Главная страница
Навигация по странице:

  • Таърих

  • Марњилањои асосии таърихи халќи тољик

  • ЌИСМИ I ФАСЛИ I . ЉАМЪИЯТИ ИБТИДОЇ ДАР ОСИЁИ МИЁНА Б ОБИ I . Асри санг

  • §1. Палеолит Палеолити аввал (800-200 њазор сол пеш аз милод).

  • Палеолити охир (35-12 њазор сол пеш аз милод).

  • апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов


    Скачать 3.71 Mb.
    НазваниеНамоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
    Дата10.10.2022
    Размер3.71 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01..doc
    ТипДокументы
    #724565
    страница1 из 57
      1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   57

    Донишгоњи миллии Тољикистон

    Донишкадаи соњибкорї ва хизмат

    намоз њотамов, ДавлатхоЉа ДовудЇ,

    Сайфулло МулЛоЉонов, МАЪРУФ ИСОМАТОВ



    Таърихи халќи тољик



    (Китоби дарсї барои ихтисосњои ѓайритаърихи

    мактабњои олии Љумњурии Тољикистон)

    Иборат аз 2 ќисм


    Душанбе – 2011



    ББК
    Њотамов Н, Довуди Д, Муллољонов С, Исоматов М. Таърихи халќи тољик –

    Душанбе: Нашриёти ………………………….., 2011

    Китоби дарсии фанни «Таърихи халќи тољик» барои ихтисосњои ѓайритаърихи тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон дар асоси барномаи ин фан, ки бо ќарори мушовараи Вазорати Маорифи љумњурї аз 31 январи соли 2008 барои нашр ва истифода тавсия гардидааст, навишта шудааст. Китоб таърихи халќи тољикро аз даврањои ќадимтарин то рўзњои мо дар бар мегирад. Он дар асоси сарчашмањои гуногуни бостоншиносї, хаттї, бойгонї, адабиёти илмї, маълумоти оморї ва ѓайра навишта шудааст.


    Муќарризон: Абулњаев Р.А. – доктори илмњои таърих, профессор

    Мухторов А.М. – доктори илмњои таърих, профессор

    Њамза Камол - доктори илмњои таърих, профессор

    Чопи компютерии: Ќурбонова Г.А., Њотамов Љ.Н.
    САРСУХАН
    Њар кї н-омўхт аз гузашти рўзгор,

    Низ н-омўзад зи хељ омўзгор.

    (Абўабдуллоњї Рўдакї)
    Таърих илмест, ки дар он њодисањои гузаштаи дуру наздик ва имрўзаи халќу миллатњо инъикос меёбад. Таърихи халќи тољик илмест, ки њодисањои гузашта ва имрўзаи халќи тољикро меомўзад.

    Таърих гузашти рўзгор аст. Њар як халќ онро ба тарзи гуногун, бо пастию баландињои зиёд аз сар гузаронидааст. Халќи тољик њам ин раванди таърихиро дар муборизањо бо аљнабиён ва дар набардњо сипарї намудааст.

    Миллати тољик њамчун як узви мардуми ориёї, яке аз халќњои ќадимтарини љањон ба њисоб меравад. Аз ин рў, ин халќ таърихи бисёрњазорсоларо дорост, ки он аз сањифањои дурахшони ќахрамонию мардонагї ва таназзулу фољиањо саршор мебошад.

    Мо сањифањои дурахшони таърихи аљдодони хешро дар муборизаи онњо бањри муњофизати ватани худ бар зидди аљнабиёни юнону маќдунї, арабњо, муѓулњо, туркњо ва Русияи подшоњї мебинем. Таърих гувоњ аст, ки гузаштагони мо на бо љангу љидолњо, балки бо инкишофи кишоварзї, бунёду ободии шањрњои бостонї, ба монанди Самарќанду Бухоро, Хўљанду Њирот, офаридани яке аз ќадимтарин китобњои муќаддаси љањонї – «Авеста», бо фарзандони баруманд, ба монанди Абу Њанифаю Имом ал-Бухорї, Абўабдуллоњи Рўдакию Абў Алї ибни Сино, Абулќосим Фирдавсию Умари Хайём, Саъдии Шерозию Њофизи Шерозї, Мавлоно Љалолиддини Балхию Камоли Хуљандї, Абдурањмони Љомию Камолиддин Бењзод, Садриддин Айнию Бобољон Ѓафуров ва дигарон ном баровардааст.

