Главная страница
Навигация по странице:

  • §10. Давлати Сомониён дар нимаи дуввуми асри X ва сабабњои барњамхўрии он Ављи раќобатњо барои мансаб.

  • Сабабњо ва оќибатњои аз байн рафтани давлати Сомониён.

  • БОБИ VII . Халќи тољик дар њайати давлатњои Осиёи Марказї аз асри XI то миёнаи асри XIV §1. Давлатњои Ѓазнавиёну Ќарахониён.

  • Таъсиси салтанати Ѓазнавиён.

  • Таъсиси давлати Ќарахониён ва забти Мовароуннањр.

  • апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов


    Скачать 3.71 Mb.
    НазваниеНамоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
    Дата10.10.2022
    Размер3.71 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01..doc
    ТипДокументы
    #724565
    страница12 из 57
    1   ...   8   9   10   11   12   13   14   15   ...   57
    §9. Анљоми ташаккулёбии халќи тољик.
    Раванди ташаккулёбии халќњо њодисаи тўлонї буда, барои ба анљом расидани он унсурњои зиёде ба кор гирифта мешаванд. Њанўз дар остонаи њуљуми арабњо раванди дар як халќияти том муттањид гаштани ќавмњои шарќї-эронї шурўъ гардида буд. Хусусан замони њукумати Сосониён ва Њайтолиён бо муњаё гаштани баъзе шароит ин раванд бо суръат љараён дошт ва чї тавре ки дар боло ишора шуд, яке аз паёмадњои муњими салтанати Њайтолиён суръат бахшидан ба раванди этникї мањсуб мегардид. Вуруди туркњо ба Осиёи Миёна ва ба дунболи он забти ин сарзамин аз тарафи арабњо раванди ташаккули халќияти тољикро боздошт. Суѓдињо, тахорињо, хоразамињо, фарѓонињо, хуросонињо халќиятњое буданд, ки њазорсолањо ќабл дар сарзамини аљдодии худ умр ба сар мебурданд. Ин халќиятњои шарќї эронї гарчанде баромади ягона ва иртиботи наздик дошта бошанд њам, њар кадом фарњангу суннатњои хоси худро дошт.

    Замоне ки њокимияти Хуросону Мовароуннањр дар дасти Сомониён буд, раванди ташаккулёбии халќи тољик анљом ёфт. Омилњои зерин барои ташаккулёбии тољикон њамчун халќи воњид мусоидат карданд:

    - нахустин омили вањдатофарин дар њудуди ягона сарљамъ омадани халќиятњои суѓдї, тахорї, хоразамї, фарѓонї, хуросонї буд. Шањру минтаќањои муњиме чун Самарќанд, Бухоро, Чоч, Кеш, Истаравшан, Хуљанд, Хоразм, Фарѓона, Тироз, Исфиљоб, Шумон, Чаѓониён, Хатлон, Балх, Њирот, Ѓур, Кобул, Ѓазнин, Марв, Тўс, Нишопур, Сабзавор, Рай маскангоњи аљдодони тољик дар ќаламрави ягонаи Сомониён ба њам омаданд. Миёни ин минтаќањо ѓайр аз иртиботи сиёсї, инчунин робитањои иќтисодї, маданї ва этникї пайдо шуд;

    - дуввумин омил пайдо гаштани забони ягона буд. Ќабл аз пањншавии ислом њар ќавме бо забону лањљаи худ њарф мезад. Дар љараёни љоришавии ислом дар Мовароуннањр мардумони зиёде аз Форсу Хуросон арабњоро њамроњї мекарданд. Забони форсї барои таблиѓи ислом миёни ањолии Осиёи Миёна наќши муњим мебозид. Бо омадани ислом дигар шароите барои рушди забонњои мањаллї боќї намонд Њарчанд ањолии Бухоро бо забони суѓдї такаллум кунанд њам, ба навиштаи Наршахї дар ибтидои кор дар Бухоро Ќуръонро бо забони форсї мехонданд. Форсии нав бештар дар шањрњо љорї гардид ва дар асрњои минбаъда њам дар гўшаву канор ва рустоњои дурдаст мардум њанўз бо забонњои мањаллї гуфтугў мекарданд;

    - омили саввум пайдо шудани робитањои иќтисодї ва иљтимої миёни музофоти гуногуни ќаламрави Сомониён буд. Бо муњаё гаштани амнияту оромї имкони барќарории робитањо миёни ќавмњои ин сарзамин падид омад. Зиёд гаштани робитањои хешу таборї ва никоњњои байни халќњо низ њодисаи маъмулї гардид. Агар дар рафти забткории худ арабњо аз зиддияту дури минтаќањои Осиёи Миёна истифода бурда бошанд, пас дар љараёни муборизањои озодихонаи ин мардум алайњи истилогарон ягонагї ба мушоњида расид.

    - омили чањорум дар асоси дини ислом ташаккул ёфтани урфу одати тољикон ва дар асоси дини ягона муттањид гаштани аксари форсизабонон ба њисоб мерафт. Зеро чї тавре, ки дар боло ќайд гардид, то омадани арабњо ва пањн шудани ислом аљдодони тољикон ба дину ойинњои гуногун аќида доштанд.

