|
Китоби лексия. ЛЕКСИЯ_Наз.Иктисоди_18-19. Пайдоиш ва марилаои асосии инкишофи назарияи итисодї Афкори итисодии муосир ва наши оно дар инкишофи илми итисодї
МАВЗЎИ 2. НАЗАРИЯИ ИСТЕЊСОЛОТ ВА ОМИЛЊОИ ОН Маќоми истењсолот ва шаклњои асосии он дар низомњои иктисодї Захираҳои иқтисодӣ ва мањдудияти онњо Лањзахои оддии љараёни мењнат Омилњои истењсолот ва самаранок истифодабарии онњо Натиљаи истењсолот ва даврањои њаракати мањсулоти љамъиятї
2.1. Маќоми истењсолот ва шаклњои асосии он дар низомњои иктисодї. Дар кадом зинаи таърихии тараќқиёте, ки љамияти инсонї ќарор надошта бошад, одамон барои зиндагї кардан бояд хўрока, пўшока, манзил ва дигар неъматњои моддиро доро бошанд.
Воситаҳои барои ҳаёти инсон зарур бояд истеҳсол гарданд ва тайёр намудани онњо дар раванди истењсолот амалї мегардад.
Истеҳсолот - рафти таъсиррасонии инсон ба табиат бо маќсади бавуљудории нематњои моддї ва хизматњо мебошад, ки барои тараќќиёти љамъият заруранд.
Таърихи истењсолот роњи тўлонии тараќќиёт, аз тайёр намудани мањсулоти одї то истењсоли мушкили низоми техникї, мошинањои њисоббарор ва ѓайраро гузаштааст. Дар раванди истењсолот на танњо тарз ва ташкили тайёр намудани неъмату хадамот таѓйир меёбад, балки худи одамон низ руњан такмил меёбанд.
Дар назарияи иктисодї истењсолоти моддї ва ѓайримоддиро аз њамдигар фарќ мекунанд.
Мафњуми аввал дар худ соњањоеро дохил менамояд, ки ба истењсолоти моддї ва хадамотї машѓуланд (саноат, хољагии ќишлок, сохтмон, хољагии манзил, хизматрасонии маишї ва ѓайра).
Истењсолоти ѓайримоддї - ба истењсоли хизматњои ѓайримоддї алоќаманд мебошад (тандурустї, маориф ва ѓайра).
Њар дуи ин шаклњои истењсолот ба њамдигар алоќаманданд ва бе якдигар вуљуд дошта наметавонанд. Дар раванди истехсолот рушди иќтисодї ба вуљуд оварда мешавад, ки дар њудуди тараќќиёти умумимиллї ба яке аз нишондињандањои асосии макроиќтисодї табдил мегардад. Њамин тавр, дар њамаи давру замон истењсолот барои ќонеъгардонии талабот хизмат менамояд.
Талабот - ин эњтиёљи фарди алоњида, гурўњи иљтимої ё ҷамият ба пуррагї ба ягон чизе мебошад, ки барои нигоњдории фаолияти зист зарур аст.
Аз аввал, дар обшинаи ибтидої кариб тамоми фаъолияти инсон ба тараќќиёти истењсолоти моддї равона карда шуда буд. Дар зинањои ояндаи рушди љамъияти инсонї ва истењсолот талаботњои интелектуалї ба вуљуд меоянд, њаљми талабот меафзояд ва сохтори талабот мушкил гардида, сатњи зиндагии одамон баланд мегардад. Дар шароити истењсолоти мукаммалгашта инсоният имконияти конеъ гардонидани талаботњои бавуљудомадаи гуногунро (моддї, маънавї ва иљтимої) пайдо намуд. Бењтаршавии њаёти ањолї пеш аз њама дар бештар конеъ гардонидани талаботњои моддї ба мањсулот, озуќа, либос, пойафзол, манзил, шароити мењнат ва дигар нематњои њаётан зарур зуњур меёбад. Баланд бардоштани сатњи тараќќиёти мадании инсон низ бо ќонеъ гардонии он бо талаботњои маънавие, ки ба худмукаммалгардонии одамон равона карда шудааст, алоќаманд мебошад. Дар охир рушди љамъият дар васеъшавии талаботњои иљтимої, дар фаъолияти коллективии љамъиятї акс мегардад. Талабот хусусияти хоси барнагардонидагиро дорост. Он њамеша ба самти рушд њаракат менамояд. Дар маљмўъ талабот њадду канор надорад, яъне он чунин маъно дорад, ки талаботњои маънавиро ба пуррагї ќонеъ гардонидан ѓайриимкон аст.
