апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
Скачать 3.71 Mb.
|
§ 5. Чорабинињои Њокимияти Шўравї барои мустањкам намудани тартиботи нав дар сарзамини имрўзаи Тољикистони Шимолї ва Бадахшон Кумитањои инќилобї ва ба Шўроњо табдил додани онњо. Дар њар ноњияњои њудуди кишвари Туркистон, аз он љумла ноњияњои имрўзаи Тољикистони Шимолї ва Кўњистони Бадахшон, њамин ки ё дар натиљаи амалиёти љангии аскарони сурх, ё ба тарзи осоишта њокимияти шўравї барпо карда мешуд, сараввал чун дар Русияи Марказї, кумитањои инќилобї, яъне ревкомњо ташкил карда, њокимиятро ба ихтиёри онњо месупориданд. Ин кумитањо мувофиќи талаби замон функсияњои сиёсї, иќтисодї ва судиро ба худ доштанд. Њамин ки дар ин ё он нињия ба муќобили тартиботи нав хавфи зиёдро эњсос намекарданд, кумитаи инќилобии мањаллиро ба Шўроњои мањаллї табдил дода, њокимиятро ба ўњдаи кўмитањои иљроияи онњо мегузоштанд. Ё худ баръакс, њангоми зиёда пай бурдани хавфи њаракати зиддишўравї, дар ин нуќтањо њамоно ба љои Шўроњо боз кумитањои инќилобиро аз нав барќарор мекарданд. Зеро, Шўроњо њамчун органи интихобї буда, барои роњбарони њамонваќта ба онњо дохил намудани шахсони зарурї чандон кори осон набуд. Аъзоёни кумитањои инќилобиро бошад худи онњо таъин менамуданд. Танњо дар баъзе ноњияњои аз љињати иќтисодию сиёсї хеле ќафомонда, ба монанди Кўњистони Бадахшон њайати кумитањои инќилобї низ интихобї буданд. Дар ин љо маќсади асосї, бо њамин роњ ба сўи тартиботи нав љалб намудани мардум ба њисоб мерафт. Кумитањои инќилобии мањалњо, яъне дењагї (ќишлоќї), волостї, уездї ба воситаи кумитањои инќилобї ё худ Кумитањои иљроияи вилоятї ба кўмитањои инќилобї ё худ Кумитањои Иљроияи Марказии (КИМ) љумњуриявї итоат мекарданд. Дар Кўњистони Бадахшон соли 1922 хавфи сар задани њаракати зиддишўравї гўё аз байн рафт. Моњи майи он сол дар њудуди Помири Ѓарбї интихобот ба њайати Шўроњои мањаллї оѓоз гардид. Бо њамин дар Кўњистони Бадахшон давраи аз кумитањои инќилобї ба Шўроњо гузаштан оѓоз гардид. Дар Помири Шарќї бошад соли 1923 аз кумитањои инќилобї ба Шўроњо гузаштанд. Вале дар Кўњистони Бадахшон њанўз њам амалан њокимият дар ихтиёри сарвари отряди Помир буда, ў мисли пештара нуфузи зиёд дошт. Вай дар як ваќт намояндаи ГПУ (Управленияи сиёсии давлатї) ва аъзои Сегонаи њарбию сиёсї ба њисоб мерафт. То соли 1923 дар њудуди бисёр ноњияњои имрўзаи Тољикистони Шимолї кумитањои инќилобї бо роњи интихобот аллакай ба Шўроњо табдил ёфта буданд. Вале аз нимаи дуюми он сол, бо сабаби асосан ба охир расидани њаракати зиддишўравї, ба тарзи умумї аз кумитањои инќилобї ба Шўроњо гузаштанд. Умуман кумитањои инќилобї дар барќарор намудани Њокимияти Шўравї дар њудуди имрўзаи Тољикистони Шимолї ва Кўњистони Бадахшон маќоми асосиро бозиданд. Онњо њамчун органи ѓайридемократї њангоми эњсос намудани хавфи чорабинї ё худ њаракатњои зиддишўравї ќодир буданд, ки ба муќобили онњо тамоми имкониятњои зўровариро истифода кунанд. Чорабинињо барои муњофизати тартиботи нав. Яке аз вазифањои