апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
Скачать 3.71 Mb.
|
§4. Тиљорати дохилї ва хориљї Тиљорати дохилї. Дар давраи гузариш ба иќтисодиёти бозорї дар соњаи тиљорати дохилї дигагунињои куллї ба амал омаданд. Зеро, то ин давр дар тиљорати чакана танњо сектори давлатию кооперативї њукумфармо буданд. Соли 1991 миќдори умумии онњо ба 10632 адад мерасид. Аз ин 3294 адад нуќтањои давлатї ва 7231 адад нуќтањо кооперативии истењсолї буданд. Дар натиљаи хусусигардонї ќариб тамоми нуќтањои тиљорати давлатї хусусї гардонида шуданд. Баробари онњо бо ташаббуси соњибкорони алоњида маѓозаю тарабхонањо, ќањвахонаю ошхонањои зиёди хусусї ба вуљуд омаданд. Соли 2004 дар соњаи тиљорат, аз њисоби умумї 98,8%-ро аллакай сохтори ѓайридавлатї ташкил намуд. Инкишофи бозорњо яке аз хусусиятњои хоси давраи гузариш ва далели тараќќии тиљорати дохилї мебошад. Дар муддати хеле кўтоњ дар тамоми шањру ноњияњои љумњурї бозорњои мављуда, ки ќариб њама хусусї гардонида шудаанд, симои худро бењтар намуданд. Дар баробари бозорњои мављуда бозорњои нави хусусї ба вуљуд омаданд. Танњо дар шањри Душанбе, дар баробари бозорњои нисбатан калони мављуда, ба монанди бозорњои «Баракат», «Шоњмансур», «Саховат», боз чунин бозорњои нав, ба монанди «Султони Кабир», «Корвон» ва ѓайра ба вуљуд омаданд. Мањз дар њамин давр дар бисёр мањаллањои ањолинишини шањр низ бозорњои нисбатан хурди замонавї бунёд гардиданд. Бо сабаби он ки солњои 90-ум асри ХХ дар љумњурї истењсоли мањсулоти саноатї хело паст рафт, бинобар ин талаботи рўзафзуни мардум бештар бо маводњое, ки аз хориљи кишвар оварда мешуд, таъмин мегардид. Чунин тиљорат бештар аз тарафи шахсони алоњида сурат мегирифт. Бо сабаби он ки чунин тољирони мустаќил тез-тез ба хориља рафта, мол меоварданд, бинобар ин онњо тољирони «макугї» («чельночный», «челноками») ном гирифта буданд. Чунин њолат барои аввали асри ХХI њам хос буд. Њаљми умумии гардиши моли чакана дар њамаи соњањои савдо агар соли 2004 њамагї 3.247,4 млн. сомониро ташкил намуд, соли 2006 ба 3.972,4 млн. сомонї ва соли 2008 ба 4.701,6 млн. сомонї расид. Чунин афзоиши молфурўшї барои солњои 2009 – 2010 низ хос аст. Моњи майи соли 2008 дар Тољикистон нахустин ду минтаќањои озоди иќтисодї, яке дар шањри Хуљанди вилояти Суѓд ва дигаре дар Панљи Поёни ноњияи Ќумсангири вилояти Хатлон таъсис ёфта буд. Аввали соли 2010 боз ду минтаќаи дигари озоди иќтисодии «Данѓара» ва «Ишкошим» таъсис ёфт. Тиљорати хориљї. Ташкили мустаќилонаи тиљорати хориљї яке аз нишонањои истиќлолияти давлатї ба њисоб меравад. Аз њамин сабаб ин самти тиљорат яке аз дастовардњои замони соњибистиќлолии љумњурї мебошад. Бинобар ин аз рўзњои аввали соњибистиќлолї, барои мувофиќи талаботњои байналхалќї ташкил намудани ин соња, як ќатор њуљљатњои зурурии меъёрї ќабул гардиданд. Аз љумла соли 1993 Ќонун «Дар бораи равобити иќтисодии хориљии Љумњурии Тољикистон» ќабул гардид, ки он на танњо равобити иќтисодии хориљї, балки сиёсати арзї ва ќарзии љумњуриро низ муайян мекард. Нимаи аввали солњои 90-уми асри