Аммо инсоният кўшиш менамояд, ки талаботњои худро ба њадди аксар ќонеъ гардонад ва барои ин инсон истењсолотро бояд тараќќї дињад ва захирањои мањдудро оќилона истифода намояд. Хулоса, дар кадом низоме, ки набошад, истењсолот њамчун муносибати љамъиятї ба табиат баромад менамояд. Ин муносибатњо дар истифодаи захирањои истењсолї намудор мегарданд.
2.2. Захирањои иќтисодї ва мањдудияти онњо Дар назарияи иктисодї мафњуми «захирањо» маљмуи унсурњои гуногуни истењсолот фањмида мешавад, ки дар ҷараёни тайёр намудани неъматњои моддї ва маънавї истифода карда мешавад.
Захирањои иктисодї ба захирањои табиї, моддї, мењнатї, молиявї ва иттилоотї људо карда мешавад.
Захирањои табиї - ин маљмўи шароитњои табиии мављудияти инсон, таркиби мављудоти инсон ва таркиби муњити атроф мебошад, ки дар раванди истењсолот истифода карда мешавад. Масъалан: энергияи офтоб, захирањои обї, боигарии ќаъри замин ва ғайра.
Захираҳои табиї камшаванда ва тамомнашаванда шуда метавонанд.
Захирањои моддї - ин њамаи воситањои истењсолот мебошанд, ки дар натиљаи истењсолот ба вучуд омадаанд (воситањо ва предметњои мењнат).
Захирањои мењнатї - маљмўи ќуввањои кориро ифода мекунад, яъне ањолии ќобили мењнат. Барои тавсифи пурраи захирањои мењнатї сохтори он, ки аз рўи синну сол, ҷинс, сатњи маълумот ва њавасмандї ба кор шарњ дода мешавад, аз аҳмият холї нест.
Захирањои молиявї - воситањои пулиеро ифода мекунад, ки љаъмият барои истењсолот равона месозад. Сарчашмаи онро воситањои сармоягузорї, ќоѓазњои ќимматнок, андозњо, пасандозњои пулї ва вомбаргњои давлатї ташкил медињанд.
Захирањои иттилоотї - њамчун сифру маълумотњои зарурї, ки барои идоракунии истењсолот лозиманд, баромад мекунанд.
Захирањои табиї, моддї ва мењнатї барои њамаи љамъиятњо хос ва заруранд. Дар шароити иќтисоди бозорї ба онњо боз захирањои молиявї низ њамроњ карда мешаванд. Иќтисоди бозории муосир бе захирањои иттилоотї низ дуруст фаъолият карда наметавонад.
Дар назарияи иктисодї ду навъи захира: захирањои мањдуди нисбї ва мутлаќро аз њамдигар фарќ мекунанд.
Дар зери мафњуми захирањои мањдуди нисбї вазъияте фањмида мешавад, ки захирањои истењсолї нокифояанд ва дар як ваќт тамоми талаботњои љомеаро ќонеъ гардонида наметавонанд.
Мањдудияти мутлаќи захирањо ба захирањои табиї ва мењнатї хосанд.
Агар доираи талаботњо кам карда шавад, пас мањдудияти мутлаќ ба нисбї табдил мегардад, ё ин ки барои доираи мањдуди талаботњо захирањо нисбї номањдуданд. Мањдудияти нисбии захирањо ба захирањои моддї, молиявї ва итилоотї хос мебошанд.
