Главная страница
Навигация по странице:

  • Асосхои катъ шудани хизмати давлатй кадомхоянд

  • Кадом намудхои чавобгарии интизомии хизматчии давлатиро медонед

  • Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

  • Низомхои имтиёзноки андозбандиро номбар намоед.

  • Ташкилотхои гайритичоратй кадомхоянд.

  • Дар бораи резидент ва гайрирезидентхо маълумот дихед.

  • Холатхои катъ гардидани ухдадории андозро шарх дихед.

  • Мухлати даъво ва мохияти онро шарх дихед.

  • Санчишхои андоз аз чониби кадом мак;омот амалй карда мешавад ва ба чанд намуд таксим мешаванд.

  • Санчишхои хуччатй ба чанд намудхо чудо карда мешаванд ва намудхои онро шарх, дих,ед.

  • Санчиши такрории андоз дар кадом асосхо гузаронида мешавад

  • Дар бораи даврияти гузаронидани санчишхои андоз маълумот дихед.

  • Санчишхои гайринакшавии (мачмуй ва мавзуй) андоз дар кадом холатхо гузаронида мешаванд.

  • Дар Огохнома дар бораи санчиши дар пешистодаи андоз кадом маълумотхо дарч карда мешаванд

  • Дар Амрнома оиди гузаронидани санчиш кадом маълумотхо дарч карда мешаванд

  • Хукукхои кормандони макомоти андозро хангоми гузаронидани санчишхои андоз баён намоед.

  • Ухдадорихои кормандони макомоти андозро хангоми гузаронидани санчишхои андоз баён намоед

  • Мафхуми назорати камералиро шарх дихед.

  • Имтиёзхои андоз аз фонда.

  • Дар бораи андоз аз даромад, андозсупорандагон ва объекти андозбандй маълумот дихед.

  • хинакок. САВОЛУ ЧАВОБХР ОИД БА КОНУНГУЗОРИИ АНДОЗ. Кодекси андози Чумхурии


    Скачать 74.03 Kb.
    НазваниеКодекси андози Чумхурии
    Анкорхинакок
    Дата27.09.2022
    Размер74.03 Kb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлаСАВОЛУ ЧАВОБХР ОИД БА КОНУНГУЗОРИИ АНДОЗ.docx
    ТипКодекс
    #700668
    страница3 из 4
    1   2   3   4

    Низоми хизмати давлатиро чй гуна мефахмед?

    Ба низоми хизмати давлатии Чумхурии Точикистон дохил мешаванд:

    1. Асосхои катъ шудани хизмати давлатй кадомхоянд?

    Хизмати давлатй гайр аз асосхои пешбиникардаи Кодекси мехнати Чумхурии Точикистон дар мавридхои зерин катъ мегардад:

    • истеъфои хизматчии давлатии сиёсй;

    • расидан ба синни нихоии хизмати давлатй;

    • катъ шудани шахрвандии Чумхурии Точикистон;

    • вайрон намудани тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба танзими анъана ва чашну маросимхо (Конуни ЧТ аз 8 июни соли 2007 №273);

    • нисбати хизматчии давлатй бароварда шудани хукми айбдоркунии суд ва эътибори конунй пайдо кардани

    он;

    • риоя накардани махдудиятхое, ки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хизмати давлатй” пешбинй намудааст.

    1. Кадом намудхои чавобгарии интизомии хизматчии давлатиро медонед?

    Рохбари макоми давлатй, ки хукукй ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намуданро дорад, ба хизматчии давлатй барои кирдори интизомии содирнамудааш мучозоти зерини интизомиро татбик менамояд:

    • сарзаниш;

    • танбех,;

    • танбех,и катъй

    • то як сол мавкуф гузоштан аз додани рутбаи тахассусии навбатй;

    • ба мансаби паст гузаронидан;

    • аз мансаб озод кардан.

    Бо максади чамъ овардан ва санчиши маълумот дар бораи кирдори интизомии содирнамудаи хизматчии давлатй аз тарафи рохбари макоми давлатй санчиши хизматй таъин карда мешавад. Санчиши хизматй метавонад бо талаби хизматчии давлатй низ гузаронида шавад.

    Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

    1. Меъёри андоз аз бизнеси бозй:

    Меъёри андоз аз бизнеси бозй барои давраи андоз новобаста ба андозаи даромад дар хачми устувор барои хар вохиди объекта андозбандй (хар барориши лотерея ба фуруш) дар мувофика бо макоми ваколатдори давлатй аз чониби макомоти махаллии хокимияти давлатии шахрхо (нохияхо) мукаррар карда мешавад.

