Главная страница
Навигация по странице:

  • Аз љумла њукумати љумњурї мавќеи худро дар њалли 5 масъалањои зерин медид

  • Тарафи мухолифини тољик мавќеи худро дар њалли 4 масъалањои зерин пешнињод карда буд

  • Комиссияи оштии миллї

  • § 4. Дастоварњои минбаъдаи Љумњурии Тољикистон Дастовардњо дар сиёсати байналхалќї

  • Чорабинињо барои мустањкам намудани вањдати миллї

  • БОБИ XXI. Дигаргунсозињои иљтимоию иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон (солњои 1991 – 2010)

  • апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов


    Скачать 3.71 Mb.
    НазваниеНамоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
    Дата10.10.2022
    Размер3.71 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01..doc
    ТипДокументы
    #724565
    страница48 из 57
    1   ...   44   45   46   47   48   49   50   51   ...   57
    §3. Ба итмом расидани љанги шањрвандї дар Тољикистон ва

    ноил шудан ба вањдати миллї
    Музокироти байни тољикон ва имзои созишномаи сулњ. Дар Љумњурии Тољикистон аз оѓози љанги шањрвандї якчанд маротиба кўшишњои муросои миллї карда шуд. Ба ин кўшишњои моњи майи соли 1992 дар Душанбешањр, августи он сол дар Хоруѓ, ноябри њамон сол дар Хуљанд ва ѓайра мисол шуда метавонад. Аммо онњо натиљаи дилхоњ надоданд. Зеро, он давр дар баробари боло гирифтани љанги шањрвандї, мавќеи њукуматї ва мухолифин низ аз њамадигар дуртар мешуд. Ба ѓайр аз ин тарафи њукумат барои њамчун ќувваи ягонаи њарбию сиёсї эътироф намудани мухолифин, аз љумла гурўњњои муссалањи он дар њудуди Афѓонистон, њанўз омода набуд. Ба ќавли ин љониб, бо мухолифини дохилї забон ёфтан имконпазир аст. Аммо таъкид мекарданд, ки гурўњњои мусаллањи дар Афѓонистон буда, баъди њалли силоњ, ба сифати гурезањо бояд баргардонида шаванд.

    Танњо аз соли 1993, баъди он ки амалиётњои љангї каме суст гардид зарурияти муросои миллї боло гирифт. Ба ин вазъи њамонваќтаи Афѓонистон низ таъсири худро расонид. Зеро, дар ин љо толибон њокимиятро ба даст дароварданд. Њукумати ќонунии Афѓонистон бо сарварии Президент Раббонї дар ќисми шимолии мамлакат љой гирифт. Муќовимати зидди толибонро минбаъд њам шермарди тољикони ин мамлакат Ањмадшоњи Масъуд сарварї мекард. Баъди чунин њолат Созмони Миллали Муттањид, давлатњои Русия, Эрон ва ѓайра њукумати Раббониро дастгирї намуданд. Алоќаи мухолифини тољик аз толибон тамоман канда шуд. Ин њама дигаргунињо мухолифини тољикро водор намуд, ки мавќеи худро бо мавќеи њукумати Тољикистон наздик намояд. Музокироте, ки августи соли 1993 байни намояндагони њукуматї ва мухолифин барпо гардид, мавќеи тарафњо дар музокиротњои минбаъда аниќ карда шуд. Аз љумла њукумати љумњурї мавќеи худро дар њалли 5 масъалањои зерин медид:

    1. Бозгашти таъљилии њамаи гурезањо аз шимоли Афѓонистон;

    2. Гуфтушунидњои бисёрљониба бо њукуматњоои Афѓонистон, Эрон, Покистон, Арабистони Саудї ва дар ин масъала истифода бурдани кўмаки Созмони Миллали Муттањид (ООН);

    3. Даст кашидан аз истифодаи ќувва;

    4. Барои нигоњдории оромї, ба сарњади Афѓонистон љалб намудани ќуввањои Созмони Миллали Муттањид (ООН);

    5. Њалли њама гуна масъалањо бевосита бо роњи гуфтушуниди тарафњо.

    Тарафи мухолифини тољик мавќеи худро дар њалли 4 масъалањои зерин пешнињод карда буд:

    1. Њалли масъалаи гурезањо;

    2. Кафолати амният ва дахлнопазирии гурезањо;

    3. Авфи умум;

    4. Ноил гардидан ба њалли масъалаи ќуввањои мусаллањи мухолифини тољик, ки дар хоки Афѓонистон ќарор доранд.

    Њамин тавр то апрели соли 1994 дар байни намояндагони њукуматї ва мухолифини тољик љараёни наздиккунии аќидањо ва мавќеъњо идома ёфт. Аз њама муњимаш тарафњо якдигарро эътироф карданд.

    Аз 5 то 19 апрели соли 1994 дар шањри Москва, даври аввали гуфтушуниди байни тољикон, баргузор гардид. Дар он гурўњи тарафи њукуматиро Ш. Зуњуров (хамон ваќт вазири мењнат ва шуѓли ањолии љумњурї) ва тарафи мухолифинро О. Латифї (љонишини роњбари њайат) сарварї мекарданд. Масъалањои асосии музокирот: оиди оташбас, гурезањо ва муњољирон буданд.

    Аз 18 то 28 июни соли 1994 дар шањри Тењрон даври дуюми гуфтушунид ба амал омад. Масъалаи асосии музокирот оташбаси муваќќатї ба њисоб мерафт. Аз 20 октябр то 1 декабри соли 1994 даври сеюми музокирот дар шањри Исломобод, масъаларо дар бораи комиссияи муштарак оид ба татбиќи созишномаи оташбас муњокима намуд. Музокиротњои минбаъда, аз љумла давраи чањорўм, аз 22 май то 2 июни соли 1995 дар шањри Алма Ато; даври панљум, аз 30 ноябр то 23 декабри њамин сол дар шањри Ашќобод баргузор гардиданд. То охири соли 1995 тарафи мухолифин номи «Харакати нањзади исломии Тољикистон» - ро дошт. Он минбаъд «Иттињоди мухолифини тољик» ном гирифт.

