апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
Скачать 3.71 Mb.
|
§1. Азнавсозињои маъмурию љамъиятї Таъсиси ташкилотњои давлатии Љумњурии Мухтории Тољикистон. Баъди бунёди љумњурии мухтории Тољикистон дар назди њукумати љавони он иљроиши вазифањои мураккаб меистод. Яке аз чунин вазифањо ин таъсиси ташкилотњои давлатии барои љумњурии мухторї ва љамъияти сотсиалистї хос ба њисоб мерафт. Бо зудї он ташкилотњои мањаллие, ки ба собиќ љумњурии Бухоро хос буданд, ба ташкилотњои мањаллии љумњурии мухтории Тољикистон табдил дода шуданд. Аммо, њанўз њам дар њудуди љумхурии мухторї ташкилотњои ба замони амирї хос вучуд доштанд. Инак, аз 5 феврали соли 1925 дар Бухорои Шарќї, ки љумњурии мухтории Тољикистон мањз дар њудуди он бунёд гардида буд, ба барњам додани њама гуна ташкилотњои давлатдории аз замони амирии Бухоро боќї монда шурўъ карданд ва ба љои онњо ташкилотњои нав бунёд намуданд. Масалан, бо сабабњои гуногун дар њудуди љумњурї, дар баъзе дењањои махсусан дурдаст, бо сабаби нарасидани кадрњо, вазифањои шўроњои мањаллиро њанўз њам оќсаќолон иљро мекарданд, ки онњоро ба ин вазифањо таъин менамуданд. Ё худ дар мањалњо бо масъалаи андоз њанўз њам амлокдорњо машѓул мешуданд. Инак, моњи апрели соли 1925 вазифаи оќсаќолњо ва моњи майи њамон сол вазифаи амлокдорњо барњам дода шуд. Вазифаи оќсаќолонро минбаъд ба ўњдаи кумитањои инќилобии мањаллї супориданд. Бо љамъоварии андоз бошад ташкилотњои махсуси комиссариати халќии молияи љумњурї машѓул мешуд. Судњои ќозигї дар ин сарзамин то соли 1928 мављуд буданд, вале акнун фаъолияти онњоро органњои судии шўравї назорат мекарданд. Вазифаи дигари муњимтарин ин гузаштан аз кумитањои инќилобї, ки аъзоёнаш таъин мегардиданд, ба органњои интихобї – Шўроњо буд. Барои амалии ин вазифа соли 1925 дар мањалњое, ки њаракати зиддишўравї хомўш гардида буд, интихобот ба Шўроњои мањаллї гузаронида шуд. Аммо иштироки мардум дар ин интихобот хеле суст буд. Дар баъзе ноњияњо, дар интихобот њатто 10 – 15 % - и мардум иштирок намуданду халос. Ба ѓайр аз ин шахсони њамчун намоянда интихобшуда њам амалдорони боломаќоми шўравиро ќонеъ намекарданд. Зеро, шахсони интихобшуда аз љумлаи муллоњо ва заминдорони калон, ё худ амалдорони собиќа буданд. Бо њамин сабаб натиљаи ин интихобот бекор карда шуд ва даъвати анљумани якуми муассисони Шўроњои љумњурии мухтории Тољикистонро низ то интихоботи минбаъда мавќуф гузоштанд. Моњњои сентябр – октябри соли 1926 дар њудуди љумхурї интихоботи нав ба Шўроњои мањаллї гузаронида шуд. Дар ин интихобот, то ин ки њолати интихоботи соли 1925 такрор наёбад, собиќ амалдорон, руњониён, собиќ сарварони њаракати зиддишўравї, њатто тољирони сектори хусусї ва онњое, ки мењнати кирояро истифода мебурданд, њамчун элементњои синфњои бегона аз њуќуќи интихобї, яъне интихоб намудан ва интихоб шудан мањрум карданд. Албатта пеш аз интихобот дар њудуди љумњурии мухторї корњои ташвиќотиро васеъ намуданд. Аз љумлаи намояндагони комиссариатњои маориф, адлия, тандурустї ва ѓайра, гурўњњои «корвони сурх» ташкил карда шуд. Дар ин маъракаи фањмондадињї, барои занњо алоњида љамъомадњо ташкил намуданд. Ин њама имконият дод, ки ба шўроњо љун намоянда асосан шахсони ба љамъияти нав содиќ интихоб гарданд. Анљумани 1 муассисони шўроњои ЉМШС Тољикистон. Аз 1 то 12 декабри соли 1926 дар шањри Душанбе анљумани 1 муассисони Шўроњои ЉМШС Тољикистон барпо гардид. То ин ки маќоми синфї дар љамъият маълум бошад он лањза Шўроњоро – Шўрои намояндагии коргарон, дењќонон ва аскарони сурх меномиданд. Бо ин ошкоро нишон медоданд, ки дар љамъият њуќуќи табаќањои боќимондаи ањолї мањдуд аст. Дар рўзи аввали анљуман эъломия дар бораи