    Њамин тавр дар асри X раванди тўлонии ташаккулёбии халќияти тољик ба анљом расид. Аз миёнањои асри XI баъд ин умумияти азими этномаданї номи тољик (тозик)-ро гирифт.
    §10. Давлати Сомониён дар нимаи дуввуми асри X

    ва сабабњои барњамхўрии он
    Ављи раќобатњо барои мансаб. Дар хонадони сомонї одати нохўше роиљ гардида буд, ки он дар синни хурдсолї ба вазифаи масъули амирї расидани амрзодањо буд. Аз љумла Абдумалики I ибни Нўњ (954-961) њам замоне, ки амири Хуросон шуд, њамагї дањсола буд. Ў аз падар кишвари ошуфатаву бесомонро ба мерос гирифт. Вазъияти ноороми кишварро дида, дар гўшаву канор мулкњои зиёде даъвои истиќлол карданд. Гузашта аз ин ин вазъ аъёни дарборро низ густох карда, ќудрати амирони сомониро дар чашмашон ночиз љилва медод.

    Абдумалики I бо халифаи аббосї муносибати хубро ба роњ монда, пас аз солњои тўлонї хутбаро бо номи халифа Мутеъ хонд. Њамчунон ин амири сомонї барои поён бахшидан ба низоъи дањсолаи Сомониёну бо Бувайњиён соли 955 ќарордоди сулњ имзо кард, вале ин ќарордод ба фоидаи Сомониён набуд. Марги Абўалии Чаѓонї (соли 955) њам фурсате дигар барои ќомат рост кардани Сомониён фароњам овард. Ќудрати саркардањои њарбии турк аз љумла Алптегин ба њадде расид, ки дар давоми панљ сол чор вазирро барканор сохт. Саранљом Абўалии Балъамї бо ишорати Алптегин ба вазорати Абдумалик мансуб шуд ва ин ду нафар бо њам ањд карданд, ки њељ кореро бе машварати якдигар накунанд. Аз ин таърих ба баъд вазифаи сипањсолории Хуросон њам ба дасти туркон афтод. Хонадони Симљурињо аз љумлаи онњо буданд, ки минбаъд барои Сомониён мушкилоти фаровонеро офариданд. Аз љумла сипањсолори Хуросон Абулњасани Симљурї чунон бар мардум зулму ситам кард, ки ањолї аз шањрњои Хуросон барои додхоњи то Бухоро омаданд. Абдумалики I маљбур гашт, ки соли 960 ўро аз ин вазифа барканор намояд. Ба чои ў Абумансур Муњаммад ибни Абдураззоќи тусї ба вазифаи сипањсолории Хуросон мансуб гашт. Марги нобањангоми Абдумалик дар ваќти аспдавонї ва бозии чавгон авзоъи кишварро барњам зад, зеро ў њанўз вориси худро муайян накарда буд, чун њанўз дар бораи марг намеандешид.

    Алптегин, ки дар ин њангом њамакораи даргоњи сомонї буд, писари хурдсоли Абдумалик, Насри III-ро ба тахт нишонид, вале ў њамагї як рўз бар тахт нишаст. Аъёну ашроф ба тахт нишастани писари 5 солаи Абдумаликро хилофи аќлу тадбир ва манофеъи давлати сомонї дида, бародари Абдумалик Мансурро ба тахт нишонданд.

    Аморати Мансур ибни Нўњ (961-976) бо љанги сипоњи сомонї бо Алптегин ва пирўзии Алптегин оѓоз шуд. Алптегин дар соли 961 Ѓазнинро тасарруф кард ва аморати мустаќилеро бино нињод. Сомониён танњо пас аз марги Алптегин (963) тавонистанд Ѓазнинро ба тобеъияти худ дароваранд. Набудани боварї ба дастгоњи марказї ва зиддиятњои дохилии дарбори вазъи Сомониёнро хеле душвор гардонида буд. Аз љумла сипањсолори нави Сомониён дар Хуросон Абумансур Муњаммад ибни Абдураззоќи тусї чун эњсос кард, ки њукумати ў чандон тўл намекашад, даст ба ѓорати хазина ва ањолї зад. Дар ањди Мансур инчунин вазъи Систон низ ба сабаби шўришњои пай дар пай ноором гардид. Дар давраи аморати Мансур љангњои пай дар пай бо сулолањои Зайёрињо ва Бувайњиён харљи иловагиро таќозо мекард. Аз љумла соли 967 миёни сипоњи сомонї ва бувайњї барои ба даст овардани Кирмон задухўрди низомї сурат гирифта, бо шикасти Сомониён ба анљом расид ва Кирмон ба итоати Бувайњиён даромад. Нињоят бо кўшишњои вазири сомонї Абўљаъфари Утбї ва вазири Оли Бўя Соњиб ибни Аббод соли 972 миёни Сомониён ва Бувайњиён соли сулњ баста шуд. Ин сулњ Сомониёнро дар самти ѓарбии ќаламрави худ осуда гардонид.

    Пас аз марги Мансур писари хурдсоли ў Нўњи II (976-997) амири Хуросон гардид. Аз хурдсолии ў истифода карда, вазирону дарбориён ва модараш ба корњои давлатдорї дахолат мекарданд. Мушкили дигари хонадони сомонї ин шахсияти Абулњасани Симљурї сипањсолори Хуросон ва саркашињои ўву ќудрати рўзафзунаш дар дарбори Бухоро буд. Ў ањолии Хуросонро торољ карда, дар якљоягї бо саркардаи дигари турки дарбори сомонї Фоиќ соли 982 вазир Абулњасани Утбиро ба ќатл мерасонад. Марги ин вазир сабаби нооромї ва ошуфта гаштани муњити дарбор гардид. Миёни Абулњасани Симљурї ва Фоиќ иттињоде мављуд буд ва онњо дар якљоягї шароити буњрониро дар ќаламрави Сомониён ба миён меоварданд. Амирони сомонї дар вазъияти нињоят баде ќарор доштанд ва барои наљот додани вазъи ба амал омада ва рањої аз султаи як сипањсолори турк ба турки дигар паноњанда мешуданд. Аз љумла бар муќобили Абулњасани Симљурї ва Фоиќ амири сомонї турки дигар Тошро ба худ наздик месозанд, вале пас аз чанде ин турк низ дар муќобили Сомониён ќарор мегирифт.

