Главная страница
Навигация по странице:

  • Њуљуми Искандар ба Осиёи Миёна.

  • Њуљуми Спитамен ба Бохтар.

  • Љанги охирини Спитамен.

  • Муборизони ќалъа њо и кўњии Суѓд ва Бохтар.

  • Шўриши Катан ва Австан.

  • Таѓйирот дар сиёсати Искандар.

  • Њуљуми Искандар ба Њинд.

  • Давлати Порт (256 п.м.-224 м.).

  • Давлати Юнонї-Бохтарї (256-141/128 п.м.).

  • Забони

  • Истењсоли канданињои фоиданок

  • Соњањои гуногуни њунармандї

  • § 11. Ташаккули Роњи б узурги абрешим Сабаби ном ва воситаи асосии наќлиёт

  • Заминањои ташаккулёбии Роњи бузурги абрешим.

  • Инкишофи роњњои тиљоратї.

  • апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов


    Скачать 3.71 Mb.
    НазваниеНамоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
    Дата10.10.2022
    Размер3.71 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01..doc
    ТипДокументы
    #724565
    страница5 из 57
    1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   57
    §7. Њуљуми Искандари Македонї ба Осиё
    Љангњои Искандар дар Осиёи Хурд ва Эрон. Дар давраи њукмронии шоњи Македония Филиппи II (с.359-336 п.м.) пурзўршавии ин вилоят, ки дар шимоли Юнон љойгир буд, ба амал меояд. Сокинони Македония юнонинажод буданд. Филиппи II артиши хуб мусаллањшуда ва машќдидаро ташкил карда, аввал Македонияро муттањид месозад ва баъди ин с.338 п.м. афинагињо ва иттифоќчиёни онњоро шикаст дода, Юнонро ба давлати худ њамроњ мекунад.

    Доирањои њукмрони Юнон кайњо боз орзўи ба Эрон њуљум карданро доштанд. Ин орзўи онњоро Филиппи II амалї кард. Ў соли 336 п.м. бо лашкари муттањидаи македонињо ва юнониён аз гулугоњи Дарданел гузашта, ба Осиёи Хурд, ки љузъи давлати Њахоманишиён буд, њуљум мекунад. Аммо њанўз дар оѓози ин њуљум Филиппи II дар натиљаи як сўиќасд кушта мешавад. Баъди ин писари 20 солаи ў Искандар (336-323 п.м.) ба тахт менишинад. Ў иќдоми падарашро идома дода, баъди тайёрии њамаљониба с. 334 п.м. бо 5 њазор љанговари савора ва 30 њазор пиёдагард ба Осиёи Хурд њуљум менамояд.

    Юнонињо дар ду муњорибаи асосї – с. 334 дар назди дарёи Граник ва с. 333 дар назди ш. Иса эрониёнро шикаст доданд. Баъди ин Искандар ба пойтахти Њахоманишиён ш. Персепол њуљум накарда, аввал Шом, Фаластин, Финикия ва Мисрро ишѓол менамояд. Сабаби ин амалиёти њарбии ў маълум нест. Аз Миср ў бо лашкараш ба ќафо баргашта, аз Шом ба шимоли Байнаннањрайн ворид мешавад ва ба љануб ба тарафи Бобул њаракат мекунад. Дорои III лашкари калонеро гирд оварда, ба муќобили юнониён мебарояд. Дар ин лашкар дар баробари форсњо, модњо, бохтарињо, суѓдињо ва сакоињо мавќеъи муњимро ишѓол мекарданд. Муњорибаи њалкунанда 1 октябри с. 331 дар шимоли Байнаннањрайн, дар назди дењаи Гавгамел ба амал омад. Дар ин муњорибаи хунин гоњ юнониён ва гоњ эрониён пеш мерафтанд. Аммо Дорои III аз пешравии юнониён дар баъзе аз ќитъањои љабња ба њарос афтода, буздилона майдони муњорибаро тарк кард. Хабари аз майдони љанг гурехтани шоњ сафњои лашкари эрониёнро вайрон карда, рўњияи љангии онњоро шикаст ва онњо бетартибона ќафонишини карда, ба шикаст дучор шуданд. Баъди ин Искандар анќариб бе мамонияти љиддї шањрњои Бобул, Шуш, Пасаргад ва пойтахти империяи Њахоманишиён Персеполро ишѓол намуд ва онро оташ зада, вайрону валангор кард. Дорои III ба Њангматана, аз онљо ба Роѓ (Рай) ва аз онљо ба Марв гурехт. Искандар беист аз пайи ў њаракат мекард. Аз бељуръатии Дорои III сарлашкарон норозї шуда, бар зидди ў шўриш бардошта ўро ба ќатл расонданд ва сатрапи Бохтар Бессро, ки хеши ў буд, шањаншоњ эълон карданд. Бесс бар хилофи ваъдањояш натавонист ба юнониён муќобилияти љиддї нишон дињад. Искандар Гургонро бо душвори ишѓол намуд, шоњи Порт бе љанг ба ў таслим шуд. Баъди ин ў Арея, Дрангиана, Гедросия ва Арахосияро (Кобул) ишѓол намуд. Баъди ин ў ба Бохтар њуљум кард. Бесс, ки дар ихтиёраш 7 њазор љанговари савора дошт, тарсончакї ва кутоњандешї зоњир карда, бо юнониён ба љанг надаромад ва роњи гурезро пеш гирифта, њамроњи сарлашкарон Оксиарт ва Спитамен ба он тарафи Амударё гузашт. Љанговарони бохтарї њамроњи ў нарафта, ба хонањояшон баргаштанд. Искандар муќобилияти љиддї надида Бохтарро ишѓол кард ва Бессро таъќибкунон бо лашкараш ба соњили Амударё омад. Сарлашкарон Бесси бе лашкар мондаро ба бефаъолиятї ва тарсончакї айбдор карда, ба њабс гирифтанд ва ба Искандар супориданд.

    Њуљуми Искандар ба Осиёи Миёна. Искандар с. 329 дар наздикии Келиф аз Амударё гузашта, ба Суѓд ворид шуд. Муњорибаи якум бо суѓдиён дар Навтак ба амал омад. Худи њамон сол Искандар пойтахти Суѓд ш. Самарќандро ишѓол карда, дењањои атрофи онро оташ зада, харобу валангор намуд. Баъди ин Искандар њудуди Истаравшанро забт карда, ба соњили Сирдарё мебарояд. Сакоињои он тарафи Сирдарё ќосид фиристода, бо Искндар сулњ мебанданд. Дар њамин ваќт дар панљ шањри њудуди Истаравшан шўриши калони халќї бар зидди юнониёни истилогар сар мезанад. Маркази шўришгарон ш. Киропол буд. Шўришгарон пойгоњњои низомии юнониёнро нест карда, дар ќалъањо истењком мегиранд. Искандар тамоми лашкари азими худро барои пахш кардани ин шўриш равона мекунад. Шўришгарон муќовимати сахт нишон доданд. Юнониён бо мушкилот ва талафоти зиёд шўришро пахш намуданд. Аз 30 њазор шўришгар 22 њазори он ќањрамонона њалок шуданд.

    Искандар дар соњили Сирдарё дар њудуди ш. Хуљанд шањреро бунёд намуда, љанговарони худро дар он љойгир кард. Баъди ин ў ба он тарафи дарё гузашта, саккоињоро шикаст дод. Зимистони с. 329-328-ро Искандар дар Бохтар гузаронд.
    §8. Муборизаи суѓдињо бо сардории Спитамен бар зидди истилогарони юнонї- македонї
    Оѓози муборизаи суѓдиён бо сарварии Спитамен. Суѓдиён, аз он љумла љанговарони сарлашкари далер ва ватандўст Спитамен пайваста бар зидди истилогарони Юнонї - Македонї мубориза мебурданд. Бањори с. 328 дастањои Спитамен ба Самарќанд њуљум карда, онро ишѓол намуданд ва ќасрро, ки љанговарони юнонї дар он истењком гирифта буданд, муњосира намуданд. Искандар аз ин њодиса бохабар шуда, ба тањлука афтод ва дастаи љанговарони юнониро бо сардории Фарнух ба ёрии юнонињои дар муњосира монда фиристод. Барои људо кардани дастањои юнонї Спитамен муњосираро бас карда, ба самти даштњои массагетњо, ки яке аз ќабилањои сакої буданд, аќибнишини кард. Юнониён онњоро таъќиб карданд. Спитамен фурсати муносибро мепоист, то ба њуљум гузарад. Дар сарњади даштњои массагетњо љанговарони Спитамен ба њуљум гузашта, пиёдагардони юнониёнро тирборон намуданд. Саворагони юнонї чанд бор њуљум карданд, аммо шикаст хўрда, ба ќафо баргаштанд. Љанговарони Спитамен дастаи юнонињоро аз ду соњили дарёи Зарафшон танг карда, несту нобуд карданд. Ќисми дигари юнонињоро сакоињо, ки дар парадиз камин гирифта буданд, нобуд карданд. Ин якумин шикасти дастањои юнонї буда, афсонаи маѓлубнашавандагии онњоро аз байн бурд ва рўњияи љангии суѓдиёноро баланд бардошт.

