апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
Скачать 3.71 Mb.
|
§ 5. Барпо намудани Њокимияти Шўравї дар Бухорои Шарќї Вазъи Бухорои Шарќї баъди сарнагун намудани тартиботи амирї дар Бухорои Марказї (Ѓарбї). Чуноне аллакай ќайд гардид, аз ќуввањои амирии Бухорои Марказї (Ѓарбї) танњо беки Чорљўй бо ќисме аз дастањояш мањв ва худ асир гардиду, бекњои(њокимони) боќимондаи ин сарзамин, бо сарбозони содиќи худ, ба њар сў, аксаран ба сўи Бухорои Шарќї фирор кардаанд. Худи амир Олимхон њам аз Бухорои Кўњна роњи сўи Ѓиждувонро пеш гирифта, сањарии рўзи дигар, яъне 2 сентябри соли 1920 аз он љо ба сўи Бухорои Шарќї гурехт. Њангоми аз Ѓиждувон баромадан дар назди Ќизилтеппа пеши онњоро поезди зирењпўши аскарони сурх гирифт. Дар ин муњориба Усмон ќушбегї, ќозї калон-Бурњониддин, раис Абдурауф корвонбошї, Юсуфбий, Муќимбий ва дигар наздикони амир дастгир шуданд. Фармондењи фронти Туркистон М.В. Фрунзе њанўз 4 сентябри соли1920 дар назди аскарони сурхи гурўњи Бухорию Самарќандї вазифаи нав гузошта бад, ки мувофиќи он дар тамоми сарзамини Бухорои Шарќї барњам додани тартиботи амирї ва барпо намудани Њукумати Шуравї дар назар дошта мешуд. Аммо М.В.Фрунзе худ ин наќшаро амалї карда натавонист. Мувофиќи ќарори Шўрои њарбии инќилобии Федератсияи Русия ў 10 сентябр аз кишвари Туркистон даъват карда шуд. Ќисмњои аскарони сурх њамоно аз дунболи амири гуреза мерафтанд. Онњо 11 сентябр бе љанг Дарбанд ва баъди он, дар натиљаи муњорибаи хурд Бойсунро низ забт намуданд. Сарварони нави ќисмњои дар Бухоро будаи аскарони сурх вазъияти навро муњокима намуда, набудани захира ва ќисмњои эњтиётї, дар пеш будани тирамоњу зимистон, набудани роњи мувофиќ барои кашондани тўпњои љангї, мондагии аскарону аспњо ва ѓайрањоро ба инобат гирифта, ба пеш њаракат кардани ќисмњоро лозим надонистанд. Бо сабабњои номбурда дар мавзеъњои номбурда, яъне Дарбанду Бойсун мавќеъ гирифта истодани онњо низ ѓайриимкон буд. Бинобар ин 13 сентябри њамон сол ќисмњои аскарони сурх ба сўи Ѓузор аќиб гаштанд ва худи њамон рўз роњи Ќарширо пеш гирифтанд. Бо њамин њаракати ќисмњои аскарони сурх аз ќафои амири гуреза як муддат ќатъ гардид. Дар ин муддат њар ду тараф ба муќобили якдигар омадагї медиданд. Аз Дарбанду Бойсун ба Ќаршї, ба ќафо баргаштани ќисмњои аскарони сурх амир Олимхон ва тарафдорони ўро рўњбаланд намуд. Онњо бо роњњои гуногун, яъне чї аз њисоби сарбозони аз Бухорои Марказї (Ѓарбї) ба ин сў омада ва чї аз њисоби мардум љамъ намудани ќувваи нав, инчунин љалб намудани гурезагон - аксулинќилобчиёни кишвари Туркистон ќувваи азимеро омода намуданд. Амир дар ин мулк њукумати муваќќатии худро ташкил дод, ки вазифаи асосии он омода намудани амалиёти љангї барои аз аскарони сурх баргардонидани Бухорои Марказї (Ѓарбї) ба њисоб мерафт. Дар њукумати нав таѓои амир Муњаммадсаидбек парвоначї вазифаи вазири њарбиро ба ўњда дошт. Абдулњафиз парвоначї ва Иброњимбекбий