    Соли 1996 байни тољикон ягон даври расмии гуфтушунид ба амал наомад. Вале худи њамин сол намояндагони њар ду тараф дар Ашќобод, Тењрон, Хостдењи Шимолии Афѓонистон ва Москва во хўрданд. Масъалаи асосие, ки дар ин вохўрињо муњокима намуданд, ин оиди комиссияи оштии миллї буд. Ба ѓайр аз ин, дар ин сол дар гуфтушуниди байни тољикон дигаргунии куллї ба амал омад. 11 декабри соли 1996 дар Хостдењи шимоли Афѓонситон бори аввал Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ва сарвари «иттињоди мухолифини тољик» Саид Абудуллои Нурї ба њам вохўрданд. Албатта дар макони њамон ваќт нисбатан нором ва хавфнок њозир шудани Президент Эмомалї Рањмон ин худ нишонаи шуљоат ва далерї буд. Чунин далерї тарафи мухолифинро ба андеша гузошт.

    Албатта дар сатњи баланд мулоќот намудани тарафи њукуматї ва мухолифинро якчанд омилњо ба миён гузоштанд. Яке аз чунин омилњо ин њолати тирамоњи соли 1995 дар шимоли Афѓонистон ба амал омада ба њисоб мерафт. Мувофиќи баъзе маълумотњо роњбарияти њаракати нањзати исломии Тољикистон бо њаракати исломии «толибон»-и Афѓонистон шартнома имзо кардаанд, ки мувофиќи он мебоист толибњо баъди гирифтани пойтахти давлати Афѓонистон - шањри Кобул, ба мухолифини тољик кўмаки амалї мерасониданд. Президенти њамонваќтаи Афѓонистон Бурњониддин Раббої ва сарвари ќуввањои њарбии Афѓонистон Ањмадшоњи Масъуд нагузоштанд, ки ин наќша амалї шавад. Бинобар њамин њам барои бо њам наздик намудани мавќеи њукуматї ва мухолифини тољик ва дар сатњи баланд ташкил намудани музокирот, онњо маќоми бузургеро бозидаанд.

    Дар њамин давр дар дохили љумњурї њам руњияи сулњхоњї хело боло гирифта буд. 9 марти соли 1996 ќариб 30-ташкилотњои љамъиятию сиёсї «Ањдномаи ризоияти љомеаи Тољикистон»-ро имзо намуданд. Маќсади асосии он њар чї зудтар ноил гардидан ба сулњи байни тољикон ба њисоб мерафт.

    Мањз дар сатњи баланд барпо гардидани мулоќоти тарафњо, минбаъд музокироти байни тољиконро сермањсул намуд ва чунин музокиротњо тез – тез ба амал омаданд. Аз љумла, даври шашуми музокирот аз 4 то 19 январи соли 1997 дар шањри Тењрон; даври њафтум аз 26 феврал то 8 марти соли 1997 дар шањри Москва; даври њаштум 8 – 18 апрели, 21 – 29 майи он сол дар шањри Тењрон ба амал омаданд. Албатта сермањсул будани ин музокиротњо имконият доданд, ки 24-27 июни соли 1997 дар шањри Москва даври хотимавии музокироти байни тољикон барпо гардад. Баъзан ин даврро даври нуњум њам меноманд, ки дар сатњи баланди тарафайн гузашт.

    27 июни соли 1997 њуљљати барои тољикон ва Тољикистониён муњимтарин «Созишномаи умумї дар хусуси барќарор кардани сулњ ва ризоияти миллї дар Тољикистон» аз тарафии Президенти љумњур Эмомалї Рањмон ва сарвари «Иттињоди мухолифини тољик» Саид Абдуллои Нурї имзо гардид. Дар ќатори ин њуљљат боз «Изњороти Москва», «Протоколи њамдигарфањамї» ва ѓайрањо имзо шуданд.

    Њамин тавр, музокироти байни тољикон, ки бањри сулњ ва вањдати миллї дар Тољикистон аз моњи апрели соли 1994 оѓоз гардида буд, 27 июни соли 1997 бо натиљаи хуб анљом ёфт. Яъне, ин музокирот 40моњ давом карда, душворињои зиёдро паси сар намуд ва нињоят ба маќсад расид. Бо њамин чанги шањрвандї дар Љумњурии Тољикистон, ки 5 майи соли 1992 сар шуда буд, 27 июни соли 1997 бо вањдати миллї анљом ёфт. Бинобар њамин њам дар љумњурии мо њар сол 27 – уми июн њамчун «Вањдати миллї» љашн гирифта мешавад.

    Бо маќсади пайдор нигоњ доштани чунин дастоварди таърихї, яъне вањдати миллї њанўз 18 июли соли 1997 «Њаракати вањдати миллї ва эњёи Тољикитсон» - ро ташкил доданд. Президенти љумњур Эмомалї Рањмон раиси он интихоб гардид. Дар амал ин њаракат бањри мустањкам намудани асосњои вањдати миллї хизматњои босазое карда истодааст. Ба итмом расидани љанги шањрвандї ва ноил гардидан ба вањдати миллї ањамияти бузурги таърихї дорад. Он на танњо давлатдории соњибистиќлоли тољиконро аз парокандагию нестшавї аз поракандагию нестшавї рањої дод ва ќариб њамаи гурезагони иљбориро баргардонид, балки исбот намуд, ки њангоми дар мадди аввал гузоштани манфиати миллат њар гуна душворињоро паси сар кардан мумкин аст. Бо њамин сабабњо бисёре аз ташкилотњои байналхалќї ва давлатњои љањонї таљрибаи сулњи тољиконро аз њар љињат омўхта истодаанд.