    Халќи тољик махсусан, дар замони њуљумњои забткоронаи аљнабиёни муѓул, тањди сахти нестшавии љисмониро аз сар гузаронид, ки садњо њазор нафар фарзандонашро сар бурида, шањру дењањои обод намудаашро ба харобазор табдил доданд. Туркпарастони аввали асри ХХ низ тољиконро аз љињати маънавї нест карданї шуданд. Вале халќи тољик нест нашуд, њар бор ба захмњои бадани худ даво ёфта, ќувват мегирифт.

    Миллати мо ба муќобили душман дар баробари сипар, фарњанги худро пеш гузошт, ба онњо иттифоќ, њамзистию њамкориро пешнињод кард. Худ, ки маърифатноку маорифпарвар буд, ба аљнабиёни кўчї бартарии илму маърифатро исбот намуд, онњоро низ ба њамин роњ њидоят сохт.

    Тољикон тавонистанд нисбат ба њамсоягони худ хеле пештар, дар тўли аз ањди Сосон то Оли Сомон нишонањои ќабилавиро паси сар карда, ба халќи ягона муттањид гарданд. Вале онњо ин пешравиро минбаъд идома дода натавониста, ба бемории дигар – мањалгарої гирифтор шуданд. Фољиаи ин беморї дар он буд, ки вай халќи тољикро њељ нагузошт ва њанўз њам намегузорад, то худро миллати ягона њисобад. Њамин беморї халќи тољикро намегузошт, ки баъди аз байн рафтани давлатдории Сомониён, ба љуз давлатњои нисбатан хурди Ѓўриён, Куртњои Њирот, Сарбадорони Сабзавор ва ѓайра, дигар давлати бузурги муттамарказонидашудаи худро эњё кунад. Зеро, ин беморї дар њар гуна њолат халќи тољикро пароканда нигоњ медошт. Баръакс он ба халќњои дигар, аз љумла ќабилањои кўчиёни аљнабї, ки нисбат ба тољикон иттифоќтар буданд, имконият дод дар ин сарзамин давлатдории худро барќарор намоянд.

    Халќи тољик ба монанди амир Исмоили Сомонї сарвари бузургро офарид, ки пойдории давлати хешро на дар љангњои ѓоратгаронаю зулму истибдод, балки дар аќлу заковат, созандагию бунёдкорї медид. Вале давлати пойдорнамудаи ўро бемории дигар - раќобати мансабии ворисони Сомонї заиф гардонид ва нињоят барои аз байн рафтанаш яке аз сабабњои асосї шуд.

    Бемории раќобати мансабї танњо мансуби мардуми мо нест. Баръакс дар арсаи таърихї бисёр давлатњои љањонї мањз дар натиљаи ављ гирифтани чунин раќобат заиф гардида, нињоят мулкашон луќмаи давлатњои пурќуввати давр гардидааст.

    Албатта омўхтани чунин сањифањои таърихи, пастию баландињо, ќањрамонию нокомињои гузаштагони халќи тољик барои ташаккули шахсияти њар як љавони имрўза дар руњияи ватанпарастї ањамияти махсус дорад.

    Илми таърих бо бисёр илмњои дигари љомеъашиносї, аз љумла фалсафа, сиёсатшиносї, иќтисодиёт, њуќуќ, адабиёт ва ѓайра пайванди ногусастани дорад. Њини тавсифи ин ва ё он давлат таърихи сиёсї, иќтисодиёт ва тиљорат, фарњанг, адабиёт ва санъати он баён карда мешавад. Зиёда аз ин њамаи илмњои даќиќ таърихи пайдоиши худро доранд ва таърихи илм як шохаи илми љомеъашиносї мебошад. Бостоншиносї, сиккашиносї ва мардумшиносї шоњањои илми таърих буда, дар бораи маданияти моддї ва санъат, сиккасозї ва муомилоти пулї, урфу одат ва маросимњо маълумоте медињад, ки дар сарчашмањои хаттї вуљуд надоранд.

