Главная страница
Навигация по странице:

  • § 5. Фарњанг. Китобхонањо.

  • Осорхонањо (музейњо)

  • Нашри китобњо

  • Њаёти мусиќї.

  • Филмбардорї (кино).

  • § 6. Варзиш ва тандурустї Варзиш.

  • апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов


    Скачать 3.71 Mb.
    НазваниеНамоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
    Дата10.10.2022
    Размер3.71 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01..doc
    ТипДокументы
    #724565
    страница55 из 57
    1   ...   49   50   51   52   53   54   55   56   57
    § 4. Адабиёт
    Адибони Тољикистон истиќлолият, озодандешї, эњёи суннатњои миллї ва ѓайрањоро хуш пазируфтанд. Ин мавзўъњо дар ќатори рўйдодњои сиёсї ва иљтимої дар шеъри шоирон, дар наср ва драматургияи ин давр акси худро ёфтааст. Дар замони душвори љанги шањрвандї шоири халќї Гулназар Келдї, дар оњанги Сулаймон Юдаков Гимни Љумњурии Тољикистонро офарид ва он 7 сентябри соли 1994 аз тарафи Иљлосияи Шўрои Олии мамлакат ќабул гардид, ки он барои худшиносии миллї ва тарбияи ватандўстии љавонон ањамияти махсус дорад. Шеъри Камол Насрулло «Тољикистонро ќисмат макун!» вирди забони хонандагон шуда буд, ки дар он фољеаи замони љанг ва хавфи парокандагии давлати тоза соњибистиќлоли тољикон акси худро ёфтааст. Яъне, бо ин шеъри худ шоир мардуми љумњуриро даъват мекунад, ки ягонагии давлати соњибистиќлоли Тољикистонро пос доранд. Шоири номии тољик Лоиќ Шералї бо асарњои офаридааш «Фарёди бефарёдрас», «Аввалу охири ишќ» ва ѓайрањо ќисмати халќи тољику тољикистониёнро тараннум намуда, онњоро даъват намудааст, ки таќдири халќ ва Тољикистони азизи худро андеша кунанд. Шеърњои шоираи хушќалам Фарзона, аз љумла маљмўаи шеърњои ў бо номи «Меърољи шабнам», «Олами ишќ» ва ѓайрањо њаводорони зиёдро пайдо намуд. Ба ѓайр аз онњо инчунин эљодиёти шоирони варзида Мўъмин Ќаноат, Мењмон Бахтї, Бозор Собир, Гулрухсор, Сафармуњаммад Аюбї, шоирони љавон Алимуњаммади Муродї, Сиёвуш, Хайрандеш, Ато Мирхоља, Низом Ќосим, Сайёд Ѓаффор ва дигарон низ дар адабиёти замони истиќлолият маќоми худро ишѓол намудаанд.

    Бо ташаббуси Ўрун Кўњзод, Сорбон, Расул Њодизода, Саттор Турсун, Бањром Фирўз, Абдулњамид Самад, Кароматулло Мирзоев, Љонибек Акобиров, Ато Њамдам, Шоддї Њаниф, Муњаммадзамони Солењ, Барот Абдурањмон, Равшани Ёрмуњаммад, Бањмониёр ва дигарон насри замони истиќлолият идома ёфт. Гурўње аз ин нависандагон ба мавзўъњои таърихї бештар рў овардаанд ва дар натиља чунин асарњои таърихї, ба монанди романи «Њайљо»-и Ў.Кўњзод (дар бораи воќеањои замони мустамликавї), «Девори Бухоро» - и М.Солењ (дар бораи шахсият ва корнамоињои Исмоили Сомонї), «Куруши Кабир» - и Б.Абдурањмон, «Уќоби захмин» - и Ш.Њаниф (дар бораи шоири оташинсухан Њабиб Юсуфї, ки дар Љанги Бузурги Ватанї њалок гардидааст) ва ѓайрањо дастраси хонандагон гардидаанд. Њамаи ин асарњо дар тарбияи худшиносии милию ватандўстии љавонон ањамияти махсус доранд.
    § 5. Фарњанг.
    Китобхонањо. Дар замони Шўравї ба китобхонањо диќќати махсус дода мешуд. Бинобар ин шумораи онњо дар Чумњурии Тољикистон соли 1991 ба 1747 адад расида буд. Зеро, на танњо шањру ноњияњо, мактабњои олї, балки корхонањои бузурги саноатї ва њатто дењањои бузурги ањолинишин низ соњиби китобхона буданд. Соли аввали љанги шањрвандї, яъне соли 1992, шумораи умумии китобхонањо ќариб 500 адад кам шуд. Минбаъд шумораи китобхонањо соли 2000 – ум – 1441 адад, соли 2005 - 1414 адад ва соли 2009 – 1419 ададро ташкил намудаанд.

