Главная страница
Навигация по странице:

  • Кумитаи Давлатии Мудофиа (КДМ)

  • Ба Тољикистон овардани таљњизоту корхонањои саноатї ва омўзишгоњњои њарбї

  • Ба танзим даровардани ќуввањои корї ва љорї намудани таълими њатмии њарбї

  • Ба талаботи замони љанг мутобиќ намудани иќтисодиёти љумњурї

  • Ќањрамонии тољикистониён дар фронтњои љангї

  • Љўтоќ Урозов

  • Эргаш Шарипови

  • Рањимбой Рањматови

  • Николай Балакин , Александр Горелов

  • Ойгул Муњаммадљонова

  • Ба итмом расидани љанг ва оќибатњои он

  • 9 май њамчун Рўзи Ѓалаба

  • апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов


    Скачать 3.71 Mb.
    НазваниеНамоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
    Дата10.10.2022
    Размер3.71 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01..doc
    ТипДокументы
    #724565
    страница41 из 57
    1   ...   37   38   39   40   41   42   43   44   ...   57
    §2. Ба талаботи замони љанг мутобиќ кунонидани

    иќтисодиёти љумњурї
    Дигаргунсозињо дар соњаи идоракунї. Дар Иттињоди Шўравї, аз љумла дар Тољикистон, гарчанде мисли пештара њизби коммунистї њизби яккањукмрон буд ва дигар ягон хел ќувваи мухолифин вуљуд надошт, њамаи ташкилотњои давлатию хољагї ва њатто њарбї низ дар зери роњбарии он њизб буданд, вале гўё чунин њолат њам дар шароити фавќулоддаи баамаломада нокифоя њисоб карда шуд. Замони љанг талаб мекард, ки тамоми корњои идоракунии Иттифоќ боз њам муттањидтар карда шавад. Бо њамин маќсад 30 июни соли 1941 бо сарварии И.В. Сталин Кумитаи Давлатии Мудофиа (КДМ) ташкил карда шуд. Ба ихтиёри он тамоми њокимияти њарбї, сиёсї ва хољагии мамлакат гузашт. Минбаъд чї ташкилоту идорањои иттифоќї ва чї љумњуриявї, аз љумла ташкилоту идорањои Тољикистон низ, аз рўи супориши њамин кумита фаъолият мекарданд.

    Њанўз 3 июли соли 1941 И.В. Сталин, њамчун сарвари КДМ, ба тамоми мурдуми Шўравї мурољиат намуда, то чї андоза љиддї будани хатари ба мамлакати мо тањдидкардаро хотиррасон кард. Ў тамоми халќњои Шўравиро даъват кард, ки нисбати таќдири мамлакати худ, Ватани худ бепарвої накарда, тамоми фаъолияти худро мувофиќи талаботи замони љанг ташкил намоянд ва барои мудофиаи Ватани худ бархезанд. Тамоми ташкилотњои давлатию љамъиятии Тољикистон њам фаъолияти њаррўзаи худро (дар замони љанг) мувофиќи талаботи њамин кумита тартиб доданд. Хулоса, КДМ барои ба муќобили душман сафарбар намудани тамоми ќувва ва таъмини ѓалабаи мардуми Шўравї маќоми муњиме бозидааст. Ин кумита то 4 сентябри соли 1945 фаъолият кард.

    Ба Тољикистон овардани таљњизоту корхонањои саноатї ва омўзишгоњњои њарбї. Яке аз чорабинињое, ки Њокимияти Шўравї дар аввали солњои љанг андешид, ин ба душман нагузоштани корхонањои саноатї, конњо, шахтањо ва ѓайрањо буд. 16 августи соли 1941 Њокимияти Шўравї дар бораи аз хати фронти љангї ба Поволже, Урал, Сибири Ѓарбї, Ќазоќистон ва Осиёи Миёна кўчонидани корхонањои саноатї ќарор ќабул кард. Дар асоси ин ќарор дар давраи аввали љанг 27 адад корхонањои саноатї ва таљњизотњои онњо аз хати фронт ба Љумњурии Тољикистон кўчонида шуданд, ки бештари онњо корхонањои соњаи сабук ва хўрокворї буданд ва онњо дар муддати хеле кўтоњ ба кор дароварда шуданд.