ХХ дар тиљорати хориљии Тољикистон њиссаи љумњурињои собиќ Иттифоќї бештар буд ва соли 1991 он 80% -ро ташкил медод. Аз миёнаи он солњо њиссаи мамолики Аврупои Ѓарбї оњиста – оњиста инкишоф ёфт. Албатта дар байни молњое, ки аз Тољикистон бароварда мешуд, маќоми асосиро арзиз (алюминий), баъд нахи пахта, меваю сабзавот ва ѓайра ташкил медоданд. Аз мамолики хориљї ба Тољикистон бештар маводи сўхт, ѓалла, орд, шакар, равѓанњои истеъмолї, ќолинњо, молњои гуногуни саноатї, сохтмонї ва ѓайра ворид гардидаанд. Дар соли 2009 Тољикистон бо 101 мамлакатњои хориљии дуру наздик муносибати тиљоратї дошт ва гардиши мол ба 3578,7 млн. долари америкої расид, ки ин нисбат ба соли 2008-ум 23,6% ё худ 1102,6 млн. доллар кам аст. Сабаб, таъсири манфии бўњрони љањонии молиявї ба њисоб меравад. §5. Маблаѓгузории хориљї (инвеститсия) ва корхонањои муштарак Маблаѓгузории хориљї (инвеститсия). Инвеститсия – ин гузориши сармояи молиявї, материалї ва ё интеллектуалї (аќлї) дар ягон соња, бо маќсади дар оянда ба даст овардани фоида ба њисоб меравад. Дар љумњурии мо барои њар чї тезтар ба анљом расонидани давраи азнавбарќароркунии хољагии халќ, махсусан барои сохтмони корхонањои азим, маблаѓгузории дохилї хеле нокифоя аст. Бинобар ин барои ба анљом расонидани ин вазифањо маблаѓгузории – инветитсияи хориљї хеле зарур мебошад. Барои љалб намудани маблаѓгузории хориљї пеш аз њам вазъи мамлакат мўътадил буда, нуќтањои маблаѓталаб бояд диќќати соњибони чунин маблаѓро ба худ љалб карда тавонанд. Дар Тољикистон бо маќсади дар ин самт муњаё намудани асосњои ќонунї њанўз соли 1992 ќонун «Дар бораи инвеститсияи хориљї дар Љумњурии Тољикистон» ќабул гадида буд. Аммо љанги шањрвандї ва хољагии халќи харобгардида маблаѓгузорони хориљиро аз мо дур кард. Њамин, ки гуфтушуниди байни тољикон аз ояндаи нек – сулњ дарак дод, баъзе ташкилотњои молиявии байналхалќї ба Тољикистон кўмаки молиявї пешнињод намуданд. Мувофиќи маълумоти соли 2006 Бонки Миллии Тољикистон, њиссаи ташкилотњои молиявии хориљї дар маблаѓгузории Тољикистон то ин лањза чунин будааст: Хазинаи Байналмиллалии Асъор барои дастгирии Барномаи иќтисодии њукумати Љумњурии Тољикистон, бо маќсади паст кардани сатњи камбизоатї ва рушди иќтисодї 226,7 млн. доллари америкої ќарзњои дарозмуддат људо намуд; Бонки Љањонї - барои дастгирии соњаи инфрасохторї, барќ, тандурустї, маориф, кишоварзї, иљтимої, дигаргунсозињои бунёдї, раванди ѓайридавлатї кардан ва паст кардани сатњи камбизоатї ба андозаи - 332,9 млн. доллари америкої маблаѓ људо намуд, аз љумла Корпоратсияи Байналхалќии Молиявї - ба соњаи хусусї то соли 2006 зиёда аз 32,4 млн. доллари америкої маблаѓгузорї намудааст; Бонки Таљдиду Тараќќиёти Аврупо барои дастгирии соњаи соњибкории хурду миёна - 59,0 млн. доллари америкої, Бонки Осиёии Рушд барои тараќќї додани соњањои маориф, тандурустї, наќлиёт, тармин ва барќарорсозии шабакањои барќї ба андозаи 240 млн. доллари америкої, Бонки Исломии Инкишоф ба соњањои тандурустї, маориф, наќлиёт, энергетика, обёрии заминњо - 108,9 млн. доллари