Главная страница
Навигация по странице:

  • Инкишофи соњаи энергетика

  • Инкишофи манбаъдаи истењсоли барќ

  • Оѓози сохтмони НБО Роѓун

  • Заводи арзии тољик (ТАЛКО)

  • Истењсоли мањсулотњои кишоварзї

  • Паррандапарварї

  • апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов


    Скачать 3.71 Mb.
    НазваниеНамоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
    Дата10.10.2022
    Размер3.71 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01..doc
    ТипДокументы
    #724565
    страница43 из 57
    1   ...   39   40   41   42   43   44   45   46   ...   57
    §1. Инкишофи энергетика ва саноат
    Солњои 1950 – 1991 барои Тољикистон дар соњаи энергетика ва саноат маќоми хосеро ишѓол менамояд. Зеро, мањз дар њамин давр дар њудуди љумњурї зиёда нерўгоњњои барќии обї, аз љумла яке аз бузургтарин НБО на танњо дар њудуди Осиёи Миёна, балки дар Иттињоди Шўравї, НБО-и Норак сохта шуд, инчунин зиёда аз 700 корхонањои саноатї ва сехњо бунёд гардида, ба истифода дода шуданд. Мањз дар њамин давр дар баробари саноати сабук, махсусан дар соњаи коркарди пахта ва пилла, саноати хўрокворї ва сохтмон, сохтмони манзил, шањрсозї, инчунин соњањои гуногуни саноати вазнин, аз њама муњимаш ба вуљуд омадани соњаи нави саноат – саноати мошинсозї ва электротехника, сохта ба истифода дадони корхонаи бузурги металлургияи ранга – заводи арзии тољик ва ѓайрањо хос аст.

    Дар давраи нав њам иќтисодиёти Тољикистон, мисли дигар љумњурињои Иттифоќ, дар асоси наќшањои давлатии 5-сола инкишоф меёфт. Дар ин 5-солањо наќшаи сохтани нерўгоњњо, корхонањои саноатї ва фаъолияти истењсолии онњо акс мегардиданд. Њар як корхона маљбур буд, ки наќшаи давлатиро иљро намояд. Зеро, аксари корхонањои саноатии Иттифоќ, аз љумла корхонањои саноатии Тољикистон низ, вобастаи якдигар буданд. Яъне, аз мањсулоте, ки як корхонаи саноатї истењсол мекард, фаъолияти якчанд корхонањои дигар вобастагї доштанд. Бинобар њамин њам додугирифти байни корхонањо низ мувофиќи њамон наќшаињои 5-сола ба танзим дароварда мешуд. Бо назардошти њамаи ин, њукумати Иттифоќ дар баробари тартиб додани наќшаи сохтмонњо ва истењсолот, инчунин аз њисоби буљаи умумии мамлакат маблаѓгузории онњоро низ ба наќша мегирифт. Иќтисодиёти мамлакат, ки пеш мерафт, бинобар ин њаљми маблаѓгузорї њам давра ба давра зиёд мешуд. Масалан, дар солњои 5-солаи 5-ўм (солњои 1951-1955) њаљми маблаѓгузорї нисбат ба 5 солаи 4-ўм (солњои 1946-1950) се маротиба афзуд. Чунин афзоиши њаљми маблаѓгузории Иттифоќї ба даврањои минбаъда њам хос аст.

    Дар Тољикистон, ба мисли Иттифоќ, аз соли 1950 то соли 1991 ба тарзи умумї 8 наќшаи 5-солаи инкишофи хољагии мамлакат ќабул гардид, ки дар байни онњо солњои 1959-1965 наќшаи 7-сола буд. Яъне, бо 3 наќшаи 5 солаи пеш аз љангї ва 5-солаи азнавбарќароркунии баъдиљангї (5-солаи 4-ўм, ки солњои 1946-1950-ро дар бар мегирифт), шумораи умумии наќшаи 5-солањои дар мамлакат ќабулгардида 12 ададро ташкил менамояд. Иљроиши ин наќшањо иќтисодиёти чї љумњурии мо ва чї Иттифоќро зина ба зина пеш мебурд.

    Новобаста аз наќшаи 5-солањо, соли 1966 аз тарафи њукумати Иттифоќ наќша-Комплекси минтаќавї - истењсолии Тољикистони Љанубї ќабул гардид, ки он барои минбаъда инкишоф ёфтани соњањои энергетика ва саноати љумњурї ањамияти махсус дошт. Ин наќша дар шароити Тољикистон тезонидани сохтмони минбаъдаи барќдињї, махсусан нерўгоњњои барќии обї ва вобаста ба он инкишофи саноати кимиё, металургияи ранга ва ѓайрањоро пешнињод намуд. Дар ин наќша ба сохтмони НБО Норак диќкати махсус дода мешуд. Зеро, дар асоси барќи истењсолнамудаи он заводи арзии Регар (Турсунзода), комбинати электро-кимёвии Ёвон, комбинати маъданњои кўњии Анзоб, заводи нурињои азотии Вахш ва дигар корхонањои азим бояд фаъолият мекарданд.

