Главная страница
Навигация по странице:

  • Шаклњои бозор ва таснифоти онњо

  • Бозори воситањои истењсолот

  • Бозори манзил

  • Бозори ќоѓазњои ќиматнок

  • Бозори фурўшанандагон

  • Бозори миллї

  • Бозори ра қобати мукаммал

  • Бозори яклухт

  • Китоби лексия. ЛЕКСИЯ_Наз.Иктисоди_18-19. Пайдоиш ва марилаои асосии инкишофи назарияи итисодї Афкори итисодии муосир ва наши оно дар инкишофи илми итисодї


    Скачать 0.96 Mb.
    НазваниеПайдоиш ва марилаои асосии инкишофи назарияи итисодї Афкори итисодии муосир ва наши оно дар инкишофи илми итисодї
    АнкорКитоби лексия
    Дата13.10.2019
    Размер0.96 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаЛЕКСИЯ_Наз.Иктисоди_18-19.doc
    ТипДокументы
    #89788
    страница5 из 11
    1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11

    МАВЗУИ 5. МОҲИЯТ, ВАЗИФАҲО ВА ТАРКИБИ БОЗОР


      1. Мафњум, моњият ва мавқеи бозор дар истењсолоти љамъиятї

      2. Вазифањои асосии бозор

      3. Шаклњои бозор ва таснифоти онњо

      4. Зерсохти бозор ва унсурњои он

    5.1. Мафњум, моњият ва мавқеи бозор
    дар истењсолоти љамъиятї


    Мафњуми «бозор» яке аз мафњумњои серистеъмол ба њисоб меравад, ки онро њам дар илми назарияи иќтисод ва њам дар амалияи хољагидорї дучор шудан мумкин аст. Аммо дар тањлил ва маънидоди ин мафњум дар тўли солњо андешањои гуногун ба вуљуд омадаанд, ки онњо шањодати дорои таркиби мураккаб ва гуногунпањлўгии он мебошанд.

    Бозор дар натиљаи пайдоиши хољагии молї ба вуљуд омадааст. Бидуни истењсолоти молї бозор вуљуд дошта наметавонад ва бе мубодила низ истењсолоти молї номумкин аст.

    Дар ибтидо зери мафњуми бозор љое фањмида мешуд, ки дар он одамон хариду фурўши моли худро анљом медоданд.

    Инкишоф ва амиќшавии таќсимоти љамъиятии мењнат, ки боиси тараќќиёти истењсолоти молї мешавад, ба густариши муносибатњои мубодилавї ва мураккабшавии маънидоди мафњуми бозор оварда мерасонад.

    Агар мафњуми бозор аз лињози субъектњои амалкунандаи он тањлил шавад, пас бозор њамчун љамъи харидорон ва ё гурўњи одамон, ки муносибатњои ќавии корї дошта, оид ба њама гуна мол ќарордодњои калон имзо мекунанд, намоён мешавад. Дар ин маънидод фањмиши бозор мањдуд гардонида шудааст, зеро дар он тамоми субъектњои бозор, ки аз истењсолгарон, миёнаравњо ва истеъмолгарон иборатанд, дарбар гирифта нашудаанд.

    Бо табдилёбии ќувваи коргари ба мол бозор характери умумї гирифта, доираи истењсолотро низ пурра фаро мегирад. Хариду фурўши тамоми омилњои истењсолот, ки бидуни онњо худи истењсолот номумкин аст, ба њодисаи муќаррарии њаёти љомеа табдил меёбад. Бозор ба муњимтарин љињати раванди такрористењсоли неъматњо ва хадамоти љамъиятї мубаддал мешавад. Чунин мавќеъ пайдо кардани бозор боиси пайдо шудани фањмиши нави он мегардад, яъне:

    Бозор ин маљмўи муносибатхои иќтисодиест, ки ба воситаи он мубодилаи мањсулоти љамъиятї дар шакли молию пулї сурат мегирад.

