Главная страница
Навигация по странице:

  • Донишкадаи политехникї

  • Донишкадаи давлатии санъат

  • Муассисањои фарњангї-равшаннамої

  • § 4. Њаёти љамъиятию сиёсї Вазъи љањон.

  • Боло гирифтани яккањукмронии њизби коммунистї

  • К.У.Черненко

  • Бобољон Ѓафуров

  • апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов


    Скачать 3.71 Mb.
    НазваниеНамоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
    Дата10.10.2022
    Размер3.71 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01..doc
    ТипДокументы
    #724565
    страница44 из 57
    1   ...   40   41   42   43   44   45   46   47   ...   57
    § 3. Инкишофи илму фарњанг
    Илму фарњанги тољик њам дар солњои 1950 – 1991 пай дар њам инкишоф ёфта, ба нуќтаи баландтарини тараќкиёти худ расид. Мањз дар њамин давр дастовардњои олимони бисёр соњањои илм, арбобони адабиёту санъат шўњрати љањонї пайдо карданд. Марказњои илму фарњанг давра ба давра меафзуд. Кормандони ин соњањо зиёд мегардиданд. Маош ва нафаќа, инчунин њар гуна ёрдампулињо аз тарафи давлат меафзуд. Симои шањру дењот рўз аз рўз таѓйир меёфт. Зиндагии мардум давра ба давра бењтар мешуд.

    Аммо ин њама пешравињо дар соњаи илму фарњанг бо њолати афзудани нуфузи идеалогияи коммунистї мегузашт. Оњиста - оњиста тамоми корњои эљодї, махсусан асарњои олимон, нависандагон ва ѓайрањо аз назорати сохти давлатї мегузашт. Онњо намегузоштанд, ки бар хилофи ин идеология асаре пайдо шавад. Агар мабодо чунин асар пайдо шавад, муаллифи онро бо њар роњ, ба њар гуна љазоњо гирифтор мекарданд. Ба ин фаъолияти нависанда Љумъа Одина ва романи ў «Гузашти айём» мисол шуда метавонад.

    Хулоса, дар давраи номбурда идеологияи коммунистї ва њизби коммунистї чї дар Иттифоќ ва чї дар Љумњурии Тољикистон яккањукмрон буданд. Озодандешї ва озодфикрї њанўз вуљуд надошт. Чунин њолатњои ногувори зиндагї то бозсозии Горбачёвї идома ёфт.

    Инкишофи маорифи халќ. Њукумати чї Иттифоќ ва чї љумњурї ба масъалаи инкишофи маорифи халќ диќкати љиддї медоданд. Бинобар ин дар њамаи зинањои њукуматї, масъалаи мактаб њама ваќт дар мадди назари онњо буд. Соли 1958 дар доираи Иттифоќ оиди соњаи маориф ќонун ќабул карда шуд, ки мувофиќи он аз 1 октябри соли 1962 дар мамлакат маълумоти њатмии 8 сола љорї мегардид ва он бояд тамоми љовонони синнашон аз 7 то 16 соларо фаро мегирифт. Дар асоси ин ќонун моњи марти соли 1959 мутобиќ ба Тољикистон ќонун ќабул карда шуд, ки мувофиќи он чунин дигаргунсозињоро дар низоми маориф аз соли тањсили 1959/60 оѓоз намуда, бояд дар муддати 3-5 сол ба итмом мерасониданд, ки дар амал иљро гардид.

