|
Китоби лексия. ЛЕКСИЯ_Наз.Иктисоди_18-19. Пайдоиш ва марилаои асосии инкишофи назарияи итисодї Афкори итисодии муосир ва наши оно дар инкишофи илми итисодї
МАВЗЎИ 1. ФАН ВА УСУЛЊОИ ОМЎЗИШИ НАЗАРИЯИ ИЌТИСОДЇ Пайдоиш ва марњилањои асосии инкишофи назарияи иќтисодї Афкори иќтисодии муосир ва наќши онњо дар инкишофи илми иќтисодї Ќонунњои иќтисодї ва мафњумњои иќтисодї Вазифа, методология ва услубњои назарияи иќтисодї 1.1. Пайдоиш ва марњилањои асосии инкишофи назарияи иќтисодї. Барои омўзиши назарияи иќтисодї донистани пайдоиш, љараёни ташкил ва инкишофи он њамчун илм зарур мебошад.
Сарчашмаи пайдоиши илми иќтисодро аслан дар таълимоти мутафаккирони Дунёи ќадим, пеш аз њама Шарќи ќадим њамчун гањвораи тамаддуни башар бояд љуст. Дар Њинди ќадим дар «Ќонуни Ману» (асрњои IV-III - и то солшумории мо) мављудияти таќсимоти љамъиятии мењнат, муносибатњои њукмронї ва итоаткунї ќайд гардида буд. Дар таълимоти мутафаккирони Чини ќадим хусусан Конфутсий (солњои 551-479 то солшумории мо) мењнати фикрї ва љисмонї аз њамдигар фарќ карда шудааст, ки аввалинаш хоси табаќаи болої ва дуюмаш хоси табаќаи поёнї ба њисоб мерафт, ки кисми зиёдашонро ѓуломон ташкил медоданд. Инкишофи ояндаи афкори иќтисодї дар таълимоти мутафаккирони Юнони кадим Ксенофонт (430 -354 то солшумории мо) Афлотун (427-347 то солшумории мо), Арасту (384-322 то солшумории мо), ба вуљуд меояд. Ксенофонт дар рисолањои «Домострой» ва «Экономикос» ќонуниятњои идоракунии хољагии хонагї ва заминдориро нишон дод. Ксенофонт мафњуми хољагидориро на дар маънои мањдуд, балки дар маънои васеъ њамчун хољагии ѓуломдорї шарњ медод.
Имрўз мафњуми истилоњи иќтисод низ таѓйир ёфтааст. Гумон меравад, ки ин мафњумро њануз дар асри VI - и то милод шоири юнони ќадим Геспод дар натиљаи муттањидсозии ду калимаи юнони «ойкос» (хона, хољаги) ва «номос» (медонам, ќонун) ба вуљуд овардааст, ки санъат, дониш ва ќонуну ќоидањои пешбурди рўзгорро ифода мекунад. Ин мафњум аз љониби олимони Юнони ќадим Ксенофонт ва Арасту ба илм ворид карда шудааст. Арасту њамчун иќтисодчии аввалин ин мафњумро ба ду ќисм људо намуд:
1. Фаолияти хољагидории табиии бо истењсоли мањсулот алоќамандбуда;
2. Хрематистика - санъати љамоварии сарват ва пул.
Истилоњи иќтисод дар шароити имруза чунин маънидод карда мешавад:
1. Хољагии халќи мамлакат ё ќисми он, аз љумла соњањои алоњида (иќтисоди саноат, хољагии ќишлоќ ва ѓайра), хољагии ноњия, минтаќа, давлат, гурўњи давлатњо ё ин ки тамоми давлатњо;
2. Шакли таърихан муяайншудаи маљмўи муносибатњои иќтисодии байни одамон дар љараёни фаолияти хољагидорие, ки ба ягон зинаи тараќќиёти ќуввањои истењсолкунанда ва низоми иќтисодии муайян мувофиќат мекунад.
3. Илмест, ки ба омўзиши фаъолияти одамон, ќонуну ќонуниятњо (назарияи иќтисодї) ва як ќатор шароитњое, ки бо унсурњои истењсолот (иќтисоди ањолї, мењнат, идоракунї ва ѓайра) алоќаманд аст.
4. Илм оиди истифодабарии захирањои мањдуд барои истењсоли мол ва таќсими он бо маќсади ќонеъсозии талаботњо мебошад.