    Шумораи ханандагони китобхонањо њам дар солњои 1991 – 2009 гуногун буд. Аз љумла, соли 1991 шумораи онњо 1.256,9 њазор нафарро ташкил медод. Соли 1992 шумораи онњо якбора то 936,9 њазор нафар кам шуд. Аз њама шумораи ками хонандањо соли 1999 – 798,5 њазор нафар ба ќайд гирифта шудааст. Минбаъд шумораи хонандагони китобхонањо зиёд шуда, соли 2005 – 872,3 њазор нафар ва соли 2009 – 1.227,3 њазор нафарро ташкил намудаанд. Яъне, соли 2009 шумораи онњо ќариб ба дараљаи соли 1991 расидааст. Њол он ки дар ин давр, чуноне таъкид гардид, шумораи танњо донишљўёни мамлакат зиёда аз 2 баробар афзудаанд.

    Клубњо. Дар Љумњурии Тољикистон соли 1991 шумораи клубњо ба 1433 адад расида буд. Соли 1992 шумораи онњо якбора, ќариб 400 адад кам шуда 1036 клубро ташкил дод. Адади клубњо минбаъд њам кам шуда, соли 2000 – 1065 клуб, соли 2005 – 1030 клуб ва соли 2009 – 992 клубро ташкил намудаанд.

    Осорхонањо (музейњо). Соли 1991 дар љумњурї шумораи умумии осорхонањо 27 адад ва шумораи тамошобинони онњо 450 њазор нафарро ташкил додаанд. Солњои 1992 ва 1995 шумораи осорхонањо то 23 адад кам шудаанд. Минбаъд, шумораи онњо зиёд шуда, соли 2000 – 29 адад, соли 2005 – 39 адад ва соли 2009 – 43 ададро ташкил намудаанд. Шумораи тамошобинони осорхонањо соли 1996 то ба 189 њазор нафар кам шудааст. Минбаъд шумораи тамошобинони осорхонањо зиёд шуда, соли 2005 то ба 683 њазор нафар расидаанд. Аммо минбаъд шумораи тамошобинњо боз кам шуда, соли 2008 – 336 њазор нафар, соли 2009 – њамаги 276 њазор нафарро ташкил додаанду халос.

    Театрњо. Шумораи театрњои касбї дар замони истиќлолият зиёда таѓйир наёфт. Соли 1991 шумораи онњо 15 адад буд, вале соли 1995, бо сабаби љанги шањрвандї се адади онњо фаъолият накардаанд. Соли 1996 – 1997 шумораи театрњои касбї 14 адад, ва соли 1998 боз 15 ададро ташкил намудаанд. То соли 2009 њамагї як театри касбї (театри драмавї - мусиќии Данѓара) илова шуд ва шумораи умумии онњо 16 ададро ташкил дод. Аммо шумораи тамошобинон дар ин муддат хело таѓйир ёфтаанд. Чунончї, соли 1991 шумораи умумии тамошобинони театрњои љумњурї 1157 њазор нафарро ташкил додааст. Дар замони љанги шањрвандї шумораи тамошобинони театрњо сол аз сол кам шуда, соли 1996 то ба 380 њазор нафар расидааст, ки ин шумораи камтарин дар замони љанг мебошад. Минбаъд, солњои 1997 – 1999 шумораи тамошобинон боз зиёд шуда, дар соли охир ба 524 њазор нафар расидааст. Аммо аз соли 2000 шумораи тамошобинон боз кам шуда то 351 њазор нафар, соли 2005 – 398 њазор ва соли 2009 ба 331 њазор нафар расидааст. Яъне, шумораи тамошобинони соли 2009 – и театрњои касбии љумњурї аз њама камтарин дар замони истиќлолият ба њисоб меравад. Мањз, дар њамин давр таетри «Ањорун», ки соли 1990 бо ташаббуси Фаррух Ќосимов таъсис ёфта буд, ба муваффаќиятњои зиёд ноил гардид. Театри опера ва балети ба номи С.Айнї бо операи «Рустам ва Сўњроб» - и Талаб Сатторов,операи Толиб Шањидї «Шоњ Исмоил», ораторияи «Ањурамаздо»-и Абдуфаттоњ Одинаев; театри драммавии ба номи А.Лоњутї бо драммаи «Миллат» (аз рўи асари Сафармуњаммад Аюбї) ва ѓайрањо маќбули тамошобинон гардидаанд. Бояд таъкид намуд, ки дар ин давр, дар ќатори театрњои касбї ќариб дар њама ноњияњои љумњурї театрњои мањаллї низ фаъолият кардаанд.