    1. Низомхои имтиёзноки андозбандиро номбар намоед.

    • Андозбандии сохтмони неругоххои баркй обй;

    • Хусусияти андозбандии корхонахои навтаъсис, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба махсулоти нихой (аз калобаи пахта то махсулоти пахтагии дузандагй) машгул мебошанд;

    • Хусусияти андозбандии корхонахои паррандапарварй, мохипарварй ва корхонахои истехсолкунандаи хуроки омехтаи парранда ва чорво;

    • Хусусияти андозбандии субектхои бозори когазхои кимматнок;

    • Андозбандй аз руйи созишномахо оид ба таксими махсулот;

    • Асосхои андозбандии фаъолияти минтакахои озоди иктисодй.

    1. Агенти андоз кист?

    Ташкилот ё сохибкори инфиродие, ки мутобики Кодекси андоз ба зимаашон вазифаи хисоб намудани андоз аз андозсупоранда ё аз манбаи пардохт нигох доштан ва ба бучети дахлдор гузаронидани он гузошта шудааст, агенти андоз мебошад.

    1. Дар бораи санади мукоисавй ва даврияти гузаронидани он маълумот дихед

    Тибки талаботи сархати 2 кисми 1 моддаи 19 Кодекси андози Чумхурии Точикистон андозсупорандагон ухдадоранд талаботи конунии кормандони макомоти андозро дар хусуси бартараф намудани вайронкунихои ошкоршудаи конунгузории андоз, аз чумла, дойр ба тартиб додани санади мукоисавй ичро намоянд.

    Санади мукоисавй хуччати дучонибае мебошад, ки тибки маълумоти макомоти андоз ва андозсупоранда (намояндаи андоз) барои аник намудани дурустии маблагхои хисобшуда, (ба хисобгирифташуда, камкардашуда) пардохтшудаи (баргардонидашуда, бахисобгирифташуда) андозхо, инчунин фоиз, чарима ва бакияи андозхо дар рузи муайян тартиб дода мешавад.

    Санади мукоисавй нисбати андозсупорандагони дар низоми умумии андозбандй фаъолиятдошта на кам аз як маротиба дар семоха, бо андозсупорандагони тибки низоми соддакардашуда фаъолият дошта ва хочагихои дехконии инфиродй на кам аз як маротиба дар шаш мох ва сохибкорони инфиродии тибки патент фаъолияткунанда як маротиба дар як сол тартиб дода мешавад.

    1. Ташкилотхои гайритичоратй кадомхоянд.

    Макомоти хокимияти конунгузор, ичроия ва судй, ташкилотхои (иттиходияхои) чамъиятй ва (ё) динй, фондхо, муассисахо, ассотсиатсияхо (иттифокхо), ташкилотхои байнидавлатй, байнихукуматй ва дигар ташкилотхое, ки ба фаъолияти гайритичоратй машгуланд.

    1. Дар бораи резидент ва гайрирезидентхо маълумот дихед.

    Шахси вокеие, ки дар давоми хар давраи 12-мохаи пай дар пай гузаранда, ки дар хамин соли таквимии чорй ба охир мерасад, дар хакикат дар каламрави Чумхурии Точикистон бештар аз 182 руз карор дошта бошад, аз рузи 183-юм барои соли чории таквимй резидента ЧУмх-УРии Точикистон ба хисоб меравад. Агар чунин шахси вокей дар соли гузаштаи таквимй резидент ба хисоб рафта бошад, пас он аз 1 январи соли чорй низ резидент ба хисоб меравад.

    Шахси вокеие, ки дар давоми хамин соли таквимии чорй дар хизмати давлатии ЧТ берун аз каламрави Чумхурии Точикистон бошад, дар хамин соли таквимии чорй, новобаста ба давомнокии чунин хизмат, резидент ба хисоб меравад.

    Шахси вокеие, ки гайрирезидент эътироф мешавад, ухдадор аст, ки ба агенти андоз ё макомоти андози махалли будубош (истикомат) на дертар аз рузи гирифтани даромад ё лахзаи пешниход кардани хисоботи андоз хуччатхои зеринро пешниход намояд:

    • хуччати тасдиккунандаи резидентй ё шахси бешахрванд дар давлатй хоричй будани ин шахе;

    • тарчумаи ба таври нотариалй тасдикшудаи хуччати муайянкунандаи шахсият (шиноснома) ба забони давлатй.

    1. Холатхои катъ гардидани ухдадории андозро шарх дихед.