Агар мо хоњем, ки иќтисодро бо як љумла маънидод кунем, пас иќтисод - ин низоми хољагидорие мебошад, ки ќонеъсозии талаботњои одамон ва љамъиятро ба воситаи ташкил ва истифодаи неъматњои барои њаёт зарур таъмин менамояд.
Њамчун илм, яъне донишњои банизом даровардашуда оиди моњият, маќсад ва вазифањои низоми иќтисодї, назарияи иќтисодї дар асрњои 16 - 17 ба вуљуд омадааст. Асосгузори илми назарияи иќтисодї олими франсуз Антуан Монкретен де Ветавил ба њисоб меравад.
Марњилаи авали назарияи иќтисодї ба пайдоиши мактаби меркантилизм рост омадааст. Моњияти таълимоти меркантилизм дар муайянсозии сарчашмаи пайдоиши сарват асос меёфт. Аммо ин масъаларо онњо нодуруст маънидод мекарданд, чунки сарчашмаи сарватро дар муомилот, вале худи сарватро бо пул шабоњат медоданд. Меркантилистон намояндагони тољирон, савдогарон буданд ва манфиатњои онњоро баён мекарданд. Дар таърихи иктисод ду равияи меркантилизмро аз њамдигар фарќ мекунанд:
Меркантилизми барваќтї; Меркантилизми дерин;
Асоси меркантилизми барваќтиро низоми тавозуни пулї ва афзоиши сарвати пулї бо роњи ќонунї ташкил медод.
Асоси меркантилизми деринро тавозуни савдої (тиљоратї), яъне бисёртар фурўхтан ва камтар харидорї намудан ташкил медињад. Намояндагони мактаби меркантилизм объекти омўзиши назарияи иќтисодиро ба соњаи муомилот, хусусан ба тиљорати берунї ќарор доданд ва онњо барои амалигардонии маќсадњои худ сиёсати протексионизмро (њимоягариро) пешнињод намуданд, ки барои њимояи истењсолкунандагони дохилї аз истењсолкунандагони хориљї пешбини шудааст. Намоёнтарин намояндагони ин мактаб Т.Ман (1571-1641), Антуан Монкретен де Ветавил (1575-1622), Г. Скаруффи (1519-1584), Д.Норе (1641-1691) ба њисоб мераванд.
Наќши махсусро дар инкишофи илми назарияи иќтисодї њамчун илм У.Петти (1623-1686) дар Англия ва П.Буагилбер (1646-1714) Франсия иљро менамоянд. Хизмати У. Петти дар он аст, ки нахустин шуда сарчашмаи боигариро мењнат ва замин эълон кард.
Марњилаи дигари инкишофи назарияи иќтисодї ба пайдоиши мактаби физиократњо рост меояд, ки баёнгари манфиатњои заминдорони калон буданд. Истилоњи физиократњо аз калимаи юнонии phisis ва kratos гирифта шуда, маънояш њукмронии табиат мебошад. Намояндаи асосї ва асосгузори ин равия Ф. Кенэ (1694-1774) ба њисоб меравад. Ф.Кенэ аќидаи меркантилизмро оиди он, ки мубодила сарватро ба вуљуд меорад, инкор кард. Ў сарчашмаи боигариро на танњо мењнат дар соњаи заминдорї, балки афзоиши мањсулоти истењсолшуда нисбат ба истеъмол дар соњаи кишоварзї эълон намуд. Камбудии ин равия дар он буд, ки онњо танњо мењнати дењќонро мењнати мањсулдењ мењисобиданд.
Марњилаи дигари инкишофи илми иќтисод ба пайдоиши мактаби классикї рост меояд. Намояндагони ин мактаб А.Смит (1723-1790) ва Д.Рикардо (1772-1823) ба њисоб мераванд. Назарияи асосии А.Смит ин кам кардани дахолати давлат ба иќтисод ва худтанзимшавии бозор дар асоси нархњои озоди аз таќозою арза вобастабуда ба њисоб меравад. Ин танзимшавиро ў дастњои ноаён номидааст. А. Смит ба назарияи арзиши мењнат асос гузошт, наќши мењнати истењсолиро њамчун офарандаи арзиш баланд бардошт, наќши таќсимоти љамъиятии мењнатро дар афзоиши њосилнокии мењнат нишон дод, принсипњои андозситонї ва ѓайраро муайян намуд.
