апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
Скачать 3.71 Mb.
|
§6. Хуросону Мовароуннањр дар ањди њукмронии муѓулњо. Бунёди давлати муѓулњо. Дар ибтидои асри XIII дар маркази Муѓулистони имрўза дар натиљаи аз байн рафтани муносибатњои авлодї нахустин давлати ягонаи муѓул зуњур менамояд, ки асосгузораш Темучин (1155-1227) буд. Темучин тамоми ќабилањои муѓулро ба итоати худ дароварда, соли 1206 дар ќурултои бузург (маљлиси бузург)-и хонњо якдилона Чингизхон, яъне «хони бузург» ё «хони хонон» эълон гардид. Ў дар муддати нисбатан кўтоњ лашкари сершумору бонизоме созмон дод ва ба истилои мамлакатњои њамсоя шурўъ намуд. Дар солњои 1207-1211 Сибири Љанубї, солњои 1211-1215 Чини Шимолї, аз љумла, Пекинро ба тасаруфи худ даровард. Соли 1218 артиши муѓул, бидуни муќовимат Њафтрўдро тасарруф намуда, ба сарњади давлати Хоразмшоњиён расид. Фољиаи Утрор. Чингизхон тавассути тољирон, ки барои ў њамчун љосус хизмат мекарданд аз вазъияти дохилии давлати Хоразмшоњиён маълумот ба даст оварда, барои тасарруфи он омодагї медид. Илова бар ин, роњи фиребу найрангро пеш гирифт ва ба Султон Муњаммади Хоразмшоњ нома навишта, ўро писархонди худ номид. Муњаммад Хоразмшоњ, ки нињоят маѓруру мутакаббир буд, аз ин нома дар ѓазаб шуд ва гуфт, ки ин Чингизхони муѓул нисбат ба ў бењурматиро раво дида, бузургтарин лашкаркаши исломро пасархонд гирифтааст. Дар њаќиќат шумораи сарбозони империяи Хоразмшоњиён нисбат ба сарбозони муѓул бештар буд, вале Султон Муњаммад њанўз то њуљуми муѓулњо лашкари худро ба гурўњњо таќсим намуда, дур аз пойтахт мустаќар намуд. Дигар ин ки лашкари Хоразмшоњ аз ќавмњои гуногун, ки миёнашон ихтилоф буд, ташкил шуда, шоњони минтаќањо бо давлати марказї робитаи хуб надоштанд ва њама заволи давлати Хоразмшоњро мехостанду баъзе пинњонї бо Чингиз иртибот доштанд. Кўшишњои тавсеъаталабонаи ду давлат, ки ба сарњади њам расида буданд, љангро миёни онњо ногузир месохт ва барои шурўъи он бањона лозим буд. Бањона њам пайдо шуд: соли 1218 Чингизхон ба сарзамини Султон Муњаммади Хоразмшоњ корвонеро, ки аз 500 шутур молњои ќимматбањо ва 450 нафар тољир, аз љумла тољикони аъёну ашроф ва ашхоси мўътабари хони муѓул иборат буд, равон менамояд. Ба гумони он ки корвон маќсади љосусї дорад, љанговарони Хоразмшоњ бо иљозати ў дар шањри сарњадии Утрор, ки дар канори дарёи Сир воќеъ гардида буд, корвонро торољ намуда, корвониёнро ба ќатл мерасонанд. Ин воќеъа дар таърин бо номи «Фољиаи Утрор» маълум аст. Ваќте, ки пешвои муѓулњо аз воќеаи Утрор хабардор шуд, ў се рўз мотам гирифт ва аз Хоразмшоњ талаб кард, ки гунањкори ин фољиа њокими Утрор Ѓоирхонро ба ў супорад ва товони молњоро баргардонад, Лекин сафири Чингизхон, ки бо ин талабот ба пойтахти Хоразмшоњиён омада буд, бо амри Султон Муњаммад ба ќатл расид ва њамроњони ў бо ришу мўйлаби тарошидашуда пас гардонида шуданд. Ин рафтори љангталабонаи Муњаммад њамлаи Чингизхонро ба Осиёи Миёна тезонид. Њуљуми муѓулњо. Чингизхон