    Марњилањои асосии таърихи халќи тољик: асри санг (800њ. - 3њ.п.м.), асри биринљ (3њ. – 1000 – 900 с.п.м), давраи ќадим (1000/900 с.п.м. – а.V м.), асрњои миёна (а.V м. – солњои 60-уми асри ХIХ), давраи нав (аз – солњои 60- уми асри ХIХ то соли 1917), давраи шўравї (с.1917 – 1991) ва давраи истиќлолият (аз с.1991 инљониб) – ро дар бар мегирад. Асри санг ва аввали асри биринљ ба давраи љамъияти обшинаи ибтидої рост меояд. Дар охири асри биринљ љамъияти синфї ба вуљуд меояд ва минбаъд дар давраи ќадим такмил меёбад ва љамъият ѓуломдорї ба вуљуд меояд. Дар асрњои миёна муносибатњои феодалї инкишоф меёбанд, љамъият ба заминдорон (феодалон) ва кишоварзон (дењќонон) таќсим мешавад. Дар давраи нав дар Осиёи Миёна баъзе унсурњои сохти сармоядорї пайдо шуда, инкишоф ёфтанд. Дар давраи шўравї сохти сотсиалистї њукмрон буд. Дар давраи истиќлолият сохти љамъияти сармоядорї аз сари нав пайдо шудааст. Њозир дар аксар кишварњои љањон сохти сармоядорї њукмрон аст.

    Сарчашмањои асосї барои омўзиши таърихи халќи тољик дар асри санг ва биринљ маводњои бостоншиносї, барои охири асри биринљ ягона сарчашмаи хаттї, китоби муќаддаси дини зардуштї «Авесто» мебошад. Барои давраи ќадим ва аввали асрњои миёна маводи бостоншиносї ањамияти худро нигоњ медорад, аммо мавќеи сарчашмањои хаттї, аз љумла сарчашмањои юнонї, хитої ва ѓайра торафт бештар мегардадю Барои омўзиши таърихи асрњои миёна асарњои таърихї ва љуѓрофии муаллифони тољику – эронї ва араб Табарї, Нархашї, Ибн Њавќал, Ибн Хурдодбек, Истахрї, Белозурї, Байњаќї, Гардезї, Љувайнї, Рашид – ад – Дин, Утбї, Фирдавсї, Шараф ад – Дини Яздї, Мирхонд, Хондамир ва дањњо муаррихони дигар њамчун сарчашма асос шудаанд. Сарчашмаи ёридињанда ва иловагї маводи сиккашиносї, забоншиносї, мардумшиносї, катибашиносї, номшиносї (топонимика), симошиносї (антропология) ва ѓайра мебошад. Оиди давраи мустамликавї ва шўравї маводњои бойгонї, хотирањо, тадќиќотњои зиёди олимон мављуданд. Аммо оиди замони истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон њанўз тадќиќотњо, ба љуз маќолаю китобњои алоњида, тадќиќотњои мукаммали таърихї вуљуд надоранд.

    Оиди омўзиши њамаи даврањои таърихи халќамон асари бисёрљилдаи «Таърихи халќи тољик» ва асарњои Президенти љумњур Эмомалї Рањмон ањамияти махсус доранд.

    То таќсимоти њудуди миллии соли 1924 сарнавишти таърихи халќњои Осиёи Миёна ягона буд ва онњо талхию ширинињои замонњои гузаштаро якљоя чашидаанд. Аз ин рў барои такмили таърихи халќи тољик омўхтани таърихи ин халќњо низ аз ањамият холї нест.