    Баъди ин њодиса Спитамен баргашта дуюмбора Самарќандро муњосира намуд. Искандар сахт ба изтироб афтода, худаш бо лашкар ба Самарќанд рањсипор шуд. Спитамен аз ин огоњ шуда муњосираро ќатъ кард ва бо роњи пешина ба љониби даштњои массагетњо равон шуд. Искандар аз хавфи дар даштњои беоб ба шикаст дучор нашудан, онњоро таъќиб накарда, лашкари худро ба куштори оммавии сокинони осоишта рањнамої кард. Ба ќавли таърихнавис Диодор «Искандар шўриши суѓдињоро пахш карда, 120 њазор одамро кушт». Аз ин бармеояд, ки Искандар на танњо сарлашкари боистеъдод, балки берањму ќотил низ будааст.

    Ба берањмї ва кушторњои оммавии Искандар нигоњ накарда, суѓдиён ва бохтарињо муборизаро бар зидди истилогарони юнонї идома доданд. Искандар як ќисми лашкарашро бо сардории Кратер барои пахш кардани шўришњо дар Бохтар монда, худаш бо ќисми дигари лашкар барои пахш кардани шўриш ба Суѓд меравад. Дар роњ дастањои юнонї ќалъањои шўришгаронро тасхир карда, ба Самарќанд наздик мешаванд.

    Њуљуми Спитамен ба Бохтар. Дар њоле, ки Искандар пайдо шудани дастањои Спитаменро дар Суѓд интизор буд, ў ногањон ба Бохтар њуљум карда, як ќалъаро фатњ намуд ва ба пойтахти он шањри Зариасп наздик шуд. Дар ин љо ў як дастаи љанговарони юнониро несту нобуд кард. Њамроњи Спитамен 600 сарбози массагетї омада буданд. Бар зидди Спитамен дастањои Кратер сафарбар шуданд. Ў аз муњорибаи кушод худдорї карда, ќафонишинї намуд. Дастањои Кратер онњоро дунболгирї карда, ба онњо расиданд ва муњорибаи сахт ба амал омад, Спитамен маљбур шуд ба даруни даштњои сакоињо ќафонишинї кунад. Дастањои Кратер љуръат накарданд, ки онњоро дар даштњо дунболгирї намоянд.

    Дар њамин ваќт дар вилояти Ксениппуи (Нахшеб) Бохтар низ шўриш сар мезанад. Шўришгарон 2,5 њ љанговари савора доштанд. Байни онњо ва юнониён љанги сахт ба амал омад. Бохтарињо далерона љангиданд, аммо бо сабаби нобаробарии ќуввањо шикаст хўрданд, юнониён низ талафоти калон доданд.

    Љанги охирини Спитамен. Соли 328 п.м. Спитамен љанговарони суѓдї ва бохтариро дар назди ќалъаи Бага, ки дар сарњади Суѓд ва даштњои массагетњо љойгир буд, љамъ карда, барои зарба задан ба юнониён тайёрї мебинад. Се њазор саворагони массагетї низ ба ў њамроњ мешаванд. Юнониён ба муќобили ў лашкари калон мефиристанд. Байни онњо муњорибаи шадид ба амал меояд. Суѓдињо мардонавор љангиданд, аммо бо сабаби нобаробарии ќуввањо шикаст хўрданд. Онњо 800 љанговари худро талаф дода, маљбур шуданд ќафонишинї кунанд. Баъди ин муњориба бисёр љанговарони Суѓд муборизаи минбаъдаро бар зидди юнониён бефоида шуморида, ба хонањояшон баргаштанд. Массагетњо озуќаворї ва дигар чизу чораи дастаи Спитаменро ѓорат карда, ба даштњои худ баргаштанд. Спитамен ва наздиконаш низ ба даштњои массагетњо рафтанд. Ба ќавли таърихнигор Арриан массагетњо овозаи ба даштњои онњо омада истодани лашкари Искандари Македониро шунида, барои пешгирї кардани ин кор Спитаменро хоинона куштанд ва сарашро ба Искандар фиристоданд. Ба гуфти Курсий Руф Спитаменро занаш кушта, сарашро ба Искандар бурда додааст. Муборизаи Спитамен намунаи барљастаи матонат ва ватандўстї мебошад. Шўришњои пай дар пайи суѓдиён ва бохтариён Искандарро водор намуданд, ки зимистони солњои 328-327-ро дар љануби Суѓд дар Навтоѓ гузаронад.

    Муборизони ќалъањои кўњии Суѓд ва Бохтар. Бањори соли 327 п.м. суѓдињо ва бохтарињо бо сардорони худ Оксиарт ва Сисимитр ќалъањои кўњи Суѓд, Харена ва як чанд ќалъањои дигари дастнораси кўњистонро ишѓол карда, бар зидди юнониён шўриш бардоштанд. Искандар бањори соли 327 тамоми лашкари худро барои пахш карадани ин шўриш сафарбар намуда, бо мушкилии зиёд ва макру њилла ќалъањоро ишѓол менамояд.

    Шўриши Катан ва Австан. Ба шўриши бохтариён бар зидди истилогарони юнонї, ки соли 327 рух дод, Катан ва Австан роњбарї мекарданд. Байни шўришгарон ва лашкари юнониён задухўрди хунин ба амал меояд. Аммо ќуввањо нобаробар буданд. Дар ин љанг 120 љанговари савора, 1500 пиёдагард ва сардори шўриш Катан ба њалокат мерасанд.

    Бохтариён ва суѓдиёни шуљоъ бо маќсади аз кишвари худ берун рондани истилогарони юнонї дар давоми дувуним сол (329-327 п.м.) бар зидди лашкари азим, машќдида ва хеле хуб мусаллањи Искандар далерона мубориза бурданд. Аммо ќуввањо аз њад зиёд нобаробар буданд ва аз ин рў онњо ба маќсади худ ноил шуда натавонистанд.

    Таѓйирот дар сиёсати Искандар. Муборизањои далерона ва хомушнашавандаи суѓдиён ва бохтариён Искандари љањонгирро маљбур сохт, ки сиёсати худро нисбат ба ањолии мањаллї таѓйир дода, роњи бо онњо муросо кардан ва наздик шуданро љўяд. Бо ин маќсад ў баъди ишѓол кардани ќалъањои дастнораси кўњии Суѓду Бохтар сардорони шўришгаронро на танњо љазо надод, балки хуш пазируфт ва дар вилотњои худашон ё дар вилоятњои дигар њоким таъин кард. Зиёда аз ин ў духтари Оксиарт Рухшонаро, ки ба ќавли сарбозони юнонї баъди зани Дорои III зеботарин зани Осиё буд, ба зани гирифт ва бо ин васила бо ашрофони мањаллї иртиботи хешу таборї пайдо кард. Бо ин корњо ў тавонист ашрофони мањаллиро ба худ моил намуда, то андозае пеши роњи сар задании шўришњои навро гирад.

    Њуљуми Искандар ба Њинд. Соли 327 Искандар дар Осиёи Миёна пойгоњњои низомиёни худро гузошта аз Амударё гузашт ва ба самти Њиндустон равон гардид. Тобистони њамон сол юнониён Кобулро ишѓол карда, ба Њиндустон њуљум карданд. Искандар як сол ба муќобили халќњои озодидўсти кўњистони шимолу-ѓарби Њиндустон љангида, бо мушкилот ва талафоти зиёд ин минтаќаро забт намуд ва пас аз ин бањори соли 326 ба водии дарёи Њинд њуљум кард. Њиндуњо бо сардории шоњи худ Пор муќобилияти сахт нишон доданд ва юнониён ќариб ду сол дар ин љо љангиданд. Муњорибаи њалкунанда дар назди дарёи Гидасп (Љелам) рух дод. Дар ин муњорибаи хунин юнониён ѓалаба карданд, аммо талафоти калон доданд.

    Љанги Искандар дар Осиё 10 сол давом кард. Љанговарони юнонї, ки аз љанг хаста шуда буданд ва аз боронњои беисти тропикї азият мекашиданд, талаб карданд, ки онњоро ба Юнон ба хонањояшон баргардонанд. Декабри соли 325 п.м. аз назди ш. Ќарочи бозгашти лашкари фотењи юнониён ва македонињо ба ватан оѓоз шуд. Лашкар ба ду ќисм људо шуда, як ќисмаш бо сардории Неарх ба воситаи бањри Њинд ва ќисми дигараш бо сардории Искандар бо роњи хушкї бо љануби Эрон ба Бобул баргаштанд. Аввали соли 324 п.м. аввалин љанговарони юнонї ба Бобул расиданд.

    Дар давоми 10 сол Искандар ќариб тамоми он кишварњоеро, ки дар њайати империяи Њахоманишиён буданд, забт намуд. Ў Бобулро пойтахти империяи худ эълон кард. Аммо ба шоњи љавон таќдир фурсат надод, ки давлати бо чунин машаќќат сохтаашро, мустањкам кунад.Ў дар айни камолот, дар сини 33 солагї 13 июни соли 323 баъди касалии кутоњмуддат дар Бобул вафот кард. Бо њамин ќиссаи Искандари љањонгир ба охир расид ва ќиссаи ворисони ў оѓоз шуд.
    §9. Ба давлатњои људогона таќсим шудани империяи Искандар
    Давлати Селевкиён (солњои 312-256 п.м.). Искандар фарзанди баркамол надошт ва пеш аз вафоташ касеро вориси худ таъин накард. Дар ташкил кардани империя сањми асосиро Искандар ва сарлашкарони ў гузошта буданд. Бинобар ин, баъди марги Искандар дар байни сарлашкарони ў барои соњиби тахт шудан муборизаи шадид сар мешавад. Соли 323 п.м. сарлашкарон дар Бобул анљуман гузаронда, Пердикаи македониро сардори империя интихоб мекунанд. Бовуљуди ин ќарор мубориза байни сарлашкарон идома меёбад. Дар анљумани дуюми сарлашкарон, ки соли 321п.м. дар Трапарадиз баргузор шуд, Антигон шоњи тамоми Осиё, Селевк шоњи Бобул, Филипп сатрапи Порт ва Стасанори кипрї сатрапи Бохтару Суѓд таъин шуданд.