ташкилёбии Љумњурии Мухтории Шўравии сотсиалистии Тољикистон ќабул гардид. Яъне, бо ин њуљљат бунёди љумњурии мухтории тољикон ќонунї гардонида шуд. Анљуман фаъолияти дусолаи кумитаи инќилобии љумњуриро дар тамоми соњањои њаёти љамъиятї ва хољагї љамъбаст намуда, вазифањои минбаъдаро муайян намуд. Аз љумла, дар соњаи кишоварзї, вазифаи азнавбарќароркунї ва инкишофи минбаъдаи иншоотњои обёрикунанда, зиёд намудани заминњои корам, афзуни истењсоли пахта ва ѓайра дар назар дошта мешуд. Дар масъалаи маориф, анљуман зарурияти саводнокии мардумро ба инобат гирифта, эъломияро «Дар бараи љорї намудани таълими умумии мењнаткашон» ќабул намуд. Бо ин њуљљат бори дигар тањсили ройгон хотиррасон гардид. Анљуман ќарорро «Дар бораи њуќуќњои занони мењнаткаши ЉМШС Тољикистон» ва мурољиатномаро «Ба њамаи мењнаткашони Тољикистон оиди озодии занон» ќабул кард. Ба ин хуљљатњо на танњо бори дигар баробарњуќуќии занон бо мардон эълон шуд, балки таъкид гардид, ки њуќуќи онњо дар њаёти сиёсї, хољагї ва фарњангї таъмин карда мешавад. Анљуман ба љои Кумитаи Инќилоби Кумитаи Иљроияи Марказии (КИМ) ЉМШС Тољикистонро интихоб намуда, тамоми њокимиятро ба ихтиёри он супорид ва онро вазифадор намуд, ки то анљумани дигар Сарќонуни (Конститутсияи) љумњуриро омода намояд. 12 декабри соли 1926 дар љаласаи аввали иљлосияи якуми КИМ ЉМШС Тољикистон раёсати КИМ интихоб гардид, ки он дар навбати худ њокимияти љумњурї – Шўрои Комиссарони Халќро ташкил дод. Раиси КИМ Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) интихоб ва раиси Шўрои Комиссарони Халќ Абдуќодир Муњиддинов таъин гардиданд. Њамин тавр, анљумани якуми муассисони Шўроњои ЧМШС Тољикистон давраи аз кумитањои инќилобї ба Шўроњо гузоштанро анљом дод. Албатта бо чунин усули интихобї ташкил намудани њокимияти ќонунбарор ва њокимияти иљроия дар њаёти мардуми Бухорои Шарќї як воќеъаи нав, бе гуфтугў пешќадам ба њисоб меравад. Дигаргунињо дар идоракунии маъмурї. Солњои 1926 – 1927 дар тамоми љумњурињои Осиёи Миёна таќсимоти нави маъмурї гузаронида шуд. Дар натиљаи он аз таќсимоти чорзинагии маъмурї – вилоят, уезд, волост ва шўрои мањаллї, ба таќсимоти сезинагї – округ, ноњия ва шўрои мањаллї гузаштанд. Дар ЉМШС Тољикистон 3 ноябри соли 1926 кентњо барњам дода шуданд. Минбаъд њамаи вилоятњои љумњуриро ба округњо табдил доданд. Округњо ба ноњияњо ва ноњияњо ба шўроњои мањаллї таќсим мешуданд. То моњи сентябри соли 1929 ба њайати ЉМШС Тољикистон, ба ѓайр аз Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, боз округњои Ѓарм, Њисор, Кўлоб, Ќўрѓонтеппа, Панљакент ва Уротеппа (Истаравшан) дохил мешуданд. Бунёди ташкилотњои њизбию љамъиятї. Дар назар дошта шуда буд, ки дар сохтмони давлатии он давр тамоми ташкилотњои љамъиятї ва њизбї – њизби коммунистї, иттфоќи љавонон ва иттфоќњои касаба бояд фаъолона иштирок намоянд. Њизби коммунистї дар шароити љумњурии мухтории Тољикистон њам, новобаста аз камшумории коммунистон (феврали соли 1925 онњо њамагї 397 нафар буданд), аллакай маќоми њизби роњбарикунандаро мебозид. Ташаккулёбии он њам баробари барпо гардидани љумњурии мухторї сурат гирифт. Аз љумла, баъди ташкилёбии ЉМШС Тољикистон, охири соли 1924 бюрои ташкилии њизби коммунистии (болшевикии) Ўзбекистон дар Тољикистон бунёд гардид. Октябри соли 1927 он ба кумитаи вилоятии Тољикистонии ЊК(б) Ўзбекистон табдил ёфт. Котибони масъули бюрои иљроияи он М. Хољаев ва А.