    Кинотеатрњо. Соли 1991 дар љумњурї 1252 адад кинотеатрњо фаъолият мекарданд, ки дар онњо 29,8 млн. нафар одамон филмњои гуногунро тамошо кардаанд. Соли 1995 шумораи кинотеатрњо ба 713 адад, бо 429 њазор нафар тамошобин ва соли 2009 њамагї 67 кинотеатр бо 58 њазор нафар тамошобин кам шудаанд, ки раќами охирин њатто 0,2% - и соли 1991 – ро ташкил менамояд. Сабаб, ќариб њамаи оилањо бо оинаи нилгун (телевизор) таъминанд, бинобар ин онњо филмњои дилхоњро бемалол дар хонаи худ тамошо мекунанд.

    Матбуот. Дар замони истиќлолият адади нашри маљаллаю рўзномањо низ куллан таѓйир ёфтаанд. Аз љумла адади маљаллањо ва дигар нашрияњои даврї соли 1991 – 36 номгўй, соли 1996 – 11 номгўй, соли 2000 – 11 номгўй, соли 2005 – 41 номгўй, соли 2008 – 10 номгўй ва соли 2009 – 26 номгўйро ташкил намудаанд. Адади рўзномањо бошад: соли 1991 – 93 номгўй, 1992 – 119 номгўй (ин шумораи аз њама зиёд дар замони истиќлолият), соли 1997 – 48 номгўй (ин шумораи аз њама кам), соли 2005 – 115 номгўй, соли 2009 – 62 номгўй рўзномањо нашр мешуданд. Яке аз сабабњои кам шудани шумораи маљаллаю рўзномањо ин таъсири иќтисоди бозорї, яъне пай дар пай гарон гардидани механизму маводњои чопї, аз тарафи дигар хело паст фаромадани талаботи хонандагон нисбат ба матбуоти даврї мебошад.

    Нашри китобњо. Дар замини истиќлолият њарчанд шумораи нашриётњо афзудаанд, вале воњиди чопї, ки соли 1991 ба 723 расида буд, дигар дастнорас монд. Чунончї, он соли 1996 то ба 132 воњиди чопї, соли 2005 – 367 воњиди чопї ва соли 2009 – 389 воњиди чопиро ташкил додаанду халос. Эњтимол дар ин раќамњо на њамаи китобњои аз тарафи нашриётњои хусусї нашр гардида, дохил шудаанд. Сабаби ин њама аз як тараф гаронии нархи аксари китобњо ва аз тарафи дигар хеле паст фаромадани талаботи мардум нисбат ба китоб мебошад.

    Њаёти мусиќї. Новобаста аз он ки дар солњои љанги шањрвандї љумњурии моро баъзе бастакорон тарк намуданд, вале њаёти мусиќї идома ёфт. Бастакорони љумњурї Шарафиддин Сайфиддинов, Абдуфаттоњ Одинаев, Талабхўља Сатторов, Толиб Шањидї, Дамир Дўстмуњаммадов, Аъзам Солиев, Ќудратулло Њикматов, Зарина Миршакар, Амирбек Мусоев ва дигарон асарњои зиёди мусиќї офаридаанд. Барои аз њисоби љавонон тарбия намудани бастакорони љавон, дар аввал Донишкадаи давлатии санъати Тољикистон ба номи М.Турсунзода, минбаъд Консерваторияи миллии Тољикистон ба номи Т.Сатторов ањамияти махсус дошт.

