Главная страница
Навигация по странице:

  • Колинњо ва мањсулоти ќолинї

  • Заводи трансформаторбарории

  • Нерўгоњи барќии обии Роѓун

  • Сохтмони нерўгоњи барќии обии Сангтўда

  • Нерўгоњи барќии обии Сангтўда – 1

  • Нерўгоњи барќии обии Сангтўда

  • апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов


    Скачать 3.71 Mb.
    НазваниеНамоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
    Дата10.10.2022
    Размер3.71 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01..doc
    ТипДокументы
    #724565
    страница49 из 57
    1   ...   45   46   47   48   49   50   51   52   ...   57
    §1. Вазъи саноат ва энергетика. Соњибкорї.
    Хусусигардонї дар соњаи саноат. Хусусигардонї ин сиёсатест, ки барои ба моликияти хусусї табдил додани моликияти давлатї нигаронида шудааст. Њанўз дар замони мављудияти Иттињоди Шўравї дар мамлакат сиёсати ѓайридавлатї ва хусусигардонии моликияти давлатиро пеш гирифта буданд. Чуноне дар боби гузашта таъкид шуд, њанўз 26 майи соли 1990 консепсияи њукуматии гузариши ИЉШС (СССР) ба иќтисодиёти бозорї эълон гардид. Мувофиќи он иќтисодиёти мамлакат дар муддати солњои 1990 – 1995 бояд ба иќтисодиёти бозорї гузаронида мешуд. Баъди барњам додани Иттињоди Шўравї, љумњурињои соњибистиќлол дар алоњидагї роњи худро барои гузариш ба иќтисодиёти бозорї муайян карданд. Бо њамин максад, 21 феврали соли 1991 иљлосияи Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон Ќонунро «Дар бораи ѓайридавлатї ва хусусигардонии моликияти давлатї» ќабул намуд. Мањз њамин ќонун дар Љумњурии Тољикистон ба хусусигардонии моликияти давлатї ибтидо гузошт. Минбаъд ба ин ќонун таѓйироту иловањо дохил гардид. Вале барои хусусигардонии моликияти давлатї шароити нисбатан мувофиќ баъди имзои созишномаи сулњи тољикон (27 июни соли 1997) ба амал омад.

    Њанўз 18 июни соли 1997 ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи тартиботи ба љамъияти сањомї табдил додани корхонањои давлатї» баромад, ки мувофиќи он тамоми корхонањои давалтї ба се шаклњои зерин таќсим карда шуданд:

    1. Корхонањои давлатие, ки миќдори коргаронаш аз 200 нафар зиёд буд, њатман сањомї карда мешуданд;

    2. Корхонањое, ки коргаронашон аз 100 то 199 нафар, мувофиќи ќарори њукумати мањаллї сањомї карда мешуданд;

    3. Корхонањое, ки коргаронаш аз 100 нафар кам буданд, фурўхта мешуданд.

    Натиљаи хусусигардонии амволи давлатиро дар Љумњурии Тољикистон ба се даврањои зерин таќсим кардан мумкин аст:

    Давраи якум. Дар ин давр амволи давлатї бевосита ба кормандони худи корхона фурўхта шуданд. Ба ин фурўхтани корхонањои хурди соњаи тиљорат, хўроки умумї, хизматрасонии маишї мисол шуда метавонанд. Дар натиља, аз аввали давраи хусусигардонї то соли 1997, аз миќдори умумии амволи хурди давлатие, ки бояд хусусї гардонида мешуданд, ќариб 37% хусусї гардонида шуданд. Ба ѓайр аз ин дар њамин давр, дар баробари объектњои хурди давлатї, инчунин як миќдор объектњои миёна (шумораи коргаронашон 100-199 нафар) ва калон шумораи коргаронашон аз 200 нафар зиёд низ ба кормандонашон фурўхта шуданд;