муњимтарине, ки дар назди њокимияти нав меистод ин муњофизати музаффариятњои ба даст дароварда ба њисоб мерафт. Яъне, акнун ќуввае лозим буд, ки тартиботи навро њифз ва нигањдорї кунад. Чунин вазифаро дар замони Њукумати Муваќќатї милитсия иљро мекард. Вале амалдорони тартиботи нав акнун ба милитсияи собиќа боварї надоштанд. Њукумати нав - Шўравї, ки њокимияти синфи коргару дењќон њисоб мешуд, бинобар ин лозим донист, ки барои муњофизати тартиботи нав милитсияи коргару дењќонро ташкил дињад. Оиди ташкили он 28 октябри (10 ноябри) соли 1917 ќарори Комиссариати корњои дохилии Федератсияи Русия баромад. Дар асоси њамин ќарор дар марказ ва мањалњо, аз љумла дар њудуди имрўзаи Тољикистони Шимолї ва Кўњистони Бадахшон махсусан аз њисоби коргарон милитсияи шўравї ташкил меёфт. Масъалаи дигаре, ки њукуматдорони Шўравї њар чї зудтар њал намудани он ва ба талаботи сохти нав - Шўравї мувофиќ намуданашро зарур мењисобиданд ин ислоњоти тартиботи судї буд. 22 ноябри (5 декабри) соли 1917 декрети Шўрои Комиссарони халќии Федератсия Русия дар бораи барњам додани судњои замони подшоњї баромад. Дар асоси ин њуљљат њукумати кишвари Туркистон моњи декабри њамон сол оиди судњои кишварї декрет баровард. Мувофиќи он ба љои судњои собиќа, аз љумла судњои ќозигї, бо ном судњои халќї ва интихобї будани мушовирони судї љорї карда шуд. Вазифаи сеюми муњимтарине, ки њукуматдорони шўравї дар назди худ гузошта буданд ин ташкили аскарони сурхи инќилобї ба њисоб мерафт. Бо њамин маќсад 28 ноябри соли 1917 њукумати Туркистон дар бораи ташкили аскарони сурхи кишвар ќарор баровард. Аммо дар њайати ќисмњои аскарони сурх ихтиёрони мањаллї хеле камшумор буданд. Бинобар ин 10 майи соли 1920 Њокимияти Шўравї дар бораи ба њайати аскарони сурх даъват намудани мардуми ѓайрирус, аз он љумла халќњои мањаллии туркистонї декрет баровард. Мувофиќи он мардони синнашон аз 19 то 35 сола ба хизмати умумї даъват мегардиданд. Дар асоси њамин декрет мебоист аз њисоби мардуми мањаллии кишвари Туркистон ба сафњои аскарони сурх 30 њазор нафар сафарбар карда мешуд. Чорабинињо барои аз нав барќарор намудан ва инкишоф додани хољагии халќ. Дар шароити ноњияњои имрўзаи Тољикистони Шимолї ва Кўњистони Бадахшон низ масъалаи барќарор намудан ва инкишофи хољагии халќ бештар аз сиёсати нисбат ба дењќон пешгирифтаи тартиботи нав вобастагї дошт. Зеро, дар ноњияњои номбурда ќисми асосии ањолиро мањз дењќонон ташкил медоданд. Синфи коргар бошад хеле камшумор, дар Кўњистони Бадахшон, ба ѓайр аз мардикорон, онњо тамоман набуданд. Бинобар ин муносибати мардуми мањаллї аз бисёр љињат ба њар чї зудтар амалї гардидани «Декрети замин» вобастагї дошт. Сиёсати аграрии Њокимияти Шўравї њам ба декрети номбурда асос меёфт. Шарњи ин ќонун дар низомномаи кумитањои замину об ва ќонуни асосї оиди сотсиализатсияи замин (аз 19 феврали соли 1918) љой дошт. Моњияти ин сиёсат аз он иборат буд, ки бо роњи милликунонии замин моликияти хусусї будани онро барњам дода, ба шакли хољагидории коллективї гузаранд. Дар асоси ќарорњои Шўрои Комиссарони Халќии кишвари Туркистон аз 6 ва 9 декабри соли 1917 дар њудуди кишвар ба хариду фурўши замин хотима гузошта шуд. Тамоми заминњо, ба ѓайр аз участкањои дар ихтиёри дењќонњо буда, ба ихтиёри кумитањои замин гузашт. Инчунин тамоми аппарати кўњнаи идоракунии аграриро барњам доданд. Дар кишвар роњбарии тамоми корњои кишоварзї ба ихтиёри комиссариати халќї оид ба корњои зироат гузашт. 