    Тибки моддаи 64 КА дар холатхои зерин ухдадории андоз катъгардида ва карзи андоз пардохтшуда хисобида мешаванд:

    • ба таври дахлдор ичро гардидани ухдадории андоз ва пардохти андозхо, фоизхо ва чаримахо;

    • гузаштани мухлати даъво аз руи ухдадории андоз, ки Кодекси мазкур мукаррар намудааст;

    • муфлис эътироф шудани андозсупоранда дар холати нокифоя будани молу мулки он, агар бо карори суд тартиби дигаре пешбинй нашуда бошад;

    • фавти шахси вокей дар холати мавчуд набудани вориси хукукй ё меросхур;

    • фавтида эълон шудан, бедарак гоиб ё гайри кобили амал эътироф шудани шахси вокей хангоми мавчуд набудан ё нокифоя будани молу мулки вай;

    • аз хисоб баровардани ухдадории андоз тибки тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур.

    1. Мухлати даъво ва мохияти онро шарх дихед.

    Тибки мукаррароти моддаи 66 Кодекси андози Чумхурии Точикистон мухлати даъво бо максадхои андозбандй 5 сол мукаррар карда шудааст.

    1. Макомоти андоз метавонанд маблаги андози андозсуиорандаро хисоб намоянд (иловагй хисоб намоянд), аз нав баррасй намоянд (ислох намоянд) ва (ё) маблаги андози хисобшударо (иловагй хисобшударо, ислохшударо) дар давоми 5 соли баъди ба охир расидани соли таквимй, ки давраи андози дахлдорро дар бар мегирад, ситонанд.

    2. Андозсупоранда хукук дорад баргардонидан ё ба хисоб гирифтани маблаги андозро дар давоми 5 соли баъди ба охир расидани соли таквимй талаб намояд.

    3. Нисбат ба андозсупорандагоне, ки тибки фасли XVII Кодекси мазкур низоми андозбандии имтиёзнокро истифода мебаранд, мухлати даъво ба мухлати андозбандии имтиёзноки мутобики санадхои меъёрии хукукии ЧД. муайянгардида дароз карда мешавад.

    4. Чдраёни мухлати даъво дар давраи амалй мораторияи санчиши андозхо ва мухлати батаъхиргузории пардохти андозро боздошта мешавад

    1. Санчишхои андоз аз чониби кадом мак;омот амалй карда мешавад ва ба чанд намуд таксим мешаванд.

    Санчишхои андоз танхо аз чониби макомоти андоз амалй карда мешаванд ва ба намудхои зерин таксим мешаванд:

    1. санчиши хуччатй;

    2. санчиши амалиётй.

    1. Санчишхои хуччатй ба чанд намудхо чудо карда мешаванд ва намудхои онро шарх, дих,ед.

    Санчишхои хуччатй ба чунин намудхо чудо мешаванд:

    1. санчиши мачмуй (комплексй) - санчиши ичрои ухдадорихои андоз оид ба хамаи намудхои андоз;

    2. санчиши мавзуй,

    3. санчиши мутакобила - санчише, ки нисбати шахси сеюм гузаронида мешавад.

    1. Санчиши такрории андоз дар кадом асосхо гузаронида мешавад?

    • дар асоси аризаи хаттии худи андозсупоранда;

    • дар асоси карори макоме, ки шикояти андозсупорандаро вобаста ба огохнома тибки санади санчиши андоз баррасй менамояд;

    • тибки карори рохбари аввали макоми ваколатдори давлатй ё шахси ваколатдори уро ивазкунанд.

    • тибки карори рохбари аввали макоми ваколатдори давлатй ё шахси ваколатдори уро ивазкунанда, бо тартиби назорат аз болои фаъолияти макоми андози худудие, ки санчиши хуччатии андозро гузаронидааст.

    1. Дар бораи даврияти гузаронидани санчишхои андоз маълумот дихед.

    Санчишхои хуччатии андоз ба навъхои зерин таксим мешаванд:

    1. накшавй - санчишхои мачмуии хуччатии андоз, ки тибки накшаи гузаронидани санчишхои аз чониби макоми ваколатдори давлатй тасдикшуда гузаронида мешаванд. Накшаи санчишхои андоз дар асоси баходихии хавфи вайрон кардани конунгузории андоз,

    • даромади умумии ощо дар соли таквимии гузашта бештар аз 25 млн сомонй бошад, на зиёда аз як маротиба дар як сол;

    • даромади умумиашон дар соли таквимии гузашта аз 25 миллион сомонй кам бошад, на зиёда аз як маротиба дар ду сол

    • субъекта сохибкории хурд, ки супорандаи андози низоми соддакардашуда мебошад, пас аз 36 мохи пурраи таквимй аз рузи бакайдгирии давлатй;

    1. Санчишхои гайринакшавии (мачмуй ва мавзуй) андоз дар кадом холатхо гузаронида мешаванд.