    Бо маќсади инкишофи соњаи маориф аз аввали солњои 50-ум сар карда барои сохтани биноњои таълимии маќтабњо диќќати махсус доданд. Дар натиља, дар солњои 60-80-ум дар њудуди љумњурї зиёда аз 1,7 њазор мактабњои нав сохта, ба истифода дода шуданд. Дар Тољикистон аз соли 1971 сар карда шумораи мактабњои ибтидоиро кам карданд. Бинобар ин агар соли 1961 дар љумњурї шумораи мактабњои таълимии умумї 2610 ададро ташкил намоянд (аз ин 381 мактабњои маълумоти миёна, 989 мактабњои 8-сола, 1240 мактабњои ибтидої) ва шумораи талабагони онњо 392 њазор нафарро ташкил намоянд, пас соли 1985 шумораи мактабњои таълимии умумї ба 2761 адад расид (аз онњо 1508 мактабњои миълумоти миёна, 649 мактабњои 8-сола, 594 мактабњои ибтидої), ки дар онњо 1131,5 њазор нафар мактаббачагон таълим мегирифтанд. Аз ин раќамњо низ маълум мегардад, ки дар ин давр њиссаи мактабњои маълумоти миёна хело зиёд гардида, њиссаи мактабњои ибтидої кам шудааст. Ќариб 80%-и ин мактабњо дар њудуди дењот љойгир буданд.

    Ба ѓайр аз мактабњои таълимоти умумї дар миёнаи солњои 70-ум дар љумњурї 41 адад мактаб – интернатњо ва 14 адад интернатњои махсус фаъолият мекарданд. Дар њамаи онњо 13 њазор нафар љавонон таълим мегирифтанд. Инчунин адади мактабњои таълимашон шабона низ афзуд. Агар соли 1971 шумораи чунин мактабњо 189 адад, бо 24,1 њазор нафар талаба бошанд, пас соли 1985 шумораи он гуна мактабњо ба 323 адад, бо 40,1 њазор нафар талаба расид.

    Маоши омўзгорони мактабњо давра ба давра зиёд карда мешуд. Аз соли 1964 сар карда маоши омўзгорони мактабњои дењот ба мактабњои шањрї баробар карда шуд. Бо маќсади баланд бардоштани мањорати омўзгорони мактабњои миёна, соли 1962 дар шањри Душанбе Донишкадаи марказии такмили ихтисоси омўзгорон ташкил карда шуд.

    Аз тарафи њукумат омўзгорони соњибтаљриба ќадрдонї карда мешуданд. Дар давраи номбурда 4757 нафар омўзгорон бо ордену медалњои давлатї ќадрдонї карда шуданд. Ду нафари онњо Х.Каримова ва М.Мањмудов барои гирифтани унвони Ќањрамони мењнати сотсиалистї мушарраф гардидаанд.

    Бо сабаби он, ки ба масъалаи тарбияи љавонон диќќати махсус дода мешуд, бинобар ин дар ин давр дар шањру дењањо бо ташаббуси давлат, корхонањо, колхозу совхозњо яслї-боѓчањои хеле зиёди кўдакона ташкил карда шуданд. Дар амал ин яслї – боѓчањо барои мактабњои таълими умумї њамчун як заминаи муњим, ё худ зинаи аввал ба њисоб мерафтанд.

    Мактаби олї. Дар давраи номбурда он 5 адад мактабњои олие, ки пештар бунёд гардида буданд, ба монанди Донишгоњи давлатии Тољикистон (њоло Донишгоњи миллї), донишкадањои омўзгории Душанбе ва Хуљанд, донишкадањои аграрї ва тиббии Тољикистон (њоло њамаи онњо ба донишгоњ табдил ёфтаанд) боз панљ донишкадањои нав илова гардиданд. Яъне соли 1956 – Донишкадаи политехникї (њоло Донишгоњи техникї) таъсис ёфт, соли 1962 – Донишкадаи омўзгории шањри Кўлоб аз соли нав ба кор шурўъ намуд, соли 1971 Донишкадаи давлати тарбияи љисмонї, соли 1973 Донишкадаи давлатии санъат ва соли 1980 Донишкадаи давлатии омўзгории забон ва адабиёти рус (њоло Донишкадаи давлатии забонњои Тољикистон) бунёд гардиданд. Ба ѓайр аз инњо шўъбаи донишкадаи политехникї дар шањри Хуљанд ва шўъбаи донишкадаи омўзгории шањри Душанбе дар шањри Ќўрѓонтеппа кушода шуда буд. Яъне, шумораи умумии мактабњои олии Тољикистон, ѓайр аз шўъбањо, ба 10 адад расид. Ин њама имконият дод, ки шумораи донишљўёни мактабњои олии љумњурї хеле зиёд гардад. Чунончї, агар соли тањсили 1960/61 шумораи онњо 20 њазор нафарро ташкил намояд, пас соли тањсили 1984/85 ба 58,8 њазор нафар расид, яъне 2,9 баробар афзуд. Дар њамин давр шумораи таълимгоњњои миёнаи махсус њам аз 22 адад ба 39 адад расид.