    Тош ва Фоиќ дарбори сомониро ба арсаи низоъњои дохилї мубаддал гардониданд ва амиру вазирон барои пешгирии ин бесару сомонињо ќудрат надоштанд. Вазъи амирони сомонї чунон гардид, ки онњо аз ќудрати воќеъии сиёсї ва низомї мањрум гардида, гоњ ба ин саркардаи њабї паноњ мебурданд ва гоње ба дигар. Соли 988 дар Нишопур ва дигар шањрњои Хуросон вабо сар мезанад, ки бар асари он мардуми зиёде талаф мегарданд. Дар миёни талафшудагон Тош низ ќарор дошт. Нафрати мардум нисбат ба Тош ва наздикони ўро аз њамин љо фањмидан мумкин аст, ки бо шунидани хабари даргузашти Тош ањолї шўриш бардошта, наздикони Тошро кушта, молу мулки онњоро ба ѓорат бурданд. Пас аз даргузашти Абулњасани Симљурї (989) писараш Абўалї ба ќудрат мерасад ва ў низ чун падараш заминањои барњамхўрии давлатдории сомониро тезонид. Дар солњои 90-уми асри X ба арсаи ќудрати давлати сомонї ду турки дигар афзуд мешавад. Инњо Бектузун ва Инонљ буданд, ки амир Нўњи II онњоро барои бартараф кардани Фоиќ фиристод. Пас аз шикаст хўрдани Фоиќ аз Бектузун ва Инонљ (соли 990) ў барои ќасд гирифтан аз амири сомонї ва дарбори Бухоро ба хони ќарохонї мурољиат намуд. Ќарохониён то ин дам бар шањри Исфиљоб соњиб гашта буданд.

    Аз парешонии вазъи Мовароуннањр ва бечорагии амирони сомонї истифода бурда, хони ќарохонї Буѓрохон соли 992 ба Бухоро њамлавар гашта, онро забт кард. Дар баробари далелњои дигар барои ба Мовароуннањр њуљум кардани Ќарохониён туркони дохили дарбори сомонї наќши асосї доштанд. Ин туркњо бо фиристодани нома аз хони ќарохонї таќозо карданд, ки ба Мовароуннањр њуљум оварад ва вазъиятро низ барои ин кор мусоид номида, ба хон ваъда доданд, ки ўро дар ин самт ёрї мекунанд. Ин њодиса нишон дод, ки давлати сомонї гирифтори буњрони амиќ буда, ниёз ба ислоњоти куллї дорад. Нўњи II маљбур шуд, ки Бухороро тарк кунад. Ў борњо ба сарварони низомии дарбор, ки њама турк буданд ва хосатан аз Абўалии Симљурї хоњиш кард, ки ўро ёрї намояд, аммо Абўалї бањона пеш оварда, дар ин кор таъхир менамуд. Беморї ва марги нобањангоми хон ба Нўњи II имкон дод, ки дубора ба Бухоро баргардад. Буѓрохон ќабл аз он, ки Бухороро тарк кунад, амаки Нўњи II Абдулазиз ибни Нўњ ибни Насрро даъват карда, ўро амири Сомониён номид. Нўњи II њам ба Бухоро баргашт. Аммо ба љои чораандешї ў нахуст даъвогари тахту тољ Абдуазиз ибни Нўњро кўр карда, барои саркўбии туркони дарбор ба турки дигар Сабуктегин рўй овард. Фоиќ ва Абўалии Симљурї, ба амир Нўњи II хиёнат карда буданд ва умед доштанд, ки пас аз забти Бухоро дигар аз Сомониён ва давлати онон њељ асаре боќї намемонад, аммо пас аз бозгашти Нўњи II барои ояндаи худ нигарон шуданд барои пешгирї кардани њар гуна амалиёт аз тарафи Нўњи II ќасд карданд, ки бо роњи љанг ўро аз миён бардоранд. Лашкари Сомониёнро Сабуктегин амири Ѓазна роњбарї мекард. Дар муњорибаи соли 994 дар назди Њирот ба Сабуктегин, муяссар гашт, ки артиши якљояи Фоиќ ва Абўалии Симљуриро шикаст дињад. Нўњи II баъди ин пирўзї ба Сабуктегин лаќаби «носир-ад-дин вад-давла» (њомии дин ва давлат) ва ба писараш Мањмуд лаќаби «сайф –уд-давла» (шамшери давлат) бахшида, заминаи ќудратёбии ононро фароњам кард. Абўалии Симљурї ба дарбори Бухоро омада, узрхоњї кард, аммо амири сомонї ўро зиндон карда, бо талаби Сабуктегин ўро ба Ѓазнин фиристод ва ў дар он љо аз дунё гузашт. Њамин тавр хонадони Симљурињо аз байн рафт, вале дигар хонадон яъне оли Сабуктегин ё Ѓазнавиён фаъолона ба арсаи сиёсї ворид гаштанд.