    Комиссияи оштии миллї. Њанўз 11 декабри соли 1996, њангоми вохўрии Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ва сарвари мухолифини тољик Саид Абдуллои Нурї, ки дар Хосдењи Шимоли Афѓонистон барпо гардид, масъалаи ташкил намудани комиссияи оштии миллї ба миён гузошта шуда буд. 23 декабри њамон сол тарафњо њатто протоколеро, ки вазифањои ин комиссияро муайян мекунад, имзо карданд. Њамон ваќт муайян шуда буд, ки аъзоёни ин комиссия бояд аз 26 нафар иборат буда, аз њар ду тараф 13 нафарї дохил шаванд ва худи комиссия баробари бунёди парламенти касбї фаъолияташро ќатъ менамояд.

    Маќсади комиссияи оштии миллї – ин дар Љумњурии Тољикистон пойдор нигоњ доштани сулњ ба њисоб мерафт. Аз ин рў вазифаи он ба инобат гирифтани чунин талабу дархости тарафњо, ки дар њуљљатњои расмии гуфтушунидњо (протоколњо) акс ёфтаанд, ё худ тарафњо пешнињод намудаанд, ба монанди: ба њокимият њамроњ намудани тарафи мухолифин, њалли масъалаи гурезањо, њалли масъалаи силоњбадастони тарафи мухолифин ва ѓайрањо ба њисоб мерафт.

    Комиссияи оштии миллї бо фармони Президенти љумњурї Э. Рањмон 4 июни соли 1997 бунёд карда шуд. Барои фаъолияти он мењмонхонаи «Вахш» - и шањри Душанберо интихоб намуданд. Машварати нахустини комиссия дар шањри Москва, аз 7 – то 11 июли њамон сол барпо гардид. Дар шањри Душанбе аввалин машварати он 15 сентябри он сол ба амал омад. Сарвари комиссия, роњбари мухолифини тољик Саид Абдуллои Нурї таъин гардид. Комиссия аз 4 зеркомиссияњои зерин иборат буд: сиёсї, њарбї, њуќуќї ва оиди гурезагон.

    Фаъолияти комиссия дар замоне мегузашт, ки њанўз њам дар баъзе гўшањои љумњурї, њатто шањри Душанбе ва атрофии он муќовиматњо ба амал меомаданд. Аз љумла, чунин муќовиматњои танњо соли 1998 ба амал омада, ба монандї: моњњои март – май дар мањаллаи Ќаротегини шањри Душанбе ва ноњияњои Вањдат (њамон ваќт ноњияи Кофарнињон), 22 сентябр дар шањри Душанбе кушта шудани раиси зеркомиссияи њуќуќии комиссияи оштии миллї, намояндаи мухолифини тољик Отахон Латифї, 4 – 7 ноябр њуљуми полковник Мањмуд Худойбердиев ба вилояти Суѓд ва ѓайрањо ба њисоб мераванд. Аммо ба њамаи онњо нигоњ накарда, комиссия фаъолияти худро давом дод.

    Дар давоми фаъолияти комиссия, то ин ки тарафњо бо њам наздиктар шаванд, баъзе кўшишњои љиддї карда шуд. Аз љумла, бо талаби тарафи мухолифин 26 сентябри соли 1999 бо роњи райпурсии умумихалќї ба ќонуни асосї – Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон баъзе таѓйироту иловањо дароварда шуд. 28 сентябри соли 1999 Њизби нањзати исломи Тољикистон, ба тарзи расмї, номнавис карда шуд. Њол он ки аз моњи ноябри соли 1997 то моњи марти соли 1998 њангоми муњокимаи «Ќонун дар бораи њизбњои сиёсї» Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон барои фаъолият ба њизбњое, ки дар асоси принсипњои динї бунёд гардидаанд, иљозати фаъолият карданро надода буд. Баъди чунин таѓйиртњо 6 ноябри соли 1999 интихоботи Президенти љумњур гузаронида шуд, ки дар он њизби нањзати исломии Тољикистон низ номзади худ Давлат Усмонро гузошта буд. Пирўзї нисбати Эмомалї Рањмон гардид.

    27 феврали соли 2000 интихобот ба Маљлиси Намояндагон гузаронида шуд, ки дар он аз 6 њизбњои сиёсии дар љумњурї номнавис шуда, 3 њизбњои зерин шарти 5% - ро иљро намуда, ба он ширкат варзиданд: њизби халќї – демократии Тољикистон, њизби комунистии Тољикистон ва њизби нањзати исломи Тољикистон. Дар натиљаи ин интихобот аз 63 намоянда, 60 нафарашон интихоб шуданд. Се нафари дигар баъдтар, интихоб шуданд.

    23 марти соли 2000 интихобот ба Маљлиси Милли Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон барпо гардид. Дар натиљаи он 34 нафар аъзоёни Маљлиси Миллї ба мўњлати 5 сол таъин гардиданд.