америкої маблаѓи ќарзї ва зиёда аз 23 млн. доллари америкої грант људо намуданд. Ѓайр аз бонкњои номбурда, боз Фонди Саъудии Рушд бо маќсади маблаѓгузории соњањои наќлиёт, тандурустї ва маориф - 12 млн. доллари америкої, Фонди Кувайтии Рушди Иќтисодии Араб ба соњањои энегетика ва наќлиёт беш аз - 29,3 млн. доллари америкої (аз он 0,9 млн. доллари америкої грант), Фонди Созмони Кишварњои Содиркунандаи Нафт ба рушди соњањои тандурустї, наќлиёт ва маориф зиёда аз 15 млн. доллари америкої маблаѓ људо намуданд. Ба тарзи умуми ба ѓайр аз грантњои пешнињод гардида, танњо њаљми умумии ќарзњои барои Тољикистон људо кардаи 8 ташкилотњои байналхалќї 1023,8 млн. доллари америкоиро ташкил менамоянд. Дар баробари ин ташкилоту бонкњои байналхалкї, маблаѓгузорї ба иќтисодиёти Тољикистон аз тарафи Федератсияи Русия ва Љумњурии Халќии Чин (Хитой) низ назаррас мебошад. Љойи шўбња нест, ки ин маблаѓњо барои азнавбарќарорсозї ва рушди соњањои гуногуни иќтисодиёт ва фарњанги љумњурии мо маќоми бузургеро бозидаанд. Аввали соли 2007 дар Тољикистон 51 лоиња инвеститсионї, бо маблаѓи умумии 1 млрд. 358 млн. доллари америкої татбиќ мегардид. Оѓози соли 2010 бошад дар кишварамон 59 лоињаи инвеститсионї мавриди тадбиќ ќарор дошт, ки маблаѓи умумии онњо аз 2 млрд. доллари америкої зёд аст. Корхонањои муштарак. Яке аз роњњои ба мамлакат бештар гардидани њаљмї маблаѓгузории хориљї, ин бунёди корхонањои муштарак ба њисоб меравад. Њељ љойи шўбња нест, ки бисёр ташкилотњо ва сармоядорони хориљї барои бунёди чунин корхонањо њавасманд мебошанд. Аммо дар ин самт њам мўътадилии авзои мамлакат; фоидаовар будани њамон соњае, ки корхонаи муштарак сохта мешавад; њолати таъмин будан бо ашёи хом, ќувваи барќ, газ ва ѓайрањо сахт вобастагї дорад. Пўшида нест, ки дар солњои охир мањз нарасидани ќувваи барќ, газ ва ѓайра яке аз сабабњои асосии суст инкишоф ёфтани корхонањои муштарак гардидааст. Дар Тољикистон аввалин корхонањои муштарак аллакай соли 1991 ба вуљуд омадаанд. Шумораи чунин корхонањо дар ин сол 58 ададро ташкил намудаанд. Њатто соли 1992, ки нимаи ин солро љанги шањрвандї дар бар мегирад, 181 адад корхонањои муштарак ба ќайд гирифта шудаанд. Минбаъд миќдори чунин корхонањо кам гардиданд. Масалан соли 1993 – 34 адад ва соли 1994 – 37 адад чунин корхонањои нави муштаракро ба ќайд гирифтанду халос. Агар ба њолати инкишофи корхонањои муштарак дар солњои 1991 – 2005 назар афканем, пас соли 1996 бештар, яъне 283 адад чунин корхонањо ба вуљуд омадаанд. Аммо минбаъд адади онњо кам шуда, соли 2002 њатто то ба 101 адад паст фаромадааст. Соли 2004 – 162 ва соли 2005 – 121 адад корхонањои муштарак ба ќайд гирифта шудаанду халос. § 6. Андоз ва андозбандї Дигаргунсозињо дар низоми андоз. Андоз дар њар гуна давлат воситаи асосии ѓанї гардонидани буљаи он ба њисоб меравад. Низоми андоз ё худ андозситонї ба танзим даровардани андоз аз муайян кардан то ситонидани он дар ин ё он соњањоро дар бар мегирад. Бинобар ин низоми андоз аз сиёсати пешгирифтаи давлат сахт вобастагї дорад. Дар