апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
Скачать 3.71 Mb.
|
§2. Њолати ифодаи манфиати тољикон дар замони мављудияти љумњурињои Туркистон ва Бухоро Њолати ифодаи манфиати тољикон дар Љумњурии Туркистон. Дар љумњурии Туркистон манфиати иќтисодии тамоми мардуми мењнатї, чї тољикон ва чї ўзбекону туркманњою ќирѓизњо њама баробар ифода карда мешуд. Яъне дар ин љода вазъи тољикон аз дигарон фарќе надошт. Вале оиди ифодаи манфиати маънавии онњо, ки натиљаи сиёсати миллии сарварони љумњурї мебошад, дар њаќиќат њам сиёсати нодурусти мањдудкунї, махсусан нисбати забони форсии тољикї љой дошт. Чунин мањдудкунї бошад мањз дар натиљаи нисбат ба мављудияти халќи тољик мавќеи нодурустро ишѓол намудани мутасаддиёни њизбию шўравии чї њукумати марказии Русияи шўравию иттифоќї ва чї љумњурињои Бухорою Туркистон сар задааст. Зеро, сиёсати миллии љумњурии Туркистон, ки мухтор буд ва љумњурии Бухоро, агарчанде ба ном мустаќил бошад њам, вале амалан аз сиёсати миллии њукумати марказии Русия сахт вобастагї доштанд. Дар ќаламрави кишвари Туркистон, то замони забтшавї аз тарафи Русия, аз љумла дар замони давлатдории Темуриён, хонигарии Ќўќанд, ва ѓайра забони давлатї, забони тањсил, забони илму маърифат асосан забони форсии тољикї буд. Шањри Самарќанди бостонї, ки дар њудуди ин кишвар буд, дар ќатори шањри Бухоро аз љумлаи гањвораи тамаддуни тољикон ба њисоб мерафт. Дар шањрњои Ќўќанд, Тошкент ва ѓайра агарчанде баъзе асарњо ба забони туркии ўзбекї офарида мешуд, вале он маќоми забони форсии тољикиро њељ халалдор намекард. Баробари дар кишвари Туркистон пойдор гардидани тартиботи мустамликадоронаи њукумати подшоњии Русия, дар идорањои болоии он забони русї оњиста-оњиста забонњои тољикї ва туркї-ўзбекиро мањдуд намуд. Дар идорањои поёнии кишвар бошад забонњои форсии тољикї ва туркии ўзбекї (яъне мувофиќи њиссаи ин халќњо дар ин ё он ноњия ва ё мањалњо) њанўз мисли пештара маќоми худро нигоњ медоштанд. Вале дар аввали асри ХХ, дар кишвар аксарияти матбуоти мањаллї ва аксарияти мактабњои усули нав (љадидї) аллакай ба забони туркии ўзбекї буданд. Баъди барќарор гардидани тартиботи Шўравї дар кишвари Туркистон, дар ќаламрави он забони форсии тољикї маќоми пештараи худро пурра аз даст дод. Инак, мувофиќи ќарори Кумитаи Иљроияи Марказии љумњурии Туркистон аз 14 июли соли 1918 дар ин сарзамин, дар ќатори забони русї, забонњои ўзбекї ва ќирѓизї забони давлатї эълон гардиданд. Минбаъд аз соли 1923 њуљљатнависї дар ин кишвар, дар баробари забони русї, боз ба се забон: ўзбекї, ќирѓизї ва туркманї бурда мешуд. Дар натиљаи нисбат ба тољикон сиёсати нодурустро пеш гирифтани роњбарони љумњурї, ин халќи кадимтарини кишвар оњиста-оњиста њатто аз имкониятњои ночизи дар аввал ба даст даровардааш њам мањрум гардид. Аз љумла нашри ягона маљаллаи форсии тољикї - «Шўълаи инќилоб», ки чун органи њафтаинаи вилоятии ЊК(б) Туркистон дар Самарќанд аз 10 апрели соли 1919 нашр мегардид, моњи декабри соли 1921 баста шуд. Сањифаи тољикии дигар рўзномањо њам мањдуд гардида оњиста-оњиста аз байн рафтанд. Дар органњои њамонваќтаи љумњурии Туркистон ташкилоте, ки манфиати тољиконро ифода кунад, вуљуд надошт. Маслан соли 1919 дар њайати Комиссариати оид ба корњои миллии њукумати љумњурї шўъбањои зерини миллї амал мекарданд: ўзбекї, туркманї, ќирѓизї, русї, украинї, арманї, озарї, форсї, яњудї, туркї, тоторї ва яњудиёни мањаллї. Њар кадоми ин шўъбањои миллї вазифадор буданд, ки аз як тараф дар байни мардуми ба худ тааллуќи кишвар моњияти чорабинињои Њокимияти Шўравиро фањмонанд ва аз тарафи дигар худ дар њукумати Туркистон манфиати он халќњоро њимоя кунанд. Вале мањз тољикони кишвар, ки чунин шўъбаи худро надоштанд, аз ин гуна њимоятгар мањрум буданд. Соли 1921 КИМ љумњурии Туркистон њайати он комиссариатро аз нав, танњо бо шўъбањои нисбатан калон - туркманї, ќирѓизї, ўзбекї ва миллатњои хурд ташкил дод. Яъне боз, дар комиссариати номбурда шўъбаи тољикї вуљуд надошт. Баъзењо аќида доранд, ки шўъбаи форсии соли 1919 гўё манфиати тољиконро низ њимоя мекардааст, ки ин аз њаќиќат хеле дур аст. Зеро, он солњо низ форсњо гуфта на ин ки тољикон, балки эрониёнро дар назар доштанд. Бо сабаби он ки тољиконро турк мењисобиданд, бинобар ин њимояи манфиати маънавии онњоро зарур намешумориданд. Рўњияи туркпарастии сарварони љумњурии Туркистон паи њам боло мегирифт. Онњо дар конфронси V кишварии њизби коммунистї (20-25 январи соли 1920) њатто ќарор ќабул карданд, ки ЊК(б) Туркистон минбаъд «њизби коммунистии халќњои турк», љумњурии Туркистон бошад, чун «љумњурии халќњои турк» номида шавад. Яъне туркпарастонро он лањза њатто номи Туркистон чандон ќаноат намекунонд. Барои амалии ин ќарор Турккомиссия халал расонид. Соли 1920 Ќонуни асосии (конститутсияи) љумњурии Туркистон тасдиќ гардид, ки дар он њам њамчун «мардуми муќимии» кишвар фаќат ќирѓизњо, ўзбекњо ва туркманњо эътироф мегардиданд. Аз ин њуљљати муњими љумњурии Туркистон тољикон, ки аз љумлаи мардуми ќадимтарини кишвар ба њисоб мераванд, берун монданд. Дар љумњурињои Осиёи Миёна, дар солњои аввали бунёди тартиботи Шўравї масъалаи мураккабтарин ин масъалаи кадрњои роњбарикунанда ва махсусан масъалаи мавќеи онњо нисбат ба масъалаи миллї, аниќтараш оиди таќдири ин ва ё он миллат буд. Ин маънои онро надорад, ки дар њайати кадрњои роњбарикунандаи љумњурињои Осиёи Миёна намояндагони на њамаи миллатњо буданд. Аз љумла дар байни онњо шахсони баромадашон аслан тољик кам набуданд. Вале фољиаовар он аст, ки ќисми бузурги он тољикони соњиби мансабшуда, дар натиљаи таъсири аќидањои туркпарастї, дар њамон лањзаи њалкунандаи таќдири миллат, на танњо манфиати тољиконро умуман ифода накарданд, балки њатто тољик будани худро низ инкор мекарданд. Барои мисол чунин мавќеъро мо дар фаъолияти Абдулло Рањимбоев (1896-1938) дида метавонем. Ў солњои 1919-1920 котиби кумитаи њизбии уезди Хуљанд, раиси кумитаи њизбии вилояти Самарќанд, солњои 1920-1923 раиси КИМ љумњурии Туркистон, котиби КМ ЊК(б) Туркистон, аъзои коллегияи комиссариати халќии оид ба корњои миллатњои Федератсияи Русия, солњои 1923-1924 котиби КМ ЊК Бухоро ва котиби дуюми КМ ЊК(б) Туркистон буд. Яъне дар њалли масъалаи миллї вай аз њисоби кадрњои миллї аз љумлаи аввалинњо ба шумор мерафт. Магар ў намедонист, ки дар Хуљанд, Самарќанд, Бухоро ва дигар љойњо тољикон аксариятро ташкил мекунанд? Албатта медонист! Вале инкор мекард. Дар он солњои њалкунандаи таќдири халќњои Осиёи Миёна, ў њатто миллати худро чун «ўзбек» ба ќалам медод. Ба ѓайр аз ў, дар љумњурии Туркистон Абдурањим Њољибоев (1900-1938) чун аъзои КИМ адои хизмат дошт. Вале вай њам њамон лањзаи таќдирсоз дар њамон лањзаи таќдирсоз амалан барои њимояи манфиати тољикон коре карда натавонист. Њолати ифодаи манфиати тољикон дар Љумњурии Бухоро. Дар Љумњурии Халќии Шўравии Бухоро њам вазъи иќтисодии тољикон аз мардуми дигари љумњурї – ўзбекњо ва туркманњо фарќи љиддї надошт. Дар ин љода њукумати љумњурї манфиати онњоро баробар ба инобат мегирифт. Вале дар ин сарзамин њам манфиати маънавии мањз тољикон ба инобат гирифта намешуд. Љумњурии Бухоро агарчанде давлати мустаќил ба њисоб мерафт ва гўё аз сиёсати пешгирифтаи миллии њукумати Русияи Шўравї вобастагї надошт, аммо дар сиёсати зиддитољикии онњо як умумияте дида мешуд. Тољикон дар ќаламрави Бухоро баъди давлатдории Сомониён то бунёди тартиботи шўравї оиди истифодаи забони худ мањдудияти љиддии њокимиятдорони собиќи ѓайритољик – туркњо, муѓулњо ва ўзбекњоро эњсос накардаанд. Дар замони њукуматдории хонадони манѓития њам, ки яке аз ќабилаи ўзбекњо ба њисоб меравад ва то замони шўравї дар ин сарзамин њукумронї намудааст, чуноне аллакай таъкид намудем, забони давлатї, забони илму маърифат асосан забони форсии тољикї буд. Инак, 11 марти соли 1921 Шўрои Нозирони Халќии Љумњурии Бухоро дар ќаламрави љумњурї бо тарзи расмї забони туркиро забони давлатї эълон кард. Барои ба амал омадани чунин ќарор њиссаи бевоситаи сарвари њукумати њамонваќтаи љумњурии Бухоро Ф. Хољаев дида мешавад. Баъд аз ин забони форсии тољикї дар сарзамини љумњурї як муддат ба њайси забони мадрасаю мактабњо боќї монд. Зеро, мутасаддиёни љумњурї имконияти якбора таълимро аввал ба забони туркї, баъд ба забони ўзбекї гузарониданро надоштанд. Вале онњо маъракаи аввал ба туркї, баъд ба ўзбекї гузаронидани тањсилро, махсусан дар мактабњои нав, ки шўравї меномиданд, оѓоз карда буданд. Њолати инкор намудан, ё худ аќалан аз будашон хеле кам нишон додани тољиконро дар мавќеи сарварони љумњурии Бухоро низ дида метавонем. Чунончї, моњи майи соли 1921 собиќ раиси КМ ЊК Бухоро Наљиб Њусаинов (худ тотор буд) ба вориси худ, сарвари њамонваќтаи коммунистони Бухоро Олимљон Оќчурин (вай њам тотор буд), ба забони туркї, бо њуруфоти арабї навиштааст: “бояд ба он муваффаќ шуд, ки бештар аз нисфи ањолии Бухороро ўзбекњо, ќисми хурдро туркманњо, баъдан эронињою яњудиён ташкил бидињанд”. Дар њайати роњбарияти љумњурии Бухоро низ тољикон буданд. Мувофиќи маълумоти 20 октябри соли 1920 њатто дар њуљљатњои расмии њайати њукуматї се нафар тољикон ба ќайд гирифта шудаанд, ки ду нафарашон дар трибунали њарбии инкилобї ва як нафар (Аббос Алиев) дар нозирони маориф адои вазифа доштанд. Вале амалан дар њайати њукумати љумњурии Бухоро тољикони мансабдори аввал турк ва баъд ўзбек гардида хеле бисёр буданд. Ба ин, дар ќатори Файзулло Хољаев мавќеи Абдурауф Фитрат (1886-937), Абдуќодир Муњиддинов (1892-1938), Ахмадбек Мавлонбеков (1897-1937) ва дигарон мисол шуда метавонад. Аз љумла Абдурауф Фитрат дар љумњурии Бухоро соли 1921 нозири маориф, соли 1922 љонишини раиси Шўрои