апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
Скачать 3.71 Mb.
|
§ 2. Маориф. Муассисањои томактабї. Дар замони Шўравї ба муассисањои томактабї диќќати љиддї дода мешуд. Вазифа гузошта шуда буд, ки тамоми кўдакони томактабї тарбияи ин даргоњро гирифта, барои тањсил ба муассисањои тањсилоти умумї омода гарданд. Бо њамин сабабњо адади муассисањои томактабї, яъне кўдакистонњо сол аз сол меафзуданд. Соли 1991, яъне дар соли эълон гардидани истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон, шумораи умумии муассисањои томактабї ба 944 адад рисида буд, ки дар онњо 141,5 њазор нафар кўдакон тарбия мегирифтанд. Ин дар замоне, ки ањолии љумњурї дар он сол зиёда аз 5,5 млн. нафарро ташкил медоданд. Бинобар ин њамон солњо њам миќдори мављудаи муассисањои томактабиро барои љумњурї нокифоя њисоб мекарданд. Дар солњои аввали истиќлолияти љумњурї, бо сабаби љанги шањрвандї, махсусан шањру ноњияњое, ки амалиёти љангї фаро гирифта буд, бисёре аз кўдакистонњо њам хароб ва њатто торољ гардиданд. Њукумати љумњурї имконият надошт, ки онњоро пурра маблаѓгузорї намояд. Чунин имкониятро њатто бисёре аз корхонањое, ки соњиби кўдакистон буданд, надоштанд. Ба ѓайр аз ин баъзе аз кўдакистонњо, дар маъракаи хусусигардонии моликияти давлатї фурўхта шуданд. Дар натиља шумораи муассисањои томактабї сол аз сол кам мегардиданд. Аз љумла, шумораи онњо соли 1995 – 555 адад, бо 78 њазор нафар кўдакон; соли 2000 – 502 адад, бо 53,4 њазор нафар кўдакон; соли 2005 – 486 адад муассиса, бо 61,9 њазор нафар кўдакон фаъолият мекарданд. Соли 2009 бошад, дар љумњурї њамагї 487 адад муассисаи томактабї фаъолият намуда, 58,1 њазор нафар кўдаконро дар бар гирифтаанду халос. Яъне, дар ин муддат, нисбат ба соли 1991, шумораи умумии муассисањои томактабї ќариб ду баробар, шумораи тарбиягирандагони онњо зиёда аз дуюним баробар кам шудаанд. Њол он ки дар ин давр суръати таваллуди кўдакон дар љумњурї кам нашуда, баръакс зиёд гардидааст. Аз љумла шумораи умумии ањолии љумњурї, нисбат ба соли 1991 тахмин 50% афзуда, соли 2009 -7,5 млн. нафарро ташкил додааст. Албатта чунин њолат њукумати љумњуриро ором гузошта наметавонист. Зеро, зиндагї исбот намуд, ки дар шароити имрўза низ тамоман беназорат гузоштани кўдакон махсусан ба фоидаи љамъият нест. Аммо њукумат, њар чанд пай дар пай маблаѓгузории ин соњаро зиёд намояд њам, вале имконият надорад, ки тамоми кўдакони томактабиро ба оѓуши кўдакистонњо љалб намояд. Бо њамин сабабњо, бо ташаббуси њукумати љумњурї 14 декабри соли 2010 лоињаи Ќонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба муњокимаи умумихалќї пешнињод карда шуд. Мувафиќи он масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кўдаки чї томактабї ва чї талабагони мактабї, яъне то ба балоѓат расидани фарзанд зиёд карда шуд. Муассисањои тањсилоти умумї. Пўшида нест, ки барои њар гуна давлати соњибистиќлол масъалаи тарбияи љавонон яке аз масъалањои асоситарин ба њисоб меравад. Бо њамин сабабњо ба муассисањои тањсилоти умумї диќќати љиддї дода мешуд. Дар Љумњурии Тољикистон ба тамоми душворињо нигоњ накарда, ба љуз солњои љанги шањрвандї, шумораи ин гуна муассисањоро нигоњ дошта