Главная страница
Навигация по странице:

  • Мезолит ва эпипалеолит.

  • Ќадимтарин тасвирњои ѓорї.

  • §3. Неолит (њазорсолаи 6 – 3 п. м.)

  • Маданияти Њисор (6 –3 њ.с. п.м.)

  • Пайдоиши зироаткорї ва чорводорї

  • БОБИ II . Энеолит ва асри биринљ §1. Кашфи мисгудозї Энеолит

  • Асри биринљи водињои Кўлоб, Вахш ва Њисор .

  • Асри биринљи шимоли Тољикистон.

  • §3. Энеолит ва асри биринљ дар дигар минтаќањои Осиёи Миёна Љануби Туркманистон.

  • Воњаи Марѓинону Бохтар.

  • Таќсимоти якуми калони љамъиятии мењнат.

  • Таќсимоти дуюми калони љамъиятии мењнат.

  • апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов


    Скачать 3.71 Mb.
    НазваниеНамоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
    Дата10.10.2022
    Размер3.71 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01..doc
    ТипДокументы
    #724565
    страница2 из 57
    1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   57
    §2. Мезолит (10 – 6 њазор сол пеш аз милод)
    Мезолит ё асри санги миёна давраеро меноманд, ки баъди палеолит сар шуда, њазорсолањои 10-6 пеш аз милодро дар бар мегирад. Ин давра ба анљоми яхбандињо ва гарму хушк шудани иќлим дар Осиёи Миёна рост меояд. Дар ин давра олоти сангї такмил ёфта шаклњои нави он - микролитњои њандасавї (вараќањои хурди росткунља, секунља, доирашакл ва ѓайра) пайдо мешаванд. Маданияти микролитњои њандасавї дар Аврупо, кишварњои атрофи бањри Миёназамин, Шарќи Наздик, Осиёи Марказї, Њиндустон пањн шуда буд.

    Дар Тољикистон бошишгоњњои мезолитї аз њама бештар дар љануб, дар Данѓара (Тутќавул, Сайсайёд, Чилондара, Кўли Сўфиён, Дањана ва Дараи Шўр), Шањртуз (Чилучорчашма) ва Обикиик ёфт шудаанд. Ин ќабилањо бо Шарќи Наздик ва Шимоли Эрон алоќа доштанд.

    Дар Тољикистони Шимолї танњо як бошишгоњи мезолитї пайдо карда шудааст - Ѓори Оќтанги дар Ўротеппа (8-7 њ.с. п.м.). Дар ду ќабати поёнии он микролитњои њандасавї ёфт шудаанд.

    Мезолит ва эпипалеолит. Дар ин давра бошишгоњое низ њастанд, ки дар онњо олоти микролити њандасавї вуљуд надоранд ва бошандагони онњо танњо аз олоти сангиобї истифода мебурданд. В.А. Ранов онњоро маданияти эпипалеолитї номида, ба мардуми мањаллї нисбат медињад. Ба маданияти эпипалеолитї бошишгоњњои Бешкент (11-7,5 њ.c.п.м.), Сайсайёди Данѓара (10-9 њ.c.п.м.), Учкули Шўрообод дохил мешаванд.

    Мезолити Помири Шарќї (њ. 8-5 п.м.) Дар ин давра одамони ибтидої на танњо дар водињо ва доманакўњњо, балки дар минтаќањои баландкўњ низ зиндагї мекарданд. Дар Помири Шарќї 50 бошишгоњи кушода ва ду бошишгоњи ѓорї ёфт шудаанд, ки ба њазорсолањои 8-5 п.м. мансуб буда, баландтарин бошишгоњњои одамони ибтидої дар љањон мебошанд. Онњоро маданияти маркансуй меноманд. Калонтарини онњо бошишгоњи Ошхона мебошад. Дар он 10 њ. маснуоти сангї (белчањо, пайконњо ва ѓайра), мўњраи устухонї, устухонпорањо, доѓњои оташ ва пайи оташдонњо ёфт шудаанд. Устухонњо ба гусфанд, буз, ѓурм (гўсфанди кўњї), нахчир, хирс, рўбоњ, саѓур, парандањо тааллуќ доранд.

