Главная страница
Навигация по странице:

  • Сабабњои фаъолтар гардидани мухториятхоњон.

  • Анљумани Ќўќандии мухториятчиён ва эълон гардидани мухторияти Туркистон.

  • Мањви «Мухторияти Ќўќанд» аз тарафи аскарони сурх.

  • Эълони ташкилёбии Љумњурии Мухтори Шўравии сотсиалистии Туркистон.

  • § 3. Барпо намудани Њокимияти Шўравї дар Бадахшон Мавќеи отряди Помир нисбат ба Њокимияти Шўравї.

  • Отряди А.А.Холмаков ва барпо намудани Њокимияти Шўравї дар Бадахшон.

  • § 4. Њаракати зиддишўравї дар сарзамини имрўзаи Тољикистони Шимолї ва Бадахшон Сабабњои ба вуљуд омадани њаракати зиддишўравї дар сарзамини имрўзаи Тољикистони Шимолї.

  • Эътироф накардани дин ва урфу одатњои мардуми мањаллї

  • Дар аввал мањдуд ва баъд тамоман манъ намудани фаъолияти њизбу љамъиятњои ѓайриболшевикї

  • Мањв намудани њаракати мухториятчиён

  • Кашида гирифтани замин, завод, бино ва дигар молу мулки дороён, миллї кунонидани бонкњо, љорї намудани сиёсати развёрсткаи озуќавї

  • Амалиётњои ношоистаи баъзе аз ашхосе, ки дар замони нав, дар марказ ва дар мањалњо ба сари ќудрат омада буданд

  • Њангоми ташкил додани аввалин органњои марказї ба эътибор нагирифтани манфиати мардуми мањаллї ва ташкил додани чунин њокимият танњо аз њисоби русњо ва русзабонњо

  • Њаракати зиддишўравї дар њудуди имрўзаи Тољикистони Шимолї.

  • Мањв намудани њаракати зиддишўравї дар Мастчоњ.

  • Њаракати зиддишўравї дар Кўњистони Бадахшон.

  • апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов


    Скачать 3.71 Mb.
    НазваниеНамоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
    Дата10.10.2022
    Размер3.71 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01..doc
    ТипДокументы
    #724565
    страница29 из 57
    1   ...   25   26   27   28   29   30   31   32   ...   57
    §2. «Мухторияти Ќўќанд» ва барњам додани он
    Ба вуљуд омадани масъалаи мухторияти Туркистон. Чуноне дар боби пешина таъкид кардем, аќидаи мухторияти Туркистон дар байни зиёиёни кишвар њанўз то барњам хўрдани њукумати подшоњї вуљуд дошт. Он пас аз шўриши миллию озодихоњии соли 1916 дар Осиёи Миёна ва махсусан бо ѓалабаи инќилоби буржуазию демократии /февралии соли 1917/ Русия бештар пањн гардид. Дар маркази ин њаракат ташкилотњои Шўрои исломия, Шўрои уламо, инчунин љадидони туркистонї меистоданд, ки онњо дар њайати худ ќисми бузурги зиёиёни бедоргаштаи кишварро муттањид мекарданд. Аммо он лањза амалдорони Њукумати Муваќќатии Русия чандон тарафдори фавран ба Туркистон додани њуќуќи мухториятро надоштанд. Вале ин таклифро рад њам накарданд.

    Моњи сентябри соли 1917 анљумани III мусулмонони кишвари Туркистон, ки дар шањри Тошкент шуда гузашт, ба тарафдории мухторияти Туркистон овоз доданд. Дар анљуман инчунин муносибати минбаъдаи Туркистону Русия низ муайян карда шуд. Мувофиќи он љумњурияти Русия фаќат муњофизати сарњади Туркистонро ба ўњда дошту ба корњои дохилии он бояд дахолат намекард. Мухторияти Туркистон дар навбати худ барои нигањдории оромии дохилиаш ќўшунњои худро ташкил медод.

    Тарафдорони мухторияти Туркистон пурра умед доштанд, ки Маљлиси Муассисони Умумирусиягї ќарори анљумани III мусулмонони кишвари Туркистонро оиди мухторият тасдиќ хоњад кард. Вале Инќилоби Октябр умеди онњоро барбод дод. Њукумати Муваќќатии Русия, ки бо он тарафдорони мухторият њамкорї карданд, сарнагун карда шуд. Дар Русия ба сари њокимият болшевикон омаданд.

    Сабабњои фаъолтар гардидани мухториятхоњон. 2 (15) ноябри соли 1917 аз тарафи Њокимияти Шўравї “Эъломияи њуќуќи халќњои Русия” ва 20 ноябр (3 декабр)-и њамон сол мурољиати он “Ба њамаи мењнаткашони мусулмони Русия ва Шарќ” бароварда шуд. Ин њуљљатњо ба халќњои собиќ мазлуми Русия њуќуќи васеъ, то њуќуќи мустаќилии миллиро дод. Вале амалї гардидани он њуљљатњо аз мавќеъ ва кордонии њукуматњои мањаллї вобастагї дошт.

    Аввалин Њукумати Шўравии Туркистон-Шўрои Комиссарони Халќї (ШКХ) чуноне дар боло аллакай ќайд намудем, бо кашмакашињои зиёди сиёсї, дар анљумани III Шўроњои кишварї (ноябри соли 1917) бо сарварии Ф.И. Колесов, асосан аз љумлаи намояндагони болшевикон, эсерони чап ва максималистон, аз рўи баромади миллї аз њисоби русњо ва русзабонњо ташкил карда шуд. Ба њокимият тарафдорони мухторияти Туркистон: шўроиисломињо, шўроиуламоињо, љадидон ва ѓайра роњ дода нашуданд. Зеро, он лањза дар доираи њукуматдорони кишвар мавќеи миллатчиёни рус зиёдтар буд ва онњо нисбати мардуми мањаллї таваљљўње надоштанд. Ба аќидаи онњо мардуми мањаллї гўё “барои иштирок дар идоракунии кишвар њанўз омода нестанд”. Дар натиљаи њукмрон будани чунин аќидаи зарарнок, дар ташкили нахустин Њукумати Шўравии кишвар, аввалин хатои љиддї содир гардида буд.

