Главная страница
Навигация по странице:

  • Барбод рафтани охирин њуљуми Иброњимбек ва таъсири он ба рафти коллективонии кишоварзї

  • Ба итмом расидани маъракаи коллективонидани кишоварзї

  • § 4. Инќилоби фарњангї дар шароити Тољикистон Зарурияти инќилоби фарњангї

  • Инкишофи бунёди мактабњои шўравї

  • Тайёр намудани кадрњои дорои маълумоти миёнаи махсус

  • Донишкадаи омўзгорї

  • Донишкадаи тиббии Тољикистон

  • Гузаштан ба њуруфи криллиасосї.

  • Муассисањои маданї-равшаннамої.

  • Дањњаи фарњанги тољик дар ш.Москва

  • Оќибатњои инќилоби фарњангї дар шароити Тољикистон

  • апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов


    Скачать 3.71 Mb.
    НазваниеНамоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
    Дата10.10.2022
    Размер3.71 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01..doc
    ТипДокументы
    #724565
    страница39 из 57
    1   ...   35   36   37   38   39   40   41   42   ...   57
    § 3. Саросар коллективонидани кишоварзон дар шароити Тољикистон ва кўшашњо барои рушди он
    Гузаштан ба саросар коллективонидани кишоварзон. Аз нимаи дуюми соли1929 дар Тољикистон, чун дар тамоми Иттињоди Шўравї, маъракаи саросар коллективонидани кишоварзон оѓоз гардид. Зеро, дар доираи Иттињод, дар ин сол колхозу совхозњо нисбат ба ѓаллаи соли 1927 истењсолкардаи хољагињои яккадаст зиёдтар мањсулот истењсол карданд. Дар ин асос сиёсатмадорони Шўравї коллективонидани кишоварзонро ягона роњи рушди ин соња њисобиданд. Бинобар ин колхозу совхозњо минбаъд њам њар лањза кўмаки амалии давлатиро дар таъмин намудан бо маблаѓ, техника, кам кардани андозњо ва ѓайра эњсос мекарданд. Дар натиља дар сиёсати коллективонї ва умуман соњаи кишоварзї гардиши куллї ба амал омад.

    Гардиши куллї дар сиёсати коллективонї гуфта чунин њолатеро ба назар доранд, ки акнун, яъне аз нимаи дуюми соли 1929 сар карда, ба хољагињои коллективї, дар баробари дењќонони камзамину безамин, дењќонони миёнањолро сафарбар намуданд. Дар аввал ин маърака то андозае шарти ихтиёран ба хољагињои коллективї, яъне ба артели кишоварзон ё ба ширкати якљоя коркарди замин (тозњо) дохил шудани онњо риоя карда мешуд. 5-январи соли 1930 ќарори кумитаи марказии њизби коммунистии (болшевикии) Умумииттифоќї «Оид ба суръати коллективонї ва чорањои ёрии давлат ба сохтмони колхозї» баромад. Ин ќарор суръати коллективониро барои гурўњњои гуногуни минтаќањо, вобаста ба омодагии онњо ба маъракаи коллективонї муќаррар намуд. Ба ѓайр аз ин аз њамин лањза дар баробари пеш гирифтани сиёсати саросар коллективонидани кишоварзон, инчунин сиёсати њамчун синф барњам додани бойњои дењот-кулакњо низ ба миён гузошта шуд.

    Мувофиќи сиёсати нав оиди коллективонї пешгирифтаи Иттифоќ дар љумњурињои Осиёи Миёна, аз он љумла Тољикистон коллективонии кишоварзон бояд то охири панљсолаи якўм, яъне соли 1933 ба итмом расонида мешуд.

    Дар Љумњурии Тољикистон њам чун дар тамоми Иттињод, дар масъалаи коллективонидании кишоварзон на танњо ба шитобкорї, балки ба хатогињои љиддї низ роњ доданд. Корњои фањмондадињї суст ба роњ монда шуда буд. Бинобар ин на њамаи дењќонон моњияти хољагињои коллективиро мефањмиданд. Дар баъзе ноњияњо ба дењќонон имконият намедоданд, ки худашон шакли хољагии коллективии барояшон маќбулро интихоб намоянд. Баъзан онњоро маљбур мекарданд, ки на ба ТОЗ-њо, балки ба дараљаи баланди хољагии коллективї – артелњо дохил шаванд. Бо чунин тадбирњо онњо кордонии худро нишон доданї мешуданд.

    Нимаи дуюми соли 1930 дар љумњурї «Оинномаи намунавии ширкати якљоя коркарди замин (ТОЗ-њо)» нашр гардид. Мувофиќи он њар дењќоне, ки ба тозњо дохил мешуд, ба фонди умумї бо тухмї низ њисса гузошта, инчунин миќдори муайяни замини ин фондро бо нурии мањаллї таъмин мекард. Ин оиннома дар ваќте љорї гардид, ки дар љумњурї, аз љињати миќдор, тозњо нисбат ба артели кишоварзї бартарї доштанд. Чунончї, аввали соли 1931 дар љумњурї 52,8%-и хољагињои коллективиро мањз тозњо ташкил медоданд. Дар ин сол дар њудуди љумњурї 14-адад совхозњои нав низ пайдо шуданд.

    Барбод рафтани охирин њуљуми Иброњимбек ва таъсири он ба рафти коллективонии кишоварзї. Охири солњои 20-ум ва аввали 30-уми асри ХХ вазъи Афѓонистон хело мураккаб боќї монд. Октябри соли 1929 Нодиршоњ Њабибуллохонро маѓлуб ва ќатл намуда, њокимиятро ба дасти худ гирифт.Дар ин муддат Иброњимбек, ки дар Шимоли Афѓонистон ќарор дошт, шумораи сарбозони худро зиёд намуда, дар њамон љо њам бедодгарињои зиёд намуд. Њукумати Нодиршоњ аз Иброњимбек талаб кард, ки аслињаи дар ихтиёр доштаашро супорад. Аммо Иброњимбек аз иљрои он саркашї кард. Бањори солї 1931 њукумати Афѓонистон Иброњимбекро љинояткори давлатї эълон карда, ба муќобили ў амалиёти љангиро оѓоз намуд. Дар натиља Иброњимбек дар њолати ногувор монд. Сарбозони ўро на танњо хавфи парокандашавї, балки мањвшавї тањдид мекард. Аз тарафи дигар вай боварї дошт, ки аз сиёсати коллективонии кишоварзон мардумони љумњурињои Тољикистону Ўзбекистон норозї њастанд ва агар дар чунин лањза ба ин мулкњо њуљум кунад, онњоро ба тарафи худ кашида, ѓалаба ба даст дароварданаш мумкин аст. Бо њамин гуна умедњо Иброњимбек ба муќобили Тољикистон њуљум кард.

    30 марти соли 1931 Иброњимбек сарбозони худро ба ќисмњо таќсим намуда, аз дарёи Панљ ба сарзамини Тољикистон гузаронид. Вале сараввал ў дар ноњияи Кўлоб ба муќобилияти сахт дучор шуд. Дар муддати кўтоњ сарварони округи њарбии Осиёимиёнагї ба муќобили Иброњимбек ќувваи зиёди њарбиро сафарбар намуданд. Ин дафъа Иброњимбек ќариб дар ягон мањал дастгирии мардуми мањаллиро надид. Њатто ќисми зиёди авлодонаш-мардуми ќабилаи лаќай вайро дастгирї накарданд. Баръакс аз байни мардуми мањаллї сафи муборизони тартиботи нав- Шўравї, ки бо номи «Калтакдорони сурх» машњур аст, зиёд шуда, то ба 50 њазор нафар расида буд. Ба он отрядњои ихтиёрї Муќим Султонов, Саид Назаров, Йўлдош Соњибназаров, Ќарахон Сардоров ва дигарон сарварї мекарданд. Онњо якљоя бо аскарони сурх амал мекарданд. Шикасти Иброњимбек дар муњорибаи Найзабулоќи наздикии Данѓара (8-апрели соли 1931) барояш хело вазнин буд. Ў сараввал бо соњилњои рост, баъд чапи дарёи Вахш њаракат карда, ба Лаќай расид ва аз он љо њам муддате дар кўњњои Боботоѓ пинњон шуда, баъди ноумедї ба њудуди вилояти Сурхандарёи Ўзбекистон гузашт. Вай мехост ба воситаи Бойсун-Келиф боз ба Афѓонистон гурезад. Аммо натавонист. Зеро, дар ињотаи аскарон ва калтакдорони сурх монда буд. Нињоят, 23-июни соли 1931 Иброњимбек њангоми гузаштан аз дарёи Кофарнињон, дар дењаи Хољибулбуллон, аз тарафи отрядњои М. Султонов, Ќ. Сардоров, А. Валишев ва дигарон дастгир ва њабс, минъбад бо њукми суд ќатл карда шуд.