    Давраи дуюм. Аз дохил намудани таѓйироту иловањо ба Ќонун «Дар бораи хусусигардонї» оѓоз гардид. Мувофиќи тањрири охирини ин ќонун њамчун шакли асосии фурўши амвол, барои њар як корхона, дар алоњидагї шакли фурўши музояда (ауксионї) ва тендерї муайян гардид. Чунин таѓйиротњо суръати хусусигардонии корхонањои хурдро тезонид ва дар натиља хусусигардонї дар ин соња соли 1998 асосан ба анљом расид. То аввали соли 2002 дар љумњурї 96% объектхои хизматрасонии маишї, 90% - и соњаи тиљорат ва 85% - и соњаи хўроки умумї хусусї гардонида шуданд;

    Давраи сеюм. Бо хусусигардонии корхонахои калон ва миёна оѓоз гардид. Мањз барои дар њамин соња тезонидани суръати хусусигардонї солњои 1997 -1998 аз тарафи њукумати љумњурї як ќатор њуљљатњои зарурї ќабул гардид. Моњи марти соли 1998 аввалин музоядаи чекї оиди фурўши пакети сањмияњои давлатї барпо гардид. Бо њамин музояда амалан давраи хусусигардонии корхонањои калон ва миёна оѓоз шуд. Минбаъд бо тарзи музояда фурўхтани амволи давлатї ба њукми анъана даромад. Дар натиља, танњо дар солњои 1998-2001, бо њамин тарзи музояда, аз 900 корхонањое, ки бояд њатман фурўхта мешуданд, пакети сањмияњои зиёда аз 300 корхонањо фурўхта шуданд.

    Умуман аз феврали соли 1991 то 1 апрели соли 2009 дар љумњурї 10748 иншоот хусусї гардонида шудааст. Аз љумлаи онњо 9485 иншоотњои хурд ва 1263 адад корхонањои миёнаву калон мебошанд.

    Соњибкорї. Соњибкорї дар шароити Тољикистон категорияи нави иќтисодї буда, мањсули ислоњотњои иќтисодї ба њисоб меравад. Барои ташаккулёбии соњибкорї дар љумхурии мо ќонуни дар боло ишорашуда - «Дар бораи ѓайридавлатигардонї ва хусусигардонии моликияти давлатї» (21 феврали соли 1991) ибтидо гузоштааст. Соњибкорї тамоми соњањои иќтисодї – саноат, кишоварзї, тиљорат, хизмати маишї, хўроки умумї ва ѓайраро дар бар мегирад. Њар касе, ки бо соњибкорї машѓул мешавад, литсензия ё худ патент мегирад. Бинобар ин шумораи соњибкоронро аз рўи њамин њуљљатњои расмї муайян менамоянд.

    Мувофиќи литсензияи додашуда ва патенти гирифташуда, шахсоне, ки дар љўмњурї бо соњибкорї машѓул шудаанд, дар солњои људогона ба ин миќдор будаанд: Соли 1991 - 8,1 њазор нафар; соли 1998 – 116 њазор нафар; соли 1999 – 50,7 њазор нафар; соли 2004 – 100,8 њазор нафар; соли 2005 – 88,6 њазор нафар; соли 2006 – 102 њазор нафар; соли 2008 – 123,9 њазор нафар, соли 2009-137,7 њазор нафар. Аз ин миќдор, ќисми зиёдашон дар соњаи тиљорат ва хўроки умумї фаъолият мекарданан. Онњо, масалан дар соли 1997 – 84,6 %, соли 2000 - 77%, соли 2005 – 62,4 % ва соли 2009 - 54,6% - ро ташкил менамуданд.

    Чуноне аз суханронии Президенти Љумњур Эмомалї Рањмон дар мулоќот бо соњибкорони мамлакат, аз 15 январи соли 2010 бармеояд, «дар мамлакат шумораи умумии субъектњои соњибкории хурду миёна ќариб 130 њазор, аз љумла субъектњои соњибкории хурд, бо дарназардошти соњибкорони инфиродї ва хољагињои дењќонї 121 њазор, инчунин субъектњои соњибкори миёна 8300 ададро ташкил менамоянд. Шумораи субъектњои соњибкории хурду миёна нисбат ба соли 2008-ум 12% афзудааст».1

    Соњибкор – ин соњибмулк аст. Дар кадом соњае, ки соњибкор фаъолият накунад, вай дар раќобат аст. Бинобар ин фаъолияти мусбати соњибкор, пеш аз њама аз дараљаи донишу малака, кўшишу ѓайрати худаш бештар вобастагї дорад. Ќисми дигари фаъолияти соњибкор аз шароите, ки давлат барои онњо муњайё намудааст низ сахт вобаста аст.

