусиятҳои психологии одамон ба мисли муҳаббат, ҳасад, ҷангҷуӣ ба онҳо нисбат дода мешуд. Одаммонандиро дар илми диншиносӣ чӣ меноманд? |
A) | Антропоморфизм |
B) | Ҳомо сапиенс. |
C) | Гуманизм. |
D) | Политеизм |
188 | Моҳияти таълимоти ахлоқии Зардушт аз чӣ иборат аст? |
A) | Ахлоқи зардуштия аз рўи се асл қарор гирифтааст, ки ин пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек аст. |
B) | Бо кадом воситае набошад, инсон ҳаёташро хуш гузаронад, ахлоқ чизи нолозима аст. |
C) | Одами хушахлоқ бояд зўҳду гўшанишиниро ихтиёр намояд. |
D) | Зардушт таълимоти ахлоқӣ надорад. |
189 | Аз кадом вақт сар карда, дини насронӣ ба мазҳабҳои католикӣ ва православӣ тақсим шуд? |
A) | Аз соли 1054. |
B) | Аз соли 1124. |
C) | Аз соли 1067. |
D) | Аз соли 1165. |
190 | Закариёи Розӣ китобҳои илмиро аз китобҳои динӣ боло мегузорад. Ин ақидаи ў шаҳодат медиҳад, ки: |
A) | Ў озодандеш аст. |
B) | Ў таҳаммулгаро мебошад. |
C) | Ў Хурофотпараст мебошад. |
D) | Ў умуман бедин аст. |
191 | Кадом шоҳи Эрон дини зардуштиро дастгирӣ карда, онро ба дини давлатӣ табдил дод? |
A) | Гуштосп. |
B) | Камбуҷия. |
C) | Доро. |
D) | Куруши Кабир. |
192 | Мақсади фалсафаи ў ҳимояи дини ислом аз бидъатҳо ва аз динҳои дигар аст. Ў аввалин файласуфест, ки тасаввуфро бо ислом оштӣ додааст. Барои хизматҳояш дар назди дин унвони Ҳуҷҷат- ул – исломро соҳиб шудааст? |
A) | Ғаззолӣ. |
B) | Ибни Сино. |
C) | Форобӣ. |
D) | Закарриёи Розӣ. |
193 | Аввалин дини монотеистӣ кадом дин мебошад? |
A) | Дини яҳудия. |
B) | Дини насронӣ. |
C) | Дини ислом. |
D) | Дини сикхҳо. |
194 | Дар байни динҳои имрўзаи ҷаҳонӣ кадомаш аввалин ба ҳисоб меравад? |
A) | Буддоия |
B) | Насронӣ. |
C) | Ислом. |
D) | Ҳиндуия. |
195 | Руси Киевӣ дини насрониро кай ва дар кадом аср қабул кард? |
A) | Дар соли 988 асри 10. |
B) | Дар соли 1000 асри 11. |
C) | Дар соли 1100 асри 12. |
D) | Дар соли 1200 асри 13. |
196 | Фиқҳ гуфта чиро мефаҳмед? |
A) | Фиқҳ аз забони арабӣ фаҳмиш, дониши пурраи динию ҳуқуқӣ тарҷума мешавад. |
B) | Фиқҳ аз забони арабӣ чун дониши ахлоқӣ тарҷума мешавад. |
C) | Фиқҳ китобест, ки чун дастурамали қозиён шинохта мешавад. |
D) | Фиқҳ илми ҳуқуқиест, ки дар мадраса омўхта мешавад. |
197 | Тотемизм гуфта чиро мефахмед? |
A) | Ҳайвонпарастӣ. |
B) | Худопарастӣ |
C) | Ашёпарастӣ. |
D) | Табиатпарастӣ |
198 | Маънои истилоҳи «Буддо» чист? |
A) | Нурбор, дурахшон. |
B) | Бут (санам), ки таљассуми Худо ҳисоб мешавад. |
C) | Муљоҳид. Муборизи роҳи дин. |
D) | Шахсе, ки ба дараҷаи ҳамадонӣ расидааст. |
199 | Истилоҳи «Жэн» дар таълимоти Конфутсий чиро ифода мекунад? |
A) | Инсондўстиро. |
B) | Ҳисси масъулияту меҳнатдўстиро. |
C) | Эҳтирому муҳаббат ба волидон, ба халқ, ба роҳбари давлат. |
D) | Диндорӣ. Ичрои бечуну чарои анъанаҳои дин ва халқ. |
200 | Дини насрония кадом аср ва дар куҷо пайдо шуда буд? |
A) | Дар Фаластин дар асри I мелодӣ. |
B) | Дар Рим дар асри II мелодӣ. |
C) | Дар Искандария дар асри III мелодӣ. |
D) | Дар Арманистон дар асри V мелодӣ. |
201 | Фетишизм гуфта чиро мефахмед? |
A) | Эътиқод ба сеҳрнокӣ, соҳиби қувва будани ашё аст. |
B) | Эътиқод ба дорую даво будани рустанӣ ё ашёе аст. |
C) | Эътиқод ба сеҳрнок, сабабу неку бад будани ҳайвон ё парандаест. |
D) | Эътиқод ба чашму нияти бад аст. |
202 | Истилоҳи «анима» аз кадом забон гирифта шудааст? |
А) | Лотинӣ |
В) | Юнонӣ |
С) | Англисӣ |
Д) | Ҳиндӣ |
203 | Истилоҳи «теология» дар илми диншиносӣ чӣ тавр фахмида мешавад? |
A) | Худошиносӣ. |
B) | Қиссаҳо ва ривоётҳои динӣ. |
C) | Китобе, ки дар он ривоятҳо оид ба пайғамбарон оварда шудаанд. |
D) | Таълимотҳои динӣ насронӣ оид ба шинохтани зоти Худованд. |
204 | Арабҳо тамоми Эронро забт карда, соли 651 ба ҳукмронии кадом сулола хотима доданд? |
A) | Ба сулолаи Сосониён. |
B) | Ба сулолаи Пешдодон. |
C) | Ба сулолаи Ҳахоманишиён. |
D) | Ба сулолаи Сомониён. |