|
Китоби лексия. ЛЕКСИЯ_Наз.Иктисоди_18-19. Пайдоиш ва марилаои асосии инкишофи назарияи итисодї Афкори итисодии муосир ва наши оно дар инкишофи илми итисодї
МАВЗЎИ 3. МОЛИКИЯТ ВА НИЗОМЊОИ ИЌТИСОДЇ 3.1. Моликият њамчун мафњуми иќтисодї 3.2. Шаклњо ва намудњои моликият 3.3. Низомњои иќтисодї ва намудњои он 3.1. Моликият њамчун мафњуми иќтисодї Яке аз масъалањои муњими методологии илми иќтисод ин муайян намудани моликият њамчун мафњуми иќтисодї ба њисоб меравад. Моликиятро мактабњои гуногуни иќтисодї њар гуна маънидод менамоянд. Бори аввал мафњуми моликият дар кодекси Юстиниана «Њуќуќи Рим - асри V», маънидод карда шудааст, ки дар он моликият њамчун њуќуќи соњибї, дар ихтиёр доштан ва истифода бурдани амволро ифода мекард. Мувофиќи назарияи марксистї моликият – ин маљмўи муносибатњои байни одамон оиди азонихудкунии воситаи истењсолот ва ба воситаи онњо бавуљудории неъматњои моддї дар раванди истењсол, таќсим, мубодила ва истемол мебошад. Олимони Ѓарб чунин мешуморанд, ки моликият – ин муносибати инсон нисбат ба чизњо (мол, пул, амвол ва ѓайра) мебошад. Аз ин рў гуфтан мумкин аст, ки моликият - ин муносибатњои байни субъектњои иќтисодї оиди соњибї, азонихудкунї ва дарихтиёрдории объектњои иќтисодї мебошад. Агар моликиятро њамчун ќоидањое, ки дар ќонун муайян шудаанд, (яъне ин ё он шахс кадом молњоро соњибї карда метавонад) муайян намоем, дар ин љо моликият њамчун мафњуми њуќуќї баромад мекунад. Муносибатњои моликият - ин муносибатњои объективию субъективї мебошад. Ба сифати объектњои муносибати моликият метавонанд шароитњои моддии истењсолот (воситањои истењсолот ва њаёти инсон) ва натиљаи истењсолот (неъматњои моддї ва хизматњо) баромад кунанд. Ба сифати субъекти муносибатњои моликият одамон, корхонањо, коллективњои мењнатї, намояндагони давлат ва ѓайра баромад мекунанд. Бояд ќайд кард, ки муносибатњои моликият чунин равандњоро ба монанди азхудкунї, дур кардан, истифода кардан, соњибї кардани омилњои истењсолот ва мањсули мењнат, стратегия ва роњу усули рушди истењсолот, интихоби шакл ва ташкили мењнату истењсолот, инчунин назорат аз болои онро дар бар мегирад. Њамин тавр, яке аз вазифањои муњими моликият ин идоракунии истењсолот мебошад. Дар амалия чунин усулњои азхудкунии моликият вуљуд дорад: Бо ќувваи зўрї. Ин метавонад ќувваи њарбї бошад, ки тавассути он минтаќањои муайян забт карда мешаванд ва аз болои объектњои моликияти мављудбуда назорат бурда мешавад.
Дар асоси розигии якдигар. Ин ба монанди шартномаи расмї (њуљљатї) ва шифоњї мебошад.
Меъёрњои њуќуќї. Ин шакли муосири мустањкамгардонии њуќуќи назорати захирањо ва неъматњои њаётї аз тарафи субъектњои муайян мебошад. Љамъият давлатро ба вуљуд меорад, органњои давлатї ќонун ва ќоидањои њатмиро ќабул намуда, назоратро аз болои иљроиши онњо таъмин менамоянд. Давлат инчунин њуќуќњои моликонро њифз менамояд.
Азхудкунї - ба соњибаш њуќуќи соњибї, истифода ва дарихтиёрдории моликиятро таъмин менамояд.
Соњибї - ин нопурра ё ќисман азхудкунии объектро ифода мекунад. Молик намояндаи воситаи истењсолот ба њисоб меравад, яъне вай ба сифати намояндаи муаррификунандаи молик баромад мекунад.
Истифодабарї - дар њуќуќи шахсан истифодабарии чиз барои ќонеъсозии талаботњои худї зуњур мегардад (масъалан, истифодаи наќлиёт барои кашонидани мусофирон ё боркашонї). Молик метавонад амволи худро ба шахси дигар бо мўњлат ва шарти муайян пешкаш намояд.