Љумњурии Тољикистон, баробари ба вуљуд омадани шаклњои гуногуни моликият, зарурияти даровардани таѓйиротњои љиддї дар низоми андози мамлакат ба миён омад. Зеро, низоми пешина хоси љамъияти сотсиалистї буд ва ба талаботи иќтисодиёти бозорї, ки ба шаклњои гуногуни моликият асос ёфтааст, љавобгў набуд. Аз ин рў бо маќсади мувофиќи талаботи мамлакати соњибистиќлол ба танзим даровардани низоми андоз, њанўз соли 1990 ба љои ташкилотњои собиќаи соњаи андоз, дар њайати Вазорати молияи љумњурї Инспексияи андози љумњурї таъсис ёфт. Январи соли 1992 он ба Саруправленияи андозњо, 4 майи соли 1995 ба Кумитаи андози назди њукумати Љумњурии Тољикистон табдил дода шуд. Инчунин дар њайати он Политсияи андоз ташкил ёфт. Дар натиља дар солњои 1991 – 1995 маъмурияти ягонаи марказонидашудаи низоми андози љумњурї ташкил карда шуд. Соли 1992 Ќонун «Дар бораи асосњои низоми андози Љумњурии Тољикистон» ќабул гардид. Дар асоси њамин ќонун як ќатор ќонунњои дигар оиди намудњои гуногуни андоз ќабул ва љорї карда шуданд. Соли 1994 шаклњои андоз дар љумњурї ба 45 намуд расид. 20 июли соли 1994 Ќонун «Дар бораи асосњои низоми андоз» ќабул карда шуд. Мувофиќи он барои Тољикистон 30 намуди андози љумњуриявї ва 15 намуди андозњои мањаллї муайян гардид. 12 ноябри соли 1998 Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аввалин Кодекси андози љумњуриро ќабул кард. Дар асоси ин Кодекс дар љумњурї шумораи андозњо аз 45 адад то 17 адад кам карда шуд, ки аз онњо 14 намудашон андозњои љумњуриявї ва 3 намудашон андозњои мањаллї њисоб мешуданд. 3 декабри соли 2004 Кодекси нави андози љумњурї ќабул гардид ва он аз 1 январи соли 20005 амалї шуд. Дар асоси ин Кодекс дар мамлакат 19 намуди андоз муайян карда шуд, ки аз онњо 15 намудаш умумиљумњуриявї ва 4 намудаш андозњои мањаллї мебошанд. Яке аз нуќтањои фарќкунандаи Кодекси нави андоз (соли 2004) аз Кодекси андози соли 1998 дар он аст, ки дар Кодекси нав барои кишоварзон, ба љои 6 намуди андозњои гуногун, андози ягона муайян карда шудааст. Бо андешаи баъзе њолдонњои хориљї, ки вазъи ин самтро дар соли 2009 омўхтаанд, дар як мамлакат мављуд будани 19 намуди андоз хеле зиёд аст. Давра ба давра ба Кодекси андоз таѓйиротњо ворид карда шуд. Аз љумла, мувофиќи таѓйироте, ки охири моњи майи соли 2009 ворид гардид, аз 28 майи он сол њаљми андоз аз арзиши изофа (НДС) ба ивази 20%-и аввала 18% муайян карда шуд. Њаљми андоз аз даромад бошад, ки 25% буд, дар баъзе соњањо (ба ѓайр аз бонкњо, алоќа, наќлиёт ва хизматрасонї) то 15% кам карда шуд. Дар тамоми давраи дигаргунсозињои иќтисодии љумњурї андоз аз арзиши изофа (НДС) ва андоз аз даромад аз љумлаи андозњои асоситарин ба њисоб мераванд. Соли 2009, њангоме, ки буљаи давлатии љумњурї 5.316,8 млн. сомониро ташкил медод, ба он бештар аз 3,2 млрд. сомонї маблаѓ хамчун њамчун пардохти андоз ворид гардид, ки ин нисбат ба соли 2008-ум 241,3 млн. сомонї зиёд аст. Кодекси гумрук. Кодекси гумруки Тољикистон њам ба мисли Кодекси андози зинањои гуногуни такмили худро гузаштааст. Аз љумла, њанўз 4 ноябри