    Ќадимтарин тасвирњои ѓорї. Дар марњилаи охири мезолит ва аввали неолит тасаввуроти бадеъї ва эњсосоти зебопарастии одамони ибтидої низ инкишоф меёбад. Дар ин бора суратњои дар деворњои ѓорњо мављуд буда, шањодат медињанд. Ќадимтарин суратњои ранга дар Осиёи Миёна дар ѓори Шахта, ки дар Помири Шарќї дар баландии 4200 м. аз сатњи бањр љойгир аст, пайдо карда шудаанд. Дар деворњои ин ѓор шикорчиён, парандањо, гурозњо, хирс, ќутос ва тирњои пайкон бо ранги сурхча тасвир карда шудаанд. Дар наздикии он дар калп боз як мусаввараи бо ранги сурхча кашида шуда ёфт шудааст. Дар он нахчирњо ва як одам тасвир шудаанд. Ин суратњо бо маданияти маркансуй њамзамон буда ба њазорсолаи 8 п.м. тааллуќ доранд.
    §3. Неолит (њазорсолаи 6 – 3 п. м.)
    Неолит охирин марњилаи асри санг мебошад. Дар ин давра дар Осиёи Миёна се навъи маданияти неолитї – љайтун, калтаманор ва њисор пањн шуда буданд. Онњо хусусият ва доираи густариши худро доштанд.

    Маданияти Њисор (6 –3 њ.с. п.м.) дар кўњистони шарќии Осиёи Миёна, асосан дар љануби Тољикистон пањн шуда буд. Дар ин љо зиёда аз 100 мавзеъb осори ин маданият пайдо карда шудааст. Дар шимолу шарќи Афѓонистон низ бошишгоњи маданияти њисор кашф шудааст. Ин маданият ба сокинони мањаллї тааллуќ дошт. Онро барои он њисорї меноманд, ки бори нахуст бошишгоњи он дар ноњияи Њисор ёфт шуда буд. Ба ин маданият олоти сангиобии даѓал ва калон (чоппер ва чоппингњо) хос мебошад. Олоти сангичахмоќии хурд (микролитњо) низ њастанд, аммо хеле кам. Њисорињо зарфи сафолї истењсол намекарданд ё онро хеле кам истифода мебурданд, дар каппањои хурди хаспўши сангфарш зиндагї мекарданд, табарњои суфта, корд, дарафш, парма ва белчањои сангиро истифода мебурданд, бо найза ва синони нўгашон сангї шикор мекарданд.

    Дар маданияти Њисор оддитарин шаклњои зироаткорї ва чорводорї ба вуљуд омада буданд, аммо шикор ва ѓундоштани гиёњњои худрўй низ дар хољагї њанўз мавќеъи муњимро ишѓол мекарданд. Њисорињо иттињоди этникї ва эњтимол ориёї буданд.

    Ба маданияти Њисор бошишгоњњои Тутќавул, Сайёд, Булёни Поён, Кангурттут, Кўи Булён дар Данѓара, Теппаи Ѓозиёни, Кунчї, Кўњнабой дар Њисор, Сангиуѓур ва Дањана дар соњили Ёхсу ва як ќатор бошишгоњњои хурд дохил мешаванд.

    Пайдоиши зироаткорї ва чорводорї њодисаи муњим дар зиндагии одамони ибтидої буд. Дар Осиёи Миёна дар њазорсолаи 6 п.м. гузариш аз хољагидории истеъмолкунанда ба истењсолкунанда ба амал меояд. Одами ибтидої аз љамъоварии гиёњњои худрўй ба кишту кори зироат, яъне истењсоли ѓалладона мегузарад. Зироаткорони аввалин дар Осиёи Миёна бошандагони дењкадањои љануби Туркманистон ва шимолу шарќи Эрон буданд. Дар ин минтаќа 13 дењкада њаф`рї шудааст, ки ба зироаткорон ва чорводорон тааллуќ доштанд. Калонтарини онњо дењкадаи Љайтун буд. Дар он ѓалладонањои сўхта, досњои сангї ва далясангњо ёфт шудаанд, ки далели ќотеъи мављудияти зироаткорї мебошанд. Љайтунињо заминро бо каланди сангї шудгор карда, љав ва гандум кишт мекарданд ва њосилро бо доси сангї медаравиданд. Онњо барои майда кардани ѓалладона аз далясангњо истифода мебурданд. Дар Љайтун њамчунин, олоти гуногуни сангичахмоќии хурд (микролитњо), зарфњои сафолии бо ранги сурх наќќоши шуда, пайкарањои гилини одамон ва њайвонњо, ки шоњиди пайдо шудани тасаввуротњои динї мебошанд, ёфт шудаанд. Љайтунињо дар дењкадањои начандон калони иборат аз хонањои лоини якњуљрагї зиндагї мекарданд. Масалан, дењкадаи Љайтун 40 хона дошт.

