апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
Скачать 3.71 Mb.
|
§8. Инкишофи низоми ќарздињї Зарурияти ќарзи хурд дар шароити нав. Дар натиљаи дар љумњурї гузаронидани ислоњотњои иќтисодї, махсусан хусусигардонии моликияти давлатї, дар мамлакат соњибкорї, аз љумла хољагињои дењќонї (фермерї) ба вуљуд омада, инкишоф ёфт. Аксари онњо хољагињои хурд ба њисоб мерафтанд. Аз љумла, чуноне дар бандњои боло ишора рафт, масалан ба љои 500 адад колхозњо, савхозњо, межхозњо, аввали соли 2010 зиёда аз 30 њазор адад хољагињои алоњидаи дењќонї (фермерї) ба вуљуд омадаанд. Умуман шумораи соњибкорони хурду миёна дар ин давр ба 130 њазор нафар расидаанд. Дар замони Шўравї чї корхонањои саноатї ва чї колхозу совхозњо, межхозњо ва ѓайра аз тарафи давлат маблаѓгузорї карда мешуд. Акнун, дар давраи нав, на танњо чунин хољагињои калон аз байн рафтанд, балки маблаѓгузории давлатї њам ќариб ќать гардид. Аммо соњибкорон, махсусан соњибкорони хурд, аз љумла хољагињои (фермерї) хељ имконият надоранд, ки бе ќарз хољагињои худро пеш баранд. Бо сабаби он ки худи онњо хољагињои хурд ба њисоб мераванд, бинобар ин барояшон ќарзи хурд лозим аст. Мањз чунин њолатро ба инобат гирифта, дар ин самт аввалин шуда баъзе бонкњо иќдом нишон додаанд. Масалан, хизмати аз тарафи бонкњо маблаѓгузорї намудани хољагињои дењќонї (фермерї) њанўз соли 1988 оѓоз гардид. Он сол бонки давлатии Амонатбонк ба ин кор аввалин шуда шурўъ кард ва минбаъд њаљми ќарзи додаи он сол аз сол зиёд шуд. Чунончї, агар ин бонк њамон сол ба миќдори 31 млн. сўм ќарз дода бошад, пас соли 1990 - 37 млн., соли 1993 - 395 млн. сўм ќарз додааст. Дар Тољикистон аз соли 1993 сар карда шакли нави ќарз - ќарзи бефоиз барои фирориёнї бозгашта пешнињод гардид. Чунин ќарзро Бонки Миллии Тољикистон, Ориёнбонк, Шарќ (њоло Агроинвестбонк), Тољикбонкбизнес (ин бонк барњам хўрд) ва Фанонбонк медоданд. Умуман чунин ќарзро 5797 нафар, ба маблаѓи умумии 1426 млн. сўм гирифтаанд. Бонкњои сањомии Тољикистон бештар барои додани ќарзи кўтоњмуддат (ба мўњлати то 1 моњ) њавасманд буданд. Чунин ќарз эњтиёљоти истењслкунандагони хурд, аз љумла дењќонон - фермерњоро бароварда наметавонад. Ќарзи кўтоњмуддат асосан талаботи онњоеро, ки бо тиљорат машѓул буданд, иљро карда метавонист. Ба ѓайр аз њамаи ин фоизи баланде, ки (аз 18 то 36%) бонкњо ба ивази ќарз талаб мекарданд, ба истењсолкунандагони хурд чандон фоидаовар ба њисоб намеравад. Аммо новобаста ба ин, аз тарафи бонкњо бевосита бо ќарз таъмин намудани хољагињои хурду миёна ѓайриимкон гардид. Дар натиља аппарати миёнаравњо аз сари нав ба миён омад. Дигаргуншавии аппарати миёнаравњо. Аппарати миёнаравњо дар таърихи мардуми Осиёи Миёна нав нест. Њанўз њангоми мустамликаи Русияи подшоњї будани ин сарзамин дар байни ташкилотњои бонкї ва истењсолкунандагони хурд: дењќонон, косибон ва њунармандон њамин гуна аппарат мављуд буд, ки дар бораи он дар ќисмњои гузашта маълумот додем. Аммо дар љумњўрии соњибистиќлолии мо њамон низоми ќарздињии ба воситаи миёнаравњо, ки таърихи худи мо онро мањкум карда буд, боз такрор барќарор намуданд. Аппарати миёнаравњоро дар давраи нав инњо ташкил медоданд: маблаѓгузори асосї - Бонки Миллї - бонки миёнарав - маблаѓгузори мањаллї - ассотсиатсияи хољагии дењќонон ва нињоят - хољагии