сараскарони низомї ба њисоб мерафтанд. Амир, бо маќсади аз љињати маънавї рўњбаланд намудан, ба Иброњимбек унвони мирохуриро дод. Њамон лањза дар атрофи амир, дар ќатори Иброњимбек боз Олимбой, Давлатманбий, эшони Султон, Фузайл Махсум, Рањмонќул додхоњ ва дигарон аллакай аз љумлаи симоњои номии «њарбї» буданд. Амир Олимхон дар Бухорои Шарќї њам таъќиби мухолифони режими худро давом дод. Њарчанд дар Бухорои Шарќї ташкилотњои њизбї ва љамъиятњои нисбат ба режими ў мухолиф вуљуд надоштанд, вале бо маќсади тарсонидани чашми мардум чанд нафарро бо тўњмати љадидї ќатл намуд. Аз љумла дар майдони Душанбе 26 нафар камбаѓалонро бо тўњмати «хайрхоњї нисбат ба аскарони сурх ва Њукумати Шуравї» ќатл намуданд. Дар Бухорои Шарќї амир Олимхон ба њайати ќўшунњои худ каси бисёрро сафарбар намуда, аз рўзњои аввал нокифоягии лавозимоти њарбиро њис намуд. Оњангарони мањаллї вазифадор карда шуда буданд, ки танњо барои сарбозони амир лавозимоти зарурї, пеш аз њама шамшер тайёр намоянд. Вале ин њама нокифоягї мекарданд. Бинобар ин умеди ягонаи вай ба кўмаки њукумати Англия буд. Њанўз 12 октябри соли 1920 амир Олимхон ба номи кароли Британияи Кабир барои кўмак мурољиат кард. Вале њукумати англис, агарчанде њанўз њам аз мавќеи зиддишўравї даст накашида буд, бо сабабњои гуногун хоњиши амирро ба љо наовард. Пеш аз њама шикаст хўрдани он дар интервенсияи зиддишўравии солњои 1918-1920 ва шикастхўриаш дар љанг бо озодихоњони Афѓонистон имконият надод, ки аз Ќаротегин фронти нави муќобили шўравиро оѓоз намояд. Инчунин њукумати Британияи Кабир аз фиристодани лавозимоти њарбї ба ихтиёри амир њам худдорї кард. Зеро, метарсид, ки аслињаи фиристодашуда, дар роњ, ба дасти озодихоњони афѓон меафтаду, он аслињањо баръакс, ба муќобили худи англисњо нигаронида мешавад. Бо сабабњои боло, ба амир Олимхон лозим омад, ки бањри ба даст даровардани маќсадаш, яъне на танњо нигоњ доштани Бухорои Шарќї, балки баргардонидани Бухорои Марказї (Ѓарбї), танњо ба иќтидори љамънамудаи худ такя намояд. Аз ин рў, дар Бухорои Шарќї, амир Олимхон аз як тараф сафи сарбозони худро пай дар њам зиёд намуд, аз тарафи дигар, бањри пўшонидани харољотњои афзудаистода, ба дўши мардуми дар зери даст доштааш андозњои бисёрро гузошт. Шўриши Усмон. Чуноне дар боло ишора рафт, амир Олимхон њангоми аз Бухорои Кўњна гурехтан, бањри халосии љони худ, ба хазинаи пурбораш хайрбод гуфт ва њар чизе, ки бо худ гирифта буд, онро њам дар роњ талаф дод. Бинобар ин ў худро дар Бухорои Шарќї бечоратарин мењисобид. Вале бо чунин ањвол ќаноат накарда, ба гардани њокимон ва заминдорони ин диёр андозњои зиёдро бор кард. Њокимон ва феодалон бошанд дар навбати худ андози ба амир супоридаашонро аз мардуми бечора ба миќдори дучанд ва њатто аз он њам зиёд меситониданд. Љои тааљљуб нест, ки аз тарафи њокимони ин гўша барои кайфияти амир, дар ќатори тўњфањои гуногун инчунин духтар ва писарони ноболиѓ пешкаш мешуд. Аммо