нозирони халќ буд. Вале ў туркпарасти ашаддитарин ба њисоб мерафт. Мувофиќи баъзе маълумотњо мањз бо ташаббуси ў, дар идорааш, барои ба забони форсии тољикї сухан гуфтан љарима љорї карда шудааст. Мањз дар замони нозири маориф будани вай шумораи мактабњои туркї аз њисоби мактабњои тољикї хеле афзудааст. Ё худ Абдуќодир Муњиддинов аз сентябри соли 1920 раиси Кумитаи инќилобии Бухоро, аз сентябри соли 1921 раиси КИМ љумњурии Бухоро, баъд раиси шўрои иќтисодии љумњурї гардид. Ў низ то соли 1924 худро «ўзбек» мењисобид. Вай баъдтар хатогии худро фањмида, барои нисбати тољикон барќароркунии адолат љонбозињои зиёд кард. Вале аллакай дер шуда буд. Нињоят худаш њам ќурбони беадолатї гардид. Ањмадбек Мавлонбеков солњои 1923-1924 котиби масъул ва котиби КМ ЊК Бухоро буд. Яъне ў низ метавонист пеши роњи беадолатињои нисбат ба тољикон содиршудаистодаро гирад. Вале ў њам тољик будани худро эътироф намекард. Ин гуна далелњо ва мисолњо хело бисёранд. Њангоми интихобу љо ба љо гузории кадрњои роњбарикунандаи мањаллї, чї дар љумњурии Туркистон ва чї дар љумњурињои халќии Бухорою Хоразм, на ин ки лаёќати кордонию коршоямї, балки бештар мансубияти синфї ва миллиро ба эътибор мегирифтанд. Махсусан сарварони Љумњурии Халќии Шўравии Бухоро баъди мањви иѓвои Анварпошо (августи соли 1922) аз мавќеи туркпарастии љанговар ба ўзбекпарастии ашаддї табдил ёфтанд. Онњо дар аввал тољиконро барои турк шудан маљбур карда бошанд, баъди мањви Анварпошо тањдид мекарданд, ки ўзбек бошанд. Дар мавќеи ўзбекпарастї будани сарварони љумњурии Бухорою Хоразм ва аз тарафи онњо мањдуд намудани њуќуќи туркманњо ва ќирѓизњо њатто дар ќарори анљумани ХII ЊК(б) Русия (апрели соли 1923) ќайд карда шудааст. Дар љумњурии Бухоро, чун дар тамоми љумњурињои Осиёи Миёна, зарбаи асосии туркпарастон ба муќобили мактабњои форсии тољикї нигаронида шуда буд. Бо ташаббуси онњо дар аксарияти мањаллањои тољикнишин мактабхои мављудаи форсии тољикї бо зудї баста шуда, онњо ба мактабњои таълим ба забони туркї ё ўзбекї табдил дода шуданд. Дар ин мактабњо ба сифати муаллим аз собиќ асирони турки аз гўшањои гуногуни Русия омада, аз туркону тоторњои бо ихтиёри худ барои «хизмат» ба Бухоро шитофта ва ѓайрањо ба тарзи васеъ истифода мебурданд. Туркњо на танњо дар мактабњо чун муаллим, балки дар идорањои њокимияти мањаллии љумњурї низ чун корманд њиссаи асосиро ташкил медоданд. Дар мактабу мањалњое, ки муаллимони турк маќоми асосиро ишѓол менамуданд, на танњо дарсњо ба забони туркї мегузоштанд, балки њатто маршу таронањо њам аз њамду сано ба туркњо ва Камолпошо (яъне Мустафо Камол, ё худ Отатурк - асосгузори љумњурии Туркия) иборат буд. Солњои 1917-1924 дар сањифањои матбуоти чї Осиёи Миёна ва чї марказии Русия оиди тољикон ќариб чизе чоп намешуд. Агар ба ногоњ чунин маќолањо чоп шаванд њам бештари онњо ѓаразнок буда, баъзан тољикон ва забони форсии тољикиро рўйрост тањќир мекарданд. Чунончи: 2 январи соли 1924 дар газетаи «Туркистон», ки дар Тошкент ба забони ўзбекї нашр мегардид, маќоле бо номи «Дар диёри тољикон» чоп шуд. Дар он маќола таъкид мешуд, ки хоњиши истифодаи забони тољикї «аз як љињат хоњиши аз њаёт људо шуданро дорад, зеро равиши таърих муќобили он аст, аз љињати дигар, ќабули он маънои ќабули забони бефоида ва зиёдатиро дорад». Бинобар ин муаллифи он маќола рўйрост таъкид кардааст, ки «барои тољикон зарур аст забони махсуси тољикиро нигоњ надошта, њар чї зудтар ба забони ўзбекї гузаранд, зеро роњи равиши иљтимої аллакай таќдири онњоро њал намудааст». Њамин тарз дар замони мављудияти љумњурињои Туркистону Бухоро, ки тољикон асосан дар њудуди онњо зиндагї мекарданд, манфиати маънавии ин халќи ќадима на танњо ба эътибор гирифта намешуд, балки њатто мављудияти онњоро низ инкор мекарданд. Дар њудуди ин љумњурињо матбуоти ба забони форсии тољикї чопшаванда ва мактабњои бо ин забон амалкунандаро мебастанд. Ин њама аз он гувоњї медод, ки он солњо тољикон дар њудуди Осиёи Миёна пешвои њаќиќии ифодакунандаи манфиати маънавиашонро надоштаанд. Вале дар чунин шароити барои тољикон мураккаб масъалаи таќсимоти њудуди миллї ба миён гузошта шуд. § 3. Гузаронидани таќсимоти њудуди миллї дар Осиёи Миёна ва ташкилёбии Љумњурии мухтори Шўравии Сотсиалистии Тољикистон Тайёр намудани аввалин лоињањои таќсимоти њудуди миллї. Анљумани ХII ЊК(б) Русия (апрели соли 1923), ки масъалаи миллиро муњокима карда буд, дар навбати худ диќќати сарварони њизбњои коммунистии љумњурињои Осиёи Миёнаро низ ба њалли ин масъала љалб намуд. Вале зарур шуморида шуд, ки оѓози ин маъракаро на њамчун нишондоди марказ, балки чун ташаббуси худи халќ ба миён гузоранд. Дар натиља баъди анљуман аллакай аз номи ташкилотњои њизбии ЊК(б) Туркистон ба номи КМ ЊК(б) Русия оиди дар Осиёи Миёна ташкил додани љумњурињои нави миллї фикру дархостњо фиристода шуданд. 