    Таърифи номбурда, аз таърифњои дар боло овардашуда бо он фарќ мекунад, ки дар вай моњияти мафњуми «бозор» нишон дода шудааст ва он љавобгўи талаботи фанни назарияи иќтисодї мебошад.

    Ҳангоми муайян намудани моҳияти муносибатҳои бозорӣ бояд дар назар дошт, ки мафҳуми «бозор» аҳамияти духела дорад. Якум, бо маънои томаш бозор маънои фурӯшро дорад, ки дар соҳаи мубодила ва муомилот ба вуҷуд меояд. Дуюм, бозор – ин низоми муносибатҳои иқтисодї байни одамон мебошад, ки ҷараёнҳои истеҳсолот, тақсимот, мубодила ва истеъмолотро дар бар мегирад.

    Хулоса њама он фањмишњое, ки оид ба бозор оварда шудаанд, далели онанд, ки ин мафњуми иќтисодї њарчанд зоњиран сода намояд, лекин моњиятан мураккаб аст. Вай дар худ љињатњоеро инъикос мекунад, ки дар љараёни инкишофи таърихии њаёти иќтисодии љомеа, хусусан муносибатњои мубодилавї ба вуљуд омадаанд.

    Чи тавре ки дар боло таъкид кардем, барои пайдоиши бозор шароитњои муайяни иќтисодию иљтимої зарур аст. Муњимтарин шароите, ки боиси пайдоиши бозор мегардад, таќсимоти љамъиятии мењнат ва махсусгардонии истењсолкунандагон мебошад.

    Моњияти таќсимоти љамъиятии мењнат аз он иборат аст, ки одамон ба касбу корњои алоњида машѓул мешаванд ва њељ кас дар алоњидагї тамоми талаботашро бо њама неъматњо ќонеъ гардонида наметавонад. Бинобар ин зарурияти мубодила байни одамон ногузир мешавад.

    Шароити дигари пайдоиши бозор, мустаќилияти иќтисодии субъекти бозор мебошад. Ин мустаќилият маънои онро дорад, ки фаќат худи истењсолкунанда дар бораи чї истењсол кардан, чї тавр истењсол кардан, барои кї истењсол кардан ва дар куљо фурўхтан ќарор ќабул мекунад. Заминаи бењтарини њуќуќии мустаќилият моликияти хусусї ба њисоб меравад.

    Субъектњои асосии муносибатњои бозорї хољагињои хонагї, соњибкорон ва давлат ба њисоб меравад. Хољагињои хонагї воњиди асосии истеъмолкунандаи иќтисод ва пешнињодкунандаи омилњои истењсолот ба њисоб мераванд. Онњо истеъмолкунандаи асосии мањсулоти нињоии соњањои истењсолоти моддї ва доираи хизматрасонї мебошанд. Њамчун соњиби омилњои истењсолот онњо даромади аз фурўши ин омилњо ба даст овардаашонро барои ќонеъсозии талаботи шахсиашон харљ мекунанд.

    Соњибкорон бо маќсади гирифтани фоида фаъолият мекунанд ва барои амалисозии чунин маќсад сармояи худ ва ё сармояи ќарзиашонро истифода менамоянд. Онњо пешнињодкунандагони асосии молу хадамот дар иќтисоди бозорї ба њисоб мераванд.

    Дар симои давлат ташкилотњои гуногуни буљавї дар назар дошта мешаванд, ки маќсади онњо ба даст овардани фоида набуда, балки амалисозии фаъолияти танзимсозандаи давлат мебошад.

    5.2. Вазифањои асосии бозор


    Бозор таърихи тўълонї ва дорои таркиби мураккаб буда, фаъолияти тамоми субъктњои иқтисодиро фаро мегирад. Бозор дар асоси принсипњои махсуси иќтисоди бозорї ташкил мегардад, ки ба онњо дохил мешавад:

    • озодии иќтисодї;

    • нархмуќарраркунии озод;

    • љавобгарии моддї;

    • худтанзимкунї;

    • худмаблаѓгузорї ва худтаъминкунї;

    • умумї ва шартномавї.

