апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
Скачать 3.71 Mb.
|
§4. Сиёсати ќарздињї ва фаъолияти бонкњо дар шароити Осиёи Миёна Кассањои ќарздињии уездї. Кассањои ќарздињии уездиро дар замони њукуматдории подшоњї «ташкилотњои ќарздињии халќї» меномиданд. Зеро, онњо барои дастгирии мањз њочагии истењсолкунандагони хурд, ки аксари ањолиро ташкил медоданд, нигаронида шуда буд. Дар шароити кишвари Туркистон истењсолкунандагони хурдро њочагии пахтакорон, ѓаллакорон, њунармандон, косибон ва чорводорон, яъне умуман њамаи онњое, ки худ бо истењсолот машѓул буданд, ташкил менамуданд. Онњо њар сол ба фоидаи давлат хелњои гуногуни андозро супорида, хазинаро пур мекарданд. Бинобар ин њукуматдорони подшоњї бенавогардии ин ќисми ањолиро намехостанд. Зеро, чунин њолат натанњо барои љамъоварии андоз, балки барои мављудияти худи низоми мустамликавї хавфи љиддї дошт. Аз ин рў њукуматдорони подшоњї ба хубї эњсос намуданд, ки истењсолкунандагони хурди кишвар мўњтољи дастгирии молиявї мебошанд ва њамин њолат онњоро ба доми судхўрон кашидааст, ки ба ивази ќарзашон 60-80%-и солона талаб мекарданд. Баъзе амалдорони подшоњї, дар шароити кишвар яке аз роњњои халосиро аз чунин њолат, дар љорї намудани фаъолияти кассањои ќарздињии уездї медиданд. Соли 1870 генерал-губернатори Туркистон фон Кауфман дар шароити кишвар зарурияти кассањои ќарздињии уездиро ба миён гузошта буд. Соли 1873 барои кишвари Туркистон оинномаи намунавии чунин кассањо тартиб дода шуд. Мувофиќи он пешнињод гардида буд, ки ба њохишмандон-мўњтољон ќарз ба миќдори аз 10 то 300 сўм, ба мўњлати аз 3 моњ то як сол, ба ивази 6%-и солона дода шавад. Дар асоси ин оинномаи намунавии умумии кишварї минбаъд њар як кассаи нав ба вуљудомада оинномаи худро тартиб медод. Дар њудуди кишвари Туркистон аввалин кассањои ќарздињї соли 1876 дар шањри Намангони вилояти Фарѓона, дуюмин, соли 1882 дар Катта-Ќурѓони округи Зарафшон (баъд вилояти Самарќанд) ташкил карда шуд. Доираи фаъолияти кассаи Катта-Ќурѓонї њудуди участкаи Панчакентро низ, ки тумани Нагорный меномиданд, дар бар мегирифт. Соли 1885 кассаи ќарздињии уезди Хуљанд ташкил ёфт. Соли 1903 миќдори умумии касањои ќарздињии уезди дар кишвари Туркистон ба 21 адад расида буд. Фонди пулии кассањо аз маблаѓи-даромади худи уезд ва вилоят таркиб меёфт. Чунин даромад аз њисоби андоз, махсусан андози кишоварзон, даромади шањрњо ва ѓайра, яъне умуман аз буљаи мањаллї иборат буд. Фаъолияти ќарздињии кассањо чунин сурат мегирифт. Сараввал шахси мўњтољ барои ќарз бо ариза ба сарвари уезд мурољиат мекард. Дар он инчунин шахсони кафолатдињандаро низ нишон медод. Сарвари уезд њолати пулии кассаро ба инобат гирифта, барои шахси мурољиаткарда, миќдори ќарзро, албатта камтар аз хости ў муайян мекард. Новобаста аз норасоињо (махсусан аз нарасидани буљаи мањаллї) фаъолияти кассањои ќарздињии уездї аввалин таљрибаи бевосита бо ќарзи имтиёзноки давлатї таъмин намудани истењсолкунандагони хурд, аз љумла дењќонон мебошад. Фаъолияти чунин кассањо дар њудуди аморати Бухоро ва хонии Хева пањн нагардидааст. Фаъолияти ќарздињии ширкатњои марказии Русия дар Осиёи Миёна. Ширкату рафоќатњои марказии тиљоратии Русия, ки манфиати саноатчиёни бофандагиро њимоя мекарданд, махсусан тарафдори инкишофи пахтакорї буданд. Мањз он ширкату рафоќатњо зарурияти ќарзро барои инкишофи пахтакорї эњсос намуда, чунин њочагињоро ба ќадри имкон бо пул таъмин кардаанд. Масалан Рафоќати мануфактураи бузурги Ярослав аз соли 1887 сар карда