    Дигар дастоварди муњим дар хољагидории ин давра ба вуљуд омадани чорводорї буд. Одамон њайвонњои ярадорро нигоњубин карда, дарк намуданд, ки якчанд намуди онњоро ром ва парвариш кардан мумкин аст. Сокинони Осиёи Миёна дар њазорсолањои 5-4 п.м. буз, гўсфанд ва говро ром ва парвариш мекарданд. То ин ваќт манбаи асосии ба даст даровардани гўшт шикор буд, ки мањсулнокиаш чандон зиёд набуд. Парвариши чорво имконият дод, ки мањсулоти гўштї ба миќдори зиёд истењсол карда шавад. Бори аввал одамони ибтидої имконият пайдо карданд, ки ширро истеъмол кунанд ва аз он мањсулоти гуногун созанд. Афзоиши миќдор, сифат ва анвои хўрокворї саломатии одамонро хуб карда, некуањволии онњоро баланд бардошт, умри инсонро дароз кард ва барои пешрафти соњањои гуногуни њаёт ба таври назаррас мусоидат намуд.

    Шикорчигї ва моњидорї. Дар соњилњои бањрњои Каспї, Арал, поёноби Амударё ва Сирдарё ќабилањое зиндагї меарданд, ки машѓулияти асосиашон шикор ва моњидорї буд. Ин маданиятро аз номи яке аз бошишгоњо калтаманорї номидаанд ва он ба њазорсолањои 4-3 п. м. мансуб аст. Калтаманорињо пайконњои сангии дудамаи баргмонандро ихтироъ карданд, ки боиси афзудани самаранокии шикор гардид. Барои моњигирї аз чангакњои устухонї истифода мебурданд. Онњо дар каппа ва нимзаминканњо зиндагї мекарданд, зарфњои сафолинашон мунаќќаши дастсоз буда, таги тухмшакл ё нугтез доштанд.

    Кулолгарї низ дар давраи неолит ба вуљуд омадааст. Дар ибтидо зарфњоро занњо дастї месохтанд. Ин ихтироъ имконият дод, ки одамони ибтидої хўроки пухта шударо, ки барои саломатї ва инкишофи љисм хеле фоидаовар аст, истеъмол кунанд. Зарфњо имконият медоданд, ки мањсулоти озуќаворї тоза ва ба мўњлати дароз нигоњ дошта шаванд.

    БОБИ II. Энеолит ва асри биринљ
    §1. Кашфи мисгудозї
    Энеолит давраи таърихиеро меноманд, ки дар он одамони ибтидої бори аввал бо фулуз - маъдани мис шинос шуданд, аммо олоти сангї дар зиндагии онњо чун пештара маќоми асосиро ишѓол мекард. Онњо порањои хурди маъдани мисро аз рўи замин љамъ карда, бо усули хушккўби зеварњои хурд ва асбоби корї месохтанд. Аммо мис нарм буда, љои сангро гирифта наметавонист. Аз тарафи дигар одамон њанўз истењсоли маъдани мис ва гудохтани онро намедонистанд, яъне имконият надоштанд, ки онро васеъ истифода баранд.

    Дар байни сангњое, ки аз онњо оташдон месохтанд маъдани мис низ меафтид ва аз гармии оташ об мешуд. Одамони ибтидої ин њодисаро мушоњида карда, гудохтани мисро ёд гирифтанд ва аввалин кўррањои оддиро сохтанд. Ќадимтарин асбобњои аз миси гудохта сохта шуда, дар њазорсолањои VII–VI п.м. дар Осиёи Хурд пайдо шуданд. Кашфи фулузгудозї барои аз њолати ибтидої баромадан ва рў ба тараќќиёти басуръат нињодани љамъияти инсонї такони бузурге дод. Асбобњои фулузї бартарии зиёд дошта, ба зуди љои асбобњои сангиро ишѓол карданд.