    Барбод рафтани охирин њуљуми Иброњимбек дигар ќуввањои зиддишўравии дар њудуди Тољикистон вуљуд доштаро хеле ноумед кард. Онњо аз амалиёти фаъолона даст кашида, ќисмашон ба Њокимияти Шуравї таслим шуданд. Ин њама обрў ва эътибори њокимиятро дар назди мардум, аз љумла дењќонон боз њам зиёдтар намуд. Он дењќононе, ки то ин лањза дар масъалаи дохил шудан ба хољагињои коллективї дар калавиш буданд, акнун аз ноилољї ба онњо њамроњ мешуданд. Зеро, умеди ба Афѓонистон фирор кардан њам дигар онњоро ќаноатманд намекард. Ба ѓайр аз ин, дар натиљаи мураккабии вазъи Афѓонистон, ќисме аз фирориёни пештара ба ватани худ Тољикистон аллакай баргашта буданд.

    Дар шароити ба амал омадаи Тољикистон минъбад дењќонони берун аз хољагињои коллективї дуру дароз хољагии худро нигоњ дошта наметавонистанд. Баъди мањви Иброњимбек ташкилотњои мањаллии Њокимияти Шўравї нисбат ба дењќононе, ки ба хољагињои коллективї дохил нашудаанд, бетараф набуданд. Аниќтараш ин гуна дењќононро, агарчанде бечора ё миёнањол буданд, бойи дењот - кулак њисобида, молу мулкашро мусодира намуда, худашро ба мулкњои дур бадарѓа мекарданд. Хулоса, дењќонон ба хубї фањмиданд, ки барои онњо ба ѓайр аз ба хољагињои коллективї њамроњ шудан, чораи дигаре нест.

    Ба итмом расидани маъракаи коллективонидани кишоварзї. Чуноне таъкид шуд, баъди мањви Иброњимбек дењќонони яккадаст аз ноилољї маљбур буданд, ки рў ба хољагињои коллективї гардонанд. Соли 1932 дар Тољикистон ин гуна хољагињо аллакай 41,9%-и хољагињои дењќониро дар бар мегирифтанд ва дар ихтиёри онњо 65,3%-и замини корам буд.

    Њукумати Шўравї кўшиш мекард, ки аз як тараф њар чї бештар хољагињои дењќониро ба хољагињои коллективї љалб намояд, аз тарафи дигар, дастовардњои ин соњаро мустањкам намояд. Аз аввали соли 1933 дар назди МТС-њо ва совхозњо шўъбањои сиёсї ташкил карда шуд. Вазифаи ин шўъбањо аз он иборат буд, ки фаъолияти колхозу совхозњо ва МТС-њоро бо роњи муайяннамудаи њизби коммунистї пеш баранд. Чунин шўъбањо то ноябри соли 1934 фаъолият намуда, гўё вазифаи худро иљро намуданд. Бинобар ин минъбад алоњида нигоњ доштани шўъбањои сиёсї нолозим њисобида шуд ва онњо бо кумитањои ноњиявии њизби коммунистї омехта шуданд.

    Соли 1933 дар Тољикистон њам ќисми зиёди дењќонон аллакай аъзои хољагињои коллективї гардида буданд. Моњи августи он сол анљумани якуми колхозчиёни пешќадами љумњурї барпо гардид. Ин худ низ як воситаи ташфиќот ба сохти колхозї буд. Мањз дар њамин сол дар ноњияи Шуѓнон аввалин хољагии коллективї бунёд гардид. Ин оѓози маъракаи колективонидани кишоварзон дар Вилояти мухтори Кўњистони Бадахшон буд.

    Феврали соли 1935 анљумани II колхозчиёни пешќадами Умумииттифоќ (ИЉШС-СССР) барпо гардид. Ин анљуман оинномаи нави намунавии артели хољагии ќишлоќро (кишоварзиро) ќабул намуд. Феврал-марти њамин соли анљумани II колхозчиёни пешќадами Тољикистон барпо гардид ва он оинномаи нави намунавии Ширкати якљоя коркарди замини (ТОЗ) љумњуриро ќабул кард. Баъди ин анљуман, дар љумњурї маъракаи ба колхозњо додани њуљљати расмии истифодаи доимии замин оѓоз гардид.

    Дар солњои 5-солаи 2-юм (солњои 1933-1937) њам дар Тољикистон маъракаи ба хољагињои коллективї љалб намудани дењќонон дар ављ буд. Дар охири ин 5-сола (соли 1937) хољагињои коллективї 89,9 %-и хољагињои дењќониро муттањид намуданд ва дар ихтиёрашон 98,3 %-и замини корам буд. Дар ин сол дар Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон њам њаракати колхозї характери умумиро гирифта буд.

    Душворињои замон ба истењсоли пахта низ, ки аллакай барои љумњурї мањсулоти асосии соњаи кишоварзї ба њисоб мерафт, таъсири худро расонида буд. Аз љумла, солњои 1930-1932 дар љумњурї истењсоли пахта кам шуд. Чунончї: соли 1930-63,1 њаз. тонна (охирин,ба њисоби миёна-4,08сентер аз њар гектар) истењсол карда шуд. Яке аз сабабњои камшавї ин таъсири давраи гузариш ба сохти колхозї мебошад. Аз соли 1933 истењсоли пахта дар љумњурї боз зиёд шуд. Дар ин сол зиёда аз 57 њаз. тонна пахта истењсол карда шуд. Минбаъд, соли 1935-ќариб 81 њаз. тонна, соли 1937-178,4 њаз. тонна, соли 1938-183 њаз. тонна, соли 1939-173,2 њаз. тонна, соли 1940-172,4 њаз. тонна пахта истењсол карда шуд, ки ин ба њисоби миёна аз њар гектар 16,2 сентнериро ташкил медод.

    Аввали соли 1938 дар Тољикистон шумораи хољагињои коллективї ба 3848 адад расид, ки аз ин 2553 ададаш ширкати якљоя коркарди замин (ТОЗ-њо) буданд. Дар ин сол дар Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон њам њаракати колхозї ба итмом расид. Аз ин рў вазифаи 5-солаи 3-юм дар ин соња ба артели хољагии ќишлоќ табдил додани ширкати якљоя коркарди замин ба њисоб мерафт. Моњи июли соли 1940 хољагињои коллективї 98,7%-и хољагињои дењќониро дар бар мегирифтанд. Ин њама аз хусуси ба итмом расидани маъракаи коллективонидани кишоварзон гувоњї медод.