аз сиёсати дар Бухорои Шарќї пеш гирифтаи амир, махсусан сиёсати сафарбарии њарбии ў фољианоктар менамуд. Зеро, чун њарваќта, ба чунин рўйхат боз бечорагон, ки имконияти пора додан надоштанд, дохил карда мешуданд. Њамин сиёсат дар водии Ќаротегин сабабгори сар задани шўриши калонтарин бо сарварии Усмон гардид. Сарвари шўриш -Усмон Муњаммадаминови 35-сола, ки худ зодаи дењаи Янѓолики Ќаротегин буд, сахтињои замонаро аз сар гузаронидааст. Ў мисли дигар њамватанонаш - дењќонон ба фоидаи хазинаи амир хирољ месупорид. Соли 1916 барои кор ба водии Фарѓона рафта, дар заводњои пахтатозакунии Андиљон, Фарѓона ва Ассакї кор кард. Дар њамон ваќт дўстони ќарини њамватанаш Одина ва Мулло Тош њамроњи вай буданд. Онњо якљоя воќеањои сиёсии охири соли 1917 ва аввали соли 1918—и водии Фарѓонаро аз сар гузаронидаанд. Баъди ба Ќаротегин баргаштан, яъне аввали соли 1918 ќисме аз чизу чора ва пули онњоро амалдорони њоким, «барои њоким» гўён ѓасб намудаанд. Усмон ба чунин ѓоратгарї тоб наоварда, яке аз нўкарони њокимро зада, худ ба кўњ мегурезад ва якчанд ваќт пинњон мешавад. Моњи декабри соли 1920, њокими (беки) Ќаротегин Мир Абдулњафиз, њангоми гузаронидани маъракаи сафарбаркунии њарбї, хост, ки аз дењќонони «гарданшах», ба монанди Усмон халос шавад. Бо њамин маќсад бек Усмонро бо њамроњии Мулло Тош, инчунин дигар њамфикронаш, ба сифати навкар ба Душанбе, ба хизмати амир фиристод. Вале онњо дар роњ, аз Файзобод ба ќафо, ба Ќаротегин гурехтанд. Њокими Ќаротегин аз хољагињои онњое, ки намояндагонашон аз хизмати навкарии амир гурехтаанд (аз он љумла аз хољагии Усмон ва Мулло Тош), талаб кард, ки андоз - хирољи 7-соларо пешакї супоранд. Чунин чорабинии њоким мувофиќи баъзе андешањо, барои саршавии шўриш бањона гардидааст. Зеро, мањз баъди ин воќеа Усмон вазъияти ба амаломадаро ба инобат гирифта, роњи ягонаи халосиро дар шўриш дида, њатто ба дўсти худ - Одина, ки дар Њоит мезист, барои кўмак, бо мактуб мурољиат кардааст. Одина низ љавобан ба ин мактуб, дењќонони Њоит ва Ќалъаи Лаби обро њамроњи худ гирифта, ба кўмаки Усмон, ба дењаи Янѓолик, ки маркази шўриш буд, шитофтааст. Шўришгарон дар дењаи Янѓолик љамъ омада сарварии шўришро ба ўњдаи Усмон гузошта, Одинаро љонишини аввал ва Мулло Тошро љонишини дуюм таъин намудаанд. Он лањза миќдори шўришгарон аз 2500 нафар пиёдањо ва 650 нафар саворањо иборат буд. Вале онњо дар ихтиёри худ њамагї 400 дона камонњои фитилии худсоз ва таќрибан њазор дона шамшер доштаанд. Боќимонда бо корду табар мусаллањ буданд. Њокими Ќаротегин бошад дар ихтиёри худ њамагї 15-20 нафар навкарони мусаллањ дошту халос. Шўришгарон аз дењаи Янѓолик ба маркази бекигарии Ќаротегин-Ѓарм њаракат карданд. Онњо аз њар гуна музокирот бо намояндагони њоким худдорї намуданд. Ваќте, ки шўришгарон ба Ѓарм наздик омаданд, њоким аз муќобилият даст кашида, аз тарс гурехтанї шуд, вале дастгир ва њабс гардид. Ѓарм бељанг ба дасти шўришгарон