апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
Скачать 3.71 Mb.
|
§ 8. Вазъи њаёти иќтисодию иљтимої ва фарњангии љумњурї Масъалаи замин. Барои ЉХШ Бухоро муњимтарин чорабинии иќтисодию иљтимої ин њалли масъалаи замин ва муайян намудани муносибат бо дењќон ба њисоб мерафт. Бо њамин маќсад Кумитаи Инќилобии Умумибухорої њанўз мувофиќи аввалин манифести худ эълон намуд, ки дар њудуди љумњурї: заминњои дар ихтиёри амир, амалдорони амир, ќозињо ва заминдорони калон бударо мусодира намуда, онњоро дар байни дењќонони камзамину безамин таќсим менамояд; хирољ, аминона ва дигар намуди андозњоро бекор мекунад ва ѓайрањо. Кумитаи Инќилобии Умумибухорої 30 сентябри соли 1920 декрет дар бораи заминро тасдиќ намуда, онро 5 октябри њамон сол эълон кард. Дар асоси ин декрет чорабинињои оиди њалли масъалаи замин, ки дар манифест акс ёфтаанд, ба ќонуният дароварда шуданд. Манифест ва декрети номбурда дар љумњурї њанўз њалли ќатъии масъалаи замин набуд. Вазъи љумњурї дар назди роњбарони он њар чї зудтар њал намудани ин масъаларо гузошт. Зеро, бо сабаби он, ки зиёда аз 85 % ањолии љумњурии Бухороро дењќонон ташкил мекарданд, барои њукумати нав, аз њалли масъалаи замин масъалаи ба тарафи сохти нав љалб намудани дењќонон сахт вобастагї дошт. Инак, дар назди њукумати љавони Бухоро вазифа меистад, ки хусусиятњои љумњуриро ба инобат гирифта, дар шароити он роњњои њалли масъалаи аграриро пешнињод намоянд. Аммо оиди ин масъала дар доираи мутасаддиёни њукумати Бухоро фикри ягона вуљуд надошт. Аз љумла гурўњи якум, бо сарварии котиби КМ ЊК Бухоро Наљиб Њусаинов тарафдори дар љумњурї миллї кунонидани тамоми замин, аз љумла заминњои ваќфиро талаб мекарданд. Ин гурўњро гурўњи “чап” мегуфтанд. Гурўњи дуюм, ки ба он раиси онваќтаи Кумитаи Инќилобии Умумибухорої Абдуќодир Муњиддинов сарварї мекард, талаб мекарданд, ки дар баробари мусодира карда, ба дењќонони камзамину безамин таќсим карда додани замини амиру амалдорони он, инчунин мулкњои заминдорони калонро нигоњ дошта, барои бо роњи капиталистї инкишоф ёфтани хољагии ќишлоќ шароит муњайё карда шавад. Тарафдорони ин аќидаро гурўњи “рост” меномиданд. Гурўњи сеюм, бо сарварии раиси Шўрои Нозирони Халќии ЉХШБухоро Файзулло Хољаев мавќеи миёнаро ишѓол намуда, миллї кунонидани заминњои амир ва амалдорони онро маъќул шуморида, барои миллї кунонидани заминњои заминдорони калон ва заминњои ваќфї њанўз сабр карданро талаб мекарданд. Тарафдорони ин аќидаро гурўњи “миёна” мегуфтанд. Нињоят, 2 феврали соли 1921 дар асоси андешањои гурўњњои “чап” ва “миёна” декрети нав дар бораи замин ќабул гардид. Дар асоси он тамоми замин, аз он љумла замини ваќфї њам миллї кунонида шуд. Албатта дар шароити њамонваќтаи мураккаби љумњурии Бухоро, махсусан миллї кунонидани замини ваќфї хатои љиддї буд. Бинобар ин бо ављ гирифтани њаракати зиддишўравї аз миллї кунонидани заминњои ваќфї бо зудї даст кашиданд. Октябри соли 1923 анљумани IV Шўроњои ЉХШ Бухоро Кодекси замин (Ќоидаи асосї оиди истифодаи замин дар ЉХШБухоро)-ро ќабул кард. Он тамоми замин, об, боигарии зеризаминї ва љангалро мулки давлатї эълон кард. Танњо заминњое, ки дар ихтиёри масљидњо (яъне мулки ваќфї) ва роњњои оњан буданд ба ихтиёри ташкилотњои дахлдор гузошта шуд. Кодекси замин дар шароити ЉХШБухоро интихоби шаклњои гуногуни коркарди заминро пешнињод кард. Аз љумла; I) шакли общинагї (мањсулоти он дар байни хољагињо баробар таќсим карда мешуд); 2) шакли участкавї (бо муайян намудани