    Соли 315 п.м. Антигон Селевкро аз њокимият барканор мекунад. Аммо соли 312 Селевк бо ёрии њарбии шоњи Миср Птоломей ба Бобул њуљум карда, онро ишѓол менамояд. Сатрапи Мод Никанор бо ў љанг мекунад, вале шикаст мехўрад. Баъди ин Селевк ба шарќ лашкар кашида Гиркония, Порт, Бохтар ва Суѓдро ишѓол менамояд. Аммо њуљуми ў ба Њиндустон бемувафаќќиятона ба анљом мерасад. Њаминтавр соли 312 давлати Селевкиён ташкил мешавад. Ба њайати он Бобул, як ќисми Сурия, Эрон ва Осиёи Миёна дохил мешуданд. Бо њамин калонтарин ќисми империяи Искандар ба дасти Селевк гузашт.

    Задухўрди њалкунанда байни сарлашкарони Искандар соли 301 дар назди Ипса дар Фригия ба амал омад. Дар он Селевк ѓолиб баромада, Антигон шикаст хўрд ва ба њалокат расид. Баъди ин задухўрд империяи Искандар ба се давлати мустаќил таќсим шуд: Македония ва Юнон, Мисри Птоломейњо ва давлати Селевкиён. Пойтахти Селевкиён аввал ш. Бобул, баъд ш. Селевкияи соњили Даљла ва дар охир Антиохия дар Оронти Сурияи лабибањрї буд. Баъди Селевки I (312-280 п.м.) писари ў Антиохи I (280-260п.м.), ки модараш Апама - духтари Спитамени суѓдї буд, ба тахт менишинад. Дар давраи њукмронии Антиохи II (260-246 п.м.) Селевкиён ќисмати калони мулкњои шарќии худ – Порт, Бохтар, Суѓд ва Эронро аз даст медињанд ва дар ин љо давлатњои мустаќил ташкил шуданд.

    Давлати Порт (256 п.м.-224 м.). Вилояти Порт (Парфия) дар шимолу шарќи Хуросон, дар байни Гиркония (Гургони асримиёнагї) ва Марѓиён (Марв) љойгир буд. Пойтахти он шањри Нисо буд, ки харобањои он дар 18 км ш. Ашхобод љойгиранд. Ин вилоят бо номи Насай дар Авеста ёд шудааст. Он ба њайати давлатњои Мод, Њахоманишиён, Искандари Македонї ва Селевкиён дохил мешуд. Соли 256 п.м. сатрапи ин вилоят Андрагори юнонї аз итоати Селевкиён баромада, аз номи худ сиккањои нуќрагин мебарорад. Таќрибан соли 247 п.м. ќабилањои парнњо ва дахињои Парфия бо сардории бародарон Аршак ва Тиридат бар зидди истилогарони юнонї шўриш бардошта, Андрагорро сарнагун карданд. Ба тахт бародари калони Аршак нишаст. Дар таърихњои форсї-тољикии асримиёнагї Аршакро Ашк ва ин сулоларо Ашкониён номидаанд. Сазовори ёдоварист, ки портињо аввалин шуда ќисми зиёди Эронзаминро аз асорати истилогарони юнонї озод намуданд.

    Баъди марги Аршак бародараш Тиридат ба тахти шоњї менишинад. Ў Гирконияро, ки вилояти бой буд, забт карда ба давлати худ њамроњ мекунад ва аз неруи иќтисодї ва инсонии он барои мустањкам кардани артиш ва давлати худ истифода мебарад.

    Соли 237 п.м. Селевки II ба Порт њуљум мекунад. Тиридат муќовимат нишон дода натавоиста ба шимол, ба даштњои ќабилањои бодиянишин апасиакњо (сакоињои назди об), ки дар соњилњои бањрњои Каспї ва Хоразм зиндагї мекарданд, ќафо нишаст. Ў дар он љо бо ёрии апасиакњо ва хоразмиён лашкари худро зиёд ва мустањкам намуда, ба Селевки II њуљум кард ва ўро шикаст дода аз Парфия берун ронд. Ин ѓалаба мавќеъи сиёсии Пафияро мустањкам кард. Тиридат пойтахтро аз Нисо ба самти ѓарб ба шањри Гекатомпил (наздикии Астаробод дар шимолу-шарќи Эрон) кўчонд. Дар вилояти Апартикена шањре бунёд кард бо номи Дара. Писари ў шоњ Артабони I (солњои 211-196 п.м.) пойтахти Мидия ш. Њангматанаро (Њамадон) ишѓол кард. Шоњи Селевкиён Антиохи III ба изтироб афтода бо 100 њазор лашкар ба њуљум мегузарад ва аввал Артабони I-ро аз Њангматана ва баъд аз пойтахташ ш. Гекатампил берун мекунад. Артабон бо боќимондаи лашкараш ба шимоли Парфия меравад ва маљбур мешавад њокимияти олии Селевкиёнро шиносад. Мињрдоди I (Митридат) (солњои 171-138 п.м.) Марвро, ки тобеъи давлати Юнонї-Бохтарї буд, забт мекунад. Ў ба самти ѓарб лашкар кашида вилоятњои Мод, Элам, Форс, Бобул ва Селевкияи соњили Даљларо ишѓол менамояд. Баъдтар Порт кишварњои Сурия, Фаластин ва як ќисми Кавказ ва Осиёи Хурдро низ забт менамояд ва ба яке аз давлатњои пуриќтидори замони худ табдил меёбад. Пойтахти он аввал ба ш. Њангматана ва баъд ба ш. Ктесифон (Мадоин) мекўчад.

    Соли 140 п.м. шоњи Селевкиён Деметрий II ба Порт њуљум карда, якчанд ѓалаба ба даст даровард. Аммо соли 139 п.м. дар муњорибаи њалкунанда ў шикасти сахт хўрда, ба асорат афтод.

    Бори сеюм шоњи Селевкиён Антиохи VII соли 131 п.м. ба Порт њуљум карда, Бобул, Мод, Гиркония ва Портро ишѓол менамояд ва зимистонро он љо мегузаронад. Портињо ќисми асосии лашкари худро нигоњ дошта буданд ва дар даштњои шимоли кишварашон ќувва љамъ карда, барои ба њуљуми љавоби гузаштан фурсати муносибро интизор буданд. Зулму ситами сарбозони селевкї норозигии ањолии мањалиро ба вуљуд оварданд ва якбора дар чанд шањр шўриш сар зад. Шўришгарон ќароргоњои дастањои селевкиро муњосира карданд. Дар њамин ваќт љанговарони портї ба ёрии онњо омада ба селевкиён њуљум карданд ва онњоро шикаст доданд. Дар задухўрди њалкунанда Антиохи VII ба њалокат расид.

    Дар асри I п.м. Рум пурќувват гардида ба Осиё њуљум менамояд. Портињо пеши роњи онњоро мегиранд. Соли 65 п.м. аввалин задухўрд байни онњо ба амал меояд. Ин оѓози љанги дуру дароз дар байни ин ду давлати абарќудрати он замон буд. Дар яке аз ин љангњо, ки соли 53 п.м. ба амал омад, румињо маѓлуб шуда 20 њазор сарбозашонро талаф доданд ва сарлашкари онњо Публий Красс ба асирї афтод. Дар љанги соли 38 п.м. портињо шикаст хўрда Сурия, Фаластин ва як ќисми Осиёи Хурдро аз даст медињанд. Соли 36 п.м. румињо ба воситаи Арманистон ва Отарпатакон ба Мод њуљум карданд, аммо комёб нашуданд.

    Соли 20 п.м. байни Порт ва Рум шартномаи сулњ баста шуда, дарёи Фурот сарњади байни онњо муќаррар карда шуд.

    Дар давоми асри I-II м. Рум чандин бор кўшиш кард, ки ба Эронзамин зада дарояд, аммо портињо чун сади оњанини рахнанопазир ба ин монеъ шуданд ва нагузоштанд, ки пои ягон румї ба хоки муќаддаси Эронзамин гузошта шавад. Дар доирањои њукмрон байни ќуввањои ватанхоњ ва ќуввањои румигаро њамеша мубориза мерафт ва дар аксар маврид љонибдорони истиќлолияти давлатї ва фарњанги миллї ѓолиб мебаромаданд.

    Вазъи давлатдорї. Дар дарбори шоњи Порт ду шўро амал мекард. Шўрои якум аз хешовандони наздики шоњ ва шўрои дуюм аз ашрофон ва мўбадон иборат буданд. Сардори сарбозони шоњї њазорпат дар идораи давлат наќши муасир дошт. Дар вилоятњои ѓарбии давлати Порт муносибатњои ѓуломдорї бештар тараќќї карда буданд, гарчанде, ки дар истењсолоти љамъиятї мавќеъи асосиро кишоварзон ва њунармандони озод ишѓол мекарданд. Дар Эрон ва Осиёи Миёна сохти табаќавї бештар инкишоф ёфта буд ва дар он истењсолкунандагони озод мавќеъи асосиро ишѓол мекарданд. Љамъият ба озодагон (ашрофон), љанговарон, кишоварзон ва њунармандон таќсим шуда буд.

