Главная страница
Навигация по странице:

  • Ќонун «Дар бораи ислоњоти замин».

  • Барњам додани ташкилоту корхонањои кишоварзї

  • Натиљаи ислоњоти соњаи кишоварзї

  • Хољагињои дењќонї (фермерї)

  • Истењсоли мањсулотњои асосии кишоварзї

  • апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов


    Скачать 3.71 Mb.
    НазваниеНамоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
    Дата10.10.2022
    Размер3.71 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01..doc
    ТипДокументы
    #724565
    страница50 из 57
    1   ...   46   47   48   49   50   51   52   53   ...   57
    §2. Вазъи комплекси агросаноатї.

    Ислоњотњои соњаи аграрї.
    Вазъи кишоварзии љумњурї. Тољикистон мамлакати кўњистон ба њисоб меравад. Зеро, 93% - и њудуди онро кўњњо ва ноњияњои кўњї ташкил намуда, њамагї 7%- и заминњояш њамвору корам мебошанд. Соли 1990 њаљми умумии заминњои корами љумњурї 914 њаз. гектарро ташкил мекарданд. Зиёда аз 70% ќувваи фаъоли мењнатии љумњурї бо кишоварзї машѓул буданд. Яъне, инкишофи кишоварзї маънои онро дорад, ки аксари мардуми љумњурї бо љойи кор таъмин мегарданд ва дараљаи зиндагии худро бењтар менамоянд. Аммо зарари љанги шањрвандї барои соњаи кишоварзии љумњурї хеле зиёд буд. Дар баробари талафотњо зиёди љонї, ќисми зиёди намудњои техника, чорвои љамъиятї ѓорат карда шуд, 1393 дењањо хароб гардиданд, 21.483 гектар замини корам аз кор баромад. Зарурияти ислоњоти соњаи аграриро ба инобат гирифта, дар чунин давраи хеле душвор як ќатор ќонун ва њуљљатњои зарурии соњаро ќабул намуданд.

    Ќонун «Дар бораи ислоњоти замин». Зарурияти Ќонун «Дар бораи ислоњоти замин» - ро гузариш ба иќтисодиёти танзими бозорї ва даст кашидан аз низоми наќшавии давлатї ба миён овард. Гузариш ба иќтисодиёти бозорї талаб мекард, ки дар асоси Ќонуни 21 февралии соли 1991, ки дар боло ишора рафт, ба ѓайри давлатигардонї ва хусусигардонии моликият шурўъ намоянд. Бо њамин роњ дар соњаи кишоварзї њам бояд барои ба вуљуд омадани шаклњои гуногуни моликият шароит ба вуљуд оварда мешуд.

    5 марти соли 1992 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ислоњоти замин» ќабул гардид. Ба он 21 июли соли 1994 ва 4 ноябри соли 1995 баъзе иловањо ва таѓйиротњо дароварда шуд. Чуноне дар ин ќонун таъкид мешуд, маќсад ва вазифањои асосии ислоњоти замин дар љумњурї «аз муњайё намудани шароит барои тараќќиёти баробарњуќуќи шаклњои гуногуни хољагидорї дар замин, ташаккули иќтисодиёти бисёрсоња, истифодаи сарфакорона ва њифзи замин иборат буда, маќсадаш зиёд намудани мањсулоти кишоварзї мебошад».

    Дар њамин ќонун самтњои асосии ислоњоти заминро муайян намуда, таъкид мегардад, ки яке аз чунин самтњо ин «додани замин ба соњибии якумрии меросии шањрвандони Љумњурии Тољикистон барои ташкили хољагии дењќонї ва ёрирасони шахсї, боѓдорї, обчакорї, сохтмон ва истифодаи манзил;», «азнавтаќсимкунии замин дар њолатњои такмилдињии колхозњо, ѓайридавлатї ва хусусигардонии савхозњо ва дигар корхонањои давлатї» ба њисоб меравад.

    Ќонуни номбурда зарурияти кодекси нави заминро ба миён овард, то ин ки мувофиќи он шаклњои нави заминдории ба замони иќтисодиёти бозорї љавобгўи ќонунї гардонида шавад.

    Шаклњои замин. Муносибатњои заминдорї дар Тољикистон дар асоси Конститутсияи (Сарќонуни ) љумњурї, кодекси замин ва дигар ќонунњои расмии мамлакат ба танзим дароварда мешавад. Аз љумла, мувофиќи модда 13-и Конститутсияи љумњурї дар мамлакат «замин, сарватњои зеризаминї, об, фазои њвої, олами набототу њайвонот ва дигар боигарии табиї моликияти истисноии давлат мебошад ва давлат истифодаи самараноки онњоро ба манфиати халќ кафолат медињад».

    Албатта шаклу хусусиятњои хоси заминдорї дар кодекси замин васеътар шарњ дода мешавад. Дар мамлакати мо то 14 марти соли 1992 Кодекси замини замони Шўравї амал мекард. Минбаъд, дар замони истиќлолият, мувофиќи шароити Тољикистон, дар ќисмњои дар љумњурии мо амалкунандаи он кодекс, баъзе таѓйироту иловањо дохил карда шуд ва то 13 марти соли 1996 фаъолият кард.