    Агар соли 1964 дар Тољикистон аз рўи 102 ихтисос мутахассис тайёр карда бошанд, пас он соли 1985 ба 200 ихтисос расид. Ба ѓайр аз ин соли 1885 аз Тољикистон дар мактабњои олии шањрњои Москва, Ленинград, Тошкент, Киев, Новосибирск, Воронеж ва ѓайрањо зиёда аз 3 њазор нафар донишљўён таълим мегирифтанд. Њиссаи духтарон дар њайати донишљўён соли тањсили 1960/61 – 29,6% буд ва он соли тањсили 1984/85 ба 39% расид. Мувофиќи ќарори Њукукмати Тољикистон аз 22 октябри соли 1969 дар назди мактабњои олї шўъбањои тайёрї ташкил карда шуд.

    Дараљаи илмии омўзгорони мактабњои олї низ сол аз сол баланд мешуд. Чунончї, соли 1971 дар мактабњои олии љумњурї ќариб 3 њазор нафар омўзгорон фаъолият менамуданд, ки 90 нафари онњо докторњои илм, профессорон ва 911 нафарашон номзадњои илм, дотсентон буданд. Соли 1980 бошад шумораи умумии омўзгорони мактабњои олии љумњурї ба 4402 нафар, аз љумла 104 нафар докторони илм, профессорон, 1370 нафар номзадњои илм, дотсентон расид. Акнун устодони унвондор 34%-ро ташкил медоданд. Таълим дар аксари мактабњои олї асосан бо забони русї сурат мегирифт.

    Инкишофи илм. Дар њаёти илмии Тољикистон ташкил ёфтани Академияи илмњо воќеаи бузургтарин ба њисоб меравад. 14 апрели соли 1951 шўъбаи Тољикистонии Академияи илмњои ИЉШС ба маркази мустаќили љумњуриявї Академияи илмњои ЉШС Тољикистон табдил ёфт. Аввалин президенти он С.Айнї интихоб гардид. Соли 1953 дар њайати академия 34 муассисаи илмї, аз љумла 14 пажуњишгоњњои тадќиќотї фаъолият мекарданд. Њамон ваќт дар онњо 1971 нафар бо корњои тадќиќотї машѓул буданд, ки 30 нафарашон докторони илм ва 221 нафарашон номзадњои илм ба њисоб мерафтанд. Соли 1974 шумораи кормандони илмии академия ба 1200 нафар расид, ки ќариб 400 нафари онњо докторон ва номзадњои илм буданд.

    Дар инкишофи илми љумњурї устодони мактабњои олї низ њиссагузор мебошанд. Зеро, онњо низ дар баробари фаъолияти омўзгорї бо корњои илмї машѓул буданд. Якљоя бо кормандони академия, соли 1985 шумораи умумии кормандони илмї дар љумњурї ба 8452 нафар расида буданд, ки 229 нафарашон докторон ва 3074 нафарашон номзадњои илм ба њисоб мерафтанд. Њамаи онњо якљоя барои пешрафти соњањои гуногуни илм њиссаи босазо гузоштаанд.