    Техникаи кишоварзї. Бо техника таъмин намудани кишоварзон на танњо барои баланд бардоштани њосилнокии мењнат, балки барои њар чї бештар ба хољагињои коллективї љалб намудани дењќонон ањамияти махсус дошт. Ин бењтарин воситаи ташфиќот ба сохти колхозї буд. Бинобар њамин њам аз тарафи Давлати Шўравї ба хољагињои коллективї њар чї бештар тракторњо, плугњо ва ѓайра фиристода шуданд. Дар Иттињоди Шўравї аз соли 1929 сар карда истгоњњои мошину тракторї (ИМТ-МТС) бунёд гардид, ки онњо бояд ба такягоњи хољагињои коллективї табдил меёфтанд. Давлати Шўравї техникаи кишоварзиро ба ихтиёри онњо мефиристанд ва ин ташкилотњо дар њаќиќат бо номи «МТС» дар байни мардум шўњрат пйдо карда буданд. Бањори соли 1930 дар Тољикистон чор адад МТС-њо дар ноњияњои пахтакори Чиптура (Шањринав), Арал, Саройкамар, Панљ ва Шањритус бунёд гардиданд, ки дар ихтиёри онњо 300 адад трактор ва дигар намуди техникаи кишоварзї буд. Соли 1933, яъне соли охири 5-солаи якўм, шумораи МТС-њо дар љумњурї ба 18 адад ва шумораи техникаи онњо ба 1085 адад расид. Дар ин сол бо ќувваи тракторњо 46,3%-и заминњои колхозњо шудгор карда шуд. Ба ѓайр аз ин њамон сол ба љумњурї аввалин 24 адад комбайн оварда шуд.

    Дар солњои 5-солаи 2-юм ва 3-юм њам ба масъалаи бо техника таъмин намудани колхозњо диќќати љиддї дода шуд. Дар натиља, дар љумњурї соли 1940 шумораи МТС-њо зиёд шуда, ба 51-адад расид, ки дар ихтиёри онњо 3884 адад трактор, 137 адад комбайн ва ѓайра буд. Шумораи мошинњои боркаш 1533 ададро ташкил дод.

    Иншоотњои обёрї. Чуноне аллакай таъкид гардид, соли 1929 дар ноњияи Сарой Камар (Панљ) нахустин таљрибаи кишти пахтаи мањиннах, ки «пахтаи мисрї» меномиданд, натиљаи хуб дод. Минъбад ин намуди пахта њатто номи «пахтаи мањиннахи Шўравї»-ро гирифт. Аз њамон ваќт ба водии Вахш, њамчун макони пахтаи моњиннах ањамияти љиддї медоданд. Аммо вазъи объёрии ин водї дар њолати ногувор буд. Њарчанд дарёи сероби Вахш аз байни ин водї гузарад њам, аммо њамагї 25,5 њазор гектар заминњои ноњияњои Ќўрѓонтеппа ва Љилликўл, ба воситаи каналњоиЉўйбор ва Љилликўл, ки обро аз дарёи Вахш мегирифтанд, обёрї карда мешуданду халос. Бинобар ин масъалаи сохтмони канали замонавї- Канали магистралии Вахш ба миён омад.

    Солњои 1928-1930 оиди сохтмони канали Вахш корњои тадќиќотї гузаронида шуд. Мувофиќи наќша дарозии канал, бо шохањояш 13 њаз. км буда, 155,7 млн. сўм (рубл) арзиш дошт. Баъди сохтмон ин канал имконият медод, ки 130 њаз. га. замин обшор карда шавад. Соли 1930 ба кори сохтмон шурўъ карданд. Дар кори сохтмони канал ќариб 10 њазор нафар коргар, 28 адад экскваторњо, 500 адад трактор, 350 адад мошинњои боркаш сафарбар шуда буд. 13 сентябри соли 1933 обро аз дарёи Вахш ба канали Вахш кушоданд. 15 сентябр ба тарзи расмї кушодашавии каналро ќайд карданд. Баъди он каналњои Љуйбор ва Љилликул нолозим шуда монд. Сохтмони канали Вахш соли 1938 ба охир расид.

    Баъди он ки сохтмони канали Вахш ба итмом расид, соли 1939 дар водии Фарѓона сохтмони Канали калони Фарѓона оѓоз гардид. Ташаббуси сохтмони ин каналро колхозчиёни Ўзбекистонї ба миён гузоштанд ва мардуми вилояти Ленинободи (имрўза Суѓд) Тољикистон ба он њамроњ шуданд. Ин канал аз њудуди љумњурии Ќирѓизистон, аз дарёи Норин оѓоз гардида, ба воситаи шањр ва ноњияи Ќўќанди Ўзбекистон, ба ноњияи Конибодоми Тољикистон мегузашт. 1 августи соли 1939 сохтмони канал оѓоз гардид ва дар тамоми хати он якбора 160 њазор нафар сохтмончиён ба кор шурўъ карданд. Дарозии ќисми Тољикистонии канал 65 км буд ва дар ин ќисм 41 адад тракторњо кор мекарданд. 10 сентябр корњои заминкании канал ба итмом расид. 29 декабри он сол навбати аввали канал пурра ба истифода дода шуд. Вале бо таклифи мењнаткашони вилояти Ленинобод, њанўз моњи октябри њамон сол сохтмони навбати дуюми ин канал-аз Конибодом то шањри Ленинобод (њозира Хуљанд) сар шуда буд. Дар муддати 15 рўз корњои заминкании ин ќисми канал ба итмом расид. 12 феврали соли 1940 ин ќисми канал њам ба истифода дода шуд ва дар натиља дарозии канал 79 км. зиёд шуд. Њамон моњ навбати сеюми сохтмони ин канал (ќисми шимолї) ба миён омад, ки дарозии он 160 км мебошад. Аз љумла ќисми тољикистонии он 60 км буд, ки дар натиљаи он 5,5 њазор гектар заминњои ноњияи Ашт обёрї мегардид. Дар ќисми тољикистонии канал корњои заминканї 21 феврал оѓоз гардид ва дар муддати 14 рўз, яъне 6 март ба итмом расид. Дар сохтмони ин ќисми канал зиёда аз 19,6 њазор мењнаткашон иштирок намудаанд.

    23 июли соли 1940 лоињаи сохтмони Канали калони Њисор тасдиќ гардид. Дарозии он 45 км буда, 20,5 км канал аз њудуди Тољикистон мегузашт. Канал аз дарёи Душанбе оѓоз гардида, инчунин аз дарёи Ќаратоѓ низ об гирифта, заминњои водии Њисор ва вилояти Сурхандарёи Ўзбекистонро бояд обшор мекард. Дар кандани ќисми тољикистонии канал ќариб 40 њазор нафар мењнаткашон ширкат намуданд. Ба сохтмони канал аввали моњи сентябри соли 1940 шурўъ карда, 23-уми марти соли 1941 сохтмони навбати аввали онро ба итмом расониданд.

    Умуман, дар натиљаи сохтмони каналњои нав ва дигар иншоотњои обёрикунанда, заминњои обёришавандаи љумњурї то ба 330 њазор га расонида шуд.

    Муњољиркунї. Зарурияти инкишофи соњаи пахтакорї, сохтани каналњои нав ва умуман инкишоф додани иншоотњои обёрикунанда, зарурияти идома додани сиёсати муњољиркунии мардум, яъне аз ноњияњои серањолї ва куњистон кўчонидани онњоро ба миён овард. Танњо дар соли 1929, яъне соли таъсисёбии Љумњурии Шўравии сотсиалистии Тољикистон шумораи муњољиршудагон ба 7414 хољагї расид, ки ин нисбат ба солњои пешин чандин маротиба зиёд аст. Аммо соли 1930 шумораи муњољирон нисбатан камтар, ба 6531 хољагї расид. Апрели соли 1931 бошад миќдори муњољирони ба заминњои нав љойгир карда шуда ба 9729 хољагї расид.

    Умуман солњои 1930-1935 ба водињои љумњурии Тољикистон 43 њазор хољагињо муњољир карда шуданд, ки онњо аз ноњияњои кўњии худи Тољикистон, Ўзбекистон ва дигар љумњурињои ИЉШС буданд. Вале аз ин миќдор 25 њазор хољагињо ба љойи аслии хеш ва дигар шањру дењот баргаштанд. Аз љумла, аз соли 1933 то соли 1937 ба води Вахш зиёда аз 18 њазор хољагињо кўчонида шуда буданд, ки аз онњо 3,5 њаз. хољагї боз ба љойњои собиќи худ баргаштаанд.

