Главная страница
Навигация по странице:

  • Оќибатњои мусбат инњоанд

  • Љињатњои манфї инњоанд

  • Эълон гардидани истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон

  • Изњорот дар бораи истиќлолияти давлатии Чумњурии Тољикистон

  • Ќарори аввалаи

  • Ањамияти таърихии истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон

  • апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов


    Скачать 3.71 Mb.
    НазваниеНамоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
    Дата10.10.2022
    Размер3.71 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01..doc
    ТипДокументы
    #724565
    страница46 из 57
    1   ...   42   43   44   45   46   47   48   49   ...   57
    §1. Эълон гардидани истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ва ањамияти таърихии он.
    Барњам хўрдани Иттињоди Шўравї ва сабабу оќибатњои он. Барњамхўрии Иттињоди Шўравї сабабњои худро дошт. То бозсозии Горбачёвї хавфи парокандашавии Иттињоди Љумњурињои Шўравии состиалистї (ИЉШС - СССР) вуљуд надошт. Дар мамлакат тартиботи сохти тоталитории коммунистї ва идеологияи ягонаи коммунистї њукмрон буд. Бинобар ин онњо намегузоштанд, ки дар мамлакат афкори барояшон мухолиф, ё худ људоиандозї реша давонад. Аз њамин сабаб њар гуна андешањои мухолиф зуд пањн нагардида, бо мањал ё худ гурўњи одамон мањдуд мешуд.

    Албатта барои барњамхўрии ИЉШС ошкорбаёнии замони Горбачёвро ягона сабаби асоситарин њисобидан чандон дуруст нест. Бо андешаи мо, сиёсати ошкорбаёнї бештар иллатњои замонаро рўи об баровард. Раќобати мансабие, ки дар доираи боло, яъне Иттифоќ пеш њам вуљуд дошт, акнун он ба тамоми мамлакат ошкор гардид. Вале, дар давраи охир, чуноне таъкид шуд: 1) Раќобати сахти байни Горбачёв (охирин Президенти ИЉШС – СССР) ва Елтсин (дар даврањои охир Президенти Федератсияи Русия) њукумати марказии Иттифоќро дар назди ањли љамъияти Шўравї беобрў карда буд. Мањз бо маќсади бемансаб гузоштани Горбачёв, Елтсин яке аз аввалинњо шуда 12 июни соли 1990 истиќлолияти давлатии Федератсияи Русияро эълон кард. Зеро, ба њама маълум буд, ки Иттињоди Шўравї бе Федератсияи Русия вуљуд дошта наметавонад. Бинобар ин раќобати мансабии доираи болоии њизбї ва давлатї (дар мисоли байни Горбачёв ва Елтсин) яке аз сабабњои асоситарини барњам хўрдани Иттињоди Шўравї гардид; 2) Худи њизби коммунистии Иттињоди Шўравї (КПСС) њам ба бўњрони сахт гирифтор шуда буд. Махсусан солњои охири њукмронии Л.И. Брежнев, ки хело бемор гардида буд, ба сари ќудрат омадани мўйсафедони барљомонда (Р.В. Андропов, махсусан К.У. Черненко) ва паси њам фавтидани онњо обрўи њизбро хело паст кард; 3) Сиёсати худмаблаѓгузорию худтаъминкунии Горбачёвї, дар баробари љињатњои мусбат, сабабгори аз кор мондани корхонањои саноатии мамлакат, заиф гардидани алоќаи байни љумњурињои иттифоќї, хело суст шудани нуфузи њукумати марказї гардид. Дар натиља, кандани алоќаи байни корхонањо, заиф гардидани нуфузи марказ сабаби дигари асосии барњамхўрии Иттифоќ шуд; 4) Ошкорбаёнии Горбачёвї инчунин дар доираи Иттифоќ норасоињои масъалаи миллиро низ ошкор намуд. Дар баъзе њолатњо, нуќтањои бањсноки ин масъала хело тезу тунд шуд. Нињоят чунин бањс ба мисли Кўњистони Ќарабоѓ, соли 1988 боиси љанги мусаллањонаи байни љумњурињои иттифоќии Арманистону Озорбойљон гардид. Аммо њукумати њамонваќтаи Иттифоќ дар њалли ин масъала беќудратии худро нишон дод. Баъзењо чунин ноўњдабароии њукумати марказии Иттифоќро мушоњда намуда, умуман масъалаи нолозимии онро мегузоштанд. Махсусан љумњурињои назди Балтика (Литвия, Литва ва Эстония) минбаъд њељ дар доираи Иттифоќ истоданро намехоњанд. Њамаи ин нишонањо низ сабабгори аз байн рафтани Иттињод гардид.

