Главная страница
Навигация по странице:

  • Корнамоии коргарони корхонањои саноатї

  • Вазъи маориф ва илму фарњанг

  • §5. Азнавбарќароркунии баъди љангї дар шароити Тољикистон Вазъи љањон.

  • Хусусиятњои хоси азнавбарќароркунї дар шароити Тољикистон

  • Азнавбарќароркунї дар соњаи саноат

  • Азнавбарќароркунї ва пешравї дар соњаи кишоварзї

  • Бењтар гардидани дараљаи некўањволии халќ

  • БОБИ XIX. Тољикистон дар марњилањои инкишофи хољагии халќ, дар солњои 1950 – 1991

  • апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов


    Скачать 3.71 Mb.
    НазваниеНамоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
    Дата10.10.2022
    Размер3.71 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01..doc
    ТипДокументы
    #724565
    страница42 из 57
    1   ...   38   39   40   41   42   43   44   45   ...   57
    §4. Корнамоии мењнаткашони шањру дењоти

    Тољикистон дар солњои љанг
    Дар солњои Љанги Бузурги Ватанї зиёда аз 102 њазор коргарон, колхозчиён ва намояндагони зиёиёни љумњурї барои корнамоияшон дар оќибгоњ бо ордену медалњои давлатї мукофотонида шудаанд. Ин худ гувоњи он аст, ки корнамоии мардуми мењнатї дар аќибгоњ аз ќањрамонии љнговарон дар фронтњои чангї монданї надоштааст.

    Корнамоии коргарони корхонањои саноатї. Дар замони љанг низоми корхонањои саноатї ба низоми майдонњои љангї шабоњат дошт. Дар корхонањои саноатї фаќат мењнат дар љушу хурўш буд. Коргарони чунин корхонањо тамоми имкониятњоро истифода мебурданд, то ин ки наќшаи ба зиммаашон гузошташуда амалї гардад ва дар амалии он ба фронти љангї сафарбаршавии њамкоронашон таъсири манфї нагузорад. Бо њамин маќсад дар бештари корхонањо мардњои ба фронт сафарбаршударо фавран занњо, љавонон ва њатто мўйсафедон иваз менамуданд. Яъне, муттасадиён дар шароити ба амал омада, намегузоштанд, ки ягон станок ё худ сех, бо сабаби набудани коргар бозмонад.

    Ба тамоми душворињо нигоњ накарда, дар солњои љанг дар љумњурї 20 адад корхонањои нав ва сехњо ба кор дароварда шуданд. Аз љумла заводњои сементбарорї, собунпазї, таъмири автомобилњо, электромеханикї, фабрикаи ресандагї ва комбинати бофандагї, ин хама дар шањри Сталинобод, заводњои равѓанкашї дар Регар (Турсунзода) ва Шањритус, заводи консеравабарорї дар шањри Ленинобод ва ѓайрањо ба њисоб мераванд.

    Дар солњои љанг ваќти корї дар корхонањои саноатї 10 – 11 соат давом мекард. Њангоми нарасидани коргар, ин мўњлат боз њам давомноктар мешуд. Албатта на дар њамаи корхонањо шароити кор мувофиќи талабот буд. Аммо коргарон ба ин масъала чандон ахамият намедињанд. Зеро, медонистанд, ки замони љанг аст.

    Чун тамоми Иттињоди Шўравї, дар Тољикистон њам масъалаи бо маводњои хўрокворї таъмин намудани мардум, махсусан коргарон, яке аз масъалањои мураккабтарин ба њисоб мерафт. Бо максади ба танзим даровардани ин масъала дар тамоми мамлакат, аз љумла дар љумњурии мо њам низоми карточка љорї карда шуд. Мувофиќи ин низом, корхонањо ба коргарони худ, дар баробари музди мењнат, боз карточка медоданд ва мањз дар асоси њамин кароточка онњо аз маѓозањо мањсулоти барои худ зарурї, махсусан хўроквориро, бо нархи арзони давлатї харида метавонистанд. Бе карточка, ягон маѓоза њаќ надошт, ки ба касе ягон намуди хўроквориро фурўшад. Вагарна, ин гуна фурўшанда ба љазои сахти замони љанг гирифтор мешуд. Дар бозорњо нархи мањсулотњои хўрокворї озод буд. Барои харидани он ягон хел карточка зарур набуд. Аммо нархи мањсулотњо дар бозор нисбат ба нархи давлатї, ки танњо ба воситаи маѓозањои давлатї фурўхта мешуданд, хеле гарон буданд ва он нархњо барои аксари мардум дастнорас ба њисоб мерафтанд.

    Корнамоии кишоварзон. Дар замони љанг вазифаи кишоварзони љумњурї, ин: 1) бо мањсулоти стратегї – пахта ва пилла таъмин намудани корхонањои саноатї ва 2) афзун гардонидани истењсоли ѓаллаю мањсулоти чорво ба њисоб мерафт. Душвории иљроиши ин масъала на танњо дар нарасидани ќувваи кории мардњо, ки ба фронти љангї сафарбар гардидаанд, балки дар нокифоягии техникаи кишоварзї низ буд.