    Забони расмии Порт забони портї буд, ки ба гурўњи шимолї – ѓарбии забонњои эронї дохил мешавад. Дар харобањои Нисо бостоншиносон зиёда аз ду њазор њуљљатњои портї, ки дар сафолпорањо бо ранги сиёњ навишта шудаанд, ёфтанд. Сангнавиштањои аввалин шоњони сосонї бо ду забон – пањлавї ва портї нигошта шудаанд. Дар Бобул ва Сурия забони юнонї низ интишор ёфта буд, дар сиккањо навиштаљот бо њамин забон буданд ва танњо дар асри I м. љои онњоро навиштаљоти портї мегиранд.

    Шањрсозї ва маданияти шањрї хеле инкишоф ёфта буд. Шањрњои Ктесифон, Нисо, Марв, Њангматана (Њамадон - Экбатана), Шуш (Суз), Селевкияи соњили Фурот, Дура-Европос марказњои муњими сиёсї, иќтисодї ва фарњангї буданд.

    Савдои дохилї ва хориљї инкишоф ёфта буд. Ќисми зиёди роњи абрешим аз дохили давлати Порт мегузашт ва зери назорати ќатъии онњо буд. Њар сол аз Хитой ба Порт аз 5 то 12 корвони савдогарон меомаданд. Тиљорат ба воситаи дарёњо низ инкишоф ёфта буд. Њини њафорињо ашёњои ороишї ва маишии хориљї ба миќдори зиёд ёфт шудаанд, ки шоњиди ривољ доштани савдои байналмилалї мебошанд.

    Сиккасозї ривољ ёфта буд. Тамоми 32 шоњи портї ба миќдори зиёд аз нуќра сикка мебароварданд. Дар рўи онњо нимрухи шоњ ва дар пушташон шоњи камондор дар тахт тасвир шудааст. Онњо дар сартосари кишвар гардиш доштанд.

    Дини расмии Порт зардуштї буд. Дар ин бора далелњои зерин шањодат медињанд. Дар асри I п.м. бо дастури шоњ Валахш дар асоси матнњои пароканда матни ягона ва тањриршудаи Авесто тартиб дода шуд. Аз ахбори Юстин бармеояд, ки портињо устухонњои мурдањояшонро бо расми зардуштї баъди аз гушт тоза кардан дар наусњо мегузоштаанд. Дар ш. Нисо ибодатгоњи худої зардуштї Митро амал мекард. Номи бисёр шоњони портї зардуштї буд. Онњо сиёсати динпазироиро пеш гирифта ба пайравони динњои дигар низ озодии эътиќод дода буданд.

    Дар давлати Порт маданият ва санъат тараќќї карда буданд. Бостоншиносон дар харобањои шањрњои ин давра ќаср ва ибодатгоњњои боњашамат, пайкарак ва пайкарањои биринљї, мармарї ва гилини худоњо ва шоњонро, ки бо сабки юнонї ва портї сохта шудаанд, ёфтаанд. Аз ш. Нисо љомњои мусаввари устухонї ёфтаанд, ки хеле санъаткорона сохта шудаанд.

    Давлати Порт аз соли 247 п.м. то соли 224 м., яъне 471 сол вуљуд дошт. Он дар барќароркунии истиќлолияти сиёсї ва фарњанги миллии мардумони эронинажод баъди истилои Искандари Македонї сањми калон гузоштааст. Баъди портињо дар Эрон Сосониён ба сари ќудрат омаданд.

    Давлати Юнонї-Бохтарї (256-141/128 п.м.). Мамлакати Бохтар дар ду соњили болооб ва миёнаоби Амударё љойгир буда, њудуди имрўзаи шимоли Афѓонистон, љануби Тољикистон ва љануби Узбекистонро дар бар мегирифт. Пойтахти он ш. Бохтар (Балхи асримиёнагї) буд. Бохтар ба њайати империяи Искандари Македонї ва баъди он ба њайати давлати Селевкиён дохил мешуд. Сатрапи Бохтар Диодоти юнонинажод буд. Соли 256 п.м. ў бар зидди њомиёни худ Селевкиён шўриш бардошта, Бохтарро давлати мустаќил ва худашро шоњи он эълон мекунад. Дар ин шўриш аъёну ашроф ва сипоњиёни бохтарї низ иштирок карда буданд. Таърихнависони юнонї-румї ин давлатро Бохтар меномиданд. Номи Юнонї-Бохтариро ба он олимон дар асри XIX ба хотири юнонї будани сулолаи њукмрони он ва дар тамаддунаш зиёд будани омилњои юнонї, додаанд.

    Соли 230 п.м. яке аз сарлашкарони Бохтар бо номи Евтидем ба муќобили Диодоти II шўриш бардошта, ўро ба ќатл мерасонад ва худаш подшоњи Бохтар мешавад. Соли 208 п.м. шоњи селевкиён Антиохи III баъди гирифтани Порт ба Бохтар њуљум мекунад. Дар бораи љанги Антиохи III бо Евтидем таърихнигори юнонї Полибий маълумоти муфассал додааст. Мувофиќи наќли ў Евтидем 10 њ љанговари савораи бохтариро барои пеши роњи лашкари Антиохи III –ро гирифтан дар лаби дарё љо мекунад. Аммо шабона Антиохи III бохтариёнро ба ѓафлат гузошта, лашкарашро аз дарё мегузаронад. Субњидам саворагони бохтарї аз ин воќиф шуда, бо селевкиён ба љанг медароянд. Задухўрди сахт ба амал меояд ва њарду љониб талафоти калон медињанд. Бохтарињо мардонавор љангиданд, аммо аз сабаби нобаробар будани ќуввањо ва сари ваќт ба ёрии онњо наомадани Евтидем бо ќуввањои асосї маљбур мешаванд ќафонишинї кунанд ва ба ш. Бохтар даромада, мавќеъи мудофиавиро ишѓол намоянд.

    Антиохи III ду сол ш. Бохтарро дар муњосира нигоњ дошт, аммо ишѓол карда натавонист. Ў бењуда будани муњосираро фањмида, маљбур шуд бо Евтидем ба гуфтушунид дарояд. Яке аз шартњои Евтидем барои бастани сулњ чун шоњи Бохтар боќї мондани ў буд. Ў ба ќосидони Антиохи III ёдрас кард, ки дар сарњади Бохтар кўчманчиён ќарор доранд ва њар лањза метавонанд ба њуљум гузаранд. Евтидем барои бастани сулњ ба назди Антиохи III писараш Деметрийро, ки вориси тахт буд, мефиристад. Ба ќавли Полибий Антиохи III Деметрийро хуш пазируфт ва дарёфт, ки ў њам ба сурат ва њам ба сират сазовори тахт аст. Ў шартњои сулњро ќабул кард ва ваъда дод, ки духтарашро ба Деметрий ба занї медињад. Антиохи III тўњфаи фаровон ва филњои љангии Евтидемро гирифта, ба љониби Њиндустон равон шуд.

    Дар давраи њукмронии Евтидем давлати Юнонї – Бохтарї дар њолати густариш ва нашъунамо буд. Ба њайати он ба ѓайр аз худи Бохтар, Арея, Марѓиён, Суѓд ва шояд як ќисми Фарѓона низ дохил мешуданд. Евтидем ба шимоли Њиндустон лашкар кашида, як ќисми онро ишѓол менамояд. Забти Њиндустонро писараш Деметрий давом медињад. Бењуда нест, ки Юстин Деметрийро «шоњи њиндуён» номидааст. Деметрий як ќатор вилоятњои нав – Арахосия (Ќандањор), Дрангиана (Сиистон) ва як ќисми шимолу – ѓарби Њиндустонро то Синд забт намуда, ба Бохтар њамроњ мекунад.

    Дар ваќти дар Њиндустон будани Деметрий таќрибан дар соли 170 п.м. яке аз сарлашкарон бо номи Евкратид шўриш бардошта, њокимиятро дар Бохтар ба дасти худ мегирад. Деметрий аз ин огоњ шуда, зуд ба Бохтар бармегардад, аммо дар задухўрд бо Евкратид шикаст хўрда, њалок мегардад. Ба гуфти Помпей Трог дар ин ваќт суѓдињо, арахосиягињо ва баъзе халќњои дигар бар зидди Евкратид шўриш мебардоранд. Евкратид кўшиш мекунад, ки ин вилоятњоро аз нав ба итоати худ дарорад, аммо ба ин мувафаќ намешавад. Аз вазъияти барои Бохтар номусоид истифода бурда, шоњи Порт Митридати I Марѓиёнро ишѓол менамояд. Барои љуброни ин талафотњоро баровардан Евкратид ба Њиндустон њуљум карда, чандин вилоятњои онро забт мекунад. Соли 155 п.м. ваќти аз Њиндустон баргаштани Евкратид писараш Њелиокл хоинона ўро ба ќатл расонда, љасадашро ба кўча мепартояд. Сабаби чунин рафтори густохона маълум нест. Њелиокл охирин шоњи давлати Юнонї – Бохтарї буд. Дар давраи њукмронии ў Суѓд, Арея, Дрангиана ва баъзе вилоятњои дигар аз њайати Бохтар баромада, пурра мустаќил мешаванд.