моњи сентябри соли 1219 бо 200 њазор лашкар ба Утрор расида, ќуввањои низомии худро ба се ќисм таќсим кард: як ќисмро ба ихтиёри писаронаш Уќтой ва Чаѓатой дод, то ки Утрорро муњосира кунанд; ќисми дуюмро бо сарварии писари калониаш Љўљї барои забт кардани шањрњои соњили дарёи Сир равона кард. Худи ў бо њамроњии писари хурдиаш Тулуй ќуввањои асосиро гирифта, ба самти Бухоро њаракат намуд, то робитаи сипоњиёни хоразмшоњии Мовароуннањр бо Хоразмро ќатъ кунад. Дар ин лашкаркашї Чингиз муњандисони чиниро, ки дар сохтани манљаниќ ва мошинњои деворшикан усто буданд, њамроњ мебурд ва яке аз сабабњои пирўзињои ў њаминњо буданд. Утрор дар баробари аљнабиёни муѓул панљ моњ муќовимат намуд ва њокими шањр низ то охирин лањзањо љангида, саранљом ба дасти сарбозони муѓул ба шањодат расид. Душман шањрро ишѓол кард ва кулли мудофиакунандагони онро ба ќатл расониданд. Љўљї бошад, шањрњои соњили Сирро паси њам ѓасб намуда ањолї ва аскарони мудофиакунандагонро аз дами теѓ гузаронид. Муѓулњо барои он ки иртиботи худ бо пойтахташон Ќароќурумро ќатъ накунанд, шањру дењањои бар сари роњ бударо хароб ва мардуми онро ќатли ом мекарданд. Дар аввалњои соли 1220 Чингизхон ба Бухоро расид ва онро пас аз се рўзи муњосира фатњ кард. Ѓосибони муѓул шањрро торољ намуда, онро оташ заданд, бештари сокинонашро куштанд ва боќимондаро ѓулом гардониданд. Дар Бухоро муѓулњо ба чунон куштору харобї даст зад, ки яке аз фирориёни он шањр дар посўхи пурсишгаре чунин гуфт: «омаданду канданду сўхтанду куштанду бурданду рафтанд» Пас аз Бухоро истилогарони муѓул ба сўи Самарќанд равона шуданд. Муњаммади Хоразмшоњ ба мудофиаи ин шањр диќќати махсус дода, ќувваи бузургро дар ин љо љамъ оварда буд. Гарнизони шањр беш аз сад њазор сарбоз доштааст. Бо вуљуди он ки ашрофи шањр ва баъзе аз руњониён лашкари муѓулро истиќбол карданд, Чингиз фармон дод, то ки масљиди боњашамати ин шањрро оташ зада, китобњоро ба зери пойи сутурон ва худи масљидро ба макони асбону ишрати лашкариён табдил дод. Самарќанд низ пурра хароб ва аксари ањолияш ќатли ом гардид. Ба замми ин 30 њазор нафар косибону њунармандони Самарќандро ба писарон ва хешу табори Чингизхон ва боз њамон ќадар зањматкашони шањр ба хизмати ќўшуни муѓул супорида шуданд. Шањр аз одам холї гардид. Њатто пас аз яку ним сол њам, ки ќисми ањолии он ба љойњои худ баргаштанд, ањолии Самарќанд фаќат чоряки сокинони пештараи онро ташкил менамуд. Дигар аз шарњое, ки дар баробари муѓулњо истодагарї кард, шањри Хуљанд буд. Диловарони ватанпарасти ин шањр бо сарварии њокими он Темурмалик нањаросида, мурданро аз таслим шудан ба душман авлотар донистанд. Темурмалик аз љазирае, ки дар дарёи Сир воќеъ буд ќарор гирифта, бар зидди истилогарони муѓул мардонавор љангиданд. Муборизаи ќањрамононаи Темурмалику сарбозонаш яке аз дурахшонтарин сањифањои муборизаву корзори аљдодони бошарафи мо мебошад. Чингизиёни љаллод сокинони зиндамондаи Бухоро, Самарќанд ва Хуљанро ба азобу уќубати