    Инкишофи соњаи энергетика. Мањз дар њамин давр Тољикистон дар соњаи энергетика муваффаќиятњои бузург ба даст даровард. Зеро, ќариб тамоми марказњои имрўза барќистењсолкунанда, махсусан нерўгоњњои барќии обии љумњурї дар њамин давр бунёд гардиданд. Ба ин самт њанўз бо сохтмони НБО Варзоб-1 (бо иќтидори 7200 кВт, 31 декабри соли 1936 ба истифода дода шуд), НБО Варзоб-2 (бо иќтидори 14 њазор кВт, соли 1948 ба истифода додашуд), ибтидо гузошта шуда буд. Соли 1952 НБО Варзоб-3 (бо иќтидори 3,46 њазор кВт) ба кор даромад. Бо њамин сохтмони силсилаистгоњхои барќии дарёи Варзоб, ки дар наќша буд, ба итмом расид.

    Солњои 50-ўми асри XX дар масъалаи сохтмони нерўгоњњои барќии обї таваљљуњи бештар зоњир карда шуд. Дар ин давр сохтмони чунин нерўгоњњо дар ду самт: шимол – дарёи Сир ва љануб – дарёи Вахш оѓоз гардид. Зарурияти дар љумњурињои Иттифоќии Осиёи Миёна зиёд намудани истењсоли пахта масъалаи дар дарёи Сир бунёди обанбори Ќайроќумро ба вуљуд овард ва он дар навбати худ сохтмони НБО Ќайроќумро тезонид. Ба сохтмони ин нерўгоњ, ки аз 6 агрегати иќтидори њар кадом 21 њаз. кВт, љамъ 126 њаз. кВт иборат буд, 11 июни соли 1951 шурўъ карда, 14 декабри соли 1957 ба итмом расониданд. Бо сабаби он, ки дар сохтмони ин нерўгоњ намояндагони халќу миллатњои гуногун ва корхонањои зиёди Иттифоќ њисса гузоштаанд, бинобар ин НБО Ќайроќум номи «Дўстии халќњо»-ро гирифт. Ба шарофати обанбори ин нерўгоњ, ки номи «Бањри тољик»-ро сарфароз шуд, минбаъд 350 њазор га. заминњои Тољикистон, Ўзбекистон ва Ќазоќистон обшор гардиданд.

    Дар миёнаи солњои 50-ум сохтмони авалин НБО дар дарёи Вахш-Шаршар тезонида шуд ва он соли 1958 бо иќтидори 30 њаз. кВт соат ба кор даромад. Баъди он дар дарёи Вахш сохтмони ду НБО-и дигар – Сарбанд ва Марказї суръат гирифт. Соли 1963 НБО Сарбанд, бо иќтидори 210њаз. кВт ва соли 1964 НБО Марказї, бо иќтидори 18 њаз. кВт ба истифода дода шуданд. Албатта бузургтарин НБО дар дарёи Вахш НБО Норак ба њисоб меравад.

    НБО Норак. Макони сохтмони НБО Норак њанўз солњои 1930-1933 омўхта шуд. Аз аввал солњои 60-ум барои сохтмони ин нерўгоњ аз буљаи Иттифоќ маблаѓи зарурї људо гардид ва сохтмони он низ соли 1961 шурўъ гардид. 26 марти соли 1966 аввалин маротиба, бо роњи тарконидани кўњ, маљрои дарёи Вахш, дар нуќтае, ки бо номи «Пули Сангин» машњур буд, баста шуд. 5-майи соли 1967 бевосита ба сохтмони сарбанди ин нерўгоњ, ки мувофиќи наќша аз 300 метр баландї иборат буд, шурўъ карданд. Дар ин нерўгоњ њам намояндагони зиёда аз 40 миллату халќўиятњо ва корхонањои гуногуни Иттифоќ иштирок намуданд. Мањз њангоми сохтмони њамин нерўгоњ яке аз шаклњои мусобиќа – «эстафетаи коргарї» ба вуљуд омада, инкишоф ёфт. Мувофиќи он њамаи корхонањои ба сохтмони ин нерўгоњ алоќаманди Иттифоќ барои пеш аз мўњлат иљро намудани наќша ўњдадор шуда буданд. Дар натиља 14 ноябри соли 1972 агрегати аввал ва 20 сентябри соли 1979 агрегати охирин – 9-ўми ин нерўгоњ ба кор дароварда шуд. Иќтидори њар як агрегати он 300 њаз. кВт буда, љамъ 2700 њаз кВт ва иќтидори солонааш ќариб 11 миллиард кВт соатро ташкил менамояд. Обанбори ин нерўгоњ, ки низ номи «Бањри Норак»-ро дорад, имконият медињад, ќариб 1 млн. га заминњои бекорхобидаи љумњурињои Тољикистон ва Ўзбекистон обшор карда шавад.

    Инкишофи манбаъдаи истењсоли барќ. Дар даврае, ки сохтмони НБО Норак оѓоз гардида буд, дар Бадахшон низ сохтмони нерўгоњи барќии обии Хоруѓ сар шуд. Ин нерўгоњ низ соли 1970 бо иќтидори 8,7 њаз. кВт соат ба кор даромад.