    Њамин тавр дар Љумњурии Тољикистон парламенти касбї, дар шакли Малиси Намояндагон ва Маљлиси Миллии Маљлисї Олї, яъне ду палатагї ташкил ёфт. Дар натиља комиссияи оштии миллї вазифаи худро иљро намуд. Бо назардошти ин 1 апрели соли 2000, дар асоси Укази Президенти љумњурї, комиссияи оштии миллї дар Тољикистон фаъолияти худро ќатъ намуд. Ин комиссия дар натиљаи фаъолияти 998 рўзаи худ (ё худ 2 солу 8 моњу 25 рўза) тавонист барои амалї намудани натиљањои гуфтушуниди байни тољикон кўшишњои љиддї намояд ва бо ин барои пойдории сулњи тољикон њиссаи босазое гузорад. Барои бо мувафаќият анљом ёфтани кори комиссия, ташкилотњои байналхалќї, махсусан Созмони Миллали Муттањид (СММ - ООН), Созмони амният ва њамкорї дар Аврупо (САЊЕ - ОБСЕ) ва дигарон њиссаи худро гузоштанд.
    § 4. Дастоварњои минбаъдаи Љумњурии Тољикистон
    Дастовардњо дар сиёсати байналхалќї. Барои Љумњурии Тољикистон дар арсаи байналхалќї гузаронидани сиёсати хориљии мамлакат фаъолияти тамоман тоза буд. Зеро, дар замони Шўравї сарварони љумњурї бо ин масъала умуман кордор набуданд. Он замон ин масъулияти њукумати Иттифоќ ба њисоб мерафт. Бинобар њамин њам баробари ба даст даровардани истиќлолияти давлатї, дар ин самт низ аввалин ќадамњо гузошта шуд. Аммо ин ќадамњо дар њолате гузошта мешуд, ки дар аввали замони истиќлолият вазъи љумњурї, бо сабаби љанги шањрвандї хело душвор буд. Мављудияти худи љумњурии тозасоњибистиќлолро хатари нестшавї тањдид мекард. Бо њамин сабабњо тамоми фаъолияти давлатї барои муњофизати соњибистиќлолї ва ягонагии давлати љавони тољикон нигаронида шуда буд. Дар чунин шароит сиёсати хориљии љумњурї бештар ба њамон самт равона гардида буд, ки аз як тараф, дар арсаи байналхалќї њарчї бештар љумњурии соњибистиќлоли моро муаррифї карда тавонанд, аз тарафи дигар, љавобан ба чунин кўшишњои мамлакати мо давлатњои хориљї ва ташкилотњои байналхалќї низ љумњуриамонро њамчун давлати соњибистиќлол эътироф намоянд.

    Њанўз моњи ноябри соли 1992 Президенти мамлакат Эмомалї Рањмон, дар Иљлосияи таърихии XVI (Хуљандии) Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон, ки нав раиси ин Шўро интихоб гардида буд, самтњои асосии сиёсати хориљии љумњуриро ба тарзи зайл пешнињод кардааст: 1). Инкишофи муносибатњо бо љумњурињои собиќ Иттифоќ, пеш аз њама бо Федератсияи Русия; 2). Мустањкам намудани муносибат бо љумњурињои Осиёи Мимёна, ки барои мўътадилии минтаќа хело зарур аст; 3). Фаъол намудани муносибат бо давлатњои њамзабон – Эрон ва Афѓонистон; 4). Љорї намудан ва инкишоф додани муносибат бо тамоми давлатњои мусулмонии Шарќ; 5). Оѓоз ва инкишофи муносибат бо давлатњои Ѓарб. Њукумати љумњурї, ба тамоми душворињо нигоњ накарда, барои дар тамоми ин самтњо фаъолона амал намудан иќдомњои зиёде пеш гирифт.

    30 сентябри соли 1993 Эмомалї Рањмон бори аввал аз минбари Иљлосияи 48-уми СММ (ООН) баромад карда, аз хусуси вазъи њамонваќтаи Љумњурии Тољикистон, махсусан зарурияти гуфтушуниди байни тољикон сухан гуфта, дар њалли ин масъала, барои кўмак ташкилотњои байналхалќии љањонро даъват намуд. Мањз чунин даъватњои инсонпарварона буд, ки бисёре аз давлатњои љањон ва ташкилотњои байналхалќї барои хотима бахшидан ба љанги бемаънии байни тољикон кўмак расонидаанд.

    Гуфтушунидњои солњои 1994 – 1996 байни тољикон, ба њамаи душворињо нигоњ накарда, на танњо майли сулњ доштани тарафњоро нишон дод, балки дар њамин самт бештар устувор будани Президенти љумњурї Эмомалї Рањмонро исбот намуд. Яке аз далели ин гуфтањо 11 декабри соли 1996 сафари Президент Эмомалї Рањмон ба Хостдењи давлати Афѓонистон, барои гуфтушуниди бевосита бо сарвари мухолифини тољик Саид Абдуллои Нурї ба њисоб меравад. Зеро, њамон лањза дар хоки худи Афѓонистон њам љанги шањрвандї идома дошт. Бинобар ин роњи њавої њам пурхатар ба њисоб мерафт. Таърих ин гуна љонбозии сарвари давлатро кам ёд дорад.

    Баъди имзои сулњи байни тољикон (27 июни соли 1997) обрў ва эътибори Тољикистон дар арсаи байналхалќї боз њам зиёд гардид. Чї давлатњои хориљї ва чї ташкилотњои байналхалќї ба таљрибаи сулњи тољикон зиёда мароќ зоњир намуданд. Мањз чунин муваффаќиятњо ба Президенти љумњурии мо Эмомалї Рањмон имконият дод, ки 30 сентябри соли 1999 дар љамъомади 18-уми Иљлосияи 54-уми Ассамблеяи Генералии СММ раисї намояд. Њамон ваќт ў диќќати њозиринро ба чунин масъалањои рўзмарраи љањон, ба монанди мубориза ба муќобили терроризми байналхалќї, гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир ва ѓайрањо даъват намуд.

    Њамин тавр дар солњои душвори 90-уми асри ХХ Љумњурии Тољикистон на танњо худро дар арсаи байналхалќї муаррифї карда тавонист ва худ на танњо аввалин мактаби душвори сиёсиро гузашт, балки худро, бе ноил гардидан ба сулњ ва вањдати миллї, њамчун давлати љавони соњибтаљрибаи љањонї нишон дод. Ин њама аз тарафи дигар обрў ва эътибори Президенти љумњурї Эмомалї Рањмонро дар арсаи байналхалќї зиёд мекард. Аз ин рў бе сабаб нест, ки соли 2000-ум Президент Эмомалї Рањмон боиси аз тарафи корпуси байналхалќии сулњ бо «Љоизаи байналхалќии сулњ» сарфароз гардид.