    Санчишхои гайринакшавй - мачмуй ё мавзуй дар холатхои зерин гузаронида мешавад:

    • хангоми катъ гардидани фаъолияти супорандаи андоз аз арзиши иловашуда;

    • хангоми азнавташкилдихй ё бархамдихии шахси хукукй, катъ гардидани фаъолияти шахси хукукии хоричй, ки фаъолияташро дар Чумхурии Точикистон ба воситаи филиал ё намояндагй амалй менамояд;

    • хангоми катъ гардидани амалй имтиёзхо барои шахсони хукукии дар фасли XVII Кодекси мазкур пешбинишуда;

    • бинобар ба охир расидани мухлати амалй карордоди истифодаи сарватхои зеризаминй;

    • бо максади тасдик намудани дурустии маблаги андоз аз арзиши иловашуда, ки барои баргардонидан пешниход шудааст;

    1. Дар Огохнома дар бораи санчиши дар пешистодаи андоз кадом маълумотхо дарч карда мешаванд?

    Дар огохинома дар бораи санчиши дар пешистодаи андоз ба таври хатмй чунин маълумотхо кайд карда мешаванд:

    • сана ва раками бакайдгирии огохинома,

    • насаб, ном, номи падар ё номи пурраи андозсупоранда,

    • раками мушаххаси андозсупоранда,

    • асос барои гузаронидани санчиши андоз,

    • намуди санчиши андоз,

    • сана, вакти огоз ва мухлате, ки дар давоми он гузаронидани санчиши андоз пешбинй мешавад.

    1. Дар Амрнома оиди гузаронидани санчиш кадом маълумотхо дарч карда мешаванд?

    Дар амрнома чунин маълумотхо дарч карда мешавад:

    1. сана ва раками кайди амрнома дар макоми андоз;

    2. номи макоми андозе, ки амрномаро додааст;

    3. номи пурраи андозсупоранда;

    4. раками мушаххаси андозсупоранда;

    5. намуди санчиш;

    6. мансаб, насаб, ном, номи падари шахсони санчишгар;

    7. мухлати гузаронидани санчиш;

    8. давраи андози санчидашаванда хднгоми санчишхои хуччатй.

    1. Хукукхои кормандони макомоти андозро хангоми гузаронидани санчишхои андоз баён намоед.

    • хуччатхоро, ки ба содир намудани хукуквайронкунихои андоз вобастаанд, гиранд ва дойр ба ин амалхо мувофики тартиби мукарраршуда хуччат тартиб диханд.

    • дар рафти гузаронидани санчиши андоз тамоми хуччатхои молиявй, китобхои мухосибй, хисобот, сметахо, маблагхои накд, когазхои киматнок ва дигар арзишхои дар даст буда, хисобномахо, эъломияхо ва дигар хуччатхои вобаста ба хисобкунй ва пардохти андозхоро санчанд, аз шахсони мансабдор ва дигар кормандони корхона (ташкилот) ва шахсони вокей оид ба масъалахои дар рафти гузаронидани чунин санчишхо пайдошуда маълумот ва тавзехоти шифохй ва хаттй гиранд;

    • дар рафти гузаронидани санчиши андоз инвентаризатсияи молу мулки андозсупорандаро (ба истиснои молу мулки бинохои истикоматй) гузаронанд.

    1. Ухдадорихои кормандони макомоти андозро хангоми гузаронидани санчишхои андоз баён намоед?

    Тибки мукаррароти моддаи 119 КАЧТ ухдадорихои макомоти андоз хангоми гузаронидани санчиши андоз аз инхо иборат аст.

    андоз,

    • ба андозсупорандагон нусхаи санади санчиши андоз ва карори дахлдори макоми андозро оид ба натичаи санчиши андоз пешниход намоянд;

    • хангоми дар рафти санчиши андоз муайян намудани далелхое, ки дорой аломатхои чиноятхои вобаста ба саркашй аз пардохти андозхо мебошанд, ба макомоти дахлдори хифзи хукук маводхоро дар давоми 10 рузи кори баъди кабули карор тибки санади санчиши андоз барои чорачуй фиристанд.

    • то огози санчиши андоз хукук ва вазифахои андозсупоранда, инчунин хукуку ухдадорихои худро, ки ба гузарондан ва натичахои санчиши андоз алокаманданд, фахмонанд.