барои кишти пахтаи навъи америкої, ба ивази 8%-и солона ќарз медод. Ин рафоќат дар амалиёти ќарздињии худ бо рафоќати «Владимир Алексеев» якљоя фаъолият мекард. Ин ду рафоќат соли 1900 дар 14 волостњои уезди Андиљон ба 5632 нафар дењќонон кариб 415 њазор сўм ќарз додаанд. Дењќонон бошанд ба ивази, ин ќарз пахтаи худро бояд мањз ба намояндагони њамин рафоќатњо месупориданд. Намояндаи рафоќатњои номбурда ва дигар рафоќати ширкатњои Русиягї на танњо дар њудуди вилоятњои гуногуни кишвари Туркистон, балки дар њудуди аморати Бухоро ва хонигарии Хева њам амал мекарданд. Умуман фаъолияти ќарздињии онњо дар роњи инкишофи иќтисодиёти Осиёи Миёна, махсусан пахтакорї ќадами љиддие буд. Мањз бо ташаббуси њамин рафоќату ширкатњои Русиягї дар њудуди кишвар барои фаъолияти васеи сармояи бонкї шароити ќулайро ба вуљуд овардаанд. Бонкахо. Зарурияти дар шароити Осиёи Миёна, пеш аз њама кишвари Туркистон оѓоз намудани фаъолияти бонкњои марказии Русияро рафоќату ширкатњои марказии тиљоратї ба миён гузоштаанд. Зеро, гумоштагони онњо, ки дар кишвар бо корњои тиљорат машѓул буданд, на њама ваќт бо пули зиёд ба ин сарзамин омада метавонистанд. Аз ин рў аз њукумати подшоњї талаб карданд, ки дар кишвари дурдаст шўъбаи бонкњои Русияро ташкил намояд. Мувофиќи ин талаб 10 майи соли 1875 дар Тошкент аввалин ташкилоти бузургтарини давлатии ќарздињї дар кишвар - шўъбаи бонки Давлатии Русия кушода шуд. Он шўъба то соли 1890 дар сарзамини Осиёи Миёна ягона ташкилоти калони ќарзидињанда ба њисоб мерафт ва он ба рафоќату ширкат ва тољирони калон ќарзи кўтоњмуддат (то 1 сол) медод. Минбаъд ин бонк шўъбањои худро дар шањрњои Самарќанд (с.1890), Ќўќанд (с.1893), Бухоро (с.1894), Ашќобод (с.1895), Андиљону Верний (с.1911) кушод. Аз аввали солњои 90-и асри Х1Х дар Осиёи Миёна бонкњои тиљоратии Русия њам шўъбањои худро кушоданд. Шумораи ташкилотњои 9 бонкњои тиљоратии Русия асосан дар аввали асри ХХ афзуда то ба 45 адад расид. Њиссаи он бонкњо дар ин њисоб чунинанд: Русию Осиёгї (дар асоси шўъбањои собиќ бонки Русию Хитойї) - 12 шўъба, Тиљорати Сибирї - 8 шўъба, Тиљорати Азовию Донї - 7 шўъба, Њисоби Москвагї - 6 шўъба, Тиљорати Волжию Камагї ва Муттањида (дар асоси шўъбањои собиќ бонки Тиљорати Байналхалќии Москвагї)-њар кадом 4 шўъбагї, Русии барои тиљорати беруна -2 шўъба, Тиљорати Москвагї ва Саноати Москвагї-њар кадом яктої шўъба кушоданд. Дар ќатори 7 шўъбањои дар боло номбурдаи бонки Давлатї, боз ду агентии бонки нимњукуматии Њисоби ќарздињии Эрон, 18 бонкњои мањаллї (бештар дар шакли љамъиятњои ќарздињии байнихудї) ба вуљуд омадаанд. Шумораи умумии ташкилоти бонкњои марказї ва мањаллї дар Осиёи Миёна ба 72 адад расида буд, ки дар арафаи инќилоби Октябр 61 адади онњо амал мекарданд. Шўъбањои бонкњо бештар дар вилояти Фарѓона (22 ташкилот) љойгир шуда буданд. Боќимонда дар вилоятњои Сирдарёю Моварои Каспї (Закаспї) - дар њар кадом 10 ташкилотї, дар вилояти Самарќанду Њафтрўд - дар њар кадом 9 ташкилотї, яъне љамъ дар кишвари Туркистон - 60 ташкилоти бонкї љойгир буданд. Дар аморати Бухоро бошад 11 ташкилот ва дар хонигарии Хева њамагї як ташкилоти бонкї амал мекарданду халос. Дар байни шањрњо дар љои аввал Ќўќанд меистод, ки дар он љо љамъ 10 ташкилоти бонкї, дар љои дуюм ва сеюм Бухорою Самарќанд, ки дар њар кадоми онњо 8 ташкилотњои бонкї ва дар љои чањорўм Тошкент бо 7 ташкилоти бонкї буданд. Ба ѓайр аз бонкњои номбаршуда, танњо дар њудуди кишвари Туркистон боз ду бонкњои марказии кишоварзї: Нижегородию