апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
Скачать 3.71 Mb.
|
§2. Бадахшон баъд аз инќилоби февралии (соли 1917) Русия Ба амал омадани дигаргунињо дар идоракунии Бадахшон. 3 апрели соли 1917 хабари сарнагун гардидани њукумати подшоњии Русия то ба Бадахшон њам расид. То ин лањза ќисми ѓарбии Бадахшон бо номи бекигарии Шуѓнону Рўшон аз љињати идоракунї расман дар њайати аморати Бухоро бошад њам, вале амалан, чун ќисми Шарќї дар ихтиёри отряди Помирии Русия буд, ки он дар як ваќт чї сарњади байни Бадахшону Афѓонистон ва чї оромии Бадахшонро назорат мекард. Бинобар ин вазъи сиёсии Бадахшон асосан аз мавќеи афсарон ва аскарони ин отряд сахт вобастагї дошт. Афсарон ва аскарони отряди Помир хабари барњамхўрии тартиботи подшоњии Русияро хуш ќабул намуданд. Дар худи њамон моњ бо сарварии П. Волков Кумитаи Умумипомирии аскарон таъсис ёфт, ки он дар шароити Бадахшон бояд вазифаи Шўрои намояндагии аскаронро мебозид. Аммо њамон лањза аз сабаби камшумории ќисмњо ва аскарон, дар шароити Бадахшон ташкил ёфтани чунин Шўро ѓайриимкон буд. Дар нимаи дуюми моњи апрели соли 1917 дар Бадахшон бо сардории собиќ амалдори подшоњї Белов Кумитаи Умумипомирии Њукумати Муваќќатї ташкил ёфт. Ў дар як ваќт сардори отряди Помирї ва комиссари граждании Њукумати Муваќќатї ба њисоб мерафт. Дар ташкили ин кумита тамоми афсарон ва аскарони отряди Помир фаъолона иштирок намуданд. Бо њамин сабаб дар Бадахшон мављудияти дуњокимиятї чандон эњсос намешуд. Аз ихтиёри идоракунии амирии Бухоро ба Њукумати Муваќќатии Русия гузаштани ќисми ѓарбии Бадахшон. Баъд аз инќилоби февралии (соли 1917) Русия масъалаи Бадахшон як муддат дар байни амалдорони Њукумати Муваќќатї ва њукумати амирии Бухоро мавзўи бањс гардид. Зеро, то моњи апрели соли 1917 дар Бадахшон намояндаи амири Бухоро – бек низ ба тарзи расмї фаъолият мекард, гарчанде њокимият, чуноне дар боло ќайд кардем, амалан дар ихтиёри отряди Помир буд. Инак, моњи апрел он намояндаи амир – Мирзо Касири мироњўр, ки чун беки Шуѓнон ном бурда мешуд, вафот кард. Баъди ин воќеа, 8 майи соли 1917 Кумитаи иљроияи волости Шуѓнон ќарор кард, ки “Помири Ѓарбї ба усули худидоракунї мегузарад”. Њатто бо ташаббуси Кумитаи иљроияи Туркистонии Њукумати Муваќќатї дар асоси принсипњои идоракунии кишвар “Низомномаи муваќќатї оид ба идоракунии ноњияњои Помир” –ро тартиб доданд. Дар асоси ин њуљљат идоракунии шањрвандии ноњия ба ўњдаи Комиссари ноњиявии Помир, ки аз тарафи Њукумати Муваќќатии Русия таъин мегардид, мегузашт. Аввалин комиссари граждании ноњияи Бадахшон ва раиси кумитаи ноњия шарќшинос И.И.Зарубин (минбаъд олими номї, профессор, доктори илми филологї) интихоб гардида буд. Чунин таѓйиротњои љиддї дар усули идоракунї, махсусан пурра ба њайати Русия дохил гардидани Бадахшонро рўњониён ва заминдорони калони Бадахшон, бо сарварии Азизхон хуш ќабул накарданд. Онњо тарафдори дар њайати аморати Бухоро мондани Бадахшон буданд ва аз амир хоњиш намуданд, ки ба љои беки вафоткарда шахси дигарро таъин кунад. Инак моњи майи њамон сол ба Бадахшон беки навро фиристоданд. Вале ў то љои муайаншуда-Шуѓнон (љои бекнишини бекигарии Шуѓнону Рўшон) расида натавонист. Зеро дар роњ ба вай аз тарафи кумитаи иљроияи Рўшон мамониат нишон дода шуд. 29 октябри соли 1917 маљлиси якљояи намояндагони Кумиљроияи волости Шуѓнон, кумитаи аскарони отряди Помир, бо иштироки комиссари ноњиявї Зарубин ва сарвари нави отряди Помир подполковник Фенин барпо гардид. Дар он ќарор шуд, ки Азизхон ба Сарикўл, ба зери назорати сарвари пости Тошќўрѓон фиристода шавад. Њамин тавр, кўшишњои љиддии рўњониён ва заминдорони калони Бадахшон, барои дар зери њукуматдории амирии Бухоро нигоњ доштани ватанашон, барбод рафт. Бадахшон минбаъд чун ќисми таркибии Русия монд ва аз тарафи намояндагии њукумати он идора мегардид. Аз љињати идоракунии шањрвандї Бадахшон тобеи вилояти Фарѓонаи кишвари Туркистон ба њисоб мерафт. § 3. Таъсири сарнагун намудани њукумати подшоњии Русия ба аморати Бухоро ва болоравии њаракати ислоњотхоњонаи љавонбухороиён Таъсири инќилоби февралии (соли 1917) Русия ба аморати Бухоро. Аз тахт мањрум гардидани подшоњ Николаи II аз њама бештар амири Бухоро-Олимхонро ба ташвиш андохт. Зеро, чї тавре дар бобњои аввал ќайд гардид, подшоњи Русия барои њукумати амирии Бухоро пушту паноњи асосї ба њисоб мерафт. Аз њамин сабаб њам амир Олимхон бо шунидани хабари барњам хўрдани мутлаќияти Русия, бо ибораи С. Айнї, -“якбора сарриштаи кори худро гум карда, поро аз сар намешинохт ва метарсид, ки фирќаи ањрор ва асокири Русия мабодо табдили асоси њукумати Бухороро хоњон шаванд, амир