Раванди истењсолот дар як маврид раванди истеъмолотро низ дар назар дошта метавонад. Агар иќтисодро њамчун натиљаи ягонагии истењсол ва истеъмол дида бароем, аќидае ба миён меояд, ки истењсол ва истеъмол ягона раванди сарбастае мебошад, ки бо табиат ва захирањо алоќаманд нестанд, аммо ин интавр нест.
Пеш аз оне ки мањсулот ба доираи истеъмолот гузорад, вай бояд дар доираи истењсолот коркард карда шавад. Агар чизи аз табиат гирифташуда бе истењсолот истеъмол карда шавад, он ба категорияи неъматњои ѓайрииќтисодї дохил мешавад. Одамон барои несту нобуд нагаштан бояд такрористењсолро омўзанд ва табиатро объекти фаолияти инсон ќарор дињанд. Барои ин ќуввањои истехсолкунандаро равона кардан лозим аст.
Ќуввањои истењсолкунанда - ин ќуввањое мебошанд, ки инсон барои истеъмол ва истењсоли худ мутобиќ гардонида тавонистааст. Чунки истењсолот ва истеъмолот бе инсон гайриимкон аст, аз ин рў ќувваи табиат, ки барои истењсол ва истеъмол истифода мегардад, куввањои истењсолии инсон мебошанд. Онњо сохтори дохилї доранд яъне аз дохили онњо воситањои истењсолот ва ќуввањои кориро људо кардан мумкин аст. Дар раванди истењсолот муносибатњои иќтисодї ва истењсолї ба вуљуд меоянд. Ќуввањои истењсолкунанда ва муносибатњои истењсолї њамеша дар инкишофанд.
2.3. Лањзањои одии љараёни мењнат Инсон барои мувозин нигоњ доштан ва барќарор намудани воситањои зарурии њаёти худ ба молу хизматњои гуногун эхтиёљ дорад. Як ќисми ин молу хизматњоро аз табиат дар шакли тайёр мегирад ва ќисми дигарашро мувофиќи фањмишу ќобилият истењсол мекунанд.
Дар њар як маврид инсон ба табиат таъсир расонида, хосияти зоњирии онро дигаргун месозад ва аз он молу хизматњо истењсол менамояд.
Дар ин самт инсон фаъолиятеро анљом медињад, ки он мењнат мебошад. Аммо мењнат бе истифодаи асбоб ва олот мол офарида наметавонад. Аз ин рў, дар зери мафњуми раванди мењнат робитаи доимї ва устувори байни унсурњои он (худи мењнат, предмети мењнат, воситањои мењнат) истифодаи захирањои табиат ва дар ин асос ба вуљуд овардани неъматњову ќонеъгаронии талаботи инсон фањмида мешавад.
Мењнат - амалиёти бошуурона ва маќсадноки фаъолияти инсон буда, бо ёрии он одамон неъматњои моддї ва маънавї истењсол менамоянд. Бо ин маќсад онњо тамоми донишу малака ва ќувваи кориро барои истифодаи захирањою конеъгардонии талаботњои беинтињои худ истифода мекунанд.
Предметҳои меҳнат - чиз ё гурўҳи чизҳое мебошад, ки одамон мустақиман ба онҳо таъсир расонида, хосияти зоҳирии онҳоро барои истеҳсоли мол мувофиќ месозанд. Ба онњо чизњое, ки дар шакли тайёр аз табиат гирифта мешаванд (мева, моњї, ангишт) ё маводњое, ки дубора зери таъсири мењнати инсон ќарор мегиранд, дохил мешаванд. Масалан: пахта, нефт, газ ва ѓайра.
Воситањои мењнат - чиз ё гурўњи чизњое мебошанд, ки инсон бо воситаи онњо ба предметњои мењнат таъсир расонда, молу хизматњо ба вуљуд меорад (дост, болѓа, трактор, экскаватор ва ѓайра).
Онњо нишондињандањои муњимтарини дараљаи инкишофи истењсолот мебошад.
Воситањои мењнат инчунин ба ду гурўњ људо мешаванд:
Ба якуминаш он воситањое дохил мешаванд, ки бевосита ба предметњои мењнат таъсир мерасонанд. Гурўњи якумро олоти мењнат меноманд.