Самарагї (аз соли 1899) ва Полтавагї (аз соли 1902) амал мекарданд. Онњо ба соњибони мулкњои ѓайриманќула-соњибони заводњо, замин, хонањо ва ѓайра ба мўњлати аз 10 то 66 солу 2 моњ ќарзи дарозмуддат медоданд. Вале хусусиятњои кишварро ба назар гирифта ин бонкњо ќарзро асосан ба мўњлати 20 солу 7 моњ додаанд. Фаъолияти бонкњо аз миќдори сармояи дар ихтиёри худ доштаашон вобастагї дошт. Бинобар ин ќариб њамаи онњо дар баробари сармояи худ инчунин амонат њам љамъ менамуданд. Дар шароити Осиёи Миёна маблаѓи аз њама зиёде, ки дар бонкњои марказии Русия гузоштаанд, амирони охирини Бухоро - Абдулањадхон ва Олимхон буданд. Маблаѓи дар бонкњои Русия гузоштаи онњо љамъ 34 млн. сўмро ташкил мекардааст. Ба амирон пайравї намуда ќушбегї, раис ва дигар амалдорони Бухоро низ пули худро чун амонат дар шўъбањои дар Бухоро доштаи бонкњои Русиягї гузошта, фоизи зиёд мегирифтанд. Дар шароити њамонваќтаи Осиёи Миёна бонкњо имконият надоштанд, ки бевосита бо истењсолкунандагон - дењќонон, њунармандон, косибон, чорводорони хурд ва ѓайра кордор бошанд. Бинобар ин шўъбањои бонкњо пулро њамчун ќарз ба рафоќату ширкатњо ва савдогарони бонуфуз (бештари онњо соњиби заводњои гуногун, махсусан заводњои пахтатозакунї буданд) медоданд. Рафоќатњо, ширкатњо ва савдогарони калон дар навбати худ ќарзи аз бонк гирифтаашонро дар байни миёнаравони нисбатан хурд: савдогарони миёна ва хурд, даллолњо (комиссионерњо), аробакашњо ва ѓайра таќсим мекарданд. Ин гурўњ дар навбати худ ќарзро ба истењсолкунандагон, аз љумла ба дењќонон мерасониданд. Њамин тавр дар шароити Осиёи Миёна аппарати миёнаравњо ташаккул ёфт. Апарати миёнаравњо гуфта гурўњи рафоќату ширкатњо, савдогарони бонуфуз, пахтаљалобон (яъне соњибони заводњои пахтатозакунї), даллолњо (комиссионерњо) ва аробакашњоро меноманд, ки онњо алоќаи бонкњоро бо истењсолкунандагони хурд, аз љумла дењќонон ва баръакс, алоќаи истењсолкунандагони хурдро бо бонкњо барќарор менамуданд. Агар нуќтаи охири ќарз њар чї ќадар аз маркази ташкилотњои бонкї дур бошад, миёнаравњо њамон ќадар зиёд ва фоизи ќарз меафзуд. Яъне агар бонкњо ба рафоќатњо, ширкатњо ё худ савдогарони калон ќарзро ба ивази 8-10 физи солона дињанд, дар мањалњои наздики бонк он ќарз ба ивази 12-15 фоиз дастраси дењќонон мешуд. Вале дар гўшањои дурдаст, ки раќобат вуљуд надошт, фоизи ќарз то 50-60 фоиз ва њатто аз он њам зиёд мерасид. Бинобар њамин њам баъзе ширкатњо манфиатдор буданд, ки ќарзро аз бонкњо гирифта, ба мањалњои дурдаст баранд. Зеро, дар чунин мањалњо, аз як тараф раќобат вуљуд надошт, аз тарафи дигар онњо фоизи ќарзро мувофиќи хоњиши худ боло бардошта метавонистанд. Дар натиљаи ин њама пахтакорї сол аз сол на танњо тамоми водињо, балки њатто ноњияњои кўњии Бухорои Шарќиро (масалан ноњияи Дарвозро) низ фаро гирифта буд. Аз љумла соли 1911 дар бекигарии Дарвоз, ки дурдасттарин бекигарии аморати Бухоро њисоб мешуд, 10 њазор пуд пахта љамъ оварда шудааст. Рафоќат ва ширкатњои мањаллї. Чуноне дар боло ишора рафт барои мутобиќ гардонидани фаъолияти бонкњо дар шароити Осиёи Миёна, махсусан барои амалї гардидани амалиёти ќарздињии онњо, рафоќат ва ширкатњо наќши махсусро бозидаанд. Рафоќатњо ва ширкатњое, ки солњои 70-90-и асри Х1Х дар Осиёи Миёна амал мекарданд аксарият москвагї ва ё худ аз дигар шањрњои марказии Русия буданд. Вале онњо њам дар амалиёташон, бањри инкишофи фаъолияти худ, ба тољирони мањаллї такя мекарданд. Дар натиљаи ин њама минбаъд аз њисоби тољирони мањаллї бунёдкунандагони рафоќатњои бузург сабзида расидаанд, ки мисоли онро дар симои рафоќатњои бародарон Вадяевњо, Р.