њиссаи аъзоён ба замин); 3) шакли ширкатї (аз тарафи аъзоёни ширкат якљоя кор кардани замин); 4) шакли омехта. Кодекс ба хариду фурўш ва таќдим намудани заминњои обї иљозат дода, барои заминњои лалмї ва љангал чунин њуќуќро намедод. Инчунин миќдори умумии замини як хољагї бояд аз 30 таноб (тахминан 7-8 га) зиёд намешуд. Ба истифодаи мењнати кироя, ба иљора додани замин ва усули чоряккории замин иљозат буд. Вале ин њама бояд дар зери назорати органњои њукуматї мегузашт. Њамин тавр дар љумњурии Бухоро ба шакли асрњо боз идома доштаи заминдории амлокї (аз он љумла амирї) ва мулкї (чї мулки андозї ва чї озод) хотима дода шуд. Масъалаи андоз. Дар ЉХШ Бухоро аз сентябри соли 1920 андози замин бекор карда шуд. Мувофиќи он дењќонон аз супоридани тамоми намуди андозњо озод буданд. Чунин њолат то аввали соли 1922 давом кард. Аммо дар ќисми Бухорои Марказї (Ѓарбї), чун Русияи Шўравї аз 11 октябри соли 1920 нисбат ба ѓалла, љуворї, љав, тухми алаф ва мавиз развесткаи озуќа љорї карда шуд. Дар асоси он як њиссаи мањсулотњои номбурдаро ба ихтиёри худи дењќонон гузошта, боќимондаашро ба фоидаи давлат кашида мегирифтанд. 18 октябри он сол ќарори Кумитаи Инќилобии Умумибухорої баромад, ки мувофиќи он соњибони пахта, пўсти ќароќулї, пашм ва мањсулотњои мануфактурї бояд мањсулоташонро ба давлат супоранд. Давлат бошад дар ваќти ба худ муносиб бо соњибони он мањсулотњо гўё њисобї мекардааст. Баъди он, ки дар Русияи Шўравї анљумани X њизби болшевикї (марти соли 1921) ба љои развесткаи озуќавї андози озуќавиро љорї намуд, дар ЉХШБухоро њам чунин таѓйирот ба амал омад. 26 ноябри соли 1921 ќонуни Кумитаи Инќилобии Умумибухорої оид ба андозњои давлатї нашр гардид. Њамин тавр дар ќисми зиёди сарзамини љумњурии Бухоро (яъне ќисми марказї, ё худ ѓарбии он) зиёда аз як сол развесткаи озуќавї давом кард ва он барои тамоман хароб гардидани хољагињои мардуми ин мулк яке аз сабабњои асосї гардид. Дар Бухорои Шарќї бошад, бо сабаби ављ гирифтани њаракати зиддишўравї, развесткаи озуќавї љорї карда нашуд. 26 ноябри соли 1921 Ќонуни љумњурї оиди андоз тасдиќ гардид. Дар он талабњои шариатро ба инобат гирифта, шаклњои зерини андоз љорї карда шуд: 1) ушр (номи пештарааш хирољ) - аз кишоварзон, ба миќдори аз дањ як њиссаи њосил; 2)закоти савоим - андоз аз чорво ба миќдори як сар аз њар 40 сар гови шохдор ё худ моли майда; 3) андоз аз мањсулоти косибону њунармандон ва тољирон дар њаљми аз чил як њиссаи сармояи асосї ва ѓайрањо. 27 декабри соли 1922 декрети раёсати Кумитаи Инќлобии Умумибухорої оиди аз 1 январи соли 1923 љорї намудани андозњои нави давлатї баромад, ки мувофиќи он ба ѓайр аз андозњои “ушр” ва “закоти савоим” дигар намуди андозњоро бекор намуда, ба љои онњо шаклњои зерини андозро љорї карданд: 1) андози савдою саноатї (патентї); 2) андоз аз даромад (подоходный); 3) андоз аз истифодаи замину об (аз њар таноб 15 тангаи тилло); 4) андози беморї (аз њар оила 50 тангаи тилло) ва мўњрона. Аз октябри соли 1923 барои заминњои ваќфї њам миќдори андоз, чун дигар шаклњои замин аз дањ як њиссаи њосил муайян карда шуд. Дар асоси декрети номбурда 13 декабри соли 1923 Комиссияи диктаторї барои мардуми Бухорои Шарќї шаклњои зерини андозро муайян кард: 1) ушр-аз дањ як њиссаи њосил; 2) закот-аз чил як њиссаи мањсулоте, ки ба бозор бароварда мешавад; 3) закоти савоим-аз њар 40 сар чорво як сар.