    Баъди пурра ба истифода додани НБО Норак тамоми ќувва барои сохтмони нерўгоњи дигари барќии обї дар дарёи Вахш – Боёѓозї гузошта шуд. Ба сохтмони ин нерўгоњ 8 декабри соли 1979 шурўъ карданд. Мањз таљрибаи сохтмони НБО Норак имконият дод, ки НБО Бойѓозї дар муддати хеле кўтоњ сохта, ба истифода дода шавад. 21 январи соли 1985 агрегати якум ва июни соли 1986 агрегати охирин – чањоруми он ба истифода дода шуд. Иќтидори њар агрегати ин нерўгоњ зиёда аз 40 њаз. кВт, љамъ ќариб 600 њаз.кВт буда, иќтидори солонааш зиёда аз 2,5 млрд кВт соатро ташкил менамояд.

    Ба ѓайр аз нерўгоњњои барќии обї дар солњои 50-60-ўм дар љумњурї ду адад марказњои бузурги гармидињї дар Душанбе ва Ёвон сохта, ба истифода дода шуд. Аз љумла маркази гармию барќдињии (ТЭЦ) Душанбе, ки ба сохтмонаш соли 1957 шурўъ карда буданд, соли 1968, бо иќтидори 198 њаз. кВт соат пурра ба истифода дода шуд. Дар муддати солњои 1966-1971 Маркази гармию барќдињии Ёвон, бо иќтидори 120 њаз. кВт соат ба кор даромад.

    Дар њамин давр дар њудуди Тољикистон аввалин хатњои баландшиддати барќї кашида шуд. Аз љумла, сентябри соли 1962 хати аввали Зардолу-Норак, охири он сол хати НБО Сарбанд – Душанбе кашида, ба истифода дода шуд. Соли 1976 сохтмони хати 500 куВт НБО Норак – Регар ва июни соли 1982 хати дигари 500 кВт Регар – Ѓузар ба итмом расид.

    Ин њама далелњо гувоњи он мебошад, ки дар Тољикистон истењсоли барќ хело афзудааст. Чунончї, агар соли 1950 дар љумњурї њамагї 169,5 млн кВт соат ќуваи барќ истењсол карда шуда бошад, пас соли 1960 – 1.288,4 млн. кВт ва соли 1985 бошад он ба 15.710,1 млн кВт соат расид. Яъне, дар муддати 35 сол дар љумњурї истењсоли барќ ќариб 100 маротиба зиёд гардидааст. Ин раќамњо дар замини Шўравї боз њам бештар мегардид, ба шарте Роѓун сохта, ба истифода дода мешуд.

    Оѓози сохтмони НБО Роѓун. 27 сентябри соли 1976 ба тарзи расмї ба сохтмони бузургтарин дар дарёи Вахш НБО Роѓун шурўъ карданд, ки мувофиќи наќшаи њамонваќта он аз 6 агрегати иќтидори њар кадом 600 њаз. кВт иборат буда, љамъ 3,6 млн кВт соатро ташкил медод. Баландии сарбанд 335 метр муайян шуда буд, ки ин баландтарин дар љањон ба њисоб меравад. Соли 1980 њукумати Иттињоди Шўравї наќшаи сохтмони ин нерўгоњро пурра тасдиќ намуд ва он бояд пурра аз њисоби буљаи Иттифоќ сохта мешуд. 6 декабри соли 1987 бори дуюм маљрои дарёи Вахш баста шуд ва ба сохтмони сарбанди нерўгоњ шурўъ карданд. Аввали солњои 90-уми асри XX мувофиќи наќша бояд ду агрегати авали ин нерўгоњ ба кор медаромад. Аммо аллакай охири солњои 80-ум, бо сабаби боло гирифтани муќобилияти дохилї, гўё бањри муњофизати «ќабри аљдодон», суръати сохтмон хело суст гардид. Аввали солњои 90-ум баландии сарбанд ба 40 метр расиду халос. Бо њамин корњои сохтмонї дар ин нерўгоњ ќатъ гардид. Зеро, аз як тараф Иттињоди Шўравї барњам дода шуд ва аз тарафи дигар дар Тољикистон љанги шањрвандї оѓоз гардид. Шаби аз 7 ба 8-уми майи соли 1993 дар натиљаи омадани сели зиёд он сарбанди 40-метра њам хароб гардида, аз байн рафт.

    Инкишофи саноат. Дар Љумњурии Тољикистон, ба мисли тамоми Иттињоди Шўравї, баъди бо муваффаќият анљом ёфтани давраи (панљсолаи) азнавбарќароркунии баъдиљангї, барои бунёд ва пешравии шаклњои гуногуни саноат шароитњои зарурї муњайё гардид. Ин имконият дод, ки дар љумњурї аллакай дар солњои 50-ум як ќатор корхонањои азим, ба монанди: комбинати хонасозии оњану бетонї, заводи сементбарорї, фабрикаи мебелбарорї, њама дар шањри Душанбе (то 11 ноябри соли 1961 Сталинобод номида мешуд), заводњои равѓанкашї дар шањрњои Ќўрѓонтеппа, Конибодом ва ѓайрањо сохта ба истифода дода шаванд.