28 феврали соли 1918 ин комиссариат, дар асоси ќарори анљумани IV Шўроњои кишварї (аз январи он сол), ба тамоми дењќонон оиди ташкил додани кумитањои замину об мурољиат кард. Бояд тамоми замин, сохтмон, воситањои истењсолот, захирањои хўрокворї, об ва ѓайра аз ихтиёри он хољагињое, ки худ мењнат намекарданд, ба ихтиёри њамин кумитањо мегузаштанд. Дар навбати худ њукуматдорони шўравї ният доштанд, ки ба воситаи кумитањои номбурда бо дењќонон наздик бошанд ва бо талаби онњо хубтар огоњ гарданд. Соли 1918 кумитањои замину об аллакай ќариб дар тамоми ноњияњои кишвари Туркистон, аз он љумла ноњияњои имрўзаи Тољикистони Шимолї ба вуљуд омаданд. Минбаъд амалї гардидани чорабинињои њокимияти шўравї оиди замин аз фаъолияти њамин кумитањо вобастагї дошт. Апрели соли 1918 анљумани V Шўроњои кишвари Туркистон ќонуни асосиро оиди сотсиализатсияи замин ќабул кард. Дар асоси он сиёсати милликунонии замин, ки аллакай оѓоз гардида буд, ба ќонуният дароварда шуд. Мувофиќи он сараввал ба милликунонии мулкњои ширкатњои собиќа, љамъиятњои гуногун, заминдорони калон ва ѓайра шурўъ намуданд. Аз тарафи кумитањои замину об тамоми заминњо ба њисоб гирифта мешуд. Дар он ноњияњое, ки дар ихтиёри дењќонон њиссаи замин ночиз буд, замин илова карда мешуд, ё худ дењќононе, ки безамин буданд, бо замин таъмин мегардиданд. Дар асоси декрети КИМ Умуруссиягї аз 11 июни соли 1918 тобистон ва тирамоњи њамон сол дар бисёр ноњияњои кишвари Туркистон кумитањои ќишлоќии камбаѓалон ба вуљуд омаданд. Чунончї, ноябри њамон сол ингуна кумитањо дар тамоми волостњои уезди Хуљанд ташкил ёфтанд. Ин кумитањо на танњо бо таќсими ѓалла, балки мебоист бо корњои кўмак расонидан ба дењќонон, аз љумла таъмини онњо бо асбобњои кишоварзї машѓул мешуданд. Дар худи њамон сол дар як ваќт бо кумитаи камбаѓалон иттифоќи камбаѓалон низ арзи њастї намуд. Ин иттифоќ нисбат ба кумитаи камбаѓалон ташкилоти оммавитар буд. Бинобар њамин њам ин иттифоќро ташкилоти касбии синфї меномиданд. Он баъзан «Иттифоќи дењќонони камзамину безамин» низ номида мешуд. Соли 1919 аллакай дар бисёр ноњияњои уезди Хуљанд ташкилотњои «Иттифоќи камбаѓалон» ташкил ёфтанд. Миќдори онњо танњо дар гурўњи ноњияњои Ўротеппа, ки њамон лањза уезди Ўротеппа меномиданд, ба 29 адад расида буд. «Иттифоќи камбаѓалон» дењќононро на танњо бо масъалањои иќтисодї, балки аз љињати сиёсї низ муттањид менамуд. Ягонагии вазифа ва маќсадњои дар назди «Кумитаи камбаѓалон» ва «Иттифоќи камбаѓалон» истодаро ба инобат гирифта, бањори соли 1921 ба љои онњо ташкилоти ягонаи «Иттифоќи љуфтгарон» («Ќўшчї»)-ро