31 январи соли 1924 дар маљлиси Бюрои ташкилии КМ ЊК(б) Русия аввалин бор масъалаи љумњурињои нави миллии Осиёи Миёна муњокима гардид. Дар ин маљлис раиси бюрои Осиёи Миёнагии КМ ЊК(б) Русия Я.А.Рудзутакро вазифадор намуданд, ки њангоми дар Осиёи Миёна будан масъаларо бо љалб намудани ходимони масъули љумњурињои Туркистон, Бухоро ва Хоразм аз њар љињат санљида барояд. 25 феврали соли 1924 пленуми васеи КМ ЊК Бухоро баргузор гардид. Дар он раиси Шўрои Нозирони Халќии љумњурии Бухоро Ф.Хољаев аз рўи масъалаи «Дар бораи аз рўи нишонањои миллї ба љумњурињо таќсим намудани Осиёи Миёнаи шўравї» маърўза кард. Дар маърўза ва ќарори пленум таќсимоти њудуди миллии Осиёи Миёна ва ташкили љумњурињои нави миллї мувофиќи маќсад дониста шуд. Таклиф пешнињод карда шуд, ки дар асоси љумњурии Бухоро, бо ба он њамроњ намудани сарзамини љумњурии Хоразм (ба љуз вилояти Ташауз, ки ањолиаш асосан туркманњо мебошанд), вилоятњои Фарѓона, Самарќанд ва Сирдарёи љумњурии Туркистон - Љумњурии Иттифоќии Шўравии сотсиалистии Ўзбекистон ташкил карда шавад. Ин пленум тавсия намуд, ки аз њисоби вилоятњои Чорљуйи љумњурии Бухоро, вилояти Ташаузи љумњурии Хоразм ва вилояти Моварои Каспии љумњурии Туркистон Љумњурии Иттифоќии Шўравии сотсиалистии Туркманистонро ташкил намоянд. Оиди тољикон бошад он пленум тавсия намуд, ки «аз њисоби Мастчоњ ва Ќаротегину Ѓарм вилояти мухтори Тољикистонро бунёд кунанд ва он бояд дар њайати љумњурии Ўзбекистон бошад». Бояд таъкид намуд, ки ин аввалин пешнињодот оиди ташкил намудани вилояти мухтори тољикон, вале фаќат дар ноњияњои санглохи кўњї мебошад. 10 марти соли 1924 маљлиси аъзоёни бюрои Осиёимиёнагии КМ ЊК(б) Русия бо иштироки аъзо ва номзадњои КМ ЊК Туркистон ва раёсати КИМ Туркистон барпо гардид. Дар он А. Рањимбоев, чун котиби КМ ЊК Туркистон ва аъзои бюрои Осиёимиёнагии КМ ЊК(б) Русия баромад карда, таъкид намуд, ки «Осиёи Миёна аз рўи њайати милли мамлакате мебошад, ки дар он аксариятро ўзбекњо, ќирѓизњо ва туркманњо, баъд баъзе халќиятњои майда ташкил мекунанд». Дар ин маљлис низ гузаронидани таќсимоти њудуди миллии љумњурињои Осиёи Миёнаро маъќул шуморида, ќарор карда шуд, ки бюрои иљроияи КМ ЊК Туркистон масъаларо васеътар омўхта, ба муњокимаи пленуми худ пешнињод кунад. Бюрои иљроия бошад барои ин комиссияи махсусеро ташкил дод. Он комиссия агарчанде зарурияти гузаронидани таќсимоти њудуди миллиро танњо дар њудуди љумњурии Туркистон пешнињод карда бошад њам, вале ќисми зиёди мутасаддиёни чї кишварию, чї марказї гузаронидани он маъракаро дар тамоми Осиёи Миёна, яъне бо љалб намудани љумњурињои Бухорою Хоразм низ лозим њисобиданд. 23-24 марти соли 1924 Пленуми КМ ЊК Туркистон масъаларо «Дар бораи таќсимоти њудуди миллии љумњурии Туркистон» муњокима намуд. Он гузориши масъаларо маъќул шуморида, оиди таќсими Туркистон ба љумњурињои миллї андешањои худро баён кард. 5 апрели соли 1924 Бюрои сиёсии КМ ЊК(б) Русия дар маљлиси худ маърўзаи котиби КМ ЊК Туркистон ва аъзои Бюрои Осиёимиёнагии КМ ЊК(б) Русия А. Рањимбоевро «Дар бораи Туркистон, Бухоро ва Хоразм (дар бораи ташкили љумњурињои миллї)» шунида, муњокима намуд. Дар он КМ ЊК(б) Русия фикру андешањои оиди таќсимоти њудуди миллии љумњурињои Осиёи Миёна пешнињод гардидаро маъќул шуморида, њалли онро то охири моњи майи њамон сол мавъќуф гузошт. Баъди он ки КМ ЊК(б) Русия андешаро оиди таќсимоти њудуди миллии љумњурињои Осиёи Миёна маъќул шуморид, КМ ЊКБухоро дар асоси ќарори худ аз 10 апрели соли 1924 Комиссияеро барои тайёр намудан ва гузаронидани таќсимоти њудуди миллї ташкил намуд. Ба он комиссия Ф. Хољаев, К. Атобоев, К. Пўлодов, А. Муњиддинов ва Наврўзбоев дохил шуданд. 28 апрели соли 1924 маљлиси якљояи бюрои Осиёимиёнагї ва Бюрои иљрояи КМ ЊК Туркистон барпо гардид. Он оиди таќсимоти њудуди миллии љумњурињои Осиёи Миёна ќарорњои дахлдор ќабул кард. Дар он таќсимоти њудуди миллиро дар шароити њамонваќта зарур ва мувофиќи маќсад шуморида шуд. Инчунин пешнињод карда шуд, ки фикру андешањоро оиди ин масъала ба Комиссияи марказии таќсимоти њудуди миллї супоранд. Ба њайати он комиссия А. Рањимбоев, К. Атобоев, Ф. Хољаев, Одинаев, Т. Рискулов, Абдурањмонов, К. Пўлодов ва дигарон дохил шуданд. Комиссия дар навбати худ вазифадор карда шуд, ки то 10-уми май омўзиши масъаларо анљом дода, фикру андешањои худро ба Бюрои Осиёимиёнагї супорад. Дар ќатори комиссияи умумї, ё худ марказї, инчунин комиссияњои хурди миллї низ ташкил доданд. Ин комиссияњо аввали моњи май дар маљлиси нахустини худ љамъ омаданд. Минбаъд андешањои ин комиссияњои хурди миллї оиди љумњурињои нави миллї ва вилоятњои мухторї, бо назардошти њудуди онњо ба Комиссияи марказї пешкаш гардиданд. 