хинакок. САВОЛУ ЧАВОБХР ОИД БА КОНУНГУЗОРИИ АНДОЗ. Кодекси андози Чумхурии
Скачать 74.03 Kb.
|
Муоинаи хронометражй дар кадом холатхо гузаронида мешаванд? Муоинаи хронометражй дар холатхои; а) рафти санчиши хуччатии андоз; б) асоси аризаи андозсупоранда; в) рафти азназаргузаронии профилактики; г) холати тахти бахс карор доштани ин ё он масъалахои вобаста ба андозбандй; д) дигар холатхо гузаронида мешавад; Муоинаи хронометражй бо кадом максад гузаронида мешавад? Муоинаи хронометражй аз чониби макомоти андоз бо максади мукаррар намудани даромад ва харочоти вокеии андозсупоранда, ки ба гирифтани даромад алокаманд аст, гузаронида мешавад. Муоинаи хронометражй инчунин дар холати аз тарафи макомоти андоз пайдо шудани шубха оид ба дурустии бахисобгирии мухосиботй ва (ё) хисоботи андози андозсупоранда барои муайян (аник) намудани хачми даромад ва харочоти у гузаронида мешавад. Раками мушаххаси андозсупоранда ба ки дода мешавад, бо кадом максад? Мувофики моддаи 25 КАЧ,Т (PMA) хамаи шахсони вокей ва ё хукукй, филиал ва ё намояндагии шахси хукукии хоричй ва шахрвандони аз синни 16-сола болои Чумхурии Точикистон бо максади бахисобгирй ва ичрои назорати андоз андозсупорандагон ва агентхои андоз дода мешавад. Принсипхои системаи андозро номбар намоед? Мутобики моддаи 5 КАЧТ принсипхои системаи андоз аз инхо иборатанд: Шахсони вокей ва хукукй ухдадоранд хамаи намуди андозхоро, ки Кодекси мазкур мукаррар намудааст ва мутобики Кодекси мазкур нисбат ба онхо андозсупоранда мебошанд, супоранд. Ба зиммаи шахе гузоштани ухдадорй оид ба пардохт намудани андозхои дар Кодекси мазкур пешбининашуда манъ аст. Андозе, ки мутобики Кодекси мазкур хисоб карда шудааст, аз ухдадории пулй дар назди давлат иборат буда, бояд ба бучети давлатй пардохт карда шавад. Макомоти махаллии хокимияти давлатй хукук доранд танхо андозхои махаллии мукаррарнамудаи Кодекси мазкурро чорй намоянд. Супорандагони андозе, ки тибки низоми соддакардашуда пардохта мешавад кихо мебошанд? Супорандагони андозе, ки тибки низоми соддакардашуда пардохта мешавад, корхонахо, филиал ва намояндагихои шахсони хукукии хоричй ва сохибкорони инфиродие мебошанд, ки тибки Шаходатнома фаъолият менамоянд ва даромади умумии онхо то 1 млн сомониро ташкил менамоянд. Супорандагони андози ягона кихо ба хисоб мераванд? Супорандагони андози ягона шахсони хукукй ва хочагихои дехкони (фермери), ки барои онхо замин воситаи асосии истехсолот ба хисоб мераванд, мебошанд. Тартиби андозбандии сахомони хочагии дехконй чи гуна мебошад? Аъзои хочагии дехконй аз супоридани андоз аз даромад озод буда барои фонди хифзи ичтимой хар мох барои хар як аъзои хочагии бехконй 10 сомонй хисоб ва пардохт карда мешавад. Тартиби андозбандии коргарони кирояи хочагихои дехконй чи гуна мебошад? Даромади коргарони кирояи хочагихои дехконй бо меъёри 8% то 140 сомонй ва аз 140 сомонй зиёд бошад бо меъёри 13 фроиз андозбандй карда мешавад. Илова ба ин бо меъёри 25% ва 1% андози ичтимои ва сугуртаи ичтимой аз хачми музди мехнат хисоб карда мешавад. Меъёри андоз аз истифодабарандагони роххои автомобилгард? Меъёри андоз аз истифодабарандагони роххои автомобилгард барои хариду фуруш 0,25% барои дигар намуди истехсолкунандагон 1% муайян карда шудааст Дар кадом холат андозсупоранда ухдадор аст чихати бакайдгирй барои андоз аз арзиши иловашуда ариза дихад? Хачми амалиёти андозбандишавандааш дар давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз 12 мохи пурраи муттасили (пай дар пайи) таквимй аз 1 млн сомонй бештар бошад. Дар кадом холат андозсупоранда барои бекор кардани бакайдгирй ба сифати супорандаи ААИ, хукук пайдо мекунад? Дар 12 мохи пурраи муттасили (пай дар пайи) таквимй амалиёти андозбандишавандааш аз 1,0 млн. сомонй зиёд набошад ва аз рузи эътибор пайдо кардани бакайдгирии охирин 24 мох гузашта бошад. Меъёрхои андози аксизи аз тарафи ки мукаррар карда мешавад? Аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон Махалли супоридани аксиз Пардохти аксиз барои молхои зераксизй, ба истиснои холатхои дар кисмхои 2 ва 3 хамин модца пешбинигардида, дар махалли бакайдгирии супорандаи аксиз амалй карда мешавад. Супорандагони андози аксиз аз руи молхои зераксизй, ки дорой вохидхои алохида мебошанд, андози аксизро дар махалли чойгиршавии вохидхои алохида, ки истехсоли молхои зераксизиро анчом медиханд, месупоранд. Аксиз барои намудхои алохидаи хизматрасонихо дар сохаи алокаи баркй бояд ба бучет дар махалли бахисобгирии андозсупоранда (новобаста ба мавчудияти вохидхои алохида) супорида шавад. Хисобнома - фактурам андоз аз арзиши иловашуда чй гуна хуччат мебошад? Хисобнома-фактура ин хуччате мебошад, ки тибки талаботи Кодекси андоз барои бахисоб гирифтани (зачет) андоз аз арзиши иловашуда асос мебошад, агар ба талаботи конунгузори мутобикат намояд. |