дењќонї (фермерї). Яъне, бо чунин низом ќарзи барои истењсолкунандагони хурд муайяншуда њељ гоњ бевосита дастраси онњо намешавад. Баръакс, зина ба зина фоизи ќарз зиёд гардида, нињоят бо фоизи баланди харобиовар (барои як моњ - 3%, барои як сол - 36%) дастраси истењсолкунандагони хурд, аз љумла дењќонони пахтакор мегардид. Дар таърихи навини тољикон чунин ќарз бо номи «шартномаи фючерсї» маълум аст. Шартномаи фючерсї. Шартномаи фючерсї («фючерс» калимаи англисї буда, маъної пешакї харидани мањсулотро дорад) дар шароити љумњурии мо аз соли 1996 оѓоз гардид. Мањз моњи апрели он сол ќарори њукумати љумњурї оиди истифода бурдани чунин шартнома њангоми хариду фурўши мањсулотњои кишоварзон баромад. Дар натиља, аз њамон соли 1996 сар карда то соли 2008 миёнаравњои мањаллї бо дењќонони пахтакор, яъне хољагии дењќонї (фермерї) шартнома имзо намуда, дењќононро ўњдадор менамуданд, ки ба ивази ќарзи гирифтаашон (албатта бо фоизи баланд), ба миќдори муайяншуда пахта супоранд. Масалан, маблаѓи умумии чунин ќарз (бо доллари америкої), солњои 1996 - 60 млн., соли 1997 - 65,2 млн., соли 1999 - 75,5 млн., соли 2002 - 85 миллионро ташкил намуд. Наќшаи муайяншудаи истењсоли пахта, ки иљро намешуд, ќарз сол аз сол ба гардани дењќони пахтакор зам мегардид. Масалан, агар 1 январи соли 2002 ќарзи дењќонони пахтакори љумњурї 171,2 млн. доллари америкоиро ташкил дода башад, пас он тобистони соли 2006 ба 300 млн. доллар ва соли 2008 ба 548 млн., бо њар гуна пения ва љаримањо ба 702 млн. доллари америкої расида буд. Њамин тавр ќарздињї бо усули фючерсї ањволи махсусан дењќонони пахтакорро рўз аз рўз вазнинтар кард. Аз январи соли 2008 дар љумњурї ба низоми ќарздињии фючерсї хотима гузошта шуд. Мувофиќи Укази Президенти љумњурї аз 30 майи соли 2009 њама гуна ќарзи дењќонони пахтакор, ки то 1 - январи соли 2008 љамъ шудаанд, ба маблаѓи умумии 548 млн. доллари америкої, аз гардани дењќонон бардошта шуд. Ќарзњои хурд. Албатта њукумати чумњурї дар ин давр кўшиш мекард, ки вазъи истењсолкунандагони хурд, аз љумла хољагињои дењќонї (фермерї)-ро бењтар намояд. Бо њамин маќсад аз соли 2003 сиёсати додани ќарзи хурдро пеш гирифт. Дар ин сол њатто ќонуни љумњурї дар бораи ташкилотњои ќарздињии хурд баромад. Дар натиља дар љумњурї ташкилотњои хурде ба вуљуд омаданд, ки мањз бо пешнињод намудани ќарзи хурд машѓул баданд. 1 январи соли 2006 адади чунин ташкилотњо ба 14 расид, ки онњо то ин лањза ба маблаѓи умумї - 295,5 млн. сомонї ќарзи хурд додаанд. Миќдори ташкилотњои ќарздињии хурд на танњо сол аз сол, балки моњ аз моњ меафзуд. Аз љумла 1 октябри соли 2007 номгўи ташкилотњои ќарзї ба 88 адад, фондњои ќарзи хурд бошад ба 38 адад расид. Дар натиља додани њаљми умумии маблаѓи ќарзи хурд афзуд. Чунончї: дар моњњои январ - сентябри соли 2007 бонкњо ва дигар ташкилотњои ќарзї љамъ 721,2 млн. сомонї ќарзњои хурд додаанд, ки ин нисбат ба њамин давраи соли 2006 - 346,6 млн. сомонї, ё худ 1,9 баробар зиёд аст. 1 октябри соли 2009 танњо шумораи ташкилотњои хурди ќарзї ба 114 адад расидааст. Вобаста ба ин албатта њиссаи маблаѓгузории онњо низ афзудааст. Мањз бо маќсади бењтар намудани вазъи дењќонони пахтакор аз тарафи њукумати љумњурї соли 2008 - 140 млн. сомонї (бо ивази 18%-и солона) ва соли 2009 - 180 млн. сомонї пул