    Дар ташаккулу инкишофи илми тољик олимони машњур, аз ќабили таърихшиносон Б.Ѓ.Ѓафуров, А.А.Семёнов, А.Ю. Якубовский, З.Ш.Раљабов, Б.И.Искандаров; шарќшиносон С.Айнї, Е.Э.Бертелс, А.Мирзоев; файласуфон А.М.Бањоваддинов, М.С. Осимї, М.Д. Диноршоев; зоолог ва паразитолог Е.Н.Павловский; хокшинос И.Н.Антипов-Каратаев; селексионерњо В.П.Красичков, Б.Сангинов; њуќуќшинос С.А.Раљабов; геологњо С.Юсупова, Б.Баротов; физикњо С.У.Умаров, А.А.Адњамов; риёзиёт А.Љ.Љўраев; зилзиласанљї С.Њ.Неъматуллоев; тиб К.Т.Тољиев, Њ.Х.Мансуров, Ю.Б.Исоќї, М.Ѓ.Ѓуломов ва дигарон њиссаи босазо гузоштанд.

    Аз тарафи олимон асарњои зиёди хонданибоб офарида шуд. Мањз, дар њамин давр асари машњури Б.Ѓафуров «Тољикон» (нашри аввали русї, соли 1972) дастраси хонандагони сершумор гардид. Ин асар бори дигар тољиконро њамчун халќи ќадима ва фарњанги бойдошта, аз нуќтаи назари илмї исбот намуд ва ба забонњои гуногуни љањон тарљума шуд. Ба ѓайр аз ин таърихшиносон асари бисёрљилда «Таърихи халќи тољик»-ро иборат аз 3 љилд, 5 китоб нашр намуданд. Забоншиносон асари дуљилдаи «Фарњанги забони тољик»-ро омода ва нашр карданд. Адабиётшиносон иборат аз ду љилд «Очеркњои тарихи адабиёти советии тољик»-ро дастраси хонандагон намуданд. Умуман чунин дастовардњо ба њамаи соњањои илми љумњурї хос аст.

    Адабиёт. Дар ин давр дастовардњои шоирону нависандагони Тољикистон махсусан назаррас буд. Аз тарафи М.Турсунзода достонњои «Љони ширин», «Аз Ганг то Кремл», романи С.Улуѓзода «Шўриши Восеъ», романњои Љ.Икромї «Духтари оташ», «Дувоздањ дарвозаи Бухоро», романи Р.Љалил «Шўроб», достонњои М.Ќаноат «Суриши Сталинград», «Гањвораи Сино», шеъру ѓазалњои баландмазмуни Л.Шералї, Б.Рањимзода зиёда шўњрат пайдо карда буданд.

    Бо роњи тарљума асарњои шоиру нависандагони тољик ба љањониён ва баръакс љањониён ба хонандагони тољик муаррифї гардиданд. Чунончї, аз соли 1971 то соли 1980 дар Тољикистон 292 асари шоиру нависандагони Иттифоќ ва љањон ба забони тољикї тарљума ва нашр гардид. Мањз дар њамин давр 187 асари шоиру нависандагони љумњурии мо ба дигар забонњо тарљума шуданд.

    Офаридани филмњо. Дар солњои номбурда «Тољикфилм» бо филмњои баландмазмун ва тамошобоби худ ќадамњои љиддї ба пеш гузошт. Махсусан филмњои «Ќисмати шоир», «Марги судхўр», «Ман ба духтаре во хўрдам» ва ѓайрањо ба тамошобинон њаловат мебахшиданд. Режисёри номї Б.Кимёгаров дар асоси шоњасари А.Фирдавсї «Шоњнома» як ќатор филмњои баландмазмун, ба монанди «Гуфтор дар бораи Рустам», «Рустам ва Сўњроб», «Гуфтор дар бораи Сиёвуш», «Байраќи оњангар» ва ѓайрањоро офарид. Соли 1963 Иттифоќи киноматографистони Тољикистон таъсис ёфт.