ва атбоашро мисли Николай ва арконаш аз беху бунёд барњам зананд”. Бинобар ин њукумати амирї тамоми чорањоро дид, ки дар сарзамини аморат ба хуруљњои халќї роњ надињад. Ў дар ин амалиёт бо кормандони агентии сиёсии дар Бухоро доштаи Русия якљоя амал мекард. Мардуми аморати Бухоро танњо 4 марти соли 1917, бо омадани матбуоти даврї, аз ѓалабаи инќилоби февралии Русия ва аз тахт рафтани подшоњ огоњ гаштанд. Баъди ин ба агенти сиёсї, ѓайр аз эълон намудани он, ки гўё подшоњ “бо ихтиёри худ” фуромадааст,чораи дигар намонда буд. Ў дар навбати худ даъват намуд, ки на танњо дар ќаламрави аморат, инчунин дар мањаллањои руснишини он низ оромї ва тартибу интизомро риоя намоянд. Вале сарфи назар аз кўшишњои њукумати амирї ва кормандони агентии сиёсї дар сарзамини аморат, аз љумла дар истгоњи роњи оњани назди дарвозаи Ќаршигии шањри Бухорои Кўњна ва дар Бухорои Нав (Когон) бахшида ба инќилоби февралии Русия љамъомаду гирдињамоињо барпо гардиданд. Дар худи моњи март дар Бухорои Нав, Чорљўйи Нав, Каркї ва Тирмиз, Шўроњои намояндагии коргарон ба вуљуд омаданд, ки аксариятро дар сарварии онњо эсеру меншевикон ташкил менамуданд. Дар ин мањалњо инчунин кумитањои иљроияи Њукумати Муваќќатї низ бунёд гардиданд, ки дар аввал аз болои онњо бояд агенти сиёсї назорат мекард. 17 марти соли 1917 агенти сиёсї ба резидентсияи Русия дар Бухоро табдил дода шуд. Аслан чунин таѓйирот фаќат дар ном буду халос. Зеро, дар иљроиши вазифаи онњо таѓйироте дида намешуд. Болоравии њаракати ислоњотхоњонаи љавонбухороиён. Ѓалабаи инќилоби буржуазию демократии февралї дар Русия ба фаъолияти љавонбухороиён низ такони љиддї дод. Онњо, ки дар натиљаи таъќиби њукуматдорони аморат ба таври пинњонї амал мекарданд, аз маѓлубияти пушту паноњи амири Бухоро, подшоњ Николаи II рўњбаланд гардида, дар роњи ислоњот нисбатан љиддитар амал карданд. Љамъияти махфиашон, ки дар дохили шањри Бухорои Кўњна фаъолият дошт, дар гўшањои шањр низ шўъбањои худро кушод. Сафи љавонбухороиён махсусан аз њисоби талабагони мадрасањои шањр рўз аз рўз меафзуд. Бояд таъкид кард, ки дар натиљаи таъсири инќилоби февралии Русия, дар талаботи љавонбухороиён таѓйироте ба вуљуд омада буд. Онњо дар шароити нав талаботи ислоњоти мактабу мадрасањо ва усули дарсдињиро дуюминдараља њисобида, дар мадди аввал ислоњоти њукумати амирии Бухороро гузоштанд. Љавонбухороиён дар ин роњ ба кўмаки Њукумати Муваќќатии Русия умед доштанд. Бо њамин маќсад, љавонбухороиён ба номи он њукумат барќияњо фиристода, дар онњо, аввал њукумати навро табрик гуфта, сониян ёрмандии онро дар ислоњи тартиботи амирии Бухоро хостаанд. Вале на њамаи намондагони Њукумати Муваќќатии Русия тарафдори ислоњи тартиботи амирии Бухоро буданд. Аз љумла вазири адлияи њамонваќтаи он њукумат А.Ф.Керенский (ходими њизби трудовикњо ва баъд эсерї, аз 8 июл то 26 октябри он сол сарвари Њукумати Муваќќатї), дар мавќеи ба Русия њамроњ намудани аморати Бухоро будааст. Њамин тавр умеди љавонбухороиён аз “кўмаки” Њукумати Муваќќатї барбод нарафт. Рўзе ба кормандони резидентсия ва худи амир хабари тарафдори ислоњоти тартиботи амирї будани њукумати нави Русия расидааст. Мувофиќи он ризоият ташаббуси гузаронидани ислоњот ба ўњдаи худи “љаноби олї”- амир Олимхон гузошта мешуд. Дар натиља њукумати амирии Бухоро дар вазъияти нињоят мушкиле монда буд. Зеро, аз як тараф дар дохили мамлакат љавонбухороиён, њамчун ќувваи ягонаи оппозитсионї аз амир ислоњот талаб мекарданд, аз тарафи дигар Њукумати Муваќќатии Русия њам ин гуна ислоњотро хоњиш намудааст. Кормандони резидентсия бошанд, ки њамон лањза маслињатчии асосии амир ва њукумати ў буданд, низ тарафдори ислоњот буданд. Бинобар њамин њам барои амир Олимхон ва њукумати вай ѓайр аз розигї барои гузаронидани ислоњот роњи дигаре набуд. Аз љумла ќўшбегї Насрулло низ аз хусуси зарурияти ислоњот сухан гуфтааст. Вале муќобилони ислоњот аз вазъияте, ки баъди инќилоби февралии Русия дар Бухоро ба вуљуд омада буд, хулосаи дуруст набаровардаанд. Аз љумла Бурњониддин ќозикалон ва Мирзо Низомиддинхољаи урганљї, ки баъд аз ќўшбегї аввалин ашхоси њукумати амирї ба њисоб мерафтанд, ба њар кор љуз “намехоњам” љавобе надоштанд. Муќобилони ислоњот амалиёти худро пинњон нигоњ надошта, нисбат ба тарафдорони ислоњот-љавонбухороиён, њар гуна бўњтонњоро бофта бароварданд. Онњо динро њамчун аслиња, ба муќобили љавонбухороиён ба таври васеъ истифода бурданд. Чунин ањвол вазъияти њукумати амириро боз њам вазнинтар гардонид. Бинобар ин амир ва ќўшбегї маљбур шуданд, ки дар роњи ислоњот њар гуна амалиёти худро аз душманони ислоњот пинњон доранд. Эълон кардани