апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
Скачать 3.71 Mb.
|
§1. Заиф гардидани Хилофати Араб ва пурзўр шудани нуфузи ашрофони мањаллї. Бо гузаштани дусад сол аз њукумати арабњо ќудрати сиёсї ва њарбии хилофат коњиш ёфт. Шўру ошўбњои мардумї дар гўшаву канори хилофат иќтидори њукумати марказиро суст гардонид. Њамчунон аз ин давра сар карда наќши мардумони эронї ва турк дар умури сиёсї, њарбї ва фарњангї меафзояд. Умуман хилофати Аббосиён бештар ба мардумони ќисмати шарќии хилофат, яъне Эрону Осиёи Миёна такя мекард ва чуноне, ки дидем барои ба ќудрат расидани Аббосиён мањз њамин мардум сањмгузор буданд. Гузашта аз ин дар муќобили ситами халифањову амалдорони мањаллии он низ мардумони Аљам ќад барафрошта, дар ин роњ њазорон нафар ќурбон гардиданд. Дастгоњи марказии хилофат чорае љуз ин надид, ки дар идораи ќаламрави васеъи хилофат ќудратро бо намояндагони ин мардум таќсим намояд. Пас аз Абўмуслим Афшини истаравшанї, Бобак, Мозёри табаристонї, ки њамагї аз сарзаминњои шарќии хилофат буданд, дар гўшаву канори хилофат соњиби ќудрат мегарданд. Бармакиён. Сарнавишти накбатбори Бармакиён дар таърих машњур буда, њикоят аз ќудрати як хонадони эронинажод дар дастгоњи хилофат мебошад. Бармакиён мутасаддиёни маъбади «Навбањор» дар шањри Балх буда, њанўз дар ањди Сосониён миёни мардум ва њукумати марказї чун хонадони маъруфу корозмуда шинохта мешуданд. Намояндагони ин хонадон, ки тољикони Балх буданд, нахустин шуда исломро пазируфтанд. Холиди Бармакї љадди ин хонавода дар ањди Уммавиён ба шарафи пазириши ислом муяссар мегардад ва аз љониби дастгоњи хилофат ба вазифањои масъул љалб мегардад. Дар замони ќиёми Абўмуслим њам намояндагони људогонаи Бармакиён ширкат варзида, пас аз ќудратёбии Аббосиён ба корњои идорї љалб мегарданд. Фарзанди Холиди бармакї Яњё бошад, дар замони халифа Њодї ба маќоми баланди хилофат расида, аз наздикони ў мегардад. Ду фарзанди Яњё – Љаъфар ва Фазл бошанд дар замони Њорунаррашид зинањои гуногуни давлатдориро паси сар карда, аз наздиктарин ашхоси халифа мегарданд. Тамоми умури мамлакат, аз љумла умури молиявиро намояндагони ин хонадон расидагї мекарданд ва њатто харољоти солонаи шахсии халифаро низ вазир Љаъфари бармакї муайян мекард. Як муддат ба вазифаи масъули амири Хуросон низ намояндаи Бармакиён таъин мегардад ва нисбат ба дигар намояндагони хилофат барои ободии марзи аљдодї ва осоиши раияти он кўшиш ба харљ медињад. Њатто дар назари халифа Њорунаррашид њам гаравишу алоќаи зиёди Бармакиён ба таъриху фарњанги тоисломии мардуми эронинажод маълум буд. Мањбубияти Бармакиён миёни тамоми табаќањои љомеъа боло рафта, шоирону олимон ин хонаводаро мадњу ситоиш мекунанд, ки сабаби рашку њасодати дарбориён мегардад. Халифаро хусусан дарбориён арабгаро нисбат ба Бармакиён бадбин мегардонанд, ки саранљом (соли 803) Њорунаррашид фармони ќатли Љаъфар ва зиндонї кардани дигар намояндагони бармакиро содир кард. Бешак сабаби аслии ба чунин сарнавишти фољеъабор гирифтор омадани Бармакиён афзудани обрўву нуфузи онон буда, халифа бим дошт, ки ќудрати сиёсии Аббосиёнро аз байн