апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
Скачать 3.71 Mb.
|
§2. Давлати Салљуќиён Зуњури салљуќиён. Пас аз марги Султон Мањмуд дар миёни писаронаш Масъуд (1030-1040) ва Муњаммад барои тољу тахт зиддият пеш омад ва Ѓазнавињо бо вуљуди лашкари зиёд доштан натавонистанд, пеши роњи зиддиятњоро бигиранд. Раќиби Ѓазнавиён ќабилањои туркман бо роњбарии яке аз авлодони бонуфуз Салчуќињо дар байни солњои 1034-1040 борњо лашкари Ѓазнавиёнро шикасту гўшмол дода, нињоят дар муњорибаи Дандонаќон, ки соли 1040 дар наздикии Марв рух дод, артиши сад њазор нафараи Ѓазнавиёнро пурра дарњам шикаста, бештари њудудњои ин давлатро ба њайати давлати навтаъсиси Салчуќиён дохил намуданд. Асосгузори давлати Салчуќиён Туѓрал (1040-1063) каме баъдтар (соли 1055) њатто маркази хилофат Баѓдодро њам ба даст дароварда, бузургтарин империяи Шарќи Наздику Миёнаро таъсис дод. Салчуќињо соли 1072 бо сардории Алп-Арслон (1063-1072) аз дарёи Ому гузашта Бухороро муњосира намуданд. Вале Салљуќињо таваљљўњи худро ба ѓарб нигаронида, то ба Рум расиданд ва заминањои таъсиси давлати ояндаи туркиро дар Осиёи Хурд (Туркияи имрўзї) гузоштанд. Хусусан пас аз муњорибаи Мансикерт (1072) ва шикасти румињо нуфузи туркњо дар Осиёи Хурд рўз аз рўз бештар гардид. Ављу шукўњи Салљуќиён ба замони вориси Алп-Арслон Маликшоњ рост меояд. Ў Тирмиз ва бештари њудудњои Мовароуннањрро тобеъи худ карда, Ќарахониёнро ба хирољгузори худ табдил намуд. Дар миёни хонњои Ќарохонї ва руњониён зиддияту ихтилофњо ављ гирифта, авзои минтаќаро ноором сохт. Аз ин муноќишањо воќиф гашта, Маликшоњ, соли 1089 бо ќушуни калоне Самарќандро ба даст даровард ва Ањмадхонро асир гирифта ба Исфањон фиристод. Пас аз вафоти Маликшоњ Ањмадхон аз Исфањон ба Самарќанд баргашта бар зидди рўњониён мубориза шурўъ намуд ва аз тарафи онњо ба ќатл расонида шуд. Дар замони Ќарахониён мавќеи раиси Бухоро ки номи Садро ба худ гирифта буд, пурзўр гардид. Туркманњои салљуќї ба шањодати муаррихи бузурги тољик Абулфазли Байњаќї замоне, ки ба Хуросону Мовароуннањр сарозер гаштанд, дар дараљаи поёни маърифти ахлоќї ва иљтимої ќарор доштанд. Ташкилу идораи империяи бузург бошад, ниёз ба донишу таљриба ва кифояту дирояти ашхоси шоистаро дошт. Чун замони Ѓазнавиён дар низоми идории сулолањои турктабор асосан тољикон љалб мегардиданд. Агар дар танзиму суботи Ѓазнавиён наќши вазирони тољики онњо Исфароинї, Маймандї, Њасанак ва Ањмади Абдусамад зиёд бошад, пас наќши сї солаи вазир Низомулмулк (1063-1092) бањри шукуфоиву тараќкии давлатдории Салљуќиён нињоят бузург аст. Ў ба таљрибаи Сомониён ва Ѓазнавиён такя карда, империяи боазамати Салљуќиёнро ба низоми муайян даровард. Худсариву саркашии сипоњиёни туркман ва ашрофу рўњониёни тољикро низ то андозае пешгирї кард. Мањз дар даврони вазорати ин вазири донишманд давлатдории Салљуќињо ба дараљаи