    Дар Љумњурии Тољикистон барои ба танзим даровардани соњибкорон, дар муддати нисбатан кўтоњ як ќатор ќонуну ќарорњои дахлдор ќабул карда шуд. Аз љумла 23 декабри соли 1991 Ќонун «Дар бораи фаъолияти соњибкорї дар Љумњурии Тољикистон»; 8 апрели соли 1996 Ќонун «Дар бораи њимояи давлатии соњибкории хурд дар Љумњурии Тољикистон», Ќарори Њукумати љумњурї аз 14 августи соли 1997 «Дар бораи ташкил намудани Агентии оид ба инкишофи соњибкории хурд дар назди Њукумати Љумњурии Тољикистон» ва ѓайрањо мисол шуда метавонанд.

    Аммо далелњои мављуда аз он гувоњї медињанд, ки дар љумњурии мо њанўз барои фаъолияти озоди соњибкорї на њамаи шароитњо муњайёст. Аз њамин сабаб на њамаи соњибкороне, ки дар рўйхат њастанд, яъне литсензия ё худ патент гирифтаанд, фаъолият мекунанд. Масалан, соли 1996 соњибкорони дар рўйхат буда 3673 нафар буданд ва аз ин миќдор 3084 нафарашон фаъолият мекарданд. Соли 1997 бошад миќдори соњибкорон дар рўйхат ба 4039 нафар расид, аммо дар охири он сол њамагї 2 187 нафарашон фаъолият мекарданду халос. Ё худ, соли 2002 миќдори соњибкорон ба 6379 нафар расид. Вале дар охири сол аз ин миќдор 1215 адад фаъолият мекарданд, ки ин њамагї 19% - ро ташкил мекунад. Солњои 2003 -2010 шумораи соњибкорони фаъолияткунанда нисбатан зиёд шуд.

    Яке аз сабабњое, ки барои инкишофи соњибкорї то соли 2006 халал мерасонид ин тафтишњои зиёд аз тарафи ташкилотњои гуногуни маъмурию ќудратї ба њисоб мерафт. Бо маќсади бартараф намудани чунин њолат, дар асоси Укази Президенти љумњурї, аз 28 марти соли 2001, Китоби ќайди субъектњои хољагињои тафтишкунанда љорї карда шуд. Аммо то аввали соли 2006 як ќисми соњибкорон чунин китобњоро њанўз њам надоштаанд.

    Солњои 2001,2003, 2007 ва 2010 вохўрињои Президент Эмомалї Рањмон бо соњибкорони љумњурї ба амал омад. Дар ин вохўрињо њар бор масъалањое, ки барои рушди соњибкорї дар љумњурї имконияти ќулайро муњайё менамояд, дида шуд. Дар натиљаи чунин вохўрињо барои инкишофи соњибкорї, махсусан соњибкории хурду миёна Ќонун «Дар бораи тафтиши фаъолияти субъектњои хољагидорї», ки 28 июли соли 2006 ќабул гардид, ањамияти махсус дошт. Ин ќонун тафтиши субъектњои хољагидориро аз тарафи њар гуна органу ташкилотњо, ба љуз аз намояндагони андоз, ба мўњлати дар ду сол як маротиба, (ба ѓайр аз объектњое, ки фаъолияташон ба саломатї ва зиндагии одамон хавфнок бошад), мањдуд намуд. 25 июли соли 2008 фармони президенти љумњурї дар бораи ба мўњлати боз ду соли дигар (то охири моњи июли соли 2010) эълон намудани моратория ба њама намуди санљиши субъектњои хурду миёна баромад. Аз 1 июли соли 2009 дар Љумњурии Тољикистон «Равзанаи ягона» љорї гардид. Он мушкилоти соњибкоронро бояд хеле осон намояд. Зеро, агар пештар як соњибкор барои аз ќайд гузаштан ба зиёда аз 10 маќомот мурољиат мекард ва ќариб 50 рўз дар ба дари маќомотњо медавид, њоло он дар муддати то панљ рўз ба ќайд гирифта мешавад. Бе гуфтугў амалї гардиданї ин ќонунњо барои соњибкорон манфиатнок аст.