    Дар баробари корхонањои саноатї, ба Љумњурии Тољикистон аз ќисми ѓарбии мамлакат баъзе омўзишгоњњои њарбї, аз љумла омўзишгоњи авиатсионї – техникии шањри Харков, мактаби њарбии авиатехникии шањри Волчанск, мактаби махсуси артиллерии раќами 16 – и шањри Одесса, омўзишгоњи пиёдагарди шањри Орлов ба шањри Душанбе кўчонида шуданд. Ин мактабу омўзишгоњњо дар муддати кўтоњ ба фаъолият шурўъ намуда, дар тайёр намудани мутахассисони њарбї њиссаи худро гузоштанд.

    Ба танзим даровардани ќуввањои корї ва љорї намудани таълими њатмии њарбї. Дар замони љанг ваќте, ки ќувваи асосии корї - мардњо ба фронт сафарбар карда шуданд, мунтаззам нигоњ доштани фаъолияти корхонањо дар аќибгоњ аз љумлаи вазифањои муњимтарин ба њисоб мерафт. 26 июни соли 1941 Раёсати Шўрои Олии Иттињоди Шўрвї бо ќарори худ рўзи кориро дарозтар – 8 соат намуда, рухсатии мењнатии коргарону хизматчиён ва рўзи истироњатро бекор кард. Аз 26 декабри он сол шароити мењнатии онњо мувофиќи талаботи замони љанг ташкил карда шуд. Њамаи ин таѓйиротњо дар њудуди Тољикистон њам амалї гардиданд.

    Њанўз соли 1941 дар назди Њукумати (ШКХ) Тољикистон комиссияи доимамалкунанда ташкил карда шуд, ки он ќувваи кории љумњуриро ба њисоб гирифта, ќувваи озоди кориро ба нуќтањои њаётан муњим мефиристод. Аз љумла, бо ташаббуси њамин комиссия, моњи майи соли 1942 аз вилояти Ѓарм ќувваи озоди корї барои заодњои пахтатозакунии љумњурї сафарбар карда шуд. Чунин ќувваи корї аз дигар ноњияњои љумњурї њам, махсусан аз ноњияњои кўњї сафарбар гардиданд.

    Њукумати Шўравї дар корхонањои саноатии мамлакат нарасидани ќувваи кориро ба инобат гирифта, 4 ноябри соли 1942 ќарор ќабул кард, ки мувофиќи он ба љои ба фронт даъватшудагон бояд аз њисоби хизматчиён ва занњо сафарбар карда мешуданд. Бо маќсади аз њисоби занон тайёр намудани мутахассисон курсњои кўтоњмуддат ташкил карда шуд. Дар соњаи кишоварзї низ чунин курсњои занона, аз љумла курсњои механизаторї бунёд гардиданд.

    Аз рўзњои аввали Љанги Бузурги Ватанї масъалаи аз њисоби коргарон, хизматчиён, љавонон, занњо ва ѓайра тайёр кардани захирањои љангї ба миён гузошта шуд. Зеро, ба фронт аз духтуру њамширањои шафќат сар карда, то ронандагони танку мошинњои њарбї, нашонзанњои моњир, донандагони забон ва ѓайра зарур буданд. Њамаи онњо бояд дар аќибгоњи фронти љангї омода карда мешуданд. Бо њамин маќсад дар доираи Иттифоќ, аз љумла дар њудуди Тољикистон њам, дар корхонањо, мактабу донишкадањо таълими њатмии њарбї љорї карда шуд. Дар љумњурии мо ба ин чорабинии муњими замони љанг аз 1 декабри соли 1941 шурўъ карданд. Дар њаќиќат њам ин чорабинї барои ташаккулёбии мањорати љангии љавонмардон дар амал маќоми мусбї бозид.

    Ба талаботи замони љанг мутобиќ намудани иќтисодиёти љумњурї. Барои ба талаботи замони љанг мутобиќ намудани иќтисодиёти љумњурї, пеш аз њама саноати он, мурољиати Њукумати Шўравї ба њамаи мардуми Шўравї, аз 22 июни соли 1941 ва директиваи Њукумати Шўравї ва КМ ЊК (б) (болшевикии) Умумииттифоќї аз 29 июни он сол ба њамаи ташкилотњои Шўравию њизбии вилоятњои назди хати фронтњои љангї, њамчун њуљљатњои барномавї ба њисоб мерафтанд. Мувофиќи ин њуљљатњо дар назди тамоми халќњои Шўравї вазифа гузошта шуд, ки фавран тамоми ќувваро ба муќобили душман равона кунанд, њамаи соњањои хољагии халќро ба талаботи замони љанг мутобиќ намоянд, ба фронти љангї кўмаки њаматарафаро ташкил карда, истењсоли аслињаи љангї, махсусан танку самалиётњои љангї, тўпњо ва ѓайраро афзун гардонанд.

