апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
Скачать 3.71 Mb.
|
§2. Оѓози љанги шањрвандї дар Љумњурии Тољикистон Сабабњои љанги шањрвандї дар Тољикистон. Љумњурии Тољикистон солњои 1992 - 1997 дар таърихи худ душвортарин давр, љанги шањрвандиро аз сар гузаронид, ки он сабабњои худро дошт. Бо андешаи мо сабабњои ба амал омадани ин љанг мухтасар инњоанд: Якум: Сабабњои иќтисодї. Дар љумњурї нобаробар љойгиршавии корхонањои саноатї, яъне дар ноњияњои Шимол бештар ва дар ноњияњои Марказї ва Љанубї камтар љойгир шудани онњо, боиси норозигии баъзе гурўњњои љанубї гардида буд. Њарчанд бо амалї гардидани комплекси минтаќавї - истењсолии Тољикистони Љанубї, махсусан сохтани НБО–њои Норак, Бойѓозї, Заводи арзии тољик ва ѓайрањо ислоњ шуд, вале њамон норозигї њануз боќї монда буд; Дуюм: Сабабњои мансабпарастї ва мањалгарої. Мо тољикон, чуноне таъкид шуд, якдигарро аз рўи мањал, яъне бухорої, самарќандї, хуљандї, кўлобї, њисорї, ѓармї, дарвозї ва ѓайра фарќ мекунем. Мардуми туркзабон аз љумла ўзбекњо бошанд, якдигарро аз рўи ќабила, яъне лаќайњо, ќунѓуротњо, ќарлуѓњо, барлосњо, манѓитњо, мингњо ва ѓайра фарќ мекарданд. Бо њамин сабабњо дар байни мо тољикон мањалгарої бештар эњсос карда мешавад. Аз сабаби он, ки солњои 40 - 80 – уми асри ХХ бештари роњбарони баландмаќоми љумњурї аз Хуљанд ё худ «шимол» буданд, он боиси норозигии мансабхоњони «љануб» мешуд. Дар натиљаи сиёсати ошкорбаёнии горбачёвї нишонањои мањалгароию мансабталошї бо њам омехта гардида, ба сари мардум рўзњои сахтро овард; Сеюм: Сабабњои муносибати Њокимияти Шўравї нисбат ба дин. Бо сабабњои маълум руњониён њељ гоњ нисбат ба Давлати Шўравї хайрњоњ набуданд. Сиёсати Давлати Шўравї њам нисбат ба дин чандон дуруст набуд. Њамин ки сиёсати горбачёвї љамъомаду гирдињамоињоро ба вуљуд овард, фаъолияти руњониён пешвои њаракати зиддикоммунистї ва зиддишўравї гардиданд; Чањорум: Сабабњои иљтимої. Сиёсати «худтаъминкунї» ва «худмаблаѓгузорї» - и Горбачёв, чуноне дар боло таъкид шуд, ба канда шудани алоќаи байни корхонањои саноатї ва аз кор бозмандани онњо гардид. Дар натиља, дар љумњурї рўз аз рўз сафи бекорон меафзуд. Чунин њолат вазъи иљтимоии ќисми зиёди ањолиро бад кард. Ин ќисми ањолї сабабгорї бад шудани ањволашонро дар сиёсати њукумати њамонваќта медиданд, бинобар ин ба муќобилашон бархестанд; Панљум: Сабабњои сиёсї. Љумњурии Тољикистон ќариб 70 сол дар њайати Иттињоди Шўравї буд ва дар ин давр њизби коммунистии Иттињоди Шўравї (КПСС) њизби яккањукмрон ба њисоб мерафт. Њар гуна амри ин њизбро њизбњои коммунистии љумњурињои иттифоќї, аз љумла Тољикистон њам бе чуну чаро иљро мекарданд. Онњо њељ гоњ мустаќилона сиёсат набурдаанд. Истиќлолият барои тољикистониён, аз љумла роњбаронаш, тўњфае буд, ки аксарият интизораш набуданд. Бо њамин сабабњо Президенти њамонваќтаи љумњурї Рањмон Набиев сиёсати дурусти мустаќили муттањидкунанда ва пешбарандаро муайян карда