    Чуноне таъкид гардид, миёнаи солњои 30-юми асри ХХ барои азхудкунии води Вахш диќќати махсус дода шуд. Аз њамин сабаб њам сафи муњољиршудагон ба ин водї махсусан зиёд буд. Ба ин гўшаи мамлакат њатто аз ќисми аврупогии ИЉШС (СССР) низ муњољирон кўчонида оварда шудаанд. Аз љумла, солњои 1935-1936 ба ин водї води 8860 хољагињо кўчонида оварда шудаанд, ки аз онњо 3638 хољагињо аз ќисми аврупогии Иттифоќ, яъне, асосан онњое, ки њамчун кулак бадарѓа карда шудаанд, ташкил медоданд. Дар љумњурї аз соли 1937 то соли 1941 шумораи муњољирон нисбат ба солњои пешин хело кам гардид.
    § 4. Инќилоби фарњангї дар шароити Тољикистон
    Зарурияти инќилоби фарњангї. Чуноне дар боби гузашта таъкид гардид, дигаргунињо дар њаёти фарњангии Иттињодї Шўравї, аз љумла дар ноњияњои шимолии Тољикистон њанўз баробари бунёди тартиботи Шўравї, дар њудуди Тољикистони Марказї ва Љанубї бошад, аз миёнаи солњои 20-уми асри гузашта оѓоз гардида буд. Аммо аз соли 1929 сар карда дар сиёсати њизби коммунистї дар соњаи фарњанг низ дигаргунии љиддї ба амал омад. Дар ин сол агар дар соњаи кишоварзї барои саросар ба колхозњо љалб намудани дењќонони миёнањол ва њамчун синф нест кардани кулакњо сар карда бошанд, дар соњаи фарњанг, дар њудуди љумњурї барои саросар бастани мактабњои низоми таълимашон кўњна шурўъ карданд. Зеро, то ин давр дар њудуди љумњурї чунин мактабњо бо мактабњои низоми таълимашон нав-шўравї баробар амал мекарданд. Гарчанде фаъолияти мадрасањо њамон ваќт њам аллакай хело мањдуд, аксар баста шуда буданд, акнун, аз соли 1929, барои саросар бастани масљиду мадрасањо оѓоз бахшида, бо маќсади љамъияти сотсиалистї мутобиќ намудани тафаккури муллою мударрисњо, яъне барои аз сари нав «тарбия» намудани онњо шурўъ карданд. Ин њама чорабинињо аз хусуси оѓози тадбиќи вазифањои инќилоби фарњангї далолат медод.

    Инќилоби фарњангї, чуноне ќайд гардид, яке аз вазифањои асосии сохтмони љамъияти сотсиалистї ба њисоб мерафт. Барои он инќилоб фарњангї мегуфтанд, ки мувофиќи он мебоист дигаргунињои љиддї – инќилобї дар тафаккури одамон ба вуљуд оварда мешуд. Мутасаддиён чунин сиёсат мегуфтанд, ки ѓалабаи инќилоби иљтимої – сотсиалистї љамъиятро дигар карда, сохти кўњна ва синфи собиќ њукумронро сарнагун намуд, аммо тафаккури одамон мисли пештара боќї монд. Акнун бояд аз тафаккури одамон њар чизеро, ки ба љамъияти сотсиалистї ва назарияи коммунистї мувофиќ нест, бояд барњам дода шавад. Ин вазифаро мебоист инќилоби фарњангї, ки тамоми њаёти маънавии одамонро фаро мегирифт, иљро мекард. Бо њамин сабаб инќилоби фарњангиро ќисми таркибии дигаргунињои сотсиалистї, табадуллоти куллї дар инкишофи њаёти маънавии љамъият њисоб мекарданд.

    Инќилоби фарњангї танњо мањви бесаводї ё худ инкишофи илму фарњанг нест. Балки ин масъалањо дар ин давр танњо љузъиёти инќилоби фарњангиро ташкил медоданд. Амалї гардонидани вазифањои ин инќилоб таќдири њамаи ќисмњои ањолї, њам бесаводон ва њам саводноконро дар бар мегирифт. Яъне, дар маъракаи иљроиши вазифањои инќилоби фарњангї бесаводон мувофиќи талаботи замони нав ва назарияи коммунистї бояд саводнок карда мешуданд, онњое, ки саводи кўњна доштанд (аз љумла моллою мударрисњо) бояд аз сари нав «тарбия» карда шуда, аз тафаккури онњо њар чизе, ки ба љамъияти кўњна - феодалї ё капиталистї хос буд, барњам дода мешуд.

    Хулоса, дар натиљаи гузаронидани инќилоби фарњангї бояд дар мамлакат низоми нави маорифи халќ ба вуљуд меомад, ба љои табаќаи кўњнаи зиёї, табаќаи нав – зиёии љамъияти сотсиалистї ташаккул меёфт, ки онњо махсусан бо таълимоти марксистї – ленинї бештар мусаллањ бошанд, адабиёт ва санъати сотсиалистї бунёд мегардид, нашъунамои илми шўравї, ташаккули шањрванди шўравї, ки бояд бо ахлоќи коммунистї ва љањонбинии атеистї мусаллањ бошанд ва ѓайрањо фароњам мерасид.

    Дар Тољикистон, чун дар тамоми Иттињоди Шўравї инќилоби фарњангї аз ташкил ва инкишофи мактабу маорифи барои љамъитяи нав хос, мањви бесаводї, бунёди муассисањои фарњангї ва ѓайра оѓоз гардид.

    Инкишофи бунёди мактабњои шўравї. Дар шароити Тољикистон, дар давраи нави дигаргунсозињои фарњангї, мисли нимаи дуюми солњои 20-уми асри ХХ бунёди мактабњои шўравї ва ба онњо љалб намудани наврасон, мањви бесаводї, бо омўзгорон ва маводњои таълимї таъмин намудани мактабњо, аз љумлаи вазифањои муњимтарин ба њисоб мерафтанд. Вобаста ба ин самт анљумани XYI њизби коммунистии (болщевикии) Уммумиттифоќи (соли 1930) дар доираи Иттифоќ вазифаи маълумотнокии њатмии ибтидої ва таълими политехникиро гузошта буд. 14-августи он сол њукумати Иттифоќ махсус «Дар бораи таълими њатмии ибтидої» ќарор ќабул намуд. 24 сентябр кумитаи марказии њизби коммунистии (болшевикии) Тољикистон, 11 октиябри он сол њукумати Тољикистон масъалаи таълими њатмии ибтидоиро дар шароити љумњурї муњокима намуда, ќарорњои дахлдор ќабул намуданд. Мувофиќи декрети 11 октябри соли 1930 ќабул намудаи њукумати љумњурї маълумотнокии умумии њатмии ибтидої љорї гардид.

    Феврали соли 1931 Кумита оид ба таълими умумии ибтидої таъсис дода шуд. Акнун бо таълим фаро гирифтани наврасони мактабї аз фаъолияти њамин кумита сахт вобастагї дошт. Табиист, ки амали ин вазифа аз таъсиси мактабњои нав сахт вобастагї дошт. Шумораи мактабњо сол аз сол зиёд мешуд. Вале барои мактабњои нав бинои мувафиќ набуд, аксари онњо дар кибиткањо фаъолият мекарданд. Аз љумла соли 1934 дар љумњурї 2343 адад мактабњои ибтидої (яъне, то синфи 4-ум) дар кибиткањои љой гирифта буданд. Њамагї бинои 187 мактабњои ибтидої мувофиќи наќша сохта шудаанду халос. Њатто 27 адад мактабњои миёнаи нопурра њам дар кибиткањо љойгир буданд. Танњо бинои 8 мактабњои миёнаи нопурра мувофиќи талаботи њамон замон буданд. Аз 7 адад мактабњои миёна бинои танњо 3 ададашон љавобгўи талабот буданду халос. Мањз чунин њолат сабаб шуд, ки 28-уми июли соли 1934 Бюрои Осиёимиёнагии кумитаи марказии њизби коммунистии (болшевикии) Умумииттифоќ «Дар бораи вазифањои навбатии сохтмони мактабњо дар љумњурињои Осиёи Миёна» ќарор ќабул кард. Мувофиќи он ќарор таълими ибтидоиро идома дода, дар як ваќт бояд ба таълими 7-сола мегузаштанд. Барои амалии ин ќарор дар шароити љумњурї пеш аз њама ба сохтмони мактабњо диќќати љиддї дода мешуд. Ба њамин маќсад аз фонди Иттифоќ маблаѓи хеле зиёд људо карда шуд. Умуман соли 1938 харљи соњаи маорифи љумњурї нисбат ба соли тањсили 1929-1930 беш аз 103 маротиба зиёд гардид. Дар нитиља танњо солњои 1938-1940 дар Тољикистон 80 бинои мактаби нав, барои 19200 љойи нишаст сохта шуд.