    Бояд дар хотир дошт, ки дар љумњурї бо маќсади аз нав эњё намудани анъанањои фарњангии миллї ба «Шашмаќом» ва «Фалак» диќќати махсус дода шуд. Дар натиља, дар љумњурї аз љумлаи љавонон гурўњњои махсуси шашмаќомхонњо ва фалаксароён ташкил гардиданд. Соли 2003 дар шањри Исфара ва соли 2006 дар шањри Душанбе Симпозиум - фестивали байналхалќии «Шашмаќом» баргузор гардид. Дар Љумњурии Тољикистон аз соли 2002 њар сол 12-уми май њамчун «Рўзи Шашмаќом» љашн гирифта мешавад. Дар тарбияи овозхонони наврас њофизони номии љумњурї Љ.Муродов, О.Њошимов, З.Нозимов, Д.Холов ва дигарон њиссаи босазое гузоштаанд.

    Филмбардорї (кино). Солњои 1993 – 1995 филмбардорони тољикистонї охирин филмњои худро ба новор гирифтаанд. Яке аз филмњои намоёни ин солњо, филми бадеии Баќо Содиќов «Имом ал – Бухорї» ба њисоб меравад. Минбаъд, филмбардорони ватанї бо сабабњои, аз як тараф нооромињо ва аз тарафи дигар набудани маблаѓгузорї пароканда шуда, ќисмашон аз љумњурї рафтанд. Онњое, ки дар љумњурї монданд, ба гурўњњои алоњида таќсим шуданд. Новобаста аз душворињои мављуда, дар ин давр аз тарафи режисерњо Б. Худойназаров, Љ. Рањматов, М. Исмоилов, Љ. Усмонов, Г. Муњаббатова, О.Меликов, М.Муњаммадиев ва дигарон филмњои гуногунмазмун офарида шуд. Ба ѓайр аз ин дар њамин давр аз тарафи филмбардорони тољик филмњои бисёрсерягии телевизионї њам ба навор гирифта шуд. Яке аз чунин филмњо «Дар орзуи падар», ки аз рўи асари нависанда К.Мирзоев ба навр гирифта шудааст, ба њисоб меравад.

    Аз соли 2006 сар карда, бо маќсади эњёи филмбардории тољик, њукумати љумњурї барномаи махсусро ќабул кард ва барои офаридани филмњо маблаѓ људо намуд. Чунин дастгирии њукуматї ба филмбардорони ватанї имконият дод, ки њар сол 3 – 4 филмро ба навор гиранд.
    § 6. Варзиш ва тандурустї
    Варзиш. Варзиш дар њар давру замон яке аз соњањои муњими њаёти иљтимої ба њисоб мерафт. Зеро, он махсусан барои бењдошти саломатии ањли љомеа ва парвариши насли солиму нерўманд ањамияти бузург дорад. Дар замони мо шахсони дар варзиш обутобёфта, дар натиљаи иштирок намудан дар мусобиќањои байналмилалї, махсусан дар натиљаи ишѓол намудани љойњои намоён, боиси шўњрати ин ё он давлат ё худ миллат дар миќёси љањон мегарданд. Њанўз дар замони Шўравї Саидмўъмин Рањимов, Зебуниссо Рустамова, Иброњим Њасанов ва дигарон њамчун номбардорони шарафи варзиши Тољикистон буданд.

    Албатта муваффаќияти соњаи варзиш аз шароиту заминањои барои он муњайёбуда сахт вобастагї дорад. Алњол дар Љумњурии Тољикистон зиёда аз 100 варзишгоњњо, 1000 толори варзишї, беш аз 4000 майдончаи варзишї, 38 њавзи шиноварї ва ќариб 130 мактаби варзишї вуљуд дорад. Варзишгарони љумњурї ба федератсияњои варзишї муттањид мешаванд, ки шумораи онњо њоло ќариб ба 50 адад расидааст. Аз байни он федератсияњо намунавитаринаш федератсияи миллии таэквондо мебошад, ки ба он ташкилотчии моњир ва шахси дорои масъулияти баланддошта Мирсаид Яњёев сарварї мекунад.