Т. Ширвонї интихоб гардиданд. Декабри соли 1924 бюрои ташкилии иттифоќи љавонони (комсомол) Тољикистон бунёд гардид. Октябри соли 1925 он њамчун кумитаи вилояти Тољикистонии иттифоќи чавонони Ўзбекистон ташкил ёфт ва то январи соли 1930 чунин ном дошт. Иттифоќњои касаба дар њудуди љумњурии мухтори Тољикистон, яъне дар њудуди Бухорои Шарќї, бо номи «Ќўшчї» («Љуфтгар») фаъолият мекард. «Ќўшчї» моњи июли соли 1927 ба «Иттифоќи љуфтгарон» табдил ёфт. Моњи марти соли 1925 бюрои ташкилии иттифоќи касабаи ЉМШС Тољикистон бунёд гардид. §2. Азнавсозињои хољагї Вазъи хољагии халќ. Баробари бунёди љумњурии мухтории Тољикистон азнавбаркароркунии хољагии халќи мамлакат яке аз вазифањои муњимтарини њокимияти он ба њисоб мерафт. Зеро, бо асари љангњои дохилї хољагии ин гўша, ки бе ин њам яке аз ќисмњои ќафомондаи Осиёи Миёна ба њисоб мерафт, хеле хароб гардида буд. Дар солњои хољагидории 1924 – 1925 зиёда аз нисфи умумии заминњо, ё худ ќариб 80 % -и заминњои обї корношоям буданд. Саршумори умумии чорво бошад, дар он солњо мутобиќан 52,1% - и соли 1914 – ро ташкил медод. Дар њудуди љумњурї ќариб 13 њазор хонањо, ба миќдори хело зиёд кўпрукњо сўзонида ва ё валангор карда шудаанд. Илова ба њамаи инњо, дар љумњурї ќувваи корї, махсусан мардњо намерасиданд. Зеро, аксари онњо ё кушта шудаанд, ё ба Афѓонистон фирор кардаанд. Самтњои асосии азнавбарќароркунї ва дигаргунсозињо. Дар шароити љумњурии мухтории Тољикистон самтњои асосии азнавбарќароркунї ва дигаргунсозињои хољагии халќ сараввал аз вазифањои зерин иборат буданд: бартараф намудани харобињое, ки дар натиљаи њаракати зиддишўравї ба амал омадаанд; бунёди корхонањои саноатї; сохтани роњњо, аз љумла роњи оњани Тирмез – Душанбе; электриконидани љумњурї; инкишофи кишоварзї, дар асоси шаклњои оддии кооператсия; мувофиќи талаботи љумъияти нав ташкил ва ба роњ мондани корњои илму фарњанг ва ѓайрањо. Чуноне аз ин вазифањо маълум аст, ба љуз вазифаи бартараф намудани харобињои љанг, боќї ба талаботи азнавбарќароркунї чандон мувофиќат намекунанд. Яъне њамаи ин аз он шањодат медињад, ки дар њамон давр, баробари вазифањои азнавбарќароркунї, инчунин вазифањои дигаргунсозї ва таљдиди хољагии халќи чумњурии мухтории Тољикистон њам дар назар дошта шудааст. Дигаргунсозињо гуфта акнун њамаи он навсозињоеро дар назар доранд, ки онњо дар њамаи соњањо, яъне чї саноату кишоварзї ва чї фарњанг ба амал омадаанд ва онњо хоси љамъиятї нав мебошанд. Дар шароити љумњурии мухтории Точикистон ва Иттињоди Шўравї он њама дигарунсозињо хоси љамъияти сотсиалистї буданд. Зеро, маќсади коммунистон, ки њокимиятро ба даст гирифта буданд, њамин љамъият буд. Чорабинињо бањри азнавбарќароркунї ва таљдиди хољагии халќ. Бо ташаббуси њизби коммунистии (болшевикии) Умумииттифоќї, дар доираи Иттињоди Шўрави, аз миёнаи солњои 20 – уми асри ХХ вазифањои замони дигаргунсозињо мушаххастар муайян карда шуд. Инро маќсади дар наздашон гузошта талаб мекард. Љамъияти сотсиалистие, ки онњо сохтанї буданд, ѓайри равиши табии таърих буд. Дар Русияи подшоњї, дар натиљаи инќилоби иљтимої љамъияти копиталистиро барњам дода, барои ин љамъият роњ кушоданд. Барои таърихи инсоният ин роњи нав, роњи тайнашуда ба њисоб мерафт. Коммунистон њамин гуна љамъиятро интихоб намуданд. Онњо баъди бунёди тартиботи Шўравї, барои барпо намудани њамин гуна љамъият шурўъ намуданд. Аз њамин сабаб барои онњо зарур буд, ки самтњои асосии замони дигаргунсозиро мушахастар муайян намоянд. Њанўз пештар аз шурўъ намудан ба бунёди амалии љамъияти сотсиалистї, асосгузори њизби коммунистии (болшевикии) Русия ва Давлати Шўравї В.И.