лоињаи ислоњоти амирї. Амир ва ќўшбегї вазъиятро ба назар гирифта, бо маќсади наљот додани салтанати худ, ба ислоњоти ночизе розї шуда, дар ин роњ бо якљоягии кормандони резидентсияи Русия лоиња ва дигар дастурњои заруриро њозир намуданд. Њангоми њозир намудани он лоиња ќушбегї Насрулло бо яке аз сарварони љавонбухороиён Мирзо Муњиддин Мансуров, резидент Миллер бо дигар сарварони љавонбухороиён Усмонхоља Пўлодхољаев, Абдулвоњид Бурњонов (Мунзим) ва дигарон сўњбат карда, фикри онњоро низ оиди ислоњот шунидаанд. Дере нагузашта симои Њукумати Муваќќатии Русия ба мансабдорони аморати Бухоро пурра маълум гардид. Акнун амир ва њукумати ў дар симои њукумати нави Русия ба худ пушту паноњи тозаро пайдо карда буданд. Амир 10 марти соли 1917 ба номи вазири корњои хориљии Њукумати Муваќќатї Милюков барќияи табрикї фиристода, дар он њукумати нави Русияро њамчун “њукумати демократї, ки озодии пурра ва тараќќиёти њамаи миллат ва халќњоро таъмин” мекарда бошад, њисобидааст. Мувофиќи баъзе маълумотњо, ќўшбегї Насрулло бо маќсади ба тарафи њукумати амирии Бухоро кашидани таваљљўњи кормандони њукумати нави Русия харољоти зиёд кардааст. Вале, фаќат як вазъияти дигар амир ва ќўшбегиро каме ором намегузошт. Ин њам бошад аллакай ба доираи васеъ пањн гардидани масъалаи ислоњоти Бухоро буд. Махсусан љавонбухороиён бесаброна дар интизори ислоњот буданд. Аз ин рў амир нахост, ки худро дар назди ањли љамъият, пеш аз њама матбуоти давр, чун њокими мустабид ба ќалам дихад. Аммо амир ва њукумати ў ба ќуввањои зиддиислоњотии Бухоро чандон бањои дуруст надода буданд. Онњо, дар аввал бо маќсади осудагии амалиёташон муќобилони ислоњотро аз њокимияти марказї дур карданд. Аз љумла 25 марти соли 1917 Бурњониддинро аз вазифаи ќозикалонї озод намуда, ба љояш ќозии Ѓиждувон, тарафдори ислоњот, яке аз маърифатпарварони номии аввали асри XX-и Бухоро Шарифљон Махдуми Садри Зиёро таъин карданд. Рўзи дигар, муќобили дигари ислоњот, раиси Бухоро-Абдуллохољаро низ аз мансаб озод намуда ба љояш ќозии Чорљўй, маърифатпарвари номи-Абдусамадхољаро, 27 март, ќозии Вабкент-Орифхољаро, ки низ тарафдори ислоњот буд, муфтиаскар таъин намуданд. Муфтиаскари собиќ Изамиддинхољаи Мусаннифро ба Ѓиждувон, раиси собиќ Абдуллохољаро ба Чорљўй барои адои вазифаи ќозигї фиристоданд. Дигар ашаддитарин душмани ислоњот Мирзо Низомиддинхољаи урганљиро бо бањонаи хизмате ба Ќаршї гуселониданд. Пас аз чунин таѓйиротњо њукумати амир худро барои эълон намудани фармони ислоњот гўё аз њар љињат озод њис мекард. Њол он ки муќобилони ислоњот низ дер боз дар мактабу мадрасањо ва гузарњои ањолинишини шањр ташвиќот бурда, як њиссаи мардумро ба тарафи худ кашида буданд. Лоињаи ислоњот, ки аз тарафи њукумати амир, бо иштироки кормандони резидентсия њозир карда шуд, баъди дар вазорати корњои хориљии Њукумати Муваќќатии Русия муњокима гардидан, 4 апрели соли 1917 аз тарафи худи њукумати нави Русия тасдиќ гардид. 7 апрел ин лоиња дар мењмонхонаи “Рањимхонї”-и Арк, дар њузури даъватшудагон ва мењмонон эълон карда шуд. Мувофиќи лоињаи ислоњот амир бояд: дарбори худро дигар мекард; барои њамаи амалдорон аз хазина моњона таъин мекард (то ки мардумро худсарона торољ накунанд); закот, хирољ ва дигар андозњоро ба тартиб медаровард; ба худсарию бедодгарии амалдорон хотима мегузошт; аз њисоби мардуми доно ва соњиби дониши Бухоро дар назди њукумат як маљлиси машваратї таъин мекард, харљу дахли хазинаи њукуматиро ба њисоб мегирифт; барои маърифатнокии мардум дар Бухоро як матбаа мекушод ва ѓайрањо. 8 апрели соли 1917, пагоњї барваќт, амир Олимхон ба номи сардори Њукумати Муваќќатии Русия княз Лвов ва вазири корњои хориљии он Милюков, аз хусуси эълони фармони ислоњот барќия фиристода, дар он ќайд кардааст, ки гўё “ќарори ў барои аз рўи шариат гузаронидани ислоњот ќатъї мебошад”. Њарчанд лоињаи ислоњоти эълонкардаи амир ба назар хело ночиз менамояд, вале агар он дар Бухорои њамонваќта амалї мегардид, аз ањамият холї набуд. Аммо он лоињаи ислоњоти ночиз њам дар ќоѓаз монд. Намоиши шукронаи љавонбухороиён ва пароканда намудани он. Ављи иртиљо дар Бухоро. Эълони фармони ислоњот тарафдорон ва њам муќобилонашро ба њаракат даровард. 