тавонистанд, ки ба онњо тамоми љавонони синни мактабиро љалб намоянд. Бинобар ин, агар соли тањсили 1991 – 1992 дар љумњурї шумораи умумии муассисањои тањсилоти умумї 3229 адад, бо 1.325,4њазор нафар талабагон бошанд, пас дар соли тањсили 2005 – 2006 шумораи он муассисањо 3804 адад, бо 1.682 њазор нафар талабагон, соли тањсили 2009 – 2010 шумораи муассисањо 3780 адад, бо 1.694,9 њазор нафар талабагон расидааст. Дар солњои љанги шањрвандї ќариб 20% мактабњои тањсилоти умумї хароб гардидаанд. Баъди љанг аксари онњо аз нав барќарор, ё худ аз нав сохта шудаанд. Дар миќёси љумњурї дар солњои 1992 – 2010 њамагї 949 бинои мактаб барои 244.253 љойи нишаст, бо маблаѓи 469.361 њазор сомонї сохта ба истифода дода шудааст, ки ин суръат аз суръати сохтмони мактабњо дар солњои 80 – ўми асри ХХ – 1,6 маротиба зиёд аст. Аксари онњо бо љалби сармояи хориљї сохта шудаанд. Дар баъзе ноњияњо чунин муассисањо ба тарзи њашар, ё худ маблаѓгузории соњибкорони саховатпешаи шердил сохта шуд. Чунончї, аз љониби соњибкорони ватанї дар давоми солњои 2008 – то 1 сентябри соли 2010 – 55 мактаб барои 8912 љойи нишаст, ба маблаѓи 15231,6 њазор сомонї сохта ба истифода дода шудааст.1 Албатта дар шароити љумњурии мо бо омўзгорон таъмин намудани муассисањои тањсилоти умумї аз љумла вазифањои муњимтарин, вале душвор ба њисоб меравад. Дар ин муассисањо соли тањсили 1991 – 1992 шумораи умумии омўзгорон 95 њазор нафар буданд ва соли тањсили 2003 – 2004 њатто ба 101,5 њазор нафар расид, ки ин шумораи аз њама зиёд мебошад. Минбаъд шумораи омўзгорон баръакс кам шуд. Яъне, соли тањсили 2005 – 2006 шумораи онњо 98,9 њазор нафар ва соли тањсили 2009 – 2010 њамагї – 94.248 нафарро ташкил намудаанд. Шумораи охирини омўзгорон адади аз њама камтарин дар замони истиќлолияти љумњурї ба њисоб меравад. Њол он ки дар ин муддат донишгоњу донишкадањои соњаи омўзгориро њазорњо нафар љавонон хатм намуда, соњиби диплом гардидаанд. Сабаб, њарчанд њукумати љумњурї давра ба давра, аз рўи имконият маоши омўзгоронро зиёд карда истодааст, вале дар бисёр њолатњо он љавононро ќаноатманд карда наметавонад. Бинобар њамин њам ќисме аз онњо нисбат ба касби омўзгорї, касби мардикориро афзалтар дониста, сафи муњољирони мењнатиро пур кардаанд. Бояд дар хотир дошт, ки дар њамин даври истиќлолияти давлатї, дар љумњурии мо њам шаклњои нави муасисањои тањсилоти умумї, яъне дар ќатори мактабњои њамагонї, боз мактабњои шакли нав – литсею гимназияњо ва мактабњои хусусї ба вуљуд омаданд. Аз љумла соли 1991 дар шањри Душанбе, дар асоси мактаби миёнаи раќами 60 аввалин литсей ва дар асоси мактаби миёнаи раќами 74 аввалин гимназия кушода шуд. Соли 1996 дар Хуљанд, бо ташаббуси профессор П.Пўлодов мактаби хусусї таъсис ёфт. Дар љумњурї соли 1992 аввалин литсеи тољикию туркї ба вуљуд омад ва то соли 2010 шумораи чунин литсейњои тољикию туркї ба 6 адад расид. Соли 1995 дар шањри Душанбе литсей – интернати президентї барои кўдакони болаёќат таъсис ёфт ва он соли 1998 ба литсей – интернати президентї табдил дода шуд. Соли 2003 гимназия – интернати Тољикистону Русия («Њотам ва П.