хинакок. САВОЛУ ЧАВОБХР ОИД БА КОНУНГУЗОРИИ АНДОЗ. Кодекси андози Чумхурии
Скачать 74.03 Kb.
|
Низоми содакардашуда нисбати кадом субектхо татбик мегардад (моддаи 374 КА ЧТ): Низоми соддакардашудаи андозбандй (минбаъд - андози низоми соддакардашуда) нисбат ба субектхои сохибкорие, ки даромади умумии онхо дар давраи назиёда аз дувоздах мохи таквимии гузашта аз 1 милион сомонй зиёд намебошад, амалй мегардад. Меъёрхои андози низоми содакардашуда (моддаи 380 КАЧТ): Меъёри андози низоми содакардашуда ба андозаи зерин мукаррар карда шудааст: Барои андозсупорандагоне, ки усули аз даромади умумй хисоб ва пардохт намудани андози низоми соддакардашударо (усули хазинавй) интихоб намудаанд - 6 фоиз; Барои андозсупорандагоне, усули аз даромад тархи харочот (усули хисобу замкунй) хисоб ва пардохт намудани андози мазкуро интихоб намудаанд барои фаъолият оид ба истехсоли молхо - 13 фоиз ва барои дигар намуди фаъолият -18 фоиз). Меъёрхои андози ягонаи кишоварзй (моддаи 386 КА ЧТ): Меъёрхои солонаи андози агонаи кишоарзй аз руи кадастрй замин барои хар як гектар замин бо пешниходи макомоти ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатхои вобаста ба замин дар мувофика бо макомоти ваколадори давлатй хдр 5 сол аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад. Дойр ба заминхои кишти обй, ки амалан барои парвариши пахта истифода мешаванд, меъёри андози ягона дар хачми нисфи меъёри мутобики кисми 1 моддаи 386 муайянгардида мукаррар карда мешавад. Маълумот дар бораи масохати заминхое, ки амалан барои парвариши пахта истифода мешаванд, аз чониби андозсупоранда ба макомоти андози махаллй бакайдгириаш то 1 июли соли таквимй (хисобот) пешниход карда мешавад. Меъёрхои андози ягонаи кишоварзй хамасола аз чониби макоми ваколатдори давлатй мутобики сатхи таваруми соли гузашта, индексатсия карда мешавад. Меъёрхои индексатсияшудаи андози ягонаи кишоварзй барои соли таквимй дар сомонаи макоми ваколатдори давлатй чойгир карда мешаванд. Вазифахои макомоти андоз кадомхоянд. Тибки моддаи 162 КА вазифахои асосии макомати андоз аз инхо иборатанд: таъмин намудани конунгузории андози Чумхурии Точикистон, аз чониби иштирокчиёни муносибатхои андозй; таъмин намудани воридоти андозхо ва дигар пардохтхои хатмй ба бучет дар мухлатхои мукарраршуда аз чониби иштирокчиёни муносибатхои андозй; дар доираи ваколатхои худ иштирок намудан дар раванди тахия ва такмили конунгузории андози Чумхурии Точикистон; дар доираи ваколатхои худ иштирок намудан дар раванди тахия ва такмили конунгузории ЧУмхУРии Точикистон оид ба бакайдгирии давлатии субъектхои сохибкорй; муосидат ба андозсупорандагон дар ичрои ухдадорихои андозй ва риояи конунгузории андоз; муайян намудани расмиёт ва усулхои гузаронидани тахлили хавхои коррупсия дар макомоти андоз ва амалнамудани онхо; дар доираи ваколатхои худ тахия ва амалй намудани сиёсти давлатй оид ба масъалахои бакайдгирии давлатии субектхои сохбкорй; ичрои дигар вазифахое, ки бо санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба макомоти андози Чумхурии Точикистон вогузор шудаанд. Назорати андозй чист (моддаи 41 КА ЧТ): Назорати андози шакли назорати давлатй буда, танхо аз чониби макомоти андоз гузаронида мешавад. Ба истиснои макомоти гумрук, ки назорати андозиро дар доираи ваколатхои худ мутобики кодекси андоз ва конунгузории гумрук