11 майи соли 1924 бюрои Осиёимиёнагї дар маљлиси худ маърўзаи Комиссияи марказиро оиди таќсимоти њудуди миллї шунида, бори дигар зарурияти онро таъкид кард. Бюро пешнињод кард, ки Ўзбекистон ва Туркманистон чун љумњурињои иттифоќї ташкил карда шаванд ва онњо њамчун љумњурињои шўравии сотсиалистї бевосита ба њайати ИЉШС (СССР) дохил шаванд. Инчунин таклиф намуд, ки вилояти мухтори Тољикистон дар њайати љумњурии Ўзбекистон ташкил ёбад. Бюрои Осиёимиёнагї ба Комиссияи марказии таќсимот тавсия намуд, ки њангоми тайёрии масъала барои њар воњиди алоњида нишонањои зеринро ба инобат гиранд: алоќаи иќтисодї; сарњади тахминии миллї; имкониятњои идоракунии маъмурї; хусусиятњои психологии мардуми (этнографї) ноњияњо; мавќеи љуѓрофї ва ѓайрањо. Дар асоси њамин пешнињодот гурўње, ки дар шањрњои Самарќанду Бухоро аксариятро ташкил намудани тољиконро ночор эътироф менамуданд, мегуфтанд: «аз сабаби дар атрофи ин шањрњо аксариятро ташкил намудани ўзбекњо, ноњияњои иќтисодиро аз ин марказњо, бо хусусиятњои миллї људо кардан мумкин нест». Њол он ки дар атрофи шањри Бухоро њамон ваќт ва њоло њам ноњияе нест, ки дар онњо амалан ўзбекњо нисбати тољикон аксариятро ташкил намоянд. Умуман аз моњи феврал то майи соли 1924 дар ташкилотњои гуногун, махсусан њизбї, масъалаи таќсимоти њудуди миллии љумњурињои Осиёи Миёна муњокима гардид. Аз тарафи онњо оиди масъалаи ба миён гузошташуда аввалин фикру андешањо ва лоињањо пешкаш карда шуданд. Вале аксари ин ташкилотњо андешаи якдигарро, махсусан оиди таќдири тољикон, тўтивор такрор мекарданд. Дар аксари он ташкилотњо таќдири бисёре аз халќњои Осиёи Миёна, аз љумла тољикон, ба тарзи объективї муњокима нагардид. Зеро, барои худи онњо масъалаи гузошташуда чандон фањмо набуд, ё худ мавќеи онњое, ки чун маърўзачї баромад намуда, масъаларо мегузоштанд, яктарафа ва хато буд. Мутасаддиёни масъала њамон лањза барои омода намудани он андешаи олимони ширќшиноси Русия, аз љумла В.В. Бартолд, М.С. Андреев ва дигаронро ба инобат нагирифтанд. Њол он ки шарќшиноси машњури рус В.В. Бартолд ба њамон тарзе, ки болшевикон аз рўи нишонаи миллї ташкил намудани љумњурињои миллиро дар Осиёи Миёна пешкаш кардаанд, чандон розї набуд. Ин олими дурандеш оќибати чунин марзбандиро тасаввур намуда, онро хилофи анъанањои таърихии ин сарзамин, ки форсизабонон пеш аз њама тољикон, бо туркзабонон дар давлатњои ягонаи сермиллат мезистанд, њисобидааст. Яке аз арбобони барљастаи шўравии он давр, комиссари халќии корњои хориљї Георгий Чичерин ба аќидаи шарќшиносони рус такя намуда, ба муќобили лоињањои њозиргардида, лоињаеро пешнињод намуд, ки он дар таърих бо номи “лоињаи Чичерин” маълум аст ва мувофиќи он дар њудуди Осиёи Миёна љумњурии Тољикистон њамчун љумњурии бузургтарин ва дар њайати он љумњурии мухтори Ўзбекистон бунёд мегардид. Вале бо сабаби дар њайати мутасаддиёни масъалаи марзбандии љумњурињои Осиёи Миёна зиёд будани нуфузи туркпарастон, “лоињаи Чичерин” ќабул нагардид. Лоињаи асосии таќсимот ва андешањо оиди мухторияти тољикон. Ташкилёбии ЉМШС Тољикистон. 12 июни соли 1924 Бюрои сиёсии КМ ЊК(б) Русия дар асоси њуљљату таклифњои пешнињодшуда «Дар бораи таќсимоти миллии љумњурињои Осиёи Миёна (Туркистон, Бухоро ва Хоразм)» ќарор ќабул кард. Дар асоси он пешнињод карда шуд, ки љумњурињои иттифоќии сотсиалистии Туркманистон ва Ўзбекистон ташкил карда шавад. Инчунин зарурияти муттањид кардани ноњияњои ќирѓизии (ќазоќии) Туркистонро бо ЉМШС Ќирѓизистон (Ќазоќистон), ташкил додани вилояти мухтори Ќара-Ќирѓизро (Ќирѓизистон) дар њайати Федератсияи Русия, вилояти мухтори Тољикистонро дар њайати Ўзбекистон пешнињод кард. КМ ЊК(б) Русия инчунин масъалаи ба Иттињоди Шўравї дохил шудани љумњурињои нави иттифоќї ва барпо намудани ташкилотњои њизбии онњоро дид. 3 августи соли 1924 дар маљлиси бюрои Осиёимиёнагї бо иштироки котиби КМ ЊК(б) Русия И.А. Зеленский, «Лоињаи таклифњо дар бораи кори комиссияњои таќсимоти миллии љумњурињои Осиёи Миёна» муњокима гардид. Дар он ба бюроњо ё худ комиссияњои миллї супориш дода шуд, ки то 12-уми август лоињаи пешакии њудудњои љумњурию вилоятњои миллии навбунёдшавандаро пешкаш намоянд. Инчунин ба онњо њуќуќ дод, ки ба кори комиссия, аз рўи зарурият, шахсони алоњидаро бо њуќуќи овоздињии машваратї љалб намоянд, ё худ комиссияи хурди дигарро ташкил дињанд. То миёнаи августи соли 1924 ягон гурўњ ё худ комиссияе вуљуд надошт, ки он бевосита бо таќдири тољикон машѓул шавад. Танњо 16 август дар маљлиси бюрои Осиёимиёнагї ба њайати аъзоёни комиссияи сарњадї аз тољикон Ч. Имомов, А. Њољибоев (роњбари гурўњ) ва М. Саидљонов дохил гардиданд. Вале аъзоёни ин комиссия њангоми муњокимаи масъала соњиби танњо њуќуќи овози машваратї буданду халос. Онњо инчунин мўњлати заруриро низ надоштанд, ки масъаларо ба тарзи лозимї омўзанд. Зеро, ба онњо њамагї 5 рўз мўњлат дода буданд, ва дар ин муддат бояд љамъбасти фикру андешањоро оиди таќдири тољикон пешкаш менамуданд. Бо њамин сабаб ин комиссияи бо ном тољикї, танњо имконият пайдо кард, ки лоињаи тайёрнамудаи комиссияи ўзбекиро омўзад ва бо њамон “марњамате”, ки онњо нисбат ба тољикон кардаанд, ќаноатманд гарданд ва он андешањоро, ё худ нусхаи дигарашро чун тавсияњои комиссияи тољикї пешкаш намоянд. 