    Аз апрели соли 2000 сиёсати хориљии Љумњурии Тољикистон бо назардошти самтњои њанўз соли 1992 эълон гардида, бо маљрои нав сурат гирифт ва консепсияи чунин сиёсат баъдтар, соли 2002 ташаккул ёфт, ки он тамоми 10-солаи асри нав – XXI – ро дар бар мегирад. Ин сиёсат, сиёсати бисёрќутбї буда, мувофиќи он љумњурии мо бо њама давлатњою ташкилотњои байналхалќї сиёсати «дарњои кушод»-ро пеш мебарад. Мањз чунин сиёсат имконият дод, ки то ба имрўз давлати соњибистиќлоли моро ќариб 150 давлатњои љањон шинохтаанд ва бо аксари онњо љумњурии мо равобити иќтисодию дипломатї дорад.

    Аз оѓози асри XXI Љумњурии Тољикистон муносибати њамаљонибаи худро бо тамоми љумњурињои собиќ Иттифоќ – Иттињоди Давлатњои Мустаќил (ИДМ – СНГ), махсусан бо Федератсияи Русия инкишоф дод. Аз љумла, дар натиљаи сафарњои зиёди тарафайни сарони давлатњои Русия ва Тољикистон, ќариб дусад шартномањо ва њуљљатњои байни давлатї имзо гардидаанд. Албатта амалї гардидани онњо бегуфтугў ба манфиати њар ду тараф хоњад буд. Мањз бо њамин сабабњо Тољикистону Русия якдигарро «шарики стратегї» њисоб мекунанд.

    Дар дањсолаи аввали асри нав Љумњурии Тољикистон, чун аъзои ИДМ (СНГ), кўшиш ба харљ медод, ки Иттињод амалан фоидаовар бошад. Мањз бо њамин маќсад 5-6 октябри соли 2007 дар шањри Душанбе мулоќоти (саммити) сарони кишварњои аъзои ин Иттињод, якљоя бо Иттињоди иќтисодии ЕврАзЭС ва Созмони ањдномаи амнияти дастаљамъї барпо гардид. Дар ин мулоќоти бонуфуз сарони кишварњои ИДМ (СНГ), ки аз 12 љумњурињои собиќ Иттифоќ иборат мебошад, аз љумла 11 нафар Президентњои онњо (ба ѓайр аз Президенти Украина) њузур доштанд. Иштирокчиёни мулоќот зарур шумориданд, ки минбаъд њам њамкории њамаљонибаро инкишоф дињанд.

    11 сентябри соли 2001 террористони байналхалќї дар ваќти парвоз се адад самалётњои серодамро ѓасб намуда, паи њам ба ду бинои баландошёнаи (дугоникњои) Манхетони Ню Йёрк ва Пентагони Вашингтон њуљум карда, хисорот ва талафоти зиёди љонї оварданд. Ин фољеа ќариб тамоми ќуввањои тараќќихоњи љањонро ба муќобили терроризм муттањид намуд. 11 сентябри соли 2008 (яъне дар солгарди воќеаи 11 сентябри соли 2001) панљ кишвари аъзои блоки Созмони ањдномаи амнияти дастаљамъи – Русия, Ќазоќистон, Ўзбекистон, Ќирѓизистон ва Тољикистон тасмим гирифтанд, ки бахши њирбии блоки худро таќвият бахшанд. Зарурияти ин масъаларо махсусан боло гирифтани амалиётњои террористї дар гўшањои гуногуни љањони имрўза, пеш аз њама вазъи ноороми Афѓонистон ва дар ин мамлакат фаъол гардидани њаракати толибон ба миён гузошта буд.

    Љумњурии Тољикистон чї дар доираи ИДМ (СНГ) ва давлатњои ЕвроАзЭС, дар баробари Федератсияи Русия бо яке аз давлатњои пешрафтаи Осиёи Марказї, бо Љумњурии Ќазоќистон муносибати хуби бародаронаро инкишоф дода истодааст. Тољикистон бо дигар давлатњои њамсояи Осиёи Миёнагї – Ќирѓизистону Туркманистон низ муносибати хуби њамсоягиро идома дорад. Аммо бо њамсояи наздиктарин – Љумњурии Ўзбекистон, дар дањсолаи аввали асри XXI масъалаи сохтмони НБО Роѓун боиси ихтилоф ва сардии муносибати њар ду тараф шудааст, ки оќибаташ ба манфиати мардуми њар ду тараф намебошад. Ба њама маълум аст, ки НБО Роѓун барои Љумњурии Тољикистон масъалаи њаётан муњим мебошад. Вале роњбарияти имрўзаи давлати њамсоя ба ин ањамият додан намехоњанд. Боварї дорем, ки ихтилофњои мављуда бо роњи гуфтушунидњои тарафайн њал мегардад ва њамаи давлатњои соњибистиќлоли Осиёи Миёна бањри рушди њаматарафаи минтаќа иттифоќан амал мекунанд.

    Муносибати Љумњурии Тољикистон бо давлатњои њамзабон – Эрон ва Афѓонистон сол аз сол ќавитар шуда истодааст. Роњбарони њар се давлат ният доранд, ки њамкориро боз њам инкишоф дињанд. Дар замони истиќлолият сафарњои президентњои њар ду тараф борњо ба амал омадаанд. Танњо 5 январи соли 2010 дар ш.Душанбе, дар натиљаи сафари Президенти ЉИ Эрон Ањмадинажод 6 њуљчатњои муњимтарини байнидавлатї имзо гардиданд. Давлати Эрон, дар баробари пурра ба итмом расонидани наќби «Истиќлол» ва НБО Сангтўда – 2, ният дорад, ки дар дарёи Зарафшон НБО Айниро (иќтидораш 150 меговат) созад.

    Љумњурии Тољикистон яке аз ташаббускорон ва фаъолони Созмони њамкории Шанхай (СЊШ) ба њисоб меравад. Ин созмон њарчанд моњи июни соли 2001 ба вуљуд омадааст, вале он дар асл, бо номи «панљгонаи Шанхай» њанўз соли 1996 ба фаъолият шурўъ карда буд. Он ваќт Русия, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Тољикистон ва Чин, яъне 5 давлат ба гуфтушуниди муайян намудани сарњади байни худ нишаста буданд, созмон ёфтааст. Масъалаи бањси марзии онњо бо каме гузаштњо аз љониби Русия, Ќазоќистон, Ќирѓизистон ва Тољикистон њалли худро пайдо намуд. Бо сабаби он, ки дар љамъомадњо давра ба давра масъалањои муњимтарини минтаќа муњокима мегардид, бинобар ин он дар аввали асри XXI аз як тараф барои ташаккул ёфтани он њамчун созмони њамкорї оварда бошад, аз тарафи дигар, бо дохил шудани Ўзбекистон он ба «созмони шашгона» табдил ёфт, аз љумлаи давлатњои њамсоя – кишварњои нозир пайдо намуд.