    Дар натиља хавфи барњамхўрии Иттињоди Шўравї, махсусан аз охири соли 1990 бештар намоён мешуд, ки ин дар навбати худ тарафдоронашро низ ба ташвиш гузошт. 17 марти соли 1991 дар Иттињоди Шўравї аввалин маротиба райпурсии умумихалќї гузаронида шуд. Дар он, барои фањмидани андешаи мардум оиди таќдири минбаъдаи Иттињоди Шўравї, танњо як масъала, яъне тарафдор будан ё набудани онњо нисбати мављудияти минбаъдаи ИЉШС гузошта шуд. Дар ин райпурсї ќариб тамоми мардуми Шўравї фаъолона ширкат намуда, зиёда аз 70% - и онњо, аз љумла дар Тољикистон низ ба тарафдории баќои минбаъдаи Иттињоди Шўравї овоз доданд. Дар Тољикистон ин райпурсиро танњо љамъияти сиёсии «Растохез» ва њизби нањзати ислом бойкот эълон карда буданд.

    Бо маќсади баровардани Иттифоќ аз бўњроин сиёсї ва муайян намудани ояндаи ИЉШС, моњњои апрел – майи соли 1991 дар Ново-Огарёво президенти ИЉШС М.С. Горбачёв бо сарварони 9 љумњурињои Иттифоќ мулоќот намуд. Дар натиљаи ин гуфтушунидњо чун шакли такмилёфтаи Иттифоќ – лоињаи Иттифоќи Давлатњои Мустаќилро (ИДМ - СНГ) дастгирї намуданд. Инчунин пешнињод гардида буд, ки Конститутсияи нави Иттифоќро ќабул намоянд. 20 августи соли 1991 бояд ањдномаи нави Иттифоќ имзо гардида, дар матбуот нашр мешуд.

    Аммо натиљаи райпурсии умумихалќї ва гуфтушуниди сарварони љумњурињои иттифоќї њам хавфи аз байн рафтани Иттињоди Шўравиро аз байн набардошт. Дар мамлакат бўњрони сиёсї њанўз идома дошт. Як гурўњи тарафдорони баќои Иттињоди Шўравї роњи ягонаи наљотро дар барканор намудани президенти Иттињоди Шўравї М.С. Горбачёв медиданд. Онњо, њангоме, ки Горбачёв дар соњили бањри Сиёњ, дар истироњатгоњи давлатии Фарос, дар истироњати муќаррарї буд, ин гурўњ 17 августи соли 1991 дар Москва, бо сарварии ноиби ў Г.И. Янаев Кумитаи давлатии њолатњои фавќулодда (КДЊФ - ГКЧП) ташкил карданд ва њокимиятро ба дасти худ гирифта, дар Иттифоќ ба муддати 6 моњ њолати фавќулодда эълон намуданд. Ба њайати Кумитаи фавќулодда инчунин раиси Шўрои Вазироин ИЉШС В.С. Павлов, сарвари КБД (КГБ) В.А. Крючков, вазири мудофиаи ИЉШС Д.Т. Язов ва дигарон шомил буданд. Горбачёв бошад дар Фарос дар њолати њабси хонагї буд. Аммо мардуми Москва кумитаи фавќулоддаро дастгирї накарданд. Онњо ба кўчањо баромада, дар атрофи Б. Елтсин муттањид шуданд ва нагузоштанд, ки њарбиён, аз љумла танкњо дохили шањри Москва шаванд. Дар натиља бунёдкунандагони кумитаи фавќулодда, баъди 4 рўзи фаъолияташон, яъне 21 август шикаст хурданд, ки ин дар асл кўшиши табодуллоти давлатї буд. 22 август ташкилкунандагони кумитаи фавќулодда њабс гардиданд.