    Тољикистон гарчанде аз хати фронтњои љангї хеле дар канор буд, вале корхонањои саноатии он низ бо суръати тез ба талаботи замони љанг мутобиќ гардонида шуданд. Минбаъд ин корхонањо истењсоли мањсулоти замони осоиштаро мањдуд ва баъзе намуди онњоро њатто ќатъ намуда, ба истењсоли мањсулоти барои фронти љангї зарур шурўъ намуданд. Баъзе корхонањо, аз љумла заводи механикии ба номи С. Орљоникидзеи шањри Сталинобод, ба истењсоли намудњои гуногуни аслиња, пеш аз њама тир оѓоз карданд.

    Дар соњаи кишоварзї њам истењсоли пахта ва пилла, мањсулотњои барои замони љанг зарур, аз ин сабаб ашёњои стратегї њисоб карда мешуданд. Аз ин рў њукумати љумњурї вазифадор буд, ки минбаъд њам барои афзун намудани истењсоли онњо чорањои заруриро андешад. Инчунин инкишоф додани истењсоли мањсулотњои ѓаллагї ва чорво низ дар мадди назар буд, то ин ки минбаъд бо ин мањсулотњо њам љумњурї њар чї бештар кўмаки худро ба фронти љангї расонад.
    §3. Ќањрамонии фиристодагони Тољикистон дар фронтњои љангї
    Сафарбаркунии њарбї дар љумњурї. Дар Тољикистон яке аз иќдомњои шоёне, ки аз рўзњои аввали Љанги Бузурги Ватанї оѓоз намуданд, ин барои фронти љангї сафарбар намудани љавонмардон буд. Бо ин масъала дар љумњурї аз рўзњои аввали љанг њамаи комиссариатњои њарбии 6 вилоятї, 67 шањрию ноњиявї машѓул буданд. Чун тамоми Иттињоди Шўравї, дар Тољикистон њам сафи хоњишмандоне, ки ихтиёрї ба фронт рафтан мехостанд, хеле зиёд буданд. Танњо дар моњњои аввали љанг ба комиссариатњои њарбии љумњурї ќариб 6 њазор аризањои ихтиёриён омаданд, ки дар онњо љавонмардон хоњиши њар чї зудтар онњоро барои мудофиаи Ватан, ба фронти љангї фиристоданро менамуданд.

    Комиссариатњои њарбии љумњурї на танњо бо корњои сафарбаркунии љавонмардон машѓул буданд, балки онњо кўшиш мекарданд, ки фронтро бо кадрњои ихтисоснок таъмин намоянд. Бо њамин маќсад дар назди баъзе комиссариатњои харбї нуќтањои таълимї ташкил карда шуданд, ки онњо ба љавонмардони тољикистонї ихтисосњои гуногуни њарбиро меомўзониданд.

    Дар асоси ќарори КДМ аз 17 сентябри соли 1941 дар тамоми њудуди Иттињоди Шўравї таълими умумии њарбї, ки «всеобуч» меномиданд, љорї карда шуд. Он њамаи љавонмардони синнашон аз 16 то 50 соларо дар бар мегирифт. Дар Тољикистон аз моњи октябри соли 1941 то августи соли 1942 њамагї 177.685 нафар аз таълими умумии њарбї гузаштаанд.

    Ин чорабинињо њама дар замоне мегузашт, ки дар љумњурї сафарбаркунии умумии њарбї барои фронти љангї давом дошт. Тољикистон дар солњои љанг ба миќдори умумї 253.957 нафар фарзандони солиму бардами худро фиристод. Аз ин миќдор 209 њазор нафарашон дар фронтњои љангї, аз љумла 175648 нафарашон дар сафњаи аскарони Шўравї даъват шудаанд. Онњое, ки синнашон барои хизмат дар сафи аскарони сурх номувофиќ њисобида шуд, ин миќдор 44. 957 нафар (асосан калонсолон), барои кор дар саноати њарбии мамлакат, ки дар ќисмњои марказї ва Сибир фаъолият мекарданд, сафарбар шуда буданд. Аз фиристодагони Тољикистон 58 њазор нафарашон дар амалиётњои љангї мардонигию шуљоати зиёд нишон дода, сазовори ордену медалњои давлатї гардиданд. 54 нафар фиристодагони Тољикистон ба унвони аз њама баланди љангї – Ќањрамони Иттињоди Шўравї сазовор шуданд. Инчунин, боз 19 нафар аз фиристодагони Тољикитсон бо њар се дараљаи ордени Шараф сазовор шудаанд, ки онњо њам дар ќатори Ќањрамонони Иттињоди Шўравї мебошанд.