8 апрел, соати 8-и пагоњї, намоиши љавонбухороиён оѓоз ёфт. Онњо бо шиорњои: “Зинда бод амир Олимхон!”, “Зинда бод ислоњот!”, “Зинда бод амири озодихоњ!”, “Зинда бод амири њурриятпарвар амир Олимхон! ”, “Зинда бод озодї, контитутсия, озодии матбуот ва истиќлоли мактаб!” ба майдон баромада буданд. Шумораи намоишчиён, ки дар оѓоз таќрибан њазор нафар буд, оњиста-оњиста аз њисоби шањриён меафзуд ва то ба 5-7 њазор нафар расидааст. Дар намоиш тољикњо, яњудињо, эронињо, ўзбекњо, тоторњо ва дигар мардуми шањр иштирок кардаанд. Ваќте ки љавонбухороиён аз Чорсўи Бухоро ба роњ баромада то Хиёбон расиданд, аз тарафи дигар муќобилони ислоњот низ ба ќуввати тамом бархеста, ба Регистони Бухоро, яъне майдони назди Арк расиданд. Аксулњаракатчиён аксарият аз љумлаи диндорони иртиљопараст буданд. Онњо аз гумроњии мардуми Бухоро истифода бурданд. Дар натиљаи чунин ташвиќотњо як њиссаи дигари мардуми дар ѓафлатбудаи шањр ба тарафи аксулњаракат гузаштанд. Бо њамин роњ муќобилони ислоњот тавонистанд, ки шумораи тарафдорони худро то ба 7-8 њазор нафар расонанд. Баъд аз сар шудани аксулњаракат, амир ва ќўшбегї аз ин воќеа мурданивор ба воњима афтода, муносибати худро нисбат ба ислоњотхоњон бо тезї таѓйир доданд ва тарафдори гурўњи мухолифон шудаанд. Дар натиљаи ин намоиши шукронаи љавонбухороиён пароканда карда шуд. Иштирокчиёни он ба њар тараф гурехтанд. Як ќисмашон барои халосии љони худ њатто ба тарафи аксулњаракат гузаштанд. Бинобар ин њамон лањза дар Бухоро “њар кас, -ба хотир меоварад С.Айнї,- барои њифзи љони худ дигареро “Ин љадид аст” гуфта, тањќир мекард ва сабаби дастгирии он бечора мегардид”. Аксулњаракатчиён на танњо љавонбухороиёнро таъќиб мекарданд, балки баъзе шахсони бонуфузи њукумат, ки ислоњотхоњ буданд, низ тањдид кардаанд. Аз љумла, онњо ќозикалон Шарифљон Махдуми Садри Зиёро њангоми аз хонааш ба Арк омадан, дар майдони Регистон, дар он љое, ки чашми амир меафтод, тањќир ва зада аз асп афтонда, бењуш намуданд. Раис Абдусамадхољаро бошад дар назди худи ќўшбегї зада маъюб карданд. Рўзњои 8 ва 9 апрел аз тарафи њукумати амирї ќариб 150 нафар иштирокчиёни намоиш ва махсусан љавонбухороиён, аз он љумла С.Айнї (агарчанде ў муќобили намоиш буду дар он иштирок надошт, вале дастгир шуда 75 чуб љазо дид) њабс гардиданд. Дар аморати Бухоро иртиљо тантана мекард. Оњиста-оњиста тамоми мансабњо боз ба ихтиёри муќобилони ислоњот гузашт. Аз љумла 15 апрели њамон сол ќўшбегї Насрулло маъзул гардид, ва ба љои ў душмани ашаддии ислоњот ва љавонбухороиён Мирзо Низомиддинхољаи урганљї нишаст. Мирзо Насруллоро бо тамоми ањли оилааш ба Кармина (мувофиќи дигар маълумот ба Ќаршї) бадарѓа ва њабс намуда, дар рўзњои “таљовузи Колесов” (марти соли 1918) њамаашонро бо њукми амир ќатл намудаанд. 31 июли соли 1917 Шарифљон Махдуми Садри Зиёро низ (њарчанд ў аз рўзи латхўриаш - 8-апрел, аллакай дар мансаб набуд ва бемори бистарї буд) бо њукми амир аз вазифаи ќозикалонї озод карда, ба љои ў Бурњониддин такроран соњиби ин мансаб гардид. 15 апрел дар Бухорои Нав бо ташаббуси Шўрои намояндагии коргарони шањр маљлиси серодаме барпо гардид. Дар он амалиётњои кормандони резидентсияи Русияро дар рўзњои фољеаи Бухоро муњокима намуда, ќарор кардаанд, ки сарвари он Миллер ва љонишинаш Шулга ба њабс гирифта шаванд. Воќеањои апрелии (соли 1917) Бухоро ба баъзе љавонбухороиён таъсири љиддї расонид. Бо њамин воќеа амир Олимхон обрў ва эътибори худро дар байни зиёиёни пешќадами Бухоро, ки ќисмашон ба ў њанўз боварї доштанд, аз даст дод. Ин гурўњи зиёиён- љавонбухороиён дигар ба ислоњ ёфтани њукумати амирї боварї надоштанд. Аз љумла, њанўз дар моњи апрели њамон сол Фатњуллохоља ном шахс, дар маљлиси гурўњи љавонбухороиёни дар Бухорои Нав буда, масъалаи “њатман тайёр намудани шўриши яроќноки бухороиён”-ро гузоштааст. Ин гурўњ дар њуљљатњо баъзан “љавонбухороиёни ашаддї” ном бурда мешавад. Дар аморати Бухоро гурўњи иртиљопарастон ѓалабаи худро тантана мекарданд. Таъќиби на танњо чавонбухороиён, балки хайрхоњони онњо низ давом дошт. Иртиљопарастони аморат њатто аз мавќеъ ва амалиёти худи амир Олимхон оиди масъалаи ислоњот розї набуданд. Аз њамин сабаб њанўз аввали моњи майи њамон сол иртиљопарастон масъалаи аз мансаби амирї озод намудани Олимхон ва ба љои ў таъин кардани амакаш – беки Ѓузар, иртиљопарасти ашаддї - Акрамхонро гузоштанд. Вале онњо аз иќтидори њукумати Русия дар тарс буданд. Бинобар ин нияти иваз намудани амирро амалї карда натавонистанд. Зеро, сиёсати амир Олимхонро чї амалдорони болоии Њукумати Муваќќатии Русия ва чї мањаллии он, аз љумла кормандони резидентсияю сарварони кишвари Туркистон дастгирї мекарданд. ЌИСМИ II ФАСЛИ V. ХАЛЌИ ТОЉИК ДАР ЗАМОНИ ШЎРАВЇ (СОЛЊОИ 1917 – 1991) БОБИ XIII. Барпо ва мустањкам намудани Њокимияти Шўравї дар сарзамини имрўзаи Тољикистони Шимолї ва Бадахшон (солњои 1917-1924) §1. Ѓалабаи инќилоби Октябр дар Русия ва барпо намудани Њокимияти Шўравї дар уезди Хуљанд ва болооби Зарафшон Ѓалабаи инќилоби Октябр дар Петроград. Дар Русия баъди ба охир