Њангоми аз он зиёд будани чорво: аз 40 то 120 сар –ду сар, аз 120 сар-се сар, аз он зиёд-аз њар 100 сар як сар; 4) њасана-барои чарогоњњо-аз њар 100 сар чорво-як сар; 5) боѓпулї-андоз аз токзор ва дарахтњои мева-аз њар таноб-25 фунт мавиз ё худ меваи хушк ва ѓайрањо. Бо маќсади инкишофи пахтакорї дар љумњурии Бухоро ва барои кишти пахта њавасманд намудани дењќонон, мувофиќи ќарори Кумитаи Иљроияи Умумибухорої аз 19 марти соли 1924 хољагињои пахтакор аз супоридани андоз аз њосили пахта озод карда шуданд. Ба ѓайр аз ин 10 апрели соли 1921 ќарори Кумитаи Инќилобии Умумибухорої бароварда шуд, ки мувофиќи он дењќонон барои њар як таноби кишти пахта мањсулотњои зеринро бепул мегирифтанд: 1) як пуд пундонаи тухмї барои кишт; 2) Як пуд пундона барои равѓан; 3) се фунт керосин; 4) дуним оршинї молњои мануфактурї; 5) барои њар таноб пахтаи навъи америкої-5 њазор сўми пули наќд; 6) барои њар таноб пахтаи навъи љойдорї-ѓўза - 4 њазор сўм пул ва ѓайрањо. Дар сарзамини ЉХШБухоро њам аз рўи таљрибаи љумњурии Туркистон ташкилотњои хурди ќарздињї ташкил карда шуданд. Онњо бо ташаббуси худи истењсолкунандагон ташкил меёфтанд. Њокимият онњоро аз њар љињат дастгирї мекард. Мувофиќи маълумоти 13 июни соли 1924 чунин ташкилотњо дар љумњурии Бухоро низ аллакай 8.400 нафар аъзо доштанд. Шўъбаи бухороии бонки Кишоварзии Осиёимиёнагї барои эњтиёљоти онњо 214 њазор сўм пул људо карда буд. 21 феврали соли 1924 дар љамъомади раёсати Шўрои Иќтисодии Бухоро масъалаи ташкил намудани ширкати ќарздињии кишоварзї дида шуд. То 24 ноябри њамон сол миќдори чунин ширкатњо дар љумњурї ба 79 адад расид, ки барои онњо бонки номбурда 500 њазор сўм људо кардааст. Ин њама чорабинињо имконият доданд, ки дар ЉХШБухоро, то андозае пахтакорї пеш равад. Соли 1923 аз Бухоро ба Русия ќариб 450 њазор пуд ва соли 1924 – 885 њазор пуд пахта фиристода шуд. Вазъи молиявї ва саноат. Баъди инќилоби Октябрии (соли 1917) Русия вазъи молиявии аморати Бухоро махсусан душвор гардид. Дар њудуди аморат амалиёти 14 намуди пулњоро дидан мумкин буд. Дар байни онњо пули замони Њукумати Муваќќатии Русия “керенка” маќоми асосиро ишѓол мекард. Пулњои шўравии барориши солњои 1918 ва 1919, инчунин бонњои Туркистонї дар њудуди аморати Бухоро амал намекарданд. Баробари сарнагун намудани тартиботи амирї дар њудуди љумњурии навбунёди Бухоро низ пули шўравии барориши соли 1919 ќабул гардида бошад њам, вале нокифоягии он сахт эњсос карда мешуд. Нархњо пай дар пай меафзуд. Охири соли 1920 бонки Халќии љумњурии Бухоро ташкил карда шуд. Сентябри соли 1922, бо сармояи 5 млн сўми тилло бонки Халќии Бухоро ба бонки Давлатї табдил ёфт. Дар ин муддат њукумати љумњурии Бухоро бо маќсади бењтар намудани вазъи молиявии худ, махсусан бартараф намудани норасоии пули наќд, ба барориши пулњои ќоѓазии “1000, 2000 ва 3000” сўма шурўъ кард, ки онњоро пулњои шўравии бухорої њам мегуфтанд. Чунин пулњо њар рўз бо усули нисбатан оддї, дар дастгоњи (станоки) дастї, ба миќдори аз 3 то 5 млн сўм бароварда мешуд. Албатта ин пул дар ќаламрави љумњурии Бухоро ба амалиёти озодонаи пули Русияи Шўравї ва ќурби он таъсири манфї расонид. Бинобар ин бо “хоњиши” њукумати Иттињоди Шўравї аз 2 майи соли 1923 барориши пули шўравии бухорої ќатъ гардид. Баъди он Бухоро низ ба доираи пули ягонаи иттифоќї дохил шуд. Соли 1924 дар Бухоро, дар ќатори бонки Давлатї ва бонки Кишоварзии Осиёмиёнагї, инчунин бонки Тиљоратии Осиёимиёнагї, ки њамон сол бунёд гардидааст, аллакай фаъолияти худро сар карда буд. Ин њама вазъи молиявии љумњурии Бухороро оњиста-оњиста бењтар намуданд. Вазъи