    Ќањрамонии тољикистониён дар фронтњои љангї. Дар солњои Љанги Бузурги Ватанї љавонписарони тољикистонї дар тамоми амалиётњои љангї, аз мудофиаи ќањрамононаи ќалъаи Брест сар карда, то забти пойтахти фашистони Олмон – шањри Берлин иштирок намудаанд. Аз љумла, пулемётчї Акбар Мањмудов, ки дар ќалъаи Брест хизмат мекард, њанўз 23 июни соли 1941 бо њамроњонаш ба љанг даромада, ќањрамонона њалок гардидааст.

    Минбаъд љанговарони љумњурии мо дар муњорибањои назди Москва, љанги шадиди Сталингард, мудофиаи Ленинград ва ѓайрањо ќањрамонињои бемисл нишон додаанд. Чунончї, Ањмад Турдиевї тољик дар ќатори намояндагони 8 миллатњои шўравї ќариб ду моњ, «хонаи Павлов» - и Сталинградро аз душман мудофиа намудааст.

    Пўшида нест, ки муњарибаи Курск яке аз муњорибањои бузургтарини танкии Љанги Бузурги Ватанї ба њисоб меравад. Зеро, фашистони немис, баъди шикастхўрї дар муњорибаи Сталинград, ният доштанд, ки дар муњорибаи навбатї аз болои аскарони шўравї ѓалаба ба даст дароранд. Бо њамин маќсад онњо дар ин муњориба танкњои нави «Паланг», «Бабр», самалиётњои ќиркунандаи «Фоке - Вулф» ва ѓайраро истифода бурданд. Дар њамин муњориба, 5 – 7 июли соли 1943 тўпчї Њодї Кенљаеви ќистакўзї бо батареяи худ чандин њуљуми танкњои душманро зада гардонд. Дар натиљаи љанги сахт њамяроќони ў њалок гардиданд. Вай бо яроќи танкзан якчанд мошинњои душманро нест кард. Барои ин корнамої ба ў унвони Ќањрамони Иттињоди Шўравї дода шуд.

    Собиќ колхозчии ба номи К. Маркси ноњияи Ленинобод (њозира Хуљанд) Исмоил Њамзаалиев низ дар њамин муњориба, 8 – 10 июли соли 1943 баландии беномро њимоя карда, бо тўп танкњои душманро тирборон намуд. Вай маљрўњ шуда бошад њам, вале майдони љангро тарк накард. Корнамоии ў низ бо номи пуршарафи Ќањрамони Иттињоди Шўравї ќадр карда шуд.

    Бояд ќайд намуд, ки Њодї Кенљаев ва Исмоил Њамзаалиев дар солњои Љанги Бузурги Ватанї аз љумлаи тољикписарон аввалин шуда ба гирифтани ин ном мушарраф шудаанд.

    Сентябри соли 1943 ќўшунњои Шўравї љангкунон дарёи Днепрро гузаштанд. 9 сентябр Сарфармондењи Олии њарбї (Ставка) ба фронтњо дастур дода буд, ки мувофиќи он љанговари аз дарё аввалин гузашта ва дар соњили дигар мавќеъ гирифта, барои унвони баланд – Ќањрамони Иттињоди Шўравї пешнињод карда мешуданд. Ин њуљљати муњим дар байни љанговарон ба тарзи васеъ ташвиќ карда шуд. Љавобан ба он љанговарон далерию чолокї ношон дода, муќобилияти сахти душманро шикаста, љангкунон ба соњили дигар гузаштанд. Дар њамин муњориба 21 -нафар фиристодагони зерини Тољикистон ба гирифтани унвони Ќањрамони Иттињоди Шўравї сарфароз гардидаанд: Саидќул Турдиев, Домулло Азизов, Њайдар Ќосимов, Тўхтасин Мирзоев, Ўрунбой Якибов, Иван Крумин, Алексей Лапшин, Михаил Панфилов, Пётр Кашпуров, Николай Аникин, Ховаджи Муњаммадмирзоев, Константин Ходов, Виктор Барутин, Михаил Новоселсев, Анатолий Рудой, Александр Гордеев, Бакир Давлатов, Василий Бояркин, Еремей Данилян, Иван Двадненко ва Даниил Коржов.