    Театрњо. Дар давраи номбурда махсусан театри давлатии академии драмаи тољик ба номи А.Лоњутї, театри давлатии љавонони Тољикистон ба номи М.Воњидов, театри давлатии драмаи русї ба номи В.В.Маяковский, театри давлатии академии опера ва балети тољик ба номи С.Айнї, театри шањрњои Хуљанд, Кўлоб, Ќўрѓонтеппа, Хоруѓ, Конибодом ва ѓайрањо бо намоишномањои нав ба нави худ ба дили тамошобинон љой гирифта буданд.

    Мусиќї. Муваффаќияти оњангсозон махсусан назаррас буд. Бо ташаббуси оњангсозон Ф.Шањобов, Б.Файзуллоев, Ш.Соњибов бори аввал асари безаволи аљдодони тољик «Шашмаќом»-ро ба нота гирифта, дар њаљми 5 љилд ба табъ расониданд. Аз тарафи оњангсозон асарњои нав ба нав офарида шуд.

    Воситтањои ахбори умум. Барои дастраси умум гардонидани хабарњои тоза маќоми воситањои ахбори умум махсусан бузург аст. Соли 1961 дар љумњурї 85 номгўй рўзномаю маљаллањо нашр мегардиданд. Дар асоси ќарори КМ ЊК Тољикистон аз соли 1965, бояд њар як ноњия соњиби рўзномаи худ мешуд. Дар натиљаи амалї гардонидани ин чорабинї соли 1985 дар љумњурї адади рўзномаю маљаллањо зиёд шуда ба 136 номгўй расид.

    Соли 1959 дар шањри Сталинобод (Душанбе) маркази ойинаи нилгун (телесентр) ба фаъолият шурўъ кард. Аз 25 январи соли 1975 дар ин марказ аввалин намоиши рангаи барномаи мањаллї шурўъ карда, аз соли 1980 пурра ба намоиши чунин барнома гузашт. Соли 1977 дар Душанбе хонаи радио кушода шуд.

    Муассисањои фарњангї-равшаннамої. Умуман дар замони Шўравї ба корњои ташфиќотї диќќати љиддї медоданд. Бинобар њамин муассисањои фарњангї-равшаннамої, ба монанди клубњо, китобхонањо, осорхонањо (музейњо), нуќтањои кинонамоишдињї ва ѓайрањо сол аз сол зиёд мегардид. Масалан, дар љумњурї агар соли 1961 ба тарзи умумї 943 клуб, 910 китобхона,4 осорхона, 652 нуќтањои кинонамоишдињї мављуд бошад, пас соли 1985 адади онњо ба 1338 клуб, 1628 китобхона, 26 осорхона ва 1318 нуќтаи кинонамоишдињї расид.

    Дањањои фарњангї. Бо маќсади аз дастовардњои фарњангии якдигар огоњ будан ва ѓанї гардонидани фарњанги худ, дар байни љумњурињои иттифоќї дањањои фарњангї ташкил карда мешуд. Аз љумла, соли 1967 дањаи фарњангии Русия дар Тољикистон ва Тољикистон дар Русия, солњои 1968 ва 1982 дањањои фарњангии Тољикистн дар Ўзбекистон ва Ўзбекистон дар Тољикистон, соли 1970 дањаи фарњангии Тољикистон дар Литва, солњои 80-ум дањањои фарњангии Русия ва Ќирѓизистон дар Тољикистон ва ѓайрањо ташкил карда шуданд.
    § 4. Њаёти љамъиятию сиёсї
    Вазъи љањон. Вазъи љањон дар солњои 50-80-ум хело мураккаб буд. Њамон зиддияте, ки баъди ба охир расидани љанги дуюми љањон дар байни давлатњои капиталистї (бо роњбарии ИМА) ва сотсиалистї (бо роњбарии ИЉШС) ба вуљуд омад, минбаъд пурзўртар гардид. Соли 1955 бо ташаббуси Давлати Шўравї, љавобан ба бунёди блоки њарбии НАТО, аз њисоби давлатњои сотсиалистї блоки дигари њарбї, бо номи «Шартномаи Варшава» ба вуљуд омад. Дар худи њамон сол ќуввањои њарбии Иттињоди Шўравї њам соњиби бомбаи атомї гардид. Дар натиља мусаллањшавии давлатњои пешбари њар ду система – капиталистї ва сотсиалистї суръати тоза гирифт. Ба ѓайр аз мусаллањшавии бошитоб, инчунин муборизаи идеалогии байни онњо хело боло гирифт, ки ин њама дар таърих бо номи «љанги сард» маълум аст.