баландтарини худ расид. Салљуќињо ќабл аз њама манфиати ашрофи туркманро њимоят менамуданд. Яке аз усулњои маъмули ин давра додани замини инъомї бо номи «иќтаъ» буд. Заминњои кораму обшоре, ки ќаблан ба дењќонони мањаллии тољик тааллуќ дошт, бо њимояти давлат ба туркманњо дода мешавад. Дар саросари ќаламрави Хуросону Мовароуннањр њазорон порчањои заминро туркманњо соњиб шуда, ањолии мањаллиро истисмор мекарданд. Илова бар ин ба њарбиёне, ки дар хидмати давлати салљуќї буданд, низ замину мулкњо њадя мегардид. Ин ситаму љафои навдавлатон вокуниши тунди ашрофи мањаллиро ба миён меовард. Аз ин сабаб норозигињои мардумї дар шаклњои гуногун ва зери њаракатњои сиёсиву мазњабии мухталиф зуњур мекард. Бояд ќайд намоем, ки аз замони Сомониён њаракати мазњабии исмоилия дар Хуросону Мовароуннањр реша давонида буд. Сомониён нисбат ба ин њаракат боэњтиёт амал карда, то замоне, ки густохии исмоилињо зиёд намешуд ва онњо ба корњои давлатдорї дахолат намекарданд (мисли замони Наср ибни Ањмад), ба тадбирњои шадид даст намезаданд. Аммо Мањмуди Ѓазнавї барои решакан кардани ин њаракат дар Хуросон кўшиши фаровон карда ва њазорон нафарро ба љурми «ќарматї» аз байн бурд. Хусусан даъвати исмоилињо зери њимояти маънавї ва модии хилофати Фотимиён (909-1171), ки бештари нуфзро дар шимолии Африќо дошт, боло гирифт. Фотимиён зиёиёну руњониён, дењќонону ашроф ва њатто амиронро ба ойини худ даъват мекарданд. Мањмуд, яке аз фиристодањои халифаи Фотимии Мисрро, ки вайро ба итоат аз халифаи фотимї хонда буд, ба ќатл расонид. Низомулмулк бо ташкили мактабњои диние, ки бо номи ў ба «Низомия» маъруф буданд, табаќаи рўњониёни расмии ба давлат тобеъ бо эътиќоди ањли суннатро тарбият намуда, бар муќобили њамагуна зуњуроти иљтимої мубориза мебурд. Соли 1090 дар ќалъаи Аламут, ки дар минтаќаи кўњистонии њудуди имрўзаи Эрон ќарор дошт, бо роњбарии Њасани Саббоњ ном яке аз мухолифини сарсахти салљуќињо ва Низомулмулк давлати Исмоилињо таъсис меёбад. Дар ќатори фаъолиятњои густурадаи сиёсї, мазњабї ва иљтимої пайравони Њасани Саббоњ ба нест кардани душманони худ мепардозанд. Њамин тавр яке аз нухустин шабакањои махфии террористии таърихї таъсис меёбад. Яке аз ќурбонињои ин шабака вазир Низомулмулк буд. Дањњо чењрањои сиёсї ва фарњангие, ки бо исмоилињо муносибати хуб надоштанд, аз љониби фидоиёни исмоилї ба ќатл расонида шуданд. Душмании ошкори Низомулмулк бо мазњаби исмоилияро дар асари «Сиёсатнома»-и ў низ метавон мушоњида кард. Пас аз Маликшоњ Санљар (1118-1157) бузургтарин намояндаи Салљуќиён ба њисоб мерафт. Аммо замони салтанати ў бо таљовузи ќарахитоињо ба Осиёи Миёна, ошўби ѓузњо ва дигар нооромињо њамроњ буд. Аз ин рў шикасти салљуќињо дар муњорибаи Ќатвон (наздики Самарќанд), ки соли 1141миёни лашкари якљояи Салљуќиёну Ќарахонињо бо ќарахитоињо рух дод, заъфу парешонии Салљуќиёнро низ нишон