|
Китоби лексия. ЛЕКСИЯ_Наз.Иктисоди_18-19. Пайдоиш ва марилаои асосии инкишофи назарияи итисодї Афкори итисодии муосир ва наши оно дар инкишофи илми итисодї
МАВЗЎИ 11: НАЗАРИЯИ ДАРОМАД, ФОИДА, МУЗДИ КОР, ВА ФОИЗ 11.1. Моњияти иќтисодии даромад ва фоида
11.2. Фоиз њамчун даромади соњиби сармояи ќарзї
11.3. Музди кор ва шаклњои он
11.1. Моњияти иќтисодии даромад ва фоида Фоида яке аз масъалањои мураккаб ва бањсталаби назарияи иќтисодї ба њисоб меравад.
Оиди сарчашмањо ва ањамияти фоида дар иќтисодиёт мактабњои мухталифи иќтисодї аќидањои гуногун доранд.
Меркантилистон аќида бар он доштанд, ки фоида дар натиљаи хариду фурўши мол ба вуљуд омада, сарчашмаи он тиљорати берунї мебошад.
А.Смит ва Д.Рикардо фоидаро њамчун фарќи арзиши мањсулот аз нархи ќувваи корї бањогузорї намудаанд.
К.Маркс фоидаро њамчун арзиши изофа, ки танњо коргари кироя дар раванди истењсолот ба вуљуд меорад, шарњ додааст.
Барои муайян намудани фоида иќтисодчиёни муосири Ѓарб муттањидшавии якчанд нишондињандаро вобаста медонанд, ки асоситаринашон инњо мебошанд:
Фоида – ин даромад аз тамоми омилњои истењсолот, аз љумла фоизи ќарз, рента ва музди кор мебошад. Фоида – ин мукофот барои фаъолияти соњибкорї ва мукаммалгардонии техникї аст. Фоида – ин мукофоти таваккалкорї аст.
Фањмиши муосири фоида аз љониби се равия: кейнсионї, институтсионалї - сотсиологї ва неоклассикї пешнињод карда шудааст.
Мактаби кейнсионї маљмўи даромадро дар сатњи макроиќтисод њамчун як ќисми даромади миллї шарњ додаанд.
Дар назарияи институтсионалї - сотсиологї фоида аз нуќтаи назарияи иљтимої ва омилњои берунииќтисодї яъне ѓамхорї оиди бењдошти шароити зисти ањолї шарњ дода шудааст.
Назарияи неоклассикї фоидаро бештар дар сатњи фирмаи алоњида, ки дар шароити раќобати мукаммал ва номукаммал бо маќсади ба њадди максималї расонидани фоидаи худ амал мекунад, шарњ додааст.
Фирма даромади умумї, миёна ва нињоиро њисоб менамояд.
Даромади умумї баробар аст ба маблаѓе, ки аз фурўши тамоми мањсулот ба вуљуд омадааст.
Даромади миёна вобаста ба воњиди мањсулоти фурўхташуда њисоб карда мешавад.
Даромади нињої ин афзун намудани даромади умумї аз њисоби фурўши воњиди иловагии мањсулот мебошад.
Аз нуќтаи назари миќдорї фоида њамчун фарќи байни даромади умумї аз фурўши мол ва харољотњои истењсолї шарњ дода мешавад.
Вобаста ба он ки ба таркиби харољотњо чї дохил мешавад, иќтисоддонњо фоидаи муњосибї ва фоидаи иќтисодиро аз њамдигар људо менамоянд.
Фоидаи муњосибї – ин фарќи байни даромади умумї аз харољотњои истењсолии берунї мебошад.
Фоидаи иќтисодї – ин фарќи байни даромади умумї аз тамоми харољотњо мебошад. Мањз њамин предмети тадќиќоти назарияи иќтисодї њисобида мешавад.