21 августи соли 1924 дар маљлиси 5-уми комиссияи таќсимоти њудуди миллї масъала «Дар бораи вилояти мухтори Тољикистон ва њудуди он» шунида шуд. Дар ин маљлис А.Хољибоев, чун раиси комиссияи тољикї баромад карда, саховатмандии бемисл нишон дод. Аз љумла ў зимни суханронї изњор дошт, ки тољикони Бухорои Ѓарбї ва вилоятњои дигари Туркистон «њам аз љињати хољагї, њам аз љињати идораи маъмурї бо ўзбекњо робитаи зич доранд, аз ин сабаб онњо ба вилояти мухтори Тољикистон, ки дар Бухорои Шарќї таъсис хоњад ёфт, њамроњ шуда наметавонанд». Вале раиси маљлис аз А.Хољибоев пурсид, ки чаро ў дар маърўзааш тољикони Фарѓона, Самарќанд ва Бухороро зикр карда, дар бораи тољикони Хуљанд чизе нагуфт. Пас маърўзачї дар љавоб: дар Хуљанд тољикон бартарї доранд, онњо «он љо дар баъзе волостњо низ њастанд, онњоро ба вилояти Тољикистон њамроњ кардан мумкин аст, аммо роњњои иртибот нестанд, фаќат роњњои пиёдарав вуљуд доранд ва онњо аз љињати тиљорату иќтисод бо ўзбекњо сахт пайвастанд. Мо чунин мешуморем, ки онњоро дар љумњурии Ўзбекистон мондан лозим аст». Дар ин љамъомад, аз рўи масъалаи муњокимашаванда, њангоми музокирот Њољибоев рољеъ ба маркази мадании тољикон чунин изњор дошт: «мо аќида дорем, ки шањри марказии тољикон Самарќанд хоњад буд, ки дар њудуди Ўзбекистон мемонад, он бояд маркази муваќќатии маданияти тољик бошад, он љо мо бояд мактабњо ва ѓайра ташкил кунем». Аз ин далелњои овардашуда баралло равшан аст, ки А. Њољибоеви њамон лањза 24 сола, аз ќолаби тавсиякардаи комиссияи ўзбекї берун баромада натавонистааст. 24 августи соли 1924 Комиссияи марказии њудудї аз комиссияи миллии тољикї хоњиш намуд, ки пойтахти вилояти мухтори худро муайян кунанд. Дар чунин лањза њам комиссияи бо ном тољикї аќалан љуръат накард, ки масъалаи соњиб шудан ба яке аз шањрњои ќадимаи тољиконро ба миён гузорад. Љавонї ва дуруст надонистани масъала, ба аъзоёни ин комиссия имконият намедод, ки оќибати мавќеи худро дуруст сарфањм раванд. Барои онњо таќдири миллати худ – тољикон гўё бегона буд. Дар лањзањои њалкунанда барои њимояи манфиати халќи худ ягон хел љонбозї накарда, лањза ба лањза ба хатогї роњ медоданд. Нињоят, ин комиссия саховатмандона аз чунин шањрњои машњури ќадимаи тољикон – Бухоро, Самарќанд ва њатто Хуљанд њам даст кашида, сараввал дењаи Ќаротоѓро чун маркази вилояти мухтории тољикон пешнињод кард. Аммо ин таклиф ба њарбиён маъќул набуд. Бинобар ин бо таклифи њарбиён, дар он ваќт як дењаи назарногири дурдаст- Душанбе њамчун пойтахт ќарор гирифт. 6 сентябр Комиссияи марказии њудудї лоихаи њудуди вилояти мухтории Тољикистонро тасдиќ намуд. Дар мавќеи амалдорони љумњурии Туркистон аз моњи августи соли 1924 сар карда, оиди мављудияти тољикон таѓйироте ба амал омад. Онњо акнун мављудияти тољиконро рўйрост рад накарда, ночор, ќисман барои ќонеъ гардондани талаботи маънавиашон розї шуданд. Аз љумла, худи њамон моњ КИМ Туркистон дар пленуми охирини худ ќарор кард, ки Донишкадаи омўзгории тољикї ташкил карда шавад. Дар натиља декабри он сол дар Тошкент Донишкадаи маорифи тољикї кушода шуд, ки дар он аввал донишљўён асосан аз њисоби тољикони Ўзбекистон тањсил мекарданд. 25 августи њамон сол дар Самарќанд нашри рўзномаи «Овози тољик» (холо ин рўзномаи ягонаи тољикии љумњурии Ўзбекистон буда, бо њамон ном нашр мешавад) оѓоз ёфт. Сентябри соли 1924 масъалаи таќсимоти њудуди миллї дар ќарорњои органњои болоии љумњурињои Осиёи Миёна ба шакли ќонун даромад. Чунончї, 15-16 сентябр сессияи фавќулоддаи КИМ Туркистон ба мардуми кишвар њуќуќ дод, ки аз њайати љумњурии Туркистон баромада, љумњурї ва ё вилоятњои миллии худро ташкил дињанд. 20 сентябр анљумани Умумибухороии шўроњо њам њамин гуна њуќуќро ба мардуми љумњурии Бухоро дод. 29 сентябр бошад анљумани Умумихоразмии Шўроњо низ њамин гуна ќарор ќабул кард. 11 октябри соли 1924 бюрои сиёсии КМ ЊК(б) Русия маърўзаи сардори Комиссияи худ В.В. Куйбишевро оиди таќсимоти њудуди миллии Осиёи Миёна шунида, ќарорњои ќатъї ќабул кард. Дар њамин маљлис наќшаи таќсимоти њудуди миллї ва таќсими фонд ва сармояи давлатї дар байни љумњурї ва вилоятњои нави миллї дида шуд. Бюрои сиёсї ба масъалаи тољикон таваќќуф намуда, дар њамин љамъомад зарур шуморид, ки ба љои вилояти мухтор Љумњурии Мухтории Тољикистон дар њайати Љумњурии Иттифоќии сотсиалистиии Ўзбекистон ташкил дода шавад. 