    Хатои дуюми љиддии аввалин Њукумати Шўравии кишвари Туркистон ва болшевикони он ин номуайянии мавќеи онњо оиди масъалаи мухторият буд. Яъне, он аќидаи мухториятро рад њам накарду амалан дастгирї њам. Ба аќидаи онњо Туркистон гўё барои мухторият њанўз омода набудааст. Ин гуна мавќеи ноаниќ мухториятхоњонро норозї намуд. Ба аќидаи онњо њокимияти марказии шўравї (яъне Федератсияи Русия) гўё дар асоси он њуљљатњо барои туркистониён њуќуќи мухториятро додаасту аммо њокимияти кишварї онро намехостааст. Бинобар ин мухториятчиёни кишвар фаъолтар амал карданро зарур шумориданд.

    Анљумани Ќўќандии мухториятчиён ва эълон гардидани мухторияти Туркистон. 26 ноябр (9 декабр)-и соли 1917 дар шањри кўњнаи Ќўќанд анљумани IV таъљилии мусулмонони кишвар, бо иштороки 205 намоянда, ба кори худ шурўъ кард. Дар анљуман намояндагони ѓайримусулмон, аз љумла русњо, яњудињо ва ѓайра низ иштирок доштанд.

    Масъалањои асосие, ки он анљуман муњокима кард, ин: 1) оиди ба њайати “Иттифоќи Љанубу Шарќї” дохил шудани кишвари Туркистон ва 2) оиди мухторияти кишвари Туркистон ба њисоб мерафтанд. Масъалаи якум боиси бањсу мунозирањои тўлонї гардид. Зеро, махсусан як ќисми зиёиёни мањаллї ба њайати иттифоќи номбурда, ки бо ташаббуси атамани казакњои Оренбург-Дутов ташкил шуда буд, хоњиши њамроњ гардидани кишвари Туркистонро надоштанд. Онњо чунин њолатро як шакли нави мустамликашавии кишвари худ мењисобиданд. Ба ѓайр аз ин аз хотираи онњо кирдорњои вањшиёнаи отрядњои казакї- чун ќисми асосии аскарони њукумати подшоњї, њангоми пахш намудани шўриши соли 1916 њанўз фаромўш нашуда буд. Вале анљуман шароити мураккабро ба инобат гирифта, махсусан барои ба муќобили Њокимияти Шўравї истодагарї карда тавонистан, ба иттифоќи номбурда дохил шуданро лозим шуморид.

    Бегоњии 27 ноябр (10 декабр) анљуман мухторияти кишвари Туркистонро дар њайати Федератсияи Русия эълон намуда, барои тасдиќ ба Маљлиси Муассисони Умуми туркистонї пешнињод намуд. Анљуман инчунин муњофизати манфиати миллатњои камшумори кишварро низ эълон намуд.

    Яке аз роњбарони фаъоли њизби миллии “Алаш-Ордї”, собиќ аъзои кумитаи туркистонии Њукумати Муваќќатии Русия, пантуркисти ашаддї Мустафо Танишбоев сарвари њукумати муваќќатии Мухторияти Туркистон таъин гардид. Ба њайати њокимияти мухториятчиён инчунин намояндагони рафоќатњои машњури тиљоратию саноатии-Вадяевњо ва Потеляхов (њар ду намояндаи яњудиёни мањаллї) низ дохил шуда буданд. Мустафо Чоќай нозири корњои хориљї таъин гардид.

    Дар натиља, дар кишвари Туркистон дуњокимятии нав ба вуљуд омад, ки яке њокимияти шўравии Туркистон бо марказ дар Тошкент ва дигаре њокимияти мухторияти Туркистон бо марказ дар Ќўќанд, Њокимияти охирин дар таърих бо номи “Мухторияти Ќўќанд” маълум аст. Агар мутобиќи шароити њамонваќтаи кишвар ба сифати кордонию мутобиќати фаъолияти аъзоёни њар ду њокимият назар афканем, пас њокимияти ташкилкардаи мухториятчиён нисбат ба њокимияте, ки Ф.И.Колесов сарварї мекард, бештар ба талабот љавоб дода метавонист.

    Њукумати муваќќатии мухторї бо маќсади ќонунї гардонидани муваффаќияти ба даст дароварда, яъне эълони мухторияти Туркистон, лоињаи ќонуни асосї (конститутсия)-ро тайёр карда буд, ки онро бояд Маљлиси Муассисони Умумитуркистонї ќабул менамуд. Мувофиќи наќшаи эсерњо интихобот ба маљлиси Муассисони Умумитуркистонї бояд то 10 марти соли 1918 гузаронида шуда, 20 март кушодашавии он маљлис барпо мегардид. Минбаъд њамин гуна андешаро њукумати муваќќатии мухторї низ дастгирї намуд.

    Њељ љои шубња нест, ки дар сиёсати њукумати мухториятчиён нуфузи диндорони мусулмон хело зиёд буд. Аз ин рў дар мухторияти Туркистон ба дини ислом маќоми давлатї дода мешуд. Ин њама сиёсатмандони Туркистони шўравиро, ки муќобили нуфузи њар гуна дин буданд, боз њам ба ѓазаб овард. Умуман мављудияти њукумати мухтории Ќўќанд Њукумати Шўравии Туркистонро ором нагузошт. Њукумати Колесов мањви “Мухторияти Ќўќанд”-ро, ки аллакай аввали декабри соли 1917 оѓоз намуда буд, идома дод. Бо кўмаки ќисмњои аскарони сурх 20 декабр дар Андиљон, 28 декабр дар ќисми нави шањри Ќўќанд /яъне Ќўќанди Нав/ Њокимияти Шўравї барпо гардид.

    Мањви «Мухторияти Ќўќанд» аз тарафи аскарони сурх. Њукумати мухториятчиён кўшид, ки аз њисоби мардум сафи муњофизони худро зиёд кунад. Вале аз як тараф чунин хоњишмандон хеле кам буданд, аз тарафи дигар, барои ин пули зиёд лозим буд. Зеро Њукумати Шўравии Туркистон њамаи пул ва ќоѓазњои ќурбноки бонкњои дар Ќўќанд бударо мусодира намуда буд. Дар натиљаи њамаи ин мушкилињо, махсусан мураккабии њолати молиявї, сарвари њукумати муваќќатии мухториятчиён Мустафо Танишбоевро маљбур намуд, ки ба истеъфо равад. Ўро Мустафо Чоќай иваз намуд. Њукумати Мустафо Чоќай бо маќсади бењтар гардонидани вазъияти молиявии мухторият ба миќдори 30 млн.сўм /бо пули њамон ваќта/ заёми дохилї баровард. Вале хоњишмандони харидани чунин заём хело кам буданд. Аз њамин сабаб он ба тарзи маъмурї-зўрї ба тољирони хурд, махсусан дўкондорон ва ѓайра таќсим карда шуд. Чунин чорабинї боиси норозигии тољирони хурди миллї гардид ва он натиљаи дилхоњ надод.