расидани дуњокимиятї ва яккањукмрон гардидани Њукумати Муваќќатї њам (яъне аз аввали моњи июли соли 1917) вазъият бењтар нагардид. Љанги якуми љањон, ки Русия чун дар оѓозаш яке аз иштирокчиёни фаъоли он буд, њамоно давом дошт. Дар мамлакат мисли пештара гуруснагї, барањнагї, беќурбшавии пул њукмфармої мекард. Ин њама боиси норозигии нав ба нави на танњо мардум, балки аскарони рус низ гардид. Њамаи ин њолатњо аз хусуси дар Русия сабзида расидани нишонањои шўриши навбатї дарак медод. Махсусан дар маркази империя – шањри Петроград хавфи таркиш њувайдо буд. Њизби болшевикии Русия аз вазъияти ба вуљудомада ба хубї истифода бурд. Вай ба мисли пештара ягона њизбе буд, ки бо Њукумати Муваќќатї њељ муросо накард ва муросо карданро њам намехост. Баръакс, баъди воќеањои июлии соли 1917 дар Петроград (тирборон кардани намоиши осоиштаи коргарон ва ба охир расидани дуњокимиятї), њизби болшевикї бо маќсади гирифтани њокимият мардумро ба шўриши навбатии яроќнок даъват мекард. 24 октябри соли 1917 шўриш дар Петроград сар шуд. Ба он дар ќатори коргарон, инчунин аскарони дар шањр будаи аз сиёсати Њукумати Муваќќатї норозї иштирок намуданд. Сарварии шўриш аз лањзањои аввал ба ихтиёри њизби болшевикї гузашт. Дар ин роњ, ба болшевикон танњо эсерњои чап ва меншевикњои чап то андозае хайрхоњ буданд, Боќимонда њамаи њизбњои марказии Русия: эсерони рост, меншевикони рост, октябристњо, прогрессистњо, кадетњо, трудовикњо, иттифоќи халќи рус, натсионалистњо ва сотсиалистони халќї њанўз њам дар атрофи Њукумати Муваќќатї муттањид истода, муќобили њаргуна шўриш буданд. Вале акнун муттањидии онњо Њукумати Муваќќатиро наљот дода натавонист. Шаби 24 ба 25 октябр дар Петроград тамоми кўпрукњои дарёи Нева, вокзалњои роњи оњан, телеграф, телефон, почтамт, истгоњи барќї, бонки Давлатї ва ѓайра ба ихтиёри шўришгарон гузашта буд. Нињоят шаби аз 25 ба 26-октябр ќароргоњи Њукумати Муваќќатии Русия – Ќасри Зимистона (њоло осорхонаи Эрмитаж) низ ба дасти шўришгарон гузашт. Аксари аъзоёни он њокимият њабс карда шуданд. Дар Петроград њокимият ба ихтиёри Кумитаи њарбии инќилобї, ки дар арафаи оѓози шўриш аз тарафи њизби болшевикї ташкил карда шуда буд, гузашт. 25 октябр, сотаи 2240 даќиќаи бегоњї дар ќасри Смолнии Петроград анљумани II Умумирусиягии Шўроњои намояндагони коргарон ва аскарон кори худро шурўъ намуда, тањти назорати њизби болшивикї мегузашт. Аз ин рў 25 октябр (бо санаи нав 7 ноябр)1 њамчун рўзи ѓалабаи инќилоби Октябр ва бунёди Њокимияти Шўравї њисоб мешуд. 26 октябр анљумани номбурда сарнагун гардидани Њукумати Муваќќатиро маъќул шуморид ва бо сарварии В.И. Ленин Њокимияти Шўравї – Шўрои Комиссарони Халќиро (ШКХ), асосан аз њисоби болшевикон бунёд намуд. Њамин анљуман њуљљатњои барои мардуми Русия њаётан зарур – “Декрет дар бораи сулњ” ва “Декрет дар бораи замин”-ро ќабул кард. Мувофиќи њуљљати аввала Русия бояд аз љанги харобиовари љањон мебаромад ва мардум ба њаёти осоишта бармегашт. Дар асоси њуљљати дуюм бошад, мебоист замин ба дењќонон барои истифодабарии доимї дода мешуд. Анљуман ќарор ќабул кард, ки дар тамоми сарзамини Русия, аз он љумла кишвари Туркистон, њокимият бояд ба ихтиёри Шўроњои намояндагии коргарон ва аскарони мањаллї гузарад. Вале на дар њамаи шањру вилоятњои Русия ин ќарорро хуш пазируфтанд. Дар баъзе мањалњо тарафдорони Њукумати Муваќќатї барои бунёди њокимияти нав – Шўравї муќобилияти сахт нишон доданд. Чунин муќобилият дар маркази кишвари Туркистон – шањри Тошкент низ дида мешуд. Ѓалабаи шўриш дар Тошкент. Шўриш дар Тошкент 28 октябри соли 1917 сар шуд. Худи њамон рўз, бо ташаббуси болшевикон, барои сарварии шўриш кумитаи инќилобї ташкил ёфт. Шањри Тошкент чор рўз (аз 28 октябр то 1 ноябр) шоњиди љангњои шадид гардид. Болшевикони Тошкент тавонистанд, ки ба аскарони мусаллањи сарвари Кумитаи Туркистонии Њукумати Муваќќатї генерал Кравченко аз њисоби мардум ќувваи бисёрро муќобил гузоранд. То 15 ноябри соли 1917 дар як ќатор нуќтањои кишвар Шўроњо њокимиятро ба дасти худ гирифтанд. Аз 15 то 22 ноябри он сол дар шањри Тошкент анљумани III Шўроњои кишварии намояндагии коргарон ва аскарон, баъди кашмакашињои хеле зиёд оиди дар кишвари Туркистон барпо гардидани Њокимияти Шўравї ќарор ќабул кард. Яке аз масъалањои муњимтарине, ки ин анљуман дид, ин ташкили њокимияти кишварї буд. Дар анчуман эсерњо, меншевикњо, шўроиисломистњо, шўроиуламоињо, намояндагони љадидон ва зиёиёни мањаллї, намояндагони буржуазияи рус ва миллї тарафдори бо иштироки тамоми ќуввањои сиёсии кишвар ташкил намудани њокимияти коалитсионї буданд. Ба ин таклиф болшевикон тамоман муќобил баромаданд. Дар натиља аввалин њокимияти шўравии кишвар дар шакли Шўрои Комиссарони Халќї (ШКХ) ташкил ёфт. Раиси он болшевик Ф.