    13 марти соли 1996 Кодекси замини Љумњурии Тољикистон тасдиќ гардид, ки мувофиќи он тамоми заминњои љумњурї, вобаста ба таъиноти маќсаднокашон ба 7 шаклњои (гурўњњои) зерин таќсим шудаанд:

    1) заминњои таъиноти кишоварзї;

    2) заминњои мањалњои ањолинишин (шањрњо, шањракњо ва мањалњои ањолинишини дењот);

    3) заминњои саноат, наќлиёт, алоќа, мудофия ва таъиноти дигар;

    4) заминњои таъиноти њифзи табиат, солимгардонї, рекреатсионї ва таърихию маданї;

    5) заминњои фонди давлатии љангал;

    6) заминњои фонди давлатии об;

    7) заминњои захираи давлатї.

    Аз як шакл (гурўњ) ба шакли (гурўњи) дигар гузаронидани замин дар асоси тартиботи муќаррар намудаи њукумати љумњурї амалї мегардад. Мувофиќи Кодекси номбурда истифодабарандагони замин дар шароити љўмњурї шахсони воќеї ва њуќуќї шуда метавонад.

    «Заминњои Президентї». Дар Љумњурии Тољикистон заминњое, ки мувофиќи фармонњои Президенти љумњурї Э. Рањмон ба шањрвандон њамчун хољагињои ёрирасон таќсим карда доданд, дар байни мардум «заминњои Президентї» ном гирифт. Албатта, ба њама маълум буд, ки маќсади ин фармонњо, бо таќсим карда ба хољагињои алоњидаи хусусї додани замин, дар љумњурї зиёд намудани мањсулоти кишоварзї ба њисоб меравад.

    Фармонњои аввали Президент Э. Рањмон «Дар бораи људо кардани 50 њазор гектар замин барои хољагињои ёрирасони шахсии шањрвандон» 9 октябри соли 1995 имзо гардид. Фармони дуюм 1 декабри соли 1997 бо маќсади људо гардидани боз 25 њазор гектар замин имзо шуд. Яъне, дар асоси њар ду ин фармонњо Президенти љумњурї барои хољагињои ёрирасони шањрвандон њамагї 75 њазор гектар замин људо гардид. Дар асоси њар ду фармонњо ташкилотњои дахлдор аз љумњуриявї то ноњиявї вазифадор карда шуданд, ки то оѓози мавсими корњои бањории соли оянда (яъне, то 1 феврал) миќдори муайяншударо аз заминњои обї ва лалмии корам људо намоянд. Њаљми заминњое, ки људо мешуд, ба тарзи зайл муайян гардида буданд: аз заминњои обї– то 0,15 гектар; аз заминњои лалмї –то 0,50 гектар.

    Ба вуљуд омадани «заминњои Президентї» дар љумњурї аз як тараф ислоњоти аграриро боз њам љуќуртар намуд, аз тарафи дигар барои бењтар гардидани вазъи озуќаворї кўмак расонид.

    Барњам додани ташкилоту корхонањои кишоварзї. Муассисањо ва ташкилотњои кишоварзї, ки дар замони Шўравї вобаста ба хољагињои коллективї ва давлатї (яъне колхозу савхозњо) ташаккул ёфтанд, ба иќтисодиёти замони бозорї љавобгў набуданд. Бинобар њамин њам бо оѓози гузариш ба иќтисодиёти бозорї зарурияти ислоњоти муассисањо ва ташкилотњои кишоварзї ба миён омад. Вале бо сабабњои ноустувории вазъи дохилї, яъне љанги шањрвандї, то миёнаи соли 1996 оиди ин масъала њуљљатњои зарурї ќабул нагардид.

    25 июни соли 1996 фармони Президенти љумњур Э. Рањмон «Дар бораи ислоњоти ташкилоту корхонањои кишоварзї» ба имзо расид. Маќсади асосии ин њуљљат њам самаранок истифода намудани захирањои замину оби љумњур ва зиёд кардани мањсулоти кишоварзї ба њисоб меравад. Барои амалї намудани ин маќсад, дар асоси њамон фармон дар назди Њукумати љумњурї Кумитаи захирањои замин ва заминсозї ташкил карда шуд, ки он минбаъд 14 марти соли 2001 ба Кумиати давлатии заминсозии Љумњурии Тољикстон табдил ёфт.

    Дар ќисми алоњидаи фармони номбурда супориш дода мешуд, ки «ташкилоту корхонањои кишоварзї ба хољагињои дењќонї (фермерї) ва дигар шаклњои ташкилие, ки ба талаботи иќтисоди бозоргонї мувофиќ мебошанд, табдил дода шаванд». Барои амалї намудани талаботњои ин фармон Комиссияи давлатї оиди ислоњоти ташкилоту корхонањои кишоварзї бунёд гардид, инчунин низомнома оиди амалии ин ислоњот ќабул карда шуд.