    Бо сабаби он, ки фанни таълимии мо «таърихи халќи тољик» ном дорад, зарур аст сараввал ба маънои калимаи «тољик» ањамият дињем. Дар байни олимон оиди ин масъала андешањои гуногун вуљуд доранд, ки хулосааш чунин аст:

    1). Калимаи «тољик» гўё аз калимаи «тољ» гирифта шудааст. Зеро, њанўз падари таърих Њеродод (дар асри Y то милод) таъкид карда буд, ки дар болооби дарёи Окс (Аму) одамон ба сар кулоњи нугтези тољдор мепўшанд. Аз њамин калимаи «тољ» минбаъд гўё номи «тољик» таркиб ёфтааст;

    2). То асри IV – VI милодї аљдодони моро «ориёињо» меномиданд, ки маънояш «тоза» мебошад. Баробари аз истифода баромадани калимаи «ориёї» он гўё љойи худро ба маънояш «тоза» додааст. Минбаъд калимаи «тоза» гўё ба «тољик» табдил ёфтааст;

    3). Калимаи «тољик» гўё аз «тат»-и туркї гирифта шудааст. Зеро, аз асри VI милодї, ваќте ќабилањои туркї ба Мовароуннањру Хуросон кўчида омада муќимї гардиданд, онњо мардуми тањљоиро «тат»-њо меномиданд, ки маънои «тањљої», «муќимї»-ро дорад;

    4). Калимаи «тољик» гўё аз калимаи «тољир» гирифта шудааст. Зеро, аљдодони мо, махсусан суѓдињо аз замонњои ќадим бо тиљорат бештар машѓул шуда, дар ташаккули Шоњроњи бузурги абрешим њиссаи бузург гузоштаанд. Њамин касби тољирї минбаъд гўё асоси номи халќамон гардидааст.

    Ба аќидаи мо њамаи ин андешањо ба њаќиќат наздиканд. Аммо андешае, ки гўё номи халќи тољик аз номи ќабилаи арабии «той» гирифта шуда бошад, њељ асосе надорад. Зеро, халќи тољик аз рўи ташаккули худ ба ќабилањои араб њељ муносибате надорад.

    Калима ё худ номи «тољик» њанўз дар сарчашмањои хаттии тибетї соли 792 дучор меояд, ки ин то ба имрўз ќадимтарин акси ин ном дар сарчашмањо мебошад. Умед аст, ки минбаъд номи «тољик» дар сарчашмањои аз ин њам ќадимтар пайдо мешавад. Аз асри ХI калимаи «тољик» дар сарчашмањои хаттї бештар дучор меояд.

    Китоби дарсии «Таърихи халќи тољик», ки Шумо дар даст доред, аз тарафи муаллифони зерин навишта шудааст: Бобњои I, II, III, ќисмњои 1 – 7 – и боби IV аз тарафи доктори илмњои таърих Давлатхоїа Довудї;, бобњои V – VI аз тарафи номзади илмњои таърих, дотсент Маъруфљон Исоматов; бобњои VII – VIII аз тарафи номзади илмњои таърих, дотсент Сайфуллољон Муллољонов, сарсухан, ќисми 8 – и боби IV, бобњои IX – XXII аз тарафи доктори илмњои таърих, профессор Намоз Њотамов иљро гардидааст.

    Бо сабаби он, ки муаллифони номбурда кўшиши аввалини ба тарзи мухтасар навиштани таърихи халќи тољикро (барои ихтисосњои ѓайритаърих) пеша кардаанд, аз ин лињоз китоби мазкур аз камбудињо холї нест. Бинобар ин муаллифони китоб фикру андешањо ва дархостњои хонандагонро оид ба китоби дарсї бо мамнуният ќабул менамоянд.

    ЌИСМИ I
    ФАСЛИ I. ЉАМЪИЯТИ ИБТИДОЇ ДАР ОСИЁИ МИЁНА
    БОБИ I. Асри санг
    Љамъияти ибтидої ќадимтарин сохти иљтимої-иќтисодии инсоният мебошад. Он аз пайдоиши аввалин одамњо (2 миллиону 600 њазор сол аз ин пеш) то пайдоиши синфњо (9-7 њазор сол пеш аз милод) идома ёфта буд. Аз рўи даврабандии бостоншиносї љамъияти ибтидої асри сангро дар бар мегирад. Нишонањои асосии љамъияти ибтидої инњоянд: сатњи пасти тараќќиёти ќуввањои истењсолкунанда, хусусияти љамоатї доштани мењнат, моликияти љамъиятї будани воситањои истењсолот ва набудани моликияти хусусї, таќсимоти баробарии мањсулот, набудани синфњо ва давлат. Дар љамъият баробарї њукмфармо буд, бой ва камбаѓал набуд. Одамон танњо дар минтаќањои гарм – Африка, љануби Осиё ва Аврупо зиндагї мекарданд. Машѓулияти асосии одамони ибтидої шикор ва љамъоварии гиёњњои худрўй буд. Яроќи асосї найзањои нўгашон сангї, калтак ва дигар асбобњои сангї буданд, аз оташи табии истифода мебурданд.