    Мудофиаи дуру дарози шањри Ленинград натиљаи ќањрамонї ва истодагарии пеш аз њама бошандагони ин шањри таърихї ва ќўшунњои шўравї ба њисоб меравад. Њар ваќт аскарони сурх лањзањои муносиб пайдо карда, ба њуљум мегузаштанд. 5 октябри соли 1943, дар яке аз њуљумњои фронти Волхов, фиристодаи Тољикистон, собиќ колхозчии колхози «Пахтакор» - и ноњияи Ашт, ўзбекписар Тўйчї Эрйигитов дар наздикии истгоњи роњи оњани Любан, дар ќисми ѓарбии дењаи Смердиня, бо сари синаи худ сўрохии дзоти душманро махкам карда, худ њалок шуд, вале ѓалабаи рафиќонашро таъмин намуд. Дар натиљаи чунин љасурї ў 21 – уми феврали соли 1944, баъди маргаш, ба унвони Ќањрамони Иттињоди Шўравї сарфароз гардид.

    Дар муњорибаи назди Ленинград инчунин разведкачї Иван Симакови душанбегї ќахамонињои зиёд нишон дода, соњиби њар се дараљаи ордени Шараф гардидааст.

    Моњи марти соли 1944 фронтњои 1, 2 ва 3 – юми Украинї дар мубориза ба муќобили душман махсуан муваффаќиятњои бузург ба даст даровардаанд. Онњо ќуввањои асосии душманро мањв намуда, ќисми бузурги сарзамини Украинаро озод карданд. 26 марти њамон сол аскарони фронти дуюм ба дарёи Прут, ба сарњади давлатии ИЉШС ва давлати Руминия расиданд. Дар ин муњорибањо љанговарони Тољикистонї низ мардонагии зиёд нишон дода, 10 нафарашон ба гирифтани унвони Ќањрамони Иттињоди Шўравї мушарраф шудаанд.

    Фиристодагони Тољикистон дар њайати фронтњои Белоруссия њам мардонагии зиёд нишон доданд. Аз љумла тољикписари хуљандї Фатњулло Ањмадов моњи июли соли 1944 барои озод намудани сарзамини Белорус ва Лањистон (Полша) иродаи ќатъї нишон дода, сазовори унвони баланд – Ќањрамони Иттињоди Шўравї гардид. 14 июл бошад ўзбекписари шањринавї, пулемётчї Љўтоќ Урозов барои озод намудани сарзамини Латвия, дар назди шањри Лудза, мардонагї нишон дода, бо унвони Ќањрамони Иттињоди Шўравї (баъди маргаш) сарфароз шуд.

    Исмат Шарипови данѓарагї, то оѓози љанг колхозчии колхози «Коментерн» -и ноњия буд. Дивизияе, ки ў хизмат мекард, барои рахна намуда гузаштан аз дарёи Днестр, љангњои сахт мебурд. Дар яке аз ин муњорибањо Исмат Шарипов дар ќисми рости дарё, барои васеъ намудани нуќтаи ишѓолнамуда ќањрамонї нишон дод, вале худаш њалок гардид. Ўро баъди маргаш, 13 сентябри соли 1944 бо унвони баланд – Ќањрамони Иттињоди Шўравї мукофотониданд.

    Зодаи ноњияи Балљувон Сафар Амиршоев њангоми саршавии Љанги Бузурги Ватанї дар колзози «Мењнат» - и ноњияи Кўлоб кор мекард. Ноябри соли 1942 аввалин амалиёти љангии ў, чун тўпчї, аз муњорибаи Сталинград, аз наздикии Воронеж оѓоз гардида, минбаъд дар муњорибањои зиёд корнамої нишон додааст. Махсусан корнамаи ў дар муњорибаи сахттарине, ки дар Литва ба амал омадааст, ќайд гардидааст. Дар ин муњриба Сафар Амиршоев бо тўпи худ зиёда танкњои навини фашистонро нест намуд, вале худаш њалок гардид. 25 сентябри соли 1944 барои чунин корнамоиаш ўро, баъди маргаш, бо унвони баланд – Ќањармони Иттињоди Шўравї сарфароз намуданд.