ташкил доданд. «Иттифоќи љуфтгарон» ташкилоти љамъиятии дењќонон, камбаѓалон, чоряккорон ва мардикорон њисоб мешуд. Он агарчанде ба худ ягон хел функсияи давлатиро надошт, аммо дар њаёти сиёсии кишвар фаъолона иштирок намуд. Аъзоёни «Иттифоќи љуфтгарон» худ дар замин кор мекарданд. Онњо аз тарафи њокимият зиёда дастгирї медиданд. Дар натиља аъзоён ва ташкилотњои мањаллии ин иттифоќ зуд меафзуд. Аз соли 1918 сар карда дар назди заводњои пахтатозакунии кишвар кооперативњо ташкил доданд, ки онњо дењќонони пахтакорро муттањид мекарданд. 15 майи соли 1920 миќдори чунин кооперативњо дар њудуди кишвар ба 50 адад расид, ки онњо љамъ зиёда аз 130 њазор десятина пахта кишт мекарданд. Давлат ба онњо бо пул (ќарзи њасана-бефоиз), тухмї, мањсулоти саноатї, олоти мењнат ва ѓайрањо кўмак мекард. Аз соли 1918 сар карда дар њудуди кишвари Туркистон низ, ба монанди Русияи Шўравї аввалин нишонањои хољагидории сотсиалистї: коммуна, артелњо ва ширкатњо ба вуљуд омаданд. Дар соњаи саноат њам баъзе чорабинињо гузаронида шуд. Њанўз 14 ноябри соли 1917 аз тарафи КИМ-и Умумирусиягї « Низомнома оид ба назорати коргарї» ќабул шуд. Дар асоси он њокимияти кишвари Туркистон тавсия дод, ки дар тамоми корхонањо назорати коргарї љорї карда шавад. Мувофиќи ин њуљљат охири соли 1917 ва аввали соли 1918 дар бисёр корхонањои саноатии кишвар, аз љумла заводњои пахтатозакунї, равѓанкашї, конњои ангишт, нефт ва ѓайра назорати коргарї љорї намуданд. 5 марти соли 1918 декрети њокимияти кишварии Туркистон оиди миллї кунонидани заводњои пахтатозакунї, собунпазї ва чаѓбутбарорї нашр гардид. Дар асоси декрети 16 марти соли 1918 конњои ангишту нефт моликияти давлатї эълон шуд. 13 марти соли 1919 системаи обёрии шахсї низ миллї кунонида шуд. То ин лањза роњњои оњан, бонкњо ва ѓайрањоро низ аллакай миллї кунониданд. Вале сиёсати милликунонї барои пешравии саноат чандон мусоидат накард. Баръакс он сабабгори харобињои дигар гардид. Зеро, корхонањои боќимонда њам аз тарафи соњибонаш хароб карда шуд. Бинобар ин аз нав барќарор намудани онњо харољот ва зањмати зиёдро талаб мекард. Вале азнавбарќароркунї дар соњаи саноат хеле суст мегузашт. Барои тасдиќи ин андеша ба фактњои зерин назар меафканем: 1 майи соли 1922 аз 180 адад заводњои пахтатозакунии кишвари Туркистон њамагї 4 завод кор мекарду халос, аз 18 адад заводњои равѓанкашї ягонтоаш њам кор намекард. Бинобар њамин њам дар солњои 1923-1924 барои ба кор андохтани заводњои бекорхобида бештар ањамият дода шуд. Умуман чорабинињои Њокимияти Шўравї барои бунёд ва мустањкам намудани тартиботи нав дар кишвари Туркистон, аз он љумла дар ноњияњои имрўзаи Тољикистони Шимолї ва Кўњистони Бадахшон дар шароити хеле мураккаби сиёсї ва иќтисодї мегузашт. Зеро, режими нав на танњо муќобили сохтори сиёсии пештара буд, балки он бо тамоми сохторњои иќтисодию иљтимоии гузашта розї набуд. Бинобар њамин душворињои дар њам шикастани тамоми он дар мадди аввал ба дўши халќи мењнаткаш бор гардид. Вазъи молиявї. Солњои 