    1. Мафхуми назорати камералиро шарх дихед.

    Назорати камералй шакли назорати андоз буда, аз чониби макомоти андоз дар асоси омузиш ва тахлили хисоботи андози пешниходнамудаи андозсупоранда, маълумоти макоми ваколатдор ва дигар хуччатхо дар махаллй чойгиршавии макомоти андоз анчом дода мешавад.

    Назорати камералиро шахсони мансабдори ваколатдори макоми андоз мувофики вазифахои хизматй, бе ягон амрномаи рохбари макоми андоз анчом медиханд.

    Агар дар рафти назорати камералй дар эъломихои андоз хато ва (ё) мухолифати маълумоти хуччатхои пешниходшуда ошкор карда шаванд. Дар ин бора ба андозсупоранда огохнома дар мудцати панч рузи корй барои пешниход кардани тавзехоти зарурй ва хуччатхо фиристода мешавад.

    Агар пас аз баррасй тавзехоти пешниходшуда, тавзехоти хаттии андозсупоранда ба макоми андоз пешниход карда нашавад, макоми андоз ухдадор аст тибки тартиби барои санчишхои андоз мукарраршуда санад тартиб диханд ва аз руи он карор кабул намоянд.

    1. Имтиёзхои андоз аз фонда.

    Тибки моддаи 110 КАЧТ аз андозбандй аз фонда инхо озоданд:

    1. ташкилотхои динй, эхсонкорй, бучетй, созмонхои байнихукуматй ва байнидавлатии (байналмилалии) гайритичоратй, ба истиснои фоидае, ки онхо аз фаъолияти сохибкорй мегиранд.

    2. маблаггузаронихои ройгон ва молу мулки ройгон, аъзохакихо, хайрия ва грантхое, ки ташкилотхои гайритичоратй мегиранд ва барои фаъолияти гайритичоратй истифода мебаранд;

    3. корхонахое, ки дар онхо дар як вакт дар соли хисоботии андоз:

    а) на камтар аз 50% шумораи кормандонро маъюбон ташкил медиханд, ва

    б) на камтар аз 50% маблагхои музди мехнат ва дигар таъминоти моддй, аз чумла натуралй, барои эхтиёчоти маъюбон сарф карда шудааст;

    1. корхонахои наве, ки дар сохаи истехсоли молхо таъсис меёбанд, дар соли бакайдгирии давлатй ва аз соле, ки баъди соли бакайдгирии ибтидоии давлатй фаро мерасад, хангоми аз чониби муассиси онхо бо назардошти хачмхои хадди акали инвеститсияхои мукаррарнамудаи конунгузорй ба фонди оинномавии чунин корхонахо ворид намудани хачмхои дар поён зикргардидаи инвеститсияхо ба мухлати:

    • 2 сол, агар хачми инвеститсияхо баробари аз 200 хазор доллари ИМА то 500 хазор доллари ИМА бошад;

    • 3 сол, агар хачми инвеститсияхо баробари бештар аз 500 хазор доллари ИМА то 2 миллион доллари ИМА бошад;

    • 4 сол, агар хачми инвеститсияхо баробари бештар аз 2 миллион то 5 миллион доллари ИМА бошад;

    • 5 сол, агар хачми инвеститсияхо баробари бештар аз 5 миллион доллари ИМА бошад.

    1. Дар бораи андоз аз даромад, андозсупорандагон ва объекти андозбандй маълумот дихед.

    Шахсони вокеии резидент ва гайрирезидент, ки объекти андозбандишаванда доранд, супорандагони андоз аз даромад мебошанд. Аз чумла:

    Барои резидентхо ба сифати объекти андозбандии даромад даромади андозбандишавандаи онхо ба хисоб меравад, ки он хамчун фарки байни даромади умумй дар соли таквимй ва маблаги тархшудаи харочоти дар хамин

    давра муайян карда мешавад.

    Андозсупоранда - гайрирезидент, ки дар ЧУМХУРИИ Точикистон тавассути муассисаи доимй фаъолият менамояд, нисбати даромади андозбандишавандае, ки ба муассисаи доимй алокаманд аст ва хамчун фарки байни даромади умумии соли таквимй аз манбаъхои вокеъ дар Чумхурии Точикистон марбут ба муассисаи доимй маблаги нигохдошташудаи (харочоти) пешбининамудаи хамин Кодекс нисбати чунин даромад барои хамин давра муайян карда мешавад, супорандаи андоз аз даромад мебошад.
    1   2   3   4


    написать администратору сайта