Ш. Потеляхов ва ѓайрањо дида метавонем. Чунончї, њанўз 24 ноябри соли 1894 шўъбаи Ќўќандии бонки Давлатии Русия ба тољирони начандон номї, бародарон Вадяевњо, ки баромадашон аз яњудиёни бухорої буд, 50 њазор сўм ќарз дода буд. 21 июли соли 1900 њамон шўъба кордонии онњоро ба инобат гирифта миќдори ќарзашонро то ба 100 њазор сўм зиёд намуд. Ингуна кўмаки бонкї ба бародарон Вадяевњо имконият дод, ки 28 феврали соли 1902 дар Ќўќанд ширкати мустаќили худро ба номи «Хонаи тиљоратии бародарон Вадяевњо», бо сармояи 70 њазор сўм бунёд кунанд. Маќсади ин ширкат асосан хариду фурўши пахта, фурўши мањсулоти саноатї ва ѓайра ба њисоб мерафт. Аз љумлаи бародарон Вадяевњо махсусан кордонии Ёќуб ва Сион диќќати амалдорони бонкњои марказиро ба худ љалб карда буд. Пас аз ташкил ёфтани ширкат, бонки Давлатї миќдори ќарзи Вадяевњоро боз њам зиёдтар намуд, ки он соли 1903 то ба 200 њазор сўм ва соли 1907 то ба 250 њазор сўм афзуд. Бародарон Вадяевњо баъди дар Осиёи Миёна пањн гардидани фаъолияти бонкњои тиљоратии Русиягї шахсони боэътимоди бисёре аз онњо гардида буданд. Дар замони афзудани раќобати байни бонкњо наздикшавии ширкати Вадяевњо бо бонки тиљоратии марказї - Русию Осиёгї ањамияти махсус дошт ва он 11 майи соли 1912 ба ташкил додани ширкати боз њам калонтар «Рафоќати тиљоратию саноатии Вадяевњо» оварда расонид. Дар шароити Осиёи Миёна ин аввалин иттињодияи монополистї буд. Дар рафоќати нав низ бародарон Сион ва Ёќуб наќши роњбарикунандагиро бозиданд. Рафоќати Вадяевњо сол аз сол пурќувват мегардид. Аз панљ як њиссаи пахтаи Осиёи Миёна танњо ба воситаи њамин рафоќат ба марказњои саноатии Русия фиристода мешуд. Ин рафоќат њатто њиссаи асосии сањмияњои яке аз љамъиятњои калонтарини сањомии Русия «Салолин»-ро низ ба даст даровард. Дар натиља рафоќат дар арафаи мањви тартиботи подшоњии Русия ба ќатори рафоќатњои бузургтарини соњаи саноати сабуки империя (махсусан дар соњаи пахта, равѓан ва маргарин) дохил гардида буд. Ташкилотњои хурди ќарздињї. Дар охири асри Х1Х ва аввалњои асри ХХ дар инкишофи пахтакории Осиёи Миёна хочагињои дењќонони миёнањол маќоми асосиро мебозиданд. Вале њукуматдорони подшоњиро вазъияти ногувори њамонваќтаи он хољагињо сахт ба ташвиш гузошта буд. Зеро, миёнаравњо: рафоќатњо, ширкатњо, тољирон, пахтаљаллобон, махсусан судхўрони мањаллї аз дењќонони харобгардида ба ивази ќарзњои напардохта порчаи замини онњоро кашида мегирифтанд. Чунин њолат аз як тараф ќисми мардуми Осиёи Миёнаро оњиста-оњиста ба њолати бенавої-пролетарї оварда мерасонид, аз тарафи дигар ба инкишофи пахтакорї низ зарбаи ќатъї мезад. Барои њукумати подшоњии Русия њар дуи ин оќибатњо ташвишовар буд. Бинобар ин, дар шароити кишвари Туркистон яке аз вазифањои навбатии он ин аз чанголи миёнаравњо наљот додани хољагињои дењќонони миёнањол ба њисоб мерафт. Амалдорони њукумати подшоњї дар ин соња роњи ягонаи наљотро дар љорї намудани амалиёти ташкилотњои хурди ќарздињї медиданд. Ташкилотњои хурди ќарздињї, чун дар тамоми Русия, дар кишвари Туркистон њам бояд мувофиќи ќонуни аз 7 июни соли 1904 бунёд мегардид. Дар асоси он ќонун се намуди чунин ташкилотњо пешбинї шуда буд: рафоќати ќарздињї, рафоќати ќарздињии амонатї ва кассањои љамъиятии ќарздињии амонатї. Соли 1905 оиди њар кадоми ин шаклњо оинномањои махсус бароварда шуд. Мувофиќи он њуљљатњо рафоќати ќарздињї танњо аз њисоби маблаѓи бонки Давлатї ташкил меёфт, бинобар ин