    Дар мањви душман њиссаи авиаторон низ бузург аст. Онњо нуќтањои муњими душманро муайян менамуданд, ва он нуќтањоро бомбаборон мекарданд, бо ќуввањои њавоии душман ба љанг медаромаданд. Дар байни авиаторон Иван Волухов, Тимофей Гаврилов, Иван Душкин, Василий Обухов, Михаил Родних, Григорий Таран, Павел Тихонов ва Серафим Ятсковский барин далерони майдони љанги њавої буданд, ки онњо то оѓози љанг дар нуќтањои баландкўњи Кўњистони Бадахшон парвоз мекарданд. Мањз дар натиљаи шуљоату мардонагї њамаи номбурдагон сазовори унвони баланд – Ќањрамони Иттињоди Шўравї шудаанд.

    Аскарони Шўравї баъди озод намудани сарзамини мамлакати худ, бо маќсади дар худи лонааш пурра мањв намудани душман, љангро идома доданд. Бинобар ин амалиётњои минбаъдаи љангї асосан дар сарзамини давлатњои дигар мегузашт. Аз ин рў дар байни он љанговарон љавонписарони љумњурии мо низ буданд ва онњо дар майдонњои њарбу зарб шољоати зиёд нишон додаанд. Чунончї, тољикписарон Эргаш Шарипови конибодомї ва Амиралї Саидбекови ховалингї дар сарзамини Чехословакия мардонагї нишон дода, њар ду ба гирифтани унвони баланд – Ќањрамони Иттињоди Шўравї лоиќ гардидаанд. Аскари ќаторї, пулемётчї Рањимбой Рањматови хўљандї дар сарзамини Лањистон (Полша) ќањрамонии зиёд нишон дода, 27 июни соли 1945 ба гирифтани унвони баланд – Ќањрамони Иттињоди Шўравї сазовор шуд. Абдуназар Фармонќулов бошад, мањз дар сарзамини Лањистон, 12 январи соли 1945 чор танки душманро аз кор бароварда, сазовори ордени дараљаи 1- уми Шараф шуд. То ин лањза вай дар муњорибањои назди Москва, Курск ва ѓайра мардонагї нишон дода, аллакай сазовори ордени Ситораи Сурх, орденњои дараљаи 3 ва 2 – юми Шараф ва 5 медал гардида буд. Вай аввалин аз байни тољикон ва дањумин дар собиќ Иттињоди Шўравї шахсе буд, ки ба гирифтани њар се дараљаи ордени Шараф сарфароз шудааст.

    Муњорибаи шањри Берлин, ки 16 – уми апрели соли 1945 оѓоз гардид, аз муњорибањои сахттарин ва калонтарини охири Љанги Бузурги Ватанї ба њисоб меравад. Дар ин муњориба низ бисёр фиристодагони Тољикистон мардонагии зиёд нишон додаанд. Се нафари онњо: Николай Балакин, Александр Горелов ва Филипп Чепурин ба гирифтани унвони Ќањрамони Иттињоди Шўравї сарфароз гардидаанд.

    Дар солњои Љанги Бузурги Ватанї, аз чумлаи фиристодагони Тољикистон, дар майдонњои љанг на танњо мардњо, балки занњои тољик низ корнамої нишон доданд. Ба ин корнамоии лётчикдухтари тољик Ойгул Муњаммадљонова, ки 93 парвози љангї анљом додааст ва ба ордени Ленин мукофотонида шудааст, афсарони хизмати тиббї Шањрї Њайдарова, С.М. Ниёзова ва дигарон мисол шуда метавонанд.

    Њамин тавр, дар солњои Љанги Бузурги Ватанї фиристодагони Тољикистон ќариб дар њамаи фронтњои љангї мардонагї нишон дода, дар ѓалабаи умумии мардуми Шўравї аз болои Олмони фашистї њиссаи арзандаи худро гузоштаанд.