    Ваќте, ки аз њукумати Мустафо Чоќай њам умеди наљот намонд, доираи болоии мухториятчиён яке аз саркардањои њаракати зиддишўравї Эргашро, бо дастаи 2-3 њазорнафарааш ба хизмат даъват намуда, ўро сарфармондењи “армияи ислом” таъин карданд. Вале баробари ба сари ќудрат омадани Эргаш дар шањри Ќўќанд нооромї ба дараљаи баландтарини худ расид. 17 феврали соли 1918 Эргаш М.Танишбоевро њабс намуд, Мустафо Чоќай ва баъзе аъзоёни дигари њукумати мухторї барои гурехтан муваффаќ шуданд. Эргашро, ки махсусан аъзоёни “Шўрои уламо” дастгирї мекарданд, хони Ќўќанд эълон карданд. Ин њодиса дар таърих њамчун “табаддулоти уламоиён” ё худ “табаддулоти Эргаш” маълум аст.

    17 феврали соли 1918 дар шањри нави Ќўќанд бањри сулњ гуфтушуниди тарафи шўравї ва мухториятчиён оѓоз ёфт. Баъди табаддулоти Эргаш, тарафи шўравї идомаи музокираро бо мухториятчиён нолозим шуморида, ба муќобили он ба амалиёти љангї љиддан шурўъ намуд. 19 феврал ќуввањои њарбии Туркистони шўравї дар Ќўќанд њозир шуда, худи њамон рўз аз соати яки рўз то нимаи шаб ба сўи шањри кўњнаи Ќўќанд аз 12 тўпњо тир кушоданд.

    20 феврал, яъне баъди тирпарронињои зиёд, ба Ќўќанд ќисмњои њарбии дашнакњоро дароварданд, ки онњо асосан мардумро ѓорат карданд. Эргаш бо наздикони худ гурехт. 21 феврал гуфтушуниди байни намояндагии шўроњо ва мухториятчиёни аллакай маѓлубшударо давом доданд. 22 феврал шартномаи тарафайн барои ќатъ гардидани амалиёти љангї имзо шуд. Мувофиќи он беяроќ гардонидани тамоми тарафдорони мухторият; аз тарафи мухториятчиён шинохтани Њукумати Шўравии кишвар ва ѓайра дар назар дошта мешуд. Бо њамин “Мухторияти Ќўќанд”, баъди мављудияти 86 рўза аз тарафи аскарони сурх барњам дода шуд. Ин воќеа имконият дод, ки дар ќатори дигар мулкњои собиќ мухторият, инчунин дар Конибодом ва Исфара њам Њокимияти Шўравї барќарор карда шавад. Вале бо барњам додани “Мухторияти Ќўќанд” тухми гурўњњои зиддиболшевикї ва зиддишўравї, ки дар доираи мухторият муттањид гардида буданд, дар тамоми сарзамини Осиёи Миёна пањн гардиданд.

    Эълони ташкилёбии Љумњурии Мухтори Шўравии сотсиалистии Туркистон. 30 апрели соли 1918 дар анљумани V Шўроњои кишвари Туркистон ќарор аз хусуси ташкилёбии Љумњурии Мухтори Шўравии сотсиалистии Туркистон дар њайати Федератсияи Русия ќабул гардид. Худи њамон рўз «Низомнома оид ба Љумњурияти Мухтори Шўравии Туркистон» низ тасдиќ гардид. Дар асоси њамин њуљљат анљуман бори аввал Кумитаи Иљроияи Марказии (КИМ) Туркистонро дар байни анљуманњои Шўроњо њамчун органи олии давлатї интихоб намуд. Он аз 36 нафар: 18 нафар болшевикон ва 18 нафар эсерони чап иборат буд. Раиси КИМ болшевик П.А.Кобозев, љонишини аввали ў (раиси дуюм мегуфтанд) низ болшевик А.Ф.Солник интихоб шуданд. Њайати Шўрои Комиссарони Халќии (ШКЊ) љумњурї такроран бо сарварии болшевик Ф.И. Колесов, иборат аз 8 нафар болшевикон ва 8 нафар эсерони чап низ ташкил карда шуд. Дар њамин анљуман яке аз хатогињои дар ташкили аввалин њокимияти шўравии кишвар роњ додашуда, ки аз ба корњои давлатї љалб накардани намояндагони мардуми мањаллї мебошад, ќисман ислоњ гардид. Аз љумлаи онњо ба њайати КИМ-7 нафар ва ба њайати ШКХ -3 нафар дохил карданд.

    15 октябри соли 1918 анљумани VI фавќулоддаи Шўроњои Љумњурии Мухтори Туркистон Ќонуни асосии (Конститутсияи) ЉМШС Туркистонро ќабул кард. Дар асоси он органи олии ќонунбарори љумњурї анљумани Шўроњои намояндагии коргарон, аскарон ва дењќонон њисоб мешуд. Органи олии доимоамалкунандаи љумњурї (дар байни анљуманњои Шўроњо) КИМ ба њисоб мерафт. Њокимияти иљроия ва идоракунии љумњурї ба ўњдаи Шўрои Комиссарони Халќї (ШКХ) гузошта шуд.1 майи соли 1918 ин воќеоти таърихиро бо тантана эълон карданд. Чуноне маълум аст, эълон намудани мухторияти Туркистон яке аз талабњои асосии зиёиёни мањаллї, аз љумла “Шўрои исломия” ва “Шўрои уламо” ба њисоб мерафт. Агар моњи ноябри соли 1917 сарварони болшевикии кишвари Туркистон чунин талаби мухториятчиёнро рад накарда, аќаллан иљрояшро ба ваќти дигар мегузоштанд, аз эњтимол дур набуд, ки дар кишвари Туркистон яке аз сабабњои бо њам муќобилистии ќуввањо аз байн мерафт.
    § 3. Барпо намудани Њокимияти Шўравї дар Бадахшон
    Мавќеи отряди Помир нисбат ба Њокимияти Шўравї. Дар Кўњистони Бадахшон мисли пештара њар гуна таѓйирот аз мавќеи отряди сарњадии аскарони рус, ки ин љо буданд /яъне отряди Помир/, вобастагї дошт. Аз тарафи дигар сарварони отряд дар ќатори вазифањои њарбї инчунин вазифањои маъмуриро низ иљро мекарданд. Хулоса, сарвари отряд сарвари њарбию маъмурї ба њисоб рафта, нисбатан њуќуќњои васеъ дошт. Њамон лањза сарвари отряд полковники рус Фенин буд.