    Кашфи биринљ. Биринљ аз омехтаи мис (75-90%) ва ќалъагї (25-10%) њосил карда мешавад. Биринљ нисбат ба мис чандин маротиба сахттар буда, барои сохтани асбобњои корї мувофиќтар аст. Аввалин асбобњои биринљї дар Кавказ дар њазорсолањои V – IV п.м. пайдо шуда буданд. Аммо ба таври васеъ истењсол ва коркарди биринљ дар Осиёи Миёна, Эрон, Шарќи Наздик ва Аврупо ба њазорсолаи III п.м. рост меояд.

    §2. Энеолит ва асри биринљи Тољикистон
    Саразм. Яке аз ёдгорињои ќадимтарини давраи энеолит ва аввали асри биринљи Осиёи Миёна шањркадаи Саразм мебошад. Он дар Тољикистон 15 км ѓарбтар аз шањри Панљакент љойгир буда, 100 гектарро дар бар мегирад ва ба солњои 3400 – 2000 п.м. мансуб аст. Шањри Саразм дорои ќаср ва маъбад, мањаллањо ва кўчањо буд. Саразмињо бо кишоварзї ва чорвопарварии хонагї машѓул буданд. Истењсол ва коркарди фулузот низ хеле инкишоф ёфта буд, маъданро аз конњои гирду атроф мегирифтанд. Њини њафриёт кўррањои фулузгудозї, хумдонњои сафолпазї ва 150 намуд ашёњои биринљї ба монанди корд, ханљар, табарзин, нўги найза, мўњри сурбї, ашёњои тиллої ва нуќрагї ёфт шудаанд. Заргарї, чармгарї, ресандагї, бофандагї ва соњањои дигар низ тараќќї карда буд. Саразмињо бо сокинони љанубу шарќии Туркманистон, шимоли Эрон ва Балуљистону Сиистон иртиботи фарњангї доштанд.

    Асри биринљи водињои Кўлоб, Вахш ва Њисор. Асри биринљ дар љануби Тољикистон дар охири њазорсолаи II п.м. сар шудааст. Дар Хатлон чор дењкадаи асри биринљ ёфт шудааст: Кангурттут, Баракиќуруќ ва Тегузак дар ноњияи Данѓара ва Дањана дар ш. Норак. Њамаи онњо дар шароити якхелаи табиї – адирњои доманакўњ, ки барои чорводорї ва зироаткории лалмї хеле мувофиќанд, љойгиранд. Сокинони ин дењањо дар каппањо ва хонањои хурду калони тањкурсии сангин, оташдон ва чоњњои ѓалла дошта, зиндагї мекарданд. Онњо бо зироаткории лалмї машѓул буда, љав ва гандум мекоштанд. Чорводорї низ инкишоф ёфта буд, гов, буз ва гўсфандро парвариш мекарданд, асп, хар ва саг низ доштанд. Кулолгарї низ инкишоф ёфта буд. Урфияти хоси гўркунї доштанд - дар ќабрњо зарфњои сафолї ва ашёи дигар њастанд, аммо устухони мурдањо нестанд. Сабаби ин маълум нест.

    Дар охири асри биринљ дар поёноби Вахш, Ќизилсу ва дар Бешкент чорводорони мањаллї – бохтарї зиндагї мекарданд ва аз худ якчанд гўристон боќї гузоштаанд. Гўрњо лањадї, буда мурдањоро якпањлу чангак мехобонданд ва дар пањлуяш зарф, корд ва оинањои биринљї ва дигар ашёњоро мегузоштанд. Расми оташафрўзї, мурдасузї ва гўштро аз устухон тоза карда, пасон дар лањад, дар чуќуричаи сангї гузоштан мушоњида карда мешавад. Гўрњои зарфдор, аммо бе љасад (кенотаф) бисёранд.

    Дар водии Њисор кишоварзони мањаллї, яъне бохтарињо ва шумораи начандон зиёди ориёињои сањронишини андроновї зиндагї мекарданд, ки аз худ се гўристони ба асри XII – XI п.м.тааллуќ доштаро, боќї гузоштаанд. Дар пањлуи мурдањо зарфњои сафолї, ашёњои биринљї, аз љумла мўњра ва гўшворњо гузошта шудаанд.