медод. Санљар њатто аз тарафи ѓузњо ба асорат гирифта шуд. Бо марги ин султон ќаламрави Салљуќиён тадриљан аз тарафи сулолањои дигар истило гардид. Ќаламрави асосии Салљуќиёнро Хоразмшоњиён ба давлати худ њамроњ карданд. §3. Давлати Ѓуриён (1147-1215) Ташаккул ва нашъунамои давлат. Ќаламрави Ѓуриён кишвари кўњистонии саргањи Њарирудро меномиданд, ки аз Њирот то Бомиён ва њудуди Кобулу Ѓазна тўл мекашид. Дар ин сарзамин ва њатто ноњияњои њамњудуди он аз ќадимулайём тољикон мезистанд. Ѓуриён сулолаи тољиктабори Шинасбониён ё Оли Шинасбро мегўянд, ки дар таъриху тамаддуни мо љойгоњи муносиб доранд. Ин хонадон бинобар ахбори сарчашмањо аз замони ќиёми Абумуслим (747-750) бар ин мулк њукумат доштанд. Намояндагони ин сулола бо итоати расмї аз Тоњириён, Саффориён, Сомониён ва Ѓазнавиён њукумати хешро тавонистанд, ки нигоњ доранд. Мардуми Ѓур бо диловариву размљўї машњур буданд, вале аз сабаби љангњои њамешагии дохилї наметавонистанд, ки истиќлолияти пурраро ба даст оранд. Дар ибтидои асри XI муносибатњои иљтимоии Ѓур њанўз дар њолати ибтидої вуљуд дошта, ѓуломдорї низ мављуд буд ва аз ин сарзамин ба љойњои дигар ѓуломонро мебурданд. Ислом њам дар ин сарзамин хеле дер ва ба кундї љорї шуда, њатто дар миёнаи асри XI њанўз баъзе ќабилањо исломро напазируфта буданд. Вижагии дигари Ѓур мављуд будани мулкњои гуногун дар он ва зиддияти малику шоњчањои бо њам зид ба њисоб мерафт. Мањмуди Ѓазнавї кўшишњои љиддї намуд, ки ин мулкро пурра ба ихтиёри худ дароварад, аммо ин чиз ба ў муяссар нагардид ва итоати Ѓуриён низ расмияте беш набуд. Асосгузори сулолаи Ѓуриён Сайфиддин Сурї дар яке аз минтаќањои кишвар бо номи Остия пойтахти Ѓурро таъсис дод. Ќутбиддин бародари ў бошад, ќалъае бо номи Фирўзкўњ таъсис дода, пойтахтро ба ин љой овард. Дар нимаи дуюми асри XI Ѓуриён аз Ѓазнавиён фармон, баранд њам, њудудњои мулки худро васеъ намуданд. Раќобати Ѓуриёну Ѓазнавиён. Дар зери итоати расмии Ѓазнавиён ва гоње њам Салљуќиён Ѓуриён тавонистанд, ќудрати худро њифз намоянд. Бањромшоњи Газнавї дар соли 1147 амири Ѓуриён Ќутбиддинро бо макру фиреб ба дарбор даъват карда, ба ќатл расонид ва ин амал ба тирагии муносибати ду силсила ва љангњои тўлонии онњо овард. Соли 1149 бошад Ѓазнавиён Сайфиддин Суриро ба ќатл расониданд. Пас аз ин дар давоми беш аз чил сол љангњои хонаводагии Ѓуриёну Ѓазнавиён давом меёбад. Нимаи дуввуми асри XII давраи болоравии Ѓур дониста мешавад. Султон Сайфиддин ба ќасди Ќутбиддин алайњи Ѓазнавиён лашкар кашида, лашкари ўро торумор кард. Пас аз фирори Бањромшоњи Ѓазнавї аз Ѓазнин ин шањрро маркази њукумати худ гардонид. Аммо Бањрошоњ ба Њиндустон аќибнишинї карда, артиши худро мусаллањ намуд ва дубора Ѓазнинро ба даст оварда, Сайфиддини Ѓуриро соли 1149 пас аз тањќиру хорї ба ќатл расонид. Ин њодиса оташи низоъи ду хонадонро фурўзонтар гардонид. Алоуддини