    Танњо баъди 2 июли соли 1918 дар Бадахшон, њатто дар њудуди отряди Помир аз сарнагун гардидани Њукумати Муваќќатї чї дар Петроград ва чї дар Тошкент хабардор шуданд. Аммо афсарону аскарони отряд дар марказњо бунёди тартиботи навро ба тарзи гуногун пазируфтанд. Пеш аз њама афсарон, бо сарварии полковник Фенин ва як ќисми аскарони ќатории отряд, ки нисбат ба Њyкумати Муваќќатї содиќ буданд, Њокимияти Шўравиро эътироф накарданд.

    30 августи соли 1918, мувофиќи фармони барои ќисмњои аскарони сурх баровардашуда, отряди Помир ба тобеияти сардори комиссариати њарбии љумњурии Туркистон гузашт. Аммо полковник Фенин ва дигар афсарони отряд на танњо ин фармонро ба эътибор нагирифтанд, балки мисли пештара умуман аз шинохтани Њокимияти Шўравї саркашї карданд. Нињоят, моњи ноябри соли 1918, полковник Фенин ва дигар афсарони отряд, бенатиљагии мавќеи ишѓолкардаи худро эњсос намуда, бо њамроњии 32 нафар аскарони ќатории отряд, тамоми маблаѓ ва аслињаи мављудаи отрядро бо худ гирифта, ба воситаи Вахон, ба Њиндустон гурехтанд. Бо њамин воќеа дар як ваќт Кумитаи Умумипомирии Њукумати Муваќќатї низ барњам хўрд. Дар постњои сарњадии чї Помири Шарќї ва чї Ѓарбї як ќисми ками аскарони рус монда буданду халос. Аз њисоби њамин аскарон, бо сардории Волков, кумитаи инќилобї ташкил карда шуд, ки он мебоист дар Кўњистони Бадахшон њокимиятро ба дасти худ мегирифт.

    Отряди А.А.Холмаков ва барпо намудани Њокимияти Шўравї дар Бадахшон. Охири моњи ноябри соли 1918 Кумитаи Иљроияи Марказии /КИМ/ љумњурии Туркистон, баробари шунидани хабари ба хориља гурехтани полковник Фенин ва дигар тарафдорони вай, оиди ба Бадахшон фиристодани комиссияи њарбию сиёсї ва отряди ихтиёрї бо сарварии коммунист А.А.Холмаков ќарор ќабул кард. Дар њайати отряд 20 нафар болшевикон буданд. Коммисия ва отряд моњи феврали соли 1919 бо душворињои хеле зиёд ба Хоруѓ омада расид. То њамин лањза дар Бадахшон њолати бењокимиятї њукмфармо буд. Дар мањалњо бошад њанўз ягон хел ташкилот ё худ љамъияти сиёсию инќилобї вуљуд надошт. Вазифаи асосии комиссия ва отряди А.А.Холмаков-ин дар мањалњо ташкил намудани органњои њокимияти инќилобии халќї ва муњофизати сарњади давлатии Федератсияи Русия дар Бадахшон ба њисоб мерафт.

    Бањори соли 1919 ба ташаббуси комиссия ва отряд дар як ќатор мањаллањои Бадахшон кумитањои инќилобї ташкил карда шуданд. Дар худи њамон фасл анљумани ин кумитањо низ барпо гардида, дар онњо оиди муттањид намудани Помири Ѓарбї ва Шарќї ќарор ќабул карданд. Аз њамон лањза роњбарии умумиро дар Кўњистони Бадахшон кумитаи отряд бо сарварии А.А.Холмаков ба ихтиёри худ гирифт.

    Њамин тавр, бањори соли 1919 дар Кўњистони Бадахшон низ бо ташаббуси комиссия ва отряди аз Тошкент фиристодашуда Њокимияти Шўравї ташкил карда шуд.

    17-25 июни соли 1918 дар шањри Тошкент анљумани I муассисони болшевикони Туркистон барпо гардад ва дар он њизби коммунистии Туркистон (ЊКТ), њамчун ќисми таркибии њизби коммунистии (болшевикии) Русия (ЊК(б)Р) ташкил ёфт. Баъди он болшевикони кишвар фаъолияти худро муташаккил намуда, чї дар марказ ва чї дар мањалњо намояндагони ѓайриболшевикиро аз њокимият танг карда бароварданд. Дар натиља, дар њудуди ЉМШС Туркистон њам њизби коммунистї њизби яккањукумрон гардид. Соли 1918 дар њудуди кишври Туркистон, аз он љумла ноњияњои имрўзаи Тољикистони Шамолї ташкилотњои иттифоќи љавонон ва иттифоќи касаба ба вуљуд омаданд. Минбаъд ин иттифоќњо низ дар зери назорати сахти њизби болшевикї амал мекарданд.
    § 4. Њаракати зиддишўравї дар сарзамини имрўзаи

    Тољикистони Шимолї ва Бадахшон
    Сабабњои ба вуљуд омадани њаракати зиддишўравї дар сарзамини имрўзаи Тољикистони Шимолї. Дар миёнаи соли 1918 дар сарзамини ЉМШС Туркистон тартиботи шўравї њанўз пурра барпо нагардида ба муќобилияти сахт дучор шуд. Онњое, ки аз ин тартибот, махсусан сиёсати дар амал љорї кардаистодаи њомиёни он норозї буданд, ба мубориза бархестанд. Дар мањалњо ќариб њамаи онњо аз љумлаи мардуми мањаллї буданд. Дар байнашон намояндагони тамоми табаќањои ањолї-диндорон, тољирону саноатчиён (яъне намояндагони буржуазияи миллї), зиёиён, дењќонон, косибону њунармандон ва њатто коргарон низ буданд. Дар шањру шањракњо ва мањаллањои руснишин ба ин њаракат дар ќатори намояндагони мардуми мањаллї инчунин намояндагони русњо ва русзабонњо њам иштирок намуданд. Дар байни онњо, инчунин афсару аскарони собиќи рус, ё худ русзабон (аз Русия, дар натиљаи таъќиби аскарони сурх гурехта) низ амал мекарданд.