1917—1920 вазъи молиявии кишвари Туркистон, чун тамоми Русияи Шўравї душвор буд. Сабабњои асосї - оќибатњои љанги якуми љањонї, инќилобњои февралї ва октябрии соли 1917, аз тарафи дороён байкот эълон кардани сохти нав - Шўравї, беќурбшавии пул, нарасидани пули наќд ва ѓайрањо ба њисоб мераванд. Соли 1918 Русияи Шўравї ба барориши пули нав, ки «пензенка» мегуфтанд, шурўъ кард. Аммо он, бо сабабњои љанг ва беќурбшавї то ба Туркистони Шўравї ќариб намерасид. Бо њамин сабаб дар Туркистони Шўравї аз апрели он сол ба барориши пули худ, ки «бони таркистонї» меномиданд, шурўъ карданд. Чун дар тамоми Русияи Шўравї, дар Туркистони Шўравї њам дар асоси декрети КИМ Умумирусиягї аз 14 (27) декабри соли 1917 тамоми бонкњо миллї кунонида шуданд. 8 майи соли 1918 Бонки халќии Љумњурии Туркистон ташкил ёфт. Вале ин њам вазъи молиявиро бењтар накард. Бо сабаби нарасидани пулњои наќдї баъзе шањру вилоятњои љумњурии Туркистон низ пулњои худро бо номњои «бони вернагї» ё худ «бони њафтрудї», «бони андиљонї», «бони ашќободї» ва ѓайрањо ташкил намуданд. Соли 1919 аз тарафи Њокимияти Шўравї ислоњоти нави пулї гузаронида шуд. Пулњои барориши ин сол нисбат ба соли 1918 баќурб буд. Баробари дар њудуди Федератсияи Русия, аз он љумла љумњурии Туркистон, то андозае хомўш гардидани љангњои дохилї, аз тарафи Њокимияти Шўравї барориши пулњои мањаллї манъ гардид ва пулњои шўравии барориши соли 1919 пањн карда шуд. Аз љумла дар асоси декрети Њокимияти Шўравї аз 11 октябри соли 1920 барориши бони туркистонї аз 1 январи соли 1921 ќатъ гардид. Дар ин асос 30 декабри соли 1920 декрети Шўрои Комиссарони Халќии љумњурии Туркистон баромад, ки мувофиќи он бони туркистонї то 1 марти соли 1921 бояд бо пули русиягии барориши соли 1919 (дањ бар як) иваз карда мешуд. Октябри соли 1921 Бонки Халќии Федератсияи Русия ба Бонки Давлатї табдил дода шуд. Бонки Халќии Љумњурии Туркистон бошад, фаъолияти мустаќилонаи худро ќатъ намуда, ба яке аз шўъбањои он табдил ёфт. Дар худи он сол зарурияти инкишофи пахтакориро ба инобат гирифта Бонки Кишоварзии Осиёимиёнагиро ташкил намуданд, ки он бояд на танњо дар њудуди љумњурии Туркистон, балки дар ќаламрави љумњурињои Бухоро ва Хоразм њам фаъолият мекард. Солњои 1922-1924, махсусан баъди ташкилёбии Иттињоди Љумњурињои Шўравии Сотсиалистї (ИЉШС), аз тарафи Њокимияти Шўравї боз ислоњотњои пулї гузаронида шуд ва дар асоси онњо дар љумњурии Туркистон низ пулњои барориши соли 1919 бо пулњои барориши нав иваз карда шуданд. Соли 1924, бо маќсади инкишоф додани тиљорат, бо сармояи асосии 7 млн. сўми тиллої Бонки Тиљоратии Осиёимиёнагї бунёд гардид. Вазъи маориф ва фарњанг. Дар соњаи маориф ва фарњанг њам њукуматдорони нав баъзе тадбирњо андешиданд. Сараввал аз тарафи режими нав низоми маорифи кўњна шикаста шуд. Таълим дар мадраса ва мактабњои кўњна тамоман манъ нагардида бошад њам вале фаъолияти онњоро хеле мањдуд карданд. Ќисми зиёди мактабњои кўњна ва мадрасањо фаъолияташонро ќатъ намуданд. Баъзе аз биноњои мактабу мадрасањое, ки