амалй менамояд. Аз чониби дигар макомоти назоратй ва хифзи хукук гузаронидани назорати андозй манъ мебошад. Шаклхои назорати андозиро номбар намоед (моддаи 41 КА ЧТ): Назорати андози аз чониби макомоти андоз дар шаклхои зерин амалй карда мешавад: назорати камералй; муоинви хронометражй; назорати иловагии молхои зераксизй ва фаъолияти дигар; назорати низоми рамзгузории элекиронии молхои зераксизй ва фаъолияти дигар; назорати низоми рамзгузории электронии молхо; санчиши сайёри андоз; санчиши амалиётй; мониторинги андозй; нархгузории трансферта ва бозорй. Назорати риояи конунгузории андоз, ба истиснои санчиши сайёри андоз, мунтазам гузаронида мешавад. Назорати камералй чист Q моддаи 42 КА ЧТ): Назорати камералй шакли назорати андози буда, дар макомоти андоз бе ташриф ба махаллй фаъолияти андозсупоранда, дар асоси омузиш ва тахлили хисоботи андозсупоранда (агенти андоз) ва иттилооте, ки дар асоси мукаррароти кодекси андоз дастрас гардидаанд, бе талаб намудани хуччат ва иттилооти иловагй аз андозсупоранда анчом дода мешавад. Назорати камералй кисми таркибии низоми идоракунии хавхо буда, бо максади пешнирии конунвайронкунихои андоз гузаронида мешавад ва ба андозсупоранда имконият медихад, ки номутобикатихои чойдоштаро мустакилона ислох намоянд. Назорати камералй дар рафти санчиши сайёри андоз ва мониторинги андозй, инчунин барои даврахои гузаронидашудаи ин намудхои назорати андози манъ аст. Дар бораи муоинаи хронометражй маълумот дихед (моддаи 43 КА ЧТ): Муоинаи хронометражй - шакли назорати андозий буда, бо максади мукаррар намудани даромад ва харочоти вокеии андозсупоранда дар даврае, ки мавриди муоина карор мегирад, гузаронида мешавад. Муоинаи хронометражй на зиёда аз як маротиба дар як сол бо давомнокии то 3 рузи корй гузаронида мешавад. Х,ангоми гузаронидани муоинаи хронометражй масъалахои зерин санчида мешавад: мутобикатии маълумотхои хотираи фискалии дастгохи назорати хазинавй ба бакияи хазина дар рузи муоинашаванда; бахисобгирии амалиётхои молиявию пулй; пешбури китоби бахисобгирии даромаду харочот (хангоми фаъолият дар низоми содцакардашуда); шумораи кормандон. Конуни Ч,умхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии шахсони хукукй ва сохибкорони инфиродй» кай кабул шудааст? Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии шахсони хукукй ва сохибкорони инфиродй» аз 19.05.2009, № 508 кабул гардида, аз 01.07.2009 мавриди амал карор дорад. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии шахсони хукукй ва сохибкорони инфиродй нисбати кадом макомотхо татбик намегардад? Амалй Конуни мазкур нисбати макомоти хокимияти давлатй, ки шахси хукукй буда, тартиби таъсис додан ва фаъолияти онхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад, татбик намегардад. Тартиби бакайдгирии давлатии хизбхои сиёсй, иттиходияхои чамъиятй ва динй тибки конунгузории Чумхурии Точикстон муайян карда мешавад. Мафхуми бакайдгирии давлатии шахсони хукукй ва сохибкорони инфиродй? Ин мавфхум амалй макомоти ваколатдори давлатй дар сохаи бакайдгирии давлатии шахсони хукукй ва сохибкорони инфиродй (макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлатй) дар хусуси ба расмият даровардани вокеияти хукукй таъсисёбй, азнавташкилдихй ва бархамдихии шахсони хукукй, шахсони вокей ба сифати сохибкорони инифродй, фаъолияти филиалхо ва намояндагихои