Ленин, дар асарњои худ вазифањои сохтмони љамъияти сотсиалистиро дар чор самтњои зерин муаяйн карда буд: 1. Саноатикунонї, ё худ индустрикунонии мамлакат; 2. Коллективонидани кишоварзон; 3. Инќилоби фарњангї; 4. Њалли масъалаи миллї. Аз ин вазифањои муайяншуда, вазифаи њалли масъалаи миллиро на танњо барои љумњурии мухтории Тољикистон, њатто барои њамаи љумњурињои Осиёи Миёна, бо гузаронидани таќсимоти њудуди миллии соли 1924, ки дар таърих «табартаќсим» ном гирифтааст, иљрошуда њисобиданд. Бинобар ин тамоми фаъолияти ташкилотњои њизбию давлатии чумњурии мухтории Тољикистон, барои иљроиши вазифањои гўё иљронашуда, яъне самтњои - саноатикунонии мамлакат коллективонидани кишоварзон ва инќилоби фарњангї равона гардида буд. Дар рафти дигаргунсозињои хољагии халќ ва њаёти фарњангї њар як самтњои асосї дар анљуманњои махсуси њизби коммунситии (болшевикии) Умумииттифоќї ба тарзи васеъ тањлил гардида, дар назди коммунистон ва тамоми халќњои Иттињоди Шўравї барои иљроиши њамчун вазифањои мушаххас пешкаш гардиданд. Аз љумла, анљумани XIV ин њизб (декабри соли 1925) масъалаи саноатикунонї, ё худ индустриякунонии мамлакатро, анљумани XV (декабри соли 1927) масъалаи коллективонидани кишоварзонро барои иљроиш пешкаш намуданд. Њарчанд дар љумњурии мухтории Тољикистон давраи азнавбарќароркунї идома дошт, вале он аз наќшањои умумиттифоќї дар канор набуд. Азнавбарќароркунии хољагии халќ дар шароити ин љумњурї асосан соњаи кишоварзиро дар бар мегирифт. Зеро, дар њудуди он соњаи саноат њанўз вуљуд надошт. Новобаста аз ин, иќтидори молиявии љумњурї барои иљрои вазифањои азнавбарќароркунї кифоягї намекард. Чорабинињои азнавбарќароркунї бошанд маблаѓи хеле зиёдро талаб мекарданд. Бо назардошти њолати душвори ин љумњурї Њукумати Шўравии иттифоќ ба он зиёда кўмаки молиявї расонид. Аз њамин сабаб њам дотатсияи иттифокї дар ќисми харљи буљаи Тољикистон: соли 1926 – 84,0 %, соли 1927 – 92,2%, соли 1928 – 79,7% ва соли 1929 – 72,6% - ро ташкил медод. Дар њудуди ЉМШС Тољикистон чорабинињои азнавбарќароркунї, дар баробари ба кишту кор баргардонидани хољагињои хабаргардида, инчунин бо азхудкунии заминњои нав мегузашт. Бо њамин сабабњо њукумати љумњурии мухторї аз рўзњои аввал ба корњои азхудкунии заминњои бекорхобида ањамияти махсус медод. Мањз инкишофи корњои обёрї имконият дод, ки соли 1929 нисбат ба соли 1925 њаљми заминњои корам беш аз ду баробар зиёд шуда, аз 98 њаз. га. ба 210 њаз. га. расонида шавад. Бо маќсади инкишофи кишоварзї њанўз, солњои 1925 – 1926 ба водии Вахш, ки хело камодам гардида буд, аз вилояти Њисор 460 хољагињои дењќониро кўчонида оварданд. Минбаъд ба ин мулки зархез аз Кўлоб, Истаравшан, Панљакент, аз водии Фарѓона ва ѓайра хољагињои дењќониро кўчонида оварданд. Он солњо ба њар хољагињои кўчонидашуда 4 – 5 гектар замин људо мекарданд. Њамон солњо аз ноњияњои Кўлоб ба ноњияи Фархор муњољиркунии мардум оѓоз гардида буд. Ба тамоми душворињо нигоњ накарда, хољагињои дењќонї оњиста – оњиста дастгирии Њукумати Шўравиро эњсос мекарданд. Соли 1925 ба љумњурии мухторї аввалин трактор оварда шуд ва то охири он сол миќдори умумии тракторњо дар хољагињо ба 6 адад расид. Соли 1927 бошад миќдори тракторњо 30 ададро ташкил доданд. Танњо соли 1929 ба љумњурї 47 адад тракторњо оварда шуданд, ки онњо асосан ба округњои Хуљанду Њисор таќсим гардидаанд. Барои ба дењќонон фањмонидани дастовардњои навин нуќтањои аграномї вуљуд дошт. Дар кори истифодабарии техника ба дењќонон аскарони сурх кўмак мерасониданд. Кўшиш мекарданд, ки дењќонон њар чї бештар пахта кишт намоянд. Дар натиљаи њамаи ин чорабинињо дар љумњурї истењсоли пахта сол аз сол афзуд. Чунончї: агар соли 1927 дар љумњурї истењсоли пахта, бо якљоягии округи Хуљанд, 22,9 – 27 њазор тоннаро ташкил дода бошад, пас он соли 1928 ба 37 - 38,6 њазор тонна расид. Ин њама имконият дод, ки љумњурии мухтории Тољикистон, бо якљоягии округи Хуљанд, дар охири соли 1928 дар бисёр соњањои кишоварзї ба дараљаи соли 1914 расида, дар баъзе