    Инсоният то ба тамаддунњои пешрафта расидан роњи дуру дарози тараќќиётро тай кардааст. Аввалин махлуќњои одамшакл, ки дар илм онњоро австролопитек меноманд 5 млн. сол пеш аз ин ба вуљуд омаданд. Аз ин зот таќрибан 2 миллиону 600 њазор сол пеш аз замони мо «њомо габилис» – (одами кордон) пайдо шуд. Ин аввалин одам буд, ки аз санг асбоби мењнат сохтанро ёд гирифт. Аз њамон ваќт ва то истењсоли аввалин асбобњои фулузї дар њазорсолањои 9-7 п.м., яъне дар давоми 2 миллиону 591 њазор сол одамон дар асри санг зиндагї мекарданд ва ин дарозтарин давраи таърихї мебошад. Ин давраро барои он асри санг меноманд, ки одамон тамоми олоту асбоби худро танњо аз санг месохтанд ва истењсолу коркарди фулузотро њанўз намедонистанд.

    Асри санг се давраро дар бар мегирад: палеолит (юнонї: палайос= ќадим ва литос = санг, яъне асри санги ќадим), мезолит (асри санги миёна) ва неолит (асри санги нав). Палеолит дар навбати худ ба се марњила таќсим мешавад: палеолити аввал, миёна ва охир. Марњилањо аз якдигар аз рўи намуди олоти сангї ва љойгиршавї дар ќабатњои мутаносиби геологї фарќ мекунанд.
    §1. Палеолит
    Палеолити аввал (800-200 њазор сол пеш аз милод). Давраи аз њама ќадими асри сангро палеолити аввал меноманд. Дар Осиёи Миёна ин давра 800- 200 њазор сол пеш аз замони моро дар бар мегирад. Дар ин давра намудњои хоси олоти сангї ва усули коркард ва истењсоли онњо вуљуд доштанд. Дар Осиёи Миёна ќадимтарин бошишгоњи ин давра Кулдара мебошад. Он дар ноњияи Ховалинги Тољикистон љойгир буда, аз љониби бостоншиноси шинохтаи тољикистонї В.А. Ранов кашф шудааст.

    Аз ин бошишгоњ маснуот ва олоти сангии хеле оддї ёфт шуданд. Онњо оддї бошанд њам ќадимтарин далели дар Осиёи Миёна пайдо шудани одами ибтидої мебошанд. Дар наздикии бошишгоњ устухонпорањои њайвонњои бузургљўсса ва хурд - филњои ќадим, каркадан, уштур, юз, шаѓол, гург ёфт шудаанд.

    Дар љануби Тољикистон боз се бошишгоњњои калон - Ќаратов, Лоњутї (500 њ.с.п.м.), Оби Мазор (390-410 њ.с.п.м.) ва 29 мавзеъи бозёфти олоти сангї, аз љумла Хонаќои Ховалинг, Ќарамайдони Файзобод ба палеолити аввал мансуб мебошанд.

    Дар бошишгоњи Ќаратов (Ёвон) 1000 маснуот ва олоти сангї ёфт шудааст. Олоти асосї чопперњо ва чоппингњо (сангобињои кулулаи аз як тарафашон шикаста теѓадор шуда) буданд. Онњоро барои бурридан, тарошидан, харошидан, кўфтан ва ѓайра истифода мебурданд. Машѓулияти асосии сокинони ин бошишгоњњо шикор ва гиёњѓундорї буд. Одамони давраи аввали палеолитро олимон питекантроп номидаанд, ки маънояш «одами ростроњгарданда» мебошад.

    Палеолити миёна (200-35 њазор сол пеш аз милод). Дар ин давра намудњои нав ва мукаммалтари асбобу афзори сангї - корд, белча, нўги найза, синон пайдо мешаванд. Дар водињо ва кўњистони Осиёи Миёна як ќатор бошишгоњњо ва ѓорњои ин давра кашф шудаанд. Ќадимтарин бошишгоњи ин давра дар Тољикистон Хонаќои III дар Ховалинг мебошад, ки умри 200 њазорсола дорад. Аз он кордчањо ва белчањои сангї ва олоти дигар ёфт шудааст.