В.») кушода шуд. Умуман то оѓози соли 2011 дар љумњурї 89 гимназия (61 гимназияи давлатї ва 28 гимназияњои ѓайридавлатї), 56 литсей (49 литсейи давлатї, 7 литсейи ѓайридавлатї) ва 12 мактабњои хусусї, яъне љамъ 157 муассисаи таълимї фаъолият менамуданд. Њол он ки соли 1991 шумораи умумии чунин муассисањои таълимї 5 адад буданду халос. Соли 2010 дар Љумњурии Тољикистон «Соли маориф ва фарњанги техникї» эълон гардид. Дар ин асос дар баробари сохтмони мактабњои нав, барои бо маводњои навин – компютерњо таъмин намудани муассисањои тањсилоти умумї диќќати љиддї дода шуд. Аз љумла, танњо дар муддати солњои 2008 – 2010 мактабњои мамлакат бо 27 њазор адад компютер таъмин гардидаанд. Хурсандиовар аст, ки дар солњои охир аз љумлаи хонандагони болаёќати литсею гимназияњо ва мактабњои тањсилоти умумї сафи лаёќатмандон зиёд шуда истодааст. Чунончї, агар соли 2008 – 78 нафар мактаббачагони болаёќати фиристодаи љумњурии мо дар озмунњои байналхалќї 43 љойи намунавиро ишѓол карда бошанд, пас соли 2009 аз 82 нафар хонандагони болаёќати фиристодаи љумњурии мо дар озмунњои байналхалќї 52 љойи намунавиро соњиб шудаанд. Махсусан дар солњои охир дар тайёр намудани хонандагони болаёќт литсейи тољикию туркї ба номи Њољї Камол, гимназия – интернати Тољикистону Русия («Њотам ва П.В.») ва ѓайрањо маќоми муњим бозидаанд. Вале новобаста аз чунин муваффаќиятњо дараљаи дониши аксари хатмкунандагони муассисањои тањсилоти умумии мамлакати мо њанўз љавобгўи талабот нестанд. Њукумати љумњурї чунин њолатро ба инобат гирифта, тамоми чорањоро андешида истодааст, то ин ки дар тамоми муассисањои тањсилоти умумии мамлакат дараљаи дониш баланд бардошта шавад. Мањз бо њамин маќсад маблаѓгузории ин соња сол аз сол афзун шуда истодааст. Масалан, соли 2000-ум ба соњаи маорифи мамлакат, аз њисоби буља њамагї42 млн. сомонї људо гардида буд. Соли 2009 бошад, новобаста аз таъсири манфии бўњрони молиявии љањонї, танњо ба ин соња 1.110,2 млн. сомонї људо гардид, ки ин нисбат ба соли 2008 – 60,6% ва нисбат ба соли 2000-ум 27 баробар зиёд аст. Ба ѓайр аз ин ќариб њар сол ба ин самт грантњои зиёди хориљї равона карда мешавад. Ин њама имконият муњайё намуд, ки то соли 2010 тамоми муассисањои таълимоти умумї бо китобњои дарсї таъмин гарданд. Њукумати Љумњурии Тољикистон мањз пешрафти илму техника ва махсусан технологияи навинро ба инобат гирифта, тањрири нави Ќонун «Дар бораи маориф» - ро омода намуд ва он 28 апрели соли 2010 ќабул гардид. Барои амалии ин Ќонун 3 майи соли 2010 бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Консепсияи гузариш ба низоми нави тањсилоти миёнаи умумї дар Љумњурии Тољикистон» тасдиќ гардид. Мувофиќи ин њуљљат дар љумњурї аз соли тањсили 2010 – 2011 маълумоти њатмии 10-сола љорї мегардад. Аз соли тањсили 2014 – 2015 ба мактаб аз синни 6-солагї ќабул мекунанд. Соли тањсили 2016 – 2017 дар љумњурї бояд гузариш ба тањсили 12-сола ба итмом расад. Инчунин, мувафиќи ин Ќонун њам дар љумњурї тањсилот се зинагї боќї мемонад. Зинаи аввал, синфњои 1 – 5 – маълумоти ибтидої; зинаи дуюм, синфњои 6 – 10 – маълумоти асосї ва зинаи сеюм, синфњои 11 – 12 – тањсили васеи фанњои интихобшуда, дар самтњои фанњои љомеашиносї (гуманитарї), техникї ва фанњои