дањшатангез гирифтор намуда, пас аз андаке таваќќуф тирамоњи соли 1220 ба тарафи дашти Ќаршї ва Тирмиз њаракат карданд. Ѓосибон шањри Тирмизро ба хок яксон намуданд ва сокинонашро ба ќатл расониданд. Сипас, дар ибтидои соли 1221 Чингизхон аз дарёи Аму гузашта, ба тасарруфи шањрњои Хуросон камар баст. Муњаммад Хоразмшоњ, ки бештари мусибатњои мардум натиљаи сиёсатњои хоми ў буданд, чунон тарсида буд, ки дар њељ љой ором намегирифт ва шањомату далериро аз даст дода, аз шањре ба шањре фирор мекард. Саранљом ин шоњи ситамгару кавдан ба љазираи Обискун, ки дар ќисми љанубии бањри Хазар (Каспї) воќеъ гардида буд, расид. Пас аз шунидани хабари ба дасти муѓулон афтодани зану фарзандонаш ба беморї гирифтор гашта, дар њамин љазира љон дод ва дур аз ватану бе кафан бо сад хориву бадномї ин љањонро падруд гуфт. Фарзанди ќањрамони ў Љалолиддин бар хилофи падар бар муќобили душман беш аз дањ сол мубориза бурд ва сари худро дар ин роњ ќурбон карда, номи неке аз худ боќї гузошт. Соли 1221 – соли ба анљомрасии истилои Осиёи Миёна аз љониби муѓулњост. Дар бањори њамин сол писарони Чингизхон Ўќтой, Чаѓатой ва Љўљї бо сад њазор нафар лашкари муѓул пойтахти Хоразмшоњиён шањри Гурганљро муњосира намуданд. Мудофиакунандагони шањр муддати шаш моњ бо муѓулњо мардонавор љангиданд. Модари фитнапешаи Султон Муњаммад, ки дар Хоразм ќарор дошт, дар њамин лањзањо њам дар фикри дасиса буд. Ў чун фањмид, ки Султон Муњаммад писараш Љалолиддинро ба љойи худ таъйин кардааст, нороњат шуда, пеш аз тарк кардани Хоразм тамоми бузургонеро, ки дар зиндон буданд, ба оби Амударё ѓарќ кард, то мабод даъвои тољу тахт кунанд. Аъёни шањр аз тасмими Турконхотун огоњї ёфта, сар аз итоати Љалолиддин боз зада, яке аз наздикони Турконхотунро султон эълон карданд. Вале ў худро ба муѓулњо таслим сохт. Аммо мардуми ѓаюри Хоразм зери бори нанги итоат аз бегона нарафтанд ва мањалла ба мањалла, кўча ба кўча бо лашкариёни муѓул даровехтанд. Саранљом ин шањр низ тасхири муѓулњо шуд, њунармандон ѓулом ва мардуми дигар ќатли ом гашт. Аз љумлаи мудофиони ин шањр Шайх Наљмиддини Кубро – олим, ориф ва сўфии машњур буд, ки њарчанд муѓулњо ба ў паём фиристода, љонашро дар амон гузоштанд, вале ў то охирин лањзањои њаёт љангид ва шањид шуд. Ѓосибон сади соњили дарёи Амуро вайрон намуда, шањри Гурганљро ѓарќи об намуданд. Муњорибаи дигаре, ки дар љараёни забткории муѓулњо маќоми махсус дорад, дар шањри Парвон рух додаст. Бо сардории Љалолиддин ба лашкари муѓулњо зарбаи корї ворид карда шуд, вале бар сари таќсими ѓаниматњои љангї миёни саркардањои љангї зиддият рух дода, пароканда шуданд. Љалолиддин пас аз ин муњориба, ки писарони хурдсолаш њам ба дасти мўѓул афтиданд, ба тарафи Њиндустон рањсипор шуд. Њамин тавр шањрњои дигаре, ки бештари сокинонашро тољикон ташкил медоданд, аз ќабили Балх, Њирот, Марв, Нишопур, Рай ва ѓайра ба дасти муѓулњо гузашта, валангор гардид. Муаррихи араб Ибн-ал-Асир, ки шоњиди манзараи мудњиши истилои