саноати љумњурии Бухоро боз њам вазнинтар буд. Дар натиљаи воќеањои солњои 1917-1921 ќариб њамаи корхонањои саноатии љумњурї хароб гардида, соњибонашон гурехта буданд. То 1 июни соли 1921 агарчанде 4 заводи равѓанкашї ба кор шурўъ кард, вале соли 1924 бо сабаби нарасидани ашёи хом танњо яктои онњо кор мекарду халос. Аз 35 заводи пахтатозакунии дар замони амирї вуљуддошта, соли 1924 танњо 6 адади чунин заводњо ба кор омода буда, онњо дар Бухорои Нав (Когон), Кармина ва Ќарокўл љойгир буданд. Вазъи маорифу фарњанг ва нигањдории тандурустї. Вазъи маорифу фарњанг дар сарзамини собиќ аморати Бухоро баъди сарнагун намудани тартиботи амирї дар њолати мураккабтарин афтод. Зеро, дар замони амирї, чуноне дар бобњои пештара таъкид намудем, бо ташаббуси љадидон, бо душворињои зиёд, бар хилофи сиёсати њукумати амирї, ба тарзи пинњонї барои бухороиён мактабњои усули нав (љадидї) кушода мешуд ва шумораи онњо сол аз сол меафзуд. Акнун, баробари сарнагун намудани тартиботи амирї, њукумати нави Бухоро бо каме таѓйирот мактабњои усули навро, чун мактабњои шўравї ба расмият дароварда, барои кушодани онњо, ба ќадри зарурї имкониятњоро муњайё намуд. Фаъолияти мактабњои усули кўњна бошад, аз тарафи њукумати нав сол аз сол мањдуд карда мешуд. Мактабњои усули нав, яъне акнун шўравї, дар давраи нав ба душворињои дигар дучор омад. Зеро, ќисми зиёиёни пешќадами бухорої, агарчанде амирро дастгирї накарданд, аммо аз тартиботи нав њам рў гардонида, ё хонашин шуданд, ё ба хориља фирор карданд. Бинобар ин барои кушодани мактабњои нав пеш аз њама муаллим-омўзгор ва бинои таълимї намерасид. Аз њамин сабаб чунин мактабњо, мисли пештара бештар дар хонањои бойњо (дар давраи нав аксари онњо гурехта буданд.), баъзан дар масљидњо кушода мешуд. Умуман, ба душворињои мављуда нигоњ накарда њукумати нави Бухоро њалли масъалаи маорифро зарур шуморид. Њанўз аввали сентябри соли 1920 Кумитаи Инќилобии Умумибухорої бо манифест эълон намуд, ки дар љумњурї таълими бепул љорї карда мешавад, талабагонро бо либос ва пойафзол таъмин менамояд, китобхонањо, клубњо, яслию боѓчаи кўдаконро ташкил менамояд. Вале ба њамаи ин нигоњ накарда муваффаќиятњо чандон назаррас набуданд. Танњо соли 1922 дар ин соња каме пешравї ба вуљуд омад. Дар ин сол дар љумњурї 55 адад, аз љумла 37 мактабњои ибтидої ва миёна, 3 мактаби махсуси занона ва духтарона, 12 интернат, 4 мактаби мусиќї ва якто мактаби њунармандї амал мекарданд. Соли 1924 шумораи умумии мактабњои шўравї дар ЉХШБухоро ба 69 адад расид. Дар онњо 5604 нафар талабагон мехонданд, ки ин њамагї 3,1 фоизи миќдори умумии талабагонро ташкил медод. Дар мактабњои усули кўњна бошад он сол 12 њазор нафар талабагон тањсил мекарданд, ки он 6,6 фоизи миќдори умумии талабагонро ташкил менамуд. Яъне миќдори талабагони мактабњои усули кўњна аз мактабњои усули нав њанўз бештар аз ду баробар зиёд буд. Тањсил дар мактабњои шўравї танњо ба забони туркї, дар мактабњои усули кўњна ба забони форсии тољикї мегузашт. Аз соли 1921 барои калонсолон мактабњои мањвї бесаводї ташкил карда шуд, ки миќдори онњо соли 1924 ба 45 адад расид ва дар онњо таќрибан 4 њазор нафар талабагон сабаќ меомўхтанд. 