даќиќ. Њоло бошад, дар љумњурии мо дар асоси Ќонуни соли 1993 «Дар бораи маориф», тањсили се зинагї идома дорад. Зинаи аввал, синфњои 1 – 4 – маълумоти ибтидої; зинаи дуюм, синфњои 5 – 9 - маълумоти миёнаи нопурра ва зинаи сеюм, синфњои 10 – 11 – маълумоти миёна ба њисоб мераванд. Муассисањои олии касбї. Дар шароити пешрафти илму техника, махсусан технологияи навин, маќоми муассисањои олии касбї басо бузург аст. Мањз дар њамин самт дар замони истиќлолият Донишгоњи давлатии Тољикистон, ки ба Донишгоњи миллии Тољикистон табдил дода шуд, фаъолияти худро боз њам васеъ намуд. Донишкадањои омўзгории шањрњои Душанбе, Хуљанд, Кўлоб, Ќўрѓонтеппа ва Хороѓ њама ба донишгоњ табдил ёфтанд. Донишкадањои политехникї, тиббї, аграрї, тиљорат ва технологї низ ба донишгоњ табдил дода шуданд. Бо маќсади омода намудани мутахассисњои соњаи њарбї – Донишкадаи њарбии Тољикистон (соли 1992 њамчун Коллељи олии њарбии муњандисию командавии Тољикистон таъсис ва соли 2002 ба Донишкадаи њарбии Тољикистон табдил ёфт), барои омода намудани мутахассисони корњои дохилї – Академияи Вазорати корњои дохилї (соли 1991 чун Мактаби олии Вазорати корњои дохилї бунёд гардида, соли 2000 номи Академияи Вазорати корњои дохилиро гирифт) таъсис дода шудаанд. Хусусияти хоси замони истиќлолият дар ин соња он аст, ки дар баробари мављудияти муассисањои олии касбии давлатї (чї тавре таъкид шуд, то соли 1990 шумораи онњо 10 адад буд), дар љумњурї муассисањои зиёди олии касбии омехта, яъне давлатию тиљоратї ва махсусан бештар тиљоратї ба вуљуд омада, фаъолият карда истодаанд. Яке аз аввалин чунин муассисаи шартномавї – Донишгоњи технологї (соли 1990 њамчун донишкада таъсис ва баъд ба донишгоњ табдил ёфт), аввалин муассисањои олии касбии замони истиќлолият – Донишкадаи соњибкорї ва хизмат (соли 1991), Донишкадаи иќтисодї (соли 1996 сараввал бо номи Донишкадаи андоз ва њуќуќ), Донишгоњи славянии Тољикистону Русия (соли 1996) ва ѓайрањо таъсис ёфтаанд. Њукумати љумњурї махсусан дар солњои охир ба масъалаи таъсиси донишгоњу донишкадањои техникї, энергетикї ва металлургї диќќати љиддї дод. Дар натиља, соли 2008 – Донишкадаи энергетикї дар шањри Ќўрѓонтеппа ва Донишкадаи кўњию металлургї дар шањри Чкаловск, дар шањри Душанбе соли 2009 – филиали Донишгоњи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов, соли 2010 – филиалњои Донишкадаи энергетики Москва, Донишкадаи пўлод ва хўлаи Москва, Донишгоњи техникии шањри Харков таъсис дода шуданд. Дар натиљаи ин њама шумораи муассисањоли олии касбї дар љумњурї хело зиёд гардид. Чунончї, шумораи онњо дар соли тањсили 1991 – 1992 – 13 адад, бо шумораи донишљўён – 69,3 њазор нафарро ташкил намуда бошанд, пас (якљоя бо филиалња) соли тањсили 1999 – 2000 – 29 адад бо 79,2 њазор нафар донишљў; соли тањсили 2005 – 2006 – 36 адад муассисањо, бо 132,4 њазор нафар донишљў, 2008 - 2009 - 33 адад, бо 156,3 њазор нафар донишљў ва соли тањсили 2009 – 2010 - 36 адад муассисањо, бо 157,8 њазор нафар донишљў фаъолият намудаанд. Чуноне аз ин далелњо маълум мешавад, шумораи умумии муассисањои олии касбї дар љумњурї соли тањсили 2009 – 2010 нисбат ба соли тањсили 1991 – 1992 ќариб се