    Дар Низомномаи ислоњоти ташкилоту корхонањои кишоварзї, ки 25 июни соли 1996 ќабул гардид, ба он 15 апрели соли 2003 ва 15 апрели соли 2004 таѓйиротњо ворид карда шуд, роњњои ислоњот таъкид гардидааст. Аз љумла, дар боби 3 – юми Низомнома таъкид карда шудааст, ки «корхонањо бо хоњиши аъзои коллективњои мењнатї метавонанд ба хољагињои дењќонї (фермерї), коллективї ё корхонањои муштарак, кооперативњо, љамъятњои сањомї, рафоќату ассотсиатсияњо, ки ба истењсоли кишоварзї, коркарди мањсулоти кишоварзї, инчунин хизматрасонии агросервисї, таъминот, фурўш ва ѓайрањо таъмин мекунанд, табдил дода шаванд». Инчунин таъкид гардидааст, ки «агар маљлисњои коллективњои мењнатии корхонањо дар хусуси нигоњ доштани шакли пештараи хољагидориашон ќарор ќабул намояд, онњо аз нав ба ќайд гирифта шуда, мутобиќи ќонунгозории љорї ба онњо замин вобаста карда мешавад».

    Фармони Президенти љумњур аз 25 июни соли 1996 ва Низомномаи ба он дахлдор, барои минбаъда васеъ гардидани ислоњоти замин як таккони љидие гардид. Минбаъд бањри амалї намудани ин ислоњот фармонњои дигар њам бароварда шуданд. Аз љумла, мувофиќи фармони 27 июли соли 1998 барои соњибони замин њамчун њуљљати расмї «Сертификати њуќуќи истифодаи замин ва Шањодатнома ба сањми замин» пешнињод гардид.

    Ба маќсади васеъ намудани ислоњот дар соњаи аграрї 9 июни соли 1999 фармони дигари Президент баромада буд, ки дар асоси он то 30 марти соли 2000 ислоњоти 160 ташкилоту корхонањои кишоварзї дар назар дошта мешуд. Фармони 2 феврали соли 2001 талаб мекард, ки то 31 декабри њамон сол боз ислоњоти ташкилоту корхонањои кишоварзиро гузаронанд. Дар асоси Ќарори Њукумати љумњурї аз 1 октябри соли 2002 талаб карда мешуд, ки то 31 декабри соли 2005 давра ба давра таљдиди сохтори 225 ташкилоту корхонањои кишоварзиро бояд таъмин карда, мувофиќи тартиботи муќарраршуда, ба љои онњо хољагињои ѓайридавлатї, аз он љумла хољагињои дењќонї (фермерї), ё худ дигар шаклњои хољагидориро, мувофиќи наќшаи пешнињод гардида ташкил намоянд.

    Њамин тавр, дар љумњурї баъди фармони 25 июни соли 1996 колхозу савхозњо, ки хоси љамъияти сотсиалистї буданд, давра ба давра барњам дода шуданд. Соли 2008 дар љумњурї њамагї 1 адад колхоз ва 7 адад совхоз монда, аз соли 2007 боз межхозњо вуљуд надоранд.

    Аммо њангоми хусусигардонии корхонањои кишоварзї ба камбудињои зиёд роњ дода шуд. Пеш аз њама то расидани маъракаи ислоњот, аниќтараш то барњам додани колхозу савхозњо, дар аксари чунин хољагињо молу мулки онњо, махсусан техника, чорво ва ѓайра баъзан ѓорат карда шудаанд, ё худ бо нархи ночиз фурўхта шудаанд.

    Натиљаи ислоњоти соњаи кишоварзї. Дигаргунсозињое, ки дар соњаи аграрии љумњурї гузаронида шуд, тамоми љабњањои ин соњаро дар бар гирифт. Дар натиљаи ислоњотњои пай дар пай колхозњо, савхозњо ва межхозњо оњиста – оњиста маќоми худро аз даст доданд ва дар шароити мамлакат шакли нави хољагидорї – хољагии дењќонї (фермерї) ба вуљуд омада, инкишоф ёфт.

    Дар соњаи аграрии Тољикистон солњои 1991 – 2000 давраи аввали гузариш ба иќтисодиёти бозорї ба њисоб меравад. Дар ин давр дар натиљаи ислоњотњои махсусан оид ба замин гузаронидашуда, шакли истифодаи замин ба кўллї таѓйир ёфт. Масалан, соли 1991 њиссаи замини ташкилоту корхонањои кишоварзї 95,3% ва хољагињои наздињавлигї бошад 4,7% - ро ташкил медоданд. Соли 2000 – ум хољагињои шахсии ањолї то 24,2% зиёд гардид. Хољагињои дењќонї (фермерї), ки соли 1991 њоло дар амал вуљуд надошт ва соли 1992 њамагї 0,1% - ро ташкил медод, соли 2000 – ум њиссаи заминаш то 15,% расид. Солњои 2009 – 2010 бошад њиссаи асосии замини корам дар ихтиёри онњо буд. Хољагињои шахсии ёрирасони ањолї бештар дар мањаллањои наздишањрї инкишоф ёфтанд.

    Ислоњоти соњаи аграрї дар љумњурї масъалањои зиёдро ба миён овард. Зеро, дар замони Шўравї колхозу савхозњо ва межхозњо сари ваќт аз тарафи давлат бо маблаѓ, техника, нурињои минералї, кадрњои зарурї ва ѓайра таъмин карда мешуд. Акнун чунин хољагињоро барњам доданд ва ба љои онњо њазорњо хољагињои хурди дењќонї ба вуљуд омад. Як ќисми хољагињои дењќонї тавонистанд дар шароити нав њам ба мувафаќиятњо ноил гарданд. Вале аксари хољагињои дењќонї ба мушкилоти зиёде гирифтор шуданд.