Д.Рикардо њамчун давомдињандаи кори А. Смит як ќатор камбудињоро дар таълимоти ў бартараф кард. Д.Рикардо нишон дод, ки сарчашмаи ягонаи арзиш мењнати коргар мебошад, ки асоси даромади синфњои гуногунро ташкил медињад (музди кор, фоида, фоиз, рента). Сањми Д.Рикардо дар он аст, ки ў кушиш намудааст низоми категорияњои иќтисоди сиёсиро дар асоси арзиши мењнатї созад.
Марњилаи дигари инкишофи илми назарияи иќтисодї ба пайдоиши мактаби марксизм рост меояд. Ин мактаб дар нимаи дуюми асри XIX ба вуљуд амада, то њол гурўњи зиёди иќтисодчиён онро љонибдорї мекунанд. Пайдоиши ин мактаб асосан дар Олмон оѓоз гардида, минбаъд дар собиќ Иттињоди Шўравї дар амал тадбиќ шуда, љонибдорони зиёд пайдо мекунад.
Пояи асосии тадќиќотњои ин мактаб дар асари яке аз намояндагони асосии мактаби мазкур Карл Маркс «Капитал» чунин дарљ гардидааст:
1. Намояндагони ин мактаб мављудияти моликияти љамъиятро пешнињод намуда, мавќеи моликияти хусусиро дар инкишофи иќтисодї инкор мекарданд. Ба аќидаи онњо моликияти хусусї сарчашмаи пайдоиши истисмор гардида, ба рушди иќтисодї халал мерасонад.
2. Намояндагони ин мактаб зинањои инкишофи љамъиятро дар панљ давра арзёбї намуда, онњоро форматсияњои љамъиятї меноманд. Ба аќидаи онњо љамъият дар њамон њолат аз як форматсия ба форматсия дигар мегузаранд, ки агар характери тараќќиёти ќуввањои истењсолкунанда ба муносибатњои иќтисодии љамъият мусоидат накунад.
Мактаби дигари иќтисодї Маржинализм мебошад. Марљинализм (аз калимаи франсузии marginal- нињои) дар солњои 1970 пайдо шудааст. Намояндагони ин мактаб: К. Менгер, У. Джевонс ва Л. Валрас бањисоб мераванд.
Марљиналистон вазифаи иќтисоди сиёсиро дар љустуљўи усулњои нисбатан самараноки таќсимоти захирањои мањдуд ва самаранокии хољагидорї медиданд. Намояндагони ин мактаб барои муайян намудани самти татќиќоти худ аз вожаи «иќтисоди сиёсї» ба фоидаи «иќтисод» даст кашиданд. Онњо аз тањлили моњияти тарзи капиталистии истењсолот ва хислатњои он, алалхусус истисмор ва роњњои ба даст овардани арзиши изофа даст кашидаанд. Онњо маќсад ва вазифаи нињоии худро дар љустуљўи роњњои ќулайтарини таќсими захирањои мањдуди иќтисодї ва ташкили оќилонаи тарзу услуби хољагидорї мебинанд.
Тарафдорони ин равияи љадид на ба назария, балки бештар ба истифодаи усул ва тамсилањои риёзї шуѓл варзида, дар эњё, ташаккули равияи мактаби неоклассикї сањми арзанда гузоштаанд.
1.2. Афкори иќтисодии муосир ва наќши онњо дар инкишофи илми иќтисодї Афкори иќтисодии муосир асосан мактабњои иќтисодие, ки баъди асри 19 ба вуљуд омадаанд, ба њисоб мераванд. Ба онњо асосан мактаби неоклассикї, кейнсионї ва институсионалистї дохил мешаванд.
Мактаби неоклассикї бо номи олими Англис Алфред Маршалл ва китоби ў «Принсипњои экономика» алоќаманд аст. Намояндагони ин мактаби иќтисодї аќида бар он доштанд, ки арзаю таќозо унсурњои гуногуншакли механизми бавуљудории нарх ба њисоб мераванд. Тадќиќоти иќтисодии онњо бо номи «Экономикс» машњур аст. Ин назария дар нимаи асри ХХ илми иќтисоди сиёсиро аввал дар Амрико ва сипас дар Аврупо иваз намудааст.