муѓулњо ва вањшонияти онњо буд, рафтори ѓайринсонии аљнабиёни чингизиро чунин тасвир мекунад: «Онњо (ўрдуњои Чингиз) ба касе рањм намекарданд, баръакс занон, мардон ва кўдаконро мекуштанд, шиками занони њомиларо пора карда, кўдакони таваллуднашударо сар мезаданд… Халќе, ки аз канори мамлакати Чин баромад… ба Мовароуннањр тохт, ишѓол кард, хароб намуд, ба ќатл расонид ва ба яѓмо њама љойро вайрон мекарданд, аз наздикии њар чизе ки мегузаштанд, торољ менамуданд, њар як чизе, ки ба назарашон ѓайри ќобили истеъмол менамуд, месўзониданд. Масалан, онњо молњои абрешимї ва дигар хел молњоро тўда-тўда тўъмаи оташ мекарданд». Истилои муѓул ба сари халќњои Осиёи Миёна муносибатњои бењадду њисоб овард. Дар натиљаи талаву торољ ва сўхторњо шањрњои Мовароуннањр ба харобазор табдил ёфтанд, ањолии зањматкаши онњо ќатли ом гардониданд. Корњои зироат ва обёрї хеле паст рафт. §7. Њаёти мардуми тољик дар зери њукумати муѓулњо Истилои муѓул ба њаёти хољагии Осиёи Миёна зарбаи сахт расонид. Зулму истибдод ањолии шањру дењотро аз њамаи дастовардњо ва махсусан шавќи зингдагї кардан мањрум сохт. Дар айни замон халќњои Осиёи Миёна, пеш аз њама точикон бар зидди бедодгарињои Чингизиён ќањрамонона мубориза мебурданд. Бояд гуфт, ки чингизињо нисбат ба тољикон кинаи зиёд дар дил доштанд ва мувофиќи ахбори сарчашмањо њатто сарзамини Хуросону Мовароуннањрро «сарзамини тољик» мегуфтанд. Ба ривояте Чингиз ба фарзандону наздиконаш супориш дода будааст, ки «заминро аз хуни тољик гулгун созед». Шўриши Мањмуди Торобї. Аз солњои 30-юми асри ХIII миёни ањолии ва махсусан њунармандони шањр љунбиши зидди муѓулу муздурони мањаллии он шурўъ мегардад. Хусусан дар Бухоро ва гирду атрофи он ин ќиём огоњонатару зиндатар буд. Дар соли 1238 шўрише дар ин љо ба амал омад, ки бо номи шўриши Мањмуди Торобї машњур аст. Бухороро ашрофи мањаллї, ки дар ситамкорї аз хонњои муѓул кам набуданд, идора мекарданд. Аз ин љост, ки нахустин корзор њам дар Бухоро иттифоќ афтод. Пешвои ин шўриш косиби элакбофи дењаи Тороби назди Бухоро Мањмуд буд. Ў нотиќи оташинсухан буда, дар Тороб ва атрофи он мардумро огоњ карда, ба муборизаи зидди муѓулњо ва тарафдорони онњо даъват менамуд. Њукмронии Бухоро дар ќасди дастгир кардани Мањмуд афтоданд. Лекин Мањмуд ин ќасди душманро пешакї фањмида хатари тањдидкунандаро бартараф намуд. Ў ба Бухоро танњо нарафта, бисёре аз пайравонашро бо худ гирифт. Тарафдорони сершумори Мањмуд дар яке аз баландињои наздикии шањри Бухоро љамъ шуданд ва Мањмуд дар њузури мардум суханронї карда, ононро ба муборизаи мусаллањона даъват кард. Њамаи ањолии мањалњои атроф омада, ба ў њамроњ шуданд. Ваќте ки Мањмуд ќувваи бузурге љамъ намуд, аз рўњониён, садрњо ва дигар намояндагони табаќаи њоким талаб намуд, ки ўро халифа хонанд. Садрњо ва намояндагони табаќаи њоким аз шањр ронда шуданд. Лекин Мањмуд ба хубї мефањмид, ки «бузургони Бухоро» аз муќовимат даст намекашиданд ва онњо барои баргардонидани њокимияти