    Дар солњои 90 – уми асри ХХ, бо сабабњои маълум, њукумати љумњурї имконият надошт, ки ба ин самти њаётан муњим зиёда ањамият дињад. Чунин имконият, то андозае аз аввали асри XXI муњайё гардид. Давра ба давра маблаѓгузории ин соња меафзуд. Аз љумла, дар солњои охир барои тайёр намудани мутахассисони соњаи варзиш, сохтмон ва азнавсозии иншоотњои варзишї дар шањрњои Хуљанд, Турсунзода, Ќўрѓонтеппа, Кўлоб, Панљакент, Хоруѓ; ноњияњои Данѓара, Нуробод, Роштќалъа ва ѓайра ќариб 300 млн. сомонї харљ гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2000-ум 60 баробар зиёд мебошад. Танњо солњои 2008 – 2010 дар љумњурї зиёда аз 400 чорабинињои варзишї, чемпионатњо, мусобиќањои љумњуриявї ва минтаќавї гузаронида шудаанд. Дар љумњурї баргузории Рўзи дави миллї ба њукми анъана даромадааст, ки дар он садњо њазор шањрвандон иштирок мекунанд.

    Мањз натиљаи чунин муваффаќиятњо буд, ки дар солњои 2008 – 2010 беш аз 2,5 њазор варзишгарони тољик дар 270 мусобиќањои бонуфузи байналмилалї, аз љумла бозињои олимпї, бозињои ќитъаи Осиё, чемпионатњои љањону Осиё ва шоњљоизањо иштирок намуда, ба шарафи ѓолибон дањњо маротиба Парчами давлатии Тољикистон барафрохта шудааст. Агар муваффаќиятњои ин се соларо бо се солаи пеш аз он, яъне солњои 2005 – 2007 муќоиса намоем, пас натиљаи охирин се баробар зиёдтар мебошад. Аз љумла, дар бозињои ќитъаи Осиё, ки соли 2010 дар шањри Гуанљоуи љумњурии Чин баргузор гардид, шермардони тољик Дилшод Назаров соњиби медали «тилло» ва Расул Боќиев соњиби медали «биринљї» гардидаанд.

    20 декабри соли 2010 Президенти љумњурї Эмомалї Рањмон дар Кохи Вањдати пойтахт, њангоми мулоќот бо намояндагони сершумори варзишгарони кишвар, дар суханронии худ1, тамоми муваффаќиятњои дар болоовардаро хотиррасон намуда, таъкид намуд, ки минбаъд ба ин самт бояд тамоми ташкилоту идорањои њукуматию љамъиятї диќќати љиддї дињанд. Зеро, имрўзњо ќисми зиёди варзишгоњњо, толорњои варзишї ва ѓайрањо «ба таъмир ниёзманд мебошанд ё худ ба таври маќсаднок истифода бурда намешаванд». Инчунин таъкид гардид, ки «баъзе иншоот, толорњо ва майдончањои варзишї бо таљњизоташон дар чандин шањру ноњияњо хусусї гардонида шуда, ба љои онњо хонањои истиќоматї ва марказњои савдо сохта шудаанд».

    Дар суханронии Президент махсусан таъкид гардид, ки «дар шароити кунунї, њатто дар њолати пурра фаъолият намудани иншоотњои мављудаи варзишї онњо њамагї дањ фоизи ањолии кишварро бо варзиш фаро гирифта метавонанду халос». Њол он ки варзиши имрўза «бунёду таљдиди иншоотњои замонавии варзишї» - ро талаб мекунад. Инчунин таъкид гардид, ки «њар чї ќадар мо ба рущди соњаи варзиш дар кишвар шароит фароњам орем, њамон ќадар насли љавонро аз зуњуроти номатлуб, ба монанди нашъамандиву нашъаљаллобї, амалњои ќонуншиканї, шомил гардидан ба гурўњњои экстримистию ифрогаро ва ѓайра наљот мебахшем». Барои ин сарвари давлат масъалаи «оммавигардонии варзиш» - ро ба миён гузошта, њатто ба он љалби васеи маъюбонро низ зарур шуморид. Инчунин ба масъалаи масъулони ин соња дахл намуда, зарурияти аз роњбарият дур кардани «шахсони тасоддуфї» ва ба ин вазифањо таъин намудани «шахсони ташкилотчї ва дорои масъулияти баланд» - ро зарур шуморид.