Экономикс илмест, ки дар бораи чї тавр аз тарафи одамон ва љамъият бо мурури замон тавассути пул ва ё бидуни он сарчашмањои захирањои нодири истењсолотро интихоб карда, онњоро бо усули алтернативї масраф намуда, барои истењсоли молњои гуногун, таќсиму истеъмоли онњо дар замони њозира ва оянда истифода мебаранд, маълумот медињад.
Китоби дарсии «Экономикс» аз тарафи Пол Самуэлсон соли 1948 нашр гардидааст ва то имрўз 14 маротибаи дигар бо забонњои гуногун нашр гардидааст. Дар Амрико ва кишварњои Ѓарб «Экономикс» њамчун илми назарияи иќтисодї омўхта мешавад.
Равияи неоклассикї дар шароити имруза инчунин дар ду ќисм омўхта мешавад. Ќисми якумро монетаризм ва ќисми дуюмро неолиберализм меноманд.
Монетаризм назарияест, ки асоси инкишоф ва танзими иќтисодро вобаста ба омилњои пулї шарњ медињад. Намояндагони ин мактаб аќида бар он доранд, ки унсурњои асосии танзими иќтисодиёт њаљми пули дар муомилотбуда, интишори пул, танзими давлатии миќдори пул, ва ѓайрањо мебошанд. Намояндаи асосии ин мактаби иќтисодї олими амрикої Милтон Фридмен барандаи љоизаи Нобелї ба њисоб меравад.
Неолиберализм назарияест, ки аќидањои намояндаи иќтисоди сиёсии классикї А. Смитро истифода намуда, зарурати мањдуд намудани дахолати давлатро ба иќтисодиёт љонибдорї менамояд. Намояндаи асосии назарияи Неолиберализм Фридрих фон Хайек барандаи љоизаи Нобелї аќида бар он дорад, ки соњибкорон ва тољирон дар фаъолияти худ бояд озод бошанд ва ин боиси инкишофи иќтисодї шуда метавонад.
Мактаби кейнсионї аз љониби иќтисодчии англис Љон Мейнард Кейнс тавассути асараш «Назарияи умумии шуѓл, фоиз ва пул» ташкил гардидааст. Љон Мейнард Кейнс асосгузори назарияи макроиќтисоди имрўза ба шумор меравад. Мувофиќи аќидаї ў асоси пешрафти фаъолияти иќтисодиро таќозои истеъмолї ва таќозои сармоягузорї ташкил медињанд. Љ. Кейнс дар асарњояш танзими давлатии иќтисоди миллиро тавассути таъсирасонї бо миќдори пули барои муомилот зарур ба тавварум, шуѓли ањолї ва мувозинати арзаю таќозо пешнињод намудааст.
Назарияи институтсионалистї аз калимаи лотинї institutum - муќаррар, тартибот, сохти давлатї, ташкил кардан ба вуљуд омадааст. Асосгузорони ин назария Т. Веблен, Дж.Комонс, У. Митчелл ва Дж. Гэлбрейт ба њисоб мераванд. Предмети тадќиќоти ин равия соњањои нави тањлили иќтисодї, ба монанди назарияи харољоти трансаксионї ва назарияи иќтисодии њуќуќи моликияти Р. Коуз, назарияи интихоби иљтимоии Љ. Бюкенин ва ѓайрањо ба њисоб меравад.
1.3. Ќонунњои иќтисодї ва мафњумњои иќтисодї Њамаи зуњурот ва равандњои иќтисодї дар зери таъсири ќонунњои иќтисодї инкишоф меёбанд. Дар зери мафњуми ќонунњои иќтисодї робитањои доимї, устувор, њамешатакроршаванда ва аз якдигар вобастаи байни њодисањои иќтисодї фањмида мешавад. Байни ќонунњои рушди љамъият (ќонунњои иќтисодї) ва ќонунхои табиат хусусиятњои умумї ва фарќият вуљуд дорад. Хусусияти умумии байни ќонунњои иќтисодї ва табии дар он зуњур меёбад, ки онњо характери объективи доранд ва берун аз майлу хоњиши одамон ба вуљуд меоянд. Фарќияташон бошад дар инњо зуњур мегардад:
1. Ќонунњои иќтисодї ќонунњои фаъолияти инсонї мебошанд. Онњо дар раванди фаъолияти одамон ба вуљуд меоянд ва ба воситаи фаолияти одамон амалї мегарданд. Ќонунњои табиат бошад берун аз љамъият низ амал мекунанд. Масъалан: ќонуни љозибаи умумиљањонї.