    Бемувафаќият анљом ёфтани кўшиши табодуллоти давлатї майли истиќлолиятхоњии љумњурињои Иттифоќро боз њам зиёдтар намуд. Баъди ин воќеа тамоми гуноњи кўшиши табодуллоти давлатиро дар мамлакат аз њизби коммунистї донистанд. Дар натиља ќариб дар тамоми намоишу гирдињамоињои љумњурињои иттифоќї талаб мекарданд, ки фаъолияти ин њизбро манъ карда, ба љумњурињои иттифоќї пурра истиќлолияти давлатї дода шавад. Њамин гуна чунбишњо Тољикистонро низ фаро гирифта буд. 29 августи соли 1991 иљлосияи ѓайринавбатии Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон Президенти љумњурї - Ќањњор Мањкамовро, барои дастгирии кумитаи фавќулодда (яъне ГКЉП) гунањкор њисобида, маљбур намуданд, ки ба истеъфо барояд. Дар њамон иљлосия раиси муваќќатии Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон Ќадриддин Аслонов интихоб шуд. Ў инчунин иљрокунандаи вазифаи Президенти чумњурї гардид. Баъди ин воќеањо тамоми љумњурињои иттифоќї, аз он љумла Љумњурии Тољикистон њам истиќлолияти давлатии худро (9 сентябри соли 1991) эълон карданд.

    8 декабри он сол сарварони се љумњурињои собиќ иттифоќї: Президенти Федератсияи Русия – Б.Н. Елтсин, президенти Украина Л. Кравчук ва раиси Шўрои Олии Белоруссия С. Шушкевич, дар бешазори Беловежскии Белоруссия љамъ омада, шартномаи 30 декабри соли 1922 – ро (оиди таъсис додани Иттињоди Љумњурињои Шўравии сотсиалистї – ИЧШС - СССР) бекор эълон намуда, шартномаи навро аз хусуси ташкил намудани Иттињоди Давлатњои Мустаќил (ИДМ - СНГ) имзо карданд. Ба њайати ИДМ - СНГ њамагї 12 љумњурињои собиќ Иттифоќ, яъне ба ѓайр аз се љумњурињои назди Балтика, боќї њама шомил шуданд. Баъди ин 25 декабри соли 1991 М.С. Горбачёв аз мансаби Президентии ИЉШС, ки аллкай вуљуд надошт, даст кашид.

    Њамин тавр Иттињоди Шўравї баъди ќариб 70 – соли мављудияташ барњам дода шуд ва он ба андешаи мо оќибатњои мусбат ва манфиро дошт.

    Оќибатњои мусбат инњоанд: 1) Баробари барњам додани Иттињоди Шўравї, љумњурињои собиќ Иттифоќ, аз љумла Тољикистон истиќлолияти давлатї ба даст дароварданд. Дар натиља дар миќёси љањон давлатњои нави соњибистиќлол бунёд гардиданд. Минбаъд онњо дар миќёси олам мустаќилона миллати худро муарифї мекарданд. Дар харитаи чањонї њам ин гуна давлатњои нави соњибистиќлол маќоми худро ишѓол намуданд. Он давлатњо, њамчун давлатњои соњибистиќлол, бо мамлакатњои љањонї ва ташкилотњои байналхалќї муносибатњои озодонаро ба роњ монданд; 2) Љумњурињои собиќ Иттифоќї, аз љумла Тољикистон истиќлолияти давлатї ба даст дароварда, минбаъд шакли давлатдорї ва тарзи зиндагии мардуми худро бо ба инобат гирифтани анъанањои миллї ташкил доданд. Дар тамоми љумњурињои соњибистиќлолгардида забони асосии миллии онњо маќоми забони давлатї пайдо намуд ва ѓайрањо.