соли 1995 аввалин Кодекси гумрукии Љумњурии Тољикистон ќабул карда шуд. 3 декабри соли 2004 Кодекси дуюми гумруки љумњурї тасдиќ гардид, ки он аз 1 январи соли 2005 ба ќувват даромад. Мувофиќи банди 340-уми ин Кодекс ба андозњои гумрукї дохил мешаванд: 1) андози гумрукї; 2) андоз аз арзише (НДС), ки њангоми гузаронидани мол аз сарњади гумрукии Тољикистон ситонида мешавад; 3) аксиз, ки ин њам њангоми гузаронидани мол аз сарњади гумрукї ситонида мешавад. Њамин тавр ќабули кодекси гумрукї – ин ташаккули яке аз рукнњои асосии иќтисодии давлати соњибистиќлол ба њисоб меравад. §7. Низоми бонкии љумњурї Дигаргунсозињо дар низоми бонкї. Дар замони иќтисодиёти танзими бозорї маќоми бонкњо махсусан зиёд мегардад. Зеро, дар ин давр чї дар саноат ва чї дар соњаи кишоварзї, аз љумла дар хољагињои дењќонї (фермерї) бояд дахолати ташкилотњои њукуматї суст шуда, доду гирфти бевоситаи онњо бо бонкњо зиёд гардад. Бояд соњибкорон, аз љумла саноатчиён ва фермерњо дар симои бонкњо њамкорони худро пайдо намоянд. Бонкњо њам бояд барои инкишофи фаъолияти соњибкорон хавасманд бошанд ва њама ваќт, њангоми зарурї онњоро бо ќарзи молиявї дастгирї карда тавонанд. Албатта барои ин пеш аз њама ба танзим даровардани низоми бонкии мамлакат зарур аст. Низоми бонкї гуфта фаъолияти маљмўи бонкњо ва ташкилотњои онњо аз марказ то мањалњо, инчунин дигар ташкилотњое, ки ќарзи молиявї медињанд ва барои чунин амалиёти бонкї соњиби иљозатнома-литсензия мебошанд, дар назар доранд. Дараљаи инкишофи фаъолияти бонкї аз дараљаи тараќќиёти мамлакат сахт вобастагї дорад. Агар мамлакат тараќќикарда бошад, бегуфтугў низоми бонкии он њам инкишофёфта мебошад. Баръакс, њангоми ќафомонда будани иќтисодиёти мамлакат низоми бонкии он њам суст мебошад. Бо сабаби он ки Тољикистон њанўз дар давраи гузариш ба иќтисодиёти танзими бозорї мебошад, бинобар ин низоми бонкии он њам дигаргунсозињоро талаб мекард. Низоми бонкии Тољикистон то замони истиќлолияти давлатї (яъне то 9 сентябри соли 1991) ќисми таркибии низоми бонкии Иттињоди Шўравї ба њисоб мерафт. Баъди соњиб шудан ба истиќлолияти давлатї низоми бонкии Тољикистон њам мисли дигар механизмњои давлатдории соњибистиќлол бояд зуд ба танзим дароварда мешуд. Аммо љанги шањрвандї ин самти заруриро низ ба ќафо партофт. То соли 1996 оиди ин соња ягон ќонуне, ки фаъолияти бонкњо ва дигар ташкилотњои ќарздињандаи љумњуриро ба низом дарорад, њанўз ќабул нагардида буд. Танњо 5 декабри соли 1996, яъне баъди зиёда аз 5 соли истиќлолият, Ќонун «Дар бораи Бонки Милли Тољикистон» ќабул гардид. Дар ин ќонун мавќеи њуќуќии Бонки Милли Тољикистон, сохтори он, вазифањои асосии бонк, њамкории он бо ташкилотњои давлатї, принсип ва роњњои танзим ва назорати фаъолияти бонкї, ташкили муомилоти пулї ва ѓайрањо акси худро ёфтанд. Баробари пеш гирифтани иќтисодиёти танзими бозорї, њанўз дар аввали солњои истиќлолияти Тољикистон, дар мамлакат бонкњои гуногуни ѓайридавлатї низ ба вуљуд омада, ба фаъолият шурўъ намуданд. Соли 1998 шумораи чунин бонкњо ба 28 адад расида буд. Чунин