И. Колесов интихоб гардид. Анљумани III ба тамоми Шўроњои кишварї мурољиат намуд, ки дар мањалњо њокимиятро ба ихтиёри худ гиранд. Тошкент дар кишвари Туркистон ќариб ягона шањри калонтарин буд, ки дар он нуфузи болшевикон нисбат ба дигар њизбњо зиёдтар њис карда мешуд. Њамин њолат махсусан дар рўзњои шўриш ошкор гардид. Вале дар дигар шањру вилоятњои кишвар нуфузи болшевикон чандон назаррас набуд. Аз њама муњимаш он аст, ки дар дигар нуќтањои кишвар болшевикон ва меншевикон њанўз њам дар фраксияи ягонаи сотсиал-демократї буданд. Њарчанд аз тарафи кумитаи марказии њизби болшевикии Русия (РКП(б)) оиди кандани алоќа аз меншевикњо дастур фиристода шуда бошад њам, болшевикони кишвар аз он ё хабар надоштанд, ё аз иљрояш худдорї кардаанд. Аз эњтимол дур нест, ки дар чунин нуќтањои кишвар болшевикон камшумор ва камнуфузии худро ба инобат гирифта, љуръат накарданд, ки рўйрост ба муќобили иттифоќчиёни худ-меншевикон бароянд. Њамин гуна њолат ба шањрњои Самарќанд, Хуљанд, Ќўќанд ва ѓайра хос аст. Ба ихтиёри Шўроњо гузаштани њокимият дар Хуљанд. Дар арафаи Инќилоби Октябрии Русия уезди Хуљанд њанўз њам ба њайати вилояти Самарќанд дохил мешуд. Бинобар ин њалли таќдири њокимият дар ин маркази уездї аз таќдири њокимияти вилоятї, яъне Самарќанд вобастагї дошт. Шўроњои Хуљанд ва Самарќанд нисбатан сернуфуз ва асосан дар ихтиёри эсерњо ва меншевикон буданд. Болшевикон, махсусан дар Шўроњои Самарќанд ќариб нуфузе надоштанд. Чї дар Самарќанд ва чї дар Хуљанд, дар баробари эсеру меншевикњо нуфузи ташкилотњои “Шўрои исломия”, “Шўрои уламо” хеле зиёд буд. Дар њар дуи ин шањрњои бостонї аз аввал байни эсерњою меншевикњо, шўроиисломистњою шўроиуламоињо ягонагии амалиёт дида мешуд. Мањз натиљаи чунин ягонагї буд, ки онњо дар Самарќанд, ба љои шиори аз тарафи болшевикон пешнињодшуда - “Тамоми њокимият ба шўроњо!” шиори ба худ маќбул – “Тамоми њокмият ба маљлиси муассисон!”-ро гузоштанд. Мањз бо ташвиќоти болшевикон 31-октябр коргарон ва хизматчиёни истгоњи роњи оњани Самарќанд дар љамъомади умумии худ иборат аз 10 нафар кумитаи инќилобиро ташкил намуданд. Вале ин кумита дастгирии Шўроњо ва дигар њизбњои Самарќандро надид. Зеро, меншевикњо ва эсерњои ин шањр, ки Шўроњои шањрї ва вилоятиро дар ихтиёри худ доштанд, аз гирифтани њокимият худдорї карданд. Аммо эсеру меншевикњои Хуљанд, бар хилофи мавќеи эсеру меншевикњои Самарќанд, љуръати ба дасти худ гирифтани њокимиятро карданд. 11 ноябри соли 1917 дар Хуљанд маљлиси васеи Шўроњои намояндагии коргарон ва аскарон бо якљоягии намояндагони “Иттифоќи мењнаткашон”, думмаи шањрї ва кумитањои иљроияи волостњои Ќистакўз ва Унљї барпо гардид. Ин љамъомад дар шањр ва уезди Хуљанд ба ихтиёри Шўроњо гузаштани њокимиятро эълон карда, ба тарафдории дар кишвари Туркистон барпо намудани Њокимияти Шўроњо овоз доданд. Худи њамон рўз Шўрои шањрии Хуљанд дар шањр њокимиятро ба дасти худ гирифт. Њамон лањза дар ин Шўро аксариятро аъзоёни њизбњои эсерњо ва меншевикњо ташкил мекарданд. Сарвари Шўроњои Хуљанд низ аъзои њизби эсерњо Т.Тараненко буд. Болшевикони Хуљанд такя ба ќувваи аскарони сурх намуда, баробари мањви “Мухторияти Ќўќанд” (22 феврали соли 1918) ба иттифоќчиёну пайравони он шўроиисломистњо ва шўроиуламоињои Хуљандї низ зарбаи ќатъї заданд. Онњо инчунин мавќеи эсеру меншевикони Хуљандро низ хеле мањдуд намуданд. Моњи марти соли 1918 бо ташаббуси болшевик И.Калугин /ў њамон лањза аъзои Шўрои кишварї шуда буд/ њайати нави Шўрои намояндагони Хуљанд ташкил гардид. Акнун он махсусан аз њисоби аъзоёни “Итифоќи мењнаткашон” афзуд. Худи Шўро њам минбаъд номи “Шўрои намояндагии коргарон, аскарон, мусулмонон ва дењќонони Хуљанд”-ро гирифт. Ба он Г. Стерлингов (сарвари мањаллии эсерони чап)-њамчун раис ва љонишини ў болшевикон: Е.А. Иванитский ва Љўра Шокаримов интихоб шуданд. Ин маънои онро дошт, ки Шўрои Хуљанд ба мавќеи болшевикї гузаштааст. Бояд ба инобат гирифт, ки дар Хуљанд ва дар аксари маркази волостњои он /ба ѓайр аз Ўротеппа ва то андозае Ќистакўз (аз љумла дар Унљї, Ѓулакандоз, Нов, Исфаней, Чапќулоќ, Бокса-Себирѓон), Сретен, Уралск (Дилварзин) аз ноябри соли 1917 то апрели соли 1918 тартиботи шўравї ба тарзи осоишта барќарор карда шуд. Барпо намудани Њокимияти Шўравї дар Ўротеппа ва Мастчоњ. Дар арафа ва њангоми бунёд намудани Њокимияти Шўравї дар Ўротеппа (Истаравшан) ва ноњияњои атрофи он вазъият чандон мураккаб набуд, баръакс то андозае оромї њукмфармої мекард. Њамон лањза ба гурўњи