Агар даромади умумии фирма бо харољотњои он баробар бошад, пас фоидаи иќтисодї «сифрї» ё ин ки «муътадил» њисобида мешавад. Ёдовар мешавем, ки неоклассикон ба харољотњо фоидаро низ њамроњ намудаанд.
Фоидаи муътадил – ин мафњуми асосии фоида дар тамсилаи (модел) неоклассикии «раќобати мукаммал» мебошад.
Мавриди эътибор гирифтан зарур аст, ки фоидаи мўътадил (миёна) - ин даромад ба њамон андозаест, ки фирмаро «дар фаъолият» нигоњ дошта метавонад.
Дар шароити раќобати номукаммал агар фирма дар бозор фаъолияти монополї дошта бошад, фоидаи монополиро соњиб мегардад ва инчунин он метавонад монополияи табии низ бошад.
11.2. Фоиз њамчун даромади соњиби сармояи ќарзї Фоизи ќарз – ин даромади соњиби сармояи ќарзї мебошад.
Мактабњои гуногуни иќтисодї оиди ањамият ва сарчашмањои ба вуљуд омадани фоидаи сармояи ќарзї аќидањои гуногун доранд.
Мувофиќи аќидаи марксистї сармояи ќарзие, ки ба истењсолот равона карда шуда, дар навбати худ арзиши изофаро ба вуљуд меоварад, ки як ќисми онро соњибкор аз они худ мекунад ва ќисми дигарашро ба соњиби сармояи ќарзї пардохт менамояд, даромади сармояи ќарзї мебошад. Пардохти сармояи ќарзї њамчун фоиз баромад менамояд, ки мутаносибии даромади солонаро (аз њисоби сармояи ќарзї) бо худи сармояи ќарзї ифода менамояд, яъне:
Дар муќоиса ба мактаби марксистї неоклассикон на ба сарчашмаи фоиз, балки ба меъёри он ањамият медињанд, ки ба аќидаи онњо меъёри фоиз дар асоси таќозо ва арзаи сармояи ќарзї ба вуљуд меояд.
Даромади сармояи ќарзї дар фоизи солонаи ќарз ифода меёбад ва онро ставкаи фоиз меноманд. Дараљаи фоиз вобаста ба муносибати таќозою арзаи захирањои молиявї муайян карда мешавад. Чи ќадаре, ки фоизи маблаѓњои ќарздодашаванда паст бошад, њамон ќадар таќозо ба онњо зиёд мегардад. Чи ќадаре ки фоизи ќарз баланд бошад, њамон ќадар арзаи он низ зиёд мегардад.
«Мувозинати»-и меъёри фоиз вобаста ба нуќтаи бурриши каљхаттаи таќозо (Тќ) ва арзаи (Аќ) маблаѓњои ќарзї (зайём) ба вуљуд меояд. Агар арзаи маблаѓњои ќарзї зиёд гардад (аз Аќ то Аќ1), пас мувозинатии ставкаи фоиз паст мешавад (аз М ба М1).
Дар назарияи иќтисодї фоизи ќарзи номиналї ва фоизи ќарзи њаќиќиро аз њамдигар фарќ мекунанд.
Фоизи ќарзи номиналї – ин меъёрест, ки њамчун воњиди пулї мувофиќи ќурби пул баромад мекунад.
Фози ќарзи њаќиќї – ин меъёри фоиз бо назардошти таваррум (инфлятсия) мебошад.
Фарќияти байни инњо дар натиљаи таъсири омилњои зерин метавонад таѓйир ёбад:
1. Хавф (риск). Њар чї кадаре, ки ќарздор ќобилияти пардохти фоизро надошта бошад, њамон ќадар ќарздињанда ба зиёд гирифтани сармояи ќарзї кўшиш менамояд.
2. Мўњлат. Меъёри фоизи ќарзњои дарозмўњлат нисбат ба ќарзњои кўтоњмуддат зиёд аст, чунки дар натиљаи мўњлати дароз соњиби сармояи ќарзї имконияти истифодабарии сармояи худро аз даст медињад.