    Аксарияти сокинони љануби Тољикистонро дар охири асри биринљ (а. XII – X п.м.) ориёињои мањаллї, яъне бохтариён ва ќисми камтарашро ориёињои сањронишини андроновии аз љануби Урал ва Сибири ѓарбї омада ташкил мекарданд.

    Асри биринљи Помир. Дар Помири Шарќї дар охири њазорсолаи II п.м. ориёињои сањронишини федоровї - андроновї зиндагї мекарданд. Онњо аз худ калпњо, ќўрѓонњо ва гўристонњо боќї гузоштаанд. Бештар бо чорводории мавсимї, њамчунин бо зироаткорї ва шикор, кулолгарї ва бофандагї машѓул буданд. Мурдањояшонро дар хок гўр мекарданд ё месўзонданд.

    Асри биринљи шимоли Тољикистон. Дар соњилњои Сирдарё дар минтаќаи Ќайроќум дар њазорсолаи II п.м. мардумони мањаллї ва ориёињои сањронишини андроновї зиндагї мекарданд. Осори бошишгоњои онњо дар 70 мавзеъ кашф шудаанд. Онњо дар хонањои ќамишї-чўбии лойандова зиндагї мекарданд. Бештар бо чорводорї машѓул буданд, зироаткорї низ мавќеъи муњим дошт, моњигирї низ мекарданд. Ресандагї ва бофандагї низ вуљуд дошт. Истењсол ва коркарди биринљро хуб медонистанд. Кордњои якдама ва дудама, дастмона, гушвор, ангуштаринњои биринљї месохтанд.

    Дар пастињои шимоли Панљакент дар асри XIII – XII п.м. ориёињои сањронишини андроновии аз љануби Урал ва Сибири ѓарбї омада, зиндагї мекарданд. Онњо аз худ гўристони Зардча Халифаро боќї гузоштаанд. Гўрњо лањадї буда, оташ дар маросими дафн ањмияти калон дошт. Дар гўрњо зарф ва асбоби ороишї – мўњра, дастмона ва ѓайра ёфт шудаанд.
    §3. Энеолит ва асри биринљ дар дигар минтаќањои Осиёи Миёна
    Љануби Туркманистон. Дар охири њазорсолаи V п.м. ба Туркманистони Љанубї, ба доманањои кўњи Копетдоѓ аз Эрони Марказї ва Шимолї ќабилањое омаданд, ки маданияти хос ва пешрафта доштанд. Ин маданиятро аз номи аввалин дењкадаи тадќиќшуда Анау номидаанд. Ќабилањои омада нахустин шуда дар Осиёи Миёна аз мис сохтани асбобу олот, дар сохтмон истифода бурдани хишти хом, бо тартиби муайян сохтани дења ва шањракњо, чархи кулолгарї ва њунари бофандагиро љорї намуданд. Ихтирои хумдонњои дутабаќа, кўррањои фулузгудозї ва устохонањо навоварии муњим буд.

    Машѓулияти асосии онњо зироаткории обёришаванда ва чорводории хонагї-девлохї (айлоќї) буд. Дар ин давра аввалин иншоотњои оддии обёрикунї ва обанборњои хурд сохта мешаванд. Зироати асосї љав ва гандум буд. Буз, гўсфанд ва говро парвариш мекарданд. Анагуињо чандин шањру шањрак сохтанд, ки хеле обод буданд. Дар нимаи дуюми њазорсолаи II п.м. шањрњои љануби Туркманистон рў ба харобї менињанд.

    Воњаи Марѓинону Бохтар. Дар нимаи дуюми њазорсолаи II п.м. дар воњаи Марѓинон (Марв) ва Бохтари Ѓарбї дар натиљаи таѓйир ёфтани иќлим барои кишоварзии обёришаванда ва чорводорї шароити мусоид фароњам меояд. Ањолии ин минтаќа босуръат афзуда дар ин љо зиёда аз 200 шањру шањрак (Гонур, Љарќутан ва ѓайра) бунёд карда мешавад, ки маданияти ба худ хос ва хеле пешрафта доштанд. Дар Тоголок, Дашлї ва Љарќутан маъбадњои бошукўњи оташ кушода шуданд, ки бо дини зардуштї ва Авесто алоќаманд мебошанд. Соњањои гуногуни њунармандї - фулузгудозї, кулолгарї, мисгарї, заргарї, мўњрсозї, санъати тасвирї инкишоф ёфта буданд.