    Ба итмом расидани љанг ва оќибатњои он. Баъди он ки ќўшунњои фашистї аз хоки мамлакати Шўравї бароварда шуданд (аз моњи марти соли 1944) рўхбаландии аскарони сурх дар мањв намудани фашистони Олмон њадду канор надошт. Муњорибаи шањри Берлин – пойтахти Олмони фашистї бошад, ки аз 16 апрел то 2 майи соли 1945 давом кард, бузургтарин муњорибаи охири на танњо Љанги Бузурги Ватанї, балки умуман љанги 2 – юми љањон ба њисоб меравад. Аз тарафи иттифоќчиён – Англия ва ИМА 6 июни соли 1944, аз Нормандия (Шимоли Франсия) кушодани фронти дуюм ба муќобили фашистони Олмон ва пайравони он, мањви фашистонро наздик намуд. 30 апрели соли 1945 ќўшунњои Шўравї Рейхстаги Берлинро гирифтанд. 2 май шањри Берлин, махсусан ба њуљуми ќўшунњои Шўравї тоб наоварда, таслим шуд. 8 майи њамон сол дар шањрчаи Карлсхорсти назди Берлин њуљљати расмии бечунучаро таслим шудани фашистони Олмон имзо гардид. Ба ин муносибат 9 май њамчун Рўзи Ѓалаба эълон гардид ва то њол ќариб тамоми мардуми собиќ шўравї ин санаи бузурги таърихиро њар сол љашн мегиранд.

    Њамин тавр ЉБВ, ки халќњои собиќ Иттињоди Шўравї ба муќобили Олмони фашистї ва иттифоќчиёнаш мебурданд, бо ѓалаба анљом ёфт. Дар ин ѓалаба њиссаи иттифоќи зиддигитлерї њам буд. Аммо вазнинии ин љанг ба дўши халќњои шўравї равона гирдид. Мањз иттифоќи мустањками ин халќњо, ягонагии фронти љангию аќибгоњ, мањорати кордонии сарварони њарбию давлатии Иттифоќ ва ѓайрањо сабабњои асосии ѓалаба аз болои фашистони Олмон ва иттифоќчиёни он ба њисоб меравад.

    Вале Иттињоди Шўравї њанўз бо давлати Япония дар њолати љанг буд. Дар солњои љанги 2 – юми љањон, амалиёти љангї аз 7 декабри соли 1941 сар карда, бештар дар уќёнуси Ором, асосан дар байни ќўшунњои япону америкої мегузашт. Зеро, мањз њамон рўз Япония ба муќобили ИМА љанг эълон карда буд. 8 майи соли 1945 Иттињоди Шўравї њам ба муќобили Япония љанг эълон кард. 6 август дар шањри Херосима ва 9 август дар шањри Нагасаки Япония, аз тарафи ИМА ду бомбаи атомї партофта шуд. Ин дар таърих аввалин истифодаи бомбаи атомї ба муќобили инсоният ба њисоб меравад. Албатта ин фољеа харобї ва ќурбонињои хеле зиёдро овард ва њанўз њам оќибатњои нангини ин аслињаи ќатли омро халќи япон эњсос мекунад.

    2 сентябри соли 1945 Япония дар Линкорни америкоии «Миссурї» низ ба акти бељунучаро таслимшавї имзо гузошт. Њамин тавр љанги 2 – юми љањон ба итмом расид.

    Љанги 2 –юми љањон, ки Љанги Бузурги Ватанї њам ќисми таркибии онро ташкил менамояд, боиси харобї ва ќурбонињои зиёд гардид. Дар љанг 50 – 55 млн. нафар одамони љањон талаф ёфтанд. Аз ин миќдор 27 млн. нафарашон дар фронтњои љангї њалок шуда, боќимонда мардуми осоишта буданд. Талафоти танњо халќњои Шўравї 20 – 30 млн нафарро ташкил медод. Аз љумла, аз фиристодагони Тољикистон 90.579 нафарашон аз майдонњои љанг тамоман бар нагаштанд.

    Дар њудуди тамоми 40 давлатњое, ки амалиётњои љангї мегузашт, махсусан сарзамини Иттињоди Шўравї ва давлати Олмон, харобии љанг њадду канор надошт. Ободие, ки мањсули мењнати дањсолањои инсоният, буд ин љанг ба хок яксон намуд. Бинобар њамин њам ин љангро дар таърихи инсоният харобиовартарин љанг њисоб мекунанд.

    1   ...   37   38   39   40   41   42   43   44   ...   57


    написать администратору сайта