људо гардид, ки ба воситаи ташкилотњои мањаллии 6 адад бонкњо то ба дењќонон њамчун ќарзи хурд расонида шуд. Умуман дар солњои 2008 – 2009 аз 7 миллиард сомонї ќарзе, ки бонкњои мамлакат ба соњибкорон додаанд, 2,8 миллиард сомониашро ќарзњои хурди ба соњибкорон додашуда ташкил додаанд. Аз ин 33% ба кишоварзон ва 24% ба соњаи саноат равона шудаанд. Ба тамоми душворињои молиявї нигоњ накарда соли 2010 барои додани ќарзњои имтиёзнок ба хољагињои кишоварзї боз 130 млн. сомонї ќарзи хурди њукуматї муайян шудааст, ки ин албатта њарчанд нисбат ба соли 2009-ум 50 млн сомонї кам бошад, њам аммо ањамиятнок мебошад. §9. Вазъи иљтимої ва муњољирати хориљии мењнатї Вазъи иљтимої. Дар давраи нисбатан кўтоњи гузариш ба иќтисодиёти танзими бозорї дар њаёти иљтимоии мардуми љумњурї аллакай дигаргунињои куллї ба амал омад. Таќсимоти синфии замони Шўравї, ки аз синфи коргар, дењќони колхозї ва зиёиён иборат буд, оњиста – оњиста љойи худро ба таќсимоти дигари иљтимої дод, ки аз инњо иборатанд: 1) бойњо ва бойњои калон (супер бойњо); 2) миёнањолон ва 3) камбаѓалону ќашшоќон. Албатта дар замони Шўравї њам бойњо ва камбаѓалону ќашшоќон вуљуд доштанд. Аммо он давр Њокимияти Шўравї намегузашт, ки шахсони алоњида бењад бой шаванд. Ба ногоњ чунин шахс пайдо мешуд, нисбати ў њар гуна тафтишотњо гузаронида, ба бало гирифтор мекарданд. Агар шахсе хеле камбаѓал бошад, ба чунин шахс аз њисоби давлат њар гуна кўмак мерасониданд. Дар шароити њозира њам давлат камбаѓалон ва ќашшоќонро дастгирї мекунад. Аммо бо сабаби он ки ин ќисми ањолї хело зиёд гардидаанд, бинобар ин кўмаки давлат барои онњо нокифоя ва ночиз мебошад. Мувофиќи хулосаи намояндагони СММ (ООН), ки вазъи иљтимоии љумњуриро дар охири соли 2006 тањлил намудаанд, дар мамлакати мо дар ин марњила гурўњи хеле хурди одамон, њамагї 2%, ќариб тамоми боигарии миллиро соњибї мекардаанд. Ќариб 60% - и ањоли љумњурї бошанд аз нарасидани маводи хўрока дар азобанд. Дар соли 2009 ќариб 170 адад компанияњо њамчун андозсупорандагони калонтарини мамлакат њисоб мешуданд. Ањолии камбаѓал ва ќашшоќи љумњурї асосан аз њисоби собиќ коргарон ва колхозчиён ташаккул меёфт, ва онњо дар охири солњои 90-уми асри ХХ зиёда аз 80% - и ањолиро ташкил доданд. Чунин њолат то соли 2000-ум давом кард. Зеро дар ин давр шумораи бекорон хело афзуд, нархи мањсулотњо боло рафт, аммо њаљми маош ва нафаќа хело ночиз буд. Албатта ба њамаи ин таъсири манфии љанги шањрвандї ва оќибатњои он бештар дида мешавад. Њарчанд аз аввали солњои 2000-ум љоннокшавии баъзе соњањои истењсолот мушоњида мегардад, вале соли 2002 њам сатњи камбаѓалї дар љумњурї њанўз хеле баланд буд. Дар он сол, мувофиќи хулосаи намояндагони СММ дар љумњўрї 86%-и ањолиро камбаѓалон ташкил менамудаанд. 19 июни соли 2002 Маљлиси Намояндагони љумњурї Дурнамои паст намудани камбизоатї дар мамлакатро ќабул намуд, ки он аз тарафи њукумати љумњурї омода карда шуда буд. Дар роњи амалии ин дурнамо бењбудињои назаррас ба даст дароварда шуд. Дар ин самт ташкилоту фондњои хориљї њам ба Тољикистон њар гуна кўмакњои пулию молї расониданд. Дар натиља соли 2005 нисбат ба соли 2002 дар мамлакатї мо камбизоатї 22% кам гардида он 64%-ро ташкил дод. Соли 2009 бошад дар љумњурии мо камбизоати то 50% паст фаромадааст. Љумњурии Тољикистон аз