    Мансури II ибни Нўњ (997-999) њам дар хурдсолї ва замоне ба ќудрат расид, ки шерозаи њукумати Сомониён пурра аз њам гусаста шуда буд. Яке аз мушкилоти Сомониён дар ин марњила ин буд, ки вазирони онњо бо њарбиёни турк њамеша дар ихтилоф буданд. Аз љумла писари Сабуктегин Мањмуд бо дастури падараш соли 995 вазири Нўњи II Абдуллоњ ибни Азизро, ки дар тасмимгирињои амир таъсири босазо дошт, аз вазифааш барканор намуд. Фоиќ бошад, Вазири Мансури II Абулмузаффари Муњаммади Базѓашї (ё Барѓашї) бошад бо Фоиќ муносибати тезу тунде дошт ва барои рањоии љони худ, Бухороро тарк карда, дар Гузгонон паноњанда шуд. Саркардањои турк хўљаини комили мамлакат буданд. Миёни Фоиќ, Бектузун ва Мањмуд ќаламрави Сомониён таќсим мегашт ва дар давоми солњои 998-999 онњо чандин бор бо њам љангида, саранљом сулњ мекарданд. Саркардањои турк амири сомониро ба бозичаи дасти худ ќарор дода буданд ва амири нотавони сомонї њам ба њамаи хостањои онњо розї гашта, ба онњо мулку лаќаб мебахшид. Фоиќ ва Бектузун дар њамин њол метарсиданд, ки Мансури II бар зидди онњо бо Мањмуд созиш накунад. Аз ин рў январи соли 999 дар Сарахс амир Мансури II-ро дастгир карда, нобино сохтанд ва бародараш Абдумаликро ба амирї нишониданд. Барои Мањмуд бањонаи муносиб пеш омад, то даст ба амалиёти љиддї занад. Ў Бектузунро шикаст дода, ба шањрњои муњими Хуросон соњиб гашт ва аз тирагии муносибати Сомониён бо дастгоњи хилофати аббосї истифода бурда, ба номи худ ва халифа Ќодир хутба хонд ва амири Хуросон гардид. Илекхони ќарахонї њам моњи октябри соли 999 бо бањонаи њимояти хонадони сомонї вориди Бухоро гашта, амир ва тамоми намояндагони сомониро дастгир карда, дар шањри Узганд њабс кард. Бо њуљуми дубораи Ќарахониён Бухоро суќут кард ва салтанати Сомониён хотима ёфт.

    Сабабњо ва оќибатњои аз байн рафтани давлати Сомониён. Бо суќути дубораи Бухоро ба дасти Ќарохониён бисоти давлати сомонї барои њамешагї аз сањифањои таърих барчида шуд. Аммо яке аз намояндагони ин хонадон Абўиброњим Исмоил ибни Нўњ аз зиндони Узганд фирор карда, дар атрофии худ лашкаре љамъоварї кард ва пас аз талоши зиёд соли 1000 –ум њатто Бухороро фатњ кард ва пас аз пирўзї лаќаби «Мунтасир» (фотењ)-ро гирифта, дар таърих бо њамин ном маъруф гардид. Аммо ин амири ноком низ барои эњёи давлати аз даст рафтаи тољикон иштибоњи пешгузаштагонашро такрор карда, саранљом дар соли 1005 пас аз сарсониву ранљи зиёд кушта шуд ва офтоби толеъи Сомониён барои њамеша завол ёфт.

    Муаррихони зиёде доир ба сабабњои аз байн рафтани давлати сомонї фикру мулоњизањои хешро баён доштаанд. Сабабњои шикасту фурўпошии давлати Сомониён инњо буданд:

    1. Пас аз даргузашти Исмоили Сомонї то вопасин лањзањои мављудияти далати сомонї низоъу даргирињои дохилї аз миён нарафтанд ва љангњои бародаркўшї дар хонаводаи Сомониён њодисаи муќаррарї гардида буд;

    2. Музофотњои ќаламрави Сомониён на њамеша итоати марказро зарур мешумориданд. Баъзе минтаќањо танњо расман ба Сомониён итоат мекарданд;

    3. Сомониён дар артиш намояндагони ќавмњои бегона, аз љумла турконро љалб мекарданд. Бештари вазифањои баланди сиёсї ва низомиро њам туркњо соњибї карда, дар њолати зарурї ба Сомониён итоат намекарданд;

    4. Ситаму љафои коргузорони мањаллии Сомониён нисбат ба кишоварзону њунармандон ва дигар табаќањои иљтимої тадриљан афзоиш ёфта, намояндагони хонадони салтантї аз зиндагии воќеъии ањолї бехабар гардиданд.

    Ањолии Бухоро ва дигар шањрњои Мовароуннањр нисбат ба сарнавишти Сомониён бетарафї нишон доданд ва њамин тавр ба њукумати намояндагони унсури мањаллї барои садсолањо хотима дода шуд.