2. Ќонунњои табии доимї мебошанд, аммо ќонунњои иќтисодї таърихї ва гузарандаанд;
3. Бозёфт ва истифодаи ќонунњои иќтисодї кўшишњои зиёдро талаб мекунад.
Ќонунњои иќтисодї дар маљмўъ низоми ќонунњои иќтисодї ва ќонуниятњои рушди љамъиятро ташкил медињанд.
Дар назарияи иќтисодї ќонунњои иќтисодиро ба ќонунњои хоси иќтисодї ва ќонунњои умумииќтисодї људо менамоянд.
Ќонунњои хоси иќтисодї – ин ќонунњое мебошанд, ки рушди шакли муайяни таърихии хољагидориро ифода мекунанд.
Ќонунњои умумииќтисодї – ин ќонунњое мебошанд, ки дар њамаи низомњои иќтисодї љой доранд. Њангоми гузариш аз зина ба зинаи дигар шакл ва намуди зоњирии худро вобаста ба хусусияти даврањои рушди иќтисод дигар мекунанд.
Мафњумњои иќтисодї гуфта, фањмишњои нисбатан умумиеро меноманд, ки бо ёрии онњо тарафњои алоњидаи муносибатњои истењсолї омўхта мешаванд. Масалан: истењсолот, нарх, пул, фоида, зарар, музди кор ва ѓайра.
1.4. Вазифа, методология ва услубњои назарияи иќтисодї Њар як фан дорои маќсад ва вазифањои муайян мебошад. Назарияи иќтисодї дар љамъият як ќатор вазифањои муњимро иљро менамояд, ки асоситаринашон инњо мебошанд:
Вазифаи маърифатї. Вазифаи маърифатии назарияи иќтисодї дар он асос меёбад, ки моњият ва таркиби зуњуроти иќтисодиро омўхта, ќонунњои инкишофи фаъолияти хољагидориро ошкор намоем. Чунин омўзиш аз тањлили воќеањо, маълумотњои умумии иќтисодї, ањамияти рафтори субъектоњои хољагидорї оѓоз меёбад, ки дар адабиётњои Ѓарб мафњуми «тавсифи илм» - ро ифода мекунад. Сипас, дар ин асос моњияти равандњои иќтисодї ва зуњуроти онњо љамъбаст ва тањлил карда мешавад. Вобаста ба тањлили воќеъият, истифодаи маълумотњои бадастомада, њолат, ва далелњо назарияи иќтисодї консепсияњои илмиро пайдо менамояд. Вазифаи ояндабинї. Вазифаи ояндабинии назарияи иќтисодї дар пешбини намудани инкишофи иќтисодию иљтимоии љамъият дар оянда асос меёбад. Омўзиши воќеият ва њаќиќати њодисањои иќтисодї, ќонуну ќонуниятњои инкишофи назарияи иќтисодї, мазмуни равандњои иќтисодї имкон медињад, ки рушди иќтисодии љомеа ояндабинї карда шуда, талаботи љомеаро барои истифодаи захирањои мањдуди иќтисодї муайян намояд. Вобаста ба ин вазифаи ояндабинї аз тайёр намудани наќшањо ва пешбинии рушди иќтисоди миллї алоќаманд мебошад. Вазифаи амалия. Вазифаи амалияи назарияи иќтисодї дар асосноккунии сиёсати иќтисодии давлат, муайяннамоии истифодаи дурусти принсипњо ва методњои хољагидорї асос меёбад. Назарияи иќтисодї бояд натиљањои даќиќиро пешнињод намуда, тавассути њавасмандгардонии консепсияњои рушди истењсолоти љамъиятї бо маќсади њарчи зиёдтар ќонеъ гардонидани талаботњои беинтињои љамъият равона карда шавад. Вобаста ба ин назарияи иќтисодї на танњо проблемањои иќтисодиро тавсия менамояд, балки самтњои мушахас ва усулњои њалли онро нишон медињад. Вазифаи танќидї (критическая). Ин вазифаи назарияи иќтисодї имконияти муайяннамоии бартарињо ва камбудињои шаклњои гуногуни истењсолотро таъмин менамояд. Ба ѓайр аз ин мављудияти тањлил, даркнамоии нуќтањои назари гуногуни мављуда ба предмет ва муносибати назарияњои бадастомада ва амалияи њаќиќии хољагидорї равона карда шудааст. Дар натиља батанзимдарории ин ё он консепсия назарияи иќтисодї бояд муносибати танќидиро ба шароити мављуда равона карда, беасосї ё арзиши љамъиятї доштани онро исбот намояд. Вазифаи методологї. Ин вазифа дар он асос меёбад, ки назарияи иќтисодї барои дигар фанњои мушаххаси иќтисодї ва соњавї њамчун асос ва сарчашмаи коркарди восита, услуб ва роњнамо хизмат менамояд. Вазифаи тарбиявї. Вазифаи тарбиявии назарияи иќтисодї бо ташаккулёбии љањонбинї ва нуќтаи назари гуногун ба масъалањои иќтисодї алоќаманд аст. Ањамияти ин вазифа асосан дар шароити муайянсозии ѓояњои илми иќтисодї ва доираи дигари муњити фаъолияти њаётии љамъият дида мешавад. Амалигардонии он дар шароити нав бояд ташаккулёбии наќши тафаккури иќтисодиро мусоидат намояд.
Методология њамчун низоми серпањлў ва шоњроњи таълимот оиди дарки услубњои тањлилу тадќиќот, роњу равиш, шаклу намуд, меъёру низом, пањлую самти ташкил, инкишофи тањаввули њодиса ва љараёнњои мумитарини иќтисодї баромад мекунад.
Методология масоили умдаву пањндомани њаёти иќтисодї, иљтимої, маънавї ва мадании љомеаро ифода карда, самаранок ва ќулайтарин услубњои ташкили тарзи хонадорию фаъолияти хољагидориро ба нафъу фоидаи мардум ва таъмину рушди иќтисоди миллї тавсиф менамояд.
Методология дар адабиётњои муосири иќтисодї – илм оиди тасвир ва ташаккули методњои дарку омўзиши њаёти хољагидорї ва тањќиќи воќеияту њодисањои иќтисодї фањмида мешавад. Он тавассути воќеият, фалсафа ва тафаккури ягона ва рафтору муносибати якхела нисбат ба объектњои тањќиќшаванда шинохта мешавад. Бо ин васила, он дар њаллу фасли масоили бо кадом тарзу услуби тадќиќот назарияи иќтисодї ќодир аст, асли воќеияти њодиса, њаќиќати пайдову инкишоф ва тањаввули низомњои иќтисодиро инъикос менамояд, љавоб мегўяд.
Новобаста ба хусусиятњои мушаххас дар њар як мамлакат бо тарзи объективї методњои тањлилу тадќиќоти илмї мављуданд.
Метод ин маљмўи тарз, шакл, роњњои коркардабарої, омўзиш ва дарку тањлили тадќиќотњои љараёну равандњои иќтисодї, яъне воситањои амиќу мушаххаси дарки илмї, ки бо мурури рушди илмњои гуногун ва амиќу мустањкам гардидани алоќаи онњо ѓанї мегардад. Дар шароити њозира чунин методњо ё услубњо бештар истифода мешаванд:
Абстраксияи илмї – услубест, ки тибќи он фаќат хусусият ё муносибатњои серпањлўи љараёни њодисоти тањќиќшаванда људо карда шуда, дар шакли алоњида дарк ва омўхта мешавад.
Методи риёзиёт – њамчун факту раќамњоест, ки бо ёрии онњо њодисањои иќтисодї тањлил карда мешавад.
Тањлил ва синтез – яъне тањќиќи њодисањои даркшаванда дар шакли алоњида ва дар ин асос бањодињии онњо мебошад.
Индуксия – услубест, ки оиди андўхти факту раќамњо ва дар ин асос муайян кардани принсипњои тањлили иќтисодї – бозгашт аз далел ба назария мебошад.
Дедуксия – баръакси услуби индуксия имкон медињад, ки тањлили њодиса аз назария оѓоз ёфта, минбаъд он бо факту раќамњо мустањкам карда шавад.
Таљриба – имкон медињад, ки роњу воситањои барои њалли масъалањои иќтисодї пешнињодшуда дар амалия истифода карда шавад.
|
|
|