1 майи соли 1923 дар шањри Бухорои Кўњна аввалин мактаби њизбию шўравї ташкил карда шуд, ки он барои љумњурї мутахассисони њизбию шўравиро тарбия менамуд. Бо маќсади тайёр намудани омўзгорон соли 1922 дар Бухоро ва Чорљўй Донишкадањои муаллимтайёркунї кушоданд. Инчунин худи он сол 300 нафар бухороиёнро барои тањсил ба Москва фиристоданд. Аз дигаргунињои соњаи маориф Бухорои Шарќї низ дар канор намондааст. Њанўз моњи марти соли 1921 дар Душанбе нозироти вилоятии маорифи халќї ташкил ёфт. Барои ташкили мактабњои шўравї ба ин љо аз Бухоро мутахассисон фиристода шуданд. Аз љумла, худи он сол ба Душанбе ва Њисор ду нафарї чунин шахсон омаданд. Дар натиља бањори њамон сол дар водии Њисор аллакай 5 адад мактабњои шўравї ташкил ёфтанд, ки дар онњо 600 нафар талаба тањсил мекарданд. Бо маќсади њарчї зудтар тайёр намудани омўзгорон апрели соли 1921 дар Душанбе курси семоња ташкил ёфт, ки дар он 40 нафар шахсони дар мадрасаю мактабњо таълимгирифта тањсил мекарданд. Июли њамон сол 25 нафари онњо курсро тамом намуда, ба љумлаи аввалин омўзгорони шўравии Бухорои Шарќї дохил шуданд. Охири соли 1920 дар шањри Бухорои Кўњна китобхонаи махсус ба кор шурўъ намуд. Бо ташаббуси њукумати љумњурї дар дигар нуќтањо низ китобхонањо ба вуљуд омаданд ва соли 1924 миќдори умумии онњо ба 13 адад расид. Аз љумла соли 1923 аз Ќаршї ба Душанбе 3 њазор нусха китоб оварда шуд ва он асоси аввалин китобхона (аввал дар назди гарнизони аскарони сурх) гардид. Њукумати љумњурии Бухоро ба масъалаи нигоњдории тандурустии мардум низ ањамияти љиддї медод. Бо маќсади пешгирии њар гуна беморињо ботлоќзорњоро хушк мекарданд. Ба муќобили беморињои сирояткунанда чорањои заруриро медиданд. Беморхонањо ташкил менамуданд. Октябри соли 1923 дар ЉХШБухоро 5 адад беморхонањои халќї амал мекарданд, ки онњо дар як ваќт 240 нафар беморонро табобат карда метавонистанд. Беморхонањо дар Бухорои Кўњна, Бухорои Нав (Когон), Ќаршї, Кармина ва Чорљўй љойгир буданд. Дар Душанбе, Каркї, Кўлоб, Тирмиз, Ќаратоѓ, Шањрисабз ва Чорљўй нуќтањои табобатї амал мекарданд. Дар Бойсун, Шањрисабз, Китоб, Ѓузор, Нурато, Ѓиждувон, Вобкент ва Ќарокўл нуќтањои фелдшерї вуљуд доштанд, ки онњо ба беморон маслињатњои зарурї медоданд. Дар худи шањри Бухорои Кўњна лаборатория ва нуќтањои марказии ба муќобили бемории табларза, аз 1 январи соли 1924 Пажўњишгоњи минтаќавї (тропикї) амал мекард. Дар Душанбе низ нуќањои пешгирии бемории табларза ташкил ёфт. Барои пешгирии њаргуна беморињо ва табобати онњо дар нуќтањои дурдасти љумњурї аз имкониятњои ќисмњои аскарони сурх низ истифода мебурданд. Аз љумла, њанўз њукумати мањаллии Бухорои Шарќї бо ќисми санитарии корпуси 13-уми тирандозї дар бораи дар Ѓарм, Кўлоб, Ќўрѓонтеппа ва Шеробод ташкил додани нуќтањои табобатї шартнома имзо карда буд. Бо ташаббуси њукуматдорони мањаллї дар чойхонањо гўшаи санитарию гигиенї ташкил карданд. Адабиёт. Мањз дар давраи мављудияти ЉХШБухоро ташаккулёбии адабиёти навини тољик дар асоси адабиёти классикии он оѓоз гардид, ки бунёдгузорони он С.Айнї, М.А. Мунзим, М. Рањимї (1901-1968), А. Лоњутї (1887-1957), П. Сулаймонї (1899-1933), ва дигарон буданд. С.Айнї бо шеърњои инќилобї ва маќолањои публисистии худ дар сарнагун намудани тартиботи иртиљоии амирї њисса гузошт. Вай дар он солњо дар баробари бо ду забон; форсии тољикї ва ўзбекї навиштани асарњои худ, инчунин барои тарбияи адибони љавони ин ду халќи ба њам дўст њисса гузошт ва аз ин рў, дар баробари сардафтари адабиёти навини тољик будан, сардафтари адабиёти навини ўзбек низ гардид. С.