    Суръати сохтмони корхонањои саноатї дар Тољикистон дар солњои 60-ум боз њам баландтар гардид. Танњо дар солњои 7-сола (солњои 1959-1965) дар љумњурї 125 адад корхонањои саноатї ва сехњо сохта, ба истифода дода шуданд. Аз љумла: заводи таъмири экскваторњо, навбати якум ва дуюми комбинати хонасозї, навбати нави заводи сементбарорї (дар натиља заводи сементбарорї ба заводи сементу шифербарорї табдил дода шуд), навбати аввали комбинати равѓан, њама дар шањри Душанбе; комбинати ќолинбарорї дар шањри Ќайроќум; заводи хонасозии панелї ва фабрикаи мебелбарорї дар шањри Ленинобод; заводи азотии Вахш, роњи оњани камбари Ќурѓонтеппа – Кўлоб ва ѓайрањо сохта шуданд.

    Мањз дар солњои 7-сола дар Тољикистон соњаи нави саноат - саноати мошинсозї ва электротехникї ба вуљуд омад. Ба ин бунёди аввалин заводи мошинсозї, ба монанди заводи «Тољиктекстилмаш», барои истењсоли станокњои бофандагї, заводи «Тољиккабел», барои истењсоли кабелњои гуногунњаљм, заводи «Торгмаш», барои истењсоли плиткањои барќї ва газї, њама дар шањри Душанбе; заводи электротехникї дар Исфара; заводи трансформаторбарории шањри Ќўрѓонтеппа ва ѓайрањо далел шуда метавонанд. Соли 1965 дар шањри Душанбе заводи яхдонбарорї ба кор даромад, ки он дар Иттифоќ яке аз бењтаринњо ба њисоб мерафт.

    Комплекси минтаќаввї барои инкишофи љумњурии мо суръати тоза бахшид. Соли 1967 аввалин корхонаи бузурги кимиёвї – заводи азотии Вахш ба кор дароварда шуд. Дар натиља, минбаъд дар љумњурї соњаи саноати кимиёвї, ки њанўз охири солњои 30-юми асри ХХ оѓоз гардида буд (корхонаи маъдании Консой), инкишоф ёфт. Комбинати маъданњои кўњии Анзоб, заводи нурињои азотии Вахш (1963-1967), заводи гидроизолии Њисор низ то соли 1970 ба кор дароварда шуданд. Дар солњои 70-ум комбинати электрокимиёвии Ёвон, навбати дуюми комбинати ќолинбофии Ќайроќум ва ѓайрањо сохта шуданд.

    Дар ин давр саноати коркарди пахта низ инкишоф ёфт. То оѓози солњои 60-ум дар љумњурї шумораи заводњои пахтатозакунї ба 15 адад расида буд. Дар солњои 60-70-ум боз 4 адад чунин заводњо дар Ленинобод, ноњияи Москва (њоло Њамадонї), Октябр (ноњияи Вахш) ва Бўстон сохта шуданд. Заводњои амалкунандаи пахтатозакунї бо таљњизотњои нав таљњизонида шуданд.

    Дар Љумњурии Тољикистон соли 1986 шумораи умумии корхонањои соњаи саноати сабук ба 124 адад расид. Аз љумла корхонањои соњаи саноати хўрокворї, ки соли 1970 њамагї 75 адад буд, то соли 1986 боз 13 адад зиёд шуда, ба 88 адад расид. Мањз дар њамин давр дар шањри Душанбе фабрикаи ќаннодии «Ширин» сохта, ба истифода дода шуд.

    Умуман дар муддати 25 сол (солњои 1960-1985) дар Тољикистон зиёда аз 570 адад корхонањои саноатї ва сехњо сохта ба истифода дода шудаанд. Дар натиљаи чунин муваффаќиятњо љумњурии мо аз љумњурии аграрию саноатї ба љумњурии саноатию аграрї табдил ёфт. Барои Тољикистон миёнаи солњои 80-уми асри ХХ, яъне то амалии бозсозии Гарбачёв, нуќтаи баландтарини инкишофи саноат ба њисоб меравад.

    Дар солњои 50-80-уми асри ХХ дар љумњурї ба маасъалаи роњсозї низ диќќати љиддї доданд. Дар њамин давр тамоми роњхои ањамияти љумњуриявї, шањрї, вилоятї ва њатто ноњиявию мањаллї дошта таъмир ва асфалтпўш карда шуданд. Роњњои нав, кўпрукњои зиёд сохта шуданд. Аз љумла, сохтани кўпрукњои замонавї аз болои дарёњои Душанбе (њар се кўпруке, ки имрўза вуљуд доранд), Сир, Вахш ва ѓайра ба ин мисол шуда метавонанд. Дар муддати солњои 1975-1982 роњи оњани Тирмиз – Ќўрѓонтеппа – Ёвон сохта шуд, ки он барои бо роњи умумииттифоќї пайваст намудани иќтисодиёти води Вахш ањамияти махсус дошт.