    Ногуфта намонад, ки аз солњои 30-уми асри X сар карда, дар њудудњои давлати Сомониён тарѓиботи равияњои гуногуни мазњаби шиъа, ки дар мухолифати хилофати аббосї ќарор доштанд, пурзўр мегардад. Махсусан пас аз таъсиси хилофати Фотимиён (909) тарѓиботи мубаллиѓони шиъа њадафманд сурат мегирифт. Дар ќаламрави Сомониён њам мувофиќи ахбори сарчашмањо дар замони салтанати Насри II ибни Ањмад ин њаракат, ки бо номњои ќарматї, ботинї, исмоилї ва ѓайра маъруф аст якчанд муваффаќият пайдо карда, баъзе аз аъёну ашроф ва кормандони баланлпояи давлатї онро ќабул карданд. Ин њаракат љињатњои пешќадам дошта бошад њам боиси эљоди шикоф дар хонадони њукуматгар ва сард гаштани муносибати онњо бо руњониён гардид.

    Бояд ќайд намоем, ки дар таърихи далатдории халќи тољик ва дигар халќњои Осиёи Марказї наќши Сомониён нињоят бузург аст. Сомониён бо зиракї ва равшанандешї суннатњои тоисломии аљдодони моро бо фарњанги исломї омезиш дода, фарњанги љањоншумули тољику форсро барои њазорсолањои баъдї ба мерос гузоштанд. Баъзе фарњангу забон ва тамаддунњои ѓанї (чун тамаддуни Миср) зери таъсири фарњанги исломї аз миён рафт, вале Сомониён забону фарњанг ва истиќлоли сиёсии мардуми эронинажодро пас аз дусад соли хомўшї дубора эњё карданд. Дар њељ давраи дигари таърихии мо тољикон њамзамон сиёсат, иќтисодиёт ва фарњанг якљо ба ин дараљаи тараќќиёту боландагї нарасидааст. Мардуми тољик њам ёди ин хонадони бокарамро гиромї медорад. Соли 1999 дар саросари љумњурї 1100 солагии давлатдории ин сулола бо шукўњу шањомати беандоза таљлил гардид.

    БОБИ VII. Халќи тољик дар њайати давлатњои Осиёи Марказї

    аз асри XI то миёнаи асри XIV
    §1. Давлатњои Ѓазнавиёну Ќарахониён.
    Шиддатёбии парокандагии феодалї. Дар натиљаи афзудани зиддиятњои дохилї ва пурзўр шудани љойгоњи горди ту

    ркї, ќудрати хонадони сомонї тадриљан коњиш ёфтан гирифт. Љангњои дохилї ва майлонњои марказгурез ситаму бедодро нисбат ба оммаи зањматкаш зиёд гардонд.

    Аз парокандагиву гирифторињои дохилии Сомониён истифода карда, туркони бодиянишин, ки то дирўз хирољпардози давлати сомонї буданд, сар аз итоати њукумати марказї печида, ба њуљум гузаштанд. Махсусан њуљумњои хоќонати туркони бодиянишини ќарахонї дар сарнавишти Сомониён ва таърихи минтаќа наќши калидї дошт. Онњо нахустин бор соли 992 Бухороро соњиб гашта, соли 999 барои дуввумин бор пойтахти давлати Сомониёнро ба даст оварданд. Онон барои хотима бахшидан ба њукумати Сомониён њамаи аъзоёни хонадони сомониро асир гирифта, дар шањри Узгенд зиндонї карданд. Вале бародари Абдулмалик – Абўиброњим Исмоил аз зиндон фирор карда, бо ташкили дастаи мусаллање аз тарафдорони худ барои аз нав барќарор сохтани тољу тахти Оли Сомон талош намуд.

    Абўиброњим соли 1000 дар набардњои назди Бухоро ва Самарќанд артиши туркони ќарахониро саркўб карда, муддате ба тахт нишаст ва њатто бо лаќаби Мунтасир (яъне пирўз) дар таърих машњур гардид. Сипас ў талош намуд, ки Хуросонро њам ба даст оварад. Султон Мањмуди ѓазнавї, ки худро меросхўри Сомониён дар Хуросон эълон карда буд, аз пирўзињои Мунтасир ба ташвиш афтода, бо Ќарахониён ќарордод баста, ба амалиёти якљоя даст зад. Баъзе аз љонибдорони Мунтасир њам аз миёни туркон даст аз мубориза кашида, ўро танњо гузоштанд. Дар натиља Мунтасир шикаст хўрда, соли 1005 аз љониби Ибни Бањиљ ном араби бодиянишин ба ќатл расонида шуд. Њамин тавр сарнавишти охирин намояндаи њукуматгари хонадони Сомониён ба таври фољеъаомез поён ёфт.

    Таъсиси салтанати Ѓазнавиён. Асосгузори сулолаи Ѓазнавиён (961-1187) Алптегин ном саркардаи њарбии Сомониён буд. Ў солњо дар артиши Сомониён хидмат карда, то баландтарин рутбаи њарбї расидааст. Аммо пас аз тира гаштани муносибати ў бо амирони сомонї, аз итоати Сомониён саркашї намуда, њатто нерўњои њарбии Сомониёнро шикаст дод ва соли 961 дар шањри Ѓазнин аморати мустаќили худро таъсис дод. Сомониён танњо пас аз даргузашти ў њукумати хешро дар ин минтаќа барќарор сохтанд. Ѓуломи Алптегин Сабуктегин њам солњо дар артиши Сомониён хидмат карда, муддате пас аз даргузашти Алптегин ба аморати Ѓазнин расид, аммо ў њељ гоњ расман сар аз итоати давлати Бухоро напечид ва то охирин лањзањои њаёти хеш (соли 997) ба Сомониён пойбанд монд. Фарзанди Сабуктегин Мањмуд бошад, њамроњи падар дар воќеъањову гиру дорњои дохилии хонадони сомонї иштирок карда, аз љониби Сомониён бо унвону лаќабњои ифтихорї њам мушарраф гардид. Мањмуд, ки дар фанни љангу умури њарбї нубуге хос дошт, аз авзоъи дохилии Сомониён хуб огоњ буда, фурсати муносиберо интизорї мекашид, то њукумати хешро эълон кунад.

    Мањмуд аз заъфу парешонии амирони охирини сомонї истифода карда, Хуросонро пурра ба даст овард ва пас аз суќути Бухоро ба дасти Ќарохониён худро амири Хуросон эълон карда, бо фиристодани миќдоре њадя ин унвонро расман аз халифаи Баѓдод дарёфт кард. Мањмуд сиёсати мазњабии тундро пеша сохта, њамаи раќибони сиёсиву њарбияшро низ бо љурми «бадмазњаб» барканор мекард. Дар ин давра фаъолияти рўњониёни иртиљої ва мутаасиб нињоят ривољ ёфт.

    Дењќонони бонуфузу пурќуввати авлодї (ё ба истилоњ њамон феодалњо) чун замони Сомониён нуфузи зиёд доштанд, аз ин рў Ѓазнавиён вуљуди ононро барои худ хатарнок дида, бо њар бањона, аз љумла «бадмазњабї» аз миён мебурданд. Дар сарчашмањои таърихї дар бораи ќатлу мусодираи молу мулки чунин ашхос маълумоти фаровон оварда шудааст.

    Салтанати Мањмуд. Мањмуд, ки бо номи Мањмуди Ѓазнавї ё Султон Мањмуд машњур аст, дар давоми сї соли њукумати худ (999-1030) ба истиќлоли њамаи музофотњои зери таъсираш хотима бахшида, вилоятњое, ки ќаблан ниммустаќил буданд, пурра тобеъ намуд. Аз љумла Сиистон, Хоразм, Ѓур, Хатлон, Чаѓониён, Рай, Исфањон ва ѓайра комилан дар итоати Ѓазнавиён ќарор доштанд. Мањмуд ба њукмронии сулолањои тољикии фарњангпарвари Маъмуниёни Хоразм, Фариѓуниёни Гузгонон, Баниљуриёни Хатлон, Саффориёни Систон хотима дод ва ѓуломзодагони ба худ монанд ва содиќро бар љойи онњо њоким таъин кард. Яке аз самтњои асосии њаракатњои низомии Мањмуд ба Њиндустон буд. Ў беш аз 15 маротиба ба сарзамини пурнеъмати Њинд лашкар кашид. Ин лашкаркашињо бо шиорњои мазњабї пеш бурда мешуданд. Дар аснои ин њуљумњо њазорон нафар ба хоку хун оѓушта ва сарвату дороии фаровоне ба дасти лашкар мерасид. Мардуми њиндии асиргаштаро ба ѓуломї фурўхта, аз ин њисоб даромади зиёд ба даст меоварданд. Адади ин ѓуломон чунон зиёд мегашт, ки дар шањри Ѓазнин сиёњпўстон аз сафедпўстон бештар мешуданд ва тиљорати ѓуломон яке аз манбањои даромади хазинаи шоњ мегашт. Шоирони дарбории ў ин лашкаркашињоро ситоиш менамуданд, вале Носири Хусрав њадафи ин ѓоратгарињоро дар шеъраш чунин баён мекунад:

    Он к – ў ба њиндувон шуд, яъне ки ѓозиям,

    Аз бањри бардагон, на зи бањри ѓазо шудаст.

    Султон Мањмуд барои дар чашми мардум хуб љилва додани њукумати худ бар хилофи Сомониён аз нав робитаи наздикро бо Баѓдод ва хилофати аббосї мустањкам намуд. Ў худро намоянда ва чокари «амиралмўминин», яъне халифаи аббосии Баѓдод номида, тамоми љиноятњои худро зери ин шиор пинњон мекард. Яке аз ин шиорњо аз байн бурдани душманонаш бо бањонаи «мубориза бар зидди бадмазњабњо» пеш бурда мешуд. Њангоми забти Рай (соли 1029) бо дастури Мањмуд њазорон нафарро бо гуноњи «ќарматї» будан ба дор кашиданд ва китобхонаи нодири шањри Райро бо супориши Мањмуд оташ заданд. Ѓорати ањолї ва торољгарињо низ бо номи мубориза бар зидди бадмазњабон рўйпўш карда мешуд. Муаррих Ибни Асир бо вуљуди он ки ин корњои Мањмудро ситоиш мекунад, иброз медорад, ки агар Мањмуд ба моли касе њам чашми тамаъ медўхт, ўро бо бединї ё ќарматї будан гунањкор мебаровард. Аз љумла ба ў хабар доданд, нафаре аз ањолии Нишопр соњиби молу неъмати фаровон шудааст, ўро ба дарбори даъват карда, фармуд: ба мо хабар додаанд, ки ту мазњаби ќарматї ихтиёр кардї. Ин шахси сарватманд фањмид, ки ѓарази Мањмуд чист, ба султон пешнињод кард, ки њамаи моламро ба ту бахшидам, танњо маро аз доштани чунин айбе озод намо. Мањмуд зуд моли ўро тасарруф карда, ба ў њуљљат њам дод, ки бадмазњаб нест. Ин гуна мисолњоро аз рўзгори Мањмуд бисёр метавон ном бурд.

    Мањмуд артиши худро аз њисоби мардумони гуногуннажод тартиб медод. Дар асфи лашкари ў арабњо, њиндињо, туркњо, курдњо ва ѓайра хидмат мекарданд. Онњо њар кадом дар дастањои алоњида адои вазифа карда, Мањмуд бо раќобат офаридан миёнашон аз эњтимоли муттањид гаштанашон зидди дарбор љилавгирї менамуд. Гуфтанист, ки дар ин артиш теъдоди тољикон хеле зиёд буд ва дини ислом дар сарзамини Њинд њамроњ бо забони форсии тољикї пањн гардид.

    Мањмуд давлати мутамарказе ташкил дода, иќтидори онро аз њисоби ѓаниматњои њарбї ва пеш аз њама аз њисоби хирољ аз ањолї пурзўр гардонид. Ў аз њисоби хирољњои гарони аз ањолї рўёнидашуда миќдори зиёди ходимони дастгоњи идории давлатиро нигоњ медошт. Бештари кормандони давлатї аз њисоби тољикон буда, забони коргузории девону даргоњ низ форсии тољикї буд. Соли 1006 Мањмуди Ѓазнавї ба Њиндустон лашкар кашид. Ќарахониён аз ин вазъият истифода бурда, ба Хуросон њамла намуданд ва Балх, Тус, Њирот ва Нишопурро муњосира карданд. Ањолии ин шањрњо бар зидди туркњо далерона љанг карда, худро њимоя менамуданд. Мањмуд дар натиљаи љустани тадбирњои сариваќтї ба Балх баргашта, ќўшуни ќарохониёнро аз њудуди худ берун ронд, аммо ба мардумоне, ки барои дифоъи сарзамини худ љангида буданд, дарафтода, иброз дошт, ки шумо раиятро ба љанг чї кор аст, њар подшоње ки мулк ўро зарур аст, худ шуморо њифз мекунад. Бо ин гуфта ў мехост, ба мардум бифањмонад, ки вазифаи асосии ањолї пардохтани молиёт асту итоати бечуну чаро. Пас аз ин њодиса дарёи Љайњун (Амударё) сарњади давлатњои Ќарохониёну Ѓазнавиён ќарор мегирад, аммо дар даврањои баъдї баъзе мулкњои Мовароуннањр, аз ќабили Хутал, Љаѓониён, Ќубодиён ва Хоразм низ хирољгузори Ѓазнавиён буданд.

    Ѓазнавиён дар љамъи андоз аз ањолї берањмона муносибат мекарданд. Дар натиљаи андозњои зиёд бисёр оила ва вилоятњо хонахароб мегаштанд. Њатто дар натиљаи хушксолї ва ќањтии соли 1011, мардум аз гурўснагї сагу гўрбањоро мехўрданд. Аз ин рў бештари кишоварзон заминњоро рањо карда, дар ќатори рањзанони шањрї дохил ва сафи «ѓозиён»-ро зиёд мекарданд. Мањмуд яке аз подшоњони машњур дар таърихи мардуми тољик буд, дар адабиёт доир ба ў њикояњои зиёде боќї мондааст. Хислатњои далерї, љанговарї, таассуби динї, навозиши ањли илму адабро бештари муаррихон ба ў нисбат додаанд. Дар ќатори ин берањмї ва њирси беандоза ба молу мулки дунёиро низ ба ў нисбат медињанд, то андозае, ки дар лањзањои охирини зиндагї њам дар сар фикри сарвату моли андўхтаашро дошт ва ба ќавли Саъдї «њанўз нигарон аст, ки мулкаш ба дигарон аст».

    Давлати Ѓазнавиён минбаъд бо давлати Ѓуриён дуру дароз љангид, заиф гардид, нињоят соли 1187 аз тарафи давлати Ѓуриён барњам дода шуд.

    Таъсиси давлати Ќарахониён ва забти Мовароуннањр. Пас аз барњамхўрии Сомониён бештари Мовароуннањр дар ихтиёри Ќарахониён (999- 1212) ќарор гирифт. Дар таъсиси давлати ќарохонї њастаи асосии онро ќабилањои туркии яѓмо, чигил, ќарлук ва ѓайра ташкил мекарданд. То солњои 90-уми асри Х ин ќабилањо аз Ќошѓар то Исфиљоб давлате барпо карданд, ки онро муњаќќиќон Ќарахониён ё ки Илоќхониён номиданд. Муаррихони тољик дар осорашон онњоро бо номи Хониён ёд кардаанд. Азбаски Ќарахониён асоси давлати худро аз иттињодияи туркњои кўчманчї ташкил дода буданд, бинобар ин онњо њаёти нимбодиянишинро аз сар мегузарониданд.

    Сарсулола ва њокими нахустини онњо Сотуќ Абдулкарими Ќарахон аввалин шуда исломро пазиро гашт. Мањз ќабули ислом аз љониби онњо ва мусалмоншавии ањолии Тиёншони марказї ва Њафтрўд омили муњими ташкили давлат ва аз аввалин комёбињои сиёсии Ќарахониён буд. Соли 960 Мўсо писари Сотуќ исломро дини њоќонии Ќарахониён эълон кард.

    Давлати Ќарахониён давлати мутамарказ набуд. Вай мисли њамаи иттињодияњои сиёсии халќњои кўчї ба мулкњои калону хурд таќсим мешуд. Сарзаминњои Ќарахониён ба мулки Шарќї (асосї) бо сардории Њоќони Олї бо лаќаби Арслонхон, ќароргоњаш Балосоѓун ва мулки Ѓарбї (дуюм) тањти роњбарии њоќони дигар бо лаќаби Буѓроќарохон марказаш аввал Тироз, баъдтар дар аввали асри XI Ќошѓар таќсим мешуданд.

    Муносибатњои Ќарахониён бо Ѓазнавиён дар байни солњои 999-1040 њамеша душманона будааст. Њарчанд Ѓазнавиён њам баромади туркї доштанд, аммо ба шањодати сарчашмањо ќарахониёнро туркон гуфта, хитоб мекарданд ва худ бештар ба муњити тољикии Хуросон одат карда, тамоми суннатњои писандидаи (тољикии) Сомониёнро думбол менамуданд.

    Таърихи ин давраи Мовароуннањр нисбат ба Хуросон бисёр тира аст. Дар дарбори Ѓазнавиён, чуноне ки таъкид шуд, њазорон шоиру олим ва хусусан муаррихон адои вазиф мекарданд ва бо нигоштани китобњои зиёди таърихї маълумоти моро ѓанї гардонидаанд, дар Мовароуннањр бошад, чунин муњити солими илмиву адабї пас аз Сомониён ба муддати чањорсад соли дигар (то ба замони Темуриён) ба таъхир афтод. Дар њамон солњо дар давлати Ќарахониён низ баъзе дигаргунињо ба амал омад. Давлати Ќарахониён, ки ба вилоятњои људогона таќсим шуда буд, пойдор набуд. Дар натиљаи муборизањои дохилї Мовароуннањр аз њоќонияти ѓарбии Ќарахониён људо шуд. Дар миёнаи асри XI Наср Бўритегин њокими мутлаќи Мовароуннањр гардида, пойтахтро аз Узганд ба Самарќанд кўчонид. Дар даврањои аввал ќарахониён аз ањолии муќимии Мовароуннањр, яъне аз тољикон андозњо гирифта, ба корњои дохилии онњо кам дахолат мекарданд. Вале дар замони њукмронии хонњои ќарохонї Бўритегин ва писари ў Шамсулмулк онњо ањолии муќимнишиниро ба зери њимояи худ гирифта, сахт истисмор мекарданд. Дар айни замон Бўритегин ва Шамсулмулк аввалин њукмронии ќарахонї буданд, ки ба корњои сохтмон ва бинокорї машѓул буданд ва ин дар навбати худ таъсири бевоситаи тољикон ба бодиянишинон буд.

    Дар ибтидо ќарахониён бо рўњониёни иртиљоии ислом бар зидди шўришњои халќї муштарак мубориза мебурданд. Вале дертар дар байни хонњои ќарахонї ва рўњониён норозигињо ба вуљуд омаданд. Рўњониён мехостанд, ки хонњо иљрокунандаи иродаи онњо бошанд. Аммо Бўритегин бар хилофи интизори руњониён яке аз пешвоёни ислом олими маъруфи самарќандї Абдулќосими Самарќандиро ќатл кард. Сипас вориси Бўритегин Шамсулмулк бошад, шайх Абўиброњим Исмоили Сафорро ќатл кард ва муборизаи байни рўњониёну хонњои ќарахонї тезу тунд гардид.

    Дар замони Бўритегин давлати Ќарахониён дар Мовароуннањр хеле вусъат пайдо кард, вале дар замони њукмронии Шамсулмулк заминњои шимолии Мовароуннањр ба дасти Ќарахониёни шарќї гузаштанд. Пас аз ќудратманд шудани Салљуќиён (солњо 80-уми асри XI) Ќарохониён ба мулки тобеъи онњо мубаддал гардида, соли 1141 пас аз шикасти ќуввањои якљояи Ќарохониёну Салљуќиён аз киданњо дар дашти Ќатвон Ќарохониён тобеъи киданњо гардиданд, аммо дар умури дохилї њамоно мустаќилиро нигоњ доштанд. Аз поракандагї ва заифии давлати Ќарахониён истифода бурда, дар миёни асри XII дар Бухоро њокимият ба ихтиёри арбобони динї, Ки садрњо меномиданд, гузашт ва онњо «њокимияти динию шањрвандї»-ро ташкил намуданд. Сарвари њикимиятро садри љањон меномиданд. Асосгузори чунин давлат Абдулазиз ибн Умар (соли вафоташ 1141) буд. Арбобони ин њокимият њар коре, ки мекарданд онро аз рўи шариати дини ислом њаќ мебароварданд. Њангоме, ки Муњаммад ибни Ањмад ном шахс садри љањон гардид, бедогарї ба дараљаи баланд расид ва мардум ба ў лаќаби «садри љањоннам»-ро раво диданд. Нињоят, ба љабри зулми арбобони олии динї тоќат накарда, солњои 1206 – 1207 дар Бухоро шўриши калонтарине ба амал омад. Иштирокчиёни фаъоли шўриш њунармандон буданд. Ба шўриш Малик Санљар сарварї мекард. Шўришгарон ѓалаба ба даст оварда, масъулони «њокимияти динию шањрвандї»-ро аз шањр пеш карда, њокимиятро ба дасти худ гирифтанд. Аммо аз вазъият истифода бурда, соли 1207 султон Муњаммади Хоразмшоњ Бухороро забт намуд. Пас аз ин ў соли 1212 давлат Ќарохониёнро низ пурра барњам дод.
    1   ...   8   9   10   11   12   13   14   15   ...   57


    написать администратору сайта