    Моњияти иќтисодии бозор дар иљрои вазифањои он намудор мегардад. Ин вазифањо гуногун буда, муњимтарини онњо чунинанд:

    1. Таъмини мувозинати зарурї, ки бо мақсади қонеъсозии талабот мубодилаи молњоро ба вуљуд оварда, истењсолотро мукаммал мегардонад. Чунин вазифаи танзими таносубњоро бозор бо воситаи њазорњо робитањои истењсолкунандагону истеъмолкунандагон дар асоси анљом додани хариду фурўши молњо амалї менамояд.

    2. Муайянсозии нархњо. Бозор харољоти мењнати инфиродиро бо арзиши љамъиятии он муќоиса месозад ва дар ин асос нафънокии молро муайян менамояд. Нархи воќеии бозор дар асоси таќозою арза ташаккул меёбад. Он вобаста ба њаљми мањсулоти ба бозор воридшаванда пасту баланд мегардад.

    3. Ҳавасмандсозии истењсолоти самаранок. Бозор њар як субъекти иќтисодиро доир ба баланд бардоштани самаранокии истењсолот, ба даст овардани мањсулот бо натиљаи ками сарфи мењнату сармоя ва гирифтани фоида водор менамояд. Яъне бозор истењсолкунандагонро водор месозад, ки истењсоли мањсулоти заруриро бо харљи кам ташкил намояд. Танњо дар ин асос ба онњо гирифтани фоидаи мувофиќ муяссар мешавад.

    4. Њавасмандсозии пешрафи илму техника ва дар ин асос таъмини таљдидии истењсолот ва фаъолияти пурсамари тамоми иќтисодиёт.

    5. Вазифаи ба њам пайваст намудани истењсолкунандаю истеъмолкунанда. Хоњ нохоњ њар як иштирокчии бозор дар наќши харидор ё наќши фурўшанда ширкат меварзад. Онњо њамчун субъекти бозор барои худ, ё барои ташкил кардани фаъолияти истењсолию тиљоратї ба бозор мурољиат мекунанд. Бозор ин алоќаро ба њам пайваст ва устувор мегардонад.

    6. Вазифаи иттилоот. Бозор љое мебошад, ки дар он натиљаи нињоии фаъолияти субъектњои иќтисодї љамъбаст карда мешавад. Дар шароити иқтисоди бозорї барои фаъолияти самараноки њар истењсолкунанда маълумотњои зарурї ба монанди вазъи бозор, њаљми тақозою арза, теъдоди харидорону фурушандагон, њаљми содироту воридот, сатњи рақобат ва ғайрањо дошта бошад. Сарчашмаи њамаи ин маълумотњоро бозор таъмин карда метавонад.

    Тањлили моњият ва вазифањои бозор мантиќан водор месозад, ки наќши он дар раванди такрористењсоли љамъиятї муайян карда шавад. Наќши бозор дар истењсолоти љамъиятї аз вазифањои бозор бармеояд, ки онњо чунинанд:

    1. Расонидани хабар ба истењсолот оид ба чї истењсол кардан, чї ќадар ва барои кї истењсол кардан;

    2. Таъмини мувозинат байни таќозою арза ва умуман дар иќтисодиёт;

    3. Тафриќабандии молистењсолкунандагон бо назардошти самаранокии кори онњо.

    Амалї шудани вазифањои номбурда боиси инкишифи босуботи истењсолоти љамъиятї мегардад.

    Иқтисоди бозорї дорои як қатор бартарињо ва камбудињо мебошад. Ба бартарињои иқтисоди бозорї инњо дохил мешаванд:

    1. Иқтисоди бозорӣ ба гурӯҳи низомҳои худтанзимшаванда дохил мешавад. Бозор ба шароитҳои тағйирёбанда қобиляти мутобиқшавӣ ва наздикшавиро дорад.