натавонист. Дар замони роњбарии ў, дар љумњурї баъзан њолатњои њатто бењокимиятї мушоњида карда мешуд. Илова ба њамаи ин Душанбешањр њамчун пойтахти љумњурї, махсусан соли њассоси 1992, вазифаи асосии худ - маркази идоракунанда ва муттањидкунандаро бозида натавонист. Баръакс, дар худи пойтахти љумњурї, нишонањои нооромкунандаи мањалгарої ва мансабпарастї бештар эњсос карда мешуд. Бо њамин сабаб иљлосияи XVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон на ин ки дар шањри Душанбе, балки дар Хуљанди бостонї даъват карда шуд, ки оиди он баъдтар хоњем истод. Хулоса, сабабњои дар боло ишораёфта боиси љанги шањрвандї гардидаанд, ки минбаъд мо бояд њамаи ин њолатњоро ба эътибор гирифта, бањри пойдории љумњурии соњибистиќлоламон кўшиш ба харљ дињем, то ин ки дигар ягон нишонае чунин музаффарияти бебањои халќамон – истиќлолияти давлатиро халалдор нанамояд. Эълони истиќлолияти Љумњурии Тољикистон дар рўзњои ноороми мамлакат мегузашт. Махсусан дар шањри Душанбе гирдињамоињои беохири зиддикоммунистї мегузаштанд. К. Аслонов, ки дар замони Шўравї то ба мансаби котиби кумитаи марказии њизби коммунистии Тољикистон расида буд, дар давраи нав, вазифаи раиси Шўрои Олї ва иљрокунандаи вазифаи Президенти љумњуриро ба ўњда гирифта, тамоман мавќеи зиддикоммунистиро ишѓол намуд. Гирдињамомадагон аз ў талаб карданд, ки фаъолияти њизби коммунистии Тољикистонро манъ намоянд. Бо ќарори мири њамонваќтаи шањри Душанбе Маќсуд Икромов (собиќ коммунист) њайкали В.И. Ленин, ки дар маркази шањр (дар њозира майдони Вањдат) ваќеъ буд, шаби аз 21 ба 22 сентябри соли 1991 афтонда шуд. Чунин вазъияти мураккабро ба инобат гирифта, њизби коммунистии Тољикистон, мувофиќи ќарори анљумани ХХ11 худ (21 сентябри соли 1991) муваќќатан номи худро дигар – њизби сотсиалистии Тољикистон эълон карда, 18 январи соли 1992 ба номи аввалааш баргашт. Ин њама вазъиятро боз њам мураккабтар намуд. Акнун тарафдорони њизби коммунистї ва тартиботи Шўравї ба майдон баромада талаб карданд, ки Ќ. Аслоновро аз вазифааш озод намуда, фаъолияти њизби нањзати исломро манъ намоянд. 23 сентябри соли 1991 иљлосияи ѓайринавбатии Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон Ќ. Аслоновро аз вазифаи раиси Шўрои Олї озод намуд ва ба ин вазифа Рањмон Набиевро интихоб намуд. Р. Набиев дар як ваќт иљрокунандаи вазифаи Президенти Љумњурии Тољикистон ба њисоб мерафт. Њолати ногувори Душанбешањрро ба инобат гирифта, дар шањр то январи соли 1992 њолати фавќулодда эълон карда шуд. Вале он 5 октябри њамон сол бекор гардид. 24 ноябри соли 1991 дар љумњурї интихоботи Президент гузаронида шуд. Дар он номзадии 9 нафар Р.Набиев, Д.Худоназаров, И.Давлатов, С.Тураев, Ќ.Аслонов, Х.Насриддинов, Н.Махсумов, Б.Шоев, Б.