нисбати аъзоёни худ њаќќи аъзогї надошт. Њангоми амалиёти мусбати рафоќат бонки Давлатї нисбати он сари чанд ваќт миќдори ќарзи худро зиёд мекард. Даромад ва зарари рафоќати ќарздињї њамааш ба ўњдаи давлат мегузашт. Рафоќати ќарздињии амонатї бошад дар асоси њаќќи аъзогї, аниќтараш њиссаи (пули гузаштаи) бунёдкунандагонаш ташкил карда мешуд ва даромаднокї, яъне њаќќи аъзогии сањм (дивидент) њам ба фоидаи онњо буд. Фаќат баъди як соли фаъолияти мусбат чунин ширкатњо метавонистанд аз ќарзи бонки Давлатї истифода баранд. Њангоми пароканда ва ё ќатъ намудани фаъолияти чунин рафоќат тамоми маблаѓаш дар байни аъзоён – бунёдгузоронаш, мувофиќи њаљми њиссаашон таќсим карда мешуд. Барои ташкил намудани њар ду шакли рафоќатњо, яъне рафоќатњои ќарздињї ва ќарздињии амонатї шартнома бо имзои зиёда аз 20 нафар шахсони алоњида, танњо аз љумлаи истењсолкунандагони хурд зарур буд. Фарќияти шакли сеюм - кассањои љамъиятии ќарздињии амонатї аз рафоќатњои аввала дар он аст, ки чунин кассањо бо ташаббуси љамъиятњои алоњида, аз љумла љамъиятњои ќишлоќї, ё худ бо ќарори љамъомадњои ќишлоќї ташкил карда мешуд. Дар шароити кишвари Туркистон аз њар се шаклњои номбурда танњо ду шакли аввала: рафоќатњои ќарздињї ва ќарздињии амонатї ташкил карда шуда буданд. Ташкилотњои хурди ќарздињї ќарзро чун ќарзи имтиёзнок танњо ба аъзоёни худ, ба миќдори барои њар як кас то њазор сўм, ба ивази то 12 фоизи солона медоданд. Рафоќатњо, мувофиќи оинномаашон, ба миљозони худ ќарзи дарозмуддат- то 5 сол ва кўтоњмуддат то 1 сол пешнињод мекарданд. Дар њудуди кишвари Туркистон соли 1907 аввалин рафоќати ќарздињї дар вилояти Фарѓона ташкил карда шуд. Аз соли 1910 дар сарзамини кишвари Туркистон ба тарзи оммавї бунёди ташкилотњои хурди ќарздињї сар шуд ва соли 1917 шумораи умумии онњо то ба 900 адад расид. Аз ин њисоб тахминан 340 рафоќатњои ќарздињї ва бештар аз 500 рафоќатњои ќарздињии амонатї буданд. Яъне, дар солњои охир худи истењсолкунандагони хурд њавасманд буданд, ки мањз рафоќати ќарздињии амонатиро ташкил намоянд. Зеро, ин шакл барояшон аз њар љињат фоидаовар буд. Шумораи умумии аъзоёни ташкилотњои хурди ќарздињї танњо дар вилоятњои Фарѓона, Самарќанд ва Сирдарёи кишвари Туркистон то ба 200 њазор нафар расида буд. Яъне њамин миќдор истењсолкунандагони хурд аз истисмори миёнаравњо халос гардидаанд. Фаъолияти ташкилотњои хурди ќарздињї ноњияњои пахтакор (асосан), ѓаллакор, чорводор, мањаллањои њунармандону косибони кишвари Туркистонро фаро гирифта буд. Аз ин рў бисёр њочагињои ноњияњои имрўзаи Тољикистони Шимолї низ ба доираи фаъолияти ин ташкилотњо дохил мешуданд. Ба ин фаъолияти рафоќатњои ќарздињии Ўротеппа, Нов, Ќистакўз, Исписор, Ѓулакандоз, Исфара, Мањрам ва ѓайра мисол шуда метавонанд. Ташкилотњои хурди ќарздињї, баробари мустањакамшавї ва васеъ намудани фаъолияташон, инчунин ќисман вазифаи миёнаравиро низ ба ўњдаи худ гирифта, аъзоёнашонро бо асбобњои кишоварзї, пунбаи тухмї, тухми кирмак, ѓалла ва ѓайра таъмин мекарданд. Баъзе ташкилотњо дар назди идораи худ нуќтањои кирояи (прокати) њар гуна асбобњои њочагии ќишлоќро (аз љумла техникаи замонавиро) ташкил карда буданд. Дар натиљаи ин аз техникаи ба даст даровардаи ин ё он ташкилот аъзоёни он ба хубї истифода бурда метавонистанд. Фаъолияти ташкилотњои хурди ќарздињї дар шароити Осиёи Миёна, чуноне таъкид намудем, танњо сарзамини кишвари Туркистонро фаро гирифта буд. Яъне, он чорабинї барои сарзамини аморати Бухоро ва хонии Хева, ки дар идоракунии дохилї давлатњои «мустаќил» њисоб мешуданд, дахл надошт. § 5. Оѓози ташаккулёбии синфи коргар ва буржуазияи миллї Оѓози ташаккулёбии синфи коргари миллї. Ибтидои ташаккулёбии синфи коргар дар Осиёи Миёна асосан ба солњои 80-90-и асри ХIХ мувофиќ меояд. Зеро, ба вуљудої ва инкишофи соњањои гуногуни саноат ва сохтмони роњи оњан мањз ба ин солњо хос аст. Аммо оиди миќдори синфи коргари он солњо маълумотњо гуногунанд. Албатта шумораи коргарон аз иќтидори заводњо ва корњои сохтмони роњњои оњан вобастагї дошт. Маълум аст, ки корхонањои саноатии солњои 80-90-и асри ХIХ хеле хурд ва аз њамин сабаб миќдори коргарон низ дар онњо хеле кам буданд. Чунончї, соли 1885 дар 27 корхонаи нисбатан калони шањри Тошкент ба њисоби миёна 10 нафар коргар кор мекардаанд. Мувофиќи баъзе маълумотњо, танњо дар кишвари Туркистон, то охири асри ХIХ, шумораи умумии коргарони корхонањои саноатї таќрибан 10 њазор нафар будаанд, ки аз онњо 70,7 фоизро намояндагони халќњои мањаллї, 22,8 фоизро русњо, 6,5 фоизро намояндагони дигар миллатњо ташкил мекардаанд. Њиссаи коргарони мањаллї махсусан дар вилояти Фарѓона зиёд буда, он 79,3 фоизро ташкил медод. Сабаби ин пеш аз њама дар он аст, ки аксарияти кулли коргарони заводњои пахтатозакунї аз љумлаи мардуми мањаллї буданд. Инчунин таќрибан сеяки њиссаи коргарони заводњои пахтатозакунии вилояти Фарѓонаро мардуми Ќаротегин, ки бечоратарин мардуми аморати Бухоро буда ва бо њамин сабаб њар сол ба љустуљўи кор ба ин диёр мерафтанд, ташкил мекарданд. Дар аввалњои асри ХХ ќисме аз корхонањои Осиёи Миёна њаљман васеъ ва сифатан бењтар гардида, дорои шумораи зиёди коргарон мешуданд. Дар сарзамини имрўзаи Тољикистон аввалин намояндагони синфи коргар дар гурўњи ноњияњои шимолии љумњурї, махсусан дар шањри Хуљанди бостонї ва атрофи он ташаккул меёфт. Аз љумла соли 1916 танњо дар корхонањои саноатии уезди Хуљанд - 416 нафар коргар, дар кони ангишти Сулукта - 580 нафар коргар кор мекарданд. Вале дар шароити уезди Хуљанд њам, чун ба монанди бисёр дигар шањрњои кадимаи Осиёи Миёна, њанўз миќдори зиёди коргаронро коргарони корхонањои њунармандї ва косибї ташкил медоданд. Мувофиќи баъзе маълумотњо соли 1916 шумораи чунин коргарон танњо дар уезди Хуљанд ба 2492 нафар расидааст. Яъне аз ин маълум мешавад, ки дар уезди Хуљанд миќдори коргарони корхонањои њунармандию косибї нисбат ба коргарони корхонањои саноатї хеле зиёд будаанд. Дар сарзамини Тољикистони Марказї ва Љанубии имрўза марњилаи ташаккулёбии синфи коргар дар аввалњои асри ХХ њам њанўз дар ибтидои худ буд. Вале яке аз хусусиятњои фарќкунандаи ташаккулёбии синфи коргар дар ин ќисми Тољикистони то шўравї он аст, ки як њиссаи мардуми он, аз љумла танњо аз водии Ќаротегин тахминан 20 њазор нафар њар сол ба шањрњои гуногуни кишвари Туркистон (махсусан водии Фарѓона) ва маркази аморати Бухоро рафта, дар заводњо, фабрикањо ва корхонањои хурди њунармандию косибї кор мекарданд. Аксари онњо коргарони мавсимї буданд. Музди кор. Албатта дараљаи зиндагонии чї коргарони заводу фабрикањо ва чї коргарони кирояи соњаи кишоварзї аз музди коре, ки мегирифтанд, вобастагї дошт. Сараввал ба музди мењнати коргарони яке аз корхонањои саноатии кишвар, заводи равѓанкашии дар шањри Чуст доштаи рафоќати «К.