    Пас ин њаракате, ки дар њаќиќат њаракати зиддишўравї буд ва мањз ба муќобили тартиботи нав-Шўравї нигоронида шудааст, чї тавр бояд номид? То ба имрўз дар адабиёти таърихї онро «њаракати босмачигарї» мегуфтанд, ки аз њаќиќат хеле дур аст ва амалан ин бањо тањќирест нисбати мардуми тањљої. Дар таркиби ин њаракат босмачиёни њаќиќї, ки маънои «ѓоратгар»-ро дорад, низ буданд. Барои онњо њиссиёти динию урфу одати миллї муќаддас набуд. Онњо аз вазъи мураккаби ба амаломада ба хубї истифода бурда, бештар ба ѓорат намудани молу мулки мардум машѓул буданд. Аммо на њамаи иштирокчиёни њаракат дар чунин мавќеъ меистоданд. Баъзе муаллифон ин њаракатро «љанги шањрвандї», дигарон «њаракати муљоњиддин» меноманд. Ба ин бањоњо то андозае розї шудан мумкин аст. Вале њангоми ќабули бањои «љанги шањрвандї» боз душвории дигаре ба миён меояд. Масалан, аз тарафи муаллифони зиёд ќабул гардидааст, ки «солњои 1918-1920, ё худ бо андешаи баъзе дигарон то соли 1921 дар њудуди кишвари Туркистон, аз он љумла сарзамини имрўзаи Тољикистони Шимолї «љанги гражданї», яъне «љанги шањрвандї» давом кардааст. Пас, солњои минбаъда чї? Њол он, ки дар њудуди кишвари Туркистон њаракати зиддишўравї то солњои 30-юм давом кардааст. Ба ѓайр аз ин солњои 1918-1920 (21) низ љанг асосан дар байни ќисмњои аскарони сурх ва мардуми мањаллї буд. Дар ин солњо мардуми мањаллие, ки бањри њимояи тартиботи нав бархестаанд, албатта буданд, вале онњо хело камшумор ба њисоб мерафтанд. Бинобар ин онњо дар њаракати умумї нуфузе надоштанд. Пас љанги шањрвандї номидани ин њаракат душвор аст. Зеро, љанги шањрвандї – ин љангест дар дохили як мамлакат, дар байни шањрвандони он. Бо ин њама сабабњо «њаракати зиддишўравї» номидани он њаракат њаќиќати њоли њамон давраро пурра ифода менамояд.

    Чуноне аз боби пешина маълум гардид, дар њудуди кишвари Туркистон, барои бунёди тартиботи шўравї танњо дар Тошкент, Ќўќанд, то андозае дар Ўротеппа, Самарќанд, аз мањалњо - Ќистакўз, Мастчоњ ва ѓайра ќувваи зўрї-њарбї истифода гардидааст. Дар боќимонда мањалњо тартиботи шўравї асосан ба тарзи осоишта, бе истифодаи ќувваи зўрї, барпо карда шуд. Пас чаро як њиссаи мардум бо зудї аз ин тартибот рў гардонида, ба муќобили он ба мубориза бархестанд? Барои ин, бо андешаи мо, сабабњои зерин асос шуданд:

    1. Эътироф накардани дин ва урфу одатњои мардуми мањаллї. Чуноне маълум аст, яке аз аввалин корњои амалие, ки бунёдкорони тартиботи нав дар пеши назари мардум анљом доданд, ин нобуд кардани китобњои муќаддаси динї, бастан (расмї набошад њам), ё худ хароб кардани масљиду мадрасањо, ба азобу шиканља кашидани руњониён ва ѓайрањо. Аз љумла, њомиёни тартиботи нав дар Марѓелон, дар пеши чашми мардум Ќуръони Шарифро сўхтанд, масљиди љомеи Андиљонро ба казармаи ќисмњои аскарони сурх табдил доданд ва охирин дар ин љойи барои мардум муќаддас њаргуна корњои бемаъниро ба љо овардаанд;

    2. Дар аввал мањдуд ва баъд тамоман манъ намудани фаъолияти њизбу љамъиятњои ѓайриболшевикї. Маълум аст, ки дар њудуди кишвари Туркистон, аниќтараш дар шањрњои асосии он ќариб тамоми њизбњои бузурги Русия ташкилот ё худ намояндаи худро доштанд. Махсусан њизби эсерњо ва љамъияти «Шўрои исломия» аз њамаи њизбњо ва љамъиятњо сернуфузтар ба њисоб мерафтанд. Сиёсати пешгирифтаи њизби болшевикї њамаи онњоро ба муќобили худ гузошт;

    3. Мањв намудани њаракати мухториятчиён. Чї тарве аллакай таъкид кардем мањв намудани «Мухторияти Ќўќанд» ќариб тамоми тарафдорони онњоро, ки дар њудуди кишвар хеле бисёр буданд, ба майдони муборизаи муќобили сиёсати болшевикї бархезонд;

    4. Кашида гирифтани замин, завод, бино ва дигар молу мулки дороён, миллї кунонидани бонкњо, љорї намудани сиёсати развёрсткаи озуќавї (яъне аз ањолї кашида гирифтани ѓалла ва дигар намуди хўрокворї, пахта ва ѓайра). Дар чунин њолат соњибони мулк бо сиёсати пешгирифтаи Њокимияти Шўравї розї нашуда, барои муќобилият ваќти мусоидро интизор буданд;

    5. Амалиётњои ношоистаи баъзе аз ашхосе, ки дар замони нав, дар марказ ва дар мањалњо ба сари ќудрат омада буданд. Дар байни амалдорони нав ашхосе буданд, ки аз мансаб истифода бурда, ба манфиати шахсии худ, ба мол ва номуси мардум даст мезаданд, тањќир менамуданд ва њатто шахси дилхоњашонро нест мекарданд;

    6. Њангоми ташкил додани аввалин органњои марказї ба эътибор нагирифтани манфиати мардуми мањаллї ва ташкил додани чунин њокимият танњо аз њисоби русњо ва русзабонњо. Ин гуна сиёсатро намояндагони зиёиёни мањаллї њамчун љорї гардидани сиёсати нави мустамликавї ва тањќири миллати худ мењисобиданд.