    Хољагињои дењќонї (фермерї). Њарчанд дар љумњурї барои бунёди хољагињои дењќонї имконият аз соли 1990 буд, вале оѓози таъсиси он ба соли 1992 хос аст. Аммо то соли 1996 суръати ташкилшавии чунин хољагињо хело суст буд. Аз љумла, дар њамин давр дар њудуди ноњияњои водии Вахш њамагї 68 адад хољагињои дењќонї ташкил шуданду халос. Њамон ваќт замини дар ихтиёри онњо гузашта 0,7% заминњои корамро ташкил медод. Дар њамон давр суръати ташкилёбии чунин хољагињо дар ВМКБ зиёдтар буд. 1 июни соли 1995 дар ин мулкњо хољагињои дењќонї ба 947 адад расид. Замини дар ихтиёри онњо гузашта 2253 гектар, ё худ 14% заминњои корами вилояти мухториро ташкил медод. Сабаби мањз дар ин давр, дар вилояти мухторї зиёд ташкил ёфтани хољагињои дењќонї дар он аст, ки чунин хољагињо аз тарафи фонди Оѓохони IV аз њар љињат кўмаку дастгирї медиданд. Аз љумла ин фонд дењќононро бо тухмї, маводњои сўхт, нурињои минералї таъмин менамуд. Фонд инчунин савхозњоро њавасманд менамуд, ки заминњои бекорхобидаро ба дењќонон, ба мўњлати дароз иљора дињанд.

    Агар суръати ба вуљуд омадан ва афзудани хољагињои дењќонї (фермерї) – ро дар њудуди љумњурї тањлил намоем, пас дар њаќиќат дар аввал бунёди онњо хело суст буд. Масалан, соли 1992 адади умумии онњо дар љумњурї 31 хољагї бошад, пас соли 1993 њамагї ба 35 хољагї расид. Яъне, дар муддати як сол њамагї 4 адад хољагињои дењќонї зиёд шудаанду халос. Вале суръати афзоиши онњо дар солњои 1995, 1997, 1998, 2000, 2002, 2005 хеле зиёд буд. Адади умумии онњо соли 2005 ба 23101 хољагї расид, замини дар ихтиёрашон гузашта 2.380,6 хазор гектар буда, ба њисоби миёна 103,1 гектарро ташкил менамояд. Албатта ќисми ками ин заминњо обї буда, ќисми зиёдро заминњои лалмї, махсусан талу теппањо ташкил менамоянд.

    Дар Тољикистон Ќонун «Дар бораи хољагињои дењќонї (фермерї)» хеле дер, 10 майи соли 2002 ќабул гардид. Дар моддаи 3 – юми он мафњуми хољагии дењќонї (фермерї) ба тарзи зайл муайян карда шудааст: «Хољагии дењќонї (фермерї) (минбаъд – хољагии дењќонї) субъекти хољагидории мустаќилест, ки фаъолияти худро бе таъсиси шахси њуќуќї амалї гардонида, ба мењнати шахсии як нафар ё аъзои оила, шахсони дигар, ки мањсулоти кишоварзиро якљоя истењсол мекунанд, асос ёфта, заминаи онро ќитъаи замин ва амволи дигари ба аъзои хољагии дењќонї тааллуќ дошта ташкил медињад».

    Ќонун ба дењќонон њуќуќ медињад, ки шаклњои зерини хољагиро бунёд кунанд: 1) хољагии дењќоние, ки ба соњибкории инфиродї асос ёфтааст; 2) хољагии дењќоние, ки дар он фаъолияти соњибкорї дар шакли соњибкории оилавї сурат мегирад ва он дар заминаи моликияти якљоя аст; 3) хољагии дењќоние, ки дар шакли оддї дар заминаи моликияти умумии њиссагї ташкил шудааст ва ба шартномаи фаъолияти якљоя асос ёфтааст. Шахсоне, ки дар хољагии дењќонї аз рўи шартнома кор мекунанд, ба њайати он хољагї дохил намешаванд.

    Умуман ќонуни 10 майи соли 2003 аз њар љињат фаъолияти хољагињои дењќонї (фермерї) – ро дар љумњурї муайян намуд. Миќдори хољагињои дењќонї (фермерї) бошад дар мамлакат сол аз сол меафзуд. Чунончї, агар соли 2004 шумораи умумии онњо 19416 ададро ташкил намоянд, пас соли 2006 ба 24901, соли 2008 ба 30802 ва соли 2010 ба 32 њазор адад расид.