соњањо аз дараљаи он сол њам гузарад. Яъне, дар њудуди љумњурии мухторї (бо якљоягии округи Хўљанд) охири соли 1928 давраи азнавбарќароркунии хољагии халќ асосан ба итмом расид. Соли 1929 дар њудуди љумњурии мухторї бори аввал дар водии Вахш, дар ноњияи Сарой Камар (Панљи њозира) ба кишти пахтаи мањиннах шурўъ карданд. Аввалин корхонањои саноатї. То замони Шўравї дар њудуди Бухорои Шарќї њамагї якто заводи хурди пахтатозакунї дар Сарой Камар (Панљи њозира) вуљуд дошту халос. Он њам дар солњои ављи њаракати зиддишўравии 1921 – 1923 торољ ва валангор гардида буд. Боќї њама корхонањои хурди косибию њунармандї: кулолгарї, оњангарї, љувозњои равѓанкашї, осиёбњои ордкашї, коркарди пўст ва ѓайра ба њисоб мерафтанд. Миќдори умумии онњо, мувофиќи барўйхатгирии солњои 1926 – 1927 ба 12 њазор адад мерасид ва дар онњо тахминан 18 – 19 њазор нафар косибону њунармандон кор мекарданд. Аз соли 1926 сар карда ин корхонањои хурди косибию њунармандї ба кооператсияњои саноатї – дар шакли артелњои соњавї муттањид карда шуданд. Аввалин чунин артелњо – артели коркарди пўст дар Душанбе ва артели оњангарї дар Ѓарм ба њисоб мераванд. Округи Хуљанд бошад, оиди вазъи саноат, нисбат ба њудуди мухтории љумњурї хело фарќ мекард. Соли 1924 – дар њудуди округ кони ангишти Шўроб, корхонаи нафткашии САНТО, чор адад заводњои пахтатозакунї ва дигар корхонањои хурд фаъолият мекарданд. Соли 1926 дар Хуљанд боз як заводи пахтатозакунї ба кор дароварда шуд. Дар њудуди љумњурии мухторї, 28 августи соли 1926 њамаи ташкилотњои кооперативї, яъне кооперативњои ќарздињї, кишоварзї, обёрї ва њунармандї ба ташкилоти ягона – кооператсияи Тољикистон муттањид карда шуданд. Аз соли 1927 дар Кўњистони Бадахшон низ арелтњои њунармандї бунёд карда шуданд. Соли 1928 миќдори умумии артелњо дар љумњурї ба 41 адад расид, ки дар онњо ќариб 6 њазор нафар одамон, аз љумла 2705 нафар занњо кор мекарданд. Сиёсати њизби коммунистї алакай дар њамон солњо бунёди на ин ки корхонањои хурди њунармандї, балки бунёд ва инкишофи корхонањои нисбатан калони саноатї буд. Дар њудуди Иттињоди Шўравї анљумани XIV њизби коммунистии (болшевикии) Русия (декабри соли 1925), чуноне таъкид шуд, роњи саноатикунонии (индустриякунонии) мамлакатро пеш гирифт, ки он њудуди љумњурии мухтори Тољикистонро низ дар бар мегирифт. Мувофиќи ќарори ин анљуман саноатикунонии Иттифоќ аз сохтан ва инкишоф додани саноати вазнин - мошинсозї, станоксозї, оњангудозї ва ѓайрањо оѓоз мегардид. Аммо дар њудуди љумњурии мухтории Тољикистон ин маърака бояд аз сохтан ва инкишоф додани саноати соњаи сабук – саноати хўрокворї, коркарди мањсулотњои кишоварзї, тайёр намудани масолењи бинокорї ва ѓайрањо сар мешуд. Љињати фарќкунандаи саноатикунонии љумњурии Тољикистон њам нисбат ба Иттифоќ дар њамин буд. Ба ѓайр аз ин саноатикунонии љумњурии мухторї дар шароити хело вазнин – барои кашондани бор мављуд набудани роњњои ќулай, идомаи њаркати зиддишўравї ва ѓайрањо мегузошт. Илова ба њамаи инњо саноатикунонї дар шароити љумњурии мухтории Тољикистон дар љои тамоман холї оѓоз гардид. Яъне, дар њудуди он ягон корхонаи аќалан вайрона њам ќариб вуљуд надошт, ки онро аз нав барќарор намуда, ба кор дароранд. Бинобар ин, дар њудуди љумњурии мухторї њамаи корхонањо бояд нав сохта мешуданд. Дар натиљаи чорабинињои зиёд, соли 1926 дар њудуди љумњурии мухторї аввалин корхонањои саноатї ба кор даромаданд. Ба ин устохонаи челонгарї – механикї, бо сехњои дуредгарї дар Душанбе ва Кўлоб, заводи пахтатозакунї, осиёбї механикї, заводњои равѓанкашї, собунпазї ва истгоњи барќї дар Душанбе мисол шуда метавонанд. Минбаъд адади чунин корхонањо пай дар хам зиёд шуданд. Аз