    Вале новобаста аз чорабинињои зиёд барои мактабњо омўзгорони соњибмаълумот намерасиданд. Чунончї, дар миёнаи солњои 30-ум аз миќдори умумии 4532 нафар омўзгорони љумњурї, 3348 нафарашон маълумоти ибтидої, 425 нафарашон маълумоти миёнаи нопурра, 385 нафарашон маълумати миёна ва њамагї 79 нафарашон маълумаоти олї доштанду халос. 295 нафари «омўзгорон» њатто маълумоти ибтидої њам надоштанд.

    Мувофиќи ќарори њукумати Иттифоќ аз моњи марти соли 1938 дар мактабњои љумњурињои миллї омўхтани забони русї ба тарзи њатми љорї гардид. Дар мактабњои ѓайритољикии љумњурї омўзиши забони тољикї љорї карда шуд. Худи њамон сол барои бо омўзгорони забони русї таъмин намудани мактабњо аз Федератсияи Русия 368 нафар омўзгорон даъват карда шуданд.

    Албатта, бо адабиётњои таълимї таъмин намудани мактабњо яке аз масъалањои душвортарин, вале хеле муњим ба њисоб мерафт. Дар ин соња њам пешравї дида мешуд. Чунончї, агар соли тањсили 1928-1929 њамагї 55 номгўй китобњои дарсї ва адабиётњои методї, ба миќдори умумии 300 њазор нусха нашр карда бошанд, пас соли 1939 он ба 92 номгўй, бо миќдори умумии 2300 њазор нусха расидааст. Он солњо ќариб 50%-и адабиётњои зарурї дар нашрияњои шањрњои Ленинград, ќисман дар Самарќанд, Симферопал ва Москва нашр гардида, ба љумњурии мо фиристода мешуданд. Зеро, иќтидори нашриёти давлатии Тољикистон барои нашри њамаи адабиётњои зарурї намерасид. Солњои 1940-1941 дар худи љумњурї 36 номгўй китобњои дарсї ва 40 номгўи маводњои таълимию методї нашр гардидаанд.

    Соли 1939 анљумани ХYIII њизби коммунистии (болщевикии) Умумииттифоќї дар доираи Иттифоќ масъалаи љорї намудани маълумоти умумии 7 соларо дар дењот ва 10 соларо дар шањр гузошт. Дар солњои таълими 1940-1941 дар Тољикистон 2628 мактабњои умумитаълимии рўзона ва 161 адад мактабњои умумитаълимии шабона амал мекарданд. Дар мактабњои рўзона 303,5 њазор нафар ва дар мактабњои шабона 11,8 њазор нафар толибилмон тањсил менамуданд. Аз ин њисоб дар мактабњои ибтидої – 212,6 њазор нафар, дар синфњои 4-8 њамагї 101 њазор нафар, дар синфњои 9-10 бошад њамагї 1,7 њазор нафар тањсил мекарданд. Шумораи омўзгорон ба 13,3 њазор нафар росида буд. Ин дар њаќиќат пешравии хело љиддї буд.

    Њамин тавр дар Тољикистон њам дар самти инќилоби фарњангї дар солњои 30-уми асри ХХ муваффаќиятњои назаррас ба даст даровардаанд. Агар аз соли 1930 ба таълими умумии њатмии ибтидої, аз соли 1934 ба таълими умумии њатмии 7-сола гузашта бошанд, пас аз соли 1939, ба тамоми душворињо нигоњ накарда, ќадамњои нисбатан љиддитар барои маълумоти миёна низ гузошта шуд.

    Идомаи мањви бесаводї. Мањз мањви бесаводї яке аз вазифањои асосии Инќилоби фарњангї ба њисоб мерафт. Њарчанд иљроиши ин вазифа њам солњои 20-ўми асри ХХ оѓоз шудааст, вале солњои 30-ум ба ин масъала бештар таваљљўњ зоњир намуданд. Аз љумла аввали солњои 30-ум дар љумњурї комиссияи фавќулодда оид ба мубориза бо бесаводї ва љамъияти «Нест бод бесаводї!» таъсис ёфт. Вазифаи асосии онњо барои калонсолон таъсиси мактабњои мањви бесаводї буд.

    Агар шумораи мактабњои мањви бесаводї дар соли тањсили 1929-1930 њамагї 1111 ададро ташкил намояд, пас соли 1930-1931, яъне дар як сол шумораи онњо ба 2104 адад расид, ё худ ќариб ду баробар зиёд шуд. Шумораи талабагони он мактабњо соли тањсил 1929-1930 њамагї 26248 нафар, соли тањсили 1930-1931 бошад ба 63120 нафар, ё худ ќариб 2,5 баробар афзудаанд. Аллакай дар њамин давр, барои мањви бесаводї дар байни занњо низ диќќати љиддї доданд. Чунончї, дар байни онњое, ки дар соли тањсил 1931-1932 дар мактабњои мањви бесаводї мехонданд 113659 нафарашон мард ва 22317 нафарашон занњо буданд. Њал он ки соли 1926 њамагї 8 нафар занњо ба чунин мактабњо сафарбар шуда буданду халос. Соли тањсил 1933-1934 шумораи занњо дар мактабњои мањви бесаводї, нисбат ба соли тањсили 1931-1932 ду баробар зиёд шуд.

    Тањсил дар мактабњои мањви бесаводї сараввал 3 моњ буд. Маълум шуд, ки чунин мўњлат барои саводнокї кифоя нест. Бинобар ин соли тањсили 1939-1940 ба таълими 7-8 моња шурўъ карданд.

    Тайёр намудани кадрњои дорои маълумоти миёнаи махсус. Дар солњои инќилоби фарњангї дар тамоми соњањои хољагии халќи Тољикистон, махсусан соњаи маориф нарасидани кадрњо, пеш аз њама омўзгорон эњсос карда мешуд. Мехостанд чунин норасоиро ба воситаи таълим дар њар гунна техникумњо, омўзишгоњњо ва курсњо њал намоянд.

    То 1 июни соли 1930 дар љумњурї њамагї 3 техникуми омўзгорї ва 2 техникуми кишоварзї фаъолият мекарданд. Инчунин Донишкадаи маорифи Тољикистон (онро «Тољикинпрос» меномиданд), ки дар шањри Тошкент буд, барои Тољикистон кадр тайёр мекард. Дар маркази њамаи округњои љумњурї низ курсњои муаллимтайёркунї амал мекарданд. Умуман, дар њамаи 5 адад техникумњо – 1700 нафар донишљўён ва дар курсњои муаллимтайёркунї – 350 нафар љавонон тањсил мекарданд. Тањсил дар техникумњо 3 сола буд. Ба ѓайр аз инњо боз техникумњои омўзгории тољикии шањрњои Бухоро, Самарќанд ва Тошкент низ барои Тољикистон кадр тайёр намуда, мефиристоданд.

    Соли 1931 заруриятро ба инобат гирифта боз дар 10 марказњои ноњиявї – Ховалинг, Њоит, Мўъминобод, Кангурт, Нов, Файзобод, Љиргатол (охирин таълим бо забони ќирѓизї) ва ѓайрањо курсњои муаллимтайёркунї кушода шуданд. Тањсил дар чунин курсњо яксола буд ва соли 1933 онњо ба тањсили дусола табдил дода шуданд.