Салимов пешнињод гардида буд ва Рањмон Набиев Президенти Љумхурии Тољикистон интихоб шуд. Баъди он 12 декабри соли 1991 Сафаралї Кенљаев раиси Шўрои Олии Тољикистон интихоб гардид. Оѓози мухолифат. Дар асоси сабабњои дар боло ишораёфта дар љумњурї то моњи октябри соли 1991 њам нишонањои мухолифат вуљуд доштанд. Вале октябри соли 1991 ва марти соли 1992 ду воќеањое ба амал омаданд, ки онњо мухолифатњои нињониро ба умум ошкор намуданд. Воќеаи аввала ин 5 октябри соли 1991 дар иљорсияи Шўрои Олии љумњур боло гирифтани бањси байни имомхатаби шањри Кўлоб Мулло Њайдар Шарифзода ва ќозии њамонваќтаи љумњурї Њољї Акбар Тураљонзода ба њисоб меравад. Њ. Шарифзода А. Тураљонзодаро барои норасоињои молиявї, худсарињои њизби нањзати ислом ва ѓайра танќид намуд. Чунин њолат аксари руњониёни ноњияњои Марказї ва Љанубии љумњуриро ба ду гурўњи ба њам муќобил људо намуд. Воќеъаи дуюм бошад, ин бегоњии 25 марти соли 1992 суханронии раиси Шўрои Олии љумњурї Сафаралї Кенљаев ба воситаи оинаи нилгун ба њисоб меравад. Дар он баромад норасоињои зиёди мављуда, ѓоратгарињои молу мулки давлатї ва ѓайрањо ќайд гардид. С. Кенљаев дар ин суханронии худ њамонваќт вазири корњои дохилии љумњурї Мањмадаёз Нављўвоновро ба зери танќид гирифта, масъалаи аз вазифа сабукдўш намудани ўро гузошт, ки амалии он аз Президенти мамлакаат вобастагї дошт. Рўзи дигар, яъне, 26 марти соли 1992 бо ташаббуси љамъияти «Лаъли Бадахшон» наздикони вазир, гўё барои њимояи ў дар назди ќасри Президент љамъ омаданд. Вале аз вазъият истифода бурда, зуд майдонро тарафдорони њизби нањзати ислом ба дасти худ дароварданд. Дар натиља, њимояи манфиати вазири дохилї зуд фаромўш шуд. Аммо гирдињамої рўз ба рўз характери зиддињукуматї ва зиддикоминистиро гирифт. Президенти њамонваќтаи мамлакат Р. Набиев бепарвої зоњир намуда, оќибатњои чунин вазъиятро дарк карда натавонист. Њамин тавр, 26 марти соли 1992 дар шањри Душанбе, дар майдони назди ќасри Президент, ки майдони Шањидон ном дошт, гирдињамоии тўлонии мухолифини њукумат ба амал омад. Дар он маќомоти роњбарї дар ихтиёри њизби нањзати ислом буд. Њизби демократии Тољикистон ва мањфилњои сиёсии «Растохез», «Лаъли Бадахшон» ва ѓайра иттифоќчиёни њизби нањзати ислом буданд. Њозирини майдон, минбари онро ба хубї истифода бурда, бештарашон нисбати њукумат суханњои танќидї гуфта, истеъфоашро талаб мекарданд. Дар чунин лањзаи њассос вазири корњои дохилии љумњурї њам бетерафии вазорати худро эълон карда, дар амал мухолифинро дастгирї мекард. Бо талаби ин майдон С.Кенљаев ба истефо рафт ва Акбаршо Искандаров раиси Шўрои Олї гардид. Охири моњи апрели соли 1992 дар майдони дигари Душанбешањр, ки он ваќт майдони Озодї ном гирифта буд (њоло майдони Вањдат), ба тарафдории њукумати расмї гирдињамоии нав ба амал омад. Иштирокчиёни њар ду майдон рўз ба рўз зиёд мегардиданд. Маркази шањрро хаймањои тарафњои муќобил фаро гирифта буданд. Дар майдони «Шањидон» даромадгоњи ќасри Президент, дар майдони «Озодї» бошад даромадгоњи вазорати корњои хориљї ва Шўрои Олии љумњурї ба минбари тарафњои муќобил табдил ёфта буданд. Тарафњо ба муќобили якдигар суханњои