Ба гурўњи дуюм дигар обектњо ва шароитњои моддие, ки барои амалигардонии раванди мењнат заруранд, дохил мешаванд. Пеш аз њама ба онњо: замин њамчун шароити умумї ва доираи фазои амалигардонии љараёни мењнат, биною иншоотњо, объектњо ва таљњизотњо барои нигоњдорї ва ѓайрањо дохил мешаванд .
Хулоса, предметњои мењнат ин чизњое мебошанд, ки ба онњо мењнати инсон равона карда шудааст. Воситањои мењнат ин чизњое мебошанд, ки бо воситаи онњо инсон ба табиат таъсир мерасонад.
2.4. Омилњои истењсолот ва самаранок истифодабарии онњо Инсон барои истењсол намудани мањсулот ба табиат таъсир расонида онро шаклан дигаргун месозад ва барои конеъгардонидани талаботњои моддии худ мувофиќ месозад.
Истењсолот ин коркарди неъматњои табиат барои истеъмоли бевосита ё барои истењсоли оянда мебошад. Чунин вазифаи истењсолот дар тамоми шаклњои иљтимоии он нигоњ дошта мешавад. Барои истењсоли мол омилњои истењсолот дар тайёр намудани неъматњо истифода бурда мешаванд.
Дар зери мафњуми омилњои истењсолот унсур ё объекти муњиме фањмида мешавад, ки ба имконият ва самаранокии истењсолот таъсири њалкунанда мерасонанд.
Барои истењсоли њар як мањсулот номгўи омилњои худї вуљуд доранд.
Назарияи марксистї омилњои истењсолотро ба ду гурўњ људо мекунанд.
Омилњои шахсии истењсолот. Омилњои моддии истењсолот.
Ба сифати омили шахсї њамеша ќувваи корї дар назар дошта мешавад, яъне маљмўи ќобилияти љисмонию зењнии инсон ба мењнат.
Ба сифати омили моддї воситањо, таљњизотњо ва дигар намуди захирањо дохил мешавад.
Назарияи Маржиналистї чор гурўњи омилњоро пешнињод менамояд, ки инњоянд:
Замин; Мењнат; Сармоя; Фаъолияти соњибкорї.
Фарќияти гурўњбандии омилњо аз тарафи мактабњои Марксизм ва Маржинализм дар чист?
Марксизм дар он аќида аст, ки омилњои истењсолот њамчун категорияи иќтисодї љињати иљтимоии истењсолотро муайян мекунад. Аллакай дар раванди ибтидоии истењсолот таркиби синфии љамъият ва зарурати муборизаи синфњо барои адолатпарастї ба вуљуд меояд.
Маржинализм омилњои истењсолотро њамчун унсурњои умумии техникии иќтисодие, ки бе он раванди истењсолот гайриимкон аст, мефањманд.
Маржинализм дар зери мафњуми сармоя воситаю предметњои мењнатро мефањманд ва шароити табииро ба фонди махсус људо мекунанд. Марксизм бошад шароитњои табиї, восита ва предметњои мењнатро якљоя намуда, њамчун омили моддї пешнињод менамояд ва чунин мешуморад, ки агар сухан дар бораи шароити табиии махсус равад, хусусияти онњо тавассути рента ба инобат гирифта мешавад. Ба аќидаи намояндагони мактаби Марксизм ин аллакай ќисми махсуси илми иќтисодї аст.
Маржиналистон фаъолияти соњибкориро њамчун омили истењсолот эътироф менамояд, аммо марксизм онро рад менамояд.
Дар назарияи иќтисодии љомеаи баъдисаноатї дар раванди гурўњбандии омилњои истењсолот омилњои иттилоотї ва иќтисодиро низ људо менамоянд. Њар дуи онњо бо дастовардњои илми муосир, ки худ ба худ њамчун омили мустаќил баромад мекунад, зич алоќаманданд, чунки ба дараљаи самаранокии истењсолот, љараёни тайёркунии ќувваи кории лаёќатнок ва афзоиши сатњу имконияти сармояи инсонї таъсири њалкунанда мерасонанд.