    Аз соли тањсили 1934-1935 техникумњои тањсили ѓоибонаи омўзгорї ба вуљуд омаданд. Мањз нарасидани омўзгорон зарурияти дар соли тањсили 1930-1940 дар Сталинобод ва Ленинобод кушодани донишкадањои дусолаи муаллимтайёркуниро ба миён овард. Дар љумњурї инчунин дар дигар соњањо њам техникумњо, ба монанди техникумњои кишоварзї, саноат, сохтмон, кооперативї, молияю иќтисод, мусиќї – театрї ва ѓайрањо вуљуд доштанд. Умуман дар соли тањсили 1940 – 1941 дар љумњурї 30 адад муассисањои миёнаи таълимї фаъолият мекарданд ва дар онњо 5919 нафар љавонон таълим мегирифтанд.

    Макотиби олї. Пешрафти љамъият кадрњои зиёди соњиби маълумоти олиро талаб мекард. Зеро, мутахассисони дорои маълумоти олї, ки дар љумњурињои бародар, мањз барои љумњурии мо тайёр карда фиристода мешуданд, хеле нокифоя буданд. Бинобар ин зарурияти дар худи љумњури таъсис додани макотибњои олї ба миён омад.

    1 сентябри соли 1931 дар шањри Сталинобод аввалин макотиби олї дар Тољикистон – Донишкадаи омўзгорї ба фаъолият шурўъ кард. Донишкада њамон сол аз 4 факулта – таърих, забон ва адабиёт, педагогика ва биология иборат буд. Соли 1935 ба онњо факлтаи љуѓуррофия низ илова гардид. Њамон давр дар донишкада 4 нафар профессорон, 8 нафар дотсентњо, 6 нафар ассистентњо, яъне њамагї 28 нафар омўзгорон фаъолият мекарданд. Тањсил дар донишкада сесола буд.

    Соли 1932 дар шањри Хуљанд низ Донишкадаи омўзгорї ташкил карда шуд. Он аз ду факулта – физикаю риёзї ва табиатшиносї иборат буд. Донишкадаи кишоварзии Тољикистон соли 1934 дар шањри Хуљанд, дар асоси Пажуишгоњи илмї тадќиќотии сабзавоту мева, ки њанўз соли 1931 бунёд гардида буд, ташкил ёфт. Ин донишкада њамон ваќт аз ду факулта – аграномї ва сабзавоту мева иборат буд. Соли 1944 донишкада ба шањри Сталинобод кўчонида шуд.

    Донишкадаи тиббии Тољикистон соли 1939 дар шањри Сталинобод бунёд гардид. Дар ташкили ин донишкада Донишкадаи дуюми таббии шањри Москва аз њар љињат кўмаки амалї расонид. Донишкада дар соли аввал 123 нафар донишљў ќабл кард, ки њамагї 7 нафарашон мањаллї буданд.

    Соли 1936 дар назди Комиссирияти маорифи Тољикистон Комиссияи олии аттестатсионї доир ба додани дараља ва унвони илмї ташкил карда шуд. Худи њамон сол дар назди Донишкадаи омўзгории Сталинобод аввалин дар љумњурї аспирантура, аз рўи ихтисосњои – забон ва адабиёти тољик, таърихи умумї ва таърихи Тољикистон, љуѓуррофия ва педагогика ташкил карда шуд. Дар солњои 30-ум аз љумлаи кадрњои мањаллї аввалин номзадњои илм: таърихшиносон З.Ш. Раљабов ва А.М. Бањоваддинов, филологњо Б. Ниёзмуњаммадов ва О.Љалолов сабзида расиданд. Минбаъд онњо олимони номи љумњурї - акдемикњо гардиданд.

    Аввали соли 1941 дар хољагии халќи Тољикистон 10,5 њазор нафар мутахассисони дорои маълумоти олї ва миёнаи махсус кор мекарданд.

    Гузаштан ба њуруфи криллиасосї. Миёнаи солњои 30-уми асри ХХ маълум шуд, ки амалї гардонидани инќилоби сотсиалистї дар тамоми љањон, яъне инќилоби пай дар пай, ё худ «пермаментї» ѓайриимкон аст. Чуноне дар боби гузашта таъкид шуд, яке аз маќсадњои асосии гузаштан ба њуруфи лотинї мањз њамин буд. Ба ѓайр аз ин вазъи љањон њам хело таѓйир ёфт. Баробари ба сари њокимият омадани фашистон дар Италия (соли 1922) ва махсусан Олимон (соли 1933) хавфи љанги нави љањонї зиёдтар шуд.

    Соли 1935 раёсати кумитаи иљроияи марказии (КИМ) ИЉШС (СССР) натиљаи фаъолияти кумитаи марказии Умумииттифоќии њуруфи навро (яъне лотиниро) муњокима намуда, ба хулосае омад, ки тадбири бо умеди инќилоби пай дар пайи љањонї, гузаштан ба њуруфи лотиниасос хато будааст. Бинобар ин 7 марти соли 1937 халќњои ѓайрируси ќисмњои шимоли Русияро, ки ба њуруфи лотинї гузаронида буданд, аз сари нав ба њуруфи криллї шимол намуданд. Зеро, онњо пеш аз гузаштан ба лотинї њуруфи криллиро ќабул карда буданд.

    Соли 1938 бо ташаббуси кумитаи марказии њизби комммунистии (болшевикии) Тољикистон љамъомади љумњуриявї даъват карда шуд ва дар он масъалаи гузаштан ба њуруфи криллиасосро пешнињод намуда, розигии њозиринро гирифтанд. Албатта Тољикистон њамон лањза наметавонист аз сари нав ба њуруфи арабиасоси худ баргардад. Зеро, гузаштан ба њуруфи криллиасосро яке аз чорањои муњимтарини мустањкам намудани Иттињоди Шўравї мењисобанд.

    20 ноябри соли 1939 кумитаи марказии њизби коммунистии (болшевикии) Умумииттифоќї дар асоси талаби кумитаи марказии њизби коммунистии (болшевткии) Тољикистон (аз 14 майи соли 1939), дар бораи аз њуруфи лотиниасос ба њуруфи криллиасос гузаронидани њуруфи тољикї розигї дод. Барои омода намудани њуруфи нави криллиасоси тољикї бо сарварии раиси Шўрои коммисарони халќии љумњурї М. Ќурбонов комиссияи махсус ташкил карда шуд. Нињоят, 21 майи соли 1940 Шўрои Олии ЉШС Тољикистон дар бораи аз њуруфи лотиниасос ба крилиасос гузаронидани њуруфи тољикї ќонун ќабул кард. Мувофиќи ин ќонун давраи гузариш ба њуруфи криллиасос бояд 1 сентябри соли 1941 ба итмом мерасид.

    Њамин тавр дар Тољикистон солњои 1938-1939 масъалаи гузаштан ба њуруфи криллиасосро ба миён гузошта, соли 1940 барои амалии он аллакай шурўъ намуданд.

    Матбуот. Соли 1930 дар Тољикистон 5-рўзномањои љумњуриявї ва як рўзномаи округї, инчунин маљаллаи «Роњбари дониш» нашр мегардид. Рўзномањои љумњуриявї: «Тољикистони сурх» (рўзномаи «Бедории тољик» аз 8 ноябри соли 1928 чунин номгузорї шуда буд), «Коммунист Таджикистана» (рўзномаи «Советский Таджикистан», ки аввалин шуморааш 7 ноябри соли 1925 баромада буд, соли 1930 чунин номро гирифт), «Кизил Тожикистан», «Дењќони камбаѓал» ва «Љавонони Тољикистон» ба њисоб мерафтанд.

    Дар охири солњои 30-юми асри ХХ дар љумњурї 9 номгўй рўзномањои љумњуриявї, 58 номгўй рўзномањои ноњиявї, 4 номгўй маљаллањои љумњуриявї нашр мегардиданд.