ќабењ мегуфтанд. Бадбахтона њар ду майдон, бо роњњои гуногун мусаллањ мешуданд, бо ном «горди миллї» бунёд карданд. Вале сад афсўс, ки ташаббускорони ин чорабинињо њамон ваќт оќибати амалиёти худро эњсос намекарданд, ё худ эњсос кадан намехостанд. Хулоса, аз бањори соли 1992 дар Душанбешањр, дар натиљаи ба ду майдони ба њам муќобил таќсим гардидани мардум, нисбат ба њамдигар истифода бурдани суханњои тањкиромез «вовчик» (нисбати гирдињамомадагони майдони «Шањидон», яъне назди ќасри Президентї) ва «юрчик» (нисбати гирдињамомадагони майдони «Озодї», њозира майдони «Вањдат»), вазъиятро хеле муташанниљ гардонида буд. Њамон ваќт Душанбешањр, пойтахти Љумњурии соњибистиќлоли Тољикистон ба як бочкаи пур аз маводи тарканда монандї дошт, ки њар лањза интизори таркидан буд. Нињоят, ин бочка аввали моњи майи соли 1992 таркид ва дар натиља љанги шањрвандї сар шуд. Оѓози амалиёти љангї. 5 майи соли 1992 дар гардиши Олї Совет, шоњроњи Душанбе – Ёвон хуни одамї рехт ва он барои оѓози муќовимати муссалањонаи тарафњои муќобил бањона гардид. Сабаби хунрезї он буд, ки тарафдорони майдони «Шањидон» аз њамин гардиш нагузоштанд, ки хўроквории аз гурўњи ноњияњои Кўлоб, барои майдони «Озодї» овардаро гузаронанд. Ба муќобили онњо аз аслиња оташ кушоданд. Дар натиља якчанд нафар њалок ва захмї гардиданд. Бо њамин воќеа њозирини майдони «Озодї» ба ноњияњои худ пораканда шуда рафтанд. Вале гирдињамоии майдони «Шањидон» то 17 иайи соли 1992 идома ёфт. Дар чунин вазъи душвори ба амаломада, дар шањри Душанбе, як гурўњ равшанфикрони љумњурї, аз љумлаи олимон, фаъолони мењнат, ва ѓайра оќибати бади воќеи «5 – уми май» - ро эњсос карда, кўшиш карданд, ки њар ду тарафи муќобилро созиш дињанд. 7 майи он сол њатто протоколи созишномаи њукумати љумњурї ва тарафи мухолифин имзо гардид. Аммо ин созишнома њам дер давом накард. Њамон лањза сарвазири љумњурї Акбар Мирзоев њам ба тарафи мухолифин гузашта буд. 10 майи соли 1992 бо ном «њукумати муросои миллї» ташкил карда шуд. Ба он А.Искандаров, Д.Усмон, Х.Холиќназаров, З.Вазиров, М.Мирањимов ва дигарон шомил буданд. Вале ин њукумат њам барои пешгирии љанг коре карда натавонист. Баръакс, худї њамон рўз дар Душанбешањр, дар назди бинои Кумитаи амнияти миллї (њоло Кумитаи амнияти бехатарї), дар байни тарафњои муќобил, бархўрди хунин ба амал омад. Дар натиља 8 нафар кушта ва 41 нафар захмї гардиданд. Бо њамин алангаи оташи љанги шањрвандї зуд Душанбешањрро фаро гирифт. Баъди ин фаъолияти ташаббускоронаи миёнаравии олимон њам, яъне барои мусолињаи миллї, ќатъ гардид. Љанги шањрвандї баъди Душанбешањр зуд бисёр ноњияњои водии Њисор ва Вахшро фаро гирифт. Дар ин ноњияњо њам аввалин ќурбонињо, маљрўњон ва гурезањо ба амал омаданд. Аммо вазъи фољеавии Душанбешањр он ноњияњоро ба њолати боз њам сангинтар гузошта буд. Ноњияњои гурўњи Кўлоб бошанд гирифтори бумбасти иќтисодї гардиданд. Њукумати расмии љумњурї, ки дар асл ба