    Чун дар саноат, дар соњаи кишоварзї њам ќувваи асосии кориро занњо, муйсафедон ва љавонон ташкил медоданд. Ваќти корї соати муайян надошт. Дар ин соња њам ќисми корњои душворро занњо ба ўњдаи худ гирифта буданд. Аз љумлаи занњо ронандаи трактор, мошин, сарвари звено, бригадир ва ѓайрањо ба воя расида буданд. Дар дењот њам гуруснагию барањнагї эњсос карда мешуд. На њамаи хољагињои кишоварзї ба аъзоёнашон карточка медоданд. Зеро, ба ивази карточка мол ё мањсулот намерасид. Аммо аксари кулли кишоварзон, ба њамаи душворињо нигоњ накарда, барои фронт зарурияти мањсулоти худро эњсос намуда, садоќатмандона мењнат мекарданд.

    Пешравии кишоварзї ва афзун гардонидани мањсулоти он бештар аз низоми обёрї вобастагї дошт. Бо њамин маќсад кўшиш мекарданд, ки каналу зањбурњои мављударо мувофиќи талабот нигоњ доранд. Дар чумњурї сохтмони Канали калони Њисор, ки њанўз соли 1938 оѓоз гардида буд, соли 1942 ба итмом расониданд.

    Аммо бо сабаби нарасидани техника ва ќувваи кории мардњо низоми обёрии љумњурї сол аз сол хароб мегардид. Ќисме аз каналу зањбурњо гўр шуда, насосњои обкаш аз кор мебаромаданд. Сатњи оби зери заминї боло мешуд. Дар натиља, махсусан заминњое, ки барои кишти пахта муайян шуда буданд, аз кор мебаромаданд. Ин њама ба њосилнокии мењнат таъсири манфї мерасонид.

    Тољикистон соли 1941 наќшаи давлатии истењсоли пахтаро иљро кард. Дар ин сол истењсоли он ба 181,8 њаз. тонна расид. Аммо аз соли 1942 сар карда истењсоли он сол аз сол кам мешуд. Масалан, соли 1942 њамагї 121,7 њазор тонна, ё худ 70% - и наќшаи давлатї; соли 1943 њамагї 58,3 њазор тонна, ё худ 51% - и наќша пахта истењсол карда шуд. Истењсоли ѓалла бошад, баръакс зиёд мешуд. Барои кишти он на танњо аз заминњои обї, балки аз заминњои лалмї, талу теппањо низ васеъ истифода мебурданд. Дар натиља, дар чумњурї, дар солњои љанг миќдори заминњои корам 16,4 њазор га. зиёд шуд, ки аксари онњо барои кишти ѓалла ва дигар мањсулотњои ѓаллагї пешбинї шуда буданд. Ин њама имконият дод, ки љумњурї соли 1943 бори аввал мардумашро ба ѓаллаи худї пурра таъмин намуда, як миќдори он – 65 њазор пудро њатто ба ихтиёри фронти љангї фиристад. Барои инкишофи чорводорї низ диќќати махсус додо мешуд.

    Вазъи маориф ва илму фарњанг. Замони душвори љанг вазъи таълимро низ мураккб гардонда буд. Зиёда аз 5 њазор нафар омўзгорон ба фронт сафарбар гардида, ќисме аз биноњои мактабњо ба госпитали њарбї табдил ёфта буданд. Бинобар ин дар баъзе мактабњо машѓулият дар се бахш ташкил карда мешуд. Дар мактабњо нарасидани омўзгор, китобу дафтар ва дигар лавозимоти таълимї воќеаи муќаррарї ба њисоб мерафт. Аз баъзе мактабњо хонандагони синфњои болої ё ба фронт, ё ба истењсолот сафарбар шуда буданд. Ба њамаи ин душворињо нигоњ накарда, масъалаи маориф њама ваќт дар мадди назари њукумати љумњурї буд. Масалан, ноябри соли 1942, вакте, ки њам дар фронти чангї ва њам дар аќибгоњ вазъият хеле мураккаб буд, бо ќарори њукумати чумњурї њаќќи таълим аз талабањои синфњои 8 – 10 уми синфњои тољикї ва ўзбекии мактабњои миёна, хонандагони таълимгоњњои миёнаи махсус ва донишљўёни макотиби олї бекор карда шуд. Минбаъд, бо маќсади њавасманд намудан, барои тањсили хубу аъло, ба донишљўёни ќобилиятнок стипендия медоданд. Моњи ноябри соли 1942 ба шањри Сталинобод 150 њазор нусха китоб, аксар китобњои дарсї ба забони тољикї, ки дар арафаи оѓози Љанги Бузурги Ватанї дар шањри Ленинград нашр гардида буд, омада расид. Он китобњо аз шањри дар муњосира будаи Ленинград, ба воситаи ягона роњи баромад – кўли Ладога, ки онро «роњи њаёт» менамоянд, бароварда шуда буд.