    Вазъи саноат. Пўшида нест, ки дар дањсолањои охири мављудияти замони Шўравї Тољикистон ба яке аз љумхурињои саноатї – аграрии Иттифоќ табдил ёфта буд. Бинобар дар ин давр дар маљмўи мањсулоти дохилї њиссаи мањсулотњои санатї нисбат ба мањсулотњои кишоварзї хеле зиёд буд. Аз љумла дараљаи инкишофи саноат дар байни 15 љумњурињои Иттифоќ Тољикистон љои 10-умро ишѓол мекард. Миќдори корхонањои саноатї њам дар љумњурї кам набуд. Соли 1991 шумораи умумии онњо ба 2.308 адад мерасид. Шумораи кормандони онњо 215,4 нафар буда, танњо миќдори коргарони он корхонањо 188,2 њазор нафар буданд. Аз миќдори умумии корхонањои саноатии љумхурї 425 ададаш корхонањои нисбатан калон буда, аз онњо 207 корхонањои соњаи вазнин ва 119 ададашон корхонањои соњаи сабук буданд.

    Баробари оѓози амалї намудани Ќонун «Дар бораи ѓайридавлатигардонї ва хусусигардонии амволи давлатї» дар љумњурии мо давраи њамчун низоми ягонаи давлатї будани соњаи саноат ба итмом расид. Минбаъд, ба љои ин низоми ягона корхонањои шакли нави моликияти ѓайридавлатї: моликияти коллективї ва корхонањои муштарак ба вуљуд омаданд. Ба ѓайр аз он баъзе корхонањои собиќ нисбатан калон ба ќисмњо таќсим карда шуданд ва дар асоси онњо якчанд корхонањои хурди ѓайридавлатї пайдо шуданд. Дар натиља, дар љумњурї миќдори корхонањои давлатї сол аз сол кам шуда, корхонањои ѓайридавлатї меафзуд. Масалан, соли 2000 корхонањои давлатї – 13,5%, корхонањои ѓайридавлатї – 66,6%, корхонањои коллективї – 0,3% ва корхонањои муштарак (ё худ якљоя) – 3,6% - ро ташкил менамуданд. Бо сабабњои гуногун дар солњои 90-и асри ХХ ва аввали асри ХХI дар љумњурї бисёр корхонањои саноатї аз байн рафт. Дар натиља шумораи корхонањои саноатии амалкунанда хело кам шуд. Масалан, соли 2004 онњо њамагї 1048 ададро ташкил доданд. Аз ин миќдор – 289 адад корхонањои давлатї ва боќимонда њама корхонањои сектори ѓайридавлатиро ташкил менамуданд. Ба сактори ѓайридавлатї аксар корхонањои хурду миёна шомил буданд.

    Албатта љанги шањрвандї ба фаъолияти саноати љумњурї наќши манфї гузошт. Корхонањои саноатии Тољикистон аз соли 1996 инљониб аксар зараровар њисоб мешаванд. Зеро, аз ин сол сар карда ба љумњурї дохил гардидани молњои саноатии хориљї хело афзуд. Дар натиља аз як тараф аксарияти корхонањои саноатї фаъолият намекарданд, аз тарафи дигар, он корхонањое, ки фаъолият мекарданд, мањсулоташон бо молњои ба љумњурї дохил шуда раќобат карда наметавонистанд. Ин њама ба он оварда расонид, ки мањсулоти ватании бо душворињои зиёд истењсолшуда, бехаридор монд.

    Бо сабабњои дар боло ишора ёфта, он корхонањои нисбатан бузурги саноатї, ки гўё фаъолият карда истодаанд, сол аз сол мањсулоти худро кам мекарданд. Масалан, чунин њолатро аз вазъи соњањои гуногуни истењсолот дида метавонем. Чунончї:

    Матоњои пахтагї соли 1991 дар њаљми 102.422 њазор м2 истењсол карда шуда буд. Соли 2000 њамагї – 11.485 њазор м2, соли 2004 - 19.377 њазор м2, соли 2008 – 2,5 њазор м2 ва соли 2009 – 3,0 њазор м2 истењсол карда шуду халос. Яъне истењсоли матоњои пахтагї дар љумњурї соли 2009 нисбат ба соли 1991 зиёда аз 34 баробар кам шуд. Њол он, ки дар ин давр њељ гоњ талабот ба матоњои пахтагї, чї дар бозори дохилї ва чї хориљї кам нашудааст.