Айнї соли 1920 повести таърихии худ “Љаллодони Бухоро” (ба забони ўзбекї навиштааст), солњои 1918-1921 очеркњои таърихии “Таърихи афкори инќилобї дар Бухоро” (аввал ба забони форси тољикї навишта, баъд ба ўзбекї тарљума кардааст), солњои 1921-1922 “Таърихи амирони манѓитияи Бухоро” (ба забони форсии тољикї), соли 1924 повести “Одина”-ро (ба забони форсии тољикї) навиштааст. А. Лоњутї соли 1922 аз таъќиби њукуматдорон ватанаш-Эронро тарк намуда ба мамлакати Шўроњо омад. Вай соли 1923 достонњои “Кремл” ва “Инќилоби Сурх”-ро офарид. Шеърњои М.А. Мунзим, П.Сулаймонї, М. Рањимї тез-тез дастраси хонандагон мегардиданд. Њанўз охири соли 1920 дар Бухоро нашриёти давлатї ташкил ёфт. Зарурияти нашри вараќањои зиёди ташвиќотиро ба инобат гирифта, соли 1923 дар Душанбе нашрияи хурдеро бунёд карданд. Њамин тавр дар ЉХШБухоро дигаргунсозињо дар соњањои гуногуни њаёти иљтимоию иќтисодї ва фарњангї бо душворињои хеле зиёд оѓоз гардида буд. БОБИ XV. Ташкилёбии Љумњурии Мухтори Шўравии сотсиалистии Тољикистон §1. Сабабњои гузаронидани таќсимоти њудуди миллї дар Осиёи Миёна ва аввалин пешнињодњо оиди ин масъала Сабабњои гузаронидани таќсимоти њудуди миллї. 30 декабри соли 1922 Иттињоди Љумњурињои Шўравии Сотсиалистї (ИЉШС-СССР) бунёд гардид. Њамон ваќт ба ин њайат 4 љумњурї: Федератсияи Русия (РСФСР), љумњурињои Украина, Белорусия ва Федератсияи Закавказя (ЗСФСР) шомил буданд. Дар сарзамини Осиёи Миёна њамон лањза се љумњурї: Љумњурии Мухтори Шўравии сотсиолистии Туркистон (дар њайати Федератсияи Русия) ва љумњурињои мустаќили халќии Шўравии Бухоро ва Хоразм вуљуд доштанд. Љумњурии Туркистон ба воситаи Федератсияи Русия ба њайати ИЉШС дохил мешуд. Љумњурињои Бухоро ва Хоразм ба он шомил набуданд. Дар љумњурињои Осиёи Миёна њам, чун дар Русия, њизби коммунистї ягона њизби њукмрон ба њисоб мерафт. Маќсаду мароми њамаи ин њизбњо, чун њизби коммунистии (болшевикии) Русия бунёди љамъияти сотсиалистї буд. Барои сохтмони љамъияти сотсиалистї дар шароити Осиёи Миёна пеш аз њама њал намудани масъалаи миллї зарур шуморида мешуд. Њалли масъалаи миллї бошад, чуноне асосгузори њизби болшевикии Русия ва сарвари Њокимияти Шўравї В.И. Ленин тавсия ва асоснок намуда буд, ин ба њамаи миллатњои собиќ мазлуми империяи Русия додани њуќуќи худмуайянкунии миллї, то ин ки онњо озодона шакли давлатдории миллии худро бунёд намоянд, ба њисоб мерафт. Љумњурињои Туркистон, Бухоро ва Хоразм дар навбати худ љумњурињои миллї набуда, балки љумњурињои гуногунмиллї, ё худ сермиллат ба шумор мерафтанд. Аниќтараш номи онњо ифодакунандаи номи ягон миллате набуд. Чунончї: дар њудуди љумњурии Туркистон – ўзбекњо, тољикњо, ќирѓизњо, туркманњо, ќазоќњо; дар љумњурии Бухоро – тољикњо, ўзбекњо, туркманњо; дар љумњурии Хоразм – ўзбекњо, туркманњо, ва ѓайра асрњо боз зиндагї карда, талхию ширинии замонро бо њам чашидаанд. Аммо бо сабаби он ки њамаи он халќњо зинаи тараќќиёти љамъияти капиталистиро пурра аз сар нагузаронидаанд, бинобар ин онњо њанўз то ба дараљаи миллат ташаккул наёфта буданд. Махсусан худшиносии миллии тољикон нисбатан ба дараљаи паст буд. Яъне он солњо тољиконро бештар на аз рўи миллат ва њатто забон, балки аз рўи мањал: бухорої, самарќандї, хуљандї, намангонї, фарѓонагї, тошкандї, кўлобї, ќаротегинї, њисорї ва ѓайра фарќ мекарданд. Мардуми туркнажод бошанд њанўз нишонањои ќавмї-ќабилавиро ба монанди: лаќайњо, ќунѓуротњо, барлосњо, манѓитњо, ќарлуѓњо, кенагасњо, галдирњо ва ѓайра нигоњ медоштанд. Њамаи онњо мафњуми «миллат»-ро мансубият ба дин медонистанд. Бо њамин сабабњо дар њудуди Осиёи Миёна ва њатто берун аз он њам то ба ин давр намояндагони тољикон ва ўзбекњо њељ гоњ масъалаи бунёди давлатдории миллии