баробар, шумораи донишљўён беш аз ду баробар афзудаанд. Дар Љумњурии Тољикистон аз соли тањсили 2006 – 2007 сар карда муассисањои олии касбї гузаришро ба низоми таълимї кредитї оѓоз намуданд. Аввалин шуда ба ин низоми таълимї Донишгоњњои тиљорат ва технологї гузаштанд. Давраи гузариши дигар донишгоњу донишкадањо њанўз идома дорад. Дар муддати солњои 2004 – 2009 ќариб 3 њазор нафар љавонони тољикистонї барои тањсил ба хориља фиристода шудаанд. Чуноне дар яке аз баромадњои Президенти љумњурї Эмомалї Рањмон таъкид гардидааст, бояд њар сол ќариб 500 нафар, баъди хатми донишгоњу донишкадањои олии хориљї, ба Ватани худ – Тољикистон бармегаштанд. Аммо дар амал њамагї 50 нафари онњо бармегарданду халос.1 Њол он ки имрўзњо тамоми соњањои хољагии халќи љумњурии мо ба кадрњои баландихтисос ниёз доранд. § 3. Илм Дар 20 соли охир дар дунё чї ќадар дигаргунињои љиддї, пешравињои бузург ба амал омадаанд. Њамаи ин натиљаи пешравињои илму техника, махсусан технологияи иноватсионї ба њисоб меравад. Давлатњои пешрафтаи љањон ба ин соња диќќати љиддї дода, маблаѓи хеле зиёд харљ кардаанд. Аммо дар Љумњурии Тољикистон вазъият тамоман дигар буд. Воќеањои солњои 90 – уми асри ХХ, махсусан љанги шањрвандї, чуноне таъкид намудем, ба фаъолияти эљодкорон зиёда таъсири манфї расонид. Дар натиља шумораи умумии кормандони илмї – техникї дар љумњурї хеле кам шуд. Чунончї, агар шумораи умумии онњо соли 1991 – 8.501 нафар бошанд, пас соли 1995 њамаги 3.062 нафарро ташкил додаанд, ки ин шумораи аз њама камтарини замони истиќлолият мебошад. Яъне, шумораи умумии кормандони илї – техникї дар љумњурї дар ин сол нисбат ба соли 1991 ќариб се баробар кам шудааст. Аз соли 1996 дар љумњурї шумораи онњо боз зиёд гардида, он сол ба 3571 нафар, соли 2005 ба 4891 нафар ва соли 2009 ба 5196 нафар расидааст. Агар соли 1991 дар љумњурї шумораи докторњои илм 226 нафарро ташкил дода башанд, пас соли 1994 то 64 нафар, яъне ќариб 4 баробар кам шудаанд. Аз соли 1995 шумораи докторони илм боз зиёд шуда, ба 105 нафар расидааст. Соли 2005 шумораи умумии докторони илм ба 415 нафар расид, ки ин раќами аз њама зиёди замони истиќлолият мебошад. Аммо минбаъд шумораи докторони илм дар љумњурї боз сол аз сол кам шудан гирифт. Чунончї: соли 2006 – 352 нафар, соли 2007 – 325 нафар, соли 2008 – 328 нафар, соли 2009 – 229 нафар, яъне соли 2009 шумораи умумии докторони илм кам шуда, ќариб ба дараљаи соли 1991 расидааст. Шумораи номзадњои илм дар љумњурї соли 1991 њамагї 1835 нафарро ташкил додаанд. Соли 1995 онњо то 551 нафар кам шудаанд, ки ин шумораи аз њама камтарини замони истиќлолият ба њисоб меравад. Минбаъд шумораи номзадњои илм зиёд гардида, соли 2005 ба 1245 нафар расид. Аммо минбаъд шумораи онњо боз кам шуда, соли 2006 – 1098 нафар, соли 2007 – 1030 нафар, соли 2008 – 1062 нафар, соли 2009 њамагї 665 нафарро ташкил додаанд. Чунин вазъият дар њоле ки харољоти буљаи давлатї барои илм сол аз сол зиёд мешуд. Масалан, он соли 1995 – 64 њазор сомонї, соли 2000 – 1.155,8 њазор сомонї, соли 2005 – 7.663,3 њазор сомонї ва соли 2009 – 21.320,4 њазор сомониро ташкил додааст. Аммо новобаста аз ин дар ин давр њавасмандии махсусан љавонон нисбат ба илм чандон назаррас набуд. Новобаста аз њамаи душворињои соњаи илм дастовардњои олимони љумњурї дар замони истиќлолият назаррас аст. Чунончї, бо ташаббуси Пажуњишгоњи таърих, бостоншиносї ва мардумшиносї ба номи А.