дар мањалњои амалиёти љангї монда буданд, хароб гардиданд. Муллою мударрисоне, ки бо тартиботи нав розї набуданд, ба таъќиб гирифтор шуданд. Ќисме аз онњо маљбур шуданд, ки њудуди Осиёи Миёнаро тарк намоянд. Молу мулки масљиду мадрасањо, махсусан китобњои нодирро торољ ва нобуд карданд. Хулоса талафоти маънавї низ хеле зиёд буд. Дар соњаи маориф яке аз вазифањои аввалиндараљаи њукуматдорони нав ин бо тарзи нав ба роњ мондани маориф ба њисоб мерафт. Онњо бештар ба дастгирии мењнаткашон—дењќонон, косибон, њунармандон, албатта сараввал коргарон умед мебастанд. Бинобар њамин дар байни ин ќисми ањолї мањви бесаводиро вазифаи аввалиндараљаи худ мењисобданд. Бо њамин маќсад аз тарафи њукуматдорони нав дар он мањаллањое, ки њаракати зиддишўравї заифтар буд, мактабњои замони нав-шўравї кушода мешуд. Охири соли 1918 дар ноњияњои имрўзаи Тољикистони Шимолї аллакай 15 адад чунин мактабњо амал мекарданд. Соли 1919 ин миќдор ба 73 адад расид. Минбаъд мактабњои шўравї ќариб дар тамоми мањалњо бунёд гардиданд. Њангоми ташкили аввалин мактабњои шўравї ба таљрибаи мактабњои усули нав-љадидї такя мекарданд, китобњои дарсии онро истифода мебурданд, омўзгорон ва њатмкунандагони онро ба кори омўзгорї љалб менамуданд. Барои тайёр намудани омўзгорони замони нав низ ќадамњои аввалин гузошта шуд. Бо маќсади тайёр намудани кадрњои баландихтисос соли 1918 дар шањри Тошкент Донишкадаи Шарќ ташкил ёфт, ки тањсил дар он сесола буд. Солњои 1919-1920 дар шањрњои Тошкент, Самарќанд ва ѓайра бо маќсади тайёр намудани омўзгорон Донишкадањои маорифи халќї (Инпросњо) кушода шуданд. Соли 1920 дар шањри Тошкент Донишкадаи олии омўзгорї барпо гардид. Њамон сол дар шањри Тошкент Донишгоњи давлатии Туркистон ба фаъолият шурўъ намуд ва соли 1923 он номи Осиёимиёнагиро гирифт. Дар он донишгоњу донишкадањо љавонон аз тамоми гўшаю канори Осиёи Миёна тањсил менамуданд. Аз љумла соли 1920 танњо дар 6 факултаи Донишгоњи давлатии Туркистон 1314 нафар донишљўён тањсил менамуданд. Дар њудуди кишвари Туркистон бо маќсади мањви бесаводии калонсолон курсњои шабона ташкил карда шуданд. Аз љумла шўрои вилояти Самарќанд ќарор ќабул кард, ки зану мардњои бесаводи аз 12 то 45 сола бояд ба тарзи њатмї чунин курсњоро гузаранд. Дар чунин курсњо фанњои арифметика, грамматика, таърих, сохтмони шўравї, забонњои русї ва узбекї таълим дода мешуд. Дар шањрњо ва мањаллањои серањолї китобхонањои оммавиро ташкил намуданд, ки миќдори умумии онњо дар кишвар ба 74 адад расид. Аз љумлаи зиёиёни миллї, ба монанди Њамза Њакимзода Ниёзї вассофони замони нав ба вуљуд омаданд. Њамза на танњо яке аз сардафтарони адабиёти шўравии ўзбек, балки бунёдгузори театри миллї низ гардид. Ў соли 1918 песаи «Бой ва хизматгор»-ро таълиф намуд, ки он аввалин песа дар драматургияи халќњои Осиёи Миёна мебошад. БОБИ XIV. Барпо ва мустањкам намудани њокимияти Шўравї дар њудуди имрўзаи Тољикистони Марказї ва Љанубї (солњои 1917 - 1924) §1. Тезутунд гардидани зиддияти байни Давлати Шўравї ва њукумати