    Хулоса, иљроиши вазифа ва супоришњое, ки дар ин суханронии Президенти љумњур акс ёфтааст, махсусан барои дар мамлакати мо оммавї гардонидани варзиш ањамияти калон дорад.

    Тандурустї. Муваффаќиятњои мамлакат аз бисёр љињат аз вазъи хуби соњаи тандурустї сахт вобастагї дорад. Зеро, кори хуби ин соња ин солимии мардум ва солимии љамъият аст. Вале ин соња душворињои зиёдро паси сар намуд. Чунончї, соли 1991 дар љумњурї шумораи духтурон 14,1 њазор нафар буд, вале соли 1997 ба 12,1 њазор нафар расид, ки ин шумораи аз њама камтарини замони истиќлолият ба њисоб меравад. Минбаъд шумораи духтурон зиёд гардида, соли 2005 – 13,3 њазор нафар ва соли 2009 ба 14,5 њазор нафар расидааст. Яъне, дар ин соња танњо соли 2009 ба дараљаи соли 1991 расида, аз он њам каме гузаштаанд.

    Дар замони истиќлолият дар љумњурї баръакс шумораи беморхонањо давра ба давра зиёд шудаанд. Аз љумла, агар шумораи онњо соли 1991 њамагї 374 адад бошад, пас соли 2005 то ба 454 адад расидааст. Аммо соли 2009 шумораи умумии беморхонањо боз кам шуда, 429 ададро ташкил додаанд. Новобаста аз каму зиёдшавии шумораи беморхонањо, адади катњои онњо сол аз сол кам шудааст. Масалан, агар соли 1991 шумораи катњои беморхонањо 59,6 њазор ададро ташкил карда бошанд, пас соли 2000 – 41,2 њазор кат, соли 2005 – 40,6 њазор кат ва соли 2009 њамагї 38,6 њазор катро ташкил додаанд. Сабаб, на ин ки кам шудани шумораи умумии беморон, балки дар амал сол аз сол боло рафтани гаронии табобат ва доруворї мебошад. Бинобар ин ќисме аз беморон ба беморхонањо мурољиат намекунанд. Ба ѓайр аз ин дар солњои охир дар љумњурї тибби оилавї махсусан инкишоф ёфта истодааст. Њоло шумораи чунин табибон зиёда аз 400 нафар мебошанд.

    Њамин тавр маводњои ин боб аз он гувоњї медињанд, ки дар замони нисбатан кўтоњи таърихї илму фарњанги љумњурї њарчанд даврањои душворро паси сар кардааст, вале кунун барои рушду нумўи њамаи самтњои он шароит муњайё гардидааст. Бинобар ин бо боварии комил гуфта метавонем, ки њар як тољику тољикистонї дар ќатори мустањкам намудани дастовардњои истиќлолият ва вањдати миллї, инчунин бањри рушди илму фарњанги он њиссагузор мешаванд.

    Хулоса
    Маводњои дар ин китоб гирд овардашуда лањзањое аз таърихи тўлонии аљдодони мо ба њисоб меравад. Маълум мешавад, ки онњо тамоми даврањои таърихиро, бо њама пастиву баландињо ба дараљаи гуногун аз сар гузаронидаанд. Аз љумла дар њудудњое, ки аљдодони мо зистаанд, њарчанд љамъияти ѓуломдорї њукмфармо буд, вале он бештар бо нишонањои љамъияти феодалї омехта вуљуд дошт ва бо њамин сабабњо иќтисодиёти он давр дар таърих номи «тарзи истењсолоти Осиёгї»-ро гирифтааст. Аммо љамъияти феодалї дар ин њудудњ хело тўлонї буд ва ба нуќтањои баландтарини худ расид. Дар ин давр агар шоњаншоњии Њахоманишињо бузургтарин давлати мардуми ориёї ба њисоб равад, пас шоњаншоњии Сосониён тараќкиќардатарин давлат дар замони то забти арабњо буд. Фарњангистони Гудишопур, ки дар замони Сосониён вуљуд дошт, бењтарин олимони љањонии тиб, риёзї ва нуљумро гирд оварда буд. Аз љумла бо ташаббуси олимони тибби ин фарњангистон њамон давр зиёда аз 5 њазор намуди беморї муайян шуда буд. Бинобар ин аз аљдодони мо баромадани Закарёи Розї ва Абў Алї ибни Сино тасаддуфї набудааст.