шахсони хукукии хоричй ва катъ намудани фаъолияти онхо, инчунин ворид намудани маълумот дар бораи онхо ба Фехристи ягонаи давлатии шахсони хукукй ва сохибкорони инфиродй мебошад. Фехристи ягонаи давлатй чист? Ин махзани ягонаи давлатии иттилоотй дар бораи бакайдгирии давлатии шахсони хукукй, филиалхо ва намояндагихои онхо, сохибкорони инфиродй ва филиал намояндагихои шахсони хукукии хоричй мебошад. Макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлатй кист? Ин Раёсати ташкили бакайдгирии давлатии шах- сони хукукй ва сохибкорони инфиродии Кумитаи андоз, шуъбахои бакайдгирии давлатй дар вилоятхои Сугд, Хатлон, ВМКБ, ш. Душанбе ва бахшхои бакайдгирии давлатй дар шахру нохияхои чумхурй мебошад. Раками ягонаи мушаххас (РЯМ) чист ва аз тарафи ки дода мешавад? РЯМ - рамзи ягонаи ракамй, ки ба раками мушаххаси андозсупоранда асос ёфта, такрорнашаванда мебошад ва хангоми бакайдгирии давлатй аз чониби макоми анчомдихандаи бакайдгирии давлатй ба шахсони хукукй, сохибкорони инфиродй, филиалхо ва намояндагихои шахсони хукукии хоричй дода шуда, барои мушахасгардонии онхо хизмат мекунад. Мафхуми конунигардонии (легализатсияи) хуччатхо? Ин тасдиккунии мутобикати хуччатхо ба конунгузории давлатй баромади онхо, ифодаи аслй будани имзо ва дар холатхои зарурй мухр дар хуччатхо ва санадхо бо максади истифода бурдани онхо дар дигар давлат мебошад. Мазмуни принсипи «Равзанаи ягона» аз чи иборат аст? Аризадиханда хуччатхои пешбининамудаи Конуни мазкурро танхо ба макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлатй аз руи махалли чойгиршавии (сурогаи) шахси хукукй (махалли зисти рохбари шахси хукукй), махалли чойгиршавии (сурогаи) филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричй (махалли зисти рохбари филиал ё намояндагии шахси хукукии хоричй), махалли зисти (фаъолияти) сохибкори инфиродй пешниход менамояд. Муддати амалй гардонидани бакайдгирии давлатии таъсисёбии шахси хукукй аз тарафи макомоти анчомдихандаи бакайдгирй? Дар муддати то панч рузи корй аз лахзаи аз тарафи шахси хукукй пешниход намудани хуччатхое, ки Конуни бакайдгири пешбини намудааст, макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлатй бакайдгирии давлатии таъсисёбии шахси хукукиро дар махалли чойгир-шафии он бо додани хуччати тасдиккунандаи бакайдгирии давлатй амалй мегардонад. Муддати амалй гардонидани бакайдгирии давлатии шахси вокей ба сифати сохибкори инфиродй аз тарафи макомоти анчомдихандаи бакайдгирй? Дар муддати то се рузи корй аз лахзаи аз тарафи шахси вокей пешниход намудани хуччатхо барои гирифтани Шаходатномаи сохибкорй ва ё Патент, ки Конуни бакайдгири пешбини намудааст, макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлатй хукукй фаъолияти сохибкориро дар махалли анчомдихии фаъолияти сохибкории чунин шахе амалй мегардонад. оид ба конститутсияи чумхурии ТОЧИКИСТОН Дойр ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон маълумот дихед? Конститутсия Конуни асосии ЧУМХУРИИ Точикистон буда, эътибори олии хукукй дорад ва меъёрхои он мустакиман амал мекунанд. Крнунхо ва дигар санадхои хукукие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори хукукй надоранд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо тарики раъйпурсии умумихалкй кабул карда шуда, ба он 3 маротиба: 26.08.1999, 22.06.2003 ва 22.05.2016 бо тарики раъйпурсии