Иттилоот - банизомдарории маълумот, барномасозї, ташкил намудани моделњои менељмент ва маркетингро таъмин менамояд.
Дар љањони муосир омили экологї низ аз ањамият холї нест.
Замин њамчун омили табиї фањмида мешавад. Вай натиљаи фаъолияти инсон нест. Ба ин гурўњи омилњои истењсолот боигарии табиат яъне канданињои фоиданок, заминњои корам, љангал ва ѓайраро дохил мекунанд.
Сармоя њамчун омили истењсолот дар шакли маљмўи неъматњое, ки дар истењсоли молу хизматњо истифода мешавад, баромад мекунад. Ба он дастгоњњо, мошинањо, биною иншоотњо, воситањои алоќа ва ѓайра дохил мешаванд. Таркиби техникии он њамеша такмил меёбад ва ба фоиданокии раванди истењсолот таъсири њалкунанда мерасонад.
Сармояро њамчун омили истењсолот муайян намуда, иќтисодчиён онро бо воситањои истењсолот њаммаъно мешуморанд. Таърихан тарафдори чунин аќида намояндагони мактаби классикї ба њисоб мерафтанд. А.Смит чунин мешуморад, ки сармоя ин воситањои истењсолот аст. Физиократњо дар зери мафњуми сармоя заминро мефањмиданд. Дар байни иќтисоддонњои намоёни асри 20 ин аќидаро У.Баумол, А.Блиндер, Р.Дорбнули ва дигарон дастгирї мекарданд. Аммо сармоя бо шакли пулии он алоќаманд аст. Гузашта аз ин сармоя ин донишу малакаи инсон ва ќувваи он, ки дар љараёни истењсоли молу хизматњо истифода мегардад, фањмида мешавад. Сармояи инсонї њамчун сарчашмаи даромад фањмида мешавад.
Сармоя ин ваќт аст. Ваќт бошад омили мустаќилест, ки даромадро ба вуљуд меорад. Даромад - ин мукофот барои рад намудани ќонеъгардонии талаботњои шахсї дар айни њол ба хотири оянда мебошад.
Ба аќидаи К.Маркс сармоя мафњуми мушкил аст. Зоњиран он њамчун воситањои истењсолот (сармояи доимї), дар шакли пулї (сармояи пулї) дар одамон (сармояи таѓйирёбанда) ва дар мол (сармояи молї) баромад мекунад.
Мењнат њамчун омили истењсолот - ин фаъолияти зењнї ё љисмонии инсон мебошад, ки барои тайёр намудани неъмат ва расонидани хизмат равона шудааст. Ваќте, ки дар давоми он инсон мењнат менамояд, рузи корї ном дорад.
Давомнокии максималии рузи корї аз руї омили љисмонї, маънавї ва иљтимої муайян карда мешавад:
Аввало, инсон дар тамоми 24 - соати шабонарузї кор карда наметавонад. Чунки барои вай ваќт барои хоб, истироњат, истеъмоли ѓизо, яъне барои барќарорсозии ќувваи корї зарур аст.
Дуюм, ба инсон конеъгардонии як ќатор талаботњои маънавї ва иљтимої зарур аст.
Фаъолияти соњибкорї фаолияти маќсаднок ва ташаббускоронаи инсон буда, дар асоси таваккал ташкил меёбад ва маќсад аз он гирифтани фоида мебошад.
Ќобилияти соњибкорї шакли махсуси сармояи инсонист, ки бо воситаи он якљоясозї ва ба як самт равонасозии тамоми омилњои дигари истењсолот бо маќсади истењсоли мањсулот амалї гардонида мешавад.
Хусусияти ин гуногуншаклии захираи инсонї аз тавоної ва хоњиши инсон дар љараёни истењсолот дар асоси тиљорат ворид намудани шаклњои нави мањсулоти истењсолшаванда, технология, шакли ташкили бизнес дар асоси таваккалкорї ва эњтимолияти зарар дидан иборат аст.