Ѓурї (1149-1161) соли 1150 дар набарди хунин бар лашкари Ѓазнин ѓолиб омада, ин шањри таърихиву бошукўњро, ки беш аз сад сол аз маъмуртарин шањрњои љањони ислом мањсуб мегашт, ба оташ кашид. Њатто устухонњои бисёре аз султонњои ѓазнавиро аз гўр берун кашида сўзонид. Алоуддин пас аз ин воќеъа бо лаќаби «Љањонсўз» маъруф гардид. Дар замони Алуддин ба ѓайр аз Ѓур салтанати ин хонадон ба музофотњои дигаре аз ќабили Бомиён, Тахористон, Ѓарчистон, Довар, Буст, Њироту атрофи он љорї буд. Ин подшоњро асосгузори давлати мустаќили Ѓуриён номидан мумкин аст. Болоравии Ѓуриён. Султон Санљари Салљуќї (1118-1157), ки бузургтарин њукмрони он рўз буд, аз пешрафту тавсеъаи ќаламрави Ѓуриён ба њарос афтода, бар муќобили он лашкар мекашад. Дар ин муњориба гурўње аз туркон, ки дар лашкари Ѓур буданд, хиёнат карда, ба љониби Санљар гузаштанд ва ин разолат натиљаи љангро низ ба суди Салљуќиён гардонида, Алоуддинро асир сохт. Аммо пас аз гуфтушунид, ќарор бар ин шуд, ки Алоуддин аз банд рањої ёфта, ѓурињо дар муборизаи Санљар бо ѓузњо бо ў њампаймон гарданд. Соли 1072 онњо баъд аз тобеъ намудани Бомиён ва ќисме аз Тахористон ѓурињо Ѓазнаро аз дасти оѓузњо бозпас гирифтанд. Дар ањди њукмронии њамзамони бародарон Ѓиёсиддин (1163-1202) ва Муизуддин (1174-1206) давлати Ѓуриён ба ављи шукуфої ва азамати худ расид. Пас аз чанд кўшиши бебарор саранљом соли 1187 ѓурињо Лоњурро тасарруф карда, ба њукумати Ѓазнавиён дар шимолии Њиндустон хотима бахшиданд ва охирин султони ѓазнавї Хусравмаликро асир гирифта, ба Фирўзкўњ фиристоданд. Балх, Нишопур ва аксари заминњои салљуќињо низ аз тарафи Ѓуриён забт гардид. Дар як муддати начандон тўлонї шањрњои Гардез (1174), Њирот (1175), Мултон (1175), Фушанљ (1177), Лоњур (1181), Марв (1192), Дењлї (1192) аз тарафи Ѓуриён тасарруф гардида, ба ќаламрави онон пайваст шуд. Халифаи аббосї маљбур шуд, ки ќудрати ин хонадонро ба расмият бишносад. Хоразмшоњиён низ, ки бештари мулкњои салљуќињоро соњиб гашта буданд, дар баробари Ѓуриён ољиз монда, њатто Муњаммади Хорзмшоњ ба султони Ѓур пешнињод кард, ки розї њаст, то модари ќудратмандаш Турконхотунро ба султони Ѓур Ѓиёсиддин ба занї дињад. Дар охири умри Ѓиёсиддин њудуди давлати Ѓуриён шимолии Њиндустон, тамоми Хуросон ва ќисме аз Мовароуннањрро фаро мегирифт. Њудуди давлат то ба њадде расида буд, ки аз се марказ Фирўзкўњ, Ѓазнин ва Бомиён идора мешуд. Соли 1210 дар мавзеъи Солураи Форёб миёни Ѓуриён ва Хоразмшоњиён набарди хунин рух дода, ба ѓалабаи Ѓуриён ва фирори лашкари Хоразм анљом ёфт. Пас аз марги бародарон Муизуддин (1206) ва Ѓиёсиддин (1206) офтоби толеъи ин хонадон рў ба завол нињод ва зиддиятњои дохиливу њуљуми хоразмшоњиён (соли 1215) боиси аз байн рафтани давлати Ѓуриён гардид. Ѓуриён низ дар умури давлатдорї мисли Сомониён умури кишварро ба воситаи девонњо танзим мебахшиданд. Шумораи девонњои Ѓуриён 7 адад буд. Сарвари худро ѓуршоњ ва ё султон меномиданд. Зиддиятњои дохилї ва мубориза барои ќудрат миёни хонадони њукуматгари ѓурї барои тамоми даврањои таърихии он хос мебошад. Ѓуриён низ дар таърихи давлатдории тољикон наќши муњиме аз худ ба мерос гузоштаанд. §4. Давлати Хоразмшоњиён Болоравии Хоразм. Хоразм минтаќест, ки дар тамоми даврањои таърихи мо иддаъои људої доштааст ва њатто бисёре аз муррихону љуѓрофинависони мо онро аз Мовароуннањр људо мењисобанд. Истиќлоли нисбии худро Хоразм дар замони њукумати сулолањои Сомониён, Ѓазнавиён ва Салљуќиён њифз менамуд. Унвони њокимони ин сарзамин Хоразмшоњ будааст. Барои муддате Салљуќиён тавонистанд, ки њукумати худро бар ин марз низ истиќрор бахшанд, вале кўшишњои марказгурезї њанўз дар Хоразм пурќувват буданд. Аз миёни хоразмшоњиён Ќутбиддин Муњаммад (1097-1127) ва писари ў Отсиз (1127-1156) барои истиќлоли Хоразм кўшиши зиёд карданд. То вафоти Санљар хоразмињо тобеи Салчуќиён буданд. Фитнаи ѓуз иќтидори Салљуќиёнро тамоман коњиш дод ва иддаъои ќарахитоињо, ки њамоно аз Хоразму дигар музофотњо хирољ мехостанд, зиёд гашт. Вориси Отсиз Эларслон (1156-1172) аз парокандагии салљуќињо ва њарљу марљи минтаќа истифода бурда, бар зидди ѓузњо ва ќарохонињо вориди љанг шуд. Њарчанд натиљаи ин муборизањо ба пуррагї хоњишњои ўро ќонеъ намесохт, вале заминањои истиќлоли ояндаи Хоразм ва маркази муњими сиёсї гаштани онро фароњам овард. Хоразмшоњ Текеш (1172-1200) бошад, мустаќилияти Хоразмро нигоњ дошт. Ў сафири ќарахитоињоро, ки барои мутолибаи хирољи солона омада буд, дастгир ва ќатл намуд. Сипас артиши мусаллањи ќарахитоињоро шикаст дод ва барои фатњи Хуросон бо Салчуќињо љанг сар кард. Соли 1193 Текеш Хуросонро ба даст дароварда, моњи марти 1194 пас аз шикаст додани султони салчуќињо Туѓрали II тамоми Эрони ѓарбиро ишѓол кард. Баъд аз ин Текеш ба душманї бо Ѓуриён пардохта, соли 1198 бар зидди Ѓиёсиддин лашкар кашид, вале тоби муќовимати лашкари Ѓурро накарда, шикаст хўрд. Зиддияти Хоразму Баѓдод. Текеш њатто бо халифаи Аббосии Баѓдод бар сари ишѓоли заминњои ќисмати ѓарбї нахуст даъвои лафзї карда, сипас ба љанг пардохт ва лашкари халифаро њам дар муњорибаи соли 1196 шикаст дод. Текеш аз халифа хост, ки дар ќатори номи худ исми ўро низ ба хутба ворид кунанд, вале ин талаби ў иљро нагашт. Њангоми ба тахти Хоразм нишастани писари Текеш Муњаммад Хуросон боз ба дасти Ѓурињо гузашт. Муњаммад Хоразмшоњ соли 1206 бо ёрии лашкари ќарохитоињо, ки мусулмон набуданд, ѓурињоро шикаст дода, Хуросонро низ забт кард. Сипас дар фикри забти Мовароуннањр афтод. Соли 1207 бо бањонаи пахши шўриши мардумї ба Бухоро лашкар кашида, онро забт намуд. Пешвои шўриш Малик Санљарро бошад, асир гирифта ба Урганљ фиристод. Солњои 1210-1212 Муњаммад Хоразмшоњ аз болои Ќарахитоињо ва найманњо ѓалабаи ќатъї карда худро «Искандари дуюм» ва «Султон Санљар» эълон намуда, тангањоро низ бо чунин ном сикка мезад. Ў њудудњои Эрону Афѓонистони имрўзаро низ ба даст дароварда мисли падараш аз халифаи Баѓдод Носир талаб намуд, ки номи ўро дар хутба њамроњ намояд. Халифа ин талаби ўро рад намуд ва Муњаммад Харазмшоњ соли 1217 ба Баѓдод лашкар кашид, вале дар муњориба бо халифа ба шикаст рў ба рў шуда аќибнишинї кард. Муњаммад Харазмшоњ давлати калонеро таъсис дод, ки ќувваи асосии онро ќипчоќњо ташкил менамуданд. Торољу ѓоратгарињои ќипчоќњо мардумро нисбат ба њукумати Хоразмшоњ бадбин карда буд. Инчунин модари Муњаммад Турконхотун нисбат ба писараш хушбин набуд ва ќатли яке аз рўњониёни бонуфуз Маљидаддини Баѓдодї низ аз тарафи Муњаммад Харазмшоњ ўро дар назди омма сиёњ карда буд. Давлати Хоразм дар остонаи њамлаи муѓул бештари сарзаминњои Эрон, Осиёи Миёна ва њатто ними Ироќро муттањид намуда, ба давлати пурќувват табдил ёфта буд. Сарњади он аз соњили шимолии бањри Хазар (Каспий) то халиљи Форс ва аз Кавказ то ќаторкуњњои Њиндукуш васеъ гардид. Вале ин давлат аз лињози марказиятнокї хеле суст буд. Бархе аз њокимони мањаллї танњо зоњиран њокимияти Хоразмшоњиёнро эътироф намуда, аслан вилоятњои зердасти худро мустаќилона идора мекарданд. Њокимияти Муњаммади Хоразмшоњ устувор набуд. Вазъияти дохилии давлати ў ноором буд, зеро мардуми зањматкаш аз љониби њокимони мањаллї ва давлати марказии Хоразм берањмона истисмор карда мешуданд. Аз ин лињоз омма Муњаммади Хоразмшоњ ва њокимони ўро чашми дидан надоштанд ва пуштибонї намекарданд. Гузашта аз ин ашроф, табаќаи њарбињо ва рўњониёни бонуфуз њам бо сабабњои гуногун аз ў норозї буда, нисбат ба Муњаммад мавќеи душманонаро ишѓол мекарданд. Њатто аскарони кироя, ки тамоми ѓалабањои вайро таъмин карда буданд, дар охир аз итоати ў сар кашиданд. Хулоса, давлати бузурги Муњаммади Хоразмшоњ аз дарун мањкам ва устувор набуд ва бинобар ин дар натиљаи зарбањои истилогарони муѓул ба осонї аз по афтод. §5. Илму фарњанги тољик дар асрњои XI – XII Бузургтарин намояндаи ањли тасаввуф ва намоёнтарин олими соњањои мухталифи усули исломи ин давра Абўњомид Муњаммади Ѓаззолї (1058-1112) буд. Соли 1091 Низомулмулк ўро њамчун донишманди илмњои исломї дар Баѓдод сардори академияи «Низомия» таъин намуд. Дар давраи аввали фаъолияти худ Ѓаззолї пайрави Арасту буда, мисли Ибни Сино аќлро яроќи асосии донистани њаќиќат мешуморид. Дар охири умри худ Ѓаззолї пурра ба тарафи ањли тасаввуф гузашт. Вай асоси дин донишеро медонист, ки бо роњи ваљд ба даст дароварда шудааст. Дар њаёт чизи аз њама муњим барои ў муњаббат ва илоњї ва ба наздикон буд. Бузургтарин осори ў «Эњё-ул-улум-ад-дин», «Тањофат-ул-фалосифа», «Ал-мунќиз-аз-залол» ва ѓайра мебошанд. Тасаввуф дар асрњои XI-XII адабиёти тољику форс дар асоси анъанањои асри Х хеле пеш рафта буд. Дар ин давра доираи пањншавии ин адабиёт аз њудуди Мовароуннањру Хуросон берун баромада, то мамлакат ва музофотњои дурдасти Ѓарб пањн гардид. Дар Осиёи Миёна якчанд равияњои адабї ва вуљуд омада буданд. Намояндагони равияи илмии умумифалсафї Носири Хусрав (1004-1088) ва Умари Хайём (1048-1131) буданд. Дар байни шоирони асрњои XI-XII бузургтаринашон низ Носири Хусрав ва Умари Хаём буданд. Абўмуиддин Носир Ибни Хисрав соли 1004 дар Ќубодиён дар оилаи дењќон таваллуд ёфта, љавонии худро дар Балх гузаронидааст. Ў асосњои илми тиб, мусиќї, риёзиёт, нуљум, ва дигар илмњои маъмули он давраро аз худ карда, бо асрњои Афлотун ва Арасту ошно шуда буд. Ў муддате дар дарбори амирони ѓазнавї вазифањои девондорї ва љамъоварии бољу хирољро бар ўњда дошт ва дертар ба дараљаи дабирї њам расид. Сипас бо барафтодани ѓазнавињо якчанде дар дарбори салљуќињо низ хидмат кардааст. Мањз муњити иљтимоии дарбор ва њолати тангдастии ањоливу ришватхории мансабдорон, риёкориву чоплўсии руњониён ва тамаллуќбозии шоирону хории ањли фазл сабабгори гардиши фикрии Носири Хусрав шуд. Ў пас аз сафар ба Миср маслаки исмоилия ва тариќаи фотимињоро пазируфта, то ба мартаби «њуљљат» расид ва пас аз баргаштан ба Балх њамчун намояндаи халифањои фотимї дар Хуросон ва Бадахшон ба нашри ин таълимот пардохт. Амирону руњониёни њукуматї ўро ба баддиниву ќарматї будан гунањкор донистанд ва ў маљбур шуд, ки Балхро тарк намуда, соли 1063 вориди Бадахшон гардад ва то поёни умр дар ин љо ба сар барад. Тамоми осори ў дар њамин љо таълиф шудаанд. Муњимтарин осори Носири Хусрав «Рўшноинома», «Сафарнома», «Ваљњи дин», «Зод-ул-мусофирин», «Кўшоиш ва рањоиш», «Љомеъ-ул-њикматайн» мебошанд. Девони ашъори Носири Хусрав пур аз панду андарз ва ситоиши хирад аст. Ў шоњиди ранљу озори тољикон буда, ѓосибони тољу тахт ва рабояндагони амнияту осоиши мардумро накўњиш менамояд ва шоирони хўшомадгуву ситоишгари турконро мазаммат менамояд. Аз љумла дар љое мефармояд: Туркон ба пеши мардон з-ин пеш дар Хуросон, Буданд хору ољиз њамчун зани сарої. Акнун шарм н-ояд озодазодагонро, Кардан ба пеши туркон пўшт аз тамаъ дутої. Носири Хусрав гузаштаи пурнуру зиёи мардуми тољикро ёдовар шуда, бо њасрат аз даврони заррини таърихи мо – давраи њукмронии Сомониён зикр менамояд: Хуросон з-Оли Сомон чун тињї шуд. Њаме дигар шудаш ањволу сомон. Соли 2004 дар Тољикистон 1000-солагии ин шоиру андешаманди бузург бо тантана таљлил гардид. Умари Хайём бештар чун донишманд дар соњањои нуљум, риёзї ва њайат маъруф будааст. Ў дар Самарќанду Бухоро муддате зиста, донишњои зарурии замонаро аз худ мекунад. Бо хоњиши султони салљуќї ва вазири ботадбири онњо Низомулмулк дар Исфањон расадхонае таъсис дода, таќвими љалолиро меофаринад, ки нисбат ба таќвимњои дигар даќиќтар буд. Дар илмњои номбаршуда, ў дањњо рисола таълиф кардааст, ки то имрўз ањамияти худро гум накардаанд. Хайём дар таърихи