    Љињатњои манфї инњоанд: 1) Иттињоди Шўравї барои тамоми халќњои Шўравї оилаи ягона њисоб мешуд. Сарњади байни љумњурињои Иттифоќ кариб вуљуд надошт. Барои рафту омади дохилї, ташкили оила, тањсил, кор, зиндагї ва ѓайрањо ягон хел мањдудият набуд. Баъди барњам додани Иттифоќ љумњурињои нав соњибистиќлол гардида, аз рўи маводњои бойгонї сарњади худро муайян намуда, баъзеашон онро на танњо симхор кашиданд, балки минагузорї карданд (чуноне, ки сарњади байни љумњурињои Тољикистону Ўзбекистон, бо ташаббуси Ўзбекистон ба њамин њолат табдил ёфтааст). Дар натиљаи чунин њолат рафту омади озодонаи одамон аз байн рафт. Низоми раводид (виза) љорї гардид. Деворњои симхории сарњадї на танњо хешу табориро, балки падару писар, бародару хоњарро аз њам људо намуд; 2) Иттињоди Шўравї кариб 70 - сол вуљуд дошт. Дар ин муддат, маблаѓгузорї, ки марказї буд, махсусан корхонањои саноатї вобастаи якдигар бунёд мегардиданд. Баъди барњам додани Иттифоќ, ин риштањои иќтисодї канда шуданд. Агарчанде ба љои Иттињоди Шўравї ИДМ-СНГ бунёд гардид, вале он њељ Иттињоди Шўравиро иваз карда натавонист. Њолдонњо њанўз њангоми бунёди ИДМ – онро «тавлиди кўдаки мурда» номида буданд. Дар натиља, дар дањсолаи аввали истиќлолият ќариб дар тамоми љумњурињои собиќ Иттифоќ пастравии иќтисодиёт, бад шудани зиндагии мардум, зиёд гардидани бекорї, беќурбшавии пул ва ѓайрањо њукмрон буд. Аз байни собиќ љумњурињои Иттифоќ, танњо Федератсияи Русия, Љумњурии Ќазоќистон ва ѓайра зуд рў ба инкишоф нињоданд.

    Њамин тавр, таљрибаи ќариб 70 – солаи мављудияти Иттињоди Шўравї далели он аст, ки танњо муносибати хуби байнињамдигарии давлатњо (дар тамоми соњањо) яке аз кафолатњои пешравї, бењтар шудани зисту зиндагонии мардум шуда метавонад.

    Эълон гардидани истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон. Чуноне таъкид гардид, кўшишњои пойдор нигоњ доштани Иттињоди Љумњурињои Шўравии сотсиалистї (ИЉШС) дигар самараи хубе надоданд. Нобарор анљом ёфтани кўшиши табадуллоти давлатии моњи августи соли 1991 (яъне, ГКЧП) суръати парокандашавии љумњурињои иттифокиро тезонид. Дар натиља, чумњурињои иттифоќие, ки ба њайати Иттињоди Шўравї дохил буданд, пай њам истќлолияти давлатии худро эълон карданд.

    Албатта Љумњурии Тољикистон низ аз ин маъракаи сиёсї дар канор набуд. 31 – уми августи соли 1991 Иљлосияи Шўрои Олии љумњурї ба номи љумњурї таѓйирот ворид намуд. Он эълон кард, ки Љумњурии Шўравии сотсиалистии Точикистон минбаъд Љумњурии Тољикистон номида шавад. Дар Тољикистон њизби коммунистї амалан њанўз њизби њукмрон ба њисоб мерафт. 4 сентябри њамон сол пленуми кумитаи марказии ин њизб истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистонро тавсия намуд.

    9 сентябри соли 1991 дар шањри Душанбе иљлосияи ѓайринавбатии Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон, даъвати дувоздањум љамъ омад. Ин иљлосия дар бораи истиќлолияти давлатии Љумњурии Точикистон якчанд њуљљатњои муњими таърихї, аз чумла: «Изњорот дар бораи истиќлолияти давлатии Чумњурии Тољикистон» ва ду ќарори махсусро ќабул карда, дар асоси ќонуни ќабул кардааш ба Конститутсияи (Ќонуни асосии) амалкунандаи Љумњурии Тољикистон баъзе таѓйироту иловањо ворид намуд.

    Аз чумла, дар Изњорот таѓйиротњои дар њудуди собиќ Иттињоди Шўравї ба амал омадаро ба назар гирифта, «бо назардошти њуќуќи халќњо ба худмуайянкунї ва бо дарки масъулияти сарнавишти халќњои сокини Тољикистон» таъкид гардидааст: «Шўрои Олї истиклолияти давлатии Љумњурии Тољикистонро эълон мекунад». Ин изњорот аз хусуси дар заминаи собиќ яке аз љумњурињои Шўравї будён гардидани давлати нави соњибистиќлоли љањонї буд. Дар натиља дар харитаи љањонї боз як давлати нави мустаќил бо номи Љумњурии Тољикистон пайдо шуд.