    Антимах ва Агафокл низ шоњони мустаќил буданд ва аз номи худ сикка мебароварданд, аммо дар кадом минтаќаи Бохтар ва вилоятњои тобеъи он шоњ будани онњо маълум нест. Аз рўи як фарзия Антимах шоњи Суѓд буд.

    Забони сокинони мањаллї бохтарї ва забони истилогарон юнонї буд. Забони давлатї, њуљљатгузорї ва сиккањо низ юнонї буд.

    Лашкар аз юнониён ва бохтариён иборат буд. Ба он саворагони ашрофзода, гардунасаворон, филњои љангї ва пиёдагардони камонвар дохил мешуданд. Силоњи љанговарон аз тиру камон, найза, синон, шамшер, ханљар, сипар ва либосашон аз худ ва љавшан иборат буд. Сарлашкарон ва сипоњиён дар давлат мавќеи муњимро ишѓол мекарданд. Евтидем ва Евкратид сарлашкар буданд ва бо роњи шўриш ба сари њокимият омаданд. Деметрий ва Евкратид дар сиккањо бо кулоњњои љангї тасвир шудаанд.

    Дар давраи юнонї-бохтарї дар сохти иљтимої ягон таѓйироти љиддї ба амал намеояд. Ќисми асосии истењсолкунандагони неъматњои моддиро мисли пештара кишоварзон ва њунармандони озод ташкил мекарданд. Ѓуломдорї бештар хусусияти маишї – хонаводагї дошт ва сањми ѓуломон дар истењсолоти љамъиятї хеле ночиз буд.

    Сокинони Бохтар бо кишоварзї машѓул буда, ѓалладона, аз љумла шолї, ангур ва меваљот парвариш мекарданд. Як ќисми заминњо чарогоњ буданд, асппарварї хеле инкишоф ёфта буд. Заминњои корамро ба воситаи љўй ва корезњо, осорашон то имрўз боќї мондааст, обёрї мекарданд. Суѓд дашту биёбон бештар дошт, аммо заминњои њосилхез низ зиёд буданд. Дар Марѓиён ангурпарварї ва шаробкашї инкишоф ёфта буд.

    Истењсоли канданињои фоиданок инкишоф ёфта буд. Диодор дар бораи истењсоли тилло ва хазинањои бои тилло ва нуќраи Бохтар хабар додааст. Ашёњои тиллої ва нуќрагини Хазинаи Амударёи дар Ќубодиён ёфт шуда низ дар ин бора шањодат медињанд.

    Шањрсозї низ дар ин давра тараќќї карда буд. Юстин Диодотро «шоњи њазор шањри Бохтар» номидааст. Калонтарин шањр пойтахти он Бохтар буда 120 гектарро дар бар мегирифт ва аз ќалъа, бозорњо, маъбади оташ, маъбади Аноњито ва гузару мањаллањо иборат буд. Мароканда (Самарќанд) низ биноњои бошукўњ дошт. Шањрњо зиёд буданд ва дар ин бора харобањои Тахти Сангин, Ќалъаи Мир ва Кайќубодшоњ дар ноњияи Ќубодиён, Кўњнаќалъа дар Вахш, Саксанохур дар ноњияи Фархор, Шањринав, Душанбеи ќадим шањодат медињанд. Номњои ќадимаи ин шањрњо маълум нестанд. Дар натиљаи њафриёт дар ин шањрњо осори меъмории боњашамат, хонањои истиќоматї, пайкаракњои оинї, осори санъати тасвирї, зарфњои сафолї, мањсулоти заргарї ва ашёњои дигар пайдо шуданд, ки дар бораи дараљаи баланди тараќќиёти маданияти бохтарињо ва суѓдињо шањодат медињанд.

    Санъати амалї ва њунармандї низ инкишоф ёфта буд. Дар Ќалъаи Мир устохонаи оњангудозї ва асбобсозї кушода шуд. Шумораи зиёди зерсутунњои сангии мунаќќаш аз њунари сангтарошї ва меъморї гувоњї медињанд. Пайконњои оњанї, ханљар ва дигар аслињањои љангї ёфт шудаанд.

    Маданияти ин замонаи Бохтарро дар илм «эллинї», яъне «юнонї» меноманд. Онро истилогарони юнонї оварданд ва он чун маданияти ѓолибон ва сулолаи њукмрон хеле интишор ёфт, махсусан дар шањрњо. Аммо дар баробари он маданияти мањаллї низ арзи вуљуд дошт. Аз љониби дигар дар осори санъати тасвирии эллинии Бохтар сабк ва унсурњои мањаллї баръало эњсос карда мешуданд.

    Тиљорати байналмилалї ва дохилї инкишоф ёфта буд. Маркази асосии тиљорат шањрњо буданд. Мусофирони хориљї бохтариёнро «тољирони бомањорат» номидаанд. Саёњони хитої навиштаанд, ки дар ш. Бохтар бозори калон вуљуд дошт.

    Сиккасозї ва муомилоти пулї тараќќї карда буд. Тамоми шоњони юнонї-бохтарї мунтазам ва ба миќдори зиёд аз номи худ сиккањои тиллої (статер), нуќрагин (драхма - 4,2г; тетрадрахма – 16 - 17г; обол - 0,7г) ва мисин баровардаанд. Дар рўи сиккањо нимрухи шоњ ва дар пушти онњо худоњои гуногуни юнонї – Зевс, Аппалон, Гермес, Њеракл, Диоскурњо ва ѓайра тасвир шуда буданд. Сиккањои юнонї-бохтарї дар Тољикистон ба миќдори зиёд ёфт шудаанд. Аз љумла, сиккањои мисини Диодот дар Данѓара ва Тахти Сангин, тетрадрахмањои Евтидеми II ва Евкратид дар Данѓара, драхмаи Евтидем дар Файзобод, тетрадрахмаи Антимах дар Панљакент ёфт шудаанд.

    Давлати Юнонї-Бохтарї анќариб 120 сол вуљуд дошт. Дар байни солњои 141-128 п.м. ќабилањои сањронишини эронї (юэљњо - кушониён) аз шимолу шарќи Осиёи Миёна омада, Бохтарро ишѓол намуда ба њукмронии юнониён дар ин минтаќа хотима бахшиданд.
    §10. Давлати Кушониён (солњои 141/128 п.м. - асри IV/Vм)

    Дар байни солњои 141-128 п. м. ќабилањои кўчманчии эронинажод (сакоињо, массагетњо) аз шимолу – шарќи Тяншон ба Осиёи Миёна њуљум карда, аз Фарѓона гузашта Бохтар ва пойтахти он ш. Ланширо ишѓол менамоянд. Ќисми дигари онњо Кошѓар ва Ёркандро забт мекунанд. Дар ин бора солномањои хитої хабар дода, ин ќабилањоро «юэљ» номидаанд. Дар бораи эронинажод будани кушониён њамчунин забони онњо, навиштаљоти сиккањо, тасвири шоњон дар сиккањо, муљассамањои шоњон, сохт ва ќиёфаи устухонљусањои гўристонњо ва маводи дигар шањодат медињанд.

    Юэљњо-кушониён дар Бохтар ба панљ ќисм људо шуда, панљ мулки мустаќил ташкил карданд, ки дар њар кадомаш як ќабила њукмронї мекард. Солномаи хитої Хоу Хан Шу марњилаи аввали њукмронии ин ќабилањоро сарфи назар карда, якбора дар бораи ташкил шудани давлати Кушониёни Бузург маълумот додаст. Мувофиќи он «шоњи кушонї Куљула Кадфиз чор мулки дигарро ба худ тобеъ карда, худро шоњаншоњ эълон намуд, подшоњии ў Кушонї ном дошт. Ў бо Порт љангид, Кобулро ишѓол кард, баъд Арахосия ва Кашмирро маѓлуб карда, ба мулкњои худ њамроњ кард». Тобеъияти Бохтари Шимолї ба ин шоњ маълум нест, чунки сиккањои он дар ин љо ёфт нашудаанд, њол он ки сиккањои дигар шоњони кушонї дар Бохтари Шимолї ба миќдори зиёд ёфт шудаанд. Куљула Кадфиз таќрибан дар солњои 20-уми п.м. – аввали асри I м њукмронї кардааст. Ў асосгузори давлати Кушониён ба њисоб меравад. Баъди Куљула Кадфиз писараш Вима Такту (таќрибан солњои 35-65) подшоњи давлати Кушониён мешавад. Номи ў дар яке аз сангнавиштањои Канишка ёд шудааст. Сиккањои ин шоњ бо унвони Сотер Мегас аз шимоли Њиндустон то Тошканд ёфт шудаанд ва дар бораи густариши њудуди давлати Кушониён дар давраи њукмронии ў шањодат медињанд.

    Баъди Вима Такту писараш Вима Кадфиз (таќрибан солњои 65-105) ба тахт менишинад. Ў ноњияњои марказии Њиндустон ва Тибетро забт карда, ќаламрави давлати Кушониёнро васеъ мекунад. Вима Кадфиз ислоњоти пулї гузаронда, сиккањои тиллоии 8 граммаро, ки динор ном доштанд, ба муомилот мебарорад. Сиккањои ду динора ва ним динора низ бароварда мешуданд. Дар мубодилаи њамарўза сиккањои мисин низ васеъ дар истифода буданд. Дар рўи онњо шоњ дар назди оташдони зардуштї ва дар пушташон Шива тасвир шудаанд. Суратњои сиккањои ин шоњ бо сабки миллї иљро шудаанд.