ихтиёри мухолифин гузашта буд, ба сўи ноњияњои Кўлоб гузаронидани њар гуна намуди хўроквориро манъ кард. Дар натиља, агар ноњияњои водии Вахшро љанги шањрвандї фаро гирифта бошад, пас ноњияњои гурўњи Кўлобро гуруснагї, њатто кањтї фаро гирифта буд. Дар Душанбешањр тарафи мухолифин мавќеи худро рўз аз рўз мустањкам менамуд. Бо ташаббуси онњо 24 августи соли 1992, дар рўзи равшан, додситони генералии љумњурї Нурулло Њувайдуллоев, ки муќобили онњо буд, кушта шуд. Ќўмандони гвардияи Президенти љумњурї, генерал Б. Рањмонов, ки њамон ваќт ќасри Президентиро мудофиа мекард, ба ќасами худ хиёнат карда, ба тарафи мухолифин гузашт. Ў инчунин њамроњи худ ќисми зиёди лавозимоти оташфишонро низ ба тарафи мухолифин гузаронид. Чунин холат имконият дод, ки 31 августи њамон сол тарафи мухолифин ќасри Президентро ишѓол намуда, молу мулки онро ѓорат намояд. Президент Р. Набиев, аз тарс як њафта дар Ќаратоѓ пинњон шуд. 7 сентябр ў ба кор баромад ва њангоми ба сўи Њуљанд гурехтан, дар фурудгоњи Душанбешањр, аз тарафи гурўњи яроќноки мухолифин маљбур карда шуд, ки ба истеъфо барояд. Њамин тавр, дар Душанбешањр - пойтахти Љумњурии соњибистиќлоли Тољикистон њокимият пурра ба ихтиёри тарафи мухолифин гузашт. Дар чунин њолат Шўрои Олии љумњурї њам озодона фаъолият карда натавонист. Тарафи мухолифин хар лањза намояндагони мардумї ва аъзоёни њукуматро, ки аз рўи наќшаи онњо амал намекарданд, гаравгон мегирифтанд. Радио ва оинаи нилгуни љумњурї њам дар ихтиёри тарафи мухолифин буд. Аз љумла, ба воситаи оинаи нилгун тарафи мухолифинро рўирост њамчун «душман», «кофирњо» ва ѓайра муаррифї менамуданд, ќурбониёни худро «шањидони гул – гул кафан» меномиданд. Хулоса, дар Душанбешањр тамоми рукнњои давлатдорї фалаљ гардида буд. Чунин њолат зарурияти њокимияти нави ќонунии љумњуриро ба вуљуд овард, ки онро бояд њар ду тарафи муќобил эътироф намоянд. Чунин њокимиятро бояд иљлосияи Шўрои Олї ташкил медод, ки барояш дар шароити њамонваќтаи Душанбешањр, холисона ташкил намудани чунин њокимият ѓайри имкон буд. Иљлосияи XVI (Хуљандии) Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон. Чї тавре таъкид шуд вазъи ноороми Душанбешањр намегузошт, ки дар он иљлосияи Шўрои Олии љумњурї озодона фаъолият кунад. Баъди истеъфои Р. Набиев вазифаи Президенти љумњуриро низ Акбаршо Искандаров, ки раиси Шўрои Олї буд иљро мекард. Вале дар замони ў њам вазъият мўътадил нагардид. Илова бар ин собиќ раиси Шўрои Олии љумњурї Сафарали Кенљаев 24 – 25 октябри соли 1992, бо ихтиёриёни водии Њисор, ба Душанбешањр њуљум намуд, ки дар натиља аз њар ду тараф каси бисёре њалок ва захмї гардиданд. Яке аз талабњои ў дар Хуљанд даъват намудани иљлосияи Шўрои Олии љумњурї ва дар он ташкил намудани њокимияти ќонунии Тољикистон буд. 9 ноябри соли 1992 ќарори раёсати Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон, дар бораи 16 ноябри њамон сол, дар шањри Хуљанд даъват намудани иљлосияи XVI