мебаранд. Њаракати шуубия. Кўшишњои истиќлолталабонаи мардумони ѓайриараб, пас аз сад соли пирўзии арабњо оѓоз гардид. Дар замони лашкаркашињои фотењон давлати Сосониён, ки ифодагари руњияи ќавмии мардумон буд, ба сабаби ситаму истисмори бењадди ањолї ин руњияро дар миёни мардум заъиф гардонид. Аз ин рў мардуми ќисмати ѓарбии Эрон (нисбат ба мардуми Мовароуннањру Хуросон) дар баробари њуљуми бегонагон чандон муќовимат нишон надоданд. Аммо бо гузаштани сад сол аз њукумату зулми мардумони биёбонї ва бартариљўињои рўзафзуни арабњо дар муќобили он њаракати фарњангии шуубия сар зад, ки бештар дар миёни рушанфикрон пањн гардид. Бо сарозер шудани муњољирони араб ба сарзаминњои Эрон, Хуросон ва Мовароуннањр ва зиндагии муштарак муќовимати ду фарњанг зоњир гашт. Арабњо тамоми муваффаќиятњои љомеъаи исломиро ба худ нисбат дода, халќњои ѓайриарабро тањќир мекарданд. Ин њаракат равиши навъан исломии баёни даъво ва хостањои мардуми ѓайриараб буд. Истилоњи шуубї, бархоста аз як ояи Ќуръон аст, ки дар он бартариљўии ќавмиву нажодї мањкум гашта, порсоиву илму маърифат чун меъёри наздик будан ба Худо эътироф шудааст. Ин њаракат бештар дар миёни рушанфикрон пањн гардида буд. Њанўз дар замони Уммавиён даъвоњои шуубї сар зада, аммо бештар характери пинњонкориро дошт. Худи дастгоњи хилофати аббосї њам, ки нисбат ба арабњо дида, таваљљўњи бештар ба маволї дошт, барои густариши ин њаракат мусоидат намуд. Дар ашъори баъзе аз намояндагони шуубия дар ибтидо баробарии Арабу Аљам баён меёфт. Дар марњилањои баъдї бошад, арабњову фарњангу ахлоќи онон сахт накўњиш шуда, баръакс забону фарњанги мардуми эронинажод ва таъриху тамаддуни он ситоиш мегардад. Намояндаи барљастаи ин њаракат Ибни Муќаффаъ, Њамиди Бахтакон, Сањл ибни Мишонї, Аълони Шуубї, Абўубайда, Башшор ибни Бурд, Мутаваккилї ва ѓайра бо сурудани ашъор ва тарљумаи осори тоислмї ба забони арабї афкори шуубияро дар миёни мардум пањн мекарданд. Ин њаракат то асри XI давом карда, Фирдавсї ва Асадии Тўсї низ намояндагони ин љараён мањсуб мегарданд. Ин њаракат нишонгари огоњї ва њамбастагии мардумони эронинажод дар баробари арабњо буд, ки минбаъд барои даъвоњои сиёсиву ќудратхоњии сулолањои мањаллї низ мусоидат кард. §2. Давлати Тоњириён. Тоњир ибни Њусайн ва Абдуллоњ ибни Тоњир. Каме пас аз поёни фољеавии хонадони бармакї силсилањои дигари эронитабор ба корњои идорї љалб гардиданд. Ибтидои љалб гардидани ду сулолаи тољикї ба корњои идории хилофат аз шўриши Рофеъ Ибни Лайс оѓоз мегардад. Рофеъ яке аз салашкарони араб буда, соли 806 дар Самарќанд даст ба шўриш мезанад ва ањолии мањаллї, ки аз андозњои бењадди Аббосиён ба дод омада буданд, ба ин шўриш њамроњ гаштанд. Шўриш Бухоро, Фарѓона, Истаравшан, Чоч ва дигар музофотро низ фаро гирифт. Барои фурў нишонидани ин ошўб дастгоњи хилофат ба ашрофи мањаллї аз љумла Тоњир ибни Њусайн ва фарзандони Асад ибни Сомон мурољиат кард. Дар воќеъ наќши ин ду хонадон дар ором сохтани авзоъ хеле бузург буд. Пас аз фавти халифа Њорун миёни писаронаш Амин ва Маъмун барои хилофат низоъ сар зад, ки ба љанги бузурге мубаддал гардид. Барои