    Ѓори Оѓзикичики Данѓара (60-40 њ.с.п.м.) муњимтарин ёдгории ин давра дар Осиёи Миёна мебошад. Дар ќабатњои мадании он 10 њазор маснуоти сангї, оташдонњо, устухонњои 17 намуд њайвонњо (гусфанд, буз, асп, хар, оњу, гург, гуроз, хирс, љайра, ќашќалдоќ, каркадан ва ѓайра) ва 12 њазор пораи устухони сангпушти даштї, боќимондањои растанињо (бед, арча, санљид, санавбар) ёфт шудаанд.

    Дар ѓори Оѓзикичик дар дохили ду нимњалќа сар ва шохњои бузи куњї љойгиранд. Дар гирди он маросими ибодат сурат мегирифт. Ин аввалин нишонањои эътиќодоти динї мебошанд.

    Бошишгоњњои ин давра боз дар 20 мавзеъњои дигари љануби Тољикистон ёфт шудаанд. Дар Тољикистони Шимолї ба ин давра бошишгоњи Љарќутан (назди Шањристон), Гургдара ва 31 мавзеъ дар байни Хуљанду Конибодом мансубанд.

    Одами неандерталї. Одамони ибтидоиеро, ки дар давраи палеолити миёна зиндагї мекарданд дар илм неандертал меноманд. Он аз номи мавзеъе дар Олмон гирифта шудааст, ки устухонњои ин одами ибтидої бори нахуст дар он љо ёфт шуда буданд. Неандертал аз нигоњи физиологї нисбат ба пешгузаштаи худ питекантроп хеле пеш рафта буд. Њаљми маѓзи сари ў ба дараљаи маѓзи сари одамони имрўза расида, ќадаш 1,55 – 1,65 м ва дарозии умраш 30 сол, баъзан то 50 сол буд. Неандерталњо пешгузаштагони бевоситаи одамони имрўза буданд. Дар Осиёи Миёна ягона ёдгорие, ки дар он устухонњои одами неандерталї ёфт шудаанд ин ѓори Тешиктош дар кўњњои Бойсун, наздикии шањри Термиз мебошад, ки ба њазорсолањои 50 - 40 пеш аз милод тааллуќ дорад. Онро бостоншиноси маъруфи шўравї А. П. Окладников с. 1939 кашф кардааст. Дар ѓор гўри писарбачаи 8-9 солаи неандерталї, 2859 маснуот ва олоти сангї ёфт шуданд. Дар гирди љасад шохњои бузи кўњї гузошта шудаанд, ки бо маросими динї ва парастиш алоќаманд мебошанд.

    Одами неандерталї ба воситаи соиш додан њосил кардани оташро ёд гирифт. Ин дастоварди муњим имконият дод, ки одамони ибтидої оташро барои гарм кардани манзил ва пухтани хўрок васеъ истифода баранд. Истеъмоли хўроки пухта умри одамони ибтидоиро нисбатан дароз карда, инкишофи љисмонї ва аќлонии онњоро бењтар гардонд.

    Инкишофи шикорчигї. Дар ин давра дар баробари љамъоварии гиёњњои худрўй шикор яке аз манбаъњои асосии ба даст овардани ѓизо буд. Одамони ибтидої дастљамъона њайвонњоро њай карда ба љарињо ва чоњњо афтонда мекуштанд ва гўшти онњоро истеъмол мекарданд. Дар ин давра найза ва синони нўгашон сангї ихтироъ карда шуданд. Ин дастоварди муњим буда, шикорро осонтар ва сермањсултар гардонд. Неандерталњо њайвонњои гуногунро ба мисли буз, гусфанди кўњї, хирс, оњу, барзагов, гург ва гавазнњои бузургљуссаи шимолї, паланг, кабк, кафтар, мурѓобї ва баъзе њайвонњои дигарро шикор мекарданд. Бошандагони лаби бањрњои Каспї (Хазар) ва Арал бо моњидорї машѓул буданд.