    2. Дар иқтисоди бозорї мукаммалии низом ва сохтори дохилии он нигоҳ дошта мешавад. Ба тағйиротҳои муҳити беруна эътино карда, бозор ҳамзамон худ ба худ асосҳоеро барои мӯтадилгардонии инкишофи ҷамъиятӣ таъсис медиҳад.

    3. Дастоварди калони иқтисоди бозорї – ин самаранокии он мебошад. Ҳам барзиёдӣ ва ҳам камчинии (дефитсити) неъматҳо тамоюл ба бартарафшавии мустақил доранд. Масалан: моли дар ҳаҷми барзиёд истеҳсолшуда, харидори худро дарёфт намекунад ва нархи онро бояд паст намуд. Ин ҳолат истеҳсолотро зараровар мекунад, дар натиҷа ин намуди истеҳсолот кам гашта барзиёдии мол оҳиста – оҳиста аз байн меравад. Айнан мавҷуд набудани барзиёдӣ ва ё камчинӣ оид ба самаранокии низом шаҳодат медиҳанд, ки ҳамаи захираҳои мавҷуд буда танҳо барои истеҳсоли неъматҳои зарурї ва дар ҳаҷми зарурї истифода мешаванд.

    4. Дар иқтисоди бозорї озодии иқтисодї ҳукмрон аст. Ба сифати соҳибкор ва ё истеъмолкунанда ҳар як шахс озод аст. Ин ҳолат фаъолияти хусусиро инкишоф дода, барои тараққиёт такони мусбї мебахшад. Ин ҷараён бо барорбари васеъгардии озодӣ шиддат меёбад.

    Ба камбудињои иқтисоди бозорї бошад инњоро дохил намудан мумкин аст:

    1. Нобаробарӣ дар тақсимоти даромадҳо ба нобаробарии иқтисодї ва ҷамъшавии ҳокимияти иқтисодӣ дар дасти гурӯҳҳои алоҳидаи ҷамъият сабаб мегардад. Чунин нобаробарӣ ҳамчун фишанги пурқуввати ҳавасмандгардонӣ ба меҳнат ва соҳибкорӣ хизмат мекунад. Вале ҷамъоварии боигарӣ дар баъзе ҳолатҳо аз сарҳадҳои имконпазир гузашта, дар иқтисоди бозорӣ таркишҳои иҷтимоиро тавлид мекунад.

    2. Бесарусомонӣ ва гайримуташаккилии ҷараёнҳои иқтисодӣ ба унсурҳои ғайрисамаранокӣ оварда расонида, ба аз даст додани омилҳои истеҳсолот сабаб мешавад. Азбаски ҳар як соҳибкор ба таври алоњида қарор қабул менамояд, бинобар ҳамин хавф ва номуайяни ҳамрадифи тараққиёти иқтисодӣ мегарданд.

    3. Васеъшавии истеҳсолот ва корхонаҳо ба барбодравии рақобат ва механизмҳои бозорӣ оварда мерасонанд. Маълум аст, ки дар рақобат пурқувваттарин ғолиб мебарояд. Аз ин лиҳоз корхонаҳои калон бозорҳои навро забт карда, истеҳсолоти худро васеъ мегардонанд, ва дар ягон лаҳза барои ӯ рақиб боқӣ намемонад. Яъне рақобат ба инкишофи ҳодисаҳо оварда мерасонад, ки корхонаҳо барҳам мехӯранд ва механизмҳои бозорӣ амали худро қатъ мегардонанд.

    5.3. Шаклњои бозор ва таснифоти онњо


    Тањлили мафњум ва омўзиши раванди инкишофи муносибатњои бозорї нишон медињад, ки бозор њамчун муносибати иќтисодї њамеша дар њаракат ва инкишоф мебошад.

    Дар шароити муосир вобаста ба меъёрњои гуногун шаклњо ва намудњои гуногуни бозорро номбар кардан мумкин аст.