гузашт. Онњо њамаи њабсбудагонро озод намуданд, тамоми њуљљатњои дар ихтиёри њоким бударо, аз љумла васиќањоро сўзониданд. Ба муносибати ѓалаба 7 рўз шодиву хурсандї эълон карданд. Њамин тавр дар маркази Ќаротегин-Ѓарм њокимият пурра ба ихтиёри шўришгарон гузашт, ки он дар таърих бо номњои «њокимияти халќї» ва « њокимияти халќии Усмон» маълум аст. Дар он њокимият Усмон-раис, Одина ва Мулло Тош љонишинони ў гардиданд. Вале онњо бо гирифтани њокимият ором гардида, дигар аз чї сар кардани корро намедонистанд. Бинобар ин шўришгарон маљбур шуданд, ки ќисме аз амалдорони њокими собиќро аз њабс озод намоянд ва ба онњо амалњои гуногунро доданд. Яъне бо ном «њокимияти коалитсионї» барпо намуданд. Аз љумла, аз амалдорони собиќа Давлатбекбий – сарвари таъминот, Мулло Абдурањим судур-ќозї, Мулло Мирзо Умед - муфтї таъин гардиданд. Дар «њукумати халќии Усмон» ягонагї вуљуд надошт. Амалдорони собиќ ба њукумати нав содиќ набуданд. Баръакс онњо камтаљрибагии Усмонро ба инобат гирифта, ўро бо фиреб, гўё «барои пешвозгирии ихтиёриёни ќисми поёни Ќаротегин» фиристоданд. Њангоми дар Ѓарм набудани Усмон Давлатбекбий Одинаро ба хонаи худ, гўё ба зиёфат даъват намуда, ўро кушт ва њокимро бо дигар трафдоронаш аз њабс озод намуд. Бо шунидани ин фољиа тарафдорони Одина, ки аз Њоит ва Ќалъаи Лаби об омада буданд, ба дењањои худ баргаштанд. Бо њамин «њукумати халќии Усмон» баъди 10-15 рўзи мављудияташ амалан барњам хўрд. Усмон аз фољиаи Ѓарм баъди ду рўз огоњ гардида, ба Ѓарм баргашт. Дар наздикии Ѓарм вай аз тарафи тарафдорони њокими собиќа шикаст хўрд. Баъди ин бо њамроњии Усмон њамагї 12 нафар шўришгар монду халос. Вале Усмон аз маќсади худ даст накашид. Вай барои гирифтани Ѓарм боз ќувва љамъ кард. Миќдори ќуввањои ў ин дафъа ба 150 нафар расиданд. Баъди 20 - рўзи фољеаи Ѓарм Усмон бори дигар ба он њуљум кард, вале шикаст хўрд ва дастгир гардид. Дар муддати як моњ таќрибан 50 нафар иштирокчиёни шўриш њабс карда шуданд. Сарварони он-Усмон, Мулло Тош ва дигаронро ќатл намуда, љасадашонро ба дарёи Сурхоб партофтанд. Дўстон ва авлодони Усмон љасади ўро аз дарё бароварда, пинњонї гўрониданд. Аз ин кор яке аз сипоњиёни бонуфузи мањаллї-Муњаммад Саид бий огоњ гардида, бо маќсади ибрати дигарон, ба гардани онњое, ки љасади Усмонро гўронидаанд, 1500 танга љарима бор карда, молу мулкашонро тарака эълон намуд. Њамин тарз шўриши Усмон шикаст хўрд. Вай агарчанде, дар сарзамини Ќаротегин нисбат ба шўриши Ќаландаршо аз љињати ташкилї ва фаъол будани мардум ќадаме ба пеш буд, вале бетаљрибагї имконият надод, ки муваффаќиятњои ба даст даровардаро мустањкам намоянд, мардуми атрофро њарчї зудтар ба тартиботи нав љалб намоянд, аз болои амалдорони собиќаи амирї, ки ба њукумат љалб намудаанд, назорати ќатъї љорї намоянд ва ѓайра. Ташкил намудани отряди эъзомии њарбии Њисор ва амалиётњои љангии он барои барпо кардани Њокимияти Шўравї дар Бухорои Шарќї. Инак, баъди дар