амирии Бухоро Дар мањаллањои руснишин ва сарњадии аморати Бухоро барпо намудани тартиботи Шўравї. Воќеаи дар маркази Русия - шањри Петроград сарнагун намудани Њукумати Муваќќатї ва дар маркази кишвари Туркистон - шањри Тошкент сар шудани њаракатњои инќилобї ба зудї то ба мањаллањои руснишини аморати Бухоро- Бухорои Нав (Когон), Чорљўйи Нав, инчунин нуќтањои сарњадї-Тирмиз, Каркї ва ѓайра расид. Дар натиља аллакай 28 октябри соли 1917 дар Бухорои Нав, 31 октябр дар Чорљўйи Нав, 1 ноябр дар Тирмиз, каме дертар дар Каркї њам њокимият ба ихтиёри Шўроњо гузашт. Вале дар Бухорои Нав амалан резидентсияи Русия ва комиљроияи вилоятии собиќ Њукумати Муваќќатї, ки ба он П.П. Введенский њамчун комиссар сарварї мекард, њукмфармої менамуданд. Нињоят 29 ноябр бинои резидентсия аз тарафи аскарони сурх забт гардид. Бо њамин резидентсия барњам хўрд. Декабри соли 1917 анљумани II Шўроњои мањаллањои руснишини аморати Бухоро дар ин мањаллањо барњам додани кумиљроияи вилоятии собиќ Њукумати Муваќќатї ва резидентсияро маъќул шуморида, ба ихтиёри Шўроњо гузаштани њокимиятро ба ќонуният даровард. Ин анљуман органи иљроияи мањаллањои руснишини аморат - Шўрои Комиссарони Халќиро ташкил дод. Тезутунд гардидани зиддияти байни Давлати Шўравї ва њукумати амирии Бухоро. Баъди бунёди тартиботи Шўравї њукумати амирии Бухоро умуман Њукумати Шўравиро, аз љумла дар мањаллањои руснишин ва сарњадии аморат барпо гардидани чунин њукуматро нашинохт. 29 ноябри (12 декабри) соли 1917 сарвари њукумати кишвари Туркистони Шўравї Ф.И.Колесов ба амири Бухоро Саид Олимхон барќия фиристода, дар он таъкид намуд, ки њангоми оромї дар сарзамини Бухоро, Њукумати Шўравї тайёр аст бо њукумати амирї муносибати худро бењтар намояд ва соњибихтёрии Бухороро ба тарзи расмї шиносад. Вале њукумати амирии Бухоро бо Њукумати Шўравї муносибати худро бењтар карданї набуд. Њанўз аввали декабри соли 1917 аз тарафи њукумати амирї ба номи Њукумати Шўравї ду тањдиднома фиристода шуд. Дар тањдидномаи аввал амир аз Њукумати Шўравї талаб мекард, ки барои аз сўи Ќаршї,ба воситаи Бухорои Нав, ба Бухорои Кўњна гузаронидани ѓалла ягон хел мамоният накунанд. Дар тањдидномаи дигар бошад амир талаб мекард, ки дар мањаллањои руснишини аморат ба љадидон-љавонбухороиён паноњгоњ надињанд. Њанўз анљумани II Шўроњо ба ин тањдиднома дахл намуда, ба тањдидномаи аввал љавоби ќаноатбахш дода, таъкид намуд, ки њар гуна бор, њангоми аз Бухорои Нав гузаштан, танњо бо маќсади нагузаронидани яроќ тафтиш карда мешаванд. Тањдидномаи дуюмро бошад анљуман рад намуд. Баръакс он анљуман аз њукумати амирї ба тарзи ќатъї талаб намуд, ки дар дохили аморат њам ба њар гуна тањдид ва ќатли мардум, аз он љумла љавонбухороиён, хотима дињад. Њамин тавр дар охири соли 1917 ва аввали соли 1918 зиддияти байни Давлати Шўравї ва њукумати амирии Бухоро рўз аз рўз боло мегирифт. Дар дохили аморат тарафдорони тартиботи њамонваќтаи амирї нисбат ба муќобилони худ-махсусан љавонбухороиён, ягон гузашт карданро намехостанд. |