    Муњимтарин меъёр, ки тибќи он таркиб ва низоми бозор муайян карда мешаванд, объекти бозор мебошад. Дар асоси ин меъёр бозорњои зеринро аз њамдигар фарќ менамоянд:

    Бозори истеъмолї - муносибатњои мубодилавиеро дар бар мегирад, ки дар љомеа оид ба молу хизматњои истеъмолии байни субъектњои иќтисодї ва ањолї ба амал меоянд. Бозори истеъмолї дар навбати худ аз бозори молњои озуќаворї, бозори молњои истеъмолии ѓайриозуќаворї ва бозори хизматњо (хадамот) иборат аст.

    Бозори воситањои истењсолот – хариду фурўши омилњои моддии истењсолотро дар назар дорад , ки дар навбати худ ба бозори дастгоњу таљњизот, бозори ашёи хоми минералї ва сўзишворї, бозори ашёи хоми хољагии ќишлоќ ва молњои хољагии љангал људо мешавад.

    Бозори манзил - яке аз бозорњои васеъшаванда ба њисоб рафта, дар он хариду фурўши хонањои истиќоматии шахсї, давлатї, ба амал меояд.

    Бозори мењнат – бозоре мебошад, ки дар он мубодилаи муњимтарин омили истењсолот ќувваи корї њамчун мол баромад мекунад.

    Бозори ќоѓазњои ќиматнок – чунин амалиётњои мубодилавиро дар бар мегирад, ки оид ба мубодилаи вомбаргњо, сањмияњо, векселњо ва дигар ўњдадорињои пулї дар љамъият ба вуљуд меоянд. Яке аз намудњои бозори ќоѓазњои ќимматнок бозори пул ва асъор ба њисоб меравад.

    Бозори иттилоотї - бозори махсус ба њисоб рафта дар он асосан мањсули зењнї ба фуруш бароварда мешавад, объекти хариду фурўш дар он китобњо, рўзномањо, рекламањои гуногун ва ѓайра шуда метавонанд.

    Меъёри дигаре, ки тибќи он бозор гурўњбандї карда мешаванд, субектњои бозор ба њисоб меравад. Тибќи ин меъёр бозорро ба шаклњои зерин људо менамоянд:

    Бозори харидорон – чунин шакли бозоре мебошад, ки дар он арза бояд аз таќозо зиёд бошад. Дар ин њолат харидор метавонад навъњои гуногуни мол ва нархи онњоро муќоиса карда молро интихоб намояд. Дар ин бозор раќобати истењсолкунандагон ва фурўшанандагон вуљуд дорад ва чунин бозор хоси давлатњои мутараќќї мебошад.

    Бозори фурўшанандагон – бозоре мебошад, ки таќозо нисбати арза зиёд мебошад. Ин љо наќши муњимро миќдори молу хизматњо мебозанд.

    Бозори муассисањои давлатї - ин маљмўи амалњои хариду фурўшест, ки маќомоти њокимияти давлатї ва мањаллї барои пешбурди вазифањои хизматии худ анљом медињанд.

    Бозори миёнаравон - ин маљмўи муносибатњои иќтисодии ашхос ва ташкилотњоест, ки молро барои фурўши минбаъда бо маќсади гирифтани фоидаи иќтисодї харидорї мекунанд.

    Аз нигоњи мавќеи љуѓрофї бозорњоро ба бозори мањалї, бозори минтаќавї, бозори љањонї ва бозори миллї људо мекунанд.

    Бозори мањалї – бозоре мебошад, ки муносибатњои мубодилавиро, ки доираи фарогириаш бо њудуди мањаллї мањдуд мебошад ифода менамояд.

    Њамин гуна таърифро метавонем нисбати бозори минтаќа, ки метавонад чандин бозорњои мањаллиро дарбар гирад, истифода намоем.

    Бозори миллї - маљмўи муносибатњои иќтисодиест, ки ќаламрави давлати алоњидаро фарогир мебошад.

    Бозори љањонї - механизми иќтисодиест, ки алоќамандии иќтисодњои миллии мустаќилро таъмин менамояд.