сарзамини Бухорои Марказї (Ѓарбї) барпо намудани тартиботи шўравї, сарзамини собиќ аморат ба ду тартиботи ба њам муќобил таќсим шуд. Яъне, дар ќисми Марказї (Ѓарбї) тартиботи шўравї ва дар ќисми Шарќї тартиботи амирї њукмфармої мекарданд. Њукумати Шўравии Бухоро дар сарзамини Бухорои Шарќї барпо намудани тартиботи шўравиро вазифаи аввалиндараљаи худ мешуморид. Ин њукумат бо маќсади пойдор намудани тартиботи нав дар Бухорои Марказї (Ѓарбї) ва сарнагун намудани тартиботи амирї дар Бухорои Шарќї ќуввањои инќилобии худро ташкил карданї шуд. Чунин иќдом аз тарафи сарварони фронти Туркистонї дастгирї дид. 5 сентябри соли 1920 сарвари фронт ба ихтиёри нозири корњои њарбии ЉХШ Бухоро ду полки савора, баталиони пиёда ва батареяи тўпчиёнро бо маќсаде супорд, ки минбаъд, бо роњи ба хизмати њарбї љалб намудани ихтиёриён, шумораи умумии ќўшунњои худро то ба миќдори зарурии бригада расонад. Вале чорабинињои њукумати шўравии Бухоро оиди ташкил намудани ќуввањои инќилобї-њарбии худ натиљањои назарбахш надоданд. Зеро, аз љумлаи бухороиён ихтиёриён, ки ба сафи ќўшунњои нав дохил шаванд, ќариб набуданд. Бинобар њамин њам њанўз 6 октябри соли 1920 нозири њарбии љумњурии Бухоро ба маълумоти сарварони фронти Туркистонї расонид, ки «барои ташкил додани армия ихтиёриён нокифояанд». Сарварони њукумати нави Бухоро вазъиятро ба инобат гирифта, барои кўмаки њарбї ба Турккомиссия мурољиат карданд. 9 ноябри соли 1920 Турккомиссия барои озод намудани Бухорои Шарќї Шўрои њарбии инќилобии фронти Туркистонро вазифадор намуд, ки аз њисоби ќисмњои аскарони сурх «Отряди њарбии эъзомии Њисор»-ро ташкил дињанд. Вазифаи асосии отряд аз он иборат буд, ки он бояд бо амалиёти љангї дар сарзамини Бухорои Шарќї тартиботи амириро тамоман барњам дода, дар ин љо низ Њокимияти Шўравиро барќарор намояд. Бо сабаби мураккабии вазъи иќтисодии Давлати Шўравї таъминоти иќтисодии ин эъзомияро ба ўњдаи љумњурии Бухоро гузоштанд. Ташкил намудани отряди номбурда дар худи моњи ноябри соли 1920 дар Ќаршї оѓоз гардид ва 17 декабри он сол корњои ташкилї асосан анљом ёфт. Њангоми оѓози амалиёти њарбии отряд дар њайати он: љанговарон - 1087 нафар, хурандагон (едаков) - 1928 нафар, отряди шўъбаи махсус- 35 нафар, аспњо - 1830 адад ва пулемёт - 22 адад буданд. Њайати отряд ва аслињаи љангии он дар рафти амалиётњои љангї таѓйир меёфт. Отряди эъзомии њарбии Њисор 17 декабри соли 1920 амалиёти љангии худро бо сарварии Марсов аз Ќаршї сар кард. Он дар аввал ба сўи Бойсун, ки дарвозаи Бухорои Шарќї њисоб мешуд, њаракат кард. 20 декабр дар аѓбаи Оќкўтал ва баъд дар дараи кўњии Бузѓолахона аввалин задухўрди ќисмњои аскарони сурхи отряд бо аскарони амир ба амал омад. Сарвари отряд Марсов дар њамин муњориба њалок гардид ва ўро Роганов иваз намуд. Муњориба бо ѓалабаи ќисмњои аскарони сурх анљом ёфт ва онњо Бойсунро ба даст дароварда, дар он љо лагери худро гузоштанд. Баробари ба даст даровардани