    Албатта ба сабабњои дар боло нишон додашуда, инчунин таъсири њаракати зиддишўравии худи Русия, ташвиќоту амалиётњои мамлакатњои беруна илова шуда метавонанд. Хулоса, њамаи ин сабабњо ќисми бузурги мардуми кишвари Туркистон, аз он љумла мардуми сарзамини имрўзаи Тољикистони Шимолиро ба майдони њарб кашида буд.

    Њаракати зиддишўравї дар њудуди имрўзаи Тољикистони Шимолї. Аввалин баромади зиддишўравї дар њудуди уезди Хуљанд 4 феврали соли 1918 дар дењаи Ќистакўз ба амал омад. Вале нимаи дуюми он сол њаракати зиддишўравї на танњо ќариб тамоми њудуди уезди Хуљандро, балки бисёр ноњияњои Фарѓона, Сирдарё, Њафтруд ва Самарќандро низ фаро гирифт. Моњи декабр ЉМШС Туркистон дар њолати њарбї эълон карда шуд.

    Шаби аз 18 ба 19 январи соли 1919 дар худи шањри Тошкент бо сарварии комиссари њарбии љумњурии Туркистон К.П.Осипов ба муќобили тартиботи болшевикии кишвар исёне ба амал омад, ки дар натиљаи он бисёре аз коркунони њизбию шўравї, аз љумла 14 нафар комиссарони туркистонї (онњо бо даъвати худи К.Осипов барои љамъомад њозир шуда буданд) ќурбон шуданд. Фаъолони ин исён аъзоёни «Ташкилоти њарбии Туркистон», ки аз тарафи гвардиячиёни сафед бунёд карда шуда буд, ба њисоб мерафтанд. Ин воќеа муќобилони тартиботи шўравии кишварро хеле рўњбаланд намуд.

    22 январи соли 1919 Оренбург боз ба ихтиёри аскарони сурх гузашт. Ин ба Њукумати Шўравї имконият дод, ки ба Туркистони шўравї иловагї аскар ва лавозимоти њарбї фиристад. Дар натиља ба муќобили К.Осипов ќувваи зиёд гузошта шуд. К.Осипов њатто шањри Тошкентро пурра ба даст гирифта натавонист ва шикаст хўрда ба сўи Мастчоњ, баъд, тобистони он сол ба Бухоро гурехт.

    Аз охири соли 1918 дар ноњияњои гуногуни водии Фарѓона, аз он љумла ноњияњои имрўзаи Тољикистони Шимолї отрядњои зиддишўравї бо сарварии Эргаш, Мадаминбек, Кўри Шермат, Рањмонќул, Исломбек, Амонќул, Мањмадсолењ ва дигарон амал мекарданд. Дар байни ќуввањои зидишўравї сернуфузтарин ќуввањои Мадаминбек ба њисоб мерафт. Ў, ки худро «Сарфармондењи армияи сафеди мусулмонии Туркистон» эълон карда буд, тавонист дар атрофи худ отрядњои зиёди хурд-хурди зиддишўравиро муттањид намояд. Дар натиља ќариб тамоми водии Фарѓона ба зери нуфузи вай гузашт.

    Моњи апрели соли 1919 бо маќсади ба танзим даровардани мубориза ба муќобили њаракатњои зиддишўравї дар Тошкент Шўрои Њарбии инќилобии ЉМШС Туркистон ташкил ёфт. Тобистони он сол, баъди дар фронти Шарќии Русияи Шўравї мањв намудани ќуввањои бузургтарини зиддишўравии Колчак, ба кишвари Туркистон ќуввањои иловагї-ќисмњои аскарони сурх ва масолењи зиёди њарбї фиристода шуд. 11 августи он сол аз њисоби ќисмњои аскарони сурхи фронти Шарќї, ки ба кишвари Туркистон фиристода шуданд, фронти Туркистонї, бо сарварии М.В. Фрунзе ташкил гардид. Ба ихтиёри он инчунин тамоми ќисмњои аскарони сурх, ки дар њудуди кишвари Туркистон амал мекарданд, гузашт. Вазифаи асосии фронти нав - дар тамоми њудуди Осиёи Миёна, пеш аз њама дар кишвари Туркистон пурра мањв намудани ќуввањои зиддишўравї ба њисоб мерафт.

    Баробари ташкил додани фронти Туркистонї, аскарони он ба муќобили ќуввањои зиддишўравї ба њуљум гузоштанд. Дар натиља «пробкаи оренбургї» абадан барњам дода шуд. Ин имконият дод, ки њукумати Русияи Шўравї ба вазъи кишвари Туркистон диќќати љиддї дињад. Бо ташаббуси он 8 октябри соли 1919, бо маќсади мустањкам намудани Њокимияти Шўравї барои кўмак расонидан ба болшевикони ин кишвар Комиссияи Туркистони (Турккомиссия) ташкил дода шуд. Минбаъд, августи соли 1920 барои зиёдтар намудани нуфузи болшевикї ва роњбарияти њизбї Бюрои Туркистонии (Туркбюрои) њизби коммунистии (болшевикии) Русия ташкил карда шуд.

    Аз аввали соли 1920 вазъи њарбии њомиёни тартиботи нави кишвари Туркистон нисбатан бењтар гардид. Ањволи ќуввањои зиддишўравї бошад, баръакс вазнин шуд. Охирин, бо сабаби дар њудуди кишвар хеле зиёд гирд овардани ќисмњои аскарони сурх, дигар имконияти муттањидшавиро аз даст дода буданд. Бинобар ин онњо бештар ба отрядњои хурд-хурд таќсим шуда, дар ноњияњои гуногун амал мекарданд. Аз ин рў аскарони сурх дар амалиёти љангии худ дигар ќариб бо ќуввањои нисбатан бузурги муттањидаи зиддишўравї дучор намеомаданд.

    Дар чунин шароит баъзе сарварони њизбию шўравї ва махсусан њарбии кишвар на танњо сиёсати ба мардум фањмондадињї, балки сиёсати зўроварї, барои тарсонидани чашми мардум чорањои њабсу ќатлро пеш гирифтанд. Махсусан отрядњои љазодињии сегона (тройка), ки дар мањалњо ташкил дода мешуд, дар ин љода берањмињои зиёде зоњир намудаанд. Аз тарафи онњо асосноку беасос каси бисёре ќатл карда шудааст. Баъзан, бо маќсади ѓаразнок, ё худ рўпўш намудани нобарории амалиёти худ, шахсони тамоман бегуноњро љамъ намуда, ќатл мекарданд, ё худ дењаеро ба хок яксон менамуданд.