    Заводи арзии тољик (ТАЛКО). Заводи арзии тољик, дар баробари НБО Норак бузургтарин корхонаи саноатии сохташудаи Комплекси минтаќавї истењсолии Тољикистони Љанубї ба њисоб меравад. Ба сохтмони ин завод соли 1965 шурўъ карда буданд. Аввалин корпуси электролизии ин завод моњи марти соли 1975 ба кор дароварда шуд. Охири соли 1977 дар завод яке аз калонтарин сехњои истењсоли анодњои пухта ба истифода дода шуд. Дар ин давр боз чор корпуси электролизии дигар ба кор даромад. Мањсулоти завод аллакай аз соли 1977 ба чунин мамлакатњои љањон, ба монанди Англия, Чехословакия, Венгрия, Руминия, Олмон ва ѓайра фиристода шуд. Иќтидори солонаи завод 517 њазор тонна арзиз муайян шуда буд. Дар замони Шўравї барои завод нуќтаи баландатирини истењсолот соли 1989 ба њисоб меравад. Завод бо технологияи навтарини љањонї таљњизонида шудааст ва яке аз корхонањои бузургтарини истењсоли арзиз дар миќиёми љањон ба њисоб меравад. Он дар њудуди Осиёи Миёна ягона чунин завод мебошад. Шумораи кормандони он зиёда аз 12,2 њазор нафарро ташкил медињад.

    Шањрсозї. Дар солњои 50-80-ўми асри ХХ шањрњои Душанбе ва Хуљанд бо биноњои нави замонавї симои худро хело бењтар намуданд. Аз љумла, дар њамин давр дар шањри Душанбе, дар баробари мањаллањои зиёди ањолинишин, боз биноњои Донишгоњи миллї (бо ду корпуси шањраки донишљўён), бинои Донишгоњи аграрї, чойхонањои «Роњат», «Саодат», «Истаравшан», бинои «Кохи Вањдат», бинои «Кохи Борбад», биноњои асосии истгоњи роњи оњан, фурудгоњ ва ѓайрањо сохта шуданд.

    Соли 1955 дар шањри Сталинобод (Душанбе) њаракати тролейбусњо оѓоз гардид. Мањз дар њамин давр чунин нуќтањои ањолинишин, ба монанди Турсунзода, Норак, Ќайроќум ва ѓайрањо ба шањракњои саноатї табдил ёфтанд.
    § 2. Инкишофи кишоварзї
    Солњои 50-80-уми асри ХХ барои кишоварзони љумњурї низ давраи комёбињои бузург ба њисоб меравад. Зеро, дар ин давр ќариб тамоми соњањои кишоварзї рў ба инкишоф нињода буд. Вале љумњурї, ки дар доираи Иттифоќ ба яке аз маконњои асосии ашёи хом – пахта табдил ёфта буд, бинобар ин сараввал ба њамин соња диќќати љиддї дода мешуд. Дар натиља, агар соли 1950 дар љумњурї зиёда аз 288 њазор тонна пахта истењсол карда бошанд, пас соли 1980, яъне дар муддати 30 сол он ба зиёди 1 млн. тонна расид, яъне дар ин муддат дар љумњурї истењсоли пахта зиёда аз 3 баробар афзуд. Њосилнокии пахта дар ин давр аз 22,9 сентнери соли 1950 то ба 32,8 сентери соли 1980 расид.

    Дар љумњурї истењсоли пахта ва дигар намуди мањсулотњои кишоварзї дар он давр бо ду роњ афзун мегардид. Якум, бо роњи васеъ намудани майдонњои кишт, дар натиљаи аз худ намудани заминњои нав, ва дуюм, дар натиљаи истифодаи босамари техника ва нурињои минералї баланд бардоштани њосилнокии майдонњои кишт. Мањз дар њамин давр дар љумњурии камзамини мо ќариб 600 њазор га. заминњои обёришаванда, аз њисоби ботлоќзорњою дашту теппањо зиёд шуданд. Соли 1985 шумораи тракторњои колхозу совхозњои љумњурї ба 35 208 адад расид. Њамаи хољагињо бо нархи арзон, аз њисоби давлат нурињои минералї, маводњои сўхт ва молиданиро мегирифтанд.

    Ба ѓайр њамаи ин ба њавасмандии дењќонон низ то андозае ањамият дода мешуд. Масалан, мувофиќи ќонун дар бораи кишоварзон, ки соли 1953 дар доираи Иттифоќ ќабул гардид, њаљми андоз аз хољагињои колхозчиён хело кам карда шуд. Аз љумла дар љумњурї њаљми чунин андозро дар соли 1954 нисбат ба соли 1952 љамъ 54% кам карданд, ќариб 3,5 млн сўм ќарзи пешинаи колхозњоро бахшиданд. Дар натиља он сол даромади колхозчиёни љумњурї ќариб 40 млн. сўм афзуд. Ба ѓайр аз ин пешќадамони ин соњаро давра ба давра бо мукофотњои давлатї сарфароз менамуданд. Ќањрамонони мењнати сотсиалистї Саидхўља Ўрунхољаев ду карат, Миралї Мањмадалиев, Абдуѓафор Савмадов, Аскаралї Мирзоев ва дигарон бо кордонии худ дар соњаи пахта ба гирифтани чунин мукофоти баланд сарфароз гардиданд.