љумла, солњои 1926 – 1927 заводњои пахтатозакунї дар Сарой Камар ва Чилликўл, соли 1927 дар Кўлоб, Шахритус, Фархор ва Ќўрѓонтеппа, соли 1928 дар Регар (Турсунзода) сохта шуданд. Яъне, солњои 1928/ 29 дар ќисми мухтории љумњурї аллакай 8 адад заводњои пахтатозакунї фаъолият мекарданд, ки онњо дорои 657 нафар коргар буданд. Аз соли 1926 сар карда, барои тайёр намудани коргарони касбї, курсњои кўтоњмуддат ташкил карданд. Дар округи Хуљанд бошад, илова ба корхонањои саноатии амалкунанда, солњои 1927 – 1928 заводи шароббарории Истаравшан, заводњои коркарди мева дар Конибодом ва Ќистакўз, осиёби механикї дар Ѓўлакандоз, фабрикаи шоњибофии Хуљанд, ки барои 18 њазор нафар коргар муайян шуда буд, роњи оњани Мелниково – Шўроб ва ѓайрањо сохта шуданд. Наќлиёт ва алоќа. Бухорои Шарќї яке аз гўшањое буд, ки њанўз аввали солњои 20 – уми асри ХХ њам роњњои ароба ва корвонгузар роњњои асосї њисоб мешуданд. Бинобар ин роњбарияти љумњурии мухторї аз солњои 1925 – 26 ба масъалаи роњсозї диќќати љиддї дода, ќисми асосии буљаро ба њамин соња равон карданд. Њукумати иттифоќ њам ба љумњурии мо кўмаки амалї расонид. 6 апрели соли 1926 ќарори аз њисоби буљаи Иттифоќ сохтани роњи оњани Тирмиз – Душанбе ќабул гардид. Ба сохтмони ин роњ 24 июни он сол шурўъ карда, 1 сентябри соли 1929 ба итмом расониданд ва худи њамон рўз аввалин поезди санљишї бо роњсозон, 10 сентябр аввалин поезди мусофирбар ба Душанбе омад. Дар масъалаи роњсозї, маќсади асосї - ин ба воситаи роњњои мошингард, бо марказ пайвастани нуќтањои асосии љумњурї буд. Бо ин маќсад, соли 1926 сохтмони роњњои автомобилгарди байни Душанбе – Кўлоб, Душанбе – Ќўрѓонтеппа – Љилликўл оѓоз гардид ва роњи Душанбе – Ѓарм таъмир карда шуд.Дар болои дарёњои Кофарнињон ва Тўфаланг кўпрук сохтанд. Аллакай солњои 1928 – 1929 сохтмони он роњњо ба итмом расид. Инчунин роњи обї, ба воситаи дарёњои Вахш, Панљ ва Аму ба танзим дароварда шуд. Аз љумла, соли 1926 дар дарёи Аму киштии «Тољикистони сурх» шино мекард. Соли 1926 роњњои доимии њавоии байни Душанбе – Тирмиз ва Душанбе – Когон (Бухоро) оѓоз гардид. Бо сабаби он ки бисёр ноњияњои љумњурї дар шароити кўњї љойгир буданд, барои он махсусан алоќаи почта ва телеграф хело зарур буд. Њол он ки ин масъала дар водињои Њисору Вахш ва ноњияњои Кўлоб њам ќаноатбахш набуд. Барои њар чї зудтар дар шароити љумњурї ба танзим даровардани алоќаи почта ва телеграф, 18 апрели соли 1925 идораи алоќаи љумњурї ташкил карда шуд. Дигаргунсозињо дар соњаи кишоварзї. Баъди бунёди љумњурии мухтории Тољикистон дар њудуди он ду шакли заминдорї: мулкї (аз он љумла мулки бойњо) ва ваќфї вуљуд доштанд. Тамоми сиёсати дар ин соња пеш гирифтаи њукумати нав ба мањдуд намудани мулкњои заминдорони калон ва ваќфї нигаронида шуд. Дар Кўњистони Бадахшон ва округи Хуљанд чунин дигаргунсозињо нисбатан пештар ба амал омад. Аз љумла дар Кўњистони Бадахшон ислоњоти замину об њанўз соли 1922 гузаронида шуд. Дар округи Хуљанд бошад нимаи аввали моњи феврали соли 1925 ислоњоти замину обро пурра гузарониданд. 3 ноябри соли 1928 дар њудуди округ заминњои ваќфї барњам дода шуд ва он заминњо ба ихтиёри дењќонони камбаѓал гузошт. 