    Дар давраи њукмронии Вима Кадфиз муносибати Кушониён бо Хитой тезутунд мешавад. Дар солњои 70-80-ум хитоињо ба самти ѓарб лашкар кашида, Турфан ва Кошѓарро забт мекунанд. Кушониён ба ин на танњо монеъа нашуданд, балки мусоидат њам карданд. Эњтимол онњо мехостанд барои таъмини бехатарии сарњадњои шарќии давлати худ бо ин њамсояи абарќудрат муносибатњои дўстона дошта бошанд. Аммо хитоињо ба ин моил набуданд ва сафирони кушониро барќасдона ба њабс гирифтанд. Солњои 90-91 кушониён бо лашкари азими 70 њ. нафара ба Кошѓар њуљум менамоянд, аммо бинобар надоштани озуќавории кофї ба гуруснагї дучор шуда, бе љанг ба ќафо бармегарданд. Баъдтар ба кушониён муйяссар шуд, ки ба тахти Кошѓар гумоштаи худ Чен Панро шинонанд. Аммо соли 125 м. хитоињо Кошѓарро аз нав забт карданд.

    Баъди Вима Кадфиз писараш Канишка (таќрибан с. 105-128) ба тахт менишинад. Ў яке аз машњуртарин шоњони кушонї буд. Канишка пойтахтро ба шимолу-шарќи Њиндустон ба Пешовар мекўчонад. Дар давраи подшоњии ў Бохтар, ќисми зиёди Осиёи Миёна, аз љумла Хоразм, Њиндустони шимолї ва марказї дар њайати давлати Кушониён буданд. Дар ањди ў дини зардуштї дар Бохтару Суѓд ва динњои буддої ва шивопарастї дар Њиндустон хеле ривољ ёфта буданд. Дар ин бора маъбадњои ин динњо, ки бо фармони ў сохта шуда буданд, сиккањо ва сарчашмањои хаттї шањодат медињанд. Аз љумла, дар Сурхќўтал ва Работаки шимоли Афѓонистон маъбадњои зардуштї сохта шуданд, ки дар ин бора сангнавиштањои Канишка шањодат медињанд.

    Дар бораи вазъияти давлати Кушониён баъди Канишка сарчашмањои хаттї маълумоти даќиќ надодаанд. Аммо аз сиккањо бармеояд, ки баъди ў Хувишка (таќрибан солњои 132-164), Канишкаи II (солњои 164-184) ва Васудева (таќрибан солњои 184-218) њукмронї кардаанд. Дар навиштаљоти кушонї номи шоњ Васишка низ зикр шудааст, вале сиккањо бо номи ин шоњ ёфт нашудаанд.

    Бо ташкил шудани давлати Сосониён (соли 224 м) Кушониён дар ѓарб раќиби нав пайдо мекунанд. Барои пешгирї кардани њуљуми Сосониён Кушониён ба шоњи Арманистон дар муборизааш бо Эрон ёрии њарбї мерасонанд, аммо дар ин љанг Арманистон шикаст мехўрад. Кушониён барои бастани шартномаи дўсти бо Хитой 5 январи соли 230 сафорати худро ба ин мамлакат мефиристанд. Вале кўшишњои Кушониён натиљаи дилхоњ надоданд. Солњои 242-243 Сосониён Кушониёнро шикаст дода, як ќисми сарзаминњои ѓарбии онро ишѓол карданд.

    Дар нимаи дуюми асри III Кушониён Хоразм ва ноњияњои марказии Њиндустонро низ аз даст медињанд. Бо вуљуди ин талафот Кушониён њанўз њам нерўманд буданд ва ба вориси тахти Сосониён Бањроми II барои ба шоњаншоњи Эрон шудан ёрї расонданд. Кушониён бо Рум, ки раќиби Сосониён буд, муносибатњои дўстона барќарор карданд. Сосониён кўшиш мекарданд бо Кушониён муносибатњои дўстона дошта бошанд. Бо ин маќсад шоњаншоњи сосонї Њурмузи II (солњои 301- 309) духтари шоњи Кобулро ба занї мегирад.

    Дар охирњои њукмронии Шоњпури II (солњои 309-379) Сосониён ба Кушониён якчанд зарба заданд. Аммо Кушониён њанўз њам неруманд буданд. Шоњи онњо Кидара Балхро аз нав ба итоати худ дароварда, пойтахтро аз Юнланши ба ин шањр кўчонд. Баъдтар ў аз кўњњои Њиндукуш гузашта, панљ вилояти шимоли Њиндустонро забт намуд.

    Дар давлати Кушониён шањрсозї ва маданияти шањрї хеле инкишоф ёфта буд. Бостоншиносон дар Ќубодиёну Шањритуз димнањои Ќалъаи Мир, Кайќубодшоњ, Мунчактеппа ва Теппаи Шоњ, дар водии Вахш - Кўњна Ќалъа ва Ќумтеппа, дар водии Бешкент - Оќтеппа, дар Ёвон - Гаравќалъа, дар Ѓозималик - Њалќаљар, дар Фархор - Саксанохур, димнањои Душанбе ва Шањринав, дар водии Сурхандарё - Тирмиз, Зартеппа ва Хайрободтеппа, дар Сари Осиё - Халчиён, дар Самарќанд – Афросиёб, дар назди Кобул – Багром, дар назди Ќундуз Сурхкўтал, дар шимоли Њиндустон Каписо ва Таксила ва дар дигар минтаќањо дањо шањру ќалъањоро кашф карда, мавриди тадќиќ ќарор додаанд. Шањрњо аз ќаср, биноњои боњашамати ашрофон, гузарњои њунармандон, кўчањо, девор ва бурљњои мудофиавї ва дигар сохтмонњо иборат буданд. Масолењи асосии сохтмон хишти хом, похса, чўб ва дар кўњистон њамчунин санг буд. Шањрњо ба воситаи шабакањои лўлањои сафолини обкашї бо оби нўшидани таъмин карда мешуданд.

    Соњањои гуногуни њунармандї – кулолгарї, оњангарї, шишасозї, аслињасозї, заргарї инкишоф ёфта буданд. Дар ин бора бозёфти хумдонњо дар Афросиёб, Ќаротеппаи Тирмиз, Мунчактеппаи Бекобод, корхонаи маъдангудозї ва устохонаи оњангарї дар Тирмиз, зарфњои гуногуни сафолї, аз љумла, љомњои поядор ва лаъличањои сурхранги нафис, зарфу мўњрањои шишагї, зару зеварњо аз ќабили дастмона ва гушворњои тиллої, гарданбандњо ва ашёњои дигари дар ёдгорињои ин давра ёфт шуда, шањодат медињанд.

    Савдои дохилї ва хориљї инкишоф ёфта буд. Ќисмати калони Роњи Абрешим, ки мамолики Шарќ ва Ѓарбро бо њам мепайваст, аз њудуди давлати Кушониён мегузашт. Солномањои хитої дар бораи корвонњои тиљоратї, ки њар сол аз Хитой ба воситаи Осиёи Миёна ба Ѓарб мерафтанд, хабар додаанд. Дар тиљорати кушониён роњи бањрї, ки аз Њиндустони ѓарбї то бандари ш. Искандарияи Миср мерафт, наќши калон дошт. Ба бандарњои Њиндустон аз Бохтар, Суѓд ва Хитой молњои гуногун оварда мешуданд. Бозёфти шумораи зиёди сиккањои мисин дар шањрњои замони кушониён аз инкишофи тиљорати дохилї ва бозёфти сиккањои тиллої аз инкишофи савдои калони яклухт шањодат медињанд. Дар сиккањо сурати шоњон ва худоњои зардуштї ва камтар худоњои њиндї - Шива ва Будда тасвир шудаанд. Навиштаљоти сиккањо бо хати юнониасоси кушонї ва забони бохтарї иљро шудаанд.

    Дини шоњони кушонї ва ањолии Бохтару Суѓд зардуштї буд. Дар ин бора тасвири худоњои зардуштї ва маросими саљдаи шоњони кушонї дар назди оташдони муќаддас, катибањои Канишка, маъбадњои оташ шањодат медињанд. Дар Њиндустон дини шивопарастї ва буддої роиљ буданд. Кушониён сиёсати тањаммулпазироии диниро пеш гирифта, аз њамаи динњои дар ќаламрави давлаташон роиљ буда, баробар пуштибонї мекарданд.

    Дар охири асри IV ё аввали аасри V Бохтарро хионњо, баъди он сосониён ва дар миёнаи асри V яфталњо (њайталиён) ишѓол карда, ба мављудияти давлати Кушониён хотима бахшиданд.
    § 11. Ташаккули Роњи бузурги абрешим

    Сабаби ном ва воситаи асосии наќлиёт. Ташаккулёбии Роњи бузурги абрешим асосан ба асри II пеш аз милод рост меояд. Чунин ном рамзї аст. Ин мафњум роњњои гуногуни тиљоратиеро, ки њанўз дар замонњои ќадим ва асрњои миёна аз мулкњои људогонаи Чину Њиндустон то мулкњои Аврупои Ѓарбию Африќои Шимолї тўл кашида буд, ифода мекунад. Он роњњо аз кўњзорњо, майдонњои зироатї ва биёбонњо гузашта, алоќаи байни мардуми машѓули касбу кори гуногун: зироаткор, чорводор ва косибу њунармандони на танњо як мулки муайян, балки мулкњо - давлатњои гуногунро љорї ва инкишоф медод.