    Хоразм. Дар асри XV п.м. дар Хоразм ориёињои аз љануби Урал омада ва бо ањолии мањаллї омехта шуда, зиндагї мекарданд. Осори онњо дар Тозабоѓоб ва дигар мавзеъњо ёфт шудаанд. Онњо бештар бо зироаткории обёришаванда ва чорводории мавсимї машѓул буданд. Дар заминканњои каппамонанд зиндагї мекарданд. Устохонањои мисгарї ва биринљгудозї доштанд.

    Бухоро. Дар воњаи Бухоро дар нимаи аввали њазорсолаи II п.м. ќабилањои сањронишин, ки бо сокинони Саразм ва Бохтару Марв ќаробат доштанд, зиндагї мекарданд. Осори онњо дар мавзеъи Замонбобо кашф шудааст. Ин ќабилањо дар заминканњои каппагї зиндагї мекарданд, таги зарфњояшон тухмшакл буд, аксарияташ дастї ва камаш дар чархи кулолї сохта шудаанд.

    Суѓд. Дар поёноби Зарафшон ва Ќашќадарё дар нимаи дуюм ва охири њазорсолаи II п.м. ориёињои сањронишини андроновї зиндагї мекарданд. Дар ин љо 30 ёдгории онњо кашф шудааст. Машѓулияти асосиашон чорводорї ва каму беш зироаткорї буд. Зарфњояшон наќшњои њандасавии ќолабї – морак, секунља ва ѓайра доранд. Дар Самарќанд низ дар асри XII – XI п.м. њамин ќабилањо зиндагї мекарданд.

    Пайдоиши падаршоњї. Ихтирои биринљгудозї ва аз биринљ сохтани асбобу олоти мењнат боиси инкишоф ёфтани зироаткорї ва васеъ шудани майдонњои кишт гардид. Барои пеш бурдани зироаткорї ќувваи зиёд лозим буд ва аз ин рў онро мардњо иљро мекарданд. Зироаткорї ба соњаи асосии иќтисодиёт табдил ёфт. Машѓулияти занњо, ки аз ѓундоштани гиёњњои худрўй иборат буд, ањмияти худро гум кард. Ба мардњо гузаштани мавќеъи асосї дар иќтисодиёт мавќеъи иљтимоии онњоро низ баланд бардошт. Њамзамон никоњи яккаљуфтї ва оилањои хурду калоне пайдо шуданд, ки дар онњо мардњо сардор ба шумор мерафтанд ва авлод аз рўи падар муайян карда мешуд ва занњо ба авлоди мардњо мегузаштанд. Дар натиљаи ин таѓйиротњо сохти иљтимоии модаршоњї аз байн рафта, љои онро сохти падаршоњї гирифт.

    Таќсимоти якуми калони љамъиятии мењнат. Дар натиљаи мукаммал шудани асбобу олоти мењнат ва инкишоф ёфтани малакаи хољагидорї дар асри биринљ шумораи ањолї зиёд шуда, талабот ба озуќаворї меафзояд. Барои бо миќдори зарурии озуќа таъмин кардани ањолї зиёд кардани заминњои кишт, мукаммалтар намудани воситањо ва усулњои истењсолот зарур буд. Њамаи ин махсусгардонии соњањои гуногуни хољагтдориро талаб мекард. Яъне гурўњњои алоњидаи ањолї бояд бо як соњаи хољагї машѓул мешуданд. Дар баробари ин шароити табии минтаќањои гуногун барои инкишофи соњаи муайяни хољагї мувофиќ буданд. Водињо барои инкишофи зироаткории обёришаванда ва доманакўњњо барои кишти лалмї мувофиќ буданд. Дашту биёбонњо барои чорводории мутањаррик, яъне кўчї мутобиќ буданд. Бинобар сабабњои номбаршуда дар асри биринљ таќсимоти якуми калони љамъиятии мењнат ба амал омада, зироаткорї аз чорводорї људо шуд. Сокинони водињо, доманакўњњо ва кўњистони Осиёи Миёна бо зироаткорї ва сокинони дашту биёбонњои шимоли ин минтаќа бо чорводории кўчї машѓул шуданд. Дар хољагии зироаткорон чорводорї низ боќї монд, аммо он ањмияти дуюмдараља ва хусусияти хонагї – девлохї (айлоќї) дошт.