    Азхудкунии заминњои нав. Дар давраи номбурда ќариб дар тамоми вилояту ноњияњои љумњурї маъракаи аз худ намудани заминњои бекорхобида мушоњида мегардид. Дар ин самт махсусан дар води Вахш, даштњои Ёвону Данѓара, Обикиику Дилварзин, Фархору Чубек, Ашту њамворињои ноњияњои Панљакенту Файзобод, водии Рашт ва ѓайра корњои ободонї дар љўшу хурўш буд. Мањз дар њамин давр водии Вахш, ки дар љумњурї водии нисбатан серзамин, вале ботлоќзору туѓайзор буд, дар натиљаи мењнати ќањрамонона ба водии зархез табдил ёфт. Дар натиља ин њама азхудкунињои замини нав, агар соли 1960 заминњои корами љумњурї 727,4 њазор гектарро ташкил кунад, пас он соли 1976 ба 744 њазор га. (аз ин 282,1 њазор га, ё худ 36,4% майдони кишти пахта) ва соли 1985 ба 802,8 њазор га. (аз ин 311,5 њазор га. майдонњои кишти пахта) расид.

    Иншоотњои обёрикунанда. Албатта азхудкунии заминњои нав зарурияти иншоотњои обёрикунанда: каналу зањбурњо, насосњо, обанборњо ва ѓайрањоро ба миён овард. Аз ин рў бузургтарин иншоотњои обёрикунандаи ин давр истгоњи насосии Њољї Боќирѓон, Самѓар, Лоњур, Дењмой, каналњои Роњатї, Марѓидар, обанборњои Мўъминобод, Каттасой ва ѓайрањо ба њисоб мераванд. Њар кадоми онњо дар натиљаи зањмати зиёд бунёд гардиданд. Аз љумла соли 1961 обёрии даштњои Ёвон ва Обикиик оѓоз гардид, ки барои он сохтани низоми обёрии Ёвону Обикиик ањамияти махсус дошт. Дар солњои 70-80-ум низ, дар баробари идома додани ин низом, боз низоми обёрии Дилварзин, Фархору Чубек ва ѓайрањо ба сомон расонида шуданд. 4 ноябри соли 1986 оби дарёи Вахш ба даштњои Данѓара омад. Дар ин рўз, бахшида ба ин воќеа дар дењаи Оќсу љамъомади тантанавии мардуми гирду атроф барпо гардид.

    Умуман солњои 80-ум дар љумњурии мо заминњое, ки ба воситаи насосњои обкаш обшор карда мешаванд, ба 236 њазор га. расид. Ба ќитъањои баланди заминњои обї, махсусан доманакўњњо, ба воситаи ин гуна насосњо об зина ба зина то 7 маротиба боло барорварда мешавад. Бинобар њамин њам он насосњо барои ќисми кишоварзони љумњурї таќдирсоз мебошад. Њамаи он насосњое, ки ба кишоварзон хизмат мерасонанд дар як сол то 2 млрд кв. соат ќувваи барќро истифода мебаранд.

    Муњољирати дохилї. Ободии заминњои нав азхудшуда аз мењнати одамон вобаста буд. Зеро, то ин лањза дар ин майдонњои азхудшуда мањаллањои ањолинишин ё набуданд, ё худ хело камањолї буданд. Шумораи ањолї чї дар водињо ва чї дар ноњияњои кўњї меафзуд. Аз ин рў масъалаи бо љои кор таъмин намудани онњо ба миён меомад. Иљроиши ин масъала махсусан дар ноњияњои кўњї душвор буд. Бинобар њамин њам њанўз солњои 20-30-юми асри ХХ низ барои иљроиши ин масъала чорабинињои аз ноњияњои кўњї ба водињо кўчонидани мардум дида мешуд. Њамин гуна чорабинињо дар нимаи дуюми солњои 40 ва аввали 50-ум низ идома ёфт. Вале минбаъд, дар баробари аз ноњияњои кўњї кўчонида овардани ањолї, инчунин аз дењањои серањолии водињо низ ќисми мардумро ба заминњои нав мекўчониданд. Масалан, дар зарфи солњои 1953-1960 аз ноњияњои вилояти Ленинобод ба ноњияњои пахтакор 5069 хољагї (ё худ 24.077 нафар ањолї), аз ВМКБ – 833 хољагї (ё худ 4775 нафар ањолї) кўчонида шуданд. Умуман дар њудуди љумњурї дар ин муддат, (ба ѓайр аз муњољирати дохилии ноњияњои Москваю Фархор) 17218 хољагї, ё худ 92936 нафар ањолї кўчонида шудаанд, ки аз онњо 44473 нафарашон ќобили мењнат буданд. Ё худ, мањз дар њамин давр, яъне солњои 1957-1959 ба даштњои Дилварзин 2692 хољагї аз ноњияи Масчоњи Кўњї кўчонида оварда шуд.