М. Соловев ва КО» назар мекунем. Дар ин завод њамагї 67 - 70 коргар кор мекардаанд. Музди мењнати солонаи њар як коргар (аниќтараш дар як мавсим) таќрибан ба 400-500 сўм мувофиќ меомад. Ќисме аз корхонањои саноатї дар назди бинои худ барои коргарон хобгоњ доштанд. Харољоти љои хоб ва либоси корї аз њисоби корхона набуда, балки њама дар души худи коргар буд. Дар натиља, агар дар тамоми мавсими кор (ин таќрибан ним сол давом мекард) коргари завод барои хўроки худ 200-250 сўм харљ кунад, боќї 200-250 сўми дигарро метавонист барои сарфи оилааш захира намояд. Вале коргарони кирояе, ки дар хољагињои заминдорон кор мекарданд, нисбат ба коргарони соњаи саноатї, музди ночизе мегирифтанд. Бояд ба эътибор гирифт, ки аввалњои асри ХХ коргарони кирояи хољагињои заминдорон низ ба ивази мењнаташон, на ин ки чун пештара мањсулот, балки пул мегирифтанд. Миќдори (њаљми) хизматпулї, чї моњњонаю солона ва чї рўзона (рўзбай) бештар ба характери мањалњо, ба талабот нисбати чунин коргарон вобастагї дошт. Аз љумла, дар аввали аср мардикорон дар уезди Хуљанд, ки талабот ба онњо нисбатан кам буд, ба ивази мењнати солонаашон 35-50 сўм мегирифтанд, њол он ки дар уезди Самарќанд (дар ин љо талабот ба коргарони кироя зиёдтар буд) он аз 50 то 120 сўмро ташкил мекард. Мардикори дар хољагињои заминдорони уезди Самарќанд коркарда ба ивази музди солонааш метавонист 2 ва ё 3 асп ё худ гови љўшої харида гирад. Дар уезди Хуљанд мардикорони рўзбай ба ивази мењнаташон 30-45 тин ва дар уезди Самарќанд 25-45 тин мегирифтаанд. То љанги якўми љањонї дар бозорњои Осиёи Миёна нархи як гови љўшої ё худ аспи корї таќрибан 30-40 сўм буд. Умуман дар шароити Осиёи Миёна музди мењнатї корхонањои саноатї нисбат ба музди хољагињои заминдорон аз 5 то 10 баробар зиёд буд. Бинобар њамин њам мардуми ба љўстуљўи кор аз мулкњои дур, аз љумла аз Бухорои Шарќї омада, кўшиш мекарданд, ки мањз дар заводњои равѓанкашї, пахтатозакунї ва ѓайра барои худ кор пайдо кунанд. Онњо танњо њангоми аз корхонањои саноатї пайдо накардани кор, пас ноилољ ба хољагињои заминдорон ба мардикорї дохил мешуданд. Оѓози ташаккулёбии буржузияи миллї. Нисбат ба синфи коргар Ташаккулёбии буржуазияи миллии Осиёи Миёна пештар оѓоз гардида буд. Ба ин табаќа тољирон, ки асрњо боз фаъолият мекарданд, чун замина ба њисоб мерафтанд. Минбаъд љараёни ташаккулёбии буржуазияи миллиро инкишофи муносибатњои молию пулї ва махсусан васеъ гардидани амалиёти сармояи бонкї тезонид. Зеро, чуноне дар боби пеш ќайд намудем, шўъбањои Осиёимиёнагии бонкњои Русиягї дар шароити кишвар аз кўмаки миёнаравњо васеъ истифода мебурданд. Аксарияти кулли он миёнаравњо аз љумлаи мардуми мањаллї, махсусан тољикон, ўзбекњо, ва яњудиёни мањаллї буданд. Онњо баробари ќарзро ба истењсолкунандагон, ба ивази фоизи баланд расонидан, инчунин аз истењсолкунандагон мањсулотро харида ба ширкатњо ва савдогарони калон мефурўхтанд, ё худ, агар худ гумоштаи онњо бошанд, он мањсулотњоро ба нуќтањои таъиншуда мерасониданд. Дар натиљаи чунин амалиёт миёнаравњо оњиста-оњиста бою бадавлат мешуданд, худ соњиби маблаѓ ва мулкњои зиёд гардида, барои ташаккулёбии буржуазияи миллї ибтидо мегузоштанд. Дар охири асри Х1Х ва махсусан аввалњои асри ХХ аз љумлаи намояндагони буржуазияи миллї соњибони заводњои пахтатозакунї, равѓанкашї ва ѓайра кам набуданд. Баъзеи онњо аллакай соњиби заводњои зиёд гардидаанд. Масалан, соли 1915 рафоќати Вадяевњо соњиби 12 заводи пахтатозакунї ва рафоќати Потеляхов соњиби 10 адад чунин заводњо буданд. Онњо инчунин соњиби заводњои равѓанкашї низ ба њисоб мерафтанд. Сарварони рафоќати Вадяевњо бародарон Сион ва Ёќуб, дар натиљаи кордонии худ, на танњо рафоќаташонро дар соњаи амалиёти пахта ва равѓан ба љумлаи рафоќатњои калонтарини империяи Русия табдил