    Сарони давлат ва њукуматњои Созмон њар бор љамъ омада масъалањои муњимтарини минтаќаро њаллу фасл менамоянд. Аз љумла, 28 августи соли 2008 дар ш.Душанбе љамъомади навбатии сарони давлатњои Созмон барпо гардид. Дар ин љамъомад вазъи байналхалќї ва минтаќа муњокима гардид ва «Эъломияи Душанбе» ќабул карда шуд. Дар он бори дигар таъкид гардид, ки дар шароити имрўза ягон хел масъалаи байналхалќиро бо роњи зўрї њал кардан мумкин нест. Њалли њамаљонибаи масъалањои мављуда танњо бо роњи гуфтушунидњо имконпазир аст.

    25 ноябри соли 2010 дар ш.Душанбе љамъомади (саммити) сарони њукумат – сарвазирони давлатњои аъзои Созмон ва кишварњои нозир ширкат намуда, масъалањои рўзмарраро бори дигар њаллу фасл намуданд. Мањз дар доираи њамин Созмон, махсусан дар солњои охир њамкории байни Тољикистону Чин хеле инкишоф ёфтааст. Танњо 4 июни соли 2009 байни ЉХ Чин ва Љумњурии Тољикистон шартномае имзо гардид, ки мувофиќи он дар баробари идома додани сохтмони роњњо, наќбњо, хатти баландшиддати барќї, боз иштироки тарафи ЉХ Чин дар сохтмони НБО «Нуробод – 1» (дар њаљми 560 млн. доллари америкої), маркази барќию гармидињии (ТЭЦ) Душанбе (дар њаљми 460 млн. доллари америкої), заводи сементбарорї (иќтидораш 1 млн. тонна дар як сол), корњои иловагї дар хатти барќии «Лолазор – Хатлон» ва «Љануб – Шимол» (бо маблаѓи 61 млн. доллари америкої), аз нав таъмиру таљњизонидани роњи мошингарди Душанбе – Данѓара дар назар дошта шудааст.

    Муносибати Љумњурии Тољикистон бо давлатњои мусулмони Шарќ сол аз сол инкишоф ёфт. Барои ин ба куллї таѓйир ёфтани муносибати давлати навини тољикон нисбат ба дин, бунёди масљиду мадрасањо, фаъолияти озодонаи њизби нањзати исломи Тољикистон ва интихоби намояндагони он дар Парламенти љумњурї, барќарор намудани маросими њаљ, аз нав барќарор намудани анъанањои миллию динї, аз љумла ба тарзи васеъ љашн гирифтани Наврўз, Иди Рамазон, Иди Ќурбон, бузургдошти чунин фарзандони барўманди халќи тољик, ки дар ташаккули дини ислом хизматњои шоиста кардаанд, ба монанди Имоми Аъзам, Имом ал – Бухорої, Имом ал – Тирмизї ва ѓайрањо далели равшан мебошанд.

    Соли 2009 бо иќдом ва ташаббуси бевоситаи Президент Эмомалї Рањмон, ба истиќлоли 1310-солагии зодрўзи фарзанди фарзонаи халќи тољик, пешвои мазњаби ањли суннат Абўњанифа Нўъмон ибни Собит, ки бо номи Имоми Аъзам маълуму машњур аст, «Соли бузургдошти Имоми Аъзам» эълон гардид. 5 – 6 сентябри он сол дар ш.Душанбе симпозиуми байналхалќї дар мавзўи «Мероси Абуњанифа ва ањамияти он дар муколамаи тамаддунњо» барпо гардид. Дар кори он беш аз 500 нафар мењмонони дохилию хориљї аз 50 кишварњои олам иштирок намуданд. 18 – 21 майи соли 2010 дар ш.Душанбе Иљлосияи 37-уми Созмони конфронси исломї (СКИ) барпо гардид, ки дар кори он намояндагони 57 давлатњои аъзои ин ташкилоти бонуфуз иштирок намуданд. Њузури чунин миќдор намояндагон аз давлатњои исломї, худ гувоњи дар ин мамлакатњо обрў ва эътибор доштани давлати соњибистиќлоли мо мебошанд.

    Љумњурии Тољикистон њамчун аъзои фаъоли Созмони Миллали Муттањид (СММ – ООН) дар љамъомадњои он масъалањои муњимтарини дунёи муосирро њар бор хотиррасон намуда, барои њалли онњо диќќати тамоми мамлакатњои љањонро љалб менамояд. Аз љумла, дар ин ташкилоти бузургтарини љањонї чунин масъалагузорињои Љумњурии Тољикистон, ба монанди «Об барои њаёт» (соли 2003), «2005 – 2015- дањсолаи оби тоза» (соли 2005) маќбули њозирин гардида буд. 23 сентябри соли 2010 Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар Иљлосияи 65-уми Маљмаъаи Кулли СММ бори дигар хотиррасон намуд, ки «Тибќи баъзе пешгўињо то соли 2025 беш аз сеяки ањолии курраи Замин аз нарасидани об танќисї хоњад кашид». Бо назардошти ин њама «Тољикистон њамчун ташаббускори Соли байналмиллалии оби тоза ва Дањсолаи байналмиллалии амалиёти «Об – барои њаёт» дар давраи солњои 2005 – 2015» проблемањои марбут ба обро фаъолона ба муњокимаи Созмони Миллали Муттањид пешнињод менамояд».1 Инчунин дар њар баромади сарвари давлати мо проблемањои марбут ба терроризм байналхалќї, ноил гардидан ба оромии дохилии давлати Афѓонистон ва ѓайрањо таъкид мегарданд.