    Соли 1920 вазъияти кишвари Туркистон нисбат ба соли 1919, ба фоидаи тартиботи шўравї хеле таѓйир ёфт. Моњи феврали соли 1920 аскарони сурх тамоми њудуди Моварои Каспиро ба даст дароварда, дар ин љо тартиботи шўравиро аз нав барќарор намуданд. Моњњои март-апрел бошад аскарони сурх ба ќуввањои зиддишўравии Њафтруд шикасти сахт доданд. Дар натиља фронтњои Моварои Каспї ва Њафтруд барњам дода шуд.

    Дар солњои аввали Њокимияти Шўравї як ќисми ањолии мањаллї оњиста-оњиста ба сохти нав майл карда, барои барќарории он љонбозињо намуданд. Аз њисоби онњо соли 1919 дар њудуди уездњо отрядњои ихтиёриёни халќї ташкил ёфтанд. Ба чунин отрядњо, фаъолони њаракати шўравї: Њайдар Усмонов, Бобобек Мавлонбеков, Ањмадбек Мавлонбеков, Шариф Раљабов, Абдуќодир Рањимбоев, Рањимбердї Эгамбердиев ва дигарон сарварї намудаанд. Мањз дар натиљаи ба њимояи тартиботи шўравї бархестани як њиссаи мардуми мањаллї, дар чунин мањаллањо њаракати зиддишўравї ба худ характери љанги шањрвандиро гирифт. Њамин њолат махсусан солњои 1919-1921 њувайдо буд. Вале отрядњои ихтиёрии халќї дар он солњо ќувваи њалкунанда ба њисоб намерафтанд. Ќувваи асосие, ки бањри тартиботи шўравї мељангид њанўз њам ќисмњои аскарони сурх буданд.

    Аз аввали соли 1920 дар водии Фарѓона ќисмњои асосии аскарони сурх ба муќобили ќисмњои Эргаш ва Мадаминбек, ки њанўз њам хеле сершумор буданд, нигаронида шуданд. Дар натиљаи муборизањои пай дар пай 13 январ дењаи Бечкир, ки такягоњи асосии Эргаш ба њисоб мерафт, ба ихтиёри аскарони сурх гузошт. Моњи март бошад Мадаминбек низ шикаст хўрд ва ќисмњои боќимондаи ў ба воситаи Ўротеппа ба сўи Мастчоњ аќиб нишастанд.

    Баъди шикаст додани ќуввањои Эргаш ва Мадаминбек, охири соли 1920 ва аввали соли 1921 ќисмњои асосии аскарони сурхи дар водии Фарѓона буда ба муќобили ќуввањои Холбўтта ва Рањмонќулбек сафарбар карда шуданд. Дар ин муњорибањои шадид ќуввањои зиддишўравї шикаст хўрда, ба њар сў пароканда гардиданд.

    Мањв намудани њаракати зиддишўравї дар Мастчоњ. 30 ноябри соли 1918 дар Мастчоњ агарчанде дар натиљаи сулњи тарафњо тартиботи шўравї ба тарзи осоишта аз нав барќарор ёфта буд, вале баробари аз њудуди ин ноњия дур шудани ќисмњои аскарони сурх, аввали моњи декабр Султонбек худро бек ва Мастчоњро бекигарии мустаќил эълон кард. Дар натиља дар Мастчоњ Њокимияти Шўравї боз барњам хўрд.

    Сарварони шўравї ин дафъа њам масъаларо бо сарварони нави Мастчоњ ба тарзи осоишта њал карданї шуданд. 12 июли соли 1920 дар дењаи Похути волости Фалѓар байни Њокимияти Шўравї ва бекигарии Мастчоњ сулњ имзо гардид. Вале тирамоњи он сол вазъият аллакай таѓйир ёфт. Ба ин мулк Саид Ањмадхоља - писари эшони Авлиёхоља, ки дар тамоми њудуди уезд шўњрат дошт ва аз соли 1919 раиси комиљроияи волости Бокса-Исфонаи уезди Хўљанд буду њатто ба њайати њизби болшевикї њам шомил буд, омада худро бек эълон кард ва сулњи бо Њокимияти Шўравї вуљуддоштаро бекор намуд. Вай мехост, ки дар тамоми болооби Зарафшон њокимияти худро барќарор намояд.

    Саид Ањмадхоља аз Њокимияти Шўравї талаб кард, ки мустаќилияти давлати ўро эътироф кунад. Ба ин талаб Шўроњо розї нашуданд. Ба њамин сабаб гуфтушуниди тарафайн натиљаи дилхоњ надод. Нињоят Њокимияти Шўравї ба муќобили бекигарии Мастчоњ ќувваро истифода бурд. Моњи марти соли 1923 барои мањви бекигарии Мастчоњ аз тарафи Њокимияти Шўроњо, бо сарварии Љўра Зокиров ва Ањмадбек Мавлонбеков Сегонаи њарбию сиёсї ташкил карда шуд. Дар худи њамон моњ ќисмњои аскарони сурх ба хоки Мастчоњ бори аввал ќадам гузоштанд. 2 апрели њамон сол онњо маркази «бекигарии Мастчоњ»-дењаи Оббурдонро ишѓол карданд. Бо њамин дар њудуди Кўњистони Мастчоњ њам пурра тартиботи шўравї аз сари нав барќарор гардид. Худи Саид Ањмадхоља боз ба уезди Хуљанд гурехта паноњї ёфт. 4 январи соли 1924 ў баъди нокомињои зиёд ба Њокимияти Шўравї таслим шуд.

    Њаракати зиддишўравї дар Кўњистони Бадахшон. Аллакай тобистони соли 1919 вазъият дар Кўњистони Бадахшон боз мураккаб гардид. Зеро вазъи ноороми водињои Фарѓонаю Олой ва махсусан ноњияи Ўш барои пурќувват шудани ќуввањои зиддишўравии Кўњистони Бадахшон низ имкониятњои мувофиќ ба вуљуд овард. Дар Помири Ѓарбї ба чунин ќуввањо роњбари сектаи исмоилињо - Муњаммадалишо, эшони Шоњдара - Саид Мањмудшо ва эшони Поршнев - Саид Юсуфалишо сарварї мекарданд. Беваќтии шаби 23 июли соли 1919 дар Хоруѓ А.А.Холмаков ва наздикони ў аз тарафи мадёрњои сафед, ки аз Афѓонистон гузашта буданд, кушта шуданд. Баъди ин фољеа, 24 июл иљроиши вазифаи сарвари сиёсии Кўњистони Бадахшон ба ўњдаи П.Воловик гузошта шуд.