Дониши АИ ЉТ, бо сарварии академик Р.М. Масов таърихи 6 љилдаи халќи точик навишта шуд. Аз тарафи гурўњи олимон оиди замони истиќлолият китоби махсусро бо номи «Очеркњои таърихи Љумњурии Тољикистон» омода намуданд. Олимони соњаи илмњои таърих, чї дар Академияи Илмњо ва чї дар донишгоњу донишкадањо, ба монанди Р.А. Абулњаев, М.Б. Бобохонов, Ањрор Мухторов, Абдусаттор Мухторов, Н.Н. Неъматов, Њ.Н. Назаров, Н.Њ. Нурљонов, Ю.Я. Яъќубов, Ѓ.Њ. Њайдаров, М.Н. Наимов, Н.Б. Њотамов, Р.А Набиева, Њ.П. Пирумшоев, А.З. Рањматуллоев А.М. Мирбобоев, Н.Р. Рањимов, В.М. Набиев, Ш.М. Султонов, М.И. Иномов, Н.О. Турсунов, А.Н. Ѓафуров, Њамза Камол, А.С. Саидов, А.Р. Раљабов, А. Розиќзода, Д. Довудї, М.Њ.Маликов, С. Муњиддинов ва дигарон дар ин давр асарњои зиёди гаронбањо офаридаанд. Файласуфони љумњурї бо ташаббуси Пажуњишгоњи фалсафа, сиёсатшиносї ва њуќуќи АИ ЉТ, дар ќатори асарњои људогона, Таърихи фалсафаи халќи тољикро иборат аз 3 љилд навишта ба итмом расонида, ба омода ва нашри Осори 16 љилдаи Абў Алї ибни Сино, бо забонњои тољикї ва русї шурўъ карданд. Дар пешрафти илмњои фалсафа, сиёсатшиносї ва њуќуќ, олимони љумњурї М.Д. Диноршоев, К.О. Олимов, А.М. Мањмадхољаев, С.Н. Наврўзов, Н.С. Саидов, А.Ш. Шамолов, Г.З. Зокиров, А.М. Мањмадов, Ш. Шоисматуллоев, Ф.Т. Тоњиров, М.А. Мањмудов, Н.О. Одилов, М. Рањимов, А. Саидов, Р.С. Комилов, Х. Зиёев ва дигарон њиссаи зиёд гузоштаанд. Бо ташаббуси Пажуњишгоњи забон ва адабиёти АИ ЉТ Фарњанги тафсирии забони тољикї, иборат аз 2 љилд, Фарњанги мукаммали забони тољикї, иборат аз 6 љилд, Донишномаи Рўдакї, иборат аз 4 љилд, Фарњанги тољикї ба русї (бо забонњои тољикї ва русї) омода гардиданд. Умуман дар пешрафти илми соњаи филология ва шарќшиносї, олимони љумњурї М.Шакурї, Х.О. Отахонова, М.Ќ. Ќосимова, А.Р. Рањмонов, Д. Саймуддинов, Р. Њадизода, Х.Ш. Шарипов, Б. Камолиддинов, Х.А. Асозода, М.С. Имомов, Н.Ю. Салимов, С.Н. Назаров, С.Ш. Табаров, У.Т. Тоиров, Р. Рањмон, А. Сайфуллоев, А.Н. Насриддинов, А. Мањмадаминов, ва дигарон њиссагузоранд. Дар замони истиќлолият иќтисоддонњои љумњурї Т.Н. Назаров, Н.Ќ. Ќаюмов, Р.К. Рањимов, С.И. Исломов, А. Катаев, Х.У. Умаров, З.С. Султонов, Д.Ў. Ўроќов, З.Р. Рањимов, С.К. Комилов, А. Рауфї, Н.Хоналиев ва дигарон асарњои муњими тадќиќотї офаридаанд. Дар соњаи илми тиб тадќиќотњои пурарзиши Њ.М.Мансуров, Ѓ.М. Мењрољов, Н.У. Усмонов, Ш.Ф. Раљабов, Ф.А. Абдурањмонов, Н.Њ. Њомидов, У.А. Ќурбонов, М.К. Рофиев, Љ.Р. Сангинов, С.М. Ањмадов ва дигарон маќоми хосе доранд. Дар соњаи илмњои табиї ва даќиќ тадќиќотњои С.Н. Неъматуллоев, У.М. Мирсаидов, М.И. Илолов, Ю. Носиров, С.А. Одинаев, П.Б. Бобољонов, Х.Х. Каримов, Њ. Сафиев, Ф.С. Комилов, Х.М. Муњаббатов, М.И. Исматї, Х.И. Ибоддинов, М.К.Кабутов, А.О. Аминљонов, С.М. Мамадљонова, Р.С. Муќимов, Б. Кимсанов, Л.Г. Михайлов, Н.Р. Раљабов, М.Ш. Шабозов, Н.У. Усмонов, Б. Сангинов ва дигарон маќбули хонандагон гардидааст. |