ба ќудрат расидани халифа Маъмун (813-833) наќши мардуми Хуросон бо сарварии сарлашкар Тоњир ибни Њусайн муњим буд. Маъмун низ ба подоши ин њама хидмат соли 821 Тоњирро ба вазифаи хеле масъули амири Хуросон (821-822) таъин намуд. Аммо агар раванди њодисањои ин давраро хуб баррасї кунем, мебинем, ки мањз авзои он рўзи Хуросон ва ќудрати рўзафзуни хуросонињо дар хилофат Маъмунро водор кард, ки чунин фармонеро имзо кунад. Тоњир аслан аз Пўшанг, ки дар наздикии Њирот буд, бархоста, бо далериву мардонагї ном бароварда буд. Ў шањри Марвро пойтахт ќарор дод. Муњимтарин иќдоми Тоњир дар давраи кўтоњи њукмронияш (як солу шаш моњ) аз зикр накардани номи халифа дар хутбаи намоз буд. Ин амал дар он замон маънои эътироф накардани халифа ё худ даъвои истиќлол карданро дошт. Аммо як рўз пас аз ин њодиса Тоњир ибни Њусайн аз љониби љосусони халифа, ки теъдодашон хеле зиёд буд, тавассути зањр додан (ки маъмултарин равиши Аббосиён буд), аз миён бардошта шуд. Дар њамин ваќт авзои Сиистон бинобар шўриши хориљиён ноором буд. Аз ин рў халифа писари Тоњир Талњаро ба љои падар амири Хуросон (822-828) таъин намуд. Бештари давраи аморати Талња сарфи даргирї бо хавориљи Сиистон шуд. Талња аз сарнавишти падар ибрат гирифта, бо хилофат аз дари созиш даромад ва то поёни умри худ аз халифаву фармонњои ў итоат мекард. Пас аз маргї Талња писараш Алї ќоиммаќоми падар гардид, вале дар љанги дохилї бо шўришиён кушта шуд. Маъмун писари дигари Тоњир Абдуллоњро, ки дар љабњањои дигари хилофат бо шўришиён мубориза мебурд, барои сомон бахшидани авзои ноороми Хуросон бар ин вилоят амир таъин кард. Абдуллоњи Тоњир (830-844) хирадмандтарин намояндаи Тоњириён мањсуб мешавад. Халифа Мўътасим барои костани нуфузи Тоњириён мухолифони онњоро ба шўриш тањрик мекард. Абдуллоњи Тоњир ба умури кишоварзї ањамияти зиёд медод ва дар ин самт ислоњот низ гузаронид. Ў барои њимояи кишоварзон кормандони хирољро вазифадор кард, ки ба ситаму бедод хотима дињанд ва фармуд «Бо барзгарони вилоят мадоро кунед, кишоварзї ки заиф гардад, ўро ќувват дињед ва ба љои хеш боз оред, ки Худои азза ва љалла моро аз дастњои кишоварзон таъом кардааст, аз забонњои эшон салом кардааст ва бедод кардан бар эшон њаром кардааст». Дар он замон ба навиштаи муаррихи тољик Гардезї миёни кишоварзон барои корезњо хусуматњо сурат мегирифт, бо супориши Абдуллоњи Тоњир фаќењон китобе таълиф карданд, ки барои њалли ингуна мушкилњо дар асрњои минбаъда њам хидмат кард. Аммо ин маънои онро надорад, ки дар давраи њукумати ў њељ норозие набуд ва шўришњои зиёде, ки зери шиорњои мазњабї дар Сиистон рух медод, њикоят аз мављуд будани ситамгарї ва бедодї аст. Бо вуљуди ин, дар идораи Хуросон аз пешгузаштагон њељ кас мисли ў муваффаќ набуд, зеро мулкро комилан мустаќилона идора мекард ва пойтахтро низ ба Нишопур овард. Ин сарвари озода ба илму адаб алоќаи зиёд дошт, зеро дар Баѓдод тањти назорати халифаи донишманд Маъмун тарбият гирифта буд. Худи Маъмун ба Абдуллоњи Тоњир мегуфт, ки «дар ту њељ айбе нест, љуз он ки ба шеър ва ањли он алоќаи бисёр дорї». Намунаи дигари илмдўстиву