    Чорабинињо барои мустањкам намудани вањдати миллї. Дар мављи тантанањои имзои сулњи байни тољикон (27 июни соли 1997), аллакай 18-уми июнли соли 1997 ќариб 600 нафар намояндагони ањзоби сиёсї, илму фарњанг, фаъолони мењнат ва ѓайрањо дар ш.Душанбе љамъ омада «Њаракати вањдати миллї ва эњёи Тољикистон»-ро таъсис доданд. Маќсади асосии ин њаракат, аз љумла «муттањид сохтани саъю кўшишњои табаќањои мухталифи иљтимої ва нерўњои Тољикистон дар мавриди барќарор намудани сулњу суботи доимї, боварии тарафайну ризоияти шањрвандї, аз бўњрон рањо додани љомеа, тањкими якпорчагии давлат» ва ѓайрањо ба њисоб меравад. Президенти љумњурї Эмомалї Рањмон якдилона сарвари ин њаракат интихоб гардид.

    Чуноне таъкид шуд дар замони фаъолияти Комиссияи оштии миллї (1997 – 2000) њамаи ќарорњои њангоми гуфтушуниди байни тољикон дар муддати солњои 1994 – 1997 ќабул гардида, амалї шуданд, мухолифини тољик ба њайати њукумати амалкунанда дохил шуд. Намояндагони онњо аз њокими мањаллии шањру ноњияњо сар карда то вазиру љонишини сарвазирї расиданд. Дастањои мусаллањи тарафи мухолифин аслињањои худро супорида, пароканда шуданд. Дар мамлакат нисбати њамаи онњое, ки то ин лањза ба муќобили њамдигар камин гирифта буданд, авфи умумї эълон гардид. Дар натиљаи интихоботи соли 1999 дар мамлакат Парламенти касбї таъсис ёфт. Хулоса, њар ду тарафи муќобил, ба гузашта салавот гуфта, аз нав муттањид шуданд, худро аъзои як оила, як Ватан њисоб карданд. Њар ду тараф дар андешаи гулгулшукуфии Ватани соњибистиќлоли Тољикистон шуданд, ки ин гуна дастовардњоро, баъди љанги бемаънии бародаркушї, яъне шањрвандї, таърих ёд надошт.

    Бо оѓози асри XXI дар љодаи вањдати миллї, мустањкам намудани њамаи он дастовардњое, ки дар боло таъкид гардид, аз љумлаи вазифањои асоситарин ба њисоб мерафтанд. Яке аз чорабинињое, ки бањри мустањкам нигоњ доштани вањдати миллї андешида мешуд, ин дар Парламенти касбии мамлакат нигоњ доштани њолат ё худ низоми бисёрандешї, дар асоси иштироки намояндагони њизбњои гуногуни сиёсї ба њисоб мерафт. Чунин њолат аллакай дар Парламенти аввали касбї (соли 1999) ба вуљуд омада буд. Дар он Парламент намояндагони се њизбњои сиёсї: њизби халќї – демократии Тољикистон, њизби коммунистии Тољикистон ва њизби нањзати исломи Тољикистон шомил буданд.

    Интихоботи 27 феврали соли 2005 њам дар Парламенти касбии мамлакат – Маљлиси намояндагон, низоми бисёрњизбиро нигоњ дошт. Њамон њизбњои сиёсї, ки дар Парламенти аввала маќом доштанд, дар Парламенти нав њам онро нигоњ доштанд. Мањз бедории сиёсї, ки дар мављи интихоботи ин сол оѓоз гардида буд, барои ташкили њизбњои нави сиёсї низ сабаб шуд. Аз љумла, 28 октябри соли 2005 њизби ислоњоти иќтисодии Тољикистон ва 15 ноябри он сол њизби аграрии Тољикистон таъсис ёфтанд.

    28 феврали соли 2010 интихоботи навбатї ба Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон баргузор гардид. Дар он номзадњои 8 њизбњои сиёсии мамлакат иштирок намуданд, ки рўйхати онњо њамчун вакили аз њавзаи ягонаи умумиљумњуриявї, бо ќарори комиссияи марказии интихобот ва райпурсии љумњурї ба ќайд гирифта шуданд. Дар натиљаи интихобот 5 њизбњои сиёсии мамлакат: њизби халќї – демократии Тољикистон, њизби коммунистии Тољикистон, њизби нањзати исломи Тољикистон, њизби ислоњоти иќтисодии Тољикистон ва њизби аграрии Тољикистон њуќуќ пайдо намуданд, ки дар Парламенти љумњурї, яъне Маљлиси намояндагон вакилони худро дошта бошанд. 25 марти соли 2010 намояндагон (25 нафар) ба Маљлиси Миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон интихоб шуданд ва 8 нафари дигарро Президенти љумњурї, њамчун намояндаи худ ба Маљлиси Миллї таъин намуд.

    Њамин тавр интихоби навбатї низ дар асоси принсипњои бисёрњизбї ташкил карда шуд ва дар натиљаи он њайати нави Парламенти касбии мамлакат таъсис ёфт.

    Дигар иќдоми наве, ки манбаъд барои мустањкам намудани дастовардњои вањдати миллї карда шуд, ин бо маќсади боз њам наздиктар будан бо мардум, махсусан дар солњои охир, тантанаи иди вањдати миллї дар шањру ноњияњои мухталифи мамлакат ташкил карда шуданд. Яъне, њарчанд Иди Вањдат иди умумиљумњуриявї ба њисоб меравад, вале як вилоят, ё худ гурўњи ноњияю шањрњо ба маркази асосии тантанањо ќарор мегирифтанд. Аз њама муњим, ба ин муносибат нуќтањои њаётан муњими ин марказњо ба наќша гирифта шуда, аз тарафи њукумати љумњурї, бањри иљрои онњо маблаѓ ва илова ќувва равона карда мешуд.