худро нагузоштаанд. Баръакс, дар байни онњо андешањои: “истиќлолияти Туркистон”, “аз нав барќарор намудани хонигарии Ќўќанд”, “истиќлолияти њаќиќии Бухоро” ва ѓайрањо вуљуд доштанд. Дар замони мустамликавї дар њаракатњои миллию озодихоњонаи халќњои тољику ўзбек мањз њамин майлонњоро пай бурдан мумкин аст. Вале талабу кўшишњои ќазоќњо ва туркманњо барои истиќлолият то андозае ба талаби бунёди давлатдории миллї наздик буд. Њамин тавр ба миён омадани масъалаи бунёди давлатдории миллии тољикон ва ўзбекњо натиљаи талаби худи ин халќњо набуда, балки натиљаи сиёсати миллии њизби коммунистии (болшевикии) Русия ба њисоб меравад. Дар Осиёи Миёна мањз бо талабу ташаббуси онњо, бо маќсади тезонидани сохтмони љамъияти сотсиалистї масъалаи таќсимоти њудуди миллї ба миён гузошта шуд. Њизбњои коммунистии љумњурињои Осиёи Миёна бошанд, оиди ин масъала, асосан иљрокунандагони дастур ва талабу дархостњои сарварони њизби коммунистии (болшевикии) Русия, Њокимияти Шўравї ва фиристодагони онњо буданд. Аввалин пешнињодњо оиди таќсимоти њудуди миллї дар Осиёи Миёна. Мутасаддиёни њизби коммунистии (болшевикии) Русия, махсусан онњое, ки бо масъалаи Осиёи Миёна машѓул буданд, њанўз солњои 1920-1921 ба хулосае омада буданд, ки дар шароити ин кишвар њалли љиддии масъалаи миллї бе гузаронидани таќсимоти њудуди миллї ѓайриимкон аст. Дар натиља мањз аз тарафи онњо аввалин пешнињодњо оиди таќсимоти њудуди миллии Осиёи Миёна њанўз пеш аз марзбандии соли 1924 ба миён омад. Чунончї, 15 январи соли 1920 Турккомиссия «Дар барои аз рўи нишонањои миллї ба се љумњурињои алоњида таќсим намудани Туркистон» фишурдаеро ќабул намуд. Албатта ин љо танњо ташкил намудани љумњурињои Ўзбекистон, Туркманистон ва Ќирѓизистонро дар назар доштанд. Вале њамон лањза ќайд карда шуд, ки њалли амалии ин фишурда њанўз масъалаи рўзмарра намебошад. Бояд таъкид кард, ки аз рўзњои аввал ва минбаъд њам сарриштаи њар гуна масъала оиди таќсимоти њудуди миллии љумњурињои Осиёи Миёна дар ихтиёри мутасаддиёни ЊК(б) Русия ва Њокимияти Шўравї буд. Мањз онњо муайян мекарданд, ки дар ин сарзамин кадом халќњо муќимї мебошанду, кадоме њуќуќи ташкили љумњурии миллии худро доранд. Аз љумла, 8 марти соли 1920 Кумитаи Марказии ин њизб «Низомнома дар бораи мухторияти Туркистон»-ро ќабул кард, ки мувофиќи он ањолии асосии ин љумњурї танњо туркманњо, ўзбекњо ва ќирѓизњо њисоб шуда, тољикон, ба тарзи умумї, ба њайати миллатњои хурд дохил карда мешуд. Ё худ, дар радиограммаи котиби Кумитаи Иљроияи Марказии (КИМ) Федератсияи Русия Н.Н. Крестинский ба номи сарварони Турккомиссия ва КИМ Туркистон (соли 1920) низ гуфта мешуд: «Туркистон њамчун љумњурии мухторї шинохта мешавад ва мардуми асосии он: туркманњо, ўзбекњо ва ќиргизњо мебошанд». В.И. Ленин низ ба масъалаи таќсимоти њудуди миллии Осиёи Миёна дахолат намуда, њанўз 13 июни соли 1920 дар ќайдњои худ дар лоињаи ќарори КМ оиди вазифањои ЊК(б) Русия дар Туркистон, зарурияти тартиб додани харитаи Туркистонро «бо таќсим намудан ба Ўзбекия, Кирѓизия ва Туркмения» таъкид карда, тавсия намуд, ки махсусан шартњои муттањидшавї ё худ људошавии ин се ќисмро аз њар љињат омўзанд. Инчунин мувофиќи яке аз мактубњои КМ ЊК(б) Русия аз 12 августи соли 1920 њамаи ташкилотњои њизби коммунистии Туркистонро таъкид шудааст, ки «халќњои муќимии Туркистон ўзбекњо, ќиргизњо ва туркманњо ба њисоб мераванд. Њокимияти Шўравї бояд ба оммаи мењнаткаши ин халќњо такя кунад». Аксари амалдорони њизбию шўравии