маърифатпарварии Абдуллоњ он буд, ки дастур дод, кўдакони ятиму бепарастор низ аз мактаб дур намонанд ва саъй мекард, то таълиму тарбияти иљбориро ба роњ монад. Барои он давра ин тадбири некандешона як гоми бузург буд. Ў нисбат ба бародарзодааш Мансур ибни Талња, ки њокими Марв, Омўл ва Хоразм буд муњаббати бепоён дошта, ўро «њакими Оли Тоњир» меномид ва бо ў мефахрид. Набояд фаромўш кард, ки фарќи Абдуллоњи Тоњир аз падараш он буд, ки ў дар муњити арабї тањсил карда, нисбат ба суннатњои адабиву фарњангии то исломї ва забони форсї (тољикї) бегона буд. Абдуллоњи Тоњир дар шањри Нишопур китобхонаи бузурге таъсис дод, ки донишмандон ва дигар хоњишмандон аз он истифода мекарданд. Олимони зиёде аз тарафи Тоњириён ба Нишопур даъват шуда, дар ин шањр мезистанд ва аз ёрии амирони тоњирї бархурдор мегаштанд. Аз љумла Абуусмон Сањл ибни Бушр ибни Алии мунаљљим, Абуубайд Ќосим ибни Салом, Исњоќ ибни Роњуя ва ѓайра дар хидмати амирони тоњирї ќарор доштанд. Дар замони Тоњириён љойгоњи хонадонњои бузурги ашрофї, ки дењќон (ё дењгон) ном доштанд, меафзояд. Аз љумла хонадонњои Комгориён ва Микоилиён бо Тоњириён муносибати нек барќарор карда буданд. Ин силсилањо бо вуљуди пазириши ислом ба суннатњои тоисломї ва фарњангу забони форсии тољикї алоќаи фаровон доштанд. Дар шањрњои Хурсони њанўз пайравони дини зардуштї зиёд буданд ва муносибати Тоњириён бо ин љамоањо хуб буд. Абдуллоњи Тоњир бо намояндагони зардуштї робитаи хуб дошт ва њатто писари амакашро ба хотири он ки ба як нафар зардуштї хиёнат кардааст, љазо дод. Ба дарбори хилофати Баѓдод пайравї карда, амирони тоњирї дар Нишопур базмњои шеъру мусиќї доир менамуданд, ки бењтарин шоирону ањли санъат дар он иштирок мекарданд. Аммо шеъри арабї дар ин базмњо бештар садо медод. Дар ин давра теъдоди ѓуломони турк дар Хуросон ва Мовароуннањр меафзояд ва тиљорати ѓуломон яке аз манбањои хуби даромад дар саросари ќаламрави хилофат буд. Дастањои ѓозиён ва фаъолияти онон. Фарзанди Абдуллоњ Тоњири II (844-862) саъй кард, ки равиши падарро идома дињад, вале замони амирии ў авзои Систон хароб гардида, шўриши айёрон сар зад ва амалан Сиистон аз доираи њукмронии Тоњириён хориљ гашт. Дар ин ваќт бар муќобили шўриши хориљињо, махсусан њуљумњои пай дар пайи ќабилањои бодиянишини турк, ки хилофати аббосї ва амнияти умумии ќаламрави хилофатро тањдид мекарданд, дастањои ѓозиён ташкил гардида, бо пурзўр шудан онњо њатто даъвои ќудрати сиёсї мекарданд. Охирин намояндаи Тоњириён Муњаммад ибни Тоњир (862-873) дар умури давлатдорї шоистагии падару бобояшро надошт ва машѓул ба айшу ишрат буд. Дар ањди њукумати ў ќиёми алавиёни Табаристон ављ гирифта, шўриши айёрон бо сарварии Яъќуби Лайс шиддат гирифт. Дар охири давраи њукмронии Тоњириён танњо пойтахт Нишопур дар ихтиёри онњо ќарор дошту бас. Яке аз минтаќањои ноороми Тоњириён Табаристон буд, ки дар ин љо шўришњои пай дар пайи алавиён сар зад ва боиси тамоман заиф шудани ќудрати Тоњириён шуд. Дур шудан аз мардуми оддї ва фаромўш сохтани арзу ниёзи мардуми ситамкашида Тоњириёнро аз такягоњи иљтимої мањрум сохт ва ин сабаби аслии