    Њукумати љумњурї дар он солњои душвори љанг њам кўшиш менамуд, ки то андозае љавонони синни мактабхон аз таълим берун намонанд. Бинобар ин миќдори мактабњо дар љумњурї кам нагардид. Агар дар соли тањсили 1940/1941 дар чумњурї 2628 адад мактабњо фаъолият карда бошанд, пас соли тањисли 1945/1946 адади онњо ба 2881 мактаб расид. Шумораи талабагон бошад, солњои 1940/1941 – 303,5 њазор нафар ва солњои 1945/1946 – 239,8 њазор нафарро ташкил доданд.

    Дар чумњурї, дар солњои љанг фаъолияти мактабњои олї њам ќатъ нагардид. Он солњо шумораи умумии онњо 6 адад буд. Аз чумла 2 адад донишкадањои омўзгорї, 2 адад донишкадањои муаллимтайёркунї ва донишкадањои тиббию кишоварзї ба њисоб мерафтанд. Инчунин, як муддат дар шањри Сталинобод донишкадаи технологии саноати консервабарории Одесса ва донишкадаи кишоварзии Варошиловград, ки муваќќатан кўчонида оварда шуда буданд, фаъолият намуданд. Бо маќсади њар чї бештар аз њисоби духтарони мањаллї тайёр намудани омўзгорон, соли 1943 донишкадаи муаллимтайёркунии шањри Ленинобод ба донишкадаи занона, омўзишгоњњои шањрњои Ленинобод, Конибодом ва Хоруѓ ба омўзишгоњњои омўзгории занона табдил дода шуданд. Соли 1943 аввалин бор донишкадаи тиббии Сталинобод ба номи Абў Алї ибни Синоро 25 нафар духтурони оянда хатм намуданд. Ќисми зиёди онњо фавран ба фронти љангї сафарбар гардиданд.

    Базаи Тољикистонии Академияи Илмњои Иттињоди Шўравї дар солњои љанг аллакай ба маркази њаќиќии илм табдил ёфта буд. Ба он олими машњури Шўравї, академик Е.Н. Павловский сарварї мекард. Фаъолияти тадќиќотњои ин маркази илмї ба ду самт: 1) пайдо намудани захира ё манбаъњои нави ашёи хоми саноатї ва 2) кўмак расонидан дар баланд бардоштани мањсулнокии мењнати соњањои саноат ва кишоварзї нигаронида шуда буд.

    Љомеашиносони љумњурї фаъолияти худро барои баланд бардоштани руњияи ватанпарварии махсусан љавонон нигаронида буданд. Аз љумла китоби Б. Ѓафуров ва Н. Прохоров, ки соли 1944 бо номи «Халќи тољик дар мубориза бањри озодї ва истиќлолияти Ватани худ», бо забони русї нашр гардид, ба њамин маќсад нигаронида шудааст.

    Адабони тољик њам дар солњои чанг на танњо асарњои баландмазмуни ватанпарварї офариданд, балки як ќисми онњо, ба монанди Њабиб Юсуфї, Сотим Улуѓзода, Фотењ Ниёзї, Боќї Рањимзода, Василий Кириллов, Њаким Карим, Њабиб Ањрорї, Абдушукур Пирмуњаммадзода, Лутфулло Бузургзода, Абдуљаббор Ќањњорї ва дигарон ба фронти љангї сафарбар гардидаанд. Аз онњо Њ. Юсуфї, А. Пирмуњаммадзода, Њ. Карим ва Л. Бузургзода дар майдони љанг њалок шуданд. С. Айнї оташи ѓазаби худро нисбат ба душман дар шеърњои «Суруди зафар», «Ќиссаи љанг ва зафар», маќолањои публисистии «Чингизи асри ХХ», «Деви њафтсар», «Шерзод» ва ѓайрањо баён кардааст. А. Лоњутї бо шеърњои «Шамшери душман бишканем», «Ба шањри Ленин», «Ба халќи муборизи Украина», «Бародари рус» ва ѓайрањо дар дили хонанда нисбат ба душман нафрат пайдо намуда, онњоро ба мубориза, барои ѓалаба њидоят мекунанд. Шеъру достонњои ватандўстонаи М. Турсунзода, аз љумла «Хотираи капитан», «Бањодури тољик», «Ѓалабаи Таня», «Писари Ватан» ва ѓайрањо вирди забон гардида буданд.

    Ба душворињои замони љанг нигоњ накарда, 17 феврали соли 1942 сохтмони бинои театри опреа ва балети ба номи С. Айнї дар шањри Сталинобод ба итмом расид. Ин театр дар ќатори театри драммавии ба номи А. Лоњутї намошномањоеро ба сањна гузоштанд, ки онњо дар дили бинанда њиссиёти ватанпарвариро афзун менамуданд.

    Моњи июли соли 1943 аз њисоби њунармандони тољикистонї «Театри фронтии ЉШС Тољикистон» ташкил карда шуд. Ин театр, њангоми ду моњи дар фронти љангї буданаш, ба љанговарон 250 консерт намоиш дод.