марказ, дар аввал Федератсияи Русия ва баъд Иттифоќ, ки дар Осиёи Миёна бо гузаронидани сиёсати миллї кордор буданд, мањз дар њамин гуна мавќеъ меистоданд. Ављи туркпарастї. Њељ љои шубња нест, ки дар доираи сиёсатмадорони љумњурињои Осиёи Миёна аз бунёди тартиботи Шўравї то мањви иѓвои Анварпошо (тобистони соли 1922) аќидаи туркпарастї (пантуркизм) њукмфармо буд. Чуноне дар бобњои гузашта таъкид кардем, аќидаи туркпарастї ба зудї дар байни намояндагони буржуазияи миллии халќњои туркзабон ва зиёиёни онњо њамовозї пайдо намуд. На танњо худи мамлакати Туркия, балки Ќрим ва Поволже њам аз нуќтањои манбаъвии пањнгардии ин аќида ба њисоб мерафтанд. Аз њамин нуќтањо, махсусан аз худи Туркия, ба воситаи он талабагоне, ки дар ин мулкњо тањсил мекарданд ва ба воситаи матбуоти даврї аќидаи туркпарастї ба Осиёи Миёна њам пањн гардид. Фољиаовар он аст, ки дар он солњо на танњо аз љумлаи намояндагони халќњои туркзабони ин кишвар, балки аз љумлаи тољикон низ бисёре ба њомиён ва ташвиќгарони ин аќида табдил ёфтаанд. Њанўз аз рўзњои аввали мављудияти тартиботи Шўравї, баробари аз тарафи болшевикон ба миён гузоштани масъалаи худмуайянкунии миллатњо, туркпарастон низ бо тамоми ќувват ба њаракат даромаданд. Онњо, ки дар байни амалдорони љумњурињои Осиёи Миёна, зиёиёни миллї ва ѓайра њомиёни зиёд доштанд, акнун дар ин сарзамин на танњо ба корњои ташвиќу тарѓиб, балки бањри амалии аќидањои худ шурўъ намуданд. Дар замони мављудияти љумњурињои Туркистону Бухоро яке аз самтњои асосии муборизаи туркпарастон ба муќобили эътирофи мављудияти тољикон равона гардида буд. Бинобар ин дар ин љумњурињо бе ягон калавиш мањз мављудияти тољикон чун миллат ва ё худ халќияти мустаќил инкор карда мешуд. Андешаи ѓайриилмии «аслан туркнажод будани тољикон» гўё дарёфтњои нави «илмї» ба њисоб мерафт. Чунончї, пўшида нест, ки яке аз шахсони асосии дар маъракаи марзбандии њудуди миллии Осиёи Миёна аз аввал то ба охир фаъолона ширкат варзида - Ф. Хољаев, раиси Шўрои Нозирони Халќии ЧХШ Бухоро мебошад. Вай, чуноне дар боби гузашта ќайд кардем, бунёдгузори њизби чавонбухориёни инкилобчї (аввали соли 1920) ва яке аз фаъолони сарнагун сохтани тартиботи амирии Бухоро ба њисоб меравад. Мањз ў барномаи њизби бунёдкардаашро тартиб додааст, ки онро 14 июли соли 1920 конфронси он њизб маъќул шуморид. Дар муќаддимаи он барнома чунин таъкид мешавад: «ќабилањои туркиро, аз љумла: кенагасњо, манѓитњо, ўзбекњо, туркманњо ва тољикњо, ки асрњо боз дар сарзамини Бухоро зиндагї мекунанд», ташкил медињанд. Яъне, он лањза на танњо Ф. Хољаев, балки дигар сарвару аъзоёни њукуматии чї Бухоро ва чї Туркистон аксаран аќидаи ягона доштанд, ки «тољикон аслан турканд». Дар ин асос баъзеашон тавсия мекарданд, ки «тољиконро бояд ба асл - мансубияти турк баргадонем». Минбаъд њамин Ф. Хољаев, ки сарвари њукумати љумњурии Бухоро гардид, бо њамфикронаш барои туркгардонидани тољикон тамоми имкониятњоро фароњам овард. Худи Ф. Хољаев яке аз он тољиконе буд, ки аз мансубияти миллии худ даст кашида, сараввал ба туркпарасти ашаддї ва сипас ба ўзбекпарасти љанговар табдил ёфтааст. Њамин тавр дар сарзамини Осиёи Миёна мувофиќи наќшаи њизби болшевикї масъалаи таќсимоти њудуди миллии кишвар, агарчанде барои он њанўз шароитњои объективию субъективї фароњам нарасида буд, ба миён гузошта шуд. Барои амалии ин тадбир аввалин пешнињодњо низ ба амал омаданд, ки дар њамаи онњо мањз мављудияти тољикон, чун миллати мустаќил ба инобат гирифта намешуд. |