    Тибќи раќобат шаклњои зерини бозорро аз њамдигар фарќ намудан мумкин аст:

    Бозори рақобати мукаммал - муносибатњои иќтисодиеро инъикос мекунад, ки дар асоси моликияти хусусї ташкил шудаанд ва равобити байни субектњои иќтисодї бо воситаи бозор сурат мегирад. Ин бозор њељ гуна мањдудиятро нисбати субектњои худ нишон намедињад. Њаракати озодонаи омилњои истењсолот ва молњои якхела дар бозор таъмин карда мешаванд. Њамма гуна иттилоот оид ба бозор барои субектњои он дастрас мебошад. Дар њолати ворид шудан ба бозор ва хориљшудан аз он њељ гуна монеа вуљуд надорад. Њиссаи субъектњои бозор дар харид ва ё фурўши мол кам аст ва дар ин асос онњо ба нархи мол ва ќарори якдигар таъсир расонида наметавонанд.

    Бозори монополї - чунин муносибатњои мубодилавиест, ки дар бозор танњо як фирма фурўшандаи мол буда, вай хилофи њолатњое, ки нисбати бозори озод оварда шуд, амал мекунад. Дар бозори монополї фурўшанда њукмрони бозор мебошад ва нархро тибќи хоњиши худ муайян мекунад. Харидорон бошанд имконоти интихоби молро надоранд. Инчунин барои воридшудан ба соња монеъањои мављуданд.

    Бозори олигополї - чунин бозореро меноманд, ки дар он шумораи муайяни фурўшандагон фаъолият менамоянд ва онњо бо фурўши мањсулоти якхела ва ё гуногун машѓуланд. Хусусиятњои хоси ин бозор дар он аст, ки иштирокчиёни он бо созиши байнињамдигарї талаботи истеъмолгаронро қонеъ месозанд.

    Вобаста ба намуди савдо низ бозорњо ду намуд мешаванд:

    Бозори яклухт - бозорест, ки дар он молњо тибќи савдои яклухт бо њаљми калон ва бо нархњои яклухт ба фурўш бароварда мешаванд.

    Бозори чакана - бозорест, ки дар он хариду фурўши молњо тибќи савдои чакана ва бо нархњои чакана ба роњ монда мешавад.

    Умуман дар адабиёти иќтисодї дар тафриќабандии таркиби бозор ќариб 20 меъёр истифода шуда, зиёда аз 50 шакл ва намуди он номбар карда мешавад. Лекин аз нуќтаи назари наќш ва маќоми худ дар ташаккул ва инкишофи низоми бозорї тањлили таќсимбандии бозор тибќи объекти хариду фурўш ањамияти фавќулода дорад. Мављудияти бозорњо тибќи ин меъёр заминаи боэътимоди рушди иќтисодии миллї гардида, боиси пойдоршавии муносибатњои бозорї дар мамлакат мегардад.

    5.4. Зерсохти бозор ва унсурњои он


    Бозори муосирро бе зерсохти он тасаввур намудан ғайриимкон аст. Дар зери мафњуми зерсохтори бозор маљмўи нињодњо, хадамот ва корхонањое фањмида мешаванд, ки ба њаракати молу хадамот, амали хариду фурўш хизмат расонида, барои фаъолияти мўътадили бозор мусоидат менамоянд. Дар шароити бозор, њамагуна кору фаъолият, амалиёт ва тадбиркории субъектњои иќтисодї, бидуни алоќамандии дигар воњидњои иќтисодї, алалхусус, зерсохти иќтисодї номумкин аст. Барои истењсол ва то ба истеъмолкунанда бурда расонидани молу мањсулот, њазорон љараёну амалиёт ва тадбирњо ба сомон расонида мешаванд. Кулли ин амалиёт њамчун механизм ё худ фишангњои махсуси таъсис ва тањрикдињанда, миёнраву анљомдињанда ва инкишофу љамъбасткунандаи иќтисоди миллї дар симои зерсохти иќтисодї сарљамъ карда мешавад.