Бойсун ќисмњои аскарони сурх дар њолати боз њам вазнинтар монданд. Зеро, 24 декабр дар Шеробод, Шањрисабз, Китоб, Яккабоѓ ва Чироќчї ба муќобили тартиботи шўравї шўриши халќї сар шуда буд, ки дар онњо, мувофиќи баъзе маълумотњо то 15 њазор нафар ањолї иштирок намудаанд. Аз ин пештар, чунин шўриш дар Каркї ба амал омада буд. 26 декабри њамон сол Зиновев, ки Фрунзеро иваз намуда буд, дар маљлиси фаъолони ЊК Бухоро, дар шањри Бухорои Кўњна баромад карда, иќрор шуд, ки «њоло тамоми ноњияи Шерободро шўриш фаро гирифтааст. Мардум, ки ќисман бо камонњои сохти англисї ва семилаи русї мусаллањ буданд, ба тарзи оммавї ба гарнизонњои мо њуљум мекунанд. Онњоро бо пулемёт ќир намудем». Мувофиќи маълумоти сарвари гурўњ, миќдори ќурбониён аз љумлаи бухороиён бењисоб. Муќобили мардуми шўришбардошта «аз тўпњо оташ кушоданд ва дар натиља ѓарами мурдањо ба вуљуд омадааст». Њокими Бойсун аз фурсат истифода бурда, маркази њукуматдории аз даст додаи худро аз сари нав муњосира намуд ва он 12 рўз давом кард. Ба кўмаки аскарони сурхи дар муњосира монда аз Самарќанд имдод фиристода шуд. Ин ќувваи нав дар роњ шўришњои Шањрисабз, Китоб, Яккабоѓ ва Чироќчиро пахш намуда, аввали январи соли 1921 ба Бойсун омада расид ва муњосираро рахна намуд. Баъди дар Бойсун муттањид намудани тамоми ќисмњои Отряди эъзомии њарбии Њисор сарвари он В.М.Ионов гардид. Амалиётњои минбаъдаи љангї дар водии Њисор мегузашт. Вазъи мураккаби Бухорои Шарќиро ба инобат гирифта, дар ќатори Отряди эъзомии њарбии Њисор боз эъзомияи мустаќили сиёсии ЉХШ Бухоро ва КМ ЊК Бухоро оид ба корњои Бухорои Шарќї ташкил карда шуд. Сарвари он Саъдулло Турсунхољаев гардид. Вазифаи асосии эъзомияи нав ин дар мањалњои људогонаи аз тарафи Отряди эъзомии њарбии Њисор ишѓолгардида ташкил намудани кумитањои инќилобї ва барои иљроиши вазифањо ба онњо расонидани кўмак ва ѓайрањо ба њисоб мерафт. Ба комиссияи сиёсї њуќуќи органњои олиро дода буданд. Он фаъолияти органњои њокимияти мањаллиро ташкил ва назорат мекард. 14 феврали соли 1921 аскарони Отряди эъзомии њарбии Њисор аз Бойсун баромада ва худи њамон рўз ба дараи Бандихона расиданд. Ба водии Сурхон роњи асосї аз њамин дара мегузашт. Њамон лањза ќисмњои ба амир содиќ дар Дењнав љойгир буданд. 15 феврал дар Дењнав љанги сахттарин ба амал омад ва он бо ѓалабаи ќисмњои аскарони сурх анљом ёфт. Ин ѓалаба њаракати минбаъдаи отрядро ба водии Њисор осон намуд. 16 феврал Юрчї, Сариосиё ва Сариљўй ишѓол карда шуд. Амир Олимхон бо маќсади гирифтани пеши роњи аскарони сурх, ба ин самт, ќуввањои иловагї, аз љумла отряди аксулинќилобчиёни Фарѓонаро бо сарварии Кўри Шермат, ки баъди шикастхўрї дар Фарѓона ба ин мулк омадаанд ва отряди дуњазорнафараи лаќайњоро бо сарварии Иброњимбек фиристод. Дар байни ин ќўшунњо ќўшунњои беки Њисор низ вуљуд доштанд. 