    Радио. Агар дар њудуди Иттињоди Шўравї бори аввал 23 ноябри соли 1924 овози радио садо дода бошад, пас дар Тошкент – моњи марти соли 1927, дар Душанбе – 10 апрели соли 1930 садо додааст. Зарурият ва ањамияти радиоро барои шароити кўњистони Тољикистон ба назар гирифта, нуќтањои онро зуд хеле зиёд намуданд. Дар натиља, миёнаи соли 1940 дар њудуди љумњурї аллакай 42 нуќтањои шунавоии радио фаъолият мекарданд. Аз 65 марказњои шањрї ва ноњиявии љумњурї 47 марказњо бо нуќтањои радиошунової фаро гирифта шуда буданд.

    Муассисањои маданї-равшаннамої. Дар аввали солњои 30-ум дар њудуди љумњурї 11 адад китобхона вуљуд дошт. Дар натиљаи пеш гирифтани сиёсати мањви бесаводї ва баланд бардоштани дараљаи саводнокї шумораи китобхонањо низ афзуданд. 1 январи соли 1933 дар шањри Сталинобод китобхонаи давлатии Тољикистон ба номи А. Фирдавсї кушода шуд. Шумораи умумии китобхонањо соли 1940 ба 401 адад расид, ки аксари онњо дар дењот љой гирифта буданд.

    Дар солњои 30-ум маќоми клубњо махсусан афзуд. Зеро, дар назди онњо мањфилњои гуногун, аз љумла мањви бесаводї, фаъолияти бадеї, китобхона ва ѓайрањо мављуд буданд. Барои занњо клубњои махсус вуљуд дошт. Клубњо дар назди заводу фабрикањо, колхозу совхозњо, дар шањру шањрчањо, маркази ноњияњо, дењањои калон, њатто дар сохтмонњо бунёд карда мешуданд. Дар клубњо њар гуна вохўрињо, консертњо, намоиши филмњо ташкил карда мешуданд. Агар миќдори клубњо соли 1927 дар љумњурї 32 адад бошанд, пас соли 1940 миќдори онњо ба 512 адад расид, ки 434 адади онњо дар дењот љойгир шуда буданд.

    Бо маќсади ташвиќ намудани дастовардњои љамъияти Шўравї, майлу хоњиши анъанавии мардумро нисбати чойхонањо ба назар гирифта , чойхонањои замонавї бунёд менамуданд, ки онњо ба худ номи «чойхонањои сурх»-ро гирифтаанд. Дар ин гуна чойхонањо ѓайр аз чойнўшї, сиёсати њизб ва њукуматро ташвиќ мекарданд, лањзаи саволу љавоб ташкил менамуданд, ташвиќотњои атеистї мебурданд. Албатта ин гуна чойхонањо дар баробари шоњмоту шашка, бо маводњои ташвиќотї – рўзномаю маљаллањо ва нуќтањои радиошунавонї таъмин буданд. Баъзе аз ин чойхонањо бо ташаббуси худ газетаи деворї мебароварданд. Охири солњои 30-ум дар љумњурї миќдори чойхонањои сурх ба 529 адад расида буд.

    Барои тарбияи насли наврас ташкили осорхонањо (музейњо) зарур њисобида шуд. Соли 1931 дар њудуди љумњурї аввалин осорхона дар шањри Хуљанд, дар масчиди Шайх Муслињиддин кушода шуд. Моњи марти соли 1934 дар бораи дар Сталинобод ташкил намудани Осорхонаи давлатї ќарор ќабул гардид.Минбаъд ин осорхона ба инъикосгари асосии њаёти гузашта ва имрўзаи халќи тољик табдил ёфт.

    Дар солњои 30-ум барои корњои ташвиќотию тарѓиботї аз намоиши филмњо њам ба тарзи васеъ истифода бурданд. Соли 1929 дар Сталинобод аввалин кинотеатр, ки хусусї буд, ба фаъолият шурўъ кард. Соли 1932 бо ќарори њукумати љумњурї «Кинои тољик» («Тољиккино») ташкил карда шуд, ки вазифаи он на танњо намоиши филмњо, балки сохтмони кинотеатрњо низ ба њисоб мерафт. Апрели соли 1938 дар љумњурї 38 адад кинотеатрњои шањрї ва ноњиявї фаъолият мекарданд.

    Адабиёт. Дар солњои 30-уми асри ХХ адабиёт аллакай пурра дар зери назорати њизби коммунистї гузашта буд. Аз ходимони адабї талаб мекарданд, ки тарѓибгари сиёсати њизб ва дастовардњои љамъияти сотсиалистї бошанд. Аммо ќисме аз эљодкорони ин самт хоњиши дар зери назорати њизб буданро надоштанд. Январи соли 1931 ин ќисми эљодкорон, дар зери таъсири Ассотсиатсияи нависандагони пролетарии Русия, ки њанўз соли 1925 ташкил ёфта буд, ташкилоти худро бо номи Бюрои ташкилии ассотсиатсияи Тољикистонии нависандагони пролетариро ташкил намуданд. Маќсади асосии ин бюро мањдуд намудани таъсири њизб нисбат ба фаъолияти эљодии нависандагон буд. Роњбарияти њизби коммунистї бо чунин мавќеи бюро розї шуда наметавонист.

    Апрели соли 1932 кумитаи марказии њизби коммунистии (болшевикии) Умумииттифоќї ќарор кард, ки ассотсиатсияњои нависандагонро барњам дода, ба љои онњо танњо аз љумлаи нависандагони тарафдори сиёсати њизби коммунистї ва Њукумати Шўравї Иттифоќи нависандагонро бунёд намоянд. Он нависандагоне, ки сиёсати Њукумати Шўравиро дастгирї намекунанд ба он Иттифоќ ќабул карда намешуданд ва онњо инчунин њаќ надоштанд, ки мастаќилона дигар ташкилоте бунёд намоянд. Умуман ин гуна нависандагонро «унсурњои бегона» номида, таъќиб менамуданд.

    Аз соли 1932 нашри маљаллаи «Барои адабиёти сотсиалистї» шурўъ гардид. Дар он асару маќолањои он нависандагонеро чоп мекарданд, ки дар онњо аз њаёти бунёдкунандагони љамъияти сотсиалистї сухан меравад.

    Моњи майи соли 1934 анљумани нахустини Иттифоќи нависандагони Тољикистон барпо гардид, ки он иттифоќро аз љињати ташкилї ташаккул дод. Аввалин раиси Иттифоќи нависандагони љумњурї С. Носиров, раиси фахрии раёсати Иттифоќ А. Лоњутї интихоб гардиданд. Бунёди ин иттифоќ барои тарбияи насли љавони шоиру нависандагон маќоми муњиме бозид.

    Дар солњои 30-юм дар ќатори С.Айнї ва А. Лоњутї, ба њайати шоирону нависандагони Тољикистон М. Турсунзода , С. Улуѓзода, Љ. Икромї, А. Дењотї, М. Миршакар, Р. Љамил, Њ. Юсуфї ва дигарон њамроњ шуданд. Чунин асарњои С.Айнї, ба монанди романњои «Дохунда» (соли 1930), «Ѓуломон» (соли 1934 бо забони ўзбекї ва соли 1935 бо забони тољикї), повестњои «Мактаби кўњна» (соли 1935), «Љаллодони Бухоро» (соли 1937, бо таѓйироту иловањо) ва «Марги судхўр» (соли 1939), дар шакли китобњои алоњида дастраси хонандагон шуданд. Шеърњои хонданибоби А. Лоњутї бо номи «Тољ ва байраќ» (соли 1935), «Кўпрук аз болои дарёи Вахш» (соли 1935), «Дар соњили дарёи Днепр» (соли 1936) ва ѓайрањо ба хонандагон пешкаш шуданд. Соли 1932 аввалин маљмўаи шеър, очерк ва њикояњои М. Турсунзода бо номи «Байроќи зафар» нашр гардид. Соли 1937 аввалин достони ў бо номи «Хазон ва бањор» ба табъ расид.