умумихалкй тагйиру иловахо ворид карда шудааст. Конститутсия аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад. Боби якум - Асосхои сохтори конститутсионй (моддахои 1 то 13); Боби дуюм - Хукук, озодй ва вазифахои асосии инсон ва шахрванд (м.14то 47); Боби сеюм - Мачлиси Олй (м.48 то 63); Боби чахорум - Президент (м. 64 то 72); Боби панчум - Хукумат (м. 73 то 75); Боби шашум - Х°кимияти махаллй ( м. 76 то 80); Боби хафтум - Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон (м. 81 то 83); Боби хаш гум - Суд (м. 84 то 92); Боби нухум - Прокуратура (м. 93 то 97); Боби дахум - Тартиби тагйири Конститутсия (м. 98 то 100). Моддаи 1 Конститутсияи Чумхурии Точикистонро шарх дихед? Чумхурии Точикистон давлатй сохибихтиёр, демократа, хукукбунёд, дунявй ва ягона мебошад. Шакли идоракунии Чумхурии Точикистон Президентй мебошад. Точикистон давлатй ичтимой буда, барои хар як инсон зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фарохам меорад. Чумхурии Точикистон ва Точикистон хамаъноянд. Дар Конститутсияи Чумхурии Точикистон оид ба андоз кадом меъёрхо ва талабот мукаррар шудааст? Дар моддаи 45 Конститутсияи Чумхурии Точикистон меъёри зерин дойр ба андоз мукаррар шудааст: Супоридани андоз ва пардохтхо, ки конун муайян кардааст хатмист. Конунхое, ки андози навро мукаррар мекунанд ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд, кувваи бозгашт надоранд. Рамзхои давлатии Чумхурии Точикистон кадомхоянд? Рамзхои давлатии Чумхурии Точикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллй мебошад. Рамзхои давлатй тавассути Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи рамзхои давлатии Чумхурии Точикистон» танзим мегарданд. Конуни мазкур мохият ва тартиби истифодаи расмии Парчам, Нишон ва Суруди Миллиро мукаррар мекунад. Эхтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди Миллй, аз он чумла аз ёд донистани Суруди Миллй, ифтихори миллии хар як шахрванди Чумхурии Точикистон мебошад. Дар хама холат ба рамзхои давлатй бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба онхо бехурматй зохир нагардад. Оид ба Суруди миллии ЧТ ва эхтиром ба он чй маълумот дода метавонед? Суруди миллии Чумхурии Точикистон бар матни Гулназар Келдй ва оханги Сулаймон Юдаков мансуб буда, аз 07.09.1994 кабул карда шудааст. Суруди миллии Чумхурии Точикистон дорой матн ва оханг буда, дар мавридхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон садо дода мешавад. Хднгоми ичрои суруди миллй ба хотири эхтиром хозирин аз чой бармехезанд. Эхтиром ва волоияти Суруди миллй вазифаи хар як шахрванди Точикистон мебошад. Матни Суруди миллии Чумхурии Точикистон Диёри арчманди мо, Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод. Саодати ту, давлатй ту бегазанд бод, Зи дурии замонахо расидаем, Ба зери парчами ту саф кашидаем кашидаем. Зинда бош эй ватан Точикистони озоди ман Барои ному нанги мо. Ту аз умеди рафтагони мо нишонай, Ту бахри ворисон чахони човидонай, Хазон намерасад ба навбахори ту, Ки мазраи вафо бувад канори ту канори ту. Зинда бош эй ватан Точикистони озоди ман Ту модари ягонаи, Бакои ту бувад бакои хонадони мо, Мароми ту бувад мароми чисму чони мо, Зи ту саодати абад насиби мост, Ту хастиву хама чахон хабаби мост хабаби мост. Зинда бош эй ватан Точикистони озоди ман Асоси иктисодиёти Точикистонро чй ташкил медихад? Цавоб: Асоси иктисодиёти Точикистонро шаклхои гуногуни моликият ташкил медиханд. Давлат фаъолияти озоди иктисодй, сохибкорй, баробархукукй ва хифзи хукукии хамаи шаклхои моликият, аз чумла моликияти хусусиро кафолат медихад. Моликият ду хел мешавад: чамъиятй ва шахсй. Аъзоёни Хукумати чумхуриро кихо ташкил медихад? Аъзоёни Х,укумати чумхурй аз Сарвазир, муовини якум, муовинони у, вазирон, раисони кумитахои давлатй ташкил медиханд. Аъзои Хукумат наметавонанд вазифаи дигареро ичро намоянд, вакили макомоти намояндагй бошанд ва ба сохибкорй маштул шаванд, ба истиснои фаъолияти илмиву эчодй ва омузгорй. Макоми ваколатдори сохаи андози Чумхурии Точикистон номбар намоед? Макоми ваколатдори давлатй - макоми ичроияи марказии хокимияти давлатй, ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян шуда (Кумитаи андоз), назорати андозиро оид ба ичрои ухдадорихои андоз дар назди давлат таъмин мекунад. Сиёсати андозро бошад, дар чумхурй Вазорати молияи Чумхурии Точикистон амалй месозад. ОИД БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТЙ Ко ну ни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хизмати давлатй» кадом муносибатхоро танзим менамояд? Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хизмати давлатй» асосхои ташкилию хукукии хизмати давлатй ва кафолатхои ичтимоии хизматчиёни давлатии Чумхурии Точикистонро муайян менамояд. Ко ну ни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хизмати давлатй» 5 марти соли 2007 №233 бо Фармони Президенти Чумхурии Точикистон тасдик гардида аз 5 боб ва 45 модда иборат мебошад. Мафхумхои асосии Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи хизмати давлатй”? Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд: дастгохи давлатй - низоми макомоти давлатй, ки фаъолияти он барои амалй намудани вазифа, функсия ва сиёсати давлат равона шудааст; мансаби давлатй - вохиди сохтории макоми давлатй, ки дар доираи салохияти мукарраркардаи Конститутсияи (Сарконуни) ЧУМ*УРИИ Точикистон барои амалй намудани хокимияти давлатй, таъмини ичрои ваколатхои шахсони мансабдори давлатии хокимияти давлатй ва салохияти макомоти давлатй таъсис дода шудааст; хизмати давлатй (хизмати давлатии сиёсй ва маъмурй) - фаъолияти касбии хизматчиёни давлатй, ки барои таъмини ичрои ваколатхои шахсони мансабдори давлатии хокимияти давлатй ва амалй намудани салохияти макомоти давлатй мукаррар карда шудааст; хизматчии давлатй - шахрванди Чумхурии Точикистон, ки мансаби давлатии хизмати давлатии музднокро дар асоси касбй бо максади таъмини ичрои ваколатхои шахсони мансабдори давлатии хокимияти давлатй ва амалй намудани салохияти макомоти давлатй ишгол намудааст; хизматчии давлатии сиёсй - хизматчии давлатй, ки фаъолияти у ба сиёсати умумидавлатй вобаста аст ва барои дар амал татбик намудани сиёсати дохилй ва хоричии Чумхурии Точикистон масъул мебошад; хизматчии давлатии маъмурй - хизматчии давлатй, ки ухдадорихои мансабии у ба таъмини ичрои ваколатхои шахсони мансабдори давлатии хокимияти давлатй, мансабхои сиёсии хизмати давлатй ва амалй намудани салохияти макомоти давлатй равона карда шудааст; ухдадорихои мансаби - ухдадорихои пешбининамудаи мансаби муайяни давлатй, ки чавобгуи максад ва вазифахои макомоти давлатй буда, хизматчии давлатй дар доираи меъёрхои мукарраркардаи конун ва санадхои меъёрии хукукй ичро мекунад. |