    Дар солњои 1967-1971 дар миќиёси љумњурї 3372 хољагињои дењќонї, бо ањолии 20521 нафар ба заминњои нав азхудкардашуда муњољират карда шуданд. Аз љумла онњоро дар колхозу совхозњои навбунёди ноњияњои Зафаробод, Ёвон, Вахш, Фархор, Колхозобод, Мастчоњ, Ќумсангир ва ѓайра љойгир намуданд. Муњољиркунї солњои 70-80-ум њам идома ёфт. Масалан, солњои 1976-1980 дар вилояти Ленинобод муњољир намудани 2528 хољагї, дар вилояти Кўлоб – 1056 хољагї ба наќша гирифта шуда буд, ки асосан иљро гардид. Минбаъд, дар маъракаи муњољиркунї на танњо кўчонидан, балки бо љойи истиќомат ва ќарзи имтиёзноки давлатї таъмин намудани онњо низ ба назар гирифта мешуд.

    Техникаи кишоварзї. Солњои 50-60-ум бо техникаи кишоварзї таъмин намудани колхозу совхозњо боз њам бењтар гардид. Аз љумла солњои 1960 -1961 дар майдонњои пахтазори љумњурї 400 адад мошинњои пахтачин кор мекарданд. Танњо солњои 1962-1963 кишоварзони љумњурї 5367 адад трактор, 1087 адад камбайнњои ѓалладарав, 8794 адад мошинњои боркашу пахтачин ва ѓайрањоро гирифтанд. Аввали солњои 70-ум бошад кишоварзони љумњурї, ба тарзи умумї, соњиби 15213 адад трактор, 8084 адад мошинњои боркаш, 8280 адад плугњо, 845 адад комбайнњои ѓалладарав, 1281 адад мошинњои пахтачин ва ѓайрањо буданд. Нињояд, чуноне таъкид намудем, соли 1985 адади умумии тракторњои кишоварзони љумњурї беш аз 35,2 њазор гардида буд.

    Вазъи колхозу совхозњо. Албатта солњои 50-80-ум хољагињои кишоварзонро пурра колхозу совхозњо дар бар мегирифтанд. Давлат ба онњо аз њар љињат кўмак, махсусан кўмаки молиявї, техникї, кадрї ва ѓайрањоро мерасонид. Чунин кўмакњоро совхозњо, ки њамчун хољагии давлатї њисоб мешуданд, бештар медиданд. Аммо давлатро нисбатан хурд будани колхозњо ќаноат намекунад. Масалан, 1 январи соли 1950 адади колхозњои љумњурї ба 2685 расида буд, ки аз онњо 1168 ададашон колхозњои пахтакор ба њисоб мерафтанд. Ба њисоби миёна замини корами онњо 304 гектарро ташкил медод. Бинобар ин дар нимсолаи дуюми њамон сол адади колхозњо, бо роњи муттањидкунї 2,5 баробар кам карда шуд. Охири он сол дар љумњурї 1114 колхозњои нисбатан калон фаъолият мекарданд. Маъракаи муттањидкунии колхозњо минбаъд њам идома ёфт. Соли 1958 адади онњо 434 ва соли 1960 бошад 353 хољагињои нисбатан калонро ташкил медоданд. Дар соли 1991, яъне оѓози гузариш ба иќтисодиёти танзими бозорї, дар љумњурии мо 206 адад колхозњо, 362 адад совхозњо ва 19 адад межхозњо фаъолият мекарданд.

    Истењсоли мањсулотњои кишоварзї. Дар давраи номбурда дар љумњурии мо пахтакорї соњаи асосии кишоварзї ба њисоб мерафт. Бинобар ин ба ин соња бењтарин заминњои њосилхези обї муайян карда шуда буд. Инчунин техника ва нурињои минералї њам сараввал ба њамин соња равона мегардид. Дар натиља дар љумњурї чуноне таъкид шуд, истењсоли пахта аз як тараф аз њисоби зиёд гардидани заминњои кишт ва аз тарафи дигар, дар натиљаи баланд бардоштани њосилнокии мењнат зиёд мешуд. Махсусан аз соли 1950 то соли 1980 бештар баландшавии истењсоли пахта ба назар мерасид. Чунончї, агар соли 1950 288,7 њазор тонна пахта истењсол шуда бошад, пас соли 1961 – 483,6 њазор тонна, соли 1970 – 726,6 њазор тонна ва нињоят соли 1980 – аз 1 миллион тонна њам гузашт. Аммо соли 1981 – 929,4 њазор тонна ва соли 1985 – 935,0 њазор тонна пахта истењсол карда шуд. Умуман солњои 80-ум дар ин соња нисбатан пастравї эњсос карда мешавад. Дар ин давр истењсоли пахта ба њисоби миёна 900-920 њазор тоннаро ташкил дод. Њосилнокї њам аз њар гектар замин 25-30 сентнер буд.

    Ѓаллакорї њам барои љумњурї соњаи муњим ба њисоб мерафт. Аммо ба ин соња бештар заминњои камсњосили обї ва талу теппањоро муайян карда буданд. Новобаста аз ин дар ин соња њам, махсусан дар солњои охир афзоиши мањсулот эњсос карда мешавад. Чунончї, дар љумњурї соли 1965 – 225,8, соли 1975 - 227 њаз. тонна, њазор тонна, соли 1980 – 245,3 њазор тонна, соли 1986 – 246,4 њазор тонна, соли 1987 – 358,6 њазор тонна соли 1988-382 њазор тоннаѓалла истењсол карда шуд.