    Моњи октябри соли 1919 отряди зиддишўравии Н. Монстров, ки дар Љалолобод амал мекард, бо Мадаминбек иттифоќ баста, Ўшро ба даст даровард. Роњ аз водии Фарѓона ба сўи Кўњистони Бадахшон баста шуд. 24 октябри он сол дар дењаи Гулљї, ки мањалли асосї дар роњи Ўш-Хоруѓ ба њисоб меравад, Монстров ва Мадаминбек «Њукумати Муваќќатии Туркистон»-ро бо сарварии Мадаминбек ташкил доданд. Охири моњи декабр дар Помири Ѓарбї низ тартиботи шўравї барњам хўрд.

    Аввали соли 1920 нуќтањои асосии стратегї дар роњи Ўш-Хоруѓ, аз он љумла дењаи Гулљї, аз тарафи ќисмњои аскарони сурх ишѓол карда шуд. Ин воќеа дар Кўњистони Бадахшон тарафдорони шўравиро рўњбаланд намуд. Бо сарварии Х.Кирмоншоев отряди гвардиячиёни сурх ташкил карда шуд, ки ба он А.Наврўзбеков, Т.Бердаков, С.Абдуллоев, Э.Элчибеков, Б.Мирзобеков ва Воловик дохил мешуданд.

    Моњи апрели соли 1920 сарвари отряди зиддишўравии Хоруѓ полковник Тимофеев нокифоягии ќувваи худро эњсос намуда, бо наздиконаш ба Њиндустон гурехт. Баъди ин воќеа сардори милитсияи Хоруѓ Њаќназар, ба руњониёни мањаллї такя намуда, њокимиятро гирифт. Вале руњониёни Помири Ѓарбї, бо ташаббуси Абдулѓиёсхон ба беки Дарвоз бо мактуб мурољиат карданд, ки мулки онњоро низ ба њайати мулкњои идоракунии амири Бухоро њамроњ кунанд. Дар натиља моњи майи њамон сол отряди бухороии дар мулки Дарвоз буда, ба Хоруѓ дохил шуданд ва Кўњистони Бадахшон мулки амири Бухоро эълон гардид. Акнун дар Хоруѓ намояндаи амир-бек менишаст. Дар мањалњо тартиботи амириро аз нав барќарор карданд.

    26 июн, ваќте ки бек ва дигар намояндагони амири Бухоро дар зиёфати сарвари (шои) Роштќалъа Саид Мањмудшо буданд, тарафдорони шўравї, бо сарварии Азизбек Наврўзбеков (њамагї зиёда аз 20 нафар), дар аввал кўпруки дарёи Ѓундро, ки роњи Роштќалъаро бо Хоруѓи Боло мепайваст, вайрон карданд. Онњо 27 июн ќалъаи Хоруѓро ба даст дароварда, тамоми аслињаро аз худ намуданд. 28 июн бек ва дигар тарафдорони ў аз воќеаи Хоруѓ хабардор гашта, аз Роштќалъа омаданд ва бо душворињои зиёд аз дарёи Ѓунд гузашта, аз исёнгарон талаби супоридани ќалъаро карданд, вале љавоби рад гирифтанд. Рўзи 29 июн дар байни тарафдорони шўравї ва бек задухўрд ба амал омад, ки бо ѓалабаи шўравињо анљом ёфт. Бек асир афтид ва ўро ба Ќалъаи Њумб фиристоданд. Њокимият дар Кўњистони Бадахшон ба ихтиёри кумитаи инќилобї бо сарварии П. Воловик гузашт.

    Њамин тавр, 29 июни соли 1920, њамчун рўзи дар Помири Ѓарбї аз нав ташкил ёфтани Њокимияти Шўравї ба њисоб меравад. Баъди Хоруѓ, бо зудї тартиботи шўравї дар Вахон ва Ишкошим низ аз нав барќарор гардид. Сентябри соли 1921 бо омада расидани отряди нави сарњадї дар Помири Шарќї низ тартиботи шўравиро аз нав барќарор намуданд.

    Дар ин гўшаи кўњї њам њокимият ба ихтиёри кумитаи инќилобї гузашт. Моњи сентябри соли 1921 бо ташаббуси њокимияти шўравии Туркистон, бо маќсади дар тамоми мањалњои Кўњистони Бадахшон барпо ва мустањкам намудани Њокимияти Шўравї Сегонаи њарбию сиёсї оид ба Помир ташкил карда шуд. Ба он аз Помири Ѓарбї - Шириншоњ Шоњтемур, аз Помири Шарќї - Њусенбоев ва аз отряди сарњадї - М.М. Дяконов (вай инчунин намояндаи КИМ ЉМШС Туркистон ба њисоб мерафт) дохил буданд. Ин сегона 19 сентябр бањри дар тамоми мањаллањои Кўњистони Бадахшон ташкил додани кумитаи инќилобї ќарор ќабул кард.

    Умуман њаракати зиддишўравї, ки сарзамини имрўзаи Тољикистони Шимолї ва Кўњистони Бадахшонро дар ќатори дигар ноњияњои кишвари Туркистон фаро гирифта буд, на танњо боиси харобињои хољагии халќ, балки он боиси талафотњои зиёди љонї низ гардидааст. Махсусан солњои 1918-1921 ба муќобили ќисмњои мунтаззами аскарони сурхи казакии мусаллањи дар майдонњои љанг обутобёфта, тўдаи зиёди мардуми машќи љангї надида ва бадмусаллањгардида мељангид. Бинобар њамин њам агар талафоти љонии тамоми Федератсияи Русия (бо њамроњи кишвари Туркистон) дар замони ављи љангї гражданї, яъне солњои 1918—1920 ба 800 њазор нафар расад, пас талафоти љонии танњо кишвари Туркистон, бо якљоягии маъюбон 200 њазор нафарро ташкил кардааст.

    Дар солњои болоравии њаракати зиддишўравї, аз ноњияњое, ки амалиёти љангї зиёда ба амал омадааст, мардуми зиёде ватани худро тарк карданд. Аз љумла дар он солњои душвор миќдори мардуми вилояти Фарѓона аз се як њисса кам шудаанд.
    1   ...   25   26   27   28   29   30   31   32   ...   57


    написать администратору сайта