додаанд, балки худашон њам дар арафаи инќилоби Октябр ба ќатори сармоядорони номии Русия дохил шудаанд. Намояндагони буржуазияи навташкилшудаистодаи миллиро дар тамоми вилоятњои кишвари Туркистон мушоњида кардан мумкин буд. Онњоро аз рўи муносибаташон нисбат ба заводњои пахтатозакунї ба тарзи зайл ном бурдан мумкин: дар вилояти Фарѓона - Миркомил Мўъминбоев, Юсуфбой Матмусобоев, Саид Ањмад Хољаев, Султонмуродбек Худоёрбеков, њар кадоми онњо соњиби 4 завод, Ањмадбек Темирбеков - соњиби 3 завод; дар вилояти Самарќанд - Абдуњакимбой Мўъминљонов - соњиби 3 завод, Ањмадљон Абоев (Валиев), Мулло Умар Абдуѓаффоров, Абдуњакимбоев, бародарон Абрам ва Бениам Фузайловњо њар кадом соњиби 2 завод ва ѓайрањо. Онњое, ки соњиби як ё ду заводи пахтатозакунї, ё худ дар ќатори заводи пахтатозакунї боз заводњои дигарро ихтиёрдорї мекарданд, хеле зиёд буданд. Дар аморати Бухоро соњибони заводњои пахтатозакунї аз њисоби намояндагони буржуазияи миллї хеле кам буданд. Чунин миллионерњои бухорої, ба монанди бародарон Ќосимхољаевњо, бародарон Арабовњо ва дигарон барои бунёди заводњо њавасмандї надоштанд. Онњо махсусан дар соњаи савдои пўсти ќарокулї шўњрати љањонї пайдо кардаанд. Аксарияти буржуазияи навташкилшудаистодаи Осиёи Миёна худ соњиби сармояи хусусї гардида, онро ба гардиш гузоштаанд. Аз љумла, мувофиќи маълумоти соли 1911 тољирони номии бухорої Латифхоља Ќосимхољаев ба амалиёт 250 њазор сўм сармояи худро низ гузоштааст. Гардиши солонаи ў аз корњои тиљорат ќариб 3 млн. сўмро ташкил медод. Аммо тољирони чї бухороию чї фарѓонагї ќисми асосии тиљорати худро мањз дар асоси њамон сармояе пеш мебурданд, ки онро аз шўъбањои бонкњои дар кишвар доштаи Русия ќарз гирифтаанд. Дар чунин њолат ба онњо сармояи шахсиашон як њиссаи иловагї хизмат мекард. Дар шароити худи Осиёи Миёна дар њайати буржуазияи навташаккулёфтаистода фарќияти љиддие мављуд буд. Аз љумла, махсусан намояндагони буржуазияи миллии водии Фарѓона даромади худро бештар барои ба вуљуд овардани соњањои гуногуни саноат сарф менамуданд. Аз њамин сабаб њам дар шањру нохияњои водї, аз он љумла уезди Хуљанд (агарчанде он аз љињати маъмурї ба вилояти Самарќанд дохил мешуд) соњањои гуногуни саноат сол аз сол меафзуд. Дар натиља буржуазияи навташкилшудаистодаи водии Фарѓона аз намояндаи буржуазияи тиљоратї ба буржуазияи саноатї ё худ саноатию тиљоратї табдил меёфт. Аммо тарзи ташаккулёбии буржуазияи миллї дар аморати Бухоро аз тарзи ташаккулёбии буржуазияи миллии водии Фарѓона тамоман фарќ мекард. Чунончї, агарчанде дар аморати Бухоро миллионерњои мањаллї буданд, вале аксари онњо даромади худро бештар ба тиллою нуќра ва дигар сангњои ќимматбањо табдил дода, барои сохтани заводу фабрикањои нав чандон њавасманд набуданд. Аз њамин сабаб афзоиши соњањои гуногуни саноат дар сарзамини аморати Бухоро хеле суст ба назар мерасид. Њол он ки эњтиёљот ба хелњои гуногуни он, чун дар водии Фарѓона, дар Бухоро њам зиёд буд. Дар натиљаи ин њама буржуазияи навтавлидёфтаистодаи бухорої на ин ки чун буржуазияи саноатї, балки буржуазияи тиљоратї ва судхўрї ба њисоб меравад. Чунин њолат ба буржуазияи самарќандї ва хевагї њам хос аст. Бинобар њамин њам баъди сарнагун намудани тартиботи кўњна ва бунёди тартиботи Шўравї аз бойњои водии Фарѓона аќалан заводњои харобгашта мерос монд. Аммо аз бойњои бухорої бошад ќариб тамоми зару зевари онњо, ба монанди хазинаи амир, њама ба яѓмо расиданд. Бинобар ин аз онњо ба ѓайр аз биноњои истиќоматии торољгардида, дигар меросе намонд. |