Дарихтиёрдорї - ин њуќуќи таѓйир додани соњибии амвол мебошад. Ин бештар тавасути бастани ањдномањои хариду фурўш амали гардонида мешавад (масъалан: хариду фурўш, иваз намудани як мол бо моли дигар, тўњфа ва ѓайра).
Мувофиќи аќидањои дар боло зикршуда гуфтан мумкин аст, ки мо моликиятро њамчун мафњуми њуќуќї баррасї намудем, яъне тавре, ки дар њуљатњои њуќуќї (ќонунњо ва нормањои њуќуќї) пешнињод шудааст. Барои иќтисодчї омўзиши мафњуми иќтисодии моликият зарур аст, яъне дар асоси гузориши њаќиќии кор. Дар ин њолат моликият дар шакли њаќиќии зуњуроти хољагидорї – дар шакли амвол дар раванди истењсол, таќсим, мубодила ва истеъмол ифода мегардад.
Олими Амрикої барандаи мукофоти Нобелї Роберт Коуз 11 унсури дастаи њуќуќи моликиятро муайян ва пешнињод намудааст:
Њуќуќи ихтиёрдорї, яъне њуќуќи пурраи назорат бар манфиатњо; Њуќуќи истифодабарї, яъне њуќуќи истифодаи хусусиятњои муфиди манфиатњо барои худ; Њуќуќи идоракунї, яъне њуќуќи муайян кардани истифодаи манфиатњо аз тарафи кї? ва чї тавр?; Њуќуќ ба даромад, яъне њуќуќи соњибияти натиљањои истифодабарии манфиатњо; Њуќуќи соњибият, яъне таѓйир додан ва ё нобуд сохтани манфиатњо, њуќуќи соќит кардан аз соњибият; Њуќуќ ба бехатарї, яъне њуќуќ ба муњофизат аз истисмори манфиатњо ва аз зарарњои муњит; Њуќуќ барои ба каси дигар додани њуќуќ ба мерос; Њуќуќи бемўњлати соњибияти манфиатњо; Манъи истифода бо тартибе, ки ба муњит зараровар аст; Њуќуќ ба љавобгарї дар намуди рўёниш (љарима), яъне имконияти рўёнидани неъматњо бар ивази ќарз; Њуќуќ ба њифзи манфиатњо, яъне њуќуќ ба мављуд будани восита ва ќоидањое, ки барќароршавии њуќуќњои вайроншударо таъмин менамояд.
Субъектони њуќуќї ба моликият дорои «Дастаи њуќуќї» мебошанд. Ин њуќуќњо ба субъектон имконияти идоракунии хољагї, гирифтани фоида аз истифодаи неъматњо, њуќуќи доштани бехатарї, ба мерос гузоштани манфиатњо ва ѓайраро медињанд. Аз рўи моњият ва мазмун ин њуќуќњо меъёрњои асосии рафтори хољагидорї ва ё ќоидањои бозињои муайяни дар љамъият ќабулшуда мебошанд. Васеъ намудани таъсири њуќуќ ба иќтисодиёт имконияти бењтар намудани фаъолияти хољагидориро ба миён меорад.
3.2. Шаклњо ва намудњои моликият Вобаста ба рушди љамъият муносибатњои моликиятдорї низ мукаммал гардидаанд ва шаклњои гуногуни он ба миён омадаанд. Дар зери мафњуми шакли моликият мансубияти омилњо ва натиљаи истењсолот ба субъектњо фањмида мешавад. Дар амалия ва адабиётњои иќтисодї чунин шаклњои моликиятро аз њамдигар фарќ мекунанд:
моликияти хусусї; моликияти давлатї; моликияти коллективї.
Моликияти хусусї – ин мустањкам намудани њуќуќи назорати захирањои иќтисодї аз тарафи шахсони алоњида ё гурўњњо мебошад. Он дар чунин шахсон њавасмандии моддиро дар истифодаи оќилонаи омилњои ашёии истењсолот бо маќсади ба даст овардани самаранокии нињоят баланди иќтисодї бедор менамояд.
Истилоњи таърихии «моликияти хусусї» барои он пайдо гардид, ки моликияти давлатиро аз дигар моликият мањдуд намояд. Аз ин рў, њисоб карда мешуд он чизе, ки давлатї нест, он хусусї аст.
Ба объекти моликияти хусусї инњо дохил мешаванд:
Хољагињои хонагї њамчун воњидњои иќтисодї, ки истењсоли мањсулот ва хизматрасониро ба амал меоранд. Корхонањои хусусии расмї, ки мутобиќи ќонунгузорї амал менамоянд (аз истењсолоти дастї то корхонањои калон). Корхонањои хусусии ѓайрирасмї дар таркиби иќтисодиёти нињонї (теневой). Њамаи намудњои истифодаи молу мулки хусусї ва ё пасандозњои шахсї - аз додани хона ба иљора то муомилотњои пулї байни одамони тасодуфї.