ноњияњои Ўротеппа волостњои: Ўротеппа, Ѓончї, Шањристон, Босмандї, Далён ва Мастчоњ дохил шуда, якљоя, то моњи майи соли 1919 дар њайати уезди Хуљанд буданд. Дар худи шањри Ўротеппа њам њокимият моњи ноябри соли 1917 ба Шўрои мањаллї, ки дар ихтиёри эсеру меншевикњо буд, гузашт. Аз моњи ноябри њамон сол то моњи марти соли 1918 дар волостњои Шањристон, Босмандї, Далён, Мастчоњ ва Ѓончї ба ихтиёри Шўроњои мањаллї гузаштани њокимият эълон гардид. Аммо дар баъзеи ин мањалњо, аз љумла дар Ўротеппа Њокимияти Шўравї њанўз амалан бунёд нагардида, он ба зудї сарнагун шуд. Шўрои шањри Ўротеппа баробари ба даст гирифтани њокимият аз маркази кишвар-шањри Тошкент супориш гирифт, ки барои наљоти мардум аз гуруснагї (он кишвари Туркистонро аллакай фаро гирифта буд)маъракаи мусодираи ѓалларо гузаронад. Дар натиљаи ин чорабинї ѓаллаи мардум дар бозор ва аз дўкону хонањояшон мусодира карда мешуд. Чунин чорабинї дар шањр вазъиятро хеле мураккаб гардонид. Худи аъзоёни шўро, ки асосан аз љумлаи эсеру меншевикон ва пайравони онњо буданд, чандон хоњиши иљрои он супоришро надоштанд. Нуфузи болшевикон бошад њанўз њам дар ин љо назаррас набуд. Ташкилоти мањаллии “Шўрои исломия” аз вазъияти ба амал омада истифода бурда, думаи шањриро аз нав барќарор кард.Бо ташаббуси ташкилоти мањаллии “Шўрои уламо” љамъияти маънавии динї бо номи “Нури ислом” бунёд гардид. Онњо рўйрост ба муќобили сиёсати мусодиракунии ѓалла баромаданд. Дар шањр як муддат на танњо њолати ба дуњокимиятї хос, яъне аз як тараф комиљроияи Шўроњо ва аз тарафи дигар думаи шањрї, балки бењокимиятию бесарусомонї њукмфармо гардид. Вазъи дар шањри Ўротеппа ба амал омада русзабонњои шањрро ба воњима андохт. Сарварони онњо 4 феврали соли 1918 ба комиљроияи Шўроњои мањаллї (яъне Шўрои намояндагии коргарон ва аскарон) мурољиат карда, гўё барои њифзашон аслиња пурсиданд. Дар комиљроияи шањр, ки чун шўрои мањаллї аксар эсеру меншевикњо буданд, ин таклифро маъќул шумориданд. 18 феврали соли 1918, бо таклифи судяи шањри Ўротеппа монархист В.И. Владимиров, маљлиси якљояи шањрвандон ва аскарони русзабон љамъ омад ва дар он ќарор карданд, ки барои таъмини бехатарии русзабонњои Ўротеппа аз њисоби мардони русзабон дружинаи халќї ташкил дода, органи роњбарикунанда-Шўрои дружинаро иборат аз панљ нафар интихоб намуданд. Ба њайати ин Шўро милитсионерї мањаллї Шомирзо Шокаримбоевро, ки забони русиро медонист, низ дохил карданд. Њамин тавр ташкилоти аксулинќилобии “дружинаи халќии рус” ба вуљуд омад. Албатта маќсади асосии ин дружина дар баробари таъмини бехатарии русзабонњо, гирифтани њокимият низ буд. Дружиначиёни Уротеппа дар њайати њукумати кишвари Туркистон, дар симои комиссари халќї оид ба корњои шањрвандї ва маъмурї-Агапов ба худ такягоњи боэътимодеро доштанд. Агапов аз номи раиси Шўрои Комиссарони Халќии кишвари Туркистон фармонеро имзо кард, ки мувофиќи он дар Уротеппа њокимият пурра ба ихтиёри дружина мегузашт. 13 апрели соли 1918 дар бинои думаи шањрї маљлиси дружиначиён ва тарафдорони онњо барпо гардид. Дар он оид ба барњам додани Шўрои намояндагии коргарон ва аскарони Ўротеппа ќарор ќабул карданд. Комиљроияи Шўроњои шањр, ки аксарият дар мавќеи эсеру меншевикњо буданд, ба муќобилияти болшевикон ањамият надода, худи њамон рўз барои бо “дружинаи халќии рус” якљоя шудан розигї доданд. Њамин тарз, дар шањри Ўротеппа Њокимияти Шўравї ба таври расмї барњам хўрд. Моњи майи соли 1918 бо ташаббуси болшевикони Ўротеппа, аз њисоби муќобилони дружиначиён, њизби коргарон ва дењќонони мусулмон бунёд гардид. Дар њамин ваќт онњо Шўрои намояндагии коргаронро низ аз сари нав ташкил карданд. Маќсади асосии ин ташкилотњо дар Ўротеппа аз сари нав барќарор намудани Њокимияти Шўравї буд. Дар натиља муќобилони Њокимияти Шўравї дар атрофи Шўрои дружина ва тарафдорони Њокимияти Шўравї дар атрофи Шўрои намояндагии коргарон љамъ гардида буданд. Чунин њолат аз он гувоњї медињад, ки дар Ўротеппа боз дуњокимиятии нав ба вуљуд омадааст. 