    Дар Палеолити миёна таќсимоти мењнат байни зану мард ба амал омад – занњо ба кори хона ва љамъоварии гиёњњо, мардњо бо шикор машѓул буданд.

    Палеолити охир (35-12 њазор сол пеш аз милод). Дар палеолити охир шумораи бошишгоњњо дар Осиёи Миёна хеле коњиш меёбад. Сабаби ин дар номусоидии иќлим буд. Дар байни њазорсолањои 25-15 пеш аз милод дар курраи замин охирин яхбандї рух медињад. Дар Осиёи Миёна љангалзорњо ба биёбону дашт табдил ёфта, иќлим хунуктар, зимистон хунуки сахт мешавад, хоктўфонњо ва гардшинї зиёд мешавад. Њамаи ин таѓйиротњои табии одамони ибтидоиро маљбур месозад, ки ин минтаќањоро тарк намоянд. Баъди ба охир расидани яхбандї ва муътадил шудани иќлим дар байни њазорсолањои 14-10 афзоиши босуръати ањолї ба амал меояд.

    Дар ин давра ташаккулёбии дурударози табии инсон (эволютсия) ба охир расида, љои неандерталро одами оќил (њомо сапиенс) мегирад. Дар илм онро «одамони кроманён» меноманд, чунки бори аввал устухонњои ин намуди одам дар бошишгоњи Кроманёни Франсия ёфт шуда буданд. Одами кроманён аз рўи сифатњои љисмонї ва имконоти аќлонї аз одами имрўза фарќ надошт.

    Дар ин давра одамони ибтидої сохтани хонањои одии каппамонандро ёд гирифтанд. Сохти иљтимої низ пеш рафт, ба љои тўдањои ибтидої авлоди модаршоњї ташаккул меёбад. Ѓундоштани гиёњњои худрўй дар хољагї мавќеъи муњимро ишѓол мекард ва ба ин кор занњо машѓул буданд. Алоќањои љинсї хусусияти гурўњї доштанд, як гурўњ мардон шавњарњои як гурўњ занњо буданд ва бинобар ин мансубияти фарзандон аз рўи модар муайян карда мешуд. Ин гуна авлодњоро модаршоњї меноманд ва дар онњо занњо мавќеи асосиро ишѓол мекарданд.

    Баробари такомули хољагидорї ва сохти иљтимої тафаккур ва шуурнокии одамони ибтидої низ инкишоф меёбад. Дар палеолити охир нахустин намудњои санъати тасвирї- пайкара созї, мусавварањои ѓорї ва аќоиди динї пайдо мешаванд.

    Дар љануби Тољикистон се бошишгоњи ин давра кашф шудааст, ки ба њазорсолањои 30-14 мансубанд – Шуѓнов дар Ховалинг, Харкуш дар Њисор ва Чилондара дар Данѓара. Муњимтарини онњо бошишгоњи Шуѓнов мебошад. Он дар баландии 2 њазор метр аз сатњи бањр љойгир буда, баландтарин бошишгоњи палеолитї дар љањон мебошад. Дар натиљаи њафриёт аз ќабатњои он 4700 маснуоти сангї, аз љумла вараќањои махрутшакли калон ва нуклеусњои махрутшакл, вараќањои секунља ва баргмонанди калон, вараќањои хурд ва калони кордмонанд ёфт шуданд. Онњо аз санги самоќи сабзча ва кабудча, оњаксанги чахмоќдор ва вараќсанги чахмоќдор сохта шудаанд. Ин маснуотро ба дастањои чўбї ва ё устухонї васл карда, олот ва яроќи гуногун месохтанд. Кроманёнњои Шуѓнов аспњои вањшї, барзагов, говњои ёбої (бизон), гўсфанд, буз, суѓур ва ѓайраро шикор мекарданд. Осори манзил ёфт нашудааст. Шуѓнов бошишгоњи мавсимї – тобистона буд. Аксари олоти палеолити охири Тољикистон бо бањри Миёназамин ва Аврупо ва баъзе бозёфтњои ќисмати шарќї бо Сибир алоќаманд мебошанд.

      1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   57


    написать администратору сайта