    Тирамоњи соли 1941 ба Сталинобод киностудияи кудаконаи иттифоќї «Союздетфильм» кўчонида оварда ва он бо киностудияи Сталинобод якљоя карда шуд. Бо ташаббуси студияњои якљоя кинофилмњои «Фарзанди Тољикистон», «Сурудњои тољикї барои фронт», киножурнали «Тољикистони Шўравї» ва ѓайрањо офарида шуданд.

    Дар солњои љанг, дар љумњурї дар баробарї 3 рўзномањои марказии љумњуриявї – «Тољикистони сурх», «Коммунист Таджикистана» ва «Ќизил Тожикистон», боз 64 номгўи рўзномањои вилоятию ноњиявї нашр мегардиданд.

    Кўмак ба фронти љангї. Дар солњои Љанги Бузурги Ватанї гарчанде дар аќибгоњ, нисбат ба фронти чангї вазъият бењ набуд, дар бисёр ноњияњо гуруснагї, барањнагї ва њатто ќањтї мушоњида карда мешуд, вале мардум новобаста аз њамаи ин мушкилињо, ба ѓайр аз мењнати зарбдорона, боз аз рўи имконият, ба фронти љангї кўмаки шахсии худро мерасониданд.

    Аз 30 июни соли 1941 сар карда тамоми мамлакатро, аз љумла њудуди Тољикистонро, њам њаракат барои бунёди фонди мудофиа фаро гирифт. Чунин фондњо аз тарафи ташкилоту љамъиятњои гуногун, шахсони алоњида ташкил карда мешуданд. Бо ташаббуси ин фондњо тирамоњи он сол маъракаи барои аскарони сурх љамъ намудани либосњои гарм ављ гирифт. Мардуми љумњурї ба воситаи њамин гуна фондњо аз њисоби худ ба фронт, дар баробари либосњои гарм, боз мевањои хушк, мањсулоти ѓаллагї ва ѓайраро љамъ намуда, мефиристоданд. Баъзењо пасандозњо, љавоњироти худ ва ѓайраро барои фронт, бо нияти ѓалаба мебахшиданд.

    Мувофиќи баъзе маълумотњо, дар солњои љанг аз Тољикистон ба фонди мудофиа ва фронти љангї 151 вагон њар гуна тўњфањо, зиёда аз 65 њазор пуд ѓалла, зиёда аз 204 млн. сўм пули наќд фиристодаанд. Аз љумла, њиссаи мењнаткашони љумњурї аввали соли 1943 барои сохтани калонаи танкии «Колхозчии Тољикистон» 85 млн. сўмро ташкил намудааст. Аз ин миќдор 6 млн. сўмашро љавонони љумњурї бо ташаббуси худ љамъ намудаанд. Умуман дар солњои љанг алоќаи аќибгоњ аз фронти љангї канда набуд.
    §5. Азнавбарќароркунии баъди љангї дар шароити Тољикистон
    Вазъи љањон. Љанги дуюми љањон њанўз ба итмом нарасида, дар байни иттифоќи зиддигитлерї баъзе ихтилофњо ба вуљуд омад, ки ин худ аз хусуси минбаъд хеле душвор гардидани вазъи љањон гувоњї медод. Мањз њамин њолатро ба инобат гирифта, њанўз дар конфронси Ялтагии (4 – 11 феврали соли 1945) сарони давлатњои: Иттињоди Шўравї, ИМА ва Британияи Кабир бо маќсади пойдор нигоњ доштани сулњ дар љањон, масъалаи ташкили Созмони Миллали Муттањид (СММ) - ро ба миён гузоштанд. 25 – 26 апрели соли 1945 дар конфронси Сан – Франсискоии СММ, ки дар он намояндаи 50 давлатњои љањон њузур доштанд, оинномаи ин ташкилот ќабул гардид. Ин оиннома аз 24 октябри њамон сол ба ќувват даромад ва њар сол ин рўзро њамчун рўзи бунёди СММ љашн мегиранд. Дар њаќиќат ин ташкилоти бонуфузи љањон минбаъд барои мўътадил гардонидани вазъи байналхалќї кўшишњои зиёде кард.

    Иттифоќи зиддигитлерї баробари мањви Япония пароканда гардид. Баъди љанг дар ќитъаи Европа, чунин давлатњо, ба монанди Албания, Булѓория, Венгрия, Лањистон (Полша), Руминия, Чехословакия, Югославия ва ќисми Шарќии Олмон ба зери нуфузи Иттињоди Шўравї монданд. Њукуматдорони ИМА ва Англия бо чунин њолат муросо кардан намехостанд. Дар натиља љањон ба ду лагери бо њам зид – капиталистї ва сотсиалистї таќсим шуд. Ба лагер, ё худ системаи сотсиалистї Иттињоди Шўравї, ба лагер, ё худ системаи капиталистї ИМА сарварї мекарданд. Зиддияти ин ду система, ки мусаллањшавии бошитобро дар бар гирифта буд, дар таърих бо номи «љанги сард» маълум аст. Тамоми фронти идеологии ин њар ду система ба муќобили якдигар фаъолият мекарданд.