    Техникаи кишоварзї. Њељ љои шубња нест, ки дар широити имрўза зиёдшавии мањсулоти кишоварзї аз њолати бо техника ва нурињои минералї таъмин будани ин соња сахт вобастагї дорад. Аммо њолати бо техникаи замонавї таъмин будани кишоварзони љумњурї хело ташвишовар аст. Барои муќоиса ба далелњои зерин менигарем: соли 1990, яъне охири мављудияти Иттињоди Шўравї, дар Љумњурии Тољикистон миќдори умумии тракторњо – 37.537 адад буда, 85%-и онњо коршоям буданд. Соли 2002 миќдори умумии таркторњо – 22.792 адад буда, 45%-и онњо коршоям буданду халос. Яъне, ин далелњо аз он гувоњї медињанд, ки соли 2002 нисбат ба соли 1990 миќдори камшавии умумии траторњо ќариб 1,7 баробар, миќдори тракторњои коршоям бошад ќариб ду баробар кам шудаанд. Аввали соли 2005 бошад дар љумњурї њамагї зиёда аз 11 њазор тракторњои коршоям ба ќайд гирифта шудаанд, ки мўњлати фаъолияти онњо њам ба љои 10 соли муайяншуда 25 – 30 сол мебошад. Бо њамин сабаб, дар љумњурї, аз љумла шудгори замин, ба љои 10 – 20 рўз, дар 1 – 2 моњ мегузаранд. Ба ѓайр аз ин шудгори замин ба љои 30 – 40 сантиметри зарурї, њамагї 15 – 20 сантиметр гузаронида мешаваду халос. Бегуфтугў чунин њолати коркарди замин ба хосилнокии он таъсири манфї мерасонад.

    Бо маќсади бо техникаи зарурї таъмин намудани кишоварзон соли 2007 Корхонаи воњиди давлатии «Тољикагролизинг» таъсис ёфт. Маќсади асосии ин корхона ба воситаи иљораи молиявї (лизинг), новобаста аз шакли моликият, ќонеъ гардонидани талаботи кишоварзон бо техникаи кишоварзї, ќисмњои эњтиётї, кору хизматрасонии техникї дар асоси тиљорат ба њисоб меравад. Бо њамин маќсад аз њамон сол марказњои хизматрасонии техникї (МХТ) бунёд гардидаанд, ки шумораи умумии онњо то аввали соли 2010 дар шањру ноњияњои љумњурї ба 24 адад расидааст. Дењќонон аз КВД «Тољикагролизинг» дар асоси шартномаи лизингї, бо пешпардохти 20%-и ќиммати аслї соњиби васитаи техникї гардида, маблаѓи боќимондаро дар муддати аз се то панљ соли минбаъда мепардозанд.

    Аммо амалиёти лизингї њам то ба имрўз чандон њолати техникии кишоварзонро таѓйир надод. Зеро, аксари хољагињои кишоварзон имконияти пешпардохти 20%-ро њам надоранд. Дар љумњурї аз соли 2004 сар карда сол аз сол адади тракторњо боз кам шуд. Аз љумла, миќдори умумии онњо соли 2003 – 22162 адад, соли 2004 – 21150 адад, соли 2005 – 19947 адад, соли 2006 – 18839 адад, соли 2007 – 17295 адад ва соли 2008 – 15951 ададро ташкил додаанд. То 1 июли соли 2010 дар ихтиёри кишоварзон 14015 адад тракторњои гуногунтамѓа мављуд буд, ки аз онњо 9179 адад, ё худ 65% коршоям мебошанду халос.

    Далелњои овардашуда аз он гувоњї медињанд, ки имрўзњо барои аксарияти хољагињои дењќонї (фермерї) техникаи нави кишоварзї, бо сабаби гаронии нархашон дастнорас аст. Техникаи кўњнаи кишоварзї њам, ки на ба њамаи чунин хољагињо расидааст, бо сабаби гаронии нархи таљњизот, маводи сўхт, равѓанњои молиданї, ба тарзи зарурї истифода намешавад. Бо њамин сабабњо бисёре аз дењќонон дар хољагињои худ техникаи бобої – сохтику мола ва ќувваи гову аспро ба кор даровардаанд, ки њељ гоњ техникаи пешќадами кишоварзиро иваз карда наметавонанд.

    Њолати низоми обёрї. Соњаи дигаре, ки кишоварзї аз он сахт вобастагї доранд, ин низоми обёрї мебошад. Дар шароити љумњурии мо низоми обёрї тамоми сохтмонњои обёрикунанда: каналњо, дюкерњо, насосњо, зањбурњо ва ѓайрањоро дар бар мегирад. Мувофиќи маълимотњо дар љумњурї аз замони шўравї 2400 истгоњњои насосї мављуд буда, 40% заминњои корам бо тарзи обёрии мошинї обшор карда мешуданд. Мураккабии масъала дар ин соња дар он аст, ки аз 448 истгоњњои бузурги насосї 127 ададашон, ё худ 30% истгоњњои каскадї буда, онњо обро ба 5 – 7 зина боло, ба баландии 250 – 300 метр мебароранд. Фаъолияти мунтазами њамаи онњо маблаѓї зиёдро талаб мекунад. Аммо, дар муддати солњои 1992 – 2001, барои нигоњдории низоми обёрии љумњурї њамагї 5 – 6% - и маблаѓи муайяншударо људо кардаанду халос. Њол он ки 30% - и низоми обёрии мамлакат таъмирталаб буданд.