19 феврали соли 1921 аскарони сурх, баъди омодагии серўза, аз Дењнав баромада, ба сўи Регар њаракат карданд ва дар ќисми аввали њамон рўз ин мулкро њам ба даст дароварданд. Ќисмњои амирї, ки дар Регар буданд, чандон муќобилият нишон надода, 28 нафарро талаф дода, як ќисмашон ба сўи Њисор ва ќисми дигарашон ба кўњњои Боботоѓ аќиб гаштаанд. 20 феврал дар наздикии Њисор љанги сесоатаи сахттарини байни аскарони сурх ва сарбозони амир ба амал омад. Ин љанг њам ба фоидаи аскарони сурх анљом ёфт. Аскарони сурх худи њамон рўз Њисор ва Ќаротоѓро ба даст дароварданд. Амир Олимхон 20 феврал баробари шунидани хабари маѓлубияти назди Њисор, бо наздикони худ ва 300 шутури пурбор ба сўи Кўлоб, гўё «барои зиёрати маќбараи Мир Саид Алии Њамадонї», гурехт. Ў њангоми гурехтан аз содиќони худ Иброњимбек ва Давлатмандбийро (њар ду њам ба рутбаи девонбегї сарфароз намуд) вазифадор кард, ки пеши роњи душманро гиранд. Вале гурехтани амир аскарони дар Душанбе гузоштаашро хотирпарешон намуд. Онњо, аз муќобилияти минбаъда сар кашида, ба њар сў гурехтанд. Ин имконият дод, ки 21 феврал бригадаи якуми савора бо сарварии Я.А.Мелкумов Душанберо бе муќобилият ба даст дарорад. Дар тамоми мањалњое, ки аз тарафи аскарони сурх забт гардиданд, аз он љумла дар Регар, Њисор, Ќаратоѓ ва Душанбе кумитањои инќилобї ташкил карда шуданд ва њокимият ба ихтиёри онњо гузашт. Рўзи дигар, яъне 22 феврал ба Душанбе Эъзомияи фавќулоддаи сиёсии ЉХШ Бухоро ва КМ њизби коммунистии Бухоро бо сарварии С. Турсунхољаев, штаби Отряди эъзомии њарбии Њисор омада расиданд. Њамин эъзомияи сиёсї, ба Душанбе, чун маводњои ташвиќотї, бо худ аввалин рўзнома ва адабиёти мансуб ба сохти навро овард. Муќобилияти аскарони амирї баъди аз даст рафтани Душанбе њам идома ёфт. Онњо баъди шикастхўрии назди Њисор, ба муќобили аскарони сурх ба муњорибаи муттањидаи љиддї љуръат накарда, ба мањалњои гуногуни Бухорои Шарќї пароканда шуда, муборизаро идома доданд. Аскарони сурх баъди ишѓол намудани Душанбе ба ду самт: яке ба самти водии Вахш ва дигаре ба самти Кўлоб њаракат карданд. Ќисмњое, ки ба самти водии Вахш њаракат мекарданд, сањарии 22 феврал аз Њисор баромада, аз болои дењањои Лаќай, Дањанакиик, Обикиик гузашта, аз наздикии дењаи Ќизил Ќалъа дарёи Вахшро убур намуда, 24 феврал Ќўрѓонтеппа, 6 март Ќубодиён ва 9 март Сарой Камарро забт намуданд. Дар ин самт ќисмњои аскарони амирї ба аскарони сурх муќобилияти сахт нишон дода натавонистанд. Аз њамин сабаб њам дар муддати кўтоњ, яъне аз 24 феврал то 9 март дар тамоми водии Вахш тартиботи Шўравї барпо карда шуд ва њокимият дар ин мулкњо низ ба ихтиёри кумитањои инќилобї гузашт. Минбаъд ин ќисмњо амалиёти худро ба сўи Кўлоб давом дода Фархор, Сайёд, Чубекро забт намуда, ба Кўлоб расиданд. Ќисми дигари аскарони сурх, ки ба самти Кўлоб њаракат мекарданд, аниќтараш барои дастгирии амири гуреза мешитофтанд, 23 феврал Кофарнињон ва 24 феврал Файзободро ба даст дароварданд. Ин мањалњо, дар навбати худ барои њаракат кардан ба сўи Кўлоб ва Ќаротегин нуќтањои муњимтарин