    Барои инкишофи алоќањои тиљоратии байни Чину мамлакатњои Осиёи Марказї сафари сайёњони чинї Чжан Сзян ва Ган ин, инчунин сафари сайёњи македонї Майк Татсианї, дар бисёр мамлакатњои Осиёт Марказї, ки дар њамин асрњо ба вуќўъ омадааст, такони љиддї додааст.

    Бо сабаби он ки яке аз молњои асосии тољирон – ин матоъњои абрешими чинї, махсусан атлас, ё худ шоњї буд, бинобар ин он роњњо минбаъд аз тарафи тадќиќотчиён номи «Роњи бузурги абрешим»-ро гирифт. Воситаи асосии наќлиёт, ки ба воситаи онњо молњои тољирон ба нуќтањои нисбатан дур кашонида мешуд, шутурњо ба њисоб мерафтанд. Дар баъзе самтњо тољирон аз асп, фил, хар, ќутос ва ѓайра истифода мебурданд.

    Роњи бузурги абрешим њанўз дар њамон давр натанњо роњхои гуногуни хушкигард, балки роњњои обиро низ дар бар мегирифт. Аз љумла яке аз роњхои асосии обї ба воситаи уќёнуси Ором аз Њиндустон ба халиљи Форс тўл кашида буд.

    Заминањои ташаккулёбии Роњи бузурги абрешим. Роњи бузурги абрешим албатта яку якбора ташаккул наёфтааст. Ба он алоќањои тиљоратие, ки њанўз пеш дар байни мамлакатњо ва халќњои гуногуни њамсоя вуљуд дошт, асос шудаанд. Мањз њамон гуна муносибатњои тиљоратии њамсоягї инкишоф ёфта, оњиста – оњиста њанўз дар замони дунёи ќадим халќњои се ќитъањои олам Осиё, Аврупо ва Африќоро бо њам пайвастааст. Масалан, оѓози алоќаи тиљоратии байни мулкњои Осиёи Миёна бо Байнаннањрайн (мулкњои дар маљрои миёна ва поении дарёњои Фурот ва Даљла воќеъ бударо дар бар мегирифт), ба њазорсолаи сеюми пеш аз милод рост меояд. Мањз дар њамин давр лаъли Бадахшон дар Байнаннањрайн аллакай шўњрат пайдо карда буд.

    Дар њазорсолаи II пеш аз милод (эњтимол дар замони болоравии давлати Бобулистон) роњњои тиљоратї аллакай аз шањрњои Байнаннањрайн, ба воситаи мулкњои Эрон, Туркманистони љанубї то Фарѓона расида буд. Роњи дигар аз Фарѓона ба воситаи дигар мулкњои Ќаротегину Олой ба сўи Чин мегузашт.

    Дар он давр молњое, ки тољирон барои муомилот мекашонидаанд сангњои ќимматбањо (махсусан лаъли Бадахшон), устухони фил, љавоњирот, асбобњои оњанї, ѓалла, чорвои хурд ва ѓайра буданд. Тахмин меравад, ки дар он давра сангњои ќимматбањо (асосан лаъли Бадахшон), асбобњои оњанї, чорвои хурд дар тиљорат њамчун эквиваленти мол хизмат мекарданд. Аз нимаи дуюми њазорсолаи якум сар карда (аз замони њукумронии Њахоманишињо) чун эквиваленти мол – пул – танга маќоми асосиро ишѓол намуд.

    Инкишофи роњњои тиљоратї. Дар замони ташаккулёбї роњи тиљоратї аз шањри Сиани Чин оѓоз гардида, ба воситаи Ланчжоу ба Дун Хуан расида, аз он љо ба ду самт – шимолї ва љанубї таќсим мешуд. Роњи самти шимолї, аз Турфон ва Помир гузашта, ба Фарѓона ва Дашти казоќ мерасид. Роњи самти љанубї аз шафати кўли Лабнор, аз ќисми чанубии биёбони Такламакон гузашта, ба воситаи Ёркент ва Помир ба Порт (Парфия ё худ давлати Аршакиён), Њиндустон ва то Шарќи Наздик тўл мекашид.

    Асри I милодї нуќтаи баландтарини инкишофи ин роњњо дар замони дунёи ќадим ба њисоб меравад. Дар ин давр мањз ба шарофати роњњои номбурда алоќаи тиљоратии байни империяи Рим, давлати Парфия (Империяи Аршакињо), подшоњии Кўшон, давлати Чин (Империяи Ханњо), ки давлатњои бузургтарин ва аз љињати иќтисодию сиёсї, инчунин маданї тараќќикардатарин давлатњои њамон давраи дунёи ќадим ба њисоб мерафтанд, инкишоф ёфт. Мањз алоќаи тиљоратии байни ин мамлакатњо њанўз дар њамон давр ќитъањои Осиёю Аврупо ва Африќоро бо њам пайваст.

    Маълумотњои дастрасшуда боз аз он гувоњї медињанд, ки њанўз аз замонњои ќадим матоъњоеро (махсусан шоњии чиниро) дар Рим пайдо кардан мумкин буд, ки он молњо асосан аз Чини шимолї – ѓарбї, ба воситаи сарзамини Бохтар (водињои Олою Ќаротегин, Њисору Вахш ва Афѓонистон) ба сарзамини имрўзаи Эрон мегузаштанд. Тољирони бохтарї бошанд, ба ѓайр аз сарзамини Бохтару Суѓд ва дигар мулкњои атроф, њатто дар Искандарияи Миср низ бо тољирї машѓул шудаанд. Тољирони империяи Рими ќадим бошанд, дар мулкњои гуногуни Осиёи Марказї тиљорат кардаанд. Яъне, барои тољирон њангоми оромии байни давлатњо ягон хел мањдудияти сарњадї вуљуд надошт. Бинобар ин тољирон њар љое, ки моли барои харидор маќбул пайдо мекарданд, ё худ мављуд будани харидори зиёдро пай мебурданд, ба он нуќта сафар мекарданд. Дар натиљаи ин њама Роњи бузурги абрешим боз њам васеътар мегардид.

    Барои равшантар гардидани ањамияти Роњи бузурги абрешим ба нуќтањо ё худ роњњои асосии тиљоратии танњо ќисми шимолии мулкњои Тахористон назар мекунем. Нуќтаи асосии тиљорат дар ин мулк шањри Термиз ба њисоб мерафт. Он аз њар љињат мустањкам ва серањолї, махсусан дорои зиёди нуќтањои тиљоратї буд. Дар шањр дўконњои тољирон аз ноњияњои гуногуни Мовароуннањр, Њиндустон ва Чин дида мешуд. Ба ѓайр аз ин Термиз яке аз марказњои дини буддої њисоб мешуд ва ин сифат њам барои инкишофи корњои тиљоратї гўё такон медод. Дар худи Термиз собун ва ширеши часпак (клей) истењсол карда мешуд ва ин мањсулотњоро тољирони беруна бо раѓбати зиёд харид мекарданд.

    Дар наздикии Термиз, аз шањри Чармингон роњњои тиљоратї ба се самт таќсим мешуд. Яке ба воситаи дарёи Шеробод, мањалњои Кофиён, Босанд ва Дарбанд ба сўи сарзамини Суѓд мебурд. Роњи дуюм, ба воситаи болооби дарёи Аму ба Ќубодиён, роњи сеюм, ба сўи Њошимгард ва Саѓониён мебурд. Дар Саѓониён бозорњои зиёде мављуд буд, ки дар онњо ба миќдори хеле зиёд гўшт, ѓалла, заъфарон, намад, чакманњои пашмин ва ѓайра фурўхта мешуд. Заъфарон ва дигар мањсулотњои номбурда инчунин дар тамоми шањрњои Чаѓониён, Ањорун, Шумон ва Вашгирд фурўхта мешуд. Дар шањрњои Зинур, Буроб, Рагдашт (Регар, њозира Турсунзода), Њамварон (Шањринав) ќароргоњи корвонњои тољирон таваќќуф ва истироњат намуда, молњои худро фурўхта, мањсулотњои ба худ заруриро мехариданд. Аз Шумон роњи тиљоратї боз ба ду самт: яке бо соњилњои Кофарнињон ба Ќубодиён ва Вахш, дигаре ба сўи Душанбе, Андигон ва нињоят то ба Вашгирд мебурд.

    Душанбе њамчун шањр дар замони мављудияти давлати Юнону Бохтар, дар ќади роњи тиљоратї ба вуљуд омадааст. Аз Вашгирд роњ ба ду самти мувофиќ таќсим мешуд: яке ба сўи Хатлон , дигаре ба сўи водии Олой ва Кашѓар. Аз љумла роње, ки ба сўи Хатлон мерафт, ба воситаи Пули Сангин, аз болои дарёи Вахш, ва шањрњои Тамилот, Мунк, Њулбук, Андичароѓ, Фархор, Ковбанич, баъд ба воситаи истгоњи оби Орхон, ба сўи Бадахшон мегузашт.