    Чунончї, соли 2006 тантанањо дар гурўњи ноњияњои водии Рашт ташкил карда шуд. Ба ин муносибат масъулони њукумати љумњурї дар тамоми ноњияњои ин водї шуда, аз бурду бохти онњо аз наздик ошно гардиданд. 27 июни он сол Президенти мамлакат Эмомалї Рањмон њангоми суханронии худ дар тантанањои љумњуриявї, ки дар шањраки Рашт барпо гардид, таъкид намуд: «њамчунин љињати бењтар кардани вазъи соњањои иљтимої, аз љумла маориф, тандурустї, њифзи иљтимої, фарњанг, сохтмони иншооти муњим ва барои дастгирии буљетњои мањаллї аз њисоби маблаѓгузории асосии марказонидашуда ва дигар манбаъњои буљети давлатї дар солњои 2001 – 2005-ум ва нимсолаи аввали соли 2006-ум ба буљети ноњияњои Рашт, Љирѓатол, Нуробод, Тавилдара ва Тољикобод 65 миллион сомонї маблаѓњои маќсаднок људо карда шудаанд»1.

    Маркази тантанањои соли 2007 шањри Кўлоб ба њисоб мерафт, ки он дар як ваќт ба љашни 2700 – солагии ин шањри бостонї мегузашт. Ба њамагон маълум аст, ки дар аввали љанги шањрвандї мардуми ин шањр ва ноњияњои атрофии он на танњо гуруснагї, њатто давраи ќањтиро аз сар гузаронидаанд. Хурсандибахш аст, ки ба муносибати љашни вањдати миллї ин шањри бостонї симои худро тамоман дигар кард, дар шањр биноњои зиёди замонавї ќомат оростанд ва шањр ба боѓу бўстон табдил ёфт.

    Соли 2008 бошад маркази тантанањои љашни Вањдати миллї шањри Ќўрѓонтеппа буд. Дар солњои љанги шањрвандї ин шањри зебо ќариб бо тамоми ноњияњои водии Вахш, ки њамчун «водии зархез» шўњрат пайдо карда буд, ба маркази даргирињои тўлонї табдил ёфта буданд. Талафотњои зиёди љонї харобињо, ѓоратгарињо ва ѓайра ин водиро ба харобазор табдил дода, ќисми зиёди мардумаш гуреза гардида буданд. Ба шарофати вањдати миллї гурезагон ба манзили худ баргаштанд. Шањру дењањо аз сари нав обод гардиданд. Танњо дар шањри Ќўрѓонтеппа, ба муносибати ин љашни бузург 50 иншоотњои хурду бузург сохта шуда, мавриди истифода ќарор гирифтанд. Њамаи ин тантанањо мардуми водиро њидоят мекунад, ки вањдати ба даст овардаро мустањкам пост дошта, барои аз сари нав ба «водии зархез» табдил додани водии худ камари њиммат банданд.

    Дар солњои љанги шањрвандї вилояти Суѓд њарчанд аз амалиётњои љангї дар канор буд, вале он њам чун узви як тан азоб мекашид. Инак, соли 2009 шањри Хуљанди бостонї ба маркази тантанањои љашни Вањдати миллї табдил ёфт. Ба ин муносибат ин шањри зебо боз њам зеботар гардид.

    Оќибати вазнини љанги шањрвандї то ба шањру ноњияњои Кўњистони Бадахшон расида буд. Бинобар њамин њам аз тарафи њукумати љумњурї барои дар ин мулки баландкўњ ташкил намудани тантанањои вањдати миллии соли 2010 зиёда диќќат дода шуд. Аз љумла, дар давоми се соли охир барои рушди вилояти мухторї 870 млн. сомонї харљ гардид.

    Умуман ин њама тантанањое, ки ба муносибати вањдати миллї дар шањру ноњияњои гуногуни љумњурї ташкил карда шуданд, тантанањои оддї набуданд. Балки онњо даъват ба њозирин барои постдорї ва мустањкам намудани вањдати миллї, ба хотири фардо нигаронида шудаанд.

    Новобаста аз он, ки ќариб њамаи мардуми Љумњурии Тољикистон зарурият ва ањамияти вањдати миллиро ба хубї дарк намудаанд, аммо баъзе гурўњ ва шахсони алоњида буданд ва њастанд, ки оромии љумњуриро халалдор мекарданд. Ба ин воќеањои 27 майи соли 2008 дар Кўлоб, ба муќобили гурўњи Сўњроб Лангариев, 15 майи соли 2009 – амалиёти «кўкнор – 2009», моњхои сентябр – декабри соли 2010 дар гурўњи ноњияњои Рашт, ба муќобили гурўњи Мулло Абдулло (Абдулло Рањмонов) ва Алии Бедакї (Аловуддин Давлатов) ва ѓайрањо мисол шуда метавонанд. Ин нохушињо ба мардуми љумњурї њам талафоти молї ва њам љонї оварданд. Чунончї, зарари молии танњо амалиёти якмоњаи љангиёни гурўњи мусаллањи ѓайриќонунї дар гурўњи ноњияњои Рашт ба 4 млн. сомонї (ё худ 900 њазор доллари америкої) расидааст. Нињояд, 3 январи соли 2011 гурўњи Алии Бедакї мањв карда шуд. Њангоми амалиёти љангї 8 нафари фаъолони гурўњ, аз љумла худи ў кушта шуданд ва як нафар аз аъзоёни онњо дастгир гардид.

    Боварї аст, ки дар њудуди љумњурии мо дигар амалиётњои номатлуб рух намедињанд ва њамаи шањрвандони мамлакат бањри мустањкамии вањдати миллї кўшишу ѓайрат менамоянд.
    БОБИ XXI. Дигаргунсозињои иљтимоию иќтисодї дар Љумњурии Тољикистон (солњои 1991 – 2010)
    1   ...   44   45   46   47   48   49   50   51   ...   57


    написать администратору сайта