    Бегуфтугў чорводорї низ яке аз соњањои муњимтарини кишоварзон ба њисоб меравад. Бинобар ин ќариб тамоми колхозу совхозњо соњиби чорвои калони шохдор ва бузу гўсфанд буданд. Дар љумњурї аз як тараф ба афзун гардонидани саршумори онњо ањамият дињанд, аз тарафи дигар зоти онњоро бењтар менамуданд. Масалан, соли 1963 дар љумњурї 8 заводњо ва 18 хољагињои зотпарварї фаъолият мекарданд. Давра ба давра аз тарафи давлат нархи хариди чорво ва мањсулоти он зиёд карда шуд. Масалан, аз 1 майи соли 1970 нархи ба давлат аз наќша зиёд фурўхташавандаи мањсулоти чорво 50% зиёд карда шуд. Ин њама имконият дод, ки пеш аз њама саршумори чорво зиёд гардад. Масалан, агар соли 1961 саршумори умумии чорвои калони шохдор 683,1 сарро ташкил кунад, пас соли 1981 он ба 13181 сар расид. Вобаста ба ин мањсулоти чорво њам афзуд. Паррандапарварї њам инкишоф ёфт.

    Дар љумњурї ба истењсоли пилла низ диќќати махсус дода мешуд. Бо маќсади пеш бурдани ин соња солњои 1951-1975 дар љумњурї зиёда аз 35 млн. адад нињолњои тут сабзонида шуд. Мањз чунин чорабинї имконият дод, ки агар соли 1960 дар љумњурї 2121 тонна пила истењсол карда бошанд, пас он соли 1985 ба 4464 тонна расид.

    Дар ин давр дар миќёси љумњурї боѓу токзорњои нав ба вуљуд омаданд. Дар ин љода хољагињои Шањринав, Марѓидар, Фахробод, Чубек ва ѓайрањо шўњрат пайдо карда буданд. Ноњияњои водии Рашт, Файзобод, Мастчоњи Кўњї дар картошкапарварї маќоми хосаро ишѓол намуданд. Дар љумњурї солњои 1971-1975 ба њисоби миёна њар сол 101 њазор тонна картошка истењсол карда шуда буд. Соли 1982 бошад истењсоли он 162,2 њазор тоннаро ташкил дод. Мањз дар њамин давр лимўпарварї хеле инкишоф ёфт ва лимўи Тољикистон шўњрати зиёд пайдо карда буд. Танњо хољагии лимўпарварии ба номи Неъмат Ќарабоеви ноњияи Вахш соли 1976 – 4,4 млн. дона лимў ба фурўш баровард, ки он 47% - истењсоли љумњуриявии ин мањсулотро ташкил медод. Соли 1980 дар љумњурї ќариб 1,3 њазор тонна лимў истењсол карда шуд. Геранпарварї низ ба яке аз соњањои сердаромад табдил ёфта буд. Ин мањсулот танњо дар 5 колхозу совхозњои ноњияњои Турсунзода ва Ќумсангир истењсол мегардид ва он 60%-и мањсулоти герани Иттифоќро ташкил медод. Равѓани эфири геран дар саноати хўрокворї, доруворї ва атриёт ба тарзи васеъ истифода мегардид. Дар бисёр ноњияњои кўњии љумњурї тамокупарварї низ инкишоф ёфта буд.

    Мушкилотњои иљтимоии дењот. Дар шароити љумњурии мо ќисми асосии ањолї дар дењот зиндагї ва бештари онњо бо кишоварзї машѓул мебошанд. Суръати афзоиши ањолї хело баланд аст. Аммо майдонњои кишт, ки мањдуд буд, бинобар ин њамон солњо њам як ќисми ањолии дењот дар асл бекор буданд. Масалан, солњои 50-ум яке аз хољагињои пахтакори води Вахш, барои коркарди 100га. замин 20 нафар колхозчї дошт. Солњои 80-ум бошад сафи колхозчиёни њамин хољагї зиёда аз 100 нафар шуд. Илова ба ин техникаи кишоварзї њам зиёд гардид. Албатта, чунин вазъият ба даромаднокии хољагї таъсири манфї расонид. Корхонањои саноатї дар дењот набуд. Онњо асосан дар шањру шањракњо љой гирифта буданд. Умуман љойгиршавии корхонањои саноатї нисбатан бештар дар Душанбе, пойтахти љумњурї ва шањру ноњияњои шимоли Тољикистон дида мешуд. Ин њама аз хусуси нобаробарии сатњи инкишофи минтаќањои мухталифи мамлакат шањодат медод. Чунин вазъият, нињоят охири солњои 80 ва аввали 90-ум сабабгори эътирозњои ошкорои мардум гардида буд.
    1   ...   39   40   41   42   43   44   45   46   ...   57


    написать администратору сайта