аз даст рафтаи худ, албатта кўшиш хоњанд кард. Њамин тавр њам шуд. Онњо дар Кармина ќарор гирифта, бо њамроњии ќуввањои мусаллањи муѓулњо низ ба љанг тайёрї медиданд. Нињоят, дар наздикии шањри Бухоро дар байни шўришчиён ва аскарони муѓул муњорибаи сахте ба амал омад. Шўришчиён мардонавор љангиданд. Мањмуд худ дар миёни маъракаи корзор буд. Ањолии дењањои атроф бо каланд ва табар масаллањ шуда, ба кўмаки шўришчиён омаданд. Ин ѓалабаи шўришчиёнро хеле тезонид. Ќўшуни муѓулњо шикаст хўрда, аќиб нишастанд. Дар ин муњориба 10 њазор кас кушта шуд. Аммо љараёни мубориза ба зудї таѓйир ёфта, шўриш ба шикаст дучор гардид. Пешвои шўриш Мањмуд дар наздикии Кармина кушта шуд. Роњбари дигар, дўсти Мањмуд Шамсиддин Мањбубї низ њалок гардид. Шўришчиёни бе сарвар аз нарасидани яроќ њам дар ранљ буданд. Ин љунбиш воќеъан њам мардумї буд. Номи муборизи сарбаланд Мањмуди Торобї дар сањифањои таърихи тољикон бо њарфњои заррин навишта шудааст. Улуси Чаѓатой. Чингиз њанўз дар замони њаёташ империяи пањновари худро ба улусњо таќсим намуда, писаронашро бар ин улусњо сарвар таъин кард. Хони бузург Ўќтой (1229-1241) таъин гардид, вале Осиёи Миёна, ки бештари ањолияшро тољикон ташкил менамуданд, ба ихтиёри Чаѓатой гузашт. Бинобар ин давлати нави Осиёи Миёнаро, улуси Чаѓатой меноманд Идораи Мовароуннањр амалан дар ќабзаи ихтиёри тољири машњур Мањмуди Ялавоч ќарор гирифт. Фотењони муѓул барои идораи давлат бештар ба амалдорони тољик такя мекарданд. Намунаи барљастаи он ду нафар аз чењрањои дурахшони таъриху тамаддуни тољик Љувайнї (муаллифи «Таърихи Љањонкўшой») ва Рашидаддин Фазлуллоњ (муаллифи «Љомеъ-ут-таворих») буданд. Ба ќудрати сиёсї расидани ин ду донишманд барои мардуми ситамкашидаи тољик хеле боањамият буд. Бояд зикр намоем, ки илова ба раиятнавозиву адолатпешагї осори таърихии ба ќалами ин ду бузургвор таълифшуда бењтарин намунаи таърихи классики мо ба њисоб меравад. Ислоњотгари давраи Мангуќоон писари Мањмуди Ялавољ Масъудбек ба њисоб мерафт. Бо дастури Мангуќоон бисёре аз хирољу андозњо бекор карда шуданд. Инчунин нисбат ба фарњанги халќњои зердаст беэътиної камтар гашта, њатто амру фармонњо бо забонњои мањаллї содир мегаштанд. Њаёти шањрї ба эътидол омад. Соли 1256 Њулоку Мангуќоон ба самти Эрону Ироќ лашкаркашї намуда, пас аз муборизањои тўлонї ќалъаи Аламутро, ки беш аз 150 сол маркази давлатдории исмоилиён буд, ба даст овард. Соли 1258 бошад, Баѓдод – маркази 500 солаи хилофати исломиро забт ва охирин халифаи аббосї Мустаъсимро ба ќатл расонида, ба мављудияти хилофати Аббосиён хотима бахшид. Эрон ва Ироќ минбаъд ба таркиби давлати нави муѓулї бо номи Илхонон дохил мегашт. Ин лашкаркашї низ бо берањмиву разолати зиёд њамроњ буд. Њукумати хонњои муѓул дер давом намекард ва яке дигареро иваз менамуд. Дар як муддати кўтоњ чандин хонњои бузург ба тахт нишастанд ва дар њар ќурултой (маљлиси умумии муѓулњо) ќарорњои дахлдор ќабул мегардид. Аз љумла дар ќурултойи соли 1269 