14 октябри соли 1924 иљлосияи II КИМ Умумирусиягї ќарори КИМ Туркистонро «Дар бораи ба мухторињои алоњида таќсим намудани Љумњурии Мухтории Шўравии сотсиалистии Туркистон» маъќул шуморид. Ин иљлосия низ ба тољикон њуќуќ дод, ки ба љои вилояти мухтор (ташкил додани вилояти мухтори Тољикистон - ин пешнињоди КИМ Туркистон ва ќарори ќурултойи V Умумибухорої буд) љумњурии мухторро ташкил дињанд. Дар натиља Ўзбекистон ва Туркманистон њамчун љумњурињои иттифоќї, Тољикистон- љумњурияти мухторї дар њайати Ўзбекистон, вилояти мухтории Ќирѓизњо дар њайати ЉМШС Ќазоќистон ташкил ёфтанд. Аз ин рў 14 октябр рўзи тавлиди љумњурињои Туркманистон, Ўзбекистон ва Љумњурии Мухтори Тољикистон ба њисоб меравад. 27 октябр иљлосияи II КИМ ИЉШС, даъвати 2-юм ќарорро оиди таќсими њудуди миллии Осиёи Миёна маъќул шуморид. ЉМШС Тољикистон ба воситаи ЉШС Ўзбекистон ба њайати ИЉШС (СССР) дохил шуд. Њангоми ташкилёбии ЉМШС Тољикистон ба њайати он: аз ЉХШ Бухоро вилоятњои Ѓарм, Душанбе, Кўлоб ва Ќўрѓонтеппа; аз ЉМШС Туркистон вилоятњои Панљакент ва Ўротеппа (Истаравшан) дохил шуданд. Њамон лањза масоњати љумњурї 135,6 њазор км2 буда, ањолияш 739,5 њазор нафарро ташкил медод, ки 78,33 фоизаш аз тољикон иборат буд. 26 ноябри соли 1924 дар Тошкент Кумитаи инќилобии ЉМШС Тољикистон бо сарварии Нусратулло Махсум Лутфуллоев ташкил ёфт. 6 декабри он сол бюрои Осиёимиёнагї роњбарияти муваќќатии њизбї - бюрои ташкилии ЊК(б) Ўзбекистонро дар ЉМШС Тољикистон барпо намуд. 3 феврали соли 1925 хукумати ЉМШС Тољикистон дар њайати пурра ба Душанбе омад. Рўзи дигар, 4 феврал дар Душанбе гирдињамоии серодам барпо гардид. Дар он эъломияи ташкилёбии ЉМШС Тољикистон хонда шуд. Баъди ташкилёбии ЉМШС Тољикистон ноњияњои Исфара, Конибодом ва Ашт ки ба уезди Ќўќанди вилояти Фарѓона дохил мешуданд, бевосита ба њайати Ўзбекистон монданд. Вилоятњои Панљакенту Ўротеппа (Истаравшан) агарчанде аз рўи таќсимоти њудуди миллї ба ЉМШС Тољикистон дохил шуданд, вале бо сабабњои гўё љуѓрофї, роњбарии давлатию њизбии онњо то соли 1926 бевосита аз тарафи органњои ЉШС Ўзбекистон љорї мешуд. Кўњистони Бадахшони њам аз соли 1923 чун вилояти мустаќил аввал дар њайати ЉМШС Туркистон, баъд ба њайати ЉШС Ўзбекистон монд. 2 январи соли 1925 вилояти Кўњистони Бадахшони ба Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон табдил дода шуд ва худи њамон рўз бо ќарори раёсати КИМ ИЉШС ба њайати ЉМШС Тољикистон дохил шуд. Тољикони баъзе ноњияњои бевосита дар њайати ЉШС Ўзбекистон монда, аз натиљаи таќсимоти њудуди миллї чандон розї набуданд. Аз љумла охири соли 1924 мардуми Конибодом, чун эътироз, пеши роњи раиси КИМ ИЉШС (СССР) М.И. Калининро гирифтанд. Дар натиља онњо соли 1925 њуќуќи “ноњияи мухторї”-ро соњиб шуданд. Воситањое, ки њангоми гузаронидани таќсимоти њудуди миллї барои мањдуд намудани мавќеи тољикон истифода бурдаанд. Чуноне аллакай таъкид намудем, сарвари њукумати љумњурии Бухоро Ф. Хољаев аввалин шуда пешнињод карда буд, ки аз љумлаи ноњияњои кўњистони Мастчоњ ва Ќаротегин вилояти мухтори Тољикистон бунёд карда шавад. Дигар вилояту ноњияњои љумњурии Бухоро бояд асоси љумњурии Ўзбекистонро ташкил медоданд. Амалдорони љумњурии Бухоро њангоми гузаронидани маъракаи таќсимоти њудудии миллї аз рўи њамин наќша амал карданд. Онњо дар байни мардуми шањру дењот ташвиќ карданд, ки “аз њисоби сарзамини љумњурии Бухоро љумњурињои Ўзбекистон ва вилояти мухтори Тољикистон бунёд мегардад. Бо сабаби он ки вилояти мухтори тољикон дар ноњияњои кўњистон барпо мегардад, бинобар ин њар касе худро дар рўйхат “ўзбек” нависад, дар манзили худ озодона истиќоматро идома дода метавонад. Њар касе, ки худро “тољик” сабт кунад, хона ва чизу чораашро гузошта, ба њамон мулкњое, ки барои вилояти мухтори тољикон муайян шудаанд, раванд ва ё онњо маљбуран фиристода мешаванд”. Дар асоси ин ташвиќот ќисме аз тољикони на танњо Бухоро ва атрофи он, њатто тољикони дигар вилоятњои Осиёи Миёна њам бањри дар манзили худ оромона мондан, ба рўйхат худро њамчун “ўзбек” номнавис намуданд. Зеро, барои онњо Ќаротегину Мастчоњ њамчун гўшаи ќафомондатарин ва мардуми он бечоратарин маълум буд. Њангоми гузаронидани таќсимоти њудуди миллии Осиёи Миёна на дар љумњурии Туркистон ва на дар љумњурии Бухоро ба рўйхатгирии њаќиќии объективии ањолї гузаронида нашуд. Зеро, барои ин чуноне таъкид намудем, заминањои объективї ва субъективї њанўз муњайё нагардида буд. Дар баробари паст будани худшиносии миллї, инчунин кадрњои лаёќатманд намерасиданд. Бинобар њамин њам, дар рафти маъракаи таќсимоти њудуди миллї, амалдорон бештар аз кабинети кории худ истода, кї будани мардуми ин ё он мањал ё худ ноњияро муайян мекарданд. Баъзан онњо намояндагони худро ба ноњияњои гуногун фиристода, бо дасти онњо рўйхати муфассалро, бо нишон додани миллати барояшон дилхоњ, њозир менамуданд. Њуљљатњои гуногуни бойгонии шањри Москва аз он далолат медињанд, ки дар баъзе ноњияњои