    Бо ташаббуси ИМА соли 1949 «Иттифоќи Атлантикаи Шимолї» (НАТО) бунёд гардид. Ба он ќариб аксари давлатњои тарраќикардаи капиталистии љањон шомил буданд. Ин блоки њарбї рўйрост ба муќобили Иттињоди Шўравї ва итифоќчиёни он нигаронида шуда буд. Чунин раќобат минбаъд ављ гирифт.

    Баъди љанги дуюми љањон ба системаи мустамликавї зарбаи ќатъї зада шуд. Муборизаи дуру дарози мардуми Чин нињоят бо ѓалаба анљом ёфт ва 1 октябри соли 1949 Љумњурии Халќии Чин (Хитой) бунёд гардид. Ин давлати бузург њам ба системаи сотсиалистї њамроњ шуд. Аммо ИМА ќуввањои аксулинќилобии Чинро, ки дар љазираи Тайван љой гирифта буданд, дастгирї намуд ва ба муќобили ЉХ Чин ин љазираро њамчун давлати мустаќил эътироф намуд. Њамон соли 1949 Њиндустон, ки зиёда аз 200 сол мустамликаи Британияи Кабир ба њисоб мерафт, ба ду давлати мустаќил – Љумњурии Њиндустон ва Љумњурии Исломии Покистон таќсим шуд. Минбаъд аз њисоби ќисми шарќии Покистон давлати Бангладеш ба вуљуд омад.

    Мувофиќи ќарори Ассамблеяи Генералии СММ аз 29 ноябри соли 1947 давлати Фаластин, ки то ин лањза тањти мандати Британияи Кабир буд, ба ду давлат – давлати арабњо (Фаластин) ва яњудињо (Исроил) таќсим карда шуд. Њамин тавр дар як ќисми сарзамини Фаластин, 14 майи соли 1948 давлати Исроил эълон гардид. Бо дастгирии ИМА давлати Исроил сол аз сол ќувват гирифта, бо роњи љанг њудуди худро аз њисоби замини арабњо васеъ намуд. Дар натиља дар Шарќи Наздик як маркази ноором ба вуљуд омад.

    Нимљазираи Корея соли 1948 ба ду ќисми бо њам зид – шимолї (Љумњурии Халќї – демократии Корея) ва љанубї таќсим шуд. Кореяи Љанубиро ИМА ва Кореяи шимолиро Иттињоди Шўравї дастгирї мекарданд. Дар ин љо њам хавфи љанги нав дида мешуд. Умуман нуќтањои ноорому мураккаб дар љањон бисёр боќї монданд.

    Њаёти љамъиятию сиёсї. Баробари ба итмом расидани Љанги Бузурги Ватанї вазъи љамъиятию сиёсї чї дар њудуди Иттињоди Шўравї ва чї Тољикистон таѓйир ёфт. Фаъолияти КДМ, ки тамоми њокимияти сиёсї, иќтисодї ва харбиро муттањид карда буд, бо итмом расид. Дар мамлакат фаъолияти ташкилотњои сиёсию љамъиятї аз сари нав љоннок гардиданд. Мисли пештара њизби коммунистї њизби яккањукмрон ба њисоб мерафт ва он ќисми таркибии њизби коммунистї (болшевикии) Умумииттифоќї њисоб мешуд. Моњи июни соли 1946 сарвари њизбии љумњурї Бобољон Ѓафуров (солњои зиндагї 1909-1977) интихоб гардид ва вазифаи ўро котиби аввали кумитаи марказии њизби коммунистии Тољикистон меномиданд. Мањз дар њамин давр мањорати Б.Ѓафуров њамчун арбоби њизбию давлатї ва олим бештар намоён гардид. Зеро, дар тамоми љабњањои њаёти љумњурї маќоми ў њамчун сарвар эњсос карда мешуд.

    Бо маќсади аз сари нав ба танзим даровардани фаъолияти Шўроњои љумњурї, солњои 1946 – 1948 интихоботи онњо гузаронида шуд. Дар натиља дар љумњурї аз марказ то мањалњо фаъолияти шўроњо аз сари нав ташкил карда шуданд. Аз аввали солњои азнавбарќароркунї фаъолияти ташкилотњои љавонони љумњурї - камсомол низ љоннок гардид. Камсомол, ки захираи њизби коммунистї њисоб мешуд, бинобар ин ба фаъолияти он диќќати махсус медоданд. Баъди љанг фаъолияти иттифоќњои касабаи љумњурї њам љоннок шуд. Октябри соли 1948 Иттифоќи касабаи касбии Тољикистон ташкил карда шуд.

    15 ноябри соли 1946 бори аввал Гимни ЉШС Тољикистон (шеъри Абулќосим Лоњутї, оњанги Сулаймон Юдаков) садо дод. То ин ваќт танњо Гимни Иттињоди Шўравї шунавонида мешуд.