    Санъат. Аввали солњои 30-юм дар љумњурї ягона театри касбї – театри давлатии Тољикистон, ки њанўз 7 ноябри соли 1929 таъсис ёфта буд, фаъолияти худро пурзўр намуд. Њангоми таъсис њайати кормандони театр аз 11 нафар иборат буд. Минбаъд њам ягона мутахассиси маълумоти касбидоштаи он режиссер Х. Мањмудов ба њисоб мерафт. Бо њамин сабаб театр сараввал бештар намоишњои як ё дупардагї омода мекард. Дар њамон солњо ин театр намоишномањои «Колтакдорони сурх»-и С. Улуѓзода, «Исён»-и Д. Фурманов, «Отелло»-и В. Шекпир ва ѓайрањоро намоиш дод. Театр соли 1933 ба номи А. Лоњутї гузошта шуд.

    Соли 1932 дар Хуљанд, соли 1936 дар Кўлоб ва Хоруѓ театрњои мусиќї – драмавї, соли 1937 театри давлатии драмавии русии Тољикистон дар шањри Сталинобод, соли 1938 театри русї дар Ленинобод ва флармонияи давлатии Тољикистон дар Сталинобод таъсис ёфтанд. Соли 1935 дар асоси ансамбили мусиќинавозони театри ба номи А.Лоњутї, Театри мусиќавии Тољикистон таъсис ёфт. Соли 1940 дар асоси ин театри мусикї Театри давлатии академии опера ва балети тољик таъсис ёфт ва он ки баъдтар, соли 1954 номи С.Айниро гирифт. Ба ѓайр аз њамаи инњо, солњои 30-ум боз дар як ќатор ноњияњо, аз љумла дар Конибодом, Нов, Ашт, Уротеппа, Панљакент ва Ќўрѓонтеппа низ театрњои шањрию ноњиявї бунёд гардиданд.

    Дар солњои 30-аввали 40-ум ташкилотњои рассомон ва бастакорони Тољикистон низ аз љињати ташкилї таъсис ёфтанд. Аз љумла ноябри соли 1933 Иттифоќи рассомон ва соли 1940 Иттифоќи бастакорон бунёд гардиданд.

    Кино. Кинои тољик, ки соли 1930 таъсис ёфтааст, аввалин филмњои он њуљљатї, ё худ кўтоњњаљм буданд. Аз љумла соли 1932 аллакай 24 шумораи киножурнали «Тољикистони Шўравї» намоиш дода шуд. 20 сентябри соли 1932 аввалин филми бадеии ба навор гирифтаи он, бо номи «Ваќте ки амирон мемиранд» намоиш дода шуд. Худи њамон сол трести «кинои тољик» ба «Тољикфилм» табдил ёфт. Аввалин филми овоздор низ киножурнали «Тољикистони Шўравї» буд. Аввалин филми овоздори бадеї аз тарафи «Тољикфилм» соли 1939, бо номи «Боѓ» ба навор гирифта шуд.

    Дањњаи фарњанги тољик дар ш.Москва. Шањри Москва пойтахти Иттињоди Шўравї ба њисоб мерафт. Бинобар ин дар ин шањр гузаронидани дањњаи фарњанги тољик як муваффаќияти хеле бузург њисоб карда мешуд. Мањз бо маќсади нишон додани дастовардњои эљодкорони тољик, моњи апрели соли 1941 дар ин шањр дањњаи эљодкорони миллии Тољикистон ташкил гардид. Дар он намоишњои театрї, асарњои рассомон, њунарњои мардумї, вохўрињо бо шоирону нависандагон барпо карда шуд. Натиљааш барои эљодкорони тољик хело хотирмон буд. Њунарманди театри давлатии драмавии Тољикистон М. Ќосимов унвони Њунарманди халќии ИЉШС (СССР), худи театр бо ордени Байроќи Сурхи мењнат, театри апера ва балет бо ордени Ленин, флармония давлатї – бо ордени Байроќи Сурхи мењнат мукофотонида шуданд. Умуман ќариб 90 нафар иштирокчиёни дањња бо ордену медалњои давлатї сарфароз гардиданд.

    Илм. Пешравии иќтисодиёти љумњурї аллакай солњои 30 – ум масъалаи аз љињати илмї асоснок намудани самтњои асосии онро ба миён гузошт . Мањз бо њамин маќсад пажуишгоњњои илмї – тадќиќотї дар соњањои саноат, иќтисодиёт, наќлиёти автомобилї, тиб, кишоварзї, тољикшиносї ва ѓайрањо бунёд гардидаанд. Аз љумла дар назди Пажуњишгоњи илмї тадќиќотии давлатии Тољикистон љамъияти таърихшиносон ва шарќшиносон мављуд буд. Соли 1930 дар назди Пажуњишгоњ кумитаи бостоншиносон таъсис ёфт. Бо маќсади бо самтњои муайян равона кардан ва мунтаззам пеш бурдани илм 17 марти соли 1932 Базаи Тољикистонии Академики илмњои ИЉШС таъсис ёфт, ки он аз се сектор - биологї, геологию геохимикї ва таъриху лингвистї (забоншиносї) иборат буд. Фаъолияти базаро олимони машњури Шўравї, академик С.Ф.Олденбург, њамчун раис, профессор Н.И. Горбунов (љонишини раис), њамчун раиси база аз соли 1934 А.А. Рихтер, солњои 1934-1935- А.Е. Ферсман, аз соли 1935 Е.Н. Павловский сарварї намуданд.

    Яке аз самтњои асосии фаъолияти база ин ташкил намудани тадќиќотњои эъзомии (экспедитсионии) Тољикистон ба њисоб мерафт. Дар назди раёсати база комиссияи тадќиќотњои эъзомї, бо роњбарии Н.П. Горбунов ташкил карда шуд. Маќсади ин эъзомия омўхтани ќуввањои истењсолкунандаи Тољикистон ба њисоб мерафт. Аввалин эъзомия тобистони соли 1932 бо номи эъзомияи комплексии Тољикистону Помир таъсис дода шуд, ки он аз 72 отряд ва 237 нафар кормандони илмї иборат буд. Ба он олимон аз шањрњои Москваю Ленинград њам сафарбар шуда буданд. Фаъолияти он Эъзомия 6 моњ давом кард.

    Соли 1941 Базаи Тољикистонии АИ ИЉШС ба Шўъбаи он табдил дода шуд. Њамон ваќт шўъба аз 4 пажуњишгоњ, 1 лабараторияи илмї, 4 стансияњои илмї, 2 боѓи ботаникї, китобхонаи илмї ва расадхона иборат буд.

    Њамин тавр дар солњои 30-ўми асри ХХ барои пешравии минбаъдаи соњањои гуногуни илм дар Тољикистон заминањои мусоид муњайё гардид.

    Оќибатњои инќилоби фарњангї дар шароити Тољикистон. Чуноне аз далелњои овардашуда ошкор гардид, бо маќсади амалї намудани вазифањои инќилоби фарњангї дар љумњурї асосан аз њисоби хазинаи давлат ба саросар саводнок намудани мардум гузоштанд, мактабњои зиёд бунёд намуданд, техникуму омўзишгоњњо ва донишкадањо, театрњои касбї кушоданд, ба нашри рўзномаю маљаллањо ва китобњо шурўъ карданд, ба тадќиќи илмии ин сарзамин ибтидо гузаштанд ва ѓайрањо. Ин њама оќибатњои мусбат мебошад. Аммо ин њама корњои наљиб дар як ваќт бо бастани масљиду мадрасањо, нест кардани китобњои ќадима, ки гўё њамаи онњо характери динї доштаанд, њабс ва бадарѓа намудани муллою мударисњо, мањдуд ва нињоят манъ намудани чорабинии динї ва анъанањои миллї, ба монанди љашнњои Наврўз, иди Рамазон, иди Ќурбон ва ѓайрањо мегузаштанд. Чунин чорабинињои замони инќилоби фарњангї оќибатњои манфии он ба њисоб меравад.
    1   ...   35   36   37   38   39   40   41   42   ...   57


    написать администратору сайта