муѓулњо ќарор ќабул карданд, ки минбаъд хирољ љамъ кардан манъ гардида, дахолат накардан ба корњои муќимї гўшзад мегашт. Муѓул бояд даромади худро аз њисоби андозу дигар намудњои молиёт ба даст меовард. Ин то як андоза сабаби равнаќи хољагидорї гардид. Ин ќарор сабаб шуд, ки аз паси он дигар силсила тадбирњо андешида шаванд. Ислоњоти пули Масъудбек дар соли 1271 барои ривољи муносибатњои моливу пулї ва танзими њаёт наќши муносиб гузошт.Мазмуни ин ислоњот он буд, ки дар њамаи шањру ноњияњои Осиёи Миёна зарби муназзами сиккањои нуќрагин ба роњ монда шуд ва дар њама љо ќиммати яксон доштанд. Ин як пешравии љиддї дар муносиботи моливу пулї буд. Дар ибтидо мардум ба ин ислоњот бо нобоварї нигоњ мекарданд ва танњо дар солњои 70-80-уми асри XIII натиљањои ин ислоњот ба бор нишаста, авзои кишварро бењбуд бахшид. Њокимони алоњидаи муѓул бар хилофи гузаштагонашон ба бунёди шањрњо камар мебастанд. Намунаи ин бунёди шањри Андиљон дар Фарѓона бо супориши Тувахони муѓул мебошад. Дигаргунии бузурги фарњагї ба ислом љалб гаштани хону ашрофи муѓул мебошад. Агар дар ибтидо баъзе аз сарварони муѓул ба дини масењї майл кунанд, дар охири асри XIII ва ибтидои асри XIV хонњои муѓул ба шарафи ќабули ислом муяссар мегаштанд. Намунаи ин амалро, ки барои тољикони Хуросон аз ањамияти хос бархурдор буд, мо дар симои илхонњо Тагудор Ањмад ва Ѓозонхон дида метавонем. Дар солњои 40-уми ќарни XIV улуси Чаѓатой, ки аз Њафтрўд, водии Илї, Мовароуннањр, соњили чапи Амударё ва ќисмати љанубу ѓарбии Хоразмро бо шањрњои Кот ва Хева дарбар мегирифт, ба ду мулки мустаќил таќсим мешавад. Ќисмати Шимолу Шарќии Улус, ки ба он Њафтрўд, водии Илї, назди Тёншон ва Ќошѓар дохил мешуданд, дар адабиёти таърихї номи Моѓулистонро гирифтааст ва мардумаш асосан сањронишин буданд. Ќисмати Ѓарбии Улус (Мовароуннањр, ќисмати Љанубу Шарќии Хоразм ва заминњои он сўи Амударё) Мовароуннањр ном дошт ва сокинонаш муќимнишин буданд. Инќирози Улуси Чаѓатой ба њаёти хољагии њар ду мамлакат таъсири манфї расонд. Инчунин боиси бесарусомонињои иљтимої-иќтисодї ва ихтилофњои феодалї гардид. Дар миёнаи асри XIV натанњо империяи муѓулњо, њатто улуси Чаѓатой њамчун давлати ягонаи марказиятнок вуљуд надошт. Вай ба хонигарии вилоятњои гуногун таќсим шуда буд ва њар кадоми онњо майли истиќлолиятро доштанд. Њаёти фарњангї дар ањди муѓул. Њуљуми вањшиёнаи муѓулњо ба фарњанги мардуми тољик хисороти љуброннопазире ворид сохт. Садњо шањру дењањо нобуд гардида, миллионњо одамон ќурбон гардида, ќисми дигар ба соири кишварњо муњољир гаштанд. Барои ин давраи њукуматдории муѓулњо заволи меъмориву санъат хос мебошад. Аммо модари тољик барои њама гуна даврањои таърих нобиѓањое зода, ба тамаддуни љањон њадя месозад. Барои рушду такомули њар гуна истеъдод шароити муносиб зарур аст. Дар ањди муѓул осори бузурги таърихї офарида мешавад, ки бузургтарин намунаи он ба ќалами Алоуддин Атомалики Љувайнї (1225-1283) тааллуќ дорад. Ў асари «Таърихи