    Ин њама аз он гувоњї медод, ки њаёти љамъиятию сиёсии љумњурї дар як муддати кўтоњи баъдиљангї ба эътидоли муайян даромадааст.

    Хусусиятњои хоси азнавбарќароркунї дар шароити Тољикистон. Азнавбарќароркунии баъдиљангї барои Тољикистон њам, гарчанде дар њудуди он дар солњои ЉБВ амалиётњои љангї ва харобињои љангї ба амал наомадаанд, дахл дошт. Хусусиятњои хоси азнавбарќароркунии баъдиљангии Тољикистон (солњои 1946 - 1950) њам, нисбат ба он љумњурињои собиќ иттифоќї, ки дар њудудашон амалиётњои љангї ба амал омаду, дар натиља, дар мулкашон харобињои зиёд рух додааст, дар он аст, ки дар Тољикистон ќафомонии иќтисодиёт мањз дар натиљаи ба талаботи замони љанг мутобиќ намудани корхонањои истењсолї, сафарбар намудани ќувваи асосии корї – мардњо ба фронти љанги, нарасидани техника ва таљњизотњои гуногун, нарасидани нурињои минералї ва маводњои кимиёвї ва ѓайрањо ба амал омадааст. Баъди ба итмом расидани љанг дигар зарурият барои зиёд истењсол намудани аслињаи њарбї набуд. Бинобар ин зарурияти аз сари нав ба талаботи замони осоишта баргардонидани корхонањои њарбикунонида - шуда гузошта шуд.

    Њамаи ин вазифањоро наќшаи 5 – солаи азнавбарќароркунї ва инкишофи хољагии халќи мамлакат барои солњои 1946 – 1950, дар бар мегирифт.

    Азнавбарќароркунї дар соњаи саноат. Азнавбарќароркунї дар соњаи саноат маънои онро дошт, ки мувофиќи наќша корхонањои саноатии дар солњои љанг, мувофиќи талаботи замони љанг њарбикунонидашуда (яъне, ба љои мањсулоти талаботи ниёзи мардум, мањсулоти њарбї мебароварданд), аз сари нав барои истењсоли мањсулоти ниёзи мардум баргардонида мешуданд. Инчунин, дар корхонањои саноатї мебоист муњити мўътадили корї љорї мегардид. Зеро, дар солњои љанг на танњо ваќти кориро зиёд карда, рўзи истироњат ва рухсатии солонаро бекор карда буданд, балки аз мењнати наврасону мўйсафедон низ васеъ истифода мебурданд. Акнун, мебоист корхонањои саноатиро ба њолати пештара баргардонида, онњоро бо мутахассисони зарурї таъмин намуда, фаъолияташонро аз рўи наќшаи давлатї ташкил мекарданд. Рўзњои истироњат, рухсатии солонаро барќарор намуда, кори аз соати муайяншуда зиёдатиро манъ намуданд. Аввал ќариб тамоми буљаи давлатї ва ашёи хом ба соњаи њарбї равона карда мешуд. Акнун, харољоти њарбиро кам карда, корхонањои саноатиеро, ки молњои ниёзи мардум истењсол менамуданд, бояд аз њисоби буља, бо маблаѓ ва ашёи хом таъмин менамуданд. Бо роњи ташкил намудани курсњои кўтоњмуддат, аз њисоби аз фронти љангї баргаштагон бояд мутахассисони заруриро тайёр мекарданд.

    Дар Тољикистон ба талаботи њаёти осоишта гузаронидани саноат соли 1945 оѓоз гардида бошад, пас ин маъракаи муњим дар муддати хеле кўтоњ, то сентябри соли 1946 ба итмом расид. Минбаъд ин корхонањои азнавбарќароркардашуда фаъолияти худро ба он нигаронида буданд, ки истењсоли мањсулоти худро ба дарачаи тољангї расонанд. Соли 1947 ин маќсади наљиб њам амалї гардид. Истењсоли мањсулоти саноатии љумњурї ба дараљаи то чангї асосан расид ва дар баъзе соњањои аз он њам гузашт. Соли 1948 баъзе корхонањои саноатии љумњурї њатто наќшаи панљсоларо пурра иљро намуданд. Дар охири панљсола, яъне соли 1950 саноати љумњурї нисбат ба давраи то љангї 1,5 баробар зиёд мањсулот истењсол кард. Махсусан дар соњаи саноати сабук пешравї назаррас буд. Аз љумла, нисбат ба замони то љангї, матоњои абрешимї 3,8 баробар, мањсулотњои нассољї – 6,7 баробар, матоњои пахтагї – 5 баробар афзуд. Аммо истењсоли нефт дар љумњурї ба дараљаи тољангї нарасид.

    Дар солњои 5 – солаи азнавбарќароркунии баъдиљангї роњњои нави автомобилгард низ сохта, ба истифода дода шуданд. Инчунин роњњои нави њавої низ кушода шуданд. Аз чумла, соли 1948 роњи мунтаззами њавоии байни Сталинобод – Москва аз нав барќарор гардид. Кашонидани мусофирон ва бор аз замони тољангї њам гузашт.