    Љумњурии соњибистиќлоли Тољикистон ва дигар љумњурињои собиќ иттифоќї, ки дар замони шўравї аз љињати иќтисодї бо њам хеле пайваст буданд, ба хубї эњсос менамуданд, ки якбора кандани ин риштањо барояшон оќибатњои бадро меовард. Аз тарафи дигар, равиши љањони муосир худ аз хусуси бо њам наздикшавии давлатњо ва халќњо далолат медод. Бинобар њамин њам дар он Изњорот инљунин таъкид шудааст, ки Чумњурии Тољикистон кўшиши собиќ љумњурињои иттифоќиро «оиди аз нав барќарор намудани муносибатњои байни њамдигарї эњтиром намуда, … бастани Шартнома дар барои Иттињоди давлатњои соњибихтиёр…» - ро дастгирї менамояд.

    Изњорот сиёсати оянда мустаќилонаи хориљии Љумњурии Тољикистонро ба назар гирифта, таъкид менамояд, ки Љумњурии Тољикистон минбаъд дар муносибатњои байналхалќї «ба сифати субъекти мустаќили њукуќи байналхалќї» баромад мекунад. Яъне, аз ин нуќта бармеояд, ки Љумњурии Тољикистон минбаъд бо тамоми давлатњо ва ташкилотњои байналхалќї сиёсати хориљиашро худаш муайян намуда, онро мустаќилона ташкил менамояд.

    Яъне, дар Изњороти ќабул гардида, аз як тараф истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистонро эълон карда, минбаъд, дар ташкил ва гузаронидани сиёсати хориљї соњибистиќлол будани онро таъкид намуда, инчунин аз тарафи дигар нигоњ доштани фазои ягонаи иќтисодии байни собиќ љумњурињои иттифоќиро зарур шуморида, «тарафдори ташкили системаи мудофиаи коллективї ва амнияти давлатњои Иттињоди соњибихтиёр…» будани Љумњурињои Тољикистонро хотиррасон намудааст.

    Мувофиќи Ќарори аввалаи оиди истиќлолияти љумњурї ќабул кардаи иљлосияи Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон, ба Эъломияи истиќлолияти Љумњурии Тољикистон, ки њанўз 24 августи соли 1990 ќабул шуда буд, таѓйироту иловањо ворид карда шуд. Аз љумла, дар тањрири нави Эъломия, аз моддаи 4 - уми он калимањои «ѓайр аз масъалањое, ки ихтиёран ба салоњияти иттифоќи РСС дода мешаванд», хориљ карда шуд. Амсоли ин боз дигар масъалањое, ки ба Иттифоќ дахл дошт, ихтисор гардид. Дар матни Эъломия иборањои Республикаи Советии Сотсиалистии Тољикистон ва РСС Тољикистон бо ибораи Љумњурии Тољикистон иваз карда шуд. Бо њамин матни он Эъломияи аввалро ки ба њолати истклолият дар доираи Иттифоќ дахл дошт, ба талаботи истиќлолияти њаќиќии давлатї мутобиќ гардонида шуд.

    Мувофиќи ќарори дигар, матни Изњороти Шўрои Олиро дар бораи истиќолоияти давлатии Љумњурии Тољикистон маъкул дониста, «бо маќсади њифзи истиќлолияти давлатї, њукуќњои конститутсионї, озодии шањрвандон ва бутунии сарзамини Љумњурии Тољикистон» таъсиси Вазорати мудофиаи Љумњурии Точикистонро мувофиќи маќсад дониста, рўзи эълон гардидани истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон, яъне 9 сентябри соли 1991 –ро иди миллї ва рўзи ид эълон намуданд.