    Колинњо ва мањсулоти ќолинї соли 1991 дар њаљми 7.595 њазор м2 истењсол шуда буд. Истењсоли ин намуди мањсулот соли 2000 њамагї – 342,3 њазор м2, соли 2004 – 449,7 њазор м2, соли 2008 – 51,6 њазор м2 ва соли 2009 – 74,5 њазор м2 – ро ташкил доду халос. Њол он ки дар замони Шўравї ќолинњо ва мањсулоти ќолинии комбинати ќалинбарории Ќайроќум, на танњо ќариб дар тамоми љумњурињои Итифоќ, балкї ба хориља њам пањн мегардид. Яъне, истењсоли ин намуди мањсулот дар љумњурї ќариб 12 баробар кам шудааст.

    Яхдони «Помир» солњои 80- уми асри ХХ дар бисёр љумњурињо шўњрат дошт. Соли 1991 заводи яхдонбарорї ба миќдори 145.193 дона яхдони «Помир» истењсол намуд. Аммо, истењсоли чунин яхдонњо соли 1998 – њамагї 900 адад, соли 2000 – 1.677 адад, соли 2003 – 594 адад ва соли 2004 – 1.870 адад яхдон истењсол намуду халос. Завод њоло фаъолият намекунад.

    Заводи трансформаторбарории шањри Кўрѓонтеппа соли 1991 – 4205 адад трансформаторњои баландшиддат истењсол карда буд. Соли 2000 бошад њамагї 89 адад, яъне зиёда аз 46 баробар кам истењсол карда шуд. Минбаъд, соли 2008 – 21 адад ва соли 2009 њамагї 14 адад трансформаторњои барќї истењсол карданду халос.

    Дар охири соли 2009 њамагї 13,5% корхонањои саноатие, ки дар ихтиёри давлат мондааст 56,3% мањсулоти саноатии мамлакатро истењсол намудаанд. Зеро, аксари корхонањое, ки хусусї гардонида шуда буданд, њоло њам, бо сабабњои гуногун фаъолият намекунанд. Мувофиќи баъзе маълумотњо соли 2009 дар маљмўъ аз 834 корхонањои мављуда, 258 корхона суръати афзоиши худро коњиш дода, 92 корхона умуман фаъолият накардаанд.

    Дар замони истиќлолият ягона заводи арзии тољик барои љумњурї асоситарин манбаи ба даст даровардани асъори хориљї ба њисоб мерафт. Ба ивази ин асъор ѓалла ва таљњизотњои зарурї харида шуд. Хулоса, заводи номбурда яке аз корхонањое мебошад, ки бо мањсулоти худ мардуми љумњуриро, солњои душвори 90-уми асри ХХ, аз гуруснагї рањої дод. Вале махсусан дар солњои муќовиматњои шањрвандї, завод дар њолати хело ногувор монд. Махсусан соли 1996 он дар арафаи ќатъ намудани фаъолият буд. Сабаби асосии чунин њолат, ин ќатъ гардидани кашондани ашёи хом – хокаи арзиз аз давлатњои њамсоя мебошад. Дар натиља моњњои январ – июли он сол ба хориља 90,2 њазор тонна арзиз фурўхтанду халос. Њол он ки иќтидори наќшавии завод 517 њазор тонна арзиз муайян шудааст.

    Аз соли 1997 сар карда истењсоли заводи арзиз зиёд шуд. Масалан, агар он сол дар њаљми 180.050 тонна алюминий истењсол карда шуда бошад, пас соли 2000 – 270.226 тонна, соли 2003- 230.870 тонна ва соли 2005 – 381.751 тонна, соли 2008 зиёда аз 400 њазор тонна ва соли 2009 - 360 њазор тонна арзиз истењсол карда шуд.

    Энергетика. Дар шароити имрўза энергетика асоси пешравии иќтисодиёти њар як давлат ба њисоб меравад. Дараљаи инкишофи он аз мављудияти сарчашмањои энергетикї - нефт, газ, ангишт ва нерўгоњи барќии обї сахт вобастагї доранд. Љумњурии мо аз ин сарчашмањо танњо имконияти зиёди сохтани нерўгоњњои барќии обї ва захирањои зиёди ангиштро дорад. Аз љумла иќтидори захирањои гидроэнергетикии мамлакати мо ба 527 млрд кВт мерасад. Аз ин 220,6 млрд кВт имконияти истифодабарї шуда метавонад. Аммо имрўзњо љумњурии мо аз ин имкониятњо њамагї 6,5% - ро истифода мебараду халос. Солњои охир истењсоли нерўи барќ дар як сол, ба њисоби миёна ба 14 млрд кВт расид, ки ин талаботи рўзафзуни мамлакатро ќонеъ гардонида наметавонад.

    Љумњурии Тољикистон то истиќлолияти давлатї, дар доираи Иттињоди Шўравї, талаботи дохилии худро дар њаљми то 48 - 49% бо захирањои энергетикии худ таъмин мекарду халос. Ќисми боќимонда, яъне зиёда аз 50% аз љумњурињои иттифоќї ворид мегардид. Дар замони истиќлолият ба љумњурии воридшавии энергияи барќї – 32,5%, гази табии – 72%, мањсулоти нафтї – 88,5%, ангишт – зиёда аз 95% кам шуд. Њамаи ин ба иќтисодиёти љумњурї ва дараљаи некўањволии шањрвандони он бе таъсир намонд.

    Бо сабаби он ки истењсоли ќувваи барќ дар нерўгоњњи барќии обї аз сатњи об сахт вобастагї дорад, бинобар ин дар ин нерўгоњњо фаслњои бањор ва тобистон сатњи об боло гардида, истењсоли нерўи барќ низ зиёд мешавад, вале тирамоњу зимистон сатњи об паст шуда, истењсоли барќ низ кам мешавад. Бо њамин сабаб љумњурии мо бањору тобистон ќисман ќувваи барќро ба љумњурињои њамсоя фурўхта, фасли тирамоњу зимистон ќисми норасоии зарурии барќро аз ин давлатњо, аз љумла аз Љумњурии Ўзбекистон мехарад. Њаљми хариди нерўи барќ дар як сол то 1,4 – 1,6 млрд кВт соатро ташкил менамуд. 1 декабри соли 2009 Ўзбекистон аз низоми муттањидаи барќии Осиёи Марказї баромад. Дар натиља Тољикистон њангоми зарурият аз истифодаи барќи љумњурињои њамсоя, аз љумла Туркманистон мањрум гардид. Чунин њолат њукумати Тољикистонро бори дигар водор менамояд, ки бањри бехатарии энергетики худ, минбаъд танњо ба иќтидори дохилии худ такя намуда, суръати сохтмони нерўгоњњои барќии обї, махсусан НБО-и Роѓунро тезонад.

    Таъминоти ноњияњои марказї ва љанубии љумњурї бо нерўи барќ, нисбат ба ноњияњои шимолї бењтар буд. Зеро, аксари нерўгоњњои барќии обии љумњурї – Норак, Бойѓози, Шар-шар, Сарбанд, Варзоб ва ѓайра дар њамин минтаќа љойгиранд. Дар ноњияњои шимолии љумњурї њоло танњо Нерўгоњи барќии обии Ќайроќум љойгир аст, ки он њамагї 17-17,5% талаботи ин минтаќаро бо барќ таъмин карда метавонаду халос. То ин ки минбаъд таъминоти ин минтаќа њам аз таъминоти нерўи барќ бењтар гардад, хати баландшиддати барќии «Љануб - Шимол», дарозиаш 386 км. кашида шуд. 16 сентябри соли 2006 сохтани он, бо маблаѓгузории ЉХЧин ва аз тарафи мутахассисони чинї, аз шањри Турсунзода оѓоз гардид ва 29 ноябри соли 2009 то Хуљанд расида, сохтмонаш ба итмом расид. Дар натиљаи ин дар љумњурї шабакаи ягонаи энергетики кишвар бунёд гардид.

    Вазъи ноњияњои вилояти мухтори Кўњистони Бадахшон оиди таъминоти нерўи барќ нисбатан душвортар буд. Зеро, то истиќлолияти давлатии љумњурї дар нуќтањои гуногуни ин вилояти мухторї зиёда аз 60 истгоњњои барќии дизелї кор мекарданд. Минбаъд, бо сабаби гаронии нархи мањсулоти сўхт, аз љумла солярка, ќариб њамаи он истгоњњо аз кор боз монданд. Бо назардошти њамаи ин, на танњо дар ин гўшаи дурдаст, балки умуман дар ноњияњои кўњии љумњурї бештар нерўгоњњои хурди барќии обї сохта, ба истифода додаанд. Аввали соли 2010 шумораи умумии нерўгоњњои хурди барќии обї дар љумњурї ба 189 адад расид. Дар соли 2009 дар љумњурї ба истифодаи лампањои каммасраф гузаштанд ва мувофиќи ќарори њукумати љумњурї аз 17-ноябри он сол фурўши лампањои барќии тафсон дар ќаламрави мамлакат манъ карда шуд. Ин њама вазъи таъминоти љумњуриро бо барќ хеле бењтар намуд.

    Чуноне дар бобби пешина ишора шуд Нерўгоњи барќии обии Роѓун, ки 27 сентябри соли 1976 ба тарзи расмї, ба сохтмонаш оѓоз намуда буданд, яке аз сохтмонњои азими Шўравї ба њисоб мерафт ва мебоист пурра аз њисоби буљаи Иттифоќ сохта мешуд. Иќтидори солонаи он 3.6000млн. кВт соат, миќдори агрегатњо – 6 адад ва баландии сарбанди он 335 метр муайян шуда буд. Охирњои солњои 80-уми асри ХХ аллакай баландии сарбанди сохташудаи ин нерўгоњ ба 40 метр расид. Аммо бо сабабњои маълум сохтмони ин нерўгоњ муваќќатан боздошта шуд. Шаби аз 7 ба 8 майи соли 1993 дар натиљаи селоби зиёд сарбанди 40 метра њам канда, хароб гардид.

    Оиди сохтани Нерўгоњи барќии обии Роѓун гарчанде соли 2005 байни Тољикистон ва Компанияи «Русский алюминий» («Русал»)-и Федератсияи Русия њатто шартномае имзо шуд, вале он амалї нагардид. Тољикистон 29 августи соли 2007 он шартномаро бо компанияи «Русал» бекор карда, азм кард, ки ин нерўгоњро бо маблаѓи худ месозад. Бо њамин маќсад Љамъияти сањомии кушодаи «Нерўгоњи барќии обии Роѓун» таъсис ва оинномааш 15 апрели соли 2008, бо сармояи 116 млн. сосонї тасдиќ гардид. Соли 2009 њадди ин сармоя ба 6 млрд сомонї расонида шуд. Аз њисоби буљаи соли 2007 ба ин маќсад 50 млн. доллари америкої, соли 2008 – 130 млн. сомонї, соли 2009 – 533 млн. сомонї, соли 2010 – 650 млн. сомонї (148 млн. доллари америкої) људо гардид.

    Аввали соли 2008 дар сохтмон 635 нафар коргарон ва 46 адад техника кор мекарданд. Соли 2009 шумораи коргарон ба 6 њазор нафар ва техника ба 553 адад расид. Бо оѓози сохтмони сарбанди нерўгоњ (соли 2011) шумораи коргарон ва муттахассисон бояд ба 13 њазор нафар расад. Обанбори ин нерўгоњ имконият медињад, ки 360 њазор га. заминњои нав азхуд карда шавад ва обёрии 4 – 5 млн. га. заминњои минтаќа бењтар гардад.