    Умуман мувафаќиятњои саноати љумњурї назаррас буданд. Онњо дар як муддати кўтоњ на танњо вазифањои азнавбарќароркуниро иљро намуданд, балки ба пешравињои назаррас низ ноил гардиданд.

    Азнавбарќароркунї ва пешравї дар соњаи кишоварзї. Азнавбарќароркунї дар соњаи кишоварзии љумњурї бештар барќарор намудани соњаи пахтакориро дар бар мегирифт. Зеро, пахта гарчанде мањсулоти стратегї ва барои замони љанг њам зарур њисоб мешуд, аммо чуноне таъкид шуд, бо сабаби нарасидани техника, ќувваи кории мардњо, нарасидани нурињои минералї ва махсусан хароб гардидани системаи обёрї, бисёр ќитъањои заминњои пахта корношоям гардида, дар натиља истењсоли пахта хело кам шуда буд. Аз ин рў вазифаи азнавбарќароркунї дар ин соња, пеш аз њама системаи обёрии кишоварзии љумњуриро аз нав барќарор намуда, каналу зањбурњоро тоза карда, кишоварзонро бо техника ва нурињои минералию доруњои кимёвї таъмин намуда, истењсоли пахтаро ба дараљаи тољангї расонида, минбаъд аз он зиёд кардан зарур буд. Дар баробари барќарор намудани хољагињои пахтакор, боз саршумори чорво, истењсоли пилла ва ѓайра низ бояд ба дараљаи тољангї расонида мешуд.

    Соли 1947 кишоварзони љумњурї як миќдор тракторњо, мошинњои боркаш, нурињои минералї ва ѓайра гирифтаанд, ки ин њама ба пешравии минбаъдаи ин соња таккон бахшад. Махсусан, корњои обёрикунї, барќароркунии каналу зањбурњо пеш рафт. Дар натиља соли 1948 љумњурї наќшаи давлатии супоридани пахтаро барзиёд иљро намуд ва њосилнокии пахтаро аз њар гектар ќариб ба 19 сентнер расонид. Њол он ки њосилнокии пахта аз њар гектар дар охири панљсола, яъне соли 1950 бояд ба 18 сентнерї мерасид. Ин далелњо гувоњи он аст, ки вазифањои дар асоси наќшаи 5 – сола, оиди афзун намудани истењсоли пахта гузошташуда, дар се сол, яъне соли 1948 иљро гардидааст.

    Солњои 1946 – 1948 Њукумати Иттињоди Шўравї мувафиќиятњои пахтакорони Љумњурии Тољикистонро махсусан ќадр намуда, зиёда аз 200 нафари онњоро бо унвони баланд – Ќањрамони Мењнати Сотсиалистї сарфароз намуд, ки 41 нафари онњо занњо буданд. Ќариб 8 њазор нафари дигар бо ордену медалњои давлатї мукофотонида шуданд.

    Дар соњаи кишоварзї, љамъбасти 5 – солаи азнавбарќароркунї, нисбати пахтакорї мусбат буд. Соли 1950 њамагї 288,7 њазор тонна пахта истењсол карда шуд, ки ин ба њисоби миёна аз њар гектар 22,9 сентнерро ташкил медод. Нисбат ба соли 1941 (181,8 њаз. тонна буд) зиёда аз 100 њазор тонна бештар пахта истењсол карда шуд.

    Умуман дар аксари соњањои кишоварзї бо зудї осори замони чанг бартараф карда шуд ва ба пешравињои назаррас ноил гардиданд.

    Инкишофи фарњанг. Азнавбарќароркунии баъдиљангї дар шароити љумњурии мо соњаи фарњангро низ фаро гирифта буд. Дар ин соња вазифањои замони азнавбарќароркунї, аз љумла дар соњаи маориф: ба талаботи замони осоишта аз сари нав ташкил намудани низоми таълиму тарбия; ба низоми таълим фаро гирифтани тамоми љавонони синни мактабї, махсусан духтарон; бо биноњои таълимї ва омўзгорон таъмин намудани мактабњо; бо маводњои таълимї, аз љумла китобњои дарсї таъмин намудани мактабњо ва ѓайрањо дар назар дошта мешуд.

    Гуфтан лозим аст, ки дар њудуди Тољикистон чорабинињои азнавбарќароркунї дар соњаи маориф њанўз пештар, соли 1944 оѓоз гардида буд. Зеро, баробари аз хоки Шўравї баровардани фашистон, ќисме аз собиќ омўзгорон аз фронтњои љангї љавоб дода шуданд, то ин ки онњо ба ватанашон баргашта, корњои таълиму тарбияро ба роњ монанд. Аз њамон давр захмдорон аз фронтњои љангї дигар ба љумњурии мо ќариб фиристода намешуданд. Ин имконият дод, ки дар соли таълимии 1945/1946 банои он мактабњое, ки ба госпитали њарбї табдил ёфта буданд, аз сари нав ба таълимгоњ градонида шаванд.