    Дар натиља дар љумњурї аз як тараф нарасидаин об ба киштзорњо таъсири манфї расонад, аз тарафи дигар, нодуруст ё худ аз меъёр зиёд истифода гардидани об њам зараровар аст. Масалан, мањз нодуруст истифода гардидани об сабабгори боло гирифтани обњои зеризаминї, аз љумла обњои намакнок шудаанд. Бинобар ин дар љумњурии камзамини мо њаљми заминњои шўр сол аз сол зиёд мегардад. Чунончї, агар соли 1990 миќдори чунин заминњо 106,8 њазор гектар бошад, пас соли 1999 ин ба 145,3 њазор гектар расидааст. Сабаби дигари боло баромадани обњои зеризаминї ин хароб гардидани зањбурњо, ё худ умуман набудани онњо мебошанд, ки минбаъд њукумати љумњурї барои ислоњи онњо ањамияти љиддї дод.

    Муњољирати дохилї. Дар Љумњурии Тољикистон дар замони истиќлолият њам, мисли пештара муњољирати дохилии ањолї идома дошт ва онро ба ду давр таќсим кандан мумкин аст: 1) то соли 2002 ва 2) баъди соли 2002. Фарќияти ин даврањо дар он аст, ки дар давраи аввал муњољирати дохилї, албатта бо сабаби љанги шањрвандї, асосан ба тарзи – стихиявї сурат мегирифт. Зеро, дар солњои љанги шањрвандї, аз он ноњияњое, ки алангаи љанг фаро гирифта буд, махсусан аз ноњияњои водии Вахш, як ќисми мардум маљбур шуда буданд, ки ба ноњияњои вилояти Суѓд, гурўњи ноњияњои Кўлоб, бештар ба Душанбе муњољират намоянд. Як ќисми онњо, ба манзилњои бобоии худ, ба ноњияњои кўњї, ки як ваќтњо муњољир карда шуда буданд, аз сари нав кўчида рафтанд. Дар натиља, дар њамин давр азхудкунии заминњои бекорхобидаи ноњияњои кўњї хеле ављ гирифт.

    Дар давраи дуюм муњољирати наќшавии дохилї хос аст. Дар ин давр њукумати љумњурї ба наќша гирифта буд, ки дар ноњияњои Носири Хусрав (собиќ ноњияи Бишкент) 9380 гектар заминњои бекорхобидаро ба кор дарорад. Оиди ин масъала 5 сентябри соли 2002 њукумати љумњумрї ќарорро «Дар бораи барномаи аз нав барќарор намудан ва инкишоф додани иќтисодиёт ва иљтимоиёти ноњияи Бишкенти вилояти Хатлон дар солњои 2003 - 2007» ќабул намуд. Мувофиќи ин барнома дар давраи аввал аз ноњияњои Роштќалъа, Шўрообод, Кўлоб ва Исфара 375 оила (1751 нафар) кўчонида оварда шуданд. Онњоро дар љойњои муайяншуда ва хонањои сохта љойгир намуда, ба њар оила 0,30 гектар замини корам ва 1500 сомонї ќарзи дарозмуддати имтиёзнок доданд.

    Соли 2005 ба ноњияи Носири Хусрав боз 579 оила аз ноњияњои Шањритус, Љилликул, Восеъ, Бохтар ва ѓайра кўчида омаданд. Ба онњо њам дар њаљми 0,30 гектар замини корам људо карда шуд. Аммо аксари ин гурўњи муњољирон, бо ќувваи худ, бо кўмаки њокимияти мањаллї, љамоатњо ва ѓайра хонањои истиќоматї бунёд карданд.

    Вале нисбати муњољирон на њамаи супоришњо иљро гардиданд. Аз љумла, дар шањрчаи навбунёди муњољирон – Фирўза, бо сабаби набудани оби нўшокї, боло гирифтани оби зеризаминї ва ѓайра боиси норозигии муњољирон гардид. Дар натиља, аз миќдори умумии муњиљирони ин ноњия 143 оила ба манзили аввалаашон баргаштанд.

    Бо сабаби суръати тоза гирифтани сохтмони НБО Роѓун – оиди аз минтаќаи зериобмонии ин нерўгоњ кўчонидани ањолии Роѓун ва ноњияи Нуробод ќарори њукумати љумњурї ќабул гардида буд. Мутобиќи ин ќарор дар соли 2009 аз ноњияи Нуробод ва шањри Роѓун 192 оила ба шањри Данѓара, 296 оила ба шањри Турсунзода, 112 оила ба минтаќањои дигари ноњияњои Нуробод, љамъ 600 оила кўчонида шуданд. Ба ѓайр аз ин 176 оила аз ноњияи Нуробод ба ноњияи Рўдакї аллакай кўчонида шудаанд.

    Истењсоли мањсулотњои асосии кишоварзї. Дар соњаи аграрии Тољикистон истењсоли пахта, ѓалла, картошка ва ѓайра маќоми асосиро ишѓол менамоянд. Соли 2009 дар соњаи кишоварзии љумњурї, ба љуз соњаи пахтакорї, соли бобарор ба њисоб меравад. Дар ин сол њаљми умумии мањсулоти кишоварзї дар њамаи шаклњои хољагидорї 7 млрд 900 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2008 – 10% зиёд аст. Агар дар ин сол дар љумњурї 18.100 гектар заминњои корам, ки кишт нашуда монд, кишт карда мешуд, даромаднокии ин соња боз њам меафзуд.

    Њолати дигаре, ки ба инкишофи мањсулоти кишоварзон зарар мерасонад, ин дар солњои охир пањн гардидани малахњои зараррасон мебошад. Њукумати љумњурї 30 ноябри соли 2007 њатто корхонаи воњиди давлатии «Мубориза бар зидди малах»-ро ташкил дод. Майдонњои умумии пањнгаштаи малахњо соли 2008 – 115688 гектар ва соли 2009 104.344 гектарро ташкил доданд. Аз ин миќдор, соли аввал 107,712 гектар, соли дигар 93.268 гектарро коркарди кимиёвии зидди малах гузаронидаанд. Ин далел аз он гувоњї медињад, ки сабаби дар соли 2009 пурра коркарди кимиёвї нашудани заминњои малахдор, мубориза ба муќобили онњо соли соли 2010 низ идома ёфт.

    Дар замони Шўравї Тољикистон яке аз љумњурињои асосии истењсолкунандаи пахта ба њисоб мерафт. Мањз дар натиљаи баланд бардоштани њосилнокии мењнат, аз худ намудани заминњои нав ва ѓайрањо соли 1980 истењсоли пахта дар љумњурї аввалин бор аз як миллион тонна гузашт. Њосилнокии пахта он сол аз њар гектар 32,8 сентнерро ташкил дод. Вале минбаъд љумњурї аз љињати истењсоли пахта ва њосилнокии он њељ ба нуќтаи соли 1980 расида натавонист ва истењсоли ин махсулот сол аз сол кам мешуд. Масалан, соли 1990 дар љумњурї – 842,2 њазор тонна (њосилноки 27,6 сентнер) ташкил доду халос. Аз соли 1992, бо сабаби љанги шањрвандї, истењсоли пахта дар љумњурї сол аз сол кам шудан гирифт. Масалан, агар соли 1992 дар љумњурї 513, 2 њазор тонна пахта (аз њар гектар – 18,0 сентнер) истењсол карда шуда бошад, пас соли 1999 – 313,1 њазор тонна (њосилнокї – 12,7 сентнер) истењсол карда шуд. Яъне, дар љумњурї дар замони истиќлолият, ба љуз соли 2009, соли 1999 дар истењсоли пахта соли пастарин ба њисоб меравад. Танњо аз соли 2000-ум дар љумњурї истењсоли пахта зиёд шуд ва соли 2004 то 556,8 њазор тонна (аз њар гектар 19,1 сентнерї) расид. Вале солњои 2005 истењсоли пахта дар љумњурї боз кам шуд. Аз љумла соли 2005 - 447,9 њазор тонна, соли 2006 – 437,9 њазор тонна, соли 2007 – 419,8 њазор тонна, соли 2008 – 353,1 њазор тонна пахта истењсол карда шуд. Соли 2009 истењсоли пахта боз њам камтар – 296 њазор тоннаро ташкил доду халос. Ин аз солњои 50 - ўми асри ХХ дар соњаи пахта њаљми истењсол ва њосилнокии пастарин ба њисоб меравад.

    Сабабњои асосии кам шудани истењсоли пахта, чуноне таъкид шуд, нарасидани техникаи замонавии кишоварзї ва гаронии нархи онњо, гаронии нархи маводњои сўхт, нурињои минералї, паст шудани њавасмандии дењќони пахтакор, паст шудани њолатњои милеоративии замин, гаронии ќарз ва ѓайрањо ба њисоб мераванд. Бинобар њамин њам дар муддати солњои 1992 – 2006 њосилнокии пахта аз њар гектар аз 12,7 то 19,3 сентнерро ташкил мекунанду халос.

    Мањсулоти дигаре, ки истењсолаш дар љумњурї сол аз сол маќоми асосиро ишѓол мекунад, ин ѓалла ба њисоб меравад. Зеро, дар замони Иттињоди Шўравї, бо сабаби ба яке аз маконњои пахтаи Иттифоќ табдил ёфтани љумњурї, зарурияти ѓаллаи љумњурии мо аз њисоби Иттифоќ таъмин мегардид. Акнун, баробари барњам додани Иттињоди Шўравї чунин таќсимот аз байн рафт. Њар як љумњурии соњибистиќлол бояд худаш ѓами таъминоти ањолиашро низ бояд мехўрд.

    Баъди истиќлолияти давлатии Тољикистон, аз дараљаи истењсоли ѓаллаю ѓалладонаи мамлакат бехатарии озуќаворї сахт вобастагї дошт. Агар ба далелњо назар афканем, дар ин соња вазъи мамлакати мо дар аввалњои замони истиќлолиятт хеле душвор буд. Масалан, мувофиќи нишондоди олимон дараљаи талабот ба ѓалла дар љумњурии мо ба 1,5 млн тонна баробар аст. Аз ин 1 млн. тонна барои хўрокворї ва 500 њазор тонна барои хўроки чорво муайян шудааст. Аммо соли 1994 дар љумњурї њамагї 220 њазор тонна ѓалла истењсол карда шуду халос, ки ин дараљаи камтарин ба њисоб меравад ва њосилнокї њам дар он сол аз њар гектар то 9 сентнерї расида буд. Њол он ки дар љумњурї соли 1990 – 318 њазор тонна ва 1991 – 304,3 њазор тонна ѓалла истењсол карда шуда буд. Бегуфтугў ба чунин њолат таъсири љанги шањрвандї бештар дида мешавад.

    Дар истењсоли ѓалла љумњурї аз соли 1996 нисбатан рў ба бењбудї нињод. Дар ин сол 548,2 њазор тонна, соли 2002 - 700,7 њазор тонна, соли 2005 - 934.9 њазор тонна ѓалла истењсол карда шуд. Соли 2009 дар љумњурї 20% аз њисоби заминњои кишти пахта кам карда, бештар ѓалла кишт карда шуд. Дар натиља, дар ин сол майдони кишти ѓалладона ба 360 њазор гектар расид. Ин њама имконият дод, ки дар ин сол бори аввал 1294,5 млн. тонна ѓалладона истењсол карда шавад.

    Дар замони истиќлолияти давлатии љумњурї соњаи картошкапарварї њам ба мувафаќиятњо ноил гардид. Пўшида нест, ки дар замони мављудияти Иттињоди Шўравї як њиссаи талаботи ањолии љумњурии мо њам аз њисоби картошкаи Русия таъмин карда мешуд. Новобаста аз ин, дар љумњурї соли 1990 – 207,0 њазор картошка истењсол карда шуд. Њосилнокї бошад дар он сол аз њар як гектар 143,4 сентнериро ташкил дод.

    Ба зарурияти картошкапарварї нигоњ накарда, дар солњои љанги шањрвандї ин соња њам то соли 1996 рў ба пастравї нињод. Аз љумла соли 1996 дар љумњурї њамагї 107,7 њазор тонна картошка истењсол карда шуд, ки ин њосили камтарин дар замони истиќлолияти мамлакат ба њисоб меравад. Њосилнокї бошад дар ин сол 102,0 сентнерро ташкил дода буд. Аз соли 1997 истењсоли картошка дар љумњурї сол аз сол зиёд шуд ва соли 2005 555,0 њазор тонна, соли 2008 – 679,8 њазор тонна ва соли 2009 - 690,8 њазор тонна картошка расид.

    Чорводорї дар шароити Тољикистон яке аз соњаи сердаромад шуда метавонад. Зеро, шароити кўњї ва серобии мамлакат барои ин соња имконияти хело ќулайро муњайё намудаанд. Аммо ба њамаи ин нигоњ накарда ин соња њанўз њам талаботи рўзафзуни мардумро бо гўшт ва мањсулоти ширї таъмин карда наметавонад.

    Љанги шањрвандї ба соњаи чорводории љумњурї њам зарари калон овард. Масалан, агар саршумори гўсфандон соли 1990 – 2461,8 њазор сарро ташкил намояд, пас он соли 2000 – ум то 1472,2 њазор сар кам шуд. Яъне, саршумори гўсфанд дар муддати 10 сол зиёда аз 1 млн сар кам шудааст. Саршумори буз бошад, соли 1990 – 830,1 њазор сар буд ва соли 1998, ки соли пастарини ин соња аст, то 667,6 њазор сар кам шуд. Чорвои калони шохдор соли 1990 – 1351,5 њазор сарро ташкил медод ва соли 2000 то 1036,7 њазор сар паст фаромад.

    Соли 2005 саршумори чорвои калони шахдор ба 1371,9 њазор сар расид, ки ин на танњо ба дараљаи соли 1990 расид, балки аз он њам каме зиёд аст. Саршумори гўсфанд бошад ба 1893,4 њазор сар расид, ки ин нисбат ба соли 1990 њанўз хело кам аст. Танњо саршумори буз хело зиёд шуда, соли 2005 ба 1160,2 њазор сар расид. Соли 2008 саршумори чорвои калон ба 1.799,5 њазор сар, гўсфанд ба 1.568,1 њазор сар ва соли 2009 бошад саршумори чорвои калон ба 1830 њазор сар, гўсфанд ба 2617,3 њазор сар расид. Яъне, чуноне ин далелњо нишон медињанд, њар се соњаи асосии чорводорї ба дараљаи соли 1990 расида, аз он њам гузаштааст.

    Дар солњои љанги шањрванди сохаи паррандапарварї то ба њолати нестшавї расида буд. Чунончї, агар соли 1990 дар љумњурї – 7.516,3 њазор сар парранда ба ќайд гирифта шуда бошад, пас он соли 1997, ки дар ин соња соли пасттарин ба њисоб меравад, то 198,0 њазор сар кам шуд. Аз соли 1998 сар карда паррандапарварї дар љумњурї каме љоннок шуда, ба зиёдшавї рў нињод. Нињоят, соли 2005 саршумори парранда дар љумњурї ба 2.451,2 њазор сар расид, ки ин ќариб 33%-и саршумори соли 1990–умро ташкил менамояд. Соли 2008 он ба 3.682,9 њазор сар соли 2009 бошад ба 3938,5 њазор сар расид. Ин ќариб ба нисфи саршумори паррандаи соли 1990 баробар аст.
    1   ...   46   47   48   49   50   51   52   53   ...   57


    написать администратору сайта