њолат талаб мекард, ки фаъолияти онњо низ ба низоми муайян дароварда шаванд. Бо њамин сабаб 23 майи соли 1998 Ќонун «Дар бораи бонкњо ва фаъолияти бонкї» ќабул гардид. Дар ин ќонун фањмиши бонк ва ташкилотњои молиявии ѓайрибонкї, фањмиши низоми бонкии Тољикистон, намудњои муомилоти бонкї, принсипњои додугирифти бонкњо бо мизољон ва давлат, тарзи ташкил намудани бонк, ба рўйхат гирифтан ва додани литсензия барои фаъолияти онњо, аз љумла он бонкњое, ки мизољони хориљї доранд, асосњо барои баргардонида гирифтани литсензия оиди фаъолият ва ѓайрањо акси худро ёфтааст. Дар маљмўъ ќонунњои номбурда барои ташаккул ва инкишофи низоми бонкии Тољикистони соњибистиќлол маќоми бузургеро бозиданд. Бояд ба хотир дошт, ки дар љумњурии мо низ низоми бонкї, мисли давлатњои тараќќикардаи љањон, ду зинагї мебошад. Дар зинаи боло Бонки Миллї ва дар зинаи дуюм бонкњои тиљоратї меистанд. Бонкњои тиљоратии љумњўрї гарчанде мустаќил њисоб шаванд њам, вале онњо дар зери назорати Бонки Миллї фаъолият мекунад. Мањз Бонки Миллї ба он бонкњо литсензия дар бораи фаъолият медињад. Фаъолияти Бонки Миллї. Бонки Милли Тољикистон 28 июни соли 1991 дар асоси Бонки Тољикистонии Бонки Давлатии ИЉШС (СССР) ташкил ёфт. То 14 декабри соли 1996 он «Бонки Милли Љумњурии Тољикистон», минбаъд «Бонки Миллии Тољикистон» ном гирифт. Маќоми њуќуќии он дар Ќонун «Дар бораи Бонки Миллии Тољикистон» акси худро ёфтааст. Ин бонк њамчун бонки марказии эмиссионї воњиди њуќуќии мустаќил њисоб шуда, дар назди Мачлиси Намояндагони Маљлиси Олии љумњурї љавобгў мебошад. Дар асоси ќонуни номбурда вазифаи Бонки Миллї аз инњо иборатанд: Нигоњ доштани ќобилияти харидории пули миллї; Инкишоф ва мустањкам намудани низоми бонкї; Мусоидат намудан барои мунтаззамии низоми њисобу китоб. Мувофиќи функсияњое, ки барои Бонки Миллї муайян карда шудааст, он на танњо ба бонкњои тиљоратї ё худ дигар ташкилотњои молиявї барои фаъолият иљозат – литсензия медињад, балки онњоро бо маблаѓ низ таъмин менамояд. Яъне дар шароити љумњурии мо Бонки Миллї бонки бонкњо ба њисоб меравад. Ба муомилот баровардани пули миллии «Сомонї». Солњои 1991 – 1993 бисёре аз љумњурињои собиќ Шўравї, гарчанде онњо соњибистиќлол буданд, вале дар доираи Иттињоди давлатњои мустаќил (ИДМ-СНТ) нигоњ доштани пули ягонаро тарафдорї карданд. Октябри соли 1992 онњо шартномаеро имзо намуданд, ки мувофиќи он рубли Шўравї њамчун воњиди ягонаи пули ин Иттињод (ИДМ)бояд нигоњ дошта мешуд. Аммо бисёре аз љумњурињо он шартномаро риоя накарда, соли 1993, аз љумла Русия низ пули худро бароварданд. Бинобар ин соли 1993 шартномаи дигар имзо гардид, ки мувофиќи он дар асоси рубли русї бояд доираи нави фаъолияти рубл ташкил карда мешуд. Ин шартнома њам риоя карда нашуд. Ба ѓайр аз Тољикистон њамаи љумњурињои собиќ Иттифоќ ба пули миллии худ гузаштанд. Танњо Тољикистон њанўз то аввали соли 1994 ба пули ягона умед дошт. Дар натиља пулњои барориши солњои 1961-1992-и Иттињоди Шўравї ва баъд Федератсияи Русия, ки дар дигар љумњурињои собиќ Иттифоќ беќурб ва бекор шуда