2 декабри соли 1925 иљлосияи фавќулоддаи Кумитаи Иљроияи Марказии (КИМ) ЉШС Ўзбекистон декретњои «Дар бораи милликунии замин ва об» ва «Дар бораи ислоњоти замину об» - ро ќабул кард. Декрети якум ќарорњои аввалаи њукумати љумњурињои Туркистон ва Бухороро оиди милликунонии замину об тасдиќ ва такмил медод. Дар асоси ин њуљљатњо ба дењќонон ва иттињодияњояшон заминњое, ки дар онњо кор мекарданд, бебозгашт дода мешуд; Њар гуна хариду фурўши замин ва об ѓайриќонунї њисобида, минбаъд манъ карда шуд. Ба ѓайр аз ин декрети дуюм бевосита ба муќобили заминдорону тољирони калон ва судхўрон, ки замини зиёд доштанд, нигаронида шуда буд. Ин њуљљат ба онњо истифодаи мењнати кирояро манъ карда, барояшон њаљми муайяни заминро пешнињод мекард. Боќимонда замини онњо бояд мусодира карда мешуд. Аз њисоби заминњои мусодиршуда бояд фонди замини давлатї ташкил меёфт. Ба ин фонд инчунин заминњои ваќфї њам дохил мешуд. Заминњои фонд бошад ба дењќонони безамину камзамин таќсим карда мешуд. Инчунин, дар асоси декрети дуюм аз заминдорони калон, дар баробари кашида гирифтани њиссаи зиёдатии заминашон, боз талаб мекарданд, ки «ихтиёран» чорвои зиёдатии корї ва олотњои зиёдатии кории худро «фурўшанд». Аз мардуми собиќ доро на танњо замин, чорво ва олотхои корї мусодира карда мешуд, балки биноњои «зиёдатии» онњоро низ мусодира мекарданд. Дар чунин биноњои мусодиракунонидашуда минбаъд њаргуна клубњо, боѓчаи кўдакон, нуќтањои агрономї ва ѓайрањоро ташкил медоданд. 10 декабри соли 1926 анљумани 1 муассисони шўроњои ЉМШС Тољикистон эъломияро дар бораи милликунонии замин, об, боигарии зеризаминї ва љангалзорњоро ќабул кард. Мувофиќи ин њуљљат дар њудуди љумњурї моликияти хусусї будани замину об бекор карда, онњоро моликияти давлатї эълон намуданд. Минбаъд замин ба мењнаткашон барои истифодабарї, бепул дода мешуд. Дар асоси ќарори њукуматї аз 12 ноябри соли 1927 «Дар бораи ваќфњо», тамоми ин шакли замин ба ихтиёри дењќононе, ки дар он кор мекарданд, њамчун иљораи мулки давлатї дода мешуд. Вале аксарї њуљљатњои дар ин љода ќабул гардида, дар њудуди ЉМШС Тољикистон бо зуддї амалї нагардиданд. Аз љумла ислоњоти замину об соли 1929 њам, бо сабаби њуљуми Ф.Махсум, мавќуф гузошта шуд. Минбаъд, бо сабаби коллективонидани кишоварзон њалли ин масъала аз байн рафт. Кооператсияи кишоварзї. Кооператсия, ин њамкорї гуфтан аст. Масалан, њамкорї дар соњањои истењсолот ва тиљорат мебошад. Бинобар ин он дар соњањои кишоварзї, саноат (махсусан косибию њунармандї), матлубот, тиљорат, ќарз ва ѓайра љорї карда шудааст. Маќсади асосии кооператсияњои кишоварзї, ин расонидани кўмаки давлатї ба дењќонони яккадаст ба њисоб мерафт. Дар округи Хуљанд, ки њанўз миёнаи солњои 20 – уми асри ХХ дар соњањои кишоварзї азнавбарќароркунии баъди њаракати зидишўравї ба итмом расида буд, кооператсияњои кишоварзї пештар ва бештар ташкил ёфта, инкишоф ёфтанд. Онњо дар ќатори фаъолияти ќарздињї, инчунин мањсулоти худро фурўхта, аъзоёни худро низ бо њар гунна маводњо таъмин менамуданд. Аммо дар ќисми љумњурии мухтории Тољикистон бошад азнавбарќароркунии кишоварзї акнун сар шуда буд. Бо њамин сабаб дар ин ќисми љумњурї кооператсињо бештар бо фаъолияти ќарздињї машѓул буданду халос. Дар њудуди имрўзаи Тољикистон аввалин кооператсияи кишоварзї, дар шакли рафоќати объёрї соли 1924 дар уезди Хуљанд ба вуљуд омадааст. Дар ќисми мухтории љумњурї, аввалин кооператсия, июни соли 1925 дар Љилликўл, низ чун рафоќати объёрї бунёд гардид. Тирамоњи соли 1926 дар љумњурї шумораи кооператсияњои кишоварзї ба 88 адад расид. Дар ин сол дар Кўњистони Бадахшон низ аввалин кооператсияи кишоварзї бунёд гардид. Оѓози коллективонї. Њамаи дигаргунињое, ки баъди бунёди тартиботи шўравї дар дењот гузаронида мешуд, аз љумла ислоњотњои замину об, ба як маќсад нигаронида шуда буданд. Ин њам бошад ба хољагињои коллективї муттањид намудани хољагињои яккадасти дењќонї ба њисоб мерафт. Зеро, тарафдорони чунин сиёсат мегуфтанд, ки: 1) дењќони яккадаст ќобилияти бо иќтидори худ пеш бурдани хољагиашро надорад, ва техникаи кишоварзиро харида наметавонад; 2) Агар дењќони яккадаст хољагии худро пеш барад њам, аммо вай оњиста – оњиста ба байи дењот – кулак табдил меёбад. Кулак бошад душмани љамъияти шўравї њисоб мешуд. Бо њамин сабабњо ба хољагињои коллективї њамроњ намудани дењќононро зарур мешумориданд. Аз оѓози коллективонидани кишоварзон, барои интихоби дењќонон се шакли хољагии коллективї: артели кишоварзї (колхозњо), ширкати якљоя коркарди замин (ТОЗ-њо) ва коммунаро пешнињод карда буданд. Дар њар се шакл њам замин моликияти давлатї буда, ба чунин хољагињо, барои истифодабарии доимї дода мешуд. Љињатњои фарќнунанаи он шаклњо инњоанд: Дар артели кишоварзон (яъне, колхозњо) техника, чорвои корї ва дигар олотњои мењнат азони колхоз буда, аъзоёнаш – колхозчиён ба ивази мењнаташон музд мегирифтанд; Дар ширкати якљоя кардани замин (яъне, ТОЗ - њо) аъзоёнаш бо чорвои кории худ мењнат карда, ба ивази мењнати худ ва кори чорвояшон музд мегирифтанд. Чунин шаклро муваќќатї њисобида, онро то замони пурќувватшавии колхозњо зарур њисоб мекарданд; Дар коммуна давлат тамоми харољоти аъзоёнашро ба ўњдаи худ гирифта, онњоро бо хўрок, пўшок ва њатто љои истиќомат таъмин мекард. Аъзоёнаш ба ивази мењнаташон ягон хел музд намегирифтанд. Њаќќи мењнати онњо ба фонди давлат мерафт. Њељ кас њаќ надошт, ки аъзои коммунаро барои кор кардан маљбур кунад. Яъне, дар коммуна мењнат кардан ихтиёрї буд. Зеро, онро ба шуурнокии дењќонон вобаста мекарданд. Дар њудуди коммуна пул фаъолият намекард. Дар амал зараровар будани коммуна фавран маълум гардид. Аз њамин сабаб аз он шакли хољагидорї зуд даст кашиданд. Минбаъд, дар давраи аввал диќќати асосиро ба бунёди колхозњо ва тозњо равона карда буданд. Вале кўмаки давлатї асосан ба колхозњо равона карда мешуд. Дар њудуди Тољикистони имрўза коллективонї аввал аз ноњияњои шимолї оѓоз гардид. Чунончї, солњои 1925 – 1926 дар њудуди округи Хуљанд аввалин 13 колхозњо ба вуљуд омаданд. Зеро, мањз дар ин ќисми мамлакат ислоњоти замину об, чуноне аллакай таъкид шуд, нисбат ба ќисми марказї ва љанубии љумњурї пештар гузаронида шуда буд. Он хољагињо њанўз хољагињои хурд буда, ба тарзи расмї артели кишоварзии мењнаткашон номида мешуданд ва апрели соли 1926 онњо оинномаи худро ќабул карданд. Соли 1927 боз ду хољагии коллективї бунёд гардид. Аз 15 хољагии умумии дар округи Хуљанд мављуда, 11 ададашон ширкати якљоя коркарда замин (ТОЗ) ва 4 адади боќимондаашон артели кишоварзї буданд. Анљумани XV њизби коммунистии (болшевикии) Русия соли 1927, ки дар мамлакат роњи коллективониро пеш гирифт, дар њудуди Тољикистон њам, барои инкишофи чунин хољагињо таккони љиддї дод. Соли 1928 дар округи Хуљанд боз 13 хољагии нави коллективї ба вуљуд омаданд. Дар натиља шумораи умумии чунин хољагињо дар ин округ ба 28 адад расид. Аз ин миќдори умумї 12 ададашон артели кишоварзї ва 16 ададашон ширкатњои якљоя коркарди замин (ТОЗ - њо) буданд. Миёнаи соли 1929 шумораи умумии хољагињои коллективї дар округи Хуљанд 79 ададро ташкил намуданд. Дар њудуди љумњурии мухтории Тољикистон, яъне ќисми марказї ва љанубии мамлакат, аввалин ду хољагии коллективї, яке бо номи «Камбаѓал» ва дигаре ба номи Нусратулло Махсум, соли 1927, дар ноњияи Хисор ташкил ёфтанд. Бањори соли 1928 дар ин њудуд, шумораи чунин хољагињои коллективї ба 26 адад расид, ки онњо њамагї 366 хољагињои дењќониро муттањид мекарданд. Баъди он ки округи Хуљанд ба њайати ЉМШС Тољикистон дохил шуд, 1 октябри соли 1929 миќдори умумии хољагињои коллективї дар љумњурї ба 209 адад расид, ки онњо 2888 хољагињоро муттањид мекарданд. То ин сол ба хољагињои коллективї бештар дењќононе дохил мешуданд, ки онњо дар њаќиќат аз љумлаи бечорагон буданд ва барои пеш бурдани хољагии худ имконият надоштанд. Бо њамин сабабњо онњо мўњтољи њаргуна кўмак буданд. |