рўзхои аввали оѓози љанги шањрвандї кўмаки башардўстонаи мамлакатњои хориљї ва ташкилотњои байналхалќиро мегирифт. Дар рафти љанг њам чунин кўмак ќатъ нагардидааст. Баъди љанг њам он идома ёфт. Аз љумла, соли 2001 мамлакатњои љањон ва ташкилотњои байналхалќї ба љумњурии мо ба њаљми 82,7 млн. доллари америкої кўмаки башардўстона расонидаанд. Соли 2002 бошад чунин кўмак аз 41 мамлакатњои љањон, ба њаљми 107,2 млн. доллари америкої омода расид. Соли 2004 аз 38 мамлакатњои хориљї чунин кўмак, дар њаљми 65,1 млн доллари америкої расонида шуд. Чунин кўмак то ба имрўз идома дорад. Чунончї, соли 2009 чунин кўмак ба миќдори 6 млн. доллари америкої расидааст. Мањз љоннокшавии иќтисодиёти љумњурї имконият муњаё намуд, ки дар мамлакат сафи бекарон кам гарданд. Њол он ки дар давраи пастравии иќтисодиёти мамлакат њиссаи бекорон то ба 70%-и ањолї расида буд. Дар соли 2004 бошад он то ба 30-33% кам гардид. Албатта дараљаи зиндагии мардум аз њаљми маош, даромади хољагї ва нафаќа сахт вобастагї дорад. Бо сабаби љанги шањрвандї ва харобии иќтисодиёт њаљми онњо дар солњои 90-уми асри ХХ хело ночиз буданд. Бисёр ваќт ташкилоту идорањо њамон маблаѓи ночизро њам дода наметавонистанд. Танњо баъди љоннокшавии иќтисодиёти љумњурї дар ин самт њам вазъият оњиста – оњиста бењтар гардид. Масалан, моњи ноябри соли 2004 њисоби миёнаи маош дар соњаи истењсолот – 80,30 сомонї, соњаи ѓайриистењсолї – 320,90 сомониро ташкил дод. Дар Тољикистон аз 1 апрели соли 2006 њадди аќали маош ва нафаќа 66% зиёд шуда, 20 сомонї, ё худ 6,5 доллари америкої, аз 1 июли соли 2008 њадди аќали маош ва нафаќа аз 20 сомонї (5,8 доллари америкої) то 60 сомонї (17,8 доллари америкої) зиёд карда шуд. Аз 1 июли соли 2010 њадди аќали маош ва нафаќа 33% зиёд карда шуд, яъне он минбаъд 80 сомониро (18 доллари америкоиро) ташкил медињад. Аммо баробари зиёд шудани њадди аќали маош ва нафаќа, дар бозорњо нархи мањсулотњои асосї низ афзуд. Масалан дар бозорњои шањри Душанбе нархи 1 кг гўшти гов, моњи апрели соли 2006 8-8,5 сомонї, охири моњи сентябр ба 11 сомонї расид. Охири декабри соли 2009 дар маѓозањои шањри Душанбе 1 кг орди новъи якум – 1,5 – 1,6 сомонї, 1кг шакар - 4,5 - 5 сомонї, 1 кг гўшти гов - 16-18 сомонї, 1кг равѓани пахта -5,50 - 6 сомонї, 1кг равѓани заѓир 9-10 сомонї буд. Агар аввали ноябри соли 2007 нархи як халта (50 кг) орди навъи якум ба 125 сомонї расида бошад, январи соли 2010 ба 70-75 сомонї фаромад. Албатта ин натиљаи хуби кори кишоварзони љумњурї, махсусан дар соњаи ѓалла, ки соли 2009 ба даст даровардаанд, ба њисоб меравад. Аммо, соли 2010 бо сабаби хушксолї дар бисёр вилоятњои Федеоатсияи Русия ва махсусан Ќазоќистон, ки аз ин љумњурињо ба мамлакати мо орди аълосифат ворид мегардид, дар охири ин сол нархи як халта орди навъи якум (50 кг.) ба 120 – 130 сомонї, нархи 1 кг. Гўшти гов бошад ба 22 сомонї расид. Бо ташаббуси Президенти љумњур Эмомалї Рањмон 8 июни соли 2007 Ќонун «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо дар Љумњурии Тољикистон» ќабул гардид, ки он хеле камхарљ гузаронидани љашну маросимњоро талаб мекунад ва бегуфтугў барои баланд бардоштани сатњи зиндагии мардуми мамлакат ањамияти махсус дорад. Моњи январи соли 2010 «Стратегияи паст кардани сатњи камбизоатї дар Љумњўрии Тољикистон барои