    Дар замони то забти арабњо дар мулкњои мардуми ориёї ба љуз замони њукмронии Њахоманишињо, бештар замони парокандагї, ихтилофњо ва љангу љидолњо њукмфармо буд. Бинобар њамин њам фарзанди баруманди халќи тољик Абулќосим Фирдавсї дар шоњасари худ «Шоњнома» буњуда чунин хунрезињоро мањкум накардааст. Вале мањз њамин гуна парокандагию ихтилофњои дохилї имконият муњайё намуданд, ки сарзамини аљдодони моро сараввал забткорони Юнону маќдунї, сипас арабњо ба дасти худ дароранд.

    Аљдодони мо њанўз ќариб се њазор сол пеш аз ин бо даъвати пайѓамбар Зардушт ба яккахудої гузаштанд. Дар њамин давр аввалин китоби муќаддас «Авасто» ташаккул ёфт. Аммо дини зардуштї дини ягонаи тамоми аљдодони мо нагардид. Бинобар ин дар байни аљдодони мо эътиќодмандони динњои дигар низ вуљуд доштанд. Танњо баъди забти арабњо дини ислом дини ягонаи њамаи аљдодони мо гардид.

    Дар замони њукуматдории Сомониён, мањз ба шарофати кордонию зиракии Исмоили Сомонї, ба ў муяссар гардид, ки њамаи тољикони Вароруду (Мовароуннањру) Хуросонро ба давлати ягона муттањид гардонад ва халќияти тољик ташакул ёбад. Ѓамхорї ва мењрубоние, ки Исмоили Сомонї, Насри II Сомонї ва баъзе дигар амирони Сомонї нисбат ба олиму шоир доштанд, Бухороро на танњо ба маркази асосии маъмурию тиљорат, балки ба яке аз нуќтањои машњури илму маърифати љањон табдил доданд. Аммо аз миёнаи асри Х боз мансабталошї, парокандагї, љангу љидолњои дохилї идома ёфтанд. Дар натиља, аз як тараф ба сарзамини аљдодони мо кўчида омадани ќабилањои туркї афзуд. Ба ин ќабилањои кўчї њатто муясар гардид, ки давлатдориро ба дасти худ гиранд. Вале њамон љангу љидолњо ва парокандагї њанўз идома дошт ва ин боиси он гардид, ки ин сарзамин аз тарафи муѓулњо ва ќисми он минбаъд аз тарафи Русияи подшоњї забт гардад. Дар ин давр аз даштњои пањновари Ќипчоќ ба сарзамини Мовароуннањру Хуросон зиёда ќабилањои муѓулњои туркшуда, яъне ќабилањои ўзбекњои бодиянишин кўчида омада, муќимї гардиданд.

    Замони њукуматдории Русияи подшоњї дар Осиёи Миёна замоне буд, ки дар ин сарзамин љангњои дохилї ва раќобати мансабї аз байн рафт. Мањз дар њамин давр дар ин мулкњо нишонањои сармоядорї ба вуљуд омада, инкишоф ёфт. Чуноне мебинем, бисёре аз масъалањои вобаста ба замин, андоз, ќарз, аз љумла ќарзи хурд, муомилоти бонкї, соњибкорї, љалби сармоя ба истењсолот, зарурияти иттифоќи байни бонк ва соњибкор – истењсолкунанда ва ѓайрањо, ки ба њамин давраи њаёти иќтисодию љамъиятї хос аст, дар замони соњибистиќлолї низ ањамияти махсус дорад. Аз љумла мањз дар њамон давр низоми додани ќарзи хурд ба истењсолкунандагони хурд, аз љумла дењќонони пахтакор ба воситаи миёнаравњоро таърихи худамон мањкум карда буд. Аммо чунин низоми ќарздињиро мо дар замони соњибистиќлолї такрор намудем, ки оќибаташ, махсусан барои дењќонони пахтакор хело вазнин гардид.