Шўрои Олї (даъвати 12 - ум) баромад. Иљлосия дар ваќти муайяншуда, дар ќасри Арбоби ноњияи Хуљанд љамъ омад. Дар иљлосия дар ќатори намояндагони халќ, арбобони илму фарњанг, номояндагони њизбу њаркатњо, камандирњои майдонњои љангї аз њар ду тарафи бо њам муќобил, мењмонон аз давлатњои њамсоя ва ташкилотњои байналхалќї њузур доштанд. Маќсади асосии иљлосия – ин ноил гардидан ба мусолињаи миллї ва бунёди њукумати Љумњурии Тољикистон ба њисоб мерафт. Комиссияи муросо ба рўзномаи иљлосияи 23 масъаларо дохил кард. Аз љумлаи масъалањои ба рўзномаи иљлосия воридшуда: бозхонди раиси Шўрои Олї А. Искандаров; баррасии аризаи Р. Набиев оиди истеъфо аз мансаби Президентї; аризаи аъзоёни раёсати Шўрои Олї, Девони Вазирон; мурољиат ба Иттињоди Давлатњои Мустаќил; авфи умум; интихоби раиси Шўрои Олї; ташкили Шўрои Вазирон; аз муњосираи иќтисодї озод намудани минтаќањои алоњида ва ѓайрањо ба њисоб мерафтанд. Дар љойи намоёни Ќасри Арбоб чунин шиор намоён буд: «Намояндагони мўњтарам! Шумо ба ин љо бо маќсаде омадед, ки ба хунрезї хотима гузоред. Дар сарзамини Тољикистон бояд сулњ тантана кунад !». Намояндагони халќ дар марњилаи аввал зарур шумориданд, ки аз тарзи идоракунии президентї муваќќатан даст кашида, боз ба идоракунии парламентї гузаранд. Дар натиља 19 ноябри соли 1992 Эмомалї Рањмон раиси Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон интихоб шуд. 27 ноябр бошад њукумати љумњурї ташкил карда шуд. Абдумалик Абдуллољонов сарвазир таъин гардид. Њукумати иљроияи љумњурї њамон ваќт иборат аз 20 вазоратњо ташкил ёфт Рафти фаъолияти иљлосия нисбатан мўътадил буд. Ин њам аз он гувоњї медод, ки њар ду тарафи муќобил майли сулњро доранд. 26 ноябр њатто барои иштирокчиёни иљлосия оши оштї ташкил карда шуд. Умуман иљлосияи хуљандї, ки то 2-уми декабри њамон сол кори худро давом дод, тамоми масъалањои пешнињод гардидаро муњокима намуда, оиди онњо ќарорњои дахлдор ќабул намуд. Аз њама муњимтарин, ин иљлосия њукумати ќонунии Тољикистонро бунёд намуд, ки онро њар ду тараф њам эътироф намуданд. Ањамияти бузргтарини ин иљлосия њам дар њамин аст. Аммо иљлосияи хуљандї ба љанги шањрвандї хотима гузошта натавонист. Амалиётњои љангї њамоно давом дошт ва он ноњияњои навро фаро гирифт. Дар чунин њолат ба пойтахти љумњурї омада, ба фаъолият шурўъ намудани њукумати ќонунї хеле душвор буд. 10 декабри соли 1992 дастањои аз ихтиёриёни ноњияњои Њисору Турсунзода ташкил ёфта ва ќуввањои Ёќуб Салимов, ки худи ў дар њукумати нав вазири корњои дохилї таъин гардида буд, ба Душанбешањр дохил шуданд. Ќуввањои мухолифини дар Душанбешањр буда, ба ќуввањои њукуматї муќобилияти сахт нишон надода, асосан ба сўи ноњияи Вањдат (њамон ваќт Кофарнињон) аќиб гаштанд. Мањз чунин њолат Душанбешањрро аз харобии зиёд эмин нигоњ дошт. Дар шањри Вањдат тарафи мухолифин каме муќобилият нишон дода, ба водии Рашт ќафо гашт. Дар мањалњои људогонаи ин водї, дар байни ќуввањои муќобил, љангњои сахт ба амал омаданд. 