солњои 2010-1012» ќабул гардид, ки он Барномаи миёнамўњлати амалигардонии Стратегияи миллии рушди Тољикистон барои давраи то соли 2015 буда, самтњои асосии рушди иљтимоию иќтисодии мамлакатро дар ин давра, бо дар назардошти таъсири бўњрони молиявию иќтисодии љањонї муайян менамояд. Боварї њаст, ки амалии ин чорабинињо сатњи зиндагии мардуми љумњурии моро боз њам баландтар хоњад бардошт. Муњољирати хориљии мењнатї. Дар таърихи халќи тољик муњољирати хориљии мењнатї њатто пеш аз замони Шўравї њам вуљуд дошт. Чуноне маълум аст, ќисме аз мардуми Бухорои Шарќї, махсусан ноњияњои водии Рашт, барои кор ба водињои Фарѓона, Зарафшон ва ѓайра мерафтанд. Дар замони бозсозии Гарбачёвї њам ваќте, ки корхонањои саноатї паси њам аз кор монданд, пеш аз њама мутахассисони русзабон, баъди онњо мутахассисони мањаллї низ љумњурии моро тарк намуданд. Чунин муњољират дар солњои љанги шањрвандї, дар ќатори гурезањо хело боло гирифт ва минбаъд низ идома ёфт. Муайян намудани миќдори аниќи муњољирони хориљии мењнатї то њанўз муяссар нагардидааст. Солњои 90-уми асриХХ чунин муњољират бештар ба тарзи стихиявї сурат мегирифт. Минбаъд аз тарафи маќомоти гуногуни њукуматї оиди муайян намудани шумораи муњољирони мењнатї баъзе кўшишњо андешида шуд. Мувофиќи чунин маълумотњо, шумораи умумии муњољирони хориљии мењнатї, ки ба корњои муваќќатї аз доираи љумњурї берун рафтаанд, сентябри соли 2001 – 206 718 нафар, феврали соли 2002 – 165376 нафар, августи соли 2003-347562 нафарро ташкил намудаанд. Аз миќдори умумии муњољирони хориљии мењнатии аз љумњурии мо рафта, соли 2003 - 96,9% (336754 нафар) дар њудуди Федератсияи Русия; 1,4% (4870 нафар) дар њудуди Ќазоќистон фаъолияти мењнатї намудаанд. Њарчанд аз аввали асри ХХI вазъи иќтисодии љумњурии мо сол аз сол бењтар шуд, љойи кор ва њаљми маош афзуд, вале шумораи муњољирати хориљии мењнатї њам зиёд гардид. Масалан, мувофиќи маълумоти расмии соли 2005, бо маќсади кор аз љумњурї 412 њазор нафар, 1 феврали соли 2007 700 – 800 њазор нафар рафтаанд. Аввали соли 2007 муњољирати мењнатї ба њудуди Федератсияи Русия мањдуд карда шуд. Мувофиќи миќдори (квотаи) муайянкардаи ин давлат, ки аз 15 январи он сол ба ќувват даромад, барои Тољикистон то 600 њазор нафар муайян карда шуд. Яъне, љумњурии мо метавонист то ба њамин миќдор муњољирони мењнатиро ба њудуди ин давлат фиристад. 29 марти соли 2007 бо маќсади ба танзим даровардани муњољирати хориљии мењнатї намояндагии вазорати корњои дохилии Тољикистон дар Федератсияи Русия кушода шуд. Новобаста аз мањдудиятњои тарафи Русия, чуноне роњбари бахши равобити хориљии Русия К.Полторанин аввали соли 2010 ба хотир овардааст, соли 2009 ба миќдори умумї 954.000 нафар шањрвандони Тољикистон вориди ин мамлакат шудаанд. Муњољирони мењнатї дар кишварњои гуногун, махсусан дар Федератсияи Русия мењнат карда, натанњо худашонро мехўронанд ва мепўшонанд, балки як миќдор маблаѓи муайянро барои таъмини оилаашон ба Тољикистон мефиристанд. Њаљми чунин маблаѓ бошад низ сол аз сол меафзуд. Масалан соли 2006 аз Русия ба Тољикистон 600 млн. доллари америкої (1,8 млрд. сомонї) фиристода шуд. Соли 2008 бошад, он ба 2 миллиарду 670 млн. доллари америкої (52%-и ММД) расидааст. Ба тамоми душворињои бўњрони молиявии соли 2009 нигоњ накарда, дар ин сол низ аз