    Дар чунин вазъи мураккаби љањон њар воќеае, ки њатто дар дигар гўшаи дунё ба амал ояд њам, аммо он хавфи сар задании муноќишањои байналхалќї мегардад. Масалан, ба он соли 1956 љанги дар Шарќи Наздик (дар байни Исроил ва давлатњои араб) ва ба Маљористон (Венгрия) даровардани ќўшунњои Шўравї мисол шуда метавонад. Аммо бўњрони бањри Ќариб, ки соли 1961 ба амал омад (вобаста ба Куба), ќариб ба оѓози љанги сеюми љањонї оварда расонид. Минбаъд воќеаи Чехословакия (соли 1968 ба ин мамлакат низ даровардани ќўшунњои Шўравї), «инќилоби Афѓонистон» (соли 1979 ба ин мамлакат њам, гўё барои њимояи «инќилоб» ќўшунњои Шўравї дароварда шуд), инќилоби исломии Эрон (соли 1979) ва ѓайрањо боиси мураккаб гардидани вазъи љањон гардиданд. Бўњрони Афѓонистон гўё аз соли 1979 то соли 1989, яъне то аз ин мамлакат баровардани ќўшунњои Шўравї давом кардааст. Аммо дар амал ин бўњрон то њанўз идома дорад. Махсусан љанги Афѓонистон на танњо боиси талафоти зиёди љонии њар ду тараф, яъне Афѓонистон ва Давлати Шўравї гардид, балки боиси хеле коста шудани иќтисодиёти Иттињоди Шўравї ва нињоят яке аз сабабњои аз байн рафтани ин Иттифоќ шуд.

    Боло гирифтани яккањукмронии њизби коммунистї. Солњои 50-80- чї дар Иттињоди Шўравї ва чї дар љумњурињои Иттифоќ, аз љумла Тољикистон низ, њизбњои коммунистї њамоно яккањукмрон буданд. Њизби коммунистии Тољикистон ќисми таркибии Њизби коммунистии Итињоди Шўравї (ЊКИШ – КПСС) ба њисоб мерафт. Њар њукме, ки ЊКИШ мекард он барои њизбњои коммунистии љумњурињои Иттифоќ ќонун буд, бинобар ин онро бечунучаро иљро мекарданд. Њарчанд сарварони њизбњои коммунистии љумњурињо интихобї буданд, вале на танњо онњо, њатто масъулони асосии љумњурињои Иттифоќ њам бо розигии сарвари ЊКИШ (КПСС) интихоб ё худ таъин мегардиданд. Аз ин рў дар Иттињодї Шўравї сарвари ЊКИШ роњбари асосии мамлакат њисоб мешуд.