    Ягона ќонуни ќабул кардаи иљлосияи ѓайринавбатии Шўрои Олї ба Конститутсияи (Ќонуни асосї) амалкунандаи чумњурї дахл дошт. Зеро, эълон гардидани истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон зарурати фаврии таѓйироту иловањоро ба ин ќонуни асосї ба миён оварда буд. Вагарна, баъзе моддањои Конститутсияи амалкунанда бо моњияти истиќлолияти давлатии эълон кардашуда мувофиќат намекард. Ќабул кардани Конститутсияи нав бошад ваќтро талаб мекард. То ќабул гардидани он, бояд Конститутсияи амалкунанда, бо таѓйироту иловањо фаъолият мекард. Аз љумла, ин иљлосия ба ќонуни асосии љумњурї чунин таѓйиротхоро ворид намуд: моддаи 1 – уми Конститутсия бо тањрири зайл ќабул гардид: «Љумњурии Тољикистон давлати мустаќили демократии њуќуќбунёд мебошад». Ё худ дар моддаи 28 маќсад боз њам равшантар акс ёфтааст. Чунончї: «Љумњурии Тољикистон њамчун субъекти мустаќили њукуќи байналхалќї бо давлатњои хориљї алоќањои дипломатї, консулї, тиљоратї ва дигар алоќањо барќарор намуда, бо онњо мубодилаи намояндагони салоњиятдорро анљом медињад ва шартномањои байналхалќї мебандад». Инчунин, мувофиќи тањрири нав дар моддаи 31 таъкид карда мешавад, ки «њар як шањрванди Љумњурии Тољикистон дар як ваќт шањрванди Иттињоди давлатњои соњибихтиёр мебошанд».

    Ањамияти таърихии истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон. 9 сентябри соли 1991 Љумњурии Тољикистон соњибистиќлол гардид. Албатта, барои бавуљудоии чунин давлати соњибистиќлол, сараввал чумњурии мухторї, баъд љумњурии иттифоќии Тољикистон чун заминае ба њисоб мераванд.

    Тољикон гарчанде то замони Шўравї, ба монанди давлатњои Сомониён, Ѓуриён, Куртњои Њирот, Сарбадорони Сабзавор ва ѓайрањо давлатњои соњибистиќлоли худро доштанд, вале онњо аслан давлатњои авлодї – сулолавї буданд, њељ гоњ Тољикистон ном надоштанд. Дар замони Шўравї њам дар доираи Иттињод мављудияти Љумњурии Тољикистон чандон маълум набуд. Инак, баъди 9 сентябри соли 1991 дар харитаи љањонї Љумхурии Точикистон, чун давлати соњибистиќлол акс гардид. Дигар давлатњои љањонї ва ташкилотњои байналхалќї њам Љумњурии Точикистонро њамчун давлати соњибистиќлол эътироф намуданд. Минбаъд намояндагони Љумњурии Тољикистон дар машваратњои байналхалќї њамчун фиристодаи давлати соњибистиќлол муаррифї мегарданд. Вай аллакай 2 - уми марти соли 1992 аъзои комилњуќуќи Созмони Миллали Муттањид (СММ) гардид. Бинобар ин бунёди Љумњурии соњибистиќлоли Тољикистон барои тољикон ањамияти бузурги таърихї дорад. Бо эълони истиќлолият, чуноне президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон таъкид мекунад, «орзуи ба даст овардани мустаќилияти миллї амалї гашт. Ва дар асл чунин осон ба даст омадани озодї ва истиќлолро касе њам тасаввур надошт. Ин истиќлолият њадяи бебањои таърих буда, устувору пойдор нигоњ дошта тавонистани он масъулияти таърихии наслњои имрўза мебошад»1.

    Бо назардошти њамаи ин ањамияти таърихии истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистонро дар нуќтањои зерин мебинем:

    1. Дар натиља, дар миќёси љањон давлати нав бо номи Љумњурии Тољикистон ба вуљуд омад;

    2. Њангоми вохўрињо ва љамъомадњои байналхалќї Љумњурии Тољикистон њамчун давлати соњибистиќлол муаррифї мегардад;

    3. Љумњурии Тољикистон минбаъд сиёсати дохилї ва хориљии худро мустаќилона муайян менамояд;

    4. Њукумати Љумњурии Тољикистон бо ташкилотњои байналхалќї ва давлатњои хориљї мустаќилона сиёсати худро муайян менамояд;

    5. Њангоми муайян намудани сиёсати дохилиаш озодона дин ва урфу одатњои мардуми худро ба инобат мегирад ва ѓайрањо.

    Аммо мардуми љумњурї аз рўзњои аввал ба ќадри ин «њадяи бебањои таърих» нарасиданд ва барои мустањкамию пешравии он накўшиданд. Дар натиља соњибистиќлолии Љумњурии Точикистон дар ибтидо ба мушкилињои сахттарин дучор шуд. Мушкилтарин ва фољеаноктарини онњо љанги шањрвандї ба њисоб меравад.

    1   ...   42   43   44   45   46   47   48   49   ...   57


    написать администратору сайта