њисоби муњољирони мењнатї ба љумњурї 2 млрд. доллари америкої маблаѓ омадааст. Ин раќамњои овардашуда гувоњї медињанд, ки имрўзњо натанњо вазъи иќтисодию иљтимоии љумњурии мо, њатто вазъи сиёсии он њам то андозае аз фаъолияти муњољирони мењнатї вобастагї дорад. Бинобар њамин њам њукумати љумњурї аз як тараф барои бењтар намудани шароити мењнатии он муњољирон бо њукумати њамон давлатњо, махсусан Русия, гуфтушунидњо ба сомон расонида, аз тарафи дигар дар худи љумњурї низ барои зиёд намудани љойи корї, барои касбомўзї ва забономўзии љавонон кўшишњои зиёде ба харљ медињад. Президенти љумњурї Эмомалї Рањмон давра ба давра дар шањрњои гуногуни Федаратсияи Русия шуда, бо муњољирони мењнатии тољикистонї бевосита мулоќотњо барпо менамояд, аз њолу ањволи онњо аз наздик шинос мешавад. Ин гуна иќдом на танњо њамватанони дар муњољирати мењнатї будаи моро рўњбаланд менамояд, балки барои баланд бардоштани сатњи худшиносї ва ватандўстии онњо низ ањамияти махсус дорад. БОБИ XXII. Илму фарњанги Љумњурии Тољикистон дар замони истиќлолият (солњои 1991 – 2010)1 § 1. Вазъи илму фарњанг. Илму фарњанги халќи тољик дар солњои истиќлолият даврањои гуногунро аз сар гузаронид. Сараввал, мисли таќдири худи халќи тољик, солњои љанги шањрвандї барои ходимони илму фарњанг њам давраи душвортарин ба њисоб мерафт. Дар ин давр, аз як тараф, чї тавре ки халќи тољик ва давлатдории тозабунёди онро парокандагї ва нестшавї тањдид мекард, њамин њолат дар мадди аввал илму фарњангашро низ фаро гирифта буд. Аз тарафи дигар идеологияи коммунистї, ки то ин ваќт яккањукумрон буд, шикаст хўрд. Дар натиља дар шуур, ё худ маънавиёти мардум як давраи гузариш, бо андешаи баъзењо як давраи холї ба вуљуд омад. Чунин њолат дар замони љанги шањрвандї мављуд буд ва то вањдати миллї идома ёфт. Махсусан дар давраи аввали љанги шањрвандї гурўњњое пайдо шуданд, ки дастовардњои замони шўравии халќи тољикро барои худи тољикон бегона њисоб мекарданд, бинобар ин омўхтани онро зарур намешумориданд. Дар баъзе мактабњои олии љумњурї омўхтани таърихи халќи тољикро њатто бо даврањои ќадиму асрњои миёна мањдуд карда буданд. Баъзе шахсони инфиродї (ё худ иртиљопараст), ба љои мактабу донишкадањо, таълими низоми усули кўњна ва таълими мадрасагиро афзалтар мењисобиданд. Онњо Академияи илмњоро барои љумњурї нолозим мешумориданд. Дастовардњои илмию адабии замони Шўравиро тамоман ба эътибор намегирифтанд. Дар он солњои мудњиш, чї тавре ки худи халќи тољик аллакай ягона набуд, ањли илму фарњанг, яъне умуман зиёиёнаш њам ба гурўњњо таќсим шуда буданд. Бояд дар хотир дошт, људої дар байни тољикон, пеш аз њама аз рўи мањал, ки њанўз пештар њам бо тарзи нињонї эњсос мегардид, вале охири солњои 80 – ўми асри ХХ хоси мавќеи аксари майдонбудагон гардид. Њангоми дар шањри Душанбе (соли 1992) ташкил ёфтани гирдињамоињои ду майдони ба њам зид, баъзе намояндагони зиёї нисбати якдигар суханњои ќабењ мегуфтанд., ягонагии миллат ва љумњуриро фикр намекарданд. Дар байни ин гурўњ шахсоне буданд, ки дар замони Шўравї мансабњои баландтарин, њатто сарварии њизби коммунистиро ишѓол намуда, дар чунин лањзањои њассос такя ба мањаллаи худ карда, тамоман ба мавќеи зиддишўравї ва зиддикоммунистї гузаштаанд. Ин гуна кирдорњо алангаи зиддияти байни худиро боз њам баландтар мекард. Фољеаовар махсусан он аст, ки гурўњи инфиродие (ё худ иртиљопарасте) пайдо шуда, тамоми зиёиёни тољик, аз он љумла олимон, шоиру нависандагон, њунармандонро ба ду гурўњ – «њаќиќї» ё худ «тоза» ва «дурага» таќсим мекарданд. Њамаи онњоеро, ки баромадашон бухорої, самарќандї, хўљандї ва ѓайра буд «дурага», аз «Тешиктош боло» њисоб менамуданд. Чунин шоиру нависандагони халќи тољик, ба монанди С.Айнї, М.Турсунзода, Р.Љалил, Љ.Икромї, С.Улуѓзода, А.Шукўњї ва дигаронро ба гурўњи «дурага» дохил карда буданд. Дар баъзе њолатњо, бо ташаббуси ин гуна шахсони кўтоњандеш, чунин асарњои номии С.Айнї, ба монанди «Ѓуломон», «Дохунда», «Одина», эљодиёти М.Турсунзода аз барномаи таълимї берун монда буданд. Илова ба њамаи ин гуна лањзањои фољеаи маънавї, ба кормандони илму фарњанг вазъи душвори иќтисодии љумњурї низ бетаъсир набуд. Бо сабаби харобии буљаи мамлакат, њукумат имконият надошт, ки ба ќадри зарурї соњаи илму фарњангро маблаѓгузорї намояд. Бинобар њамин њам ташкилотњои илмию фарњангї ва донишгоњу донишкадањои давлатї имконият надоштанд, ки маоши ночизи кормандони худро сари ваќт пардохт намоянд. Маоши напардохта ва маблаѓњои дар бонкњо гузошташуда, бо сабаби бо суръати тез боло гирифтани беќурбшавии пул ќобилияти харидории худро рўз аз рўз гум мекарданд. Барои мардуми шањри Душанбе, аз љумла зиёиёни он давраи душвортарин аз 4 ноябр то 13 декабри соли 1992 ба њисоб меравад. Зеро дар ин давр, бо сабаби таркиш дар роњи оњан, ба шањр ворид шудани маводњои хўрока хело душвор, њатто як муддат ќатъ гардид. Хайрият чунин њолат як муддати кўтоњ – 39 рўз давом кард. Вагарна Душанбешањрро низ на танњо гуруснагї, балки ќањтї тањдид мекард. Њамаи њолатњои дар љумњурї ва махсусан дар маркази он – шањри Душанбе ба амал омада, барои зиёиён бетаъсир набуд. Онњо худ пароканда буданд ва боз парокандатар шуданд. Дар натиља, як ќисми зиёиён, бештар мутахассисон дар ќатори русзабонњо љумњуриро тарк намуда, ба њудуди Русия рафтанд. Ќисми дуюм дар ќатори гурезањои тољикистонї ба хоки Афѓонистон гузашта, баъд боз пароканда гардида, ба мулкњои гуногун рафтанд. Гурўњи сеюми зиёиёни тољикистонї муваќќатан дар њудуди љумњурињои Осиёимиёнагї – Ўзбекистон, Ќирѓизистон, Туркманистон ва Ќазоќистон маскан гирифтанд. Гурўњи чањоруми зиёиён, новобаста аз душворињо дар њудуди љумњурї монданд ва кори эљодиро идома доданд. Вале зиёиёне, ки дар њудуди Душанбешањр ва ноњияњои амалиёти љангї фаро гирифта буданд, ќисмашон ба ноњияњои нисбатан ором – вилояти Суѓд кўч бастанд. Ќисми боќимондаи ин гурўњ, албатта онњо кам набуданд, ба тамоми душворињо ва хавфу хатарњо нигоњ накарда, манзили худро тарк накарданд, фаъолияти таълиму тарбия ва корњои эљодиро идома доданд ва бо ин марказњои илмию фарњангиро аз харобшавї эмин нигоњ доштанд. Инчунин, бояд фаромўш набояд кард, ки дар солњои ин љанги бемаънии бародаркушї, яъне шањрвандї (солњои 1992 – 1997), як гурўњ зиёиён, махсусан омўзгорон, олимон, журналистон, њунармандон низ ќурбон шудаанд. Ба ин ноњаќ ќурбон шудани собиќ Президенти АИ љумњурї М.С.Осимї, собиќ ректори Донишгоњи давлатии тиббї ба номи Абў Алї ибни Сино Ю.Б.Исњоќї, олими маъруфи тиб, ки шўњрати љањонї доштанд М.Ѓ.Ѓуломов, олими маъруф М.Н. Назаршоев, ки солњои тўлонї ноиби ректори ДМТ буданд ва минбаъд то ба вазифаи ноиби сарвазири љумњурї расида буданд ва ѓайрањо мисол шуда метавонанд. Овозхони љавон ва умедбахши тољик Кароматуллои Ќурбон ќурбони њамин давр гардида буд. Шумораи танњо аз љумлаи журналистон ќариб 60 нафар њалок гардидаанд. Журналисти оташинсухан Муњиддини Олимпур яке аз ин ќурбоншудагон ба њисоб меравад. Умуман натиљаи ин њама воќеањо, дар замоне, ки илму фарњанги љањонї, махсусан дар соњаи технологияи навин комёбињои бузург ба даст дароварда пеш рафтанд, вале мо ќадамњо ба ќафо гузоштем, ба ботлоќи бемаърифатию мањалгарої бештар фурў рафтем. Нињоят ба њамаи ин фољеањои маънавї, бесарусомонињо, ноумедињо сулњи байни тољикон (27 июни соли 1997) ва вањдати миллї хотима гузошт. Ин сулњ ва вањдати миллї ба кормандони илму фарњанги љумњурї ќувват ва илњоми тоза бахшид. Соли 1999, яъне дар соли љашни 1100 – солагии давлати Сомониён, бо маќсади мустањкам намудани вањдати миллї, барои пур кардани љои холигии шуури одамон, яъне ба љои идеологияи коммунистии аз байн рафта, дар Љумњурии Тољикистон роњи эњёи афкори миллї, анъана ва фарњанги халќи тољикро пеш гирифтанд. Мањз бањри амалї намудани њамин маќсад аз тарафи њукумати љумњурї як ќатор њуљљатњои муњим, ќонунњо ва ѓайраро омода ва аз тарафи Парламенти мамлакат ќабул карда шуданд. Аз љумла, илова ба Ќонун «Дар бораи забони давлатї», ки њанўз 22 июли соли 1989 ќабул гардида буд, 27 декабри соли 1993 Ќонун «Дар бораи маориф», 12 октябри соли 1995 Низомнома дар бораи мактабњои таълимоти умумї, 13 декабри соли 1997 Ќонун «Дар бораи фарњанг», 8 июни соли 2007 Ќонун «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо дар Љумњурии Тољикистон», 5 октябри соли 2009 – Ќонуни нав «Дар бораи забони давлатї» ва ѓайрањо далели равшан мебошанд. Дар солњои охир якчанд санадњои меъёриву њуќуќии ба танзимдарорандаи танњо соњаи тањсилоти олии касбї ќабул гардид. Ба ин Ќонун «Дар бораи тањсилоти олии касбї ва тањсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимї» (8 декабри соли 2003), «Низомномаи намунавии муассисаи таълимии тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон» (1 августи соли 2005), «Консепсияи миллии маълумоти Љумњурии Тољикистон» (3 майи соли 2002), «Консепсияи рушди тањсилоти касбї дар Љумњурии Тољикистон» (1 ноябри соли 2006), «Стандарти давлатии таълими маълумоти олии касбии Љумњурии Тољикистон», «Тиртиби гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия ва литзензиядињии муассисањои таълимии Љумњурии Тољикистон» (5 феврали соли 2003) ва ѓайрањо мисол шуда метавонанд. Њамаи ин њуљчатњо барои ба танзим даровардани фаъолияти ташкилотњои соњаи маориф, фарњанг, тањсилоти олии касбї дар давраи гузариш ба иќтисодиёти бозорї нигаронида шудаанд. Маќсади асосии њамаи онњо дар рўњияи замони нав тарбия намудани насли наврас мебошанд. То ин ки ин насл ба ќадри соњибистиќлолии давлату давлатдории худ расад, дар баробари эњёи афкори миллї, анъана ва фарњанги миллии худ, зарур аст, ки аз пешравињои илми замона ќафо намонда, дар асоси ихтироот ва истифодаи технологияи навин дар пешравии илмию иќтисодї ва фарњангии Ватани худ њиссагузор бошанд. Бо маќсади он ки дар ин самт вазифаамон дар замони истиќлолият равшантар гардад, ба вазъи умумии соњањои илму фарњанги љумњуриамон, дар алоњидагї назар меафканем. |