    Дар Иттињоди Шўравї то соли 1953 сарварии њизб ба ўњдаи И.В.Сталин буд, ки вазифаи ўро дар солњои охир котиби генералии кумитаи марказии ЊКИШ меномиданд. Вай сарварии њизбро аз соли 1922 ба ўњда дошт. Аз моњи майи соли 1941 вазифаи раиси њукумат – Шўрои комиссарони њалќи ИЉШС низ ба ўњдаи И.В.Сталин гузоштаанд. Ў ин вазифањоро то вафоташ дар дасти худ нигоњ дошт. Соли 1953 сарвари ЊКИШ Н.С.Хрушёв гардид. Ў кўшиш кард, ки ба шахспарастии Сталин хотима гузошта, дар мамлакат њаёти демократиро инкишоф дињад. Аммо вай ба љои шахспарастии сталинї шахспарастии худашро љорї карданї шуд. Ба ѓайр аз ин мањз дар замони ў дар мамлакат изофанависї ба вуљуд омада, инкишоф ёфт. Дар натиља соли 1964 Н.С.Хрушевро барканор намуданд ва Л.И.Брежнев сарвари ЊКИШ гардид. Њарчанд ў дар солњои охири умраш, бо сабаби беморї тамоман аз ўњдаи кор намебаромад, вале то маргаш (соли 1982) ин вазифаро нигоњ дошт. Мањз дар охирњои роњбарии ў дар мамлакат низоми кор суст шуд, коррупсия ва изофанависињо хело боло гирифт. Бинобар њамин њам Ю.В.Андропов дар давоми роњбарии кўтоњмуддати худ (1982-1984) барои мустањкам кардани низоми мењнат чорањои ќатъї андешида, ба муќобили коррупсия муборизаи беамонро оѓоз кард. Аз љумла, барои изофанависї, зиёда аз 30 њазор масъулон бо «амалиёти пахта» ба љавобгарї кашида шуданд. Умуман дар замони Ю.В.Андропов дар тамоми мамлакат, дар тамоми соњањо низоми муайян љорї карда шуд. Аммо баъди марги ў, дар замони роњбарии як солаи (1984-1985) К.У.Черненко, ки бо сабаби беморї ќариб сарварї накардааст, њама дастовардњои замони Ю.В.Андропов барбод дода шуд. Бинобар ин моњи марти соли 1985 дар њолати хело вазнини мамлакат М.С.Горбачёв сарварии њизбро ба ўњда гирифт, баъд президенти ИЉШС интихоб шуд ва то барњам хўрдани Иттињоди Шўравї ин вазифаро ба ўњдаи худ дошт.

    Дар Љумњурии Тољикистон сарвари њизбро котиби якўми кумитаи марказии њизби коммунистии Тољикистон (КМ ЊКТ) меномиданд. Дар љумњурї ин њизбро солњои 1946-1956 Бобољон Ѓафуров, солњои 1956-1961 – Турсунбой Ўлљабоев, солњои 1961-1982 – Љаббор Расулов, солњои 1982-1985 – Рањмон Набиев ва солњои 1985-1991 – Ќањњор Мањкамов сарварї намудаанд. Аз роњбарони номбурдаи љумњурї танњо Т.Ўлљабоев, бо сабаби дар љумњурї боло гирифтани изофанависї, соли 1961 аз вазифа сабукдўш карда шуда буд.

    Бо сабаби он, ки њизби коммунистї яккањукмрон буд, бинобар ин барномаи ќабул кардаи он барои тамоми мамлакат њамчун ќонун ба њисоб мерафт. Соли 1961 анљумани ХХII ЊКИШ барномаи худро оиди сохтани љамъияти коммунистї ќабул намуд. Мувофиќи он мардуми шўравї солњои 80-уми асри гузашта бояд аллакай дар љамъиятии коммунистї – коммунизм мезистанд. Бо маќсади ќонунї гардонидани яккањукумронии њизби коммунистї онро дар конститутсияи (сарќонуни) ИЉШС, ки соли 1977 ќабул карда шуд (банди 6-ум) дохил намуданд. Дар асоси њамин сарќонуни Иттифоќ Тољикистон њам соли 1978 сарќонуни худро ќабул карда буд. Њамаи ин аз хусуси дар мамлакат хело боло гирифтани маќоми њизби коммунистї далолат медињад.
    1   ...   40   41   42   43   44   45   46   47   ...   57


    написать администратору сайта