    Бисёр лањзањои њаёти љамъияти Шўравї њам иборатомўз аст. Дар ин давр аз сохтани каналу роњњо сар карда, то бунёди корхонањои бузург, ба монанди НБО Норак, Заводи арзии тољик (ТАлКо) ва ѓайрањо бо мададу дастгирињои дўстон, дар доираи Иттифоќ амалї гардид. Мањз талаби дар рўњияи дўстї тарбия ёфтани љавонон яке аз сабабњои асосии ѓалабаи халќњои Шўравї дар Љанги Бузурги Ватанї гардид. Ба мо зарур аст, ки њамаи ин таљрибањоро омўхта бањри мустањкамии дастовардњои истиќлолияти љумњуриамон истифода барем. Саросар саводнок намудани мардум, пура љорї намудани таълим ва табобати бепул аз дастовардњои бењтарин буд. Аммо яккатозињои њизби коммунистї, мањдудиятњо нисбат ба дин ва урфу одати милї, таъќиботи замони њукмронии Сталин ва ѓайрањо оќибатњои манфии ин давр ба њисоб меравад.

    Љумњурии Тољикистон, сраввал њамчун љумњурии мухторї баъд њамчун љумњурии иттифоќї зодаи њамин замони Шўравї ба њисоб меравад. Замони мухторият ва ба љумњурии иттифоќї табдил ёфтани Тољикистон зинањое буданд, барои ба истиќлолияти давлатї. Љумњурии Тољикистон мањз дар натиљаи пошхўрии Иттињоди Шўравї соњибистиќлол гардид. Минбаъд таќдири њали масхалањои сиёсию иќтисодї ба ихтиёри худи љумњурї гардид. Акнун ояндаи дурахшони мардуми Тољикистон аз сиёсати њукумати љумњурии соњибистиќлол сахт вобастагї дорад.

    Дастовардњои љањони имрўза далолат медињанд, ки танњо бо роњи мустањкам нигоњ доштани вањдати миллї, пеш бурдани илму техника ва дар истењсолот њар чї зудтар ба тарзи васеъ љорї намудани онњо мамлакат метавонад иќтисодиёти худро ба нуќтањои баландтарини тараќќиёт расонад. Пешравии иќтисодиёт ба ѓанї гардидани хазинаи мамлакат, гарави пешравии фарњанг, баланд шудани дараљаи некуањволии мардум мегардад. Дар мамлакати мо барои дар оянда раќобатпазир гардидани молњои истењсолии љумњурї ќариб њамаи имкониятњо муњайёст. Пеш аз њама фаровонии ашёи хом: пахта, арзиз (алюминий), пўст, пашм, пилла, сангњои ќиматбањо ва ѓайрањо, фаровонии ќувваи арзони корї, дар оянда фаровонии ќувваи арзони барќ имконият медињанд, ки њангоми истифода аз дастовардњои навтарини илму техника молњои ватанї метавонанд на танњо дар бозори дохилї маќоми худро ишѓол намоянд, балки дар бозори љањонї њам роњ пайдо кунанд.

    Њамаи маќсаду мароми дар пеш истода њангоме амалї мегардад, ки дар мамлакат сулњу оромї њукмфармо бошад, ќонуну ќонуниятњо пурра риоя гарданд, вањдати миллї пойдор нигоњ дошта шавад. Њукумати љумњурї дар њамин самтњо корњои зиёдеро ба сомон расонида истодааст ва чорабинињои зиёде њанўз дар пешанд. Боварї дорем, ки амалї гардидани онњо боиси гул – гулшукуфии љумњурии соњибистиќлоламон мегардад. Барои њар чї зудтар амалї гардидани ин маќсад њар як љавони баору номуси мамлакат бояд њиссагузор бошад. Бояд њар як фарди љумњурї аз худ бипурсад, ки мањз ў дар ин самти бошараф, барои рушди давлати соњибистиќлоли Тољикистони азиз чї њисса гузоштааст? Дарки дурусти ин маќсад љавононро ба дастовардњои бузург њидоят мекунад.
    1   ...   49   50   51   52   53   54   55   56   57


    написать администратору сайта