Моликияти давлатї. Мувофиќи модаи 13 – и сарќонуни ЉТ замин, боигарии ќишри замин, олами набототу њайвонот, фазои осмонї моликияти истисноии давлат ба њисоб мераванд ва давлат кафолати самаранок истифодабарии онњоро медињад. Аммо дар љамъият соњањое њастанд, ки барои ањолї заруранду маблаѓталабанд (маориф, маданият, мудофиа, идораи давлат, њифзи табиат, тандурустї ва ѓайра) ва идоракунї, соњибї ва маблаѓгузории ин соњањо ба зиммаи давлат гузошта мешавад. Аз ин рў ин объектњо низ њамчун моликияти давлатї этироф карда мешаванд. Моликияти коллективї – ро пеш аз њама дар шакли моликияти кооперативї, инчунин моликияти сањњомї ва моликияти муштараку омехтаи корхонањо тасаввур кардан мумкин аст.
Моликияти коллективї њамчун моликияти умумии тавассути муттањидкунии амволи хусусї, давлатї, моликияти мунисипалї ва моликияти ташкилотњои љамъиятї созмон дода шудааст. Амвол дар як ваќт метавонад дар асоси муайян намудани њисса ё бе муаян намудани њисса ба якчанд нафар тааллуќ дошта бошад. Моликияти кооперативї дар бисёри давлатњо васеъ истифода карда мешавад. Нахустин кооперативњо оиди коркард ва фурўши мањсулоти хољагии кишоварзї дар Дания ва Шветсия дар солњои 1880 - 1885 ба вуљуд омадаанд. Таърихан ва мантиќан принсипњои аввлини моликияти кооперативї инњо ба шумор мераванд:
њиссаљудокунї дар ташкили фондњо ва воситањои корхонањои кооперативї; иштироки аъзоёни кооператив дар раванди фаолияти он; њуќуќи ворид шудан ва берун шудан аз корхона бо баргардонии амвол.
Дар адабиёти иќтисодї ба ѓайр аз шаклњои асосии моликият шаклњои дигари онро ба монанди: моликияти умумї, моликияти ташкилотњои љамъиятї ва моликияти зењнї аз њамдигар фарќ мекунанд:
Моликияти умумї – њамчун таљассумгари дастовардњои муштарак баромад мекунад, яъне тааллуќ доштани ин ё он объект ба оила, љамъият, иттињодия, коллектив, халќ ё давлат. Њамаи субъектњо њуќуќи баробарї, соњибї, истифода бурдан ва ихтиёрдорї кардани объектњои моликиятро бо дарназардошти манфиатњои шахсї, колективї ва давлатї доранд.
Моликияти умумї метавонад ба моликияти хусусї мубаддал гардад ва баръакс. Масалан: моликияти оилавї аз моликияти умумї дар натиљаи муайян намудани њиссаи писар ба моликияти хусусї мегузарад ё баръакс, моликияти зан ба моликияти умуми илова мешавад. Як ќатор объектњои моликияти умумї (оилавї) метавонанд дар истифодаи умум ќарор дошта бошанд (хона, љињози хона ва ѓайра) ва ќисми дигари он дар истифодаи шахсї ќарор мегиранд (масалан либос).
Моликияти ташкилотњои љамъиятї – ин моликияти иттифоќи касаба, љамъиятњои варзишї, муассисањои фарњангї ва ѓайра ба њисоб меравад. Ба ин гурўњи моликият инчунин моликияти муассисањои динї, фондњои хайрия ва ѓайра дохил мешаванд.
Моликияти зењнї (интелектуалї) ин моликияти кормандони эљодї ба њисоб меравад. Ба объекти он дастовардњои эљодии илмї, фарњангї ва эљодкорї дар дигар соњањо дохил мешавад.
3.3. Низомњои иќтисодї ва намудњои он Асосан низом гуфта ќонун, ќоида, тартиб, танзим ё худ механизми амали њодисањои иќтисодию иљтимої дар як давраи муайяни таърихї фањмида мешавад.
Бояд дар назар дошт, ки хусусияти тамоми низоми иќтисодї ва хољагидорї маънои ба њам зам кардани хусусиятњои муќаррарии њар як љузъи низомро дорад. Он њамеша дар њаракат буда, ба худ хусусиятњои наву бењтарин, пурраву яклухт, таѓйирёбандаву устувор, ягонаву ба њам зид ва ѓайраро ќабул менамояд.
Оиди моњияти низоми иќтисодї дар байни иќтисодчиён аќидаи муайян вуљуд надорад. Баъзе аз онњо аќида доранд, ки инкишоф ва тањаввули низомњои иