апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
Скачать 3.71 Mb.
|
§3. Наќлиёт ва сохтмони роњњо. Алоќа Хусусигардонї дар соњаи наќлиёт. Дар шароити Тољикистон хусусигардонї дар соњаи наќлиёт танњо наќлиёти автомобилиро фаро гирифт. Он ба наќлиёти њавої ва роњи оњан дахл надошт. Дар њудуди собиќ љумњурињои Шўравї хусусигардонии корхонањои наќлиётии автомобилї соли 1990, бо роњи ба коллективњои мењнатї ба иљора додани чунин корхонањо, ё худ ба ташкилотњои кооперативї ё кооперативию давлатї гузаронидани онњо шурўъ гардид. Дар љумњурии мо бошад, дар ин соња ѓайридавлатигардонї 21 феврали соли 1991 оѓоз гардид. То оѓози ѓайридавлатигардонии наќлиёти автомобилї дар Тољикистон зиёда аз 3 њазор паркњои наќлиёти автомобилии (АТП) калон, миёна ва хурд мављуд буданд. Дар љумњурї барои солњои 1991 – 1992 барномаи ѓайридавлатигардонї ва хусусигардонии моликият тартиб дода шуд. Дар њамин давр аз њисоби ташкилотњои наќлиёти автомобилї воситаи наќлиёте, ки мўњлати хизматашон гузаштааст, ба соњибонашон - ронандањо фурўхта шуданд. Дар солњои љанги шањрвандї дар Тољикистон соњибони воситањои наќлиёт зиёда зарар диданд. Зеро, аксари намудњои гуногуни наќлиёт ё ѓорат карда шуданд, ё сўзонда шуданд, ё ба яѓмо бурданд. Аввали асри ХХ1 хусусигардонї дар соњаи наќлиёти автомобилї асосан ба итмом расид. Сохтмони роњњои автомобилгард. Наќбњо. Албатта иќтисодиёти мунтаззами мамлакат аз бисёр љињат ба њолати роњњо вобастагї дорад. Зеро, алоќаи иќтисодии байни ноњияњо мањз ба воситаи њамин роњњо амалї мегарданд. Аммо далелњои мављуда аз он гувоњї медињанд, ки умуман вазъи роњњои автомобилгарди љумњурї ќаноатбахш набуданд. Чунончї, мувофиќи маълумоти соли 2006 дар ихтиёри собиќ Вазортаи наќлиёти љумњурї 13747 км. роњњои автомобилгард буд. Аз ин њисоб 4782 км. роњњои ањамияти љумњуриявї буда, 8965 км. роњњои ањамияти мањаллї дошта њисоб мешуданд. Дар ин сол вазъи умумии ин роњњо чунин бањогузорї шудааст: 20% - дар њолати миёна; 48% - дар њолати бад ва 32% дар њолати ѓайриќаноатбахш. Дар ќисми охирин, аз љумла: 323км. роњњое, ки њама ваќт сангрезї тањдид мекунад; 168,2 км. роњњое, ки тармафарої тањдид мекунад; 106,6 км. роњњое, ки дар фасли зимистон яхбандї фаро мегирад ва 66,9 км. роњњое, ки селу борон тањдид мекунад. Ба ѓайр аз ин 2167 кўпрукњо, ки дарозиашон 36979 метр мебошанд 15% дар њолати ѓайриќаноатбахш буда, 35% таъмирталаб мебошанд. Пўшида нест, ки сохтмон ва таъмири роњњои автомобилгард ва кўпрукњо харољотњои зиёдро талаб мекунанд. Аммо њолати хазинаи љумњурї барои амалии ин корњо њељ имконият намедод. Бо њамин сабабњо дар ин соња бештар сармояи хориљї љалб карда шуд. Бинобар њамин њам њаљми маблаѓи умумие, ки дар сохтмону таъмири роњњо, купрўкњо ва ѓайра дар љумњурї сарф гардидаанд, соли 1994 њамагї 336,03 хазор сомонї бошад, пас он соли 2004 ба 2547398 њазор сомонї расидааст. Дар аввали соли 2010 бо истифода аз маблаѓњои зиёди буљавї ва сармояи хориљї, дар љумњурї дар маљмўъ 1.200 км. роњњои мошингард, 14 км. наќбњо, 93 кўпрукњо ва 5 км. иншооти зиддитармавї бунёд ва таъмиру таљдид шуда истодаанд, ки ба анљом расидани онњо барои аз бунбасти коммуникатсионї рањої ёфтани мамлакатамон ањамияти махсус доранд. Барои амалии ин маќсад сохтмони роњи байналхалќии Душанбе - Кўлоб - Хорўѓ - Кулма - Ќароќурум ањамияти бузурги љањонї дорад. Аммо ањамиятнокии ин роњи байналхалќї њамон ваќт амалї мегардад, ки наќбњои «Истиќлол» («Анзоб»), «Шар - шар», «Чормаѓзак», «Шањристон»; роњњои автомобилгард то сарњади давлатњои њамсоя: Афѓонистно, Ќирѓизистон ва Ўзбекистон сохта ба истифода дода шаванд. Албатта якбора амалї гардидани ин наќшањо ѓайриимкон аст. Онњо маблаѓи зиёд ва мењнати зарбдоронаро талаб мекунанд. Наќшаи роњи автмобилгарди Мурѓоб - аѓбаи Кулма сохтмони 32,6 км роњро дар бар мегирад, ки он роњњои мављудаи Помири Шарќиро бо сарњади Љумњурии Халќии Чин (Хитой) мепайваст. Ин роњ агарчанде дар баландии 4300 метр аз сатњи бањр сохта шавад њам, вале бо сабаби нисбатан камбориш будани минтаќа, роњи навбунёди автомобилгард тамоми фасли сол фаъолият карда метавонад. Лоињаи сохтмон асосан аз тарафи Бонки Рушди Исломї маблаѓгузорї карда шуд. Корњои амалии сохтмони ин роњ 25 майи соли 2000 оѓоз гардид ва то 6 феврали соли 2003 давом кард. Баъди ба итмом расидани корњои сохтмонї, компанияи хориљии «ЭНТЕС» 12 адад техникањои замонавии сохтмони роњњоро ба маъмурияти наќлиёти Помир бахшид. Роњи автомобилгарди Шкев - Зиѓар, ки аз 37,83 км. иборат аст, барои љорї намудани алоќаи доимии ноњияњои Кўњистони Бадахшон бо ноњияњои марказии љумњурї муайян шуда буд. Харољотњои умумии ин роњро Фонди Кувайтии Рушди Иќтисодии Араб, Фонди ОПЕК Барои Рушди Байналхалќї, Фонди Рушди Саудї ва Њукумати Љумњурии Тољикистон ба ўњда гирифтаанд. Дар тендери эълонгардида ширкати туркї «Ояк Иншаат» ѓолиб омад. Январи соли 2002 сохтмони роњи автомобилгарди Шкев - Зиѓар сар шуд ва 2 январи соли 2005 корњои сохтмонии ин роњ асосан иљро гардид. Вале бартараф намудани норасоињо то 12 ноябри соли 2006 давом кард. Њамин тавр бо сохта ба истифода додани роњи автомобилгарди Шкев – Зиѓар рафтуомади доимии мардуми ноњияњои Кўњистони Бадахшон ва ноњияњои марказии љумњурї барќарор гардид. Роњи автомобилгарди Шаѓон – Зиѓар аз се навбат иборат буд. Навбати аввал, сохтмони 5,5 км. роњро дар бар мегирифт, сохтмонаш 11 апрели соли 2003 сар шуд ва 28 майи соли 2005 ба итмом расид. Бартараф намудани камбудињои роњ то моњи майи соли 2006 давом кард. Ин роњ аз тарафи Бонки Рушди Исломї маблаѓгузорї гардид. Њуљљатњои зарурї оиди сохтани навбати дуюми роњи автомибилгарди Шаѓон – Зиѓар аллакай моњи марти соли 2005 омода шуда буд. Вале сохтмон аз тарафи ширкати туркї «Ояк Иншаат» танњо январи соли 2010 ба итмом расид. Њоло корњо барои иљрои давраи сеюми ин роњ (35 км) идома дорад. Корњои сохтмонии навбати сеюм ба ўњдаи компанияи эронии «Собир» гузошта шудааст. Бояд то охири соли 2010 ин роњ пурра ба истифода дода шавад. Дар роњи автомобилгарди Душанбе – Ќўрѓонтеппа – Данѓара – Кўлоб таъмири 80 км роњ, барќарор намудани кўпрук аз болои дарёи Вахш (наздикии дењаи Ќизилќалъа) ва дигар корњои сохтмонї дар назар дошта шуда буд. Маблаѓгузориро асосан Бонки Рушди Осиёї ба ўњда гирифт. Ба корњои сохтмонї ширкати итолиёвї љалб гардид. 22 январи соли 2003 корњои сохтмонии ин роњ оѓоз гардид ва соли 2006 он асосан иљро шуд. Моњи июли соли 2009 навбати сеюми азнавсозии роњи автомобилгарди Ќўѓонтеппа – Дўстї (дарозиаш 42 км) оѓоз гардид. Барои сохтани 7 адад кўпрукњои ин роњ њукумати Япония ќариб 35 млн. долари америкої, њамчун грант људо намуд. Азнавсозии ин роњ бояд охири соли 2012 ба анљом расад. Барќарор намудани роњи автомобилгарди байни Душанбе ва сарњади Љумњурии Ќирѓизистон яке аз вазифањои асосии баромадани Љумњурии Тољикистон аз бумбасти комуникатсионї ба њисоб меравад. Барои барќарор намудани роњи автомобилгарди Душанбе – Љирѓатол – Саритош (сарњади Љумњурии Ќирѓизистон) зарур буд. Иљроиши ин вазифа ба се марњила таќсим карда шуд. Дар марњилаи аввал барќарор намудани роњи автомобилгарди Вањдат – Обигарм (73 км.), бо чор адад кўпрукњо, таъмири роњњои автомобилгарди Душанбе – Вањдат, Обигарм – Нуробод ва ѓайра дар назар дошта шуда буд. Маблаѓгузарони он Бонки Рушди Осиё ва Фонди ОПЕК мебошанд. Иљроиши ин корњо ба ўњдаи ширкати «Синахайдро»-и Чин гузошта шуд. Корњои барќарорсозї дар ин роњњо 20 ноябри соли 2005 оѓоз гардид ва бояд дар муддати 38 моњ иљро гардид, ки иљро шуд. Сохтмони наќби «Истиќлол» њанўз соли 1989 оѓоз гардида буд. Аммо, минбаъд бо сабабњои маълуми ногувори љумњурї, он ба ваќти номаълум мавќуф гузошта шуд. Танњо, баъди бењтар гардидани вазъи иќтисодии љумњурї, соли 2003 сохтмони наќб идома дода шуд. Тендерро компанияи эронї «Собир Интернешнл» ба даст даровард ва маблаѓгузории онро низ њукумати Эрон ба ўњда гирифт. 23 марти соли 2006 маросими кушодашавии ин наќб барпо гардид. Дар ин рўз гурўњи намояндагони љумњурињои Тољикистон ва Эрон бори аввал, бо мошинњо аз ќисми љанубї ба ќисми шимолии наќб гузаштанд. Аммо корњои бартараф намудани норасоињо дар наќб њанўз идома дорад. 26 октябри соли 2006 сохтмони наќби Шар-Шар («Озодї»), дарозиаш 2224 метр оѓоз гардид, ки маблаѓгузорї ва иљроиши онро сохтмончиёни чинї, бо якљоягии коргарони мањаллї ба ўњда доштанд. 3 сентябри соли 2009 ин объект ба истифода дода шуд. 15 марти соли 2010 дар асоси лоињаи байни Тољикистону Чин, дар шоњроњи Душанбе – Кўлоб, ба сохтмони наќби Чормаѓзак (дарозиаш 4450 метр) шурўъ карданд. Маблаѓгузори асосии он ва мутахассисон аз тарафи Чин мебошанд. Ба ѓайр аз ин сохтмончиёни чинї маблаѓгузорї, сохтан ва таъмири шоњроњи автомобилгардии Душанбе – Айнї – Шањристон – Истравшан – Хуљанд – Бўстон – Чанакро низ ба ўњда доранд. Ин роњ бошад Душанберо бо сарњади Љумњурии Ўзбекистон мепайвандад. 11 июли соли 2006 маросими оѓози кор дар ин шоњроњ, ки 411 км дарозї дорад, барпо гардид. Мувофиќи наќша корњои сохтмонї ва таъмирї дар ин шоњроњ бояд моњи августи соли 2008 ба анљом мерасид. Ин вазифањо, ба ѓайр аз баъзе нуќтањо, асосан иљро гардиданд. Аммо пурра ба истифода додани ин шоњроњ на танњо аз пурра ба кор даромадани наќби «Истиќлол», балки аз наќби «Шањристон» њам сахт вобастагї дорад. То аввали январи соли 2010 аз њаљми 5,2 км наќшавии ин наќб 3,5 км канда шуд. Баъди ба истифода додани наќбњои «Истиќлол» ва «Шањристон» дарозии ин шоњроњ 44 км кўтоњ шуда, минбаъд 366 км-ро ташкил менамояд. Роњи оњан. То истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон роњи оњани он аз ду ќисми зерин иборат буд: 1) шўъбаи Душанбегї ва 2) ќисми Ленинободии (њоло Суѓдии) шўъбаи фарѓонагии роњи оњани Осиёи Миёна. 17 августи соли 1994 бо ќарори Шўрои Вазирони Љумњурї дар асоси базаи Душанбегї ва ќисми Ленинободї Роњи оњани Тољикистон ташкил ёфт. Аммо барои Роњи оњани Тољикистон солњои 90-уми асри ХХ умуман солњои душвор ба њисоб меравад. Зеро, аз як тараф барњамхўрии Иттињоди Шўравї, аз тарафи дигар љанги шањрвандї ва оќибатњои он бештар таъсири манфї дошт. Аз љумла, роњи оњани 149 километраи Ќўрѓонтеппа – Сангтўда – Данѓара – Фархор – Восеъ – Кўлоб мебоист дар муддати солњои 1991-1996, аз њисоби буљаи Иттифоќ сохта мешуд, ки амалї нашуд. Њукумати Љумњурии Тољикистон зарурияти роњи оњани Ќўрѓонтеппа – Кўлобро ба эътибор гирифта, новобаста аз душворињои иќтисодї ва идомаи љанги шањрвандї, њатто соли 1993 ќарори идома додани ин сохтмонро ќабул кард. Албатта нооромии вазъи љумњурї ба суръати сохтмон халал расонид. Бинобар ин, танњо 7 сентябри соли 1998 навбати аввали ин роњ: Ќўрѓонтеппа – Сангтўда – Данѓара сохта ба истифода дода шуд. Моњи сентябри соли 1999 сохтмони навбати дуюми ин роњ: Данѓара – Олимтой – Ќурбоншањид – Кўлоб низ ба итмом расид. Умуман вазъи душвори роњи оњани Тољикистон то соли 2002 давом кард. Танњо аз њамин сол сар карда дар ин соња бењбудї эњсос гардид. Дар муддати кўтоњ заводи истењсоли баъзе таљњизотњо, таъмири вагонњои мусофирбар дар Сарбанд, заводи таъмири вагонњо дар Мањрам, сехи рангубори вагонњо дар истгоњи Роњатї ва ѓайрањо ба кор даромаданд. Соли 2005 поездњои мусофиркаш дар як њафта ба 7 самтњои гуногун њаракат карда, дар як сол ба зиёда аз 600 њазор нафар мусофирон хизмат расонидаанд. Албатта роњи оњан дар кашонидани бор њам маќоми асосиро мебозад. Зиёда аз 90% борњои ба давлатњои дигар алоќаманди љумњурї мањз ба воситаи роњи оњан кашонида мешаванд. Дар он сол њаљми борњои кашонидашуда ќариб 12 млн. тоннаро ташкил намудааст. 19 марти соли 2009 ба сохтмони роњи оњани Душанбе – Вањдат – Ќўрѓонтеппа шурўъ карданд. Њоло бунёди он дар ќитъањои Вањдат – Ёвон – 1 ва Ёвон – 2 босуръат давом дорад. Соли 2009 шумораи вагонњои боркаш – 2070 адад, вагонњои мусофиркаш – 354 адад, тепловозњо 55 ададро ташкил доданд. Дар ин сол 14547 њазор тонна бор кашонида шуд, ки ин нисбат ба соли 2008 2 њазор тонна зиёд аст. Аммо шумораи мусофирони кашондашуда њамагї 716,2 њазор нафарро ташкил доданд, ки ин нисбат ба соли 2008 – 116,8 њазор нафар кам аст. Сабаби камшавї, аз як тараф дар соли 2009 кам шудани муњољирони мењнатї ва аз тарафи дигар фаъолияти наќби «Истиќлол» мебошад. Ин њама гувоњии он аст, ки вазъи роњи оњани љумњурї сол аз сол бењтар шуда истодааст. Сохта ба истифода додани роњи оњани Душанбе – Вањдат – Ќўрѓонтеппа вазъи боркашонї ва мусофиркашонии дохилии љумњуриро хело ќулай мегардонад. Вале охири соли 2009 ва аввали соли 2010 дар сарњади Тољикистону Ўзбекистон пай дар пай вагонњои пурбори тољирони Тољикистонї нигоњ дошта шуд. То 11 июни соли 2010, яъне то вохўрии бевоситаи Президентњои љумњурињои Тољикистон Эмомалї Рањмон ва Ўзбекистон Ислом Каримов адади чунин вагонњои боркаши барои љумњурии мо муайяншуда ба 2.500 адад расид. Мавзўи бањс сохтмони НБО-и Роѓун буд. Минбаъд адади вагонњои дар њудуди давлати њамсоя нигоњдошта то андозае кам гардида бошад њам, аммо масъалаи бањс њал нагардид . Наќлиёти њавої. Бо сабаи он, ки љумњурии мо мамлакати кўњї ба њисоб меравад бинобар ин барои осонтар ва ќулай гардонидани рафту омади мардум наќлиёти њавої ањамияти махсус дорад. Аз ин рў аллакай солњои 50 – 80 –уми асри ХХ наќлиёти њавої ба яке аз соњањои асосии хољагии халќи мамлакат табдил ёфта буд. Махсусан, солњои 70 – 80 – и ин давр маркази љумњурї - шањри Душанбе, ќариб бо њамаи шањрњо ва аксари ноњияњои мамлакат наќлиёти њавої дошт. Баъди барњам хўрдани Иттињоди Шўравї ба Тољикистон аз фонди Иттифоќ миќдори хело ками самалётњо расиду халос. Бисёре аз мутахассисони ин соња аз љумњурї рафтанд. Ин њама хати њавоии мамлакатро ба њолати ногуворе гузошт. Соли 1992 Компанияи давлатии авиатсионии «Тољикистон» ташкил ёфт ва 1 марти њамон сол экипажњои самалётњои љумњурї бо њамин нишон парвоз карданд. Дар худи њамон сол шўъбаи хориљии компания бунёд гардид. 11 сентябри соли 1992 аввалин парвози (рейси) байналхалќї Душанбе - Тењрон амалї шуд. Дар муддати кўтоњ хати њавоии Тољикистон бо Љумњурии Халќии Чин, Љумњурињои Исломии Покистон, Афѓонистон, Эрон, Љумњурии Федеративии Олмон, Арабистони Саудї, Њиндустон, Туркия ва ѓайра пайваст карда шуд. 24 августи соли 1999 аввалин парвози (рейси) байналхалќї ба Аврупои Ѓарбї Душанбе – Мюнхен амалї гардид. Солњои 1995-1996 бо кўмаки ширкатњо ва маблаѓгузорони хориљї майдони њавоии Душанбе таъмир карда шуд. Минбаъд майдонњои њавоии шањрњои Хуљанд ва Кўлоб, бо чунин кўмак аз таъмир баромаданд. Фурудгоњњои ин шањрњо бо асбоб ва таљњизотњои навтарин мўљањњаз гардиданд. Майдонњои њавоии онњо имконият доранд, ки бузургтарин самалётњои мусофиркаш, ба монанди ТУ-154, Ил-76, Боинг ва ѓайрањоро ќабул намоянд. Њамаи ин дигаргунињо имконият доданд, ки авиатсияи шањрвандии Тољикистон низ барои худ дар миќёси байналхалќї роњ пайдо кунад. Аз љумла соли 2005 фурудгоњњои Душанбе, Хуљанд ва Кўлоб, дар асоси шартномањои тарафайн, ки фурудгоњњои байналхалќї њисоб мешаванд, бо 15 компанияњои авиатсионии Федератсияи Русия, Чин, Ќирѓизистон, Эрон ва Афѓонистон парвози мунтазамро ба 24 самтњо ташкил намуданд. Сентябри соли 2009, шањрвандон бо самалётњои замонавии Боинг-737, Боинг-757, Ту-134, Ту-154, Як-40 берун аз њудуди љумњурї, ба шањрњои Алма-Ато, Бишкек, Екатеринбург, Москва, Санкт – Петербург, Истанбул, Тењрон, Урумчї, Шарджа, Дубай ва ѓайра парвоз карданд. Умуман мувофиќи маълумоти масъулони Корхонаи воњиди давлатии «Фурудгоњи байналмиллалии Душанбе» дар давоми соли 2009 танњо аз Душанбе 486938 нафар мусофиронро гусел намуда, 455930 нафарро ќабул намудаанд. Фоидаи умумии фурудгоњ беш аз 67 млн. сомониро ташкил додааст. Ин њама аз ояндаи хуби хати њавоии љумњурии мо дарак медињад. Алоќа. То барњам додани Иттињоди Шўравї Љумњурии Тољикистон дорои нисбатан њолати хуби алоќаи электронї, радио ва ойинаи нилгун ба њисоб мерафт. Алоќаи почта тамоми њудуди мамлакатро фаро гирифта буд. Дар шањрњо ва ноњияю мањалњо зиёда аз 400 истгоњњои автоматии телефонї фаъолият мекарданд. Ќариб хамаи колхозу савхозњо бо чунин истгоњи дохилї таъмин буданд. Инчунин бисёре аз онњо нуќтањои радиошунавонї њам доштанд. Охири соли 1991 миќдори умумии передатчикњои телевизионї ба 400 адад расида буд. Иќтидори радиопередатчикњо, ки дар мављњои миёна ва дур пањн мегардиданд, ќариб 600 киловаттро ташкил доданд. Умуман дар љумњурї дар њудуде, ки мављи барномаи якуми телевизионии Иттињоди Шўравї пањн мегардид 80% ањолї ва њудуде, ки барномаи якуми телевизионии љумњурї фаро мегирифт 76% ањолї зиндагї мекарданд. Дар замони љанги шањрвандї соњаи алоќа бештар зарар дид. Зеро, на танњо аз љумњурї бештар мутахассисони ин соња рафтанд, балки ноњияњое, ки ин љанги бемаънии бародаркуш фаро гирифта буд, молу мулки соњаи алоќа бештар ѓорат карда шуд. Зиёда 60 њазор обонентњои хати телефонњои мањаллї аз кор баромаданд. Аммо ба њамаи душворињои замони љанг нигоњ накарда, дар љумњурї хати ноњияњое, ки амалиёти љангї мерафт, шўъбањои гуфтугўии телефонии байни шањрї ва байналхалќї мунтазам фаъолият намуданд. Мањз дар њамин давраи душвор, дар шањри Душанбе, дар ќабати Донишгоњи давлатии омўзгорї, дар асоси таљњизоти электронї аввалин стансияи байналхалќии телефонї сохта ба истифода дода шуд. Моњи майи соли 1992 аввалин маркаи почтавии Љумњурии Тољикистон бароварда шуд. Бо маќсади минбаъд ба танзим даровардани ин соња октябри соли 2001 ташкилоти ягонаи давлатии «Марказї Марка»-ро ташкил намуданд. Њанўз дар солњои љанги шањрвандї зарурияти дуруст ба роњ мондани фаъолияти радио ва телевизион, на танњо барои мардуми љумњур, балки барои гурезагони иљборї низ зарур буд. Барои ин ќарори соли 1996 баровардаи Њукумати љумњурї «Оиди чорањои ташкил намудани системаи алоќаи телекамуникатсия» ањамияти махсус дошт. Мувофиќи ин ќарор стансияњои спутникии мављи телевизионї сохта шуд, ки дар асоси варианти раќамї, ба воситаи аппарати кайњонии Федератсияи Русия «Горизонт» фаъолият мекард. Ин њама имконият дод, ки аллакай охири њамон соли 1996 мардуми шањри Хоруѓ аввалин бор аз тамошои барномаи оинаи нилгуни Тољикистон (ТВТ) бањравар гарданд. Аз њамон лањза дар љумњурї хати спутникии оинаи нилгуни миллї инкишоф ёфт. Нуќтањои ќабули спутникї дар ноњияњои кўњии Кўњистони Бадахшонт, вилоятњои Суѓд, Хатлон ва ноњияњои тобеи љумњурї гузошта шуданд. Ба ѓайр аз ин стансияи спутникї имконият медињанд, ки барномањои миллии оинаи нилгуни Тољикистон дар тамоми минтаќаи шимолии курраи замин, аз Япония то Олмон намоиш дода шаванд. Дар њаёти фарњангии љумњурї яке аз воќеањои муњимтарин ин сентябри соли 2005 ташкили студияи нави оинаи нилгун «Сафина» («ТВС») ба њисоб меравад. Сентябри соли 2006 дигар студияи нави махсус барои наврасон - «Бањористон» ба фаъолият шурўъ кард. Ин студияи сеюми оинаи нилгуни љумњурї мебошад. 5 октябри соли 2008 студияи чањорўми љумњуриявї «Љањоннамо» таъсис ёфт. Ба ѓайр аз инњо дар замони истиќлолият дар њамаи марказњои вилоятї ва дар баъзе ноњияњои љумњурї низ студияњои мањаллии оинаи нилгун бунёд гардиданд. Дар шароити њозира моќоми муњим доштани алоќаи телефониро ба назар гирифта, дар солњои душвори 1995 -1996, дар љумњурї се стансияњои телефонњои раќамии иќтидорашон 18 њазор раќам ва тракти раќамии спутникї барои 30 каналњо ба кор даромаданд. Ин њама имконияти гуфтугўи телефонии байналхалќиро боз њам ќуллайтар гардониданд. Соли 1996 Њукумати љумњурї дар бораи ташкил додани соњаи алоќа ќарори дахлдор ќабул намуд. Дар асоси он дар љумњурї љамъиятњои сањњомии шакли кушод - «Телерадиоком», ки њамаи ташкилотњои алоќаи телефонї, тамоми соњањои оинаи нилгун ва радиошунавоиро муттањид менамояд, бунёд гардид. Инчунин Департаменти давлатии «Почтаи Тољикистон», ки тамоми ташкилотњои алоќаи почтавии љумњуриро муттањид менамояд, ташкил ёфт. Ин њама тайѓиротњо имконият муњайё намуданд, ки дар соњаи алоќа њар чї бештар муносибатњои бозорї љорї гардад. Дар Тољикистон соли 1996 аввалин литсенсия барои фаъолияти мустаќилонаи алоќаи телефонї дода шуд. Аввали соли 2006 шумораи онњо ба 127 адад расид. Ба ѓайр аз ин, агар соли 1996 дар љумњурї танњо ягона компанияи алоќаи телефонии дастї – «Таджик тел», бо шумораи 79 адад абонентњо мављуд бошад, пас аввали соли 2006 шумораи компанияњои телефонњои дастї ба 10 адад расид, ки љамъ дорои 420 њазор абонент буданд. Дар љумњурї чунин компанияњои телефонии дастї, ба монанди «Вавилон - Мобайл», «МЛТ», «ТК Мобайл», «Билайн» «Индиго» «Сомонком» ва «МТЕКО» маќоми хосаро пайдо намудаанд. Дар байни онњо компанияи «Вавилон Мобайл» маќоми бештарро ишѓол мекунад. Аввали соли 2007 шумораи абонентњои танњо ин компания 400 њазор адад буд ва охири соли 2009 аз 1,5 млн. адад зиёд шуд. Умуман моњи январи соли 2010 дар љумњурї шумораи муштариёни алоќаи сайёр ба 5 млн. нафар расид. 21-24 марти соли 2010 компанияњои «Индиго Тољикистон» ва «Сомонком» ба компанияи «Tcell» муттањид гардиданд. Махсусан дар солњои охир дар љумњурї системаи интернет ва почтаи электронї маќоми муњимро ишѓол намуда истодааст. Аллакай соли 2004 дар љумњурї шумораи истифодабарандагони интернет ба 2344 ва истифодабарандагони почтаи электронї ба 1.763 адад расидаанд. Моњи январи соли 2010 шумораи истифодабарандагони Интернет дар љумњурї ба 505 њазор расид. Истифодабарандагони почтаи электронї њам афзуд. Низоми телеграфии љумњурї њам хеле такмил ёфт. Њанўз соли 1998 дар шањри Душанбе стансияи телеграфии «СТИН», бо иќтидори 320 нуќта ба кор шурўъ кард, ки он системањои кўњнашудаи ин соњаро иваз мекард. Соли 2000, дар асоси шартнома бо компанияи «Билат»-и Исроил, аввалин бор комплектњои аппаратураи алоќаи раќамии спутникии низоми «ДАМА» дар нуќтањои гуногуни љумњурї гузошта шуданд. Дар натиљаи ин њама имконияти сифати баланди алоќаи телефонии байни шањрї ва ноњияњои љумњурї муњайё намуд. |