ба њисоб мерафтанд. Амир њам њангоми гурехтан аз болои њамин мањалњо гузашта, ба воситаи кўпруки Пули Сангин (њозира љои НБО Норак) дарёи Вахшро убур намуда, ба сўи Кўлоб гурехт. Амир Олимхон њангоми гурехтан, аз ќафои худ тамоми кўпрукњо, аз он љумла кўпруки Пули Сангинро вайрон кард. Чунин њолат њаракати ќисмњои аскарони сурхро душвор гардонид. Барои аз нав барќарор намудани Пули Сангин 9 март аз Душанбе мутахассисон фиристода шуданд. Барќарор намудани кўпрук дар њолати мураккаби љангї, идомаи тирпарронии тарафайн мегузашт. Аз Файзобод ќисмњои аскарони сурх боз ба ду самт: самти Ќаротегин ва самти Кўлоб таќсим шуданд. Ќисмњое, ки бояд ба сўи Кўлоб њаракат мекарданд, дар назди Пули Сангин камин гирифта, њар лањза ба њуљум гузашта, интизори аз нав барќарор намудани кўпрук буданд. Ќисмњое, ки ба самти Ќаротегин њаракат мекарданд, 13 март ба роњ баромаданд. Онњо дар роњи Файзобод - Оби Гарм муќобилияти отряди Нуруллотўќсабойро бартараф намуда, 16 март Оби Гармро забт намуданд. 18 марти соли 1921 ќисмњои аскарони сурх, баъди каме истироњат, аз Оби Гарм ба сўи Ѓарм њаракат карданд. Роњ хело сербарф ва бо дарањои танги кўњї мегузашт. Аскарони сурх бо чунин душворињо то ба дењаи Муљихарф, ки каме дуртар аз Ѓарм воќеъ аст, омада расиданд. Дар наздикии Ѓарм муњорибаи сахттарин ба амал омад, ки дар он љо ба муќобили ќисмњои аскарони сурх отряди Кўри Шермат ва ќўрбошињои ў Нурматмингбошї, Аскарполвон ва ќўшунњои Фузайл Махсум мељангиданд. Ин муњориба низ ба фоидаи аскарони сурх анљом ёфт. Кўри Шермат бо дастањои боќимондаи худ ба сўи водии Олой гурехта, аз он љо боз ба Фарѓона гузашт. Аскарони сурх 23 март бе муќобилияти љиддї дохили Ѓарм шуданд. Онњо дар Ѓарм кумитаи инќилобиро бо сарварии Умаров ташкил доданд. Сарвари комиссияи озуќа Нусратулло Махсум таъин гардид. Охири моњи март маркази бекигарии Дарвоз - Ќалъаи Хумб њам аз тарафи аскарони сурх ишѓол гардид. Дар ин љо њам кумитаи инќилобї ташкил ёфт. То 9 апрели њамон сол ќисмњои аскарони сурх, бо сардории Я.А. Мелкумов тамоми сарзамини бекигарињои Ќаротегин ва Дарвозро ба даст дароварданд. 14 марти соли 1921 баробари аз нав барќарор намудани кўпруки Пули Сангин, ќисмњои аскарони сурх амалиётро ба сўи Кўлоб давом доданд. Ваќти аз дарёи Вахш гузаштани онњо, аскарони амирї, ки дар он тарафи дарё буданд, аз љангњои љиддии минбаъда даст кашида, ба њар сў пароканда шуда рафтанд. Ин имконият дод, ки аскарони сурх, аллакай дар рўзи дигар, яъне 15 март Кўлобро бе љанг ба даст дароранд. Вале амир Олимхон аллакай дар Кўлоб набуд. Вай 4 марти соли 1921, аз гузаргоњи Дарќади назди Чубек дарёи Панљро гузашта, ба хоки Авѓонистон дохил шуд. Њамин тавр, аз моњи декабри соли 1920 то апрели соли 1921, дар натиљаи амалиётњои љангии аскарони сурхи Отряди эъзомии њарбии Њисор дар тамоми сарзамини Бухорои Шарќї тартиботи амирї барњам дода шуд ва њокимият ба ихтиёри кумитањои инќилобї гузашт. |