8 июли соли 1918 аз Хуљанд ба Ўротеппа ќисмњои аскарони сурх фиристода шуданд ва онњо худи њамон рўз шањрро ба дасти худ гирифтанд. Шўрои дружиначиён пароканда карда шуд. 10 июл дар Ўротеппа ба ихтиёри Шўрои намояндагии коргарон ва дењќонон гузаштани тамоми њокимият эълон карда шуд. Њамин тарз Њокимияти Шўравї дар Ўротеппа аз нав барќарор карда шуд. Баъди аз нав барќарор намудани Њокимияти Шўравї дар Ўротеппа дар назди њукуматдорони кишвари Туркистон њалли масъалаи Мастчоњ ба миён омад. Зеро дар ин гўшаи дурдаст Њокимияти Шўравї аллакай вуљуд надошт. Чунончї, моњи феврали соли 1918 дар Мастчоњ низ ба љои комиссари волостии собиќ Њукумати Мувваќатї, ташкил ёфтани бо ном кумитаи иљроияи шўравиро эълон карданд. Тобистони он сол, чун дар Ўротеппа, дар ин мулк њам маъракаи аз мардуми доро ва миёнањол кашида гирифтани ѓалла яке аз сабабњои асосии аз байн рафтани Њокимияти Шўравї гардид. Моњи ноябри соли 1918 дар Мастчоњ исёни зиддишўравї ба амал омад, ки яке аз ташаббускорони он худи раиси комиљроияи волости Мастчоњ Исо Олимбоев буд. Шўришгарон Њокимияти Шўравиро дар Мастчоњ сарнагун намуданд. Худи њамон моњ, яъне баъди дар Ўротеппа сарнагун намудани “дружиначиён”, аз Ўротеппа, баъд аз Хуљанд ва Самарќанд ба сўи Мастчоњ, бо маќсади аз нав барќарор намудани Њокимияти Шўравї, отряди махсуси аскарони сурх ба роњ баромад. Бо маќсади пешгирї намудани хунрезї кумитаи њарбии инќилобии Ўротеппа ќарор кард, ки бо ќуввањои зиддишўравии Мастчоњ роњи мусолињаро пеш гирад. 30 ноябри он сол дар дењаи Овчї гуфтушуниди тарафайн барпо ва сулњ имзо гардид. Тарафи мастчоњиён ваъда доданд, ки Њокимияти Шўравиро эътироф намуда, хуруљњои зиддишўравиро бас мекунанд. Бо њамин маъракаи барпо намудани Њокимияти Шўравї дар њудуди уезди Хуљанд, ки моњи ноябри соли 1917 оѓоз ёфта буд, моњи ноябри соли 1918 ба охир расид. Барпо намудани Њокимияти Шўравї дар Ашт. Бунёди Њокимияти Шўравї на танњо дар волости Ашт, балки Исфараю Конибодом њам, ки ба њайати вилояти Фарѓона дохил мешуданд, аз воќеањои дар ин вилоят рўйдода сахт вобастагї дошт. То аввали моњи декабри соли 1917 аксари ноњияњои ин вилоят, аз љумла волостњои номбурда, ба доираи идоракунии “Мухторияти Ќўќанд” дохил мешуданд. Танњо конњои нефти САНТО ва ангишти Шўроб, ки њанўз моњи ноябри он сол дар он љойњо Њокимияти Шўравї барќарор карда шуда буд, чун љазира дар ињотаи мухториятчиён меистоданд. 6 декабр, дар натиљаи амалиётњои љангии ќисмњои аскарони сурх, маркази вилояти Фарѓона-шањри Скобелев (њозира шањри Фарѓона) ба ихтиёри Њокимияти Шўравии Туркистон гузашт. 6-7 декабри он сол дар шањри Скобелев анљумани шўроњои намояндагии коргарон, аскарон ва мусулмонони вилояти Фарѓона барпо гардид. Ин анљуман дар тамоми њудуди вилоят ба ихтиёри Шўроњо гузаштани њокимиятро эълон кард. Вале ин ќарор, аз ноњияњои номбурда, танњо дар њудуди волости Ашт амалї гардид. Зеро дар Ашт нуфузи мухториятчиён, яъне “Шўрои исломия” ва “Шўрои уламо” нисбатан суст буд. Ба ѓайр аз ин волости Ашт аз маркази мухториятчиён-шањри Ќўќанд нисбатан дар канортар меистод. Амалї намудани ќарори анљуман дар њудуди ин волост ба ягон хел муќобилият дучор наомад. Ин маънои онро дорад, ки дар волости Ашт, агарчанде нуфузи болшевикон чандон назаррас набуд, Њокимияти Шўравї ба тарзи осоишта барќарор карда шудааст. Волостњои Исфараю Конибодом бошанд ба њайати Мухторияти Ќўќанд дохил мешуданд, бинобар ин дар ин нуќтањо амалї гардидани он ќарор то охири феврали соли 1918 тўл кашид. Барпо намудани Њокимияти Шўравї дар болооби Зарафшон. Барпо намудани тартиботи шўравї дар мулкњои болооби Зарафшон, ки аз волостњои Панљакент, Фалѓар, Мастчоњ, Искандарї, Моѓиёну Фороб, Офтобрў ва Киштут иборат буд, аз вазъи Самарќанд сахт вобастагї доштанд. Аз волостњои номбурда танњо Мастчоњ чуноне аллакай таъкид кардем, аз љињати маъмурї, ба воситаи Ўротеппа, ба уезди Хуљанд дохил мешуд. Волостњои боќимондаи номбурда якљоя участкаи Панљакентро ташкил дода, ба њайати уезди Самарќанди вилояти Самарќанд шомил буданд. Чуноне дар боло ќайд карда шуд дар Самарќанд нуфузи болшевикон хеле суст ва нуфузи эсерону меншевикњо, шўроиисломистњою шўроиуламоињо хеле зиёд буданд. 4 декабри соли 1917 болшевикони Самарќанд ба ќисмњои аскарони сурх такя намуда, кумитаи њарбии инќилобиро ташкил доданд ва дар шањр њокимиятро ба дасти худ гирифтанд. Думаи шањрї, ки њанўз њам дар њимояи эсеру меншевикњо ва шўрои исломињою шўроиуламоињо буд, бо кўмаки ќисмњои казакњои сафеди И.М.Зайтсев њокимиятро дар шањри Самарќанд боз ба ихтиёри худ гирифт. Ин думаи шањрї низ аз тарафи ќисмњои аскарони сурх бо зудї барњам дода шуд. 13 декабри соли 1917 дар шањри Самарќанд анљумани II Шўроњои вилоятї ба кори худ шурўъ кард ва он дар тамоми њудуди вилоят ба ихтиёри шўроњо гузаштани њокимиятро эълон кард. Дар худи њамин моњ кумитаи инќилобии Самарќанд намояндагони Њукумати Муваќќатиро,ки њанўз дар болооби Зарафшон сарварони волостњо буданд аз вазифаашон озод карда, намояндагони худро барои бунёди Њукумати Шўравї фиристод. Њамин тавр, моњи деабри соли 1917 дар болооби Зарафшон, аз љумла дар волостњои Панљакент, Фалѓар, Искандарї, Моѓиёну Киштут, Фороб ва Офтобрў бе ягон муќобилияти љиддї Њокимияти Шўравї барпо карда шуд. |