    Маълум аст, ки роњи тиљоратии аксар ноњияњои Бохтари ќадим, аз љумла сарзамини имрўзаи Тољикистони љанубї, бо шањрњои ќадимаи Суѓд – Самарќанд ва Бухоро мањз аз даштњои беканори ќисми чанубии Суѓд, ки њавзаи Ќашќадарё меноманд, мегузашт. Пас дар шароити беобї ин њавза роњњои тиљоратї ба кадом њолат ташкил меёфт? Тадќиќотњо нишон медињанд, ки дар чунин њолат низ роњњои тиљоратї аксар аз соњилњои дарёњо ва њавзањои обдор (сойњо) мегузаштанд. Албатта њангоми интихоби ин ё он роњ, мавсими сол, вазъи сиёсию љамъиятї, њолати хољагию иќтисодии ноњия ва ѓайрањоро ба инобат гирифта, худи тољирон барояшон роњеро интихоб менамуданд.

    Барои њавзаи Ќашќадарё роњи аз њама ќулайтаре, ки ин њавзаро бо водии Зарафшон мепайваст, ин роњ аз Термиз, бо соњили Сурхандарё ва шохаи он Тўфлангсой, ба воситаи аѓбаи Тошќўрѓон, ба соњили Ќизилдарё (Сурхоб), ки баробари ба водї баромадан номи дигар – дарёи Яккабоѓро мегирад, мегузашт. Аз њамин љо, яъне баробари ба водї, ё худ ќисми Яккабоѓ баромадан роњ ба самтњои Ѓарб ва Шарќ тўл мекашид. Ба сўи Шарќ, ба воситаи Кеш (Шањрисабз) ба Самарќанд, ё худ ба воситаи роњи ѓарбї, ба воситаи Насаф (Ќаршии њозира) ба Бухоро ва Самарќанд рафтан мумкин буд.

    Дар фасли тобистон, яъне њангоме, ки аз аѓбањо беягон хавфу хатар гузаштан мумкин буд, роњњои бо соњили дарёи Ѓузор , Лангар, Танхез вуљуд доштаро истифода мебурданд. Дар ин фасл гузаргоњи Амударёро аз Зам – Каркї истифода бурда, баъд рост ба сўи Насаф (Ќаршї) њаракат мекарданд. Аз Насаф роњи тобистонї ба се тараф таќсим мешуд: роњи ѓарбї – ба сўи Бухоро, шимолї ба воситаи Љом ба Самарќанд ва роњи шарќї ба Кеш (Шањрисабз) мебурд. Аз шањрњои номбурда, роњњо боз ба нуќтањои мухталиф вуљуд доштанд.

    Бозёфтњои бостоншиносон нишон дод, ки барои бехатарии роњњои тиљоратї, махсусан бехатарии худи тољирон ва молњои онњо, дар саргоњ, ё худ саршавии ин ё он водї ќалъањои махсус вуљуд доштанд. Аз љумлаи чунин ќалъањо, ё худ мањалњои мустањкамкардашуда, ба монанди: Њусейнтеппа хангоми баромадан аз соњили дарёи Сурхоб, Бобуртеппа, њангоми баромадан аз дарёи Лангар ва ѓайрањо ба њисоб мерафтанд. Њељ љойи шубња нест, ки чунин шањрњои номии њавза – Кеш ва Насаф дар роњњои ќулайи тиљоратї, яъне чорроњањо ба вуљуд омадаанд.

    Албатта њангоми интихоби роњ тољирон дар ин њавзаи нисбатан камоб ва камањолї, махсусан ањмияти иќтисодии ин ноњияњоро ба назар мегирифтанд. Зеро, њанўз аз њамон давр водии дарёи Лангар бо намаки хушсифат, Сурхоб, Танхоз, Оќсу ва ѓайра бо маъданњо, аз љумла сурма, симоб (махсусан аз соњилњои Оќсу), атрофи Ќаршї ва Ѓузор бо графит машњур буданд.

    Чуноне таъкид намудем, Роњи бузурги абрешим дар даврањои гуногун ташкил ёфта, инкишоф ёфтааст. Бинобар њамин њам њар як давлате, ки дар хатти ин самтњо вуљуд дошт, дар ташаккулу инкишофи он њиссаи худро гузоштааст. Љойи шубња нест, ки дар замони ќадим, ташаккул ва инкишофи Роњи бузурги абрешим ба давраи болоравии давлати Кушониён вобастагї дорад. Соли 99-и милодї дар шањри Рим шудани сафири кўшонї далели он аст, ки сарварони ин давлат хоњони инкишоф додани муносибатњои дипломатию тиљоратиро на танњо бо давлатњои њамсоя, балки бо мамлакатњои хеле дур њам доштаанд. Дар давлатњо ва шањрњои људогона, ки Роњи бузурги абрешим аз онњо мегузашт, нуќтањои иваз намудани асъор низ вуљуд доштанд. Аз љумла дар Рими ќадим шахсони махсус дар нуќтањои серањолї, пеш аз њама бозорњо курсї гузошта, бо чунин фаъолият машѓул мешуданд. Курсї бо забони итолиёвї «банко» мебошад. Минбаъд њамон «курсї» то ба бонки имрўза сабзида расид ва калимаи «бонк» аз тарафи тамоми халќњои љањон ќабул гардид.

    Ањамияти таърихии роњ. Бояд ба инобат гирифта, ки Роњи бузурги абрешим бегуфтугў барои инкишофи иќтисодиёти мамлакатњои ба доираи худ гирифта, такони бузург медод. Мардуми мамлакатњои гуногун ба воситаи тољирон на танњо бо молњои гуногун шинос мешуданд, балки бештар дар асоси он молњо ба такмил додани молњои худ, ё худ дар асоси он истењсол намудани моли нав мекўшиданд.

    Барои мисол ба истењсоли шиша ањамият медињем. Маълум аст, ки дар замони ќадим Миср, Рим, Њиндустон, Эрон ва дигар мулкњо бо истењсоли шиша шўњрат пайдо карда буданд. Албатта тољироне, ки аз мулкњои зиёде мегузаштанд, дар ќатори мањсулотњои гуногун, инчунин шишаро низ барои фурўш ба нуќтањои дигар мебурданд. Ин аз як тараф ба истењсолкунандагони шиша имконият медод, ки аз мањсулотњои якдигар шинос шаванд. Аз тарфи дигар, њар як истењсолкунандаи шиша бо чунин шиносшавї дар кўшиши боз њам бењтар намудани сифати мањсулоти худ мешуд. Эњтимол дар Бохтар истењсоли шиша нисбатан дертар оѓоз гардидааст. Вале он сифатан, бо таркиби кимиёвии ба ин мулк хос, аз шишаи бисёр мулкњои дигар љиддан фарќ мекардааст. Бостоншиносон аз мулкњои ба давраи Аршакиён (Парфия), Бохтари ќадим ва Хоразми ќадим хокпораи шишањоро пайдо намудаанд, ки торкиби кимиёвиашон ба шишањои истењсоли Рими ќадим хеле наздик аст. Инчунин аз њудуди Бохтари ќадим порањои шишањоро низ пайдо намудаанд, ки онњо ба шишањои Њиндустони ќадим низ наздикї доранд. Дар навбати худ аз њудуди Њиндустон бошад шишањоеро пайдо намудаанд, ки онњо ба шишаи истењсоли Осиёи Миёнаги хеле шабоњат доранд.

    Ё худ дар замони Аршакиён (Парфия) аз њудуди 19-сатрапињои он Роњи бузурги абрешим мегузоштааст. Миќдори шањрњои хурду калони он ќариб ба 100-адад мерасидааст. Он њама барои инкишофи њунармандї ва тиљорат хеле ќулай буд. Дар асри V – и милодї кирмакпарварї аз Чин то Марв расид ва дар нимаи дуюми асри VI то ба Византия пањн гардид. Барои пањн шудани кирмакпарварї дар мулкњои нав Осиёи Миёна роли миёнаравиро бозидааст. Шањрњои Марв, Самарќанд, Гургон ба марказњои нави кирмакпарварї табдил ёфта буданд.

    Њукуматдорон њама ваќт тољирони худро дастгирї менамуданд. Љойи шубња нест, ки тољирон низ дар сиёсати дохилї ва беруна аксари давлатњои дар Роњи бузурги абрешим љой гирифта, нуфузи зиёд доштанд. Зеро, њукуматдорон низ ба хубї медонистанд, ки обрў ва эътибори эшон на танњо дар байни мамлакатњои њамсоя, балки дар дохили мулкашон њам бештар аз мавќеъи тољиронаш вобастагї дорад. Бинобар њамин њам онњо барои тољиронашон шароити мусоидро муњайё менамуданд.

    Њангоми инкишофи муносибатњои тиљоратии тарафайн, баъзан тарафњо кўшиш мекарданд, ки барои боз њам инкишофёбии он норасоињои мављударо, агар чанде онњо љузъї бошанд њам, зудтар бартараф намоянд. Масалан, њукумати Сензян (Чин) дар асрњои VI-YIII мелодї кўшидааст, ки тангањоро ба ду забон: чинї ва суѓдї барорад. Хукумати Суѓд бошад, шакли тангањоро худро ба тангњањои чинї монанд, яъне доирашакли дар марказаш шикофии чоркунљадор сикка зананд.

    Чунин факт аз он далолат медињад, ки њукуматдорони њар ду тараф њам барои инкишофи тиљорати тарафайн њавасманд будаанд. Бинобар њамин њам онњо барои ба њар ду тараф ќулай ва фањмо гардонидани воситаи асосии муомилот-пул-тангањои худ таѓйиротњои љиддї дохил намудаанд.

    1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   57


    написать администратору сайта