Љањонкўшо»-ро бо забони форсии тољикї офаридааст, ки аз се боб иборат буда, асосан њодисањои ањди муѓулро то соли 1257 фаро гирифтааст. Муаррихи дигари тољик Рашидаддин Фазлуллоњ (1247-1318) дар илми тибб саромади рўзгор буда, дар ањди илхони Муѓул Ѓозонхон то ба дараљаи вазирї мерасад. Муњимтарин асари ў «Љомеъ-ут-таворих» мебошад. Ин асар аз 4 љилд иборат буда, муаллиф ба таърихи то муѓул њам ишора кардааст. Аммо маълумоти ба таърихи муѓулњо бахшидаи он ањамияти бузурги таърихї дорад ва аз форси тољикї бо забонњои зиёди дунё тарљума гардидааст. Яке аз бузургтарин чењрањои фарњангии ањди муѓул (ва тамоми таърихи мо) бешак Љалолиддин Муњаммад Балхї (Румї) (1207-1273) аст. Ў зодаи Хуросон (аз тољикони Балх ё Вахш) буда, дар остонаи њамлаи муѓул њамроњи падари донишмандаш, ки бо лаќаби «султон-ул-уламо» маъруф буд, Хуросонро тарк карда, пас аз сайёњатњои тўлонї дар шањри Ќунияи Осиёи Хурд (Туркияи имрўза) иќомат ихтиёр мекунад. Љалолиддин Балхї њамчун суфии ориф машњур гадида, маслаки махсусеро асос гузоштааст, ки бо номи «мавлавия» машњур аст. Бузургтарин шоњкории ин шоири суфимашраб асари «Маснавии маънавї» мебошад, ки бо забони форсии тољикї ба риштаи назм кашида шудааст. Љалолиддин Балхї (Румї) ѓазалњои пурсўзу гудоз њам навиштаст, ки онњо дар «Девони Шамси Табрезї» ном асари бузургњаљми ў гирд омадаанд. Инчуни асари «Фињи мо фињї» низ ба ќалами ин шоир ва андешаманди бузурги тољик тааллуќ дорад. Соли 2007 дар Тољикистон 800-солагии ин шоиру андешаманди бузург таљлил гардид. Шайх Муслињаддин Саъдии Шерозї (1219-1292) аз намояндагони шўњратманди адабиёти форсу тољик аст, ки номаш дар ќатори бузургтарин чењрањои адабиёти љањон шомил гардидааст. Ў дар замони ноорому фитнахези муѓул ба сайёњат баромада, зањри ѓурбат ва њатто ранљи асоратро низ чашида, њосили андўхтањояшро дар осоре назири «Гулистон», «Бўстон», ќасоид ва ѓазалиёт љовидонї сохтааст. Ўро оламиён барњаќ «муаллими ахлоќ» номидаанд. Саъдї дар осори худ калимаи Тољикро борњо истифода бурда, сарзамин ва мардуми Хуросону Мовароуннањро то ин ном ёдовар мешавад ва њатто љое худро низ тољик медонад: Шояд ки ба подшањ бигўянд, Турки ту бирехт хуни тољик. Амир Хусрави Дењлавї (1253-1352) аслан аз шањри Кеши Мовароуннањр буда, волидайни ў дар замони ноороми муѓул ба Њиндустон њиљрат кардаанд. Ў пас аз камоли илм ёфтан муддате мулозими дарбори султон гардида, дар љавоб ба «Хамса»-и Низомї асари панљгонае офаридааст, ки дар радифи бењтарин хамсањои адабиёти ѓановатманди форсу тољик ќарор дорад. Аз бузургони ин давра метавон Муњаммад авфии Бухорої (охири асри XII – нимаи аввали асри XIII) ва асарњои «Лубоб-ул-албоб» ва «Љавомеъ-ул-њикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёт»-ро номбар кард, ки миёни тамоми форсизабонон машњуранд. Ў низ парвардаи хоки поки Бухоро ва аз муњољирон ба Њиндустон аст. БОБИ VIII. Халќи тољик дар њайати давлатњои Осиёи Марказї аз нимаи дуюми асри XIV – то миёнаи асри XIX |