Иќтисодчии англис Кантилён дар зери мафњуми соњибкор шахсеро мефањмид, ки даромади муайян ва ѓайрирасмї дорад. Вай моли дигаронро бо нархњои муайян мехарад, аммо бо нархњои њанўз номуайян хоњад фурухт. Аз ин љой бармеояд, ки таваккал хусусияти асосии фарќкунандаи соњибкор ба њисоб меравад.
Њангоми хулосабарории тањлили омилњои истењсолот, кайд кардан бамаврид аст, ки истењсолот танњо дар сурати ворид намудани њамаи омилњо ба раванди истењсолот имконпазир аст. Истењсоли моли муайян ё хизмат омили муайянро талаб менамояд, аммо асосиашон аз байни онњо замин, мењнат, сармоя ва соњибкорї мебошанд. Онњо дар алокамандї бо якдигар амал мекунанд ва якдигарро пурра месозанд.
2.5. Натиљаи истењсолот ва давраҳои ҳаракати маҳсулоти ҷамъиятї Натиљаи њар як истењсолоти љамъиятї истењсоли мањсулот ва хадамот мебошад. Њаракати доимї ва мувозини онњо чун ягонагии даврањои истењсолоти љамъиятї: истењсол, таќсим, мубодила ва истеъмол сурат мегирад.
Истењсол нуќтаи ибтидоии истењсолоти љамъиятї буда, љунбиш, њаракат, инкишоф ва пешрафти онро таъмин менамояд. Дар давраи истењсол тавлиди мањсулот анљом меёбад. Дар њолати тавлид неъматњову хизматњои иќтисодї истеъмол карда мешаванд.
Истеъмол маќсади нињоии истењсол буда, дар њар як сохторњои иќтисодї сатњ ва рушди онро муайян мекунад.
Дар љомеаи тоидустриалї истеъмол бо маќсади истењсол ё худ истењсол бо маќсади истеъмол хизмат менамуд. Дар шароити иќтисоди бозорї маќсади истењсол ва истеъмол ба њам мувофиќат нохоњанд кард. Истењсол ба маќсади истифодаи захирањои мањдуди иќтисодї, таъмини дараљаи баланди фоидагирї, самаранокию таќозои беинтињои ањолї нигаронда мешавад.
Таќсим узви њатмї ва давоми истењсолоти љамъиятї буда, муносибатњоро оиди таќсими сармоя ва мењнат дар байни соњањои истењсолоти моддї, ноњияву кишварњо ифода мекунад. Он њамчун давраи мустаќим муносибатњоро тибќи таќсиму ташаккули гурўњњо, синфњо, фарду љомеа нисбат ба истењсоли мањсулот, истењсолкунандаю истеъмолкунанда, таќсими мањсулот, таќсими захирањои иќтисодї ва ѓайрииќтисодиро ифода мекунад.
Таќсим ва мубодила нафаќат вазифаи миёнаравии байни истењсолу истеъмол, балки дар зинаи истењсол њамчун бахши ибтидої низ иштирок менамоянд (таќсим ва истењсолот, ќувваи корї, захирањои иќтисодї).
Мубодила - њамчун унсури муњимтарини истењсолоти љамъиятї дониста мешавад. Оиди наќшу маќоми он дар адабиёти иќтисодии муосир якдигарфањмї љой надорад. Дар адабиёти ѓайримарксистї мубодила њамчун унсури мањсулдењи истењсолоти љамъиятї дониста мешавад.
Вобаста ба хусусияти мањсулдињандагии худ он имкон медињад, ки неъматњо дар фазои иќтисодї бештар гардиш хурда, талаботњои беинтињои одамонро пурра таъмин намоянд ва бо њамин љињат сарвати љомеаро афзун гардонанд.
Намояндагони мактаби неоклассикї (Маршал) ва дигарон аќида доранд, ки мубодила њамчун истењсолоти мањсулдињанда аст. Он барои њаракату даврзании неъматњо ва пурратар ќонеъгардонии талабот шароит фароњам меоварад ва бо њамин сарвати љомеаро афзун мегардонанд.
Истеъмол - самти муќобил ва давраи мустаќилу нињоии истењсолоти љомеавї буда, љараёни истифода, масраф ё худ кам кардани фоиданокии неъматњои моддиро ифода мекунад.
|
|
|