буданд, дар њаљми умумии зиёда аз 65 млрд. рубл ба Тољикистон ворид гардиданд. Ин пулњои дар мулкњои худ аз муомилот баромада ва бекоршуда, ба љумњарии харобгардидаи мо дохил шуда иќтисодиёти онро боз њам харобтар намуд. Аз 4 январи соли 1994 дар Тољикистон рубли русии барориши соли 1993 љорї карда шуд. Ин ба воридшавии пулњои бекоршудаи барориши солњои 1961-1992 хотима гузошт. Аммо гузаштан ба пули русї мушкилоти дигарро низ ба миён овард. Пеш аз њама њар лањза нарасидани пули наќдї дар мамлакат эњсос карда мешуд. Ба ѓайр аз ин дар байни њисоби наќдию ѓайринаќдї фарќияти зиёд ба амал омад. Яке аз сабабњои чунин душворињои пулї дар он аст, ки солњои 1993-1994 тарафи Тољикистон кўшиш дошт, дар њудуди рубли Федератсияи Русия монад. Дар доираи њукуматї ин масъала њатто ба тарзи мусбат њал шуда буд. Аммо дере нагузашта тарафи Русия ќарори худро дигар кард. Ин њама Њукумати Љумњурии Тољикистонро маљбур намуд, ки пули миллии худро барорад. Аввалин пули миллии љумњурии соњибистиќлоли Тољикисон «рубли тољикї» мебошад, ки он дар асоси «рубли русї» омода карда шудааст ва 10 майи соли 1995 ба муомилот бароварда шуд. Чунин њолат ба љумњурии мо имконият дод, ки минбаъд сиёсати мустаќилонаи пулию молиро пеш барад. Мувофиќи ин ислоњоти пулї пули наќдї 1:100 ва ѓайринаќдї 1:1000 иваз карда шуданд. Рубли тољикї дар љўмњурї 5 сол (солњои 1995 - 2000) фаъолият кард. Ин давр барои мамлкат солњои хело душвор ба њисоб меравад. Ба ин давр на танњо пастравии иќтисодиёт, балки љоннокшавии баъзе соњањо низ хос аст. Аз 30 октябри соли 2000 дар њудуди Тољикистон пули нави миллї – «сомонї» љорї гардид. Барои омода намудани пули сомонї Бонки Милли соли 1999 бо яке корхонањои давлати Олмон шартнома имзо карда буд. Иваз намудани рубли тољикї бо сомонї 1000=1 (яъне 1000 рубли тољикї = 1 сомонї) сурат гирифт. То ин ки њангоми иваз намудани пул ба ягон хел саросемагї роњ надињанд, мўњлати ивазкунї то 1 апрели соли 2001 муайян карда шуд. Дар соли љорї гардидани сомонї, 1 доллари америкої =1,831 сомонї буд. Ќонунигардонии маблаѓњо. Дар солњои 90-уми асри ХХ, ки барои Тољикистон давраи хеле душвор ба њисоб меравад, ќисме аз шахсони соњиби касбу кори гуногун имконият пайдо карда буданд, ки маблаѓ ё худ бештар асъори хориљиро захира намоянд. Аммо онњо аз ба муомилот баровардани чунин захирањои худ метарсиданд. Бо њамин сабабњо он маблаѓњо, ё худ асъорњои хориљї дар њолати «сармояи мурда» ќарор доштанд. Иќтисодиёти љумњурї бошад ба чунин захирањо, пеш аз њама асъори хориљї хело ниёз дошт. Дар чунин њолат љалб намудани «сармояи мурда»-и дохилї зарур шуморида шуд. 10 майи соли 2002 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи авфи шањрвандони Љумњурии Тољикистон бинобар ќонунигардонии маблаѓњояшон» ва 12 марти соли 2003 Фармони Президенти љумњурї «Дар бораи муќарар кардани мўњлати ќонунигардонии маблаѓњои пулї» баромад. Ќонун ба шањрвандон имконият дод, ки маблаѓњои берун аз муомилоти расмї доштаи худро ба воситаи бонкњо расмї намоянд. Барои ин сараввал ду моњ (моњњои апрел - майи соли 2003) муайян карда шуда буд, баъд мўњлат то 10 июни соли 2003 дароз карда шуд. Барои интихоби мизољон 8 бонкњои номии љумњурї пешнињод гардиданд. Дар натиља ба ин бонкњо зиёда аз 18 њазор шањрвандон мурољиат намуда, маблаѓњои худро дар њаљми умумии зиёда аз 210 млн. доллари америкої гузоштаанд. Бегуфтугў ба иќтисодиёти љумњурї љалб намудани ин миќдор маблаѓ ањамияти махсус дошт. Моњи майи соли 2007 Ќонун «Дар бораи авфи шањрвандон ва шахсони њуќуќии Љумњурии Тољикистон бинобар ќонунигардонии молу мулк» ќабул гардид. Мувофиќи он мўњлати ќонунигардонии молу мулк то 31 декабри соли 2008 муайян гардида буд. Дар ин муддат аз шањрвандони мамлакат 20898 ариза ворид гардид ва ба 14886 нафар шањодатномаи молу мулк дода шуд. 25 феврали соли 2010 Ќонун «Дар бораи авфи шањрвандон ва шахсони њуќуќии Љумњурии Тољикистон бинобар ќонунигардонии баъзе маблаѓњои онњо» имзо гардид. Мувофиќи он аз љониби давлат анљом дода шудани амали истисноии якдафъина оид ба авфи шањрвандон ва шахсони њуќуќии Тољикистон бинобар ќонунигардонии маблаѓњояшон, ки барои харидани сањмияњои ЉСК НБО – Роѓун истифода шудаанд, ё аз бонкњои давлатњои хориљї ба бонкњои Тољикистон интиќол дода мешаванд ва озод намудани онњо аз љавобгарии алоњидаи пешбининамудаи ќонунгузории љумњурї муайян карда шудааст. Маблаѓњое, ки то 31 декабри соли 2011 интиќол дода шудаанд, ќонунигардида њисоб меёбанд ва ин маблаѓ аз њама гуна андозу пардохтњои вобаста ба интиќоли он озод карда мешаванд. Бонкњои тиљоратї. Дар Тољикистон сиёсати хусусигардонии моликияти давлатї на танњо барои ба вуљуд омадани моликияти хусусї асос гузошт, балки барои ба вуљуд омадани сармояи хусусї ва дар асоси он таъсиси бонкњои тиљоратї низ сабаб шуд. Нахустин шуда бонкњои соњавие, ки дар охири мављудияти Њокимияти Шўравї ба вуљуд омада буданд, ба монанди Идораи Тољикистонии Бонки саноату сохтмонии ИЉШС, Бонки рушди манзилию иљтимоии ИЉШС сараввал мустаќил гардида, ба бонкњои сањомї табдил ёфтанд. Дар љумњурї то соли 1998 шумораи умумии бонкњои тиљоратї ва ташкилоти бонкњои хориљї ба 28 адад расид. Солњои 1991 - 1998 барои бунёди бонки нав њамчун сармояи оинномавї њамагї 300 њазор доллари америкої талаб карда мешуд. Баъдтар маълум шуд, ки он давр баъзе аз бонкњои таъсисёфта аќалан њамин миќдор сармояро њам надоштаанд. Соли 1998 Бонки миллии Тољикистон њадди аќали сармояи оинномавиро 2,5 млн. доллари америкої муайян кард. Дар натиља шумораи бонкњои тиљоратї то 16 адад кам гардиданд. Њаљми сармояи оинновии бонкњо давра ба давра зиёд карда шуд. Масалан 1 январи соли 2005 он ба њаљми 5 млн. доллари америкої муайян гардид. Дар натиља бонкњое, ки ба ин миќдор сармояи оинномавї надоштанд, ба зинањои поён гузаштанд. 1 майи соли 2010 шумораи умумии бонкњо, ба ѓайр аз Бонки Миллї, 14 адад буда, аз онњо 1 адад бонки давлатї, 9 адад бонкњои сањомї ва 4 адад бонкњои хориљї мебошанд. Дар шароити имрўзаи љумњурї, дар байни бонкњо «Амонатбонк», «Агроинвестбонк», «Ориёнбонк», ва «Тољиксодиротбонк» нисбатан бонуфуз ба њисоб мераванд. |