заволи ќудрати онњо гардид. Тоњириён сиёсати мусолињаомезро дар пеш гирифтанд ва бо фиристодани хирољу њадя ва зикри номи халифањои Баѓдод дар хутба тавонистанд бе инќилобу хунрезї заминањои истиќлоли сарзамини Тољикро муњаё созанд. §3. Давлати Саффориён Яъќуб ва Амр ибни Лайс. Миёнаи асри IX давронест, ки хилофати Аббосиён ќудрати пешини хешро аз даст дода, дар гўшаву канори хилофат шўришу ошўбњои зиёд сар заданд. Худи халифањо ба бозичаи дасти сипоњиёни турк табдил ёфта, дигар маљоли бартараф кардани ошўбњоро надоштанд. Дар ин давра шўришњои айёрон як њодисаи маъмулї гардид. Хусусан Систон ба маркази баромадњои гурўњњои гуногуни иљтимої гардид. Хориљиён, аз норозигии мардум хуб истифода карда, такягоњи худро аз ин њисоб пурќувват мекарданд. Њар замоне, ки омилони халифа барои љамъоварии андоз меомаданд, фурсате буд барои ба мубориза хезонидани ањолї. Лайс, ки ба мисгарї машѓул буд (ва бо забони арабї ин шуѓлро саффор меноманд), чањор писар дошт, ки дар айёми нобасомони миёнаи ќарни IX њамагї ба љангу сипоњ сару кор доштанд. Тоњир ва Алї дар хидмати дигар саркардањои њарбии он рўз ќарор доштанд. Яъќубу Амр бошад ба айёрї ё ба таъбири дигар ба роњзанї машѓул буданд. Халифаи Баѓдод барои фурў нишонидани ошўби хориљиён дар Хуросону Систон Солењ ибни Насрро фиристод. Ў бо шикаст додани хориљиён ва сомон бахшидани авзоъи минтаќа дар чашми њукуматдорон ва миёни мардум мањбубият пайдо кард. Пас аз фавти Солењ љойнишини ў Дирњам ибни Њасан натавонист, ки миёни лашкариён нуфузу эътибор пайдо кунад. Яъќуб бо тарафдоронаш аз фурсат истифода бурда, ќисме аз дастањои ѓозийнро низ ба тарафи худ кашид, идораи кишварро ба даст гирифт ва соли 861 Сиистонро пурра тасарруф намуд. Сипас њокими Кобулро бо найранг ба њалокат расонида, байни солњои 862-866 Њирот, Пушанг, Балх, Бомиён ва Форсро аз дасти маъмурони Тоњириён берун кард. Соли 873 аз фориѓболии Муњаммад ибни Тоњир – охирин амири тоњирї истифода карда, дарбори ўро ба суйи хеш љалб кард ва дар муњорибаи сарнавиштсоз нерўњои онро торумор карда, Нишопурро ба даст даровард. Муносибати Саффориён бо халифа. Халифа аз пешравињои Яъќуб љиддан норозї буд, вале чорае љуз ин надошт, ки њукумати ўро бар ноњияњои забткардааш ба расмият бишносад. Яъќуби Лайс халифа ва арабњоро чашми дидан надошт. Ваќте, ки намояндаи Тоњириён аз ў, ки ќасди тасхири Нишопурро дошт, пурсид ки оё ањду ливои халифаро њамроњ дорад ё на, дар љавоб аз зери љойнамози худ шамшерашро берун карда гуфт: магар на њамин теѓ халифаро ба Баѓдод нишондааст, маро њам бад-ин љойгоњ њамин теѓ нишонид ва ањди ману они амиралмўъминин якест. Яъќуб бар хилофи Тоњириён аслан арабї намедонист. Дар «Таърихи Сиистон» омадааст, ки яке аз шоирони хўшомадгў Яъќубро бо забони арабї ситоиш кард, ў забони арабиро намедонист ва эътироз кард, ки чаро маро бо забоне васф кардаї, ки онро намедонам. Муњаммад ибни Васиф ном дабири ў дар он љо њозир буд, бо забони форсии тољикї шеър гуфт ва њамин тавр шеъри форсї дар сарзамини мо роиљ гашт. Зиддияту бадбинии Яъќубу халифаи аббосї Мўътамид танњо бо суханоне зидди якдигар