    Махсусшавии ин ду соњаи асосии кишоварзї боиси афзудани мањсулнокии мењнат ва баланд шудани некуањволии љомеъа гардид. Байни зироаткорони муќимнишин ва кўчманчиёни чорводор доду гирифти доимї ва мутаќобилан фоидаовар вуљуд дошт. Кўчманчиён аз шањрњо мањсулоти гуногуни кишоварзї ва њунармандї, кишоварзон аз кўчманчиён ашёи хом мехариданд.

    Таќсимоти дуюми калони љамъиятии мењнат. Ихтирои мис ва биринљгудозї барои инкишофи њунармандї заминаи боэътимод гузошт. Дар ибтидо бинобар кам ва оддї будани мањсулоти њунармандї бо ин кор кишоварзон машѓул мешуданд ва ин машѓулияти иловагї ва амалан ройгони онњо ба нафъи љамоат буд. Аммо бо мурури замон намуд ва миќдори мањсулоти њунармандї афзуда, истифодаи усулњои нав ва нисбатан мураккаб ва малакаи баланди соњавиро талаб мекард ва зарурате ба миён омад, ки бо ин кор одамони махсус машѓул шаванд. Дар натиља таќсимоти дуюми калони љамъиятии мењнат ба амал омада, њунармандї аз зироаткорї ва чорводорї људо шуд. Акнун њунармандон танњо бо касби худ машѓул буданд. Дар сохти иљтимої низ таѓйирот ба вуљуд омад ва њунармандон њамчун табаќаи мустаќил арзи вуљуд намуданд. Гуфтањои болоро бозёфтњои бостоншиносї тасдиќ менамоянд. Масалан, дар шањркадаи Саразм, ки ба њазорсолањои IV-III п.м. тааллуќ дорад 150 намуд мањсулоти гуногуни њунармандї, аз љумла шумораи зиёди асбобу олоти мењнат, аслиња ва ороишоти биринљї, устохонањои биринљгудозї, дажѓол, хумдонњо ва дигар осори њунармандї ёфт шудаанд. Дар шањрњои воњаи Марѓинон ва Бохтари ѓарбї, ки ба њазорсолаи II п.м. тааллуќ доранд низ шумораи зиёди асбобу олоти биринљї, ороишот, мўњрњо ва ѓайра ёфт шудаанд. Дар Осиёи Миёна дар гўрњои ориёињои сањронишини андроновї низ шумораи зиёди асбобу ашёњои биринљї ёфт шудаанд. Аён аст, ки ин миќдор асбобу ашёи гуногуннамуд ва баландсифатро танњо устоњои касбї метавонистанд созанд. Дар асоси санаи мављудияти ёдгорињои номбаршуда гуфтан мумкин аст, ки таќсимоти дуюми калони љамъиятии мењнат дар њудуди њазорсолаи II п.м. ба амал омада буд.

    Оѓози асри оњан. Ихтирои оњангудозї ва пайдо шудани оњангарї дар њаёти инсоният падидаи бенињоят муњим буд. Оњан нисбат ба мис ва биринљ дањо маротиба мустањкамтар буда, барои сохтани асбобу олоти мењнат хеле мувофиќ буд. Ба ѓайр аз ин маъдани оњан дар табиат нисбат ба мис хеле зиёдтар дучор мешавад ва ин имконият медод, ки он дар соњањои гуногуни иќтисодиёт, аз љумла кишоварзї, сохтмон, аслињасозї, наќлиёт, рўзгор ва ѓайра васеъ истифода бурда шавад. Намудњои нав ва баландсифати асбобу олоти корї пайдо шуда ба тараќќиёти иќтисодиёт такони калон доданд. Њамчунин намудњои нави љангафзорњо сохта шуданд, ки ќобилияти мудофиавии кишварњоро зиёд намуданд. Ихтирои оњан ва ба таври васеъ истифода бурдани он дар Осиёи Миёна дар аввали њазорсолаи I п.м. ба амал омад.


    1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   57


    написать администратору сайта