    Дар Љумњурии Тољикистон 6 январи соли 2010 ба фурўши сањмияњои НБО Роѓун шурўъ намуданд. Президенти Љумњур Эмомали Рањмон дар арафаи ин воќеъаи муњим, 5 январи соли 2010 ба мардуми Тољикистон бо чунин суханон мурољиат намуд: «Њоло майдони сохтмони ин иншооти барои мамлакати мо таќдирсоз ба корзори зањмати созанда, майдони њиммату љавонмардї, арсаи озмоиши нангу номус ва гузашта аз ин, ба ѓояи миллии мо табдил ёфтааст»1.

    Мардуми Тољикистон мурољиати Президенти љумњурро хуш пазируфтанд. Аз тарафи ташкилотњо ва шахсони алоњида то 1-уми июни соли љорї аз њисоби фурўши сањмияњои НБО Роѓун ба маблаѓи 187 млн. доллари америкої љамъ карда шуд. Боварї њаст, ки он минбаъд боз њам зиёд мегардад.

    Сохтмони нерўгоњи барќии обии Сангтўда њам њанўз соли 1985, яъне дар замони Шўравї ба наќша гирифта шуда буд. Соли 1987 Њукумати Иттифоќ барои ин сохтмон 3 млн. сўм људо кард. То аввали асри ХХ њамагї 20% - и маблаѓ аз худ карда шуд. Он ваќт сохтани танњо як адад нерўгоњ дар назар дошта мешуд ва соли 1994 сохтмонаш бояд ба итмом мерасид. Соли 1993 он лоиња ба ду ќисм - Сангтуда – 1 ва Сангтўда – 2 таќсим карда шуд.

    Њукумати љумњурї зарурияти нерўи барќро ба инобат гирифта, аз соли 1996 сар карда, барои сохтани Нерўгоњи барќии обии Сангтўда – 1, њар сол аз буљаи давлат 1-2 млн. доллари америкої људо мекард. Аммо, чунин маблаѓгузорї ягон натиљаи иќтисодї надоданд. Танњо аз соли 2005 дар ќисми Сангтуда 1 корњои сохтмонї љоннок гардид. Њанўз 16 феврали он сол барои сохтани он аз тарафи компанияи русиягии «Интер РАО ЕЭС» ва вазорати энергетикаи Тољикистон љамъияти сањњомии Русияю Тољикистон – «НБО Сангтўда – 1» бунёд шуд. Харољоти умумии сохтмон – 482 млн. доллари амарикої муайян гардид. 75% сањмияњоро тарафи Русия («ЕЭС Русия») соњиб шуд. Боќимонда (25%) ба ихтиёри Тољикистон монд. Апрели њамон сол сохтмони нерўгоњ оѓоз гардид. 15 декабри соли 2006 дар љои сарбанди ин нерўгоњ маросими бастани дарёи Вахш, бо роњи тарконидани соњилњо барпо гардид. 20 январи соли 2008 агрегати якўм ва июли соли 2009 агрегати охирин – чањоруми он ба кор дароварда шуд. Иќтидори нерўгоњ 670 меговатт, иќтидори солонааш 2,7 млрд кВт ва баландии сарбандаш – 75 метр мебошад. Моњи феврали соли 2010 аз ин нерўгоњ ба сўи Афѓонистон, ба кашидани хати барќии 220 кВт оѓоз намуданд, ки он бояд дар муддати 10 моњ ба истифода дода шавад.

    Сохтмони Нерўгоњи барќии обии Сангтўда – 2 - ро Љумњурии Исломии Эрон ба ўњда дорад. 20 феврали соли 2006 маросими сохтмони ин нерўгоњ оѓоз гардид, ки иќтидори 4 агрегати он - 220 мвт мебошад. Харољоти умумии ин объект 220 млн. доллари америкої буда, 180 млн. доллари онро Љумњурии Исломиии Эрон ба ўњда гирифтааст, 40 млн. дигар њиссаи Љумњурии Тољикистон мебошад. Чун њаќќи сохтани ин нерўгоњ, баъди ба истифода додани он, ки соли 2011 дар назар дошта шудааст, Љумњурии Исломии Эрон онро 12,5 сол истифода мебарад (инро методи «Биотї» меноманд). Баъди он нерўгоњи барќии обии Сангтўда – 2 пурра ба ихтиёри Љумњурии Тољикистон мегузарад.

    1   ...   45   46   47   48   49   50   51   52   ...   57


    написать администратору сайта