анљом наёфт. Ў мехост ба Баѓдод равад ва халифа аз шунидани ин тасмими ў нороњат шуда, бо фиристодани маншур њукумати Хуросон, Гургон, Рай, Форс ва њамчунон вазифаи шањнагии Баѓдодро ба ў бахшид, вале иљозати омадан дорулхилофаро надод. Яъќуб халифаро тањдид карда, соли 876 бо сипоњи худ рањсипори Баѓдод шуд. Халифа лашкари азимеро бо роњбарии бародараш ал-Муваффаќ ба муќобили амири саффорї гусел намуд. Пешвои шўришиёни зангї њам, ки бар зидди халифа бархоста буд, ба Яъќуб пешнињоди њамкорї намуд, вале Яъќуб ба нерўи худ эътимод карда, иттињод бастан бо ѓуломонро барои худ ор њисобид ва ин пешнињодро рад намуд. Дар набарди сипоњиёни хуросониву баѓдодї Яъќуб далериву љасорати бемонанд нишон дод, вале саранљом шикаст хўрда, ќафонишинї кард. Њангоме, ки Яъќуб дар бистари беморї буд, халифа тавассути сафире ба ў њадяњои зиёд фиристода, вайро дилљўї кард. Яъќуб дар њузури фиристодаи халифа нону пиёз ва шамшер хоста ба сафир гуфт: «аз сўи ман ба халифа бигўй ки ман хаставу вомондаам, агар бимирам туву ман аз дасти якдигар халос хоњем шуд, вале чунончї зинда бимонам, ин шамшер миёни мо ду нафар њакам хоњад буд ва дар сурате, ки ту пирўз шавї, ман даст аз њукумат шуста, ба ин нону пиёз ќаноат хоњам кард». Њанўз фиристодаи халифа ба Баѓдод нарасида, Яъќуб (соли 879) чашм аз љањон фурў баст. Яъќуби Лайс бузургтарин чењраи сиёсї ва ќањрамони набарди истиќлолхоњии мардуми Хуросону Мовароуннањр буд. Ў њамчун сарлашкар бењамто ва бо зердастон мењрубон буд. Њар ваќте ки аз сипоњ дидан мекард, дастур медод, ки нахуст ба лашкариёни оддї ѓизо ва либос дињанд, сипас саркардањоро мепурсид. Яксола маошу хўрока ва либоси лашкариёнро медод, то он ки бо фароѓи хотир ба кори хеш пардозанд. Дар бистари марг Яъќуб бародараш Амрро љойнишини худ эълон карда, сипоњиёнро даъват кард, ки аз ў итоат намоянд. Амр нахуст ба халифаи аббосї нома навишта, изњор дошт, ки нисбат ба Аббосиён вафодор аст. Халифа дар љавоб фармони њукумати Форс, Кирмон, Исфањон, Табаристон, Сиистон, Ироќи Аљам ва шањнагии Баѓдодро ба номи ў содир кард. Амр нахуст бародари норозии худ Алиро бо додани пулу мол ором карда, сипас яке аз саркардањои саркаш Рофеъ ибни Њарсамаро дар Мозандарон шикаст дод ва обруву нуфузи зиёд пайдо кард. Амр ният дошт, ки Мовароуннањрро њам зери итоати худ оварад. Ягона њарифе, ки дар ќисматњои шарќии хилофат њанўз аз Амр итоат намекрд, Исмоили Сомонї буд. Халифаи маккори аббосї аз ќудратёбии ду саркардаи тољик љиддан нороњат буда, интизори раќобату даргирии низомии ду саркардаи машњур ва ду силсилаи мањаллї буд. Халифа њар ду љонибро њам дастгирї карда, корро ба љое расонид, ки љанги ду сипањсолори тољик ногузир шуд. Солњои 899-900 миёни Амр ва Исмоил љанг рух дод. Дар ин мубориза Исмоили Сомонї тавонист, ки рўњияи мардуми Мовароуннањрро бар муќобили Амр бархезонида, аз тамоми табаќањои ањолї дар мубориза бар алайњи ў истифода намояд. Дар муњорибаи њалкунанда, ки соли 900 -ум рух дод, Амр асир гардид ва Исмоил ўро ба Баѓдод фиристод, ки њамон љо аз олам дар гузашт. Бо асир шудани Амр ќудрати Саффориён ба анљом расид. |