тољикнишин мутасаддиёни ба рўйхатгирии ањолї ба тамоми фишорњо нигоњ накарда, рўйхати њаќиќии ањолиро ба нишон додани миллаташон њамчун “тољик” пешнињод кардаанд. Вале чунин њолат, ки ба амалдорони болої маъќул набуд, бинобар ин дар чунин рўйхатњо калимаи “тољик”-ро хат зада, аз болои он “ўзбек” навиштаанд. Мутаассифона ин гуна рўйхатњои ислоњшуда хело бисёранд. Њангоми маъракаи ба рўйхатгирї, баъзе аз амалдорон бо дастањои силоњбадаст дар гузару мањаллањои тољикнишин ва њатто масљиду мадрасањо мардумро “ташвиќ” намудаанд, ки дар рўйхат худро њатман “ўзбек” нависанд, ё худ њангоми пурсидани касе худро њамчун “ўзбек” муаррифї намоянд. Чунин шахсони силоњдор баъзан шабона ба хонаи тољикон даромада, онњоро гўё бори дигар “огоњ” намудаанд, ки “ўзбек” будани худро фаромўш накунанд. Њамон лањза яке аз маќсадњои асоситарин ва наздиктарини амалдорони љумњурињои чї Бухоро ва чї Туркистон ин ба инобат нагирифтани мављудияти тољикон буду бас. Дар ин љода онњо аз дин њам моњирона истифода бурдаанд. Худ тасаввур кунед, њанўз њам аз тољик ё худ ўзбек, ки ба дин эътиќоди сахт дорад, саволомез пурсед: «тааллуќ ба кадом миллат дорад?». Дар љавоб албатта мегўяд: «Алњамдулиллоњ мусулмонам!» Пас, дар он солњои пурфољиаи 20-ум тољики аз тарсу вањм гумроњгардида аз куљо медонист, ки њангоми пурсидани миллат ба љои “мусулмон” бояд “тољик” гўяд! Ѓайр аз ин сиёсатмадороне, ки њаллу фасли миллиро ба дўш доштанд, чунин ташвиќ мекарданд, ки «њар ки суннимазњаб аст, туркасл ва њар ки шиамазњаб аст, ирониасл мебошад». Маълум аст, ки дар Осиёи Миёна, махсусан дар Бухоро ва Самарќанд дар радифи тољикон ирониён низ зиндагї мекунанд. Агарчї тољикону ирониён ба гавњар як халќ мебошанд, тафовути мазњабї онњоро аз њам људо мекунад. Чуноне пештар таъкид намудем, дар аморати Бухоро ихтилофњои мазњабї бо ихтилофњои мансабї омехта шуда, январи соли 1910 дар шањри Бухорои Кўњна сабабгори хунрезии сахт гардида буд. Соли 1924 бошад амалдорони Бухоро чунин ихтилофоти мазњабии тољикон ва ирониёнро ба инобат гирифта ба гумоштагони худ дастур доданд, ки: «њар касе худро суннимазњаб њисобад, вай ўзбек аст, њар касе худро тољик њисобад, вай шиамазњаб аст». Дар натиљаи чунин «муайян» кардани миллат бисёр тољикони бухорої худро «ўзбек» њисобиданд. Зеро, онњо шиамазњабиро барои худ њам тањќир ва њам гуноњи азим мењисобиданд. Як нуќтаи дигарро низ хотирнишон карданием, ки дар замони бунёди љумњурињои миллї ва баъди он њам, баъзе тољикони њаваси мансаб намуда, мањз сиёсати туркпарастї, баъд ўзбекпарастии њукуматдорони сараввал љумњурињои Бухорою Туркистон, сипас Ўзбекистонро ба инобат гирифта, бањри мансаб аз асли хеш даст кашида, барои “исботи” туркнажодї худро њатто аз авлодони “яссавї” ё худ “љаѓатойї” ба ќалам медоданд. Минбаъд тољикони “ўзбек” номнависшуда худро барѓалат “ўзбекони тољикзабон” мењисобиданд, ки чунин шахсон хело бисёранд. Дар охир бори дигар таъкид намуданием, ки дар марњилаи гузаронидани таќсимоти њудудї миллии Осиёи Миёна беадолатињо нисбати халќи тољик на аз тарафи халќи ўзбек, туркман, ќирѓиз, ќазоќ ва ѓайра, балки дар натиљаи бемасъулиятию берањмї ва мавќеи нодурустро ишѓол намудани арбобони масъули чї њизбию шўравии мањаллї ва чї марказї, махсусан дар натиљаи шитобкории онњо дар гузаронидани ин гуна чорабинињои муњими њалќунандаи таќдири халќњо содир гардидааст. Бинобар ин оиди беадолатињои содиршуда гуноњ, аќалан масъулиятеро ба дўши ин ё он халќе гузоштан асос ва маъние надорад. Махсусан, чуноне дар боло таъкид намудем, халќњои тољику ўзбек асрњо боз дар сарзамини Осиёи Миёна бо њам унс гирифта, бародарвор кор ва зиндагї доранд. Имрўз њам мардуми асосии аксари ноњияњои љумњурињои Тољикистону Ўзбекистонро (ба чуз ноњияњои кўњї) тољикону ўзбекњо ташкил мекунанд. Аз ин рў дар дохили ин ё он љумњурї ба эътибор нагирифтани манфиати маънавии ин њарду миллати бо њам дўст, љинояте дар назди руњи поягузорони дўстии ин ду халќ мебуд. Албатта онњое, ки дар он солњои душвор ба хатогињои љиддї, ё худ нисбати тољикон љинояте содир намудаанд, намедонистанд, ки рўзе ин љумњурињо мустаќил мегарданду, хати нодурусти сарњадии бо ќалам муайянкардаашонро симхорњои касногузар иваз мекунад. Новобаста аз њама душворињо ва хатогињое, ки њангоми таќсимоти њудуди миллии Осиёи Миёна нисбати тољикон рух додаанд ва дар таърих ин таќсимот њатто номи «табартаќсим»-ро гирифтаст, бунёди ЉМШС Тољикистон барои халќи тољик ањамияти бузурги таърихї дошт. Зеро он ќадами аввал ба соњибистиќлолии Љумњурии Тољикистон ба њисоб меравад. Агар љумњурии мухторї намебуд, он гоњ љумњури иттифоќии Тољикистон њам намешуд. Дар њолати набудани ин њар ду њољат ба истиќлолияти давлатии тољикон њам намешуд. БОБИ XVI. Тољикон дар замони мухторият ва ба Љумњурии Иттифоќї табдил ёфтани он (соњои 1924 - 1929) |