адабиёти тољик њамчун шоири рубоисаро машњур гардидааст ва мањз њамин рубоињо ба Хайём шўњрати љањонї овардаанд. Дар ин рубоињо Хайём инсонро ситоиш карда, дар васфи табиат, кўтоњии умри инсон, шодиву ѓам, накўњиши риёкорї ва ѓайра мазмунњои љовидонї офаридааст. Рубоиёти Хайём бо аксари забонњои дунё тарљума ва борњо нашр шудаанд. Пешвоёни равияи мистикї – тасаввуфї шайх Абўсаиди Абўлхайр (967-1049) ва Фаридаддини Аттор (1145-1221) ба шумор мерафтанд. Равияи дигари адабї аз он иборат буд, ки гурўњи адибон бо сарварии Саної дар асарњои худ мавзўъњои умумии этикї ва дидактикиро инъикос менамуданд. Дар таърихи адабиёти форсу тољик назми шоирони мактаби ѓазнавї маќоми махсусеро ишѓол менамоянд. Султонњои ѓазнавї бо маќсудњои сиёсї шоиронеро, ки онњоро мадњу сано мегуфтанд, ба зери њимоя гирифта буданд. Ѓазнин маркази љамъомади бисёр шоирони боистеъдод гардида буд, ки дар байни онњо Унсурї, Фаррухї, Манучењрї буданд. Онњо љангњо ва њуљумњои ѓоратгаронаи мамдуњонашонро њамчун ѓазавот ва корнамоии ба худо маќбул мерасониданд ва дарборњои онњоро бисёр боњашамату худашонро пуриќтидор тасвир мекарданд. Дар асри XI ќасидасарої асосан бо усули Рўдакї давом карда бошад њам, њаљман ќасидањо то андозае васеъ карда шуда буданд. Дар асри XII њам шоирон равия ва усулњои назми асри XI- ро давом дода, ба дараљаи баландтар бардоштанд. Шоирони намоёни ин давра Фахруддини Гургонї (асри XI), Масъуд Саъди Салмон (1046-1121), Анварї (1105-1187), Рашиди Ватвот (1087-1183), Рашидии Самарќандї (вафот ибтидои асри XII ), Адиб Собири Тирмизї (1078-1147) ва дигарон буданд. «Ќобуснома»-и Абулмаолї Кайковус (1020-1099), ки онро намояндаи сулолаи Зиёрињо, ки дар Гургон њукмрон буданд, навиштааст, асари беназири адабї, ахлоќї ва таърихї мебошад. «Синдбоднома»-и Зањири Самарќандї, «Искандарнома», «Марзбоннома», асари сељилдаи «Самаки айёр», «Таърихи Байњаќї», «Сафарнома»-и Носири Хисрав, «Форснома»-и ибни Балхї, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, «Чањор маќола»-и Низомии Арўзии Самарќандї ва ѓайрањо дохил мешаванд. Дар ќатори илм, адабиёт ва њунармандї дар Осиёи Миёна санъати меъморї ва бинокорї низ хеле пеш рафта буданд. Пурра аз худ кардани хишти пухта ва дар сохтмони биноњои љамъиятї, динї, ќасрњо ва маќбарањо истифода намудани он чї намуд ва чї сохти биноњоро зебо кард. Акнун манорањои баланд сохташуда ба шањрњо њусни нав мебахшиданд. Ѓайр аз ин хонањои њавлидоре пайдо шуданд, ки танњо ба воситаи як дар вориди тамоми хонањо шудан мумкин буд. Дар баробари ин иморату масљидњои пештоќдор ва айвондор пайдо шуданд. Дар ин давра кулолї њам хеле ривољ ёфта буд. Дар сохтмони баъзе биноњои боњашамат аз сафолњо ва хиштњои љилодор истифода бурда мешуд. Масалан, гунбази маќбараи султон Санљар дар Марв бинандагонро ба њайрат меоварад, зеро вай аз хиштњои љилодор сохта шуда буд. |