    Зерсохти бозор, љузъи мустаќили зерсохти иќтисодї мебошад. Он тибќи меъёрњои ташаккулёфтаи ташкилию њуќуќї оиди анљом додани амалиётњои хариду фурўши неъматњову хадамот сурат мегирад. Бозор њамчун шакли ба њам пайвасткунандаи фаъолият ва натиљаи нињоии хољагидорї баромад мекунад. Аз ин љињат, зерсохти бозор мувофиќи низоми бозор сатњ, дараља, доираи амалиёт ва инкишофи њар як бозори алоњида ва хусусиятњои он ташкил ва инкишоф меёбад.

    Унсурњои асосии зерсохтори бозори муосир метавонанд инњо бошанд:

    1. Биржањо;

    2. Низоми пулию ќарзї;

    3. Низоми танзими шуѓли ањолї;

    4. Технологияњои иттилоотї ва коммуникатсионї;

    5. Низоми андоз ва нозироти андоз;

    6. Низоми суѓурта ва фирмањои суѓуртавї;

    7. Фирмањои рекламавї;

    8. Низоми гумрук;

    9. Иттифоќњои касаба;

    10. Низоми макотиби олї ва миёнаи иќтисодї;

    11. Фондњои љамъиятї ва давлатии дастгирии соњибкорї;

    12. Минтаќањои махсуси соњибкории озод.

    Дар маљуъ унсурњои асосии зерсохти бозориро савдо (тиљорат), биржањо ва бонкњо ташкил медињанд.

    Тиљорат ин фаъолияти ашхоси алоњида бо мақсади мубодила ва хариду фурўши мол мебошад.

    Биржа њамчун ташкилоти махсус барои хариду фурўши молу мањсулот ё худ ба амал даровардани амалиётњои хариду фурўш ташкил карда мешавад.

    Дар биржа хариду фурўши мол, асъор, ќувваи коргарї, ќоѓазњои ќиматнок ба вуљуд меояд. Фаъолияти биржањо аз тарафи маќомоти давлатї танзим шуда, маќомоти мустаќили он ќоидањои фаъолияти биржа ва аъзоёни алоњидаи онро муќаррар менамояд. Хусусан биржа бозори муташаккил ба њисоб меравад, зеро ин савдо дар љои муайян, ваќти муайян ва тибќи ќоидањои муайян ба амал меояд. Биржа метавонад давлатї ва ё сањомї бошад.

    Ба вазифањои асосии биржа инњо дохил мешаванд:

    • пешнињоди љой барои савдо (яъне барои харидорон ва фурўшандањо, ки оид ба нарх созиш мекунанд);

    • ташкили савдои биржавї;

    • муайянсозии ќоидањои савдо, аз он љумла меъёрњои мањсулоти дар биржа савдошаванда;

    • тањияи ќарордодњо оид ба хариду фурўш;

    • њалли бањсњои биржавї;

    • фаъолияти иттилоотї;

    • пешнињоди кафолатњои муайян нисбати муомилотњо бо ќоѓазњои ќиматнок ё молњо ва гирифтани маблаѓи муайян.

    Дар биржа ашхосе фаъолият мекунанд, ки бо номњои «маклер», «брокер», «дилер» маъмуланд.

    Маклер шахсеро меноманд, ки дар биржа љой дошта, бо фармоиши муштариаш ва аз њисоби ў ќарордодњо ба имзо мерасонад. Маклер шахси њуќуќї буда, дар намудњои алоњидаи амалиётњои биржавї махсус гардидааст.

    Брокер миёнаравест, ки барои бастани ќарордод байни тарафњо мусоидат мекунад ва одатан аз номи муштарї ва аз њисоби ў ќарордод мебандад ва аз њисоби ин кораш музд мегирад. Њамчунин брокер бо фармоиши муштариаш метавонад хизматњои иловагї оид ба омўзиши бозор, реклама, ќарз ва ѓайра расонад.

    Дилер шахс ё фирмаест, ки аз номи худ ва бо маблаѓи худ бо хариду фурўш машѓул аст ва фоидааш њамчун фарќияти нарх пайдо мешавад.

    1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11


    написать администратору сайта