    Умуман соли 1946 дараљаи ба таълимгоњњо љалб намудани љавонон, таъмини онњо ба љои нишаст ва омўзгорон ба дараљаи то љангї расида, дар баъзе ноњияњо вазъият боз њам бењтар гардида буд. Аммо таъмини онњо бо китобњои дарсї њануз љавобгўи талабот набуд. Инчунин дараљаи маълумотнокии худи омўзгорон хело паст буд. Аз љумла, дар њамон сол аз 13169 нафар омўзгорон танњо 11% маълумоти олї ё олии нопурра, 45% маълумоти миёна доштанд. Соли 1950 шумораи мактабњо дар љумњурї ба 2769 адад расида буд, ки 1854 ададашон мактаби ибтидої, 807 ададашон мактаби њафтсола ва 108 ададашон мактаби миёна буданд.

    Бо маќсади бо омўзгорони баландихтисос таъмин намудани мактабњои љумњурї донишкадањои омўзгории Сталинободу Ленинобод махсусан фаъолияти худро пурзўр карданд. Моњи январи соли 1947 донишкадаи муаллимтайёркунии тољикии Самарќанд њам фаъолияти худро аз сари нав оѓоз намуд. Хатмкунандагони он асосан ба Тољикистон фиристода мешуданд. Соли 1948 Донишгоњи давлатии Тољикистон ташкил карда шуд ва аввалин сарвари (ректори) он таърихшинос З.Ш. Раљабов таъин гардид. Донишгоњњои тиббї ва кишоварзии Тољикистон низ фаъолияти худро пурзур намуданд. Умуман соли 1950 дар љумњурї 5 адад мактаби олї ва 32 адад техникумњо фаъолият мекарданд, ки дар онњо ќариб 18 њазор нафар донишљўён тањсил мекарданд.

    Дар солњои баъдиљангї филиали Тољикистонии Академияи илмњои Тољикитсон њам фаъолияти илмии худро инкишоф дод. Соли 1947 бори аввал дар шакли китоби алоњида «Таърихи мухтасари халќи тољик» нашр гардид, ки он ба ќалами олими маъруф Бобољон Ѓафуров тааллуќ дошт.

    Мувафаќиятњои шоирон ва нависандагони љумњурї њам назаррас буд. Аз чумда С. Айнї асари машњури худ «Ёддоштњо», М. Турсунзода маљмўаи шеърњои «Ман аз Шарќи озод», достони «Ќиссаи Њиндустон», Љ. Икромї романи «Шодї», Р. Љалил романи «Пўлод ва Гулрў»., М. Миршакар достони «Панљи ноором», Ф. Ниёзї романи «Вафо» - ро навиштанд. С. Айнї, М. Турсунзода ва М. Миршакар сазовори мукофоти Давлатии ИЉШС гардиданд.

    Дастовардњои театр ва филмбардорони љумњурї њам намоён буд. Соли 1949 ба сањнагузорони балети «Лайлї ва Маљнун» (бастакор С. Баласанян), ки дар сањнаи театри опера ва балети Тољикистон гузошта шуда буд, низ сазовори мукофоти Давлатии ИЉШС гардиданд.

    Бењтар гардидани дараљаи некўањволии халќ. Дар давраи азнавбарќароркунии баъдиљангї аз тарафи Њокимияти Шўравї дар роњи бењтар намудани дараљаи некўањволии мардум баъзе чорањои зарурї андешида шуд. Аз чумла, дар мамлакат коргарон ба рўзи кории 8 соата ва њафтаи кори шашрўза гузаштанд. Дар баробари рўзи истироњат рухсатии мењнатї барќарор гардид.

    Пешравии иќтисодиёт имконият дод, ки дар соли 1947 дар мамлакат системаи карточка бекор карда шавад. Дар давоми солњои 1948-1950 нархи мањсулотњои хўрокворї ва саноатї, аз љумла либосворї се маротиба арзон карда шуд. Музди мењнати коргарон, дењќонон ва хизматчиён зиёд гардид. Ба нафаќаи маъюбони љанг диќќати махсус медоданд. Шумораи муассисањои табобатї ва истироњатї зиёд гардид. Соли 1947 дар мамлакат ислоњоти пулї гузаронида шуд, ки он ќурбї сўм – рубли шўравиро хело баланд бардошт.

    Умуман, дар натиљаи бо мувафаќият иљро гардидани вазифањои 5 – солаи азнавбарќароркунии баъдиљангї ва пешравии истењсолот дар зиндагии тамоми табаќањои ањолии љумњуриамон бењтарашавї эњсос карда мешуд. Симои шањру шањракњо, ноњияю дењањо ба бењбудї рў оварда буданд.

    БОБИ XIX. Тољикистон дар марњилањои инкишофи хољагии халќ,

    дар солњои 1950 – 1991
    1   ...   38   39   40   41   42   43   44   45   ...   57


    написать администратору сайта