23 феврали соли 1993 Њукумати Тољикистон аз њисоби ќисмњои бењтарини љабњањои халќї артиши миллии љумњуриро ташкил дод. Ин ќўшун давра ба давра бо техникаи навини љангї хубтар мусаллањ гардида, дар љангњои минбаъда мањорати љангии худро боз њам бењтар сайќал медод. Ин њама имконият дод, ки њудуди љумњурї њар чї зудтар аз ќуввањои асосии тарафи мухолифин озод карда шавад. Бо њамин сабабњо, минбаъд дар љумњурии мо рўзи 23 феврал њамчун Рўзи артиши миллї ќайд карда мешавад. Ќуввањои асосии мухолифин минбаъд ба њудуди давлати Афѓонистон гузашта, барои амалиётњои васеъ ба муќобили њукумати расмии Тољикистон омодагї медиданд. Аммо дар дохили љумњурї њанўз муќовиматњои нисбатан хурд идома дошт. Ќабули Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон. Аз њамон рўзе, ки Љумњурии Тољикистон соњибихтиёр гардид, зарурияти Конститутсияи (Сарќонуни) нави љумњурї ва ќонунї гардонидани дастовардњои истиќлолият ба миён омад. Зеро, ќонунњои дигари мамлакат бояд дар асоси он омада ва ќабул карда мешуд. Ба ѓайр аз ин зарурияти Конститутсияи (Сарќонуни) навро муносибат бо дигар давлатњо ва ташкилотњои байналхалќї ба миён оварданд. Аз љумла барои онњо маълум набуд, ки минбаъд мамлакати мустаќили Тољикистон чї гуна давлат мешавад. Пўшида нест, ки аксари онњо аз нуфузи зиёди дини ислом дар љумњурї дар хавф буданд. Онњо дар тарси он буданд, ки Тољикистон њам мисли Афѓонистон як давлати исломї мешавад. Њамаи ин њолатњо зарурияти ќабули Конститутсияи (Сарќонуни) навро ба вуљуд оварданд. Барои омода намудани лоињаи Конститутсияи (Сарќонуни) нави љумњурї аз чумлаи олимон, махсусан њуќуќшиносон, гурўњи корї ташкил карда шуд. Лоињаи омода намудаи ин гурўњ 13 апрели соли 1994, бо ќарори Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон, ба мўњлати то 15 июни њамон сол ба муњокима гузошта шуд. Њамон ваќт тарафи мухолифин аз иштирок дар муњокимаи ин њуљљати таќдирсоз даст кашида буд. Баъди ба инобат гирифтани фикру андешањои мардум, лоињаи Сарќонун ба райпурсии умумихалќї пешнињод карда шуд. 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дар райпурсии умумихалќии мамлакат ќабул карда шуд. Бо њамин сабаб, дар љумњурии мо њар сол 6 - уми ноябр њамчун Рўзи Конститутсия (Сарконун) љашн гирифта мешавад. Минбаъд, 26 августи соли 1999 ва 22 июни соли 2003, боз бо тариќи райпурсии умумихалќї, ба он таѓйироту иловањо ворид карда шуд. Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон аз дебоча, 10 боб ва 100 модда иборат аст. Аз љумла, дар моддаи 1 – уми он таъкид шудааст,: «Љумњурии Тољикистон давлати соњибихтиёр, демократї, њуќуќбунёд, дунявї ва ягона мебошад». 6 ноябри соли 1994 дар Љумњурии Тољикистон интихоботи Президенти мамлакат низ барпо гардид. Барои интихоб ду нафар номзад Э. Рањмон ва А. Абдуллољонов пешбарї гардиданд. Дар интихобот Эмомалї Рањмон ѓолиб омада Президенти Љумњурии Тољикистон гардид. |