3. Њаљми ќарз. Мувофиќи ќоида њаљми ќарзи хурд фоизи баланд дорад, чунки харољотњои маъмурии ќарзи калон ва хурд ќариб баробаранд.
Ба ѓайр аз ин омилњо ба фоизи ќарз метавонад шароитњои раќобат ва дараљаи андозњо низ таъсир расонад.
Наќши меъёри фоиз муњим буда, ба дараља ва таркиби истењсолот метавонад таъсир расонад:
1. Меъёри пасти фоиз ба афзоиши маблаѓгузорї ва васеъкунии истењсолот оварда мерасонад. Меъёри баланди он ба мањдудкунии маблаѓгузорї ва сустшавии истењсолот оварда мерасонад.
2. Меъёри фоиз ба равона кардани сармоя таъсир расонида, пулњоро ба соњањои фоидаовар таќсим менамояд.
11.3. Музди кор ва шаклњои он Мењнат мисли дигар омилњои истењсолот даромадеро ба вуљуд меорад, ки онро музди кор меноманд. Музди корро инчунин мукофот барои мењнати анљомдодашуда низ меноманд. Оиди музди кор намояндагони мактабњои гуногуни иќтисодї аќидањои гуногун доранд, ки чанде аз онњоро дида мебароем.
Мувофиќи консепсияи марксистї музди кор мувофиќи арзиши неъматњое муќаррар карда мешавад, ки барои нигоњдории коргар ва оилаи он зарур мебошад.
Мувофиќи консепсияи неоклассикї музди кор дар асоси таќозою арзаи мењнат ва ќобилияти мењнатии инсон муќаррар карда мешавад.
Дар њолати мувозинати таќозо ва арзаи мењнат музди кори мувозинатї ба вуљуд меояд. Афзоиши арза ба ќувваи корї боиси баланд шудани нархи ќувваи корї мегардад. Паст шудани арза ба мењнат нархи ќувваи кориро низ паст менамояд. Ба таќозои мењнат асосан њосилнокии мењнати коргар таъсир мерасонад. Ба арзаи мењнат бошад асосан шумораи ањолии ќобили мењнат дар мамлакат, давомнокии ваќти корї ва дараљаи ихтисоснокии ањолї таъсир мерасонад.
Дар илми иќтисод ва амалияи љамъиятї асосан музди кори номиналї ва музди кори њаќиќиро аз њамдигар фарќ мекунанд:
Музди кори номиналї гуфта маблаѓеро меноманд, ки коргар бар ивази мењнати худ дар даст мегирад.
Музди кори њаќиќї ин маљмўи неъматњо ва хизматњое мебошад, ки бар ивази маблаѓњои бадастоварда харидорї кардан мумкин аст.
Музди кор дар ду шакл вуљуд дошта метавонад: музди кори ваќбайъ ва музди кори корбайъ.
Музди кори ваќтбайъ ин музде мебошад, ки аз рўи давомнокии мењнат муќаррар карда мешавад.
Музди кори корбайъ музде мебошад, ки аз рўи воњиди мањсулоти истењсолкардаи коргар пардохт карда мешавад.
Ба дараља ва љараёни (динамика) музди кор ба ѓайр аз конюктураи бозор инчунин вазъияти захирањои миллї (таббии, мењнатї, технологї) ва вазъияти иќтисодї низ таъсир мерасонад. Дар давлатњои тараќќикарда ва саноатї дараљаи музди кори њадди аќал нисбат ба дигар давлатњо баландтар мебошад.
Дар шароити иќтисоди бозорї ба дараљаи музди кор иттифоќњои касаба низ таъсири баланд расонида метавонанд.
Дар бештари адабиётњо 4 - усули ба музди кор таъсиррасонии онњоро ќайд намудаанд:
Роњ надодан ба фаъолияти (арзаи) мењнатие, ки ваќти кории он мувофиќи ќонунгузорї мањдуд карда шудааст. Инчунин њадди муайян доштани мењнати вазнин ва шиддатнокии он. Фишори соњибкорон њангоми бастани шартномањои мењнатї дар самти афзоиши музди кор. Кумак кардан ба шаклњои истењсолоте, ки таќозои мењнат ва музди корро афзун мегардонад. Мубориза ба муќобили монополияи истењсолот, зеро ба њамагон маълум аст, ки монополист бо маќсади баланд кардани нархи мањсулот як ќисми истењсолотро ихтисор менамояд ва дар натиља ин њолат ба дараљаи музди кор таъсири манфї мерасонад.
МАВЗЎИ 12. НАЗАРИЯИ ИСТЕҲСОЛОТИ АГРОСАНОАТЇ ВА РЕНТАИ ЗАМИН 12.1. Истењсолоти кишоварзї ва комплекси агросаноатї
12.2. Муносибатњои рентавї ва хусусиятњои он
12.3. Намудњои рентаи замин
12.1. Истењсолоти кишоварзї ва комплекси агросаноатї Истењсолоти кишоварзї дар њаёти љамъият наќши бенињоят калон дорад, зеро дар ин љо мањсулоти талаботи аввалиндараљаи љамъият, яъне молњои озуќоворї истењсол мегарданд.
Истењсолоти кишоварзии имрўзаро бе тараќиёти иќтисоди миллї тасаввур кардан ѓайриимкон аст. Дар њаёти муќаррарии љомеъа хољагии ќишлоќ дар асоси кооператсияњои истењсолоти байнисоњави, ки хољагии ќишлоќ ва дигар соњањоро ба он алќаманд менамояд, амал мекунад. Алоќамандии хољагии ќишлоќ бо дигар соњањо бештар дар њолатњои зерин дида мешаванд:
Аз як тараф соњаи хољагии ќишлоќро бо ашёњои истењсолї ва техникаю шароитњои истењсолї таъмин мекунад; Аз тарафи дигар ашёи хоми хољагии ќишлоќро ба мањсулоти тайёр муббадал гардонида, онро то ба истеъмолкунанда мерасонад.
Дар асоси чунин алоќамандї комплекси агросаноатї ба вуљуд меояд. Комплекси агросаноатї ин зернизоми бисёрсоњавие мебошад, ки вобастагї ва алќамандии хољагии ќишлоќро бо соњањои дигари иќтисоди миллї бањри истењсоли техникаи хољагии ќишлоќ, мањсулоти хољагии ќишлоќ ва коркарду фуруши он ташкил медињад. Бо ибораи дигар дар зери мафњуми комплекси агросаноатї алоќамандї ва якљояшавии соњаи саноат ва хољагии ќишлоќро меноманд.
Ташаккулёбии комплекси агросаноатї ба гузариш аз истењсоли одии мањсулоти хољагии ќишлоќ ба истењсоли мошинї, ки њарчи васеътар алоќамандии хољагии ќишлоќро бо дигар соњањои иќтисоди миллї нишон медињад, алоќаманд аст.
Дар амалия тамоми соњањои иќтисоди миллї мустаќим ё ѓайримустаќим дар фаъолияти комплекси агросаноатї иштирок мекунанд, ки ба доираи он инњо дохил мешаванд:
Истењсоли омилњои истењсолї барои хољагии ќишлоќи комплекси агросаноатї; Худи хољагии ќишлоќ; Коркард ва фурўши мањсулоти тайёр.
Ќисми асосии комплекси агросаноатї мањсулоти озуќаворї ба њисоб меравад, ки ба он соњаи коркарди ашёи хоми хусусияти истъмолї надоштаи хољагии ќишлоќ дохил намешавад.
Муносибатњои кишоварзї ин маљмўи муайяни муносибатњои иќтисодие мебошад, ки дар ин соња ба вуљуд меоянд.
Дар соњаи кишоварзї хусусиятњои хосе вуљуд доранд, ки аз мавќеъ ва маќоми замин њамчун воситаи асосии истењсолот бармеоянд. Замин ин асоси њаёт, сарчашмаи бавуљудории неъматњо мебошад. Гарчанде замин мањсули мењнат набошад њам, вай ба фаъолияти истењсолии одамон ворид гашта, воситаи умумии мењнат ба њисоб меравад.
Дар соњаи кишоварзї, замин ин омили фаъоли раванди мењнат, воситаи асосии истењсолот, ва дар соњаи саноат бошад замин ин љоест, ки дар он корхонањо љойгир шудаанд.
Замин дорои як ќатор хусусиятњое мебошад, ки асоси инкишофи муносибатњои кишоварзї ба њисоб меравад:
Замин омили такрорнашавандаи истењсолот буда, ба таври сунъї барќарор (истењсол) намешавад; Заминњои корам ва њосилхез мањдуд мебошанд; Сатњи тараќќиёти ќуввањои истехсолкунанда заминро объекти мањдуди истифодабарї дар кишоварзї мегардонад; Дар њолати дуруст истифода бурдан, замин имкониятњои истењсолии худро гум накарда, њосилхезии иќтисодии худро баланд мегардонад.
Замин низ мисли дигар омилњои истењсолот дорои арза ва таќозо мебошад. Хусусияти арзаи замин њамчун захираи иќтисодї ин мањдуд будани он аст. Агар сармоя њамчун захира доимо дар њаракат бошад, пас замин бењаракат аст. Омилњои ба арзаи замин таъсиррасонанда, ин њосилхезї ва љойгиршавии он нисбат ба бозор мебошанд. Таќозо ба замин бошад хусусияти гуногун дорад. Таќозо ба замин ду унсурро дар бар мегирад.
Таќозои кишоварзї яъне таќозои мардум барои истењсоли мањсулоти хољагии ќишлоќ; Таќозои ѓайрикишоварзї яъне барои сохтани корхонањо ва манзилњои истиќоматї.
12.2. Муносибатњои рентавї ва хусусиятњои он Замин дар баробари дигар омилњои истењсолот яке аз сарчашмањои асосии бавуљудоварандаи даромад ба њисоб меравад, ки онро рента меноманд.
Рента ва муносибатњои рентавї дар заминдорї ин даромади иловагие мебошад, ки аз сатњи харољотњои гуногун ба истењсоли мањсулот бармеояд.
Рентаи замин - ин даромад аз замин мебошад, ки соњиби он ба ивази ба истифода додани замин мегирад. Соњиби замин метавонад, шахси алоњида, давлат, корхона (фирма, бонк) бошад, ки њуќуќи моликиятро ба ягон ќитъаи замин дошта бошад.
Замин дар муќоиса ба дигар омилњои истењсолот ањамияти махсус дорад, зеро андозаи он зиёднашаванда буда, арзаи он мањдуд мебошад.
Намояндаглни мактабњои гуногуни иќтисодї оиди даромади замин ва рента аќидањои мухталиф пешнињод намудаанд.
Назарияи неоклассикї дар муќоиса ба Маркс на ба нафаре, ки рентаро ба вуљуд овардааст, балки ба дараљаи ташаккулёбии он таваљљўњ зоњир намудааст.
Натиљаи тадќиќоти онњоро дар ду хулоса дидан мумкин аст:
Дараљаи рента бевосита аз мањдудияти арзаи замин вобаста аст; Дараљаи рента аз таќозо ба мањсулоти нињої вобаста мебошад. Масалан, агар таќозо ва нарх ба орд кам шавад, пас таќозо ба замине, ки онро истењсол менамоянд, низ кам мешавад.
Дар низоми иќтисоди бозорї замин њамчун объекти хариду фурўш ба њисоб рафта, дорои нархи муайян мебошад. Соњиби замин кўшиш менамояд онро ба њамон нархе фурушад, ки агар маблаѓашро дар бонк гузорад, фоизи яксолаи он аз рентаи яксола кам набошад.
Бинобар ин нархи замин аз 2 бузургї вобаста мебошад:
Њаљми рентаи замин; Меъёри фоизи ќарз.
Ин вобастагиро бо воситаи формула чунин тасвир намудан мумкин аст:
Масалан: агар рентаи яксола 2000$ ва фоизи ќарз 4% бошад, пас нархи замин = 2000$ / 4 * 100 = 50000$
Аќидањои дигари мактабњои иќтисодї низ оиди ин масъала якранг ба назар мерасад.
12.3. Намудњои рентаи замин Шаклњои рента аз нигоњи мактабњои мухталифи иќтисодї ба таври гуногун гурўњбандї карда мешавад.
Консепсияи марксистї аќида бар он дорад, ки сарчашмаи њамаи даромадњо аз љумла рентаи замин ин арзиши изофа мебошад. Маркс 2 шакли рента, яъне рентаи тафриќавї ва рентаи мутлаќро аз њамдигар људо намудааст.
Рентаи тафриќавї (диференсиалї) чунин шакли рентае мебошад, ки танњо аз заминњои њосилхез ба даст оварда мешавад, ки он њамчун фарќи байни арзиши мањсулоти истењсолшуда аз заминњои њосилхез ва нархи умумии заминњо мебошад. Дар баъзе адабиётњои иќтисодї вобаста ба њосилхезии замин рентаи тафриќавиро ба рентаи тафриќавии тартиби якум ва рентаи тафриќавии тартиби дуюм људо менамоянд.
Рентаи тафриќавии тартиби якум чунин шакли рентае мебошад, ки вобаста ба њосилхезии таббиии замин ба даст оварда мешавад.
Рентаи тафриќавии тартиби дуюм бошад чунин шакли рентае ба њисоб меравад, ки вобаста баландбардории сунъии њосилхезии замин ба даст оварда шудааст.
Рентаи мутлаќ рентае мебошад, ки аз тамоми заминњо новобаста аз дараљаи њосилхезиаш, ба даст оварда мешавад ва он фарќи байни арзиши мањсулоти хољагии ќишлоќро аз нархи истењсолшудааш нишон медињад.
Агар соњиби замин заминро ба иљора дињад, пас иљорагир ба ў иљорапулї пардохт менамояд, ки дар худ рентаи заминро инъикос менамояд.
Ба ѓайр аз ин дар назарияи иќтисодї рентаи мўътадил ва рентаи иктисодї низ мављуд аст.
Рентаи мўътадил ин масрафи ѓайрипулие мебошад, ки ба истифодаи алтернативии замин алоќаманд мебошад. Бо ибораи дигар, он ќисми њадди аќале мебошад, ки на ба маќсади интихоби масрафи њозира, балки маќсади дигари имконпазир аз истифодаи замин ба даст оварда мешавад, баромад мекунад. Масалан, агар сабзї ба љои картошка кишт карда мешуд, эњтимолияти ба даст даровардани даромад аз ин ё он ќитъаи замин баланд мебуд, чунки кобилияти њосилнокии сабзї дар ин ќитъаи замин нисбат ба картошка баландтар мебуд ва баръакс.
Рентаи иќтисодї њамон ќисми мањсулоти изофаи бо пул ифодагаштае мебошад, ки аз ќитъаи замин гирифта шуда, аз доираи рентаи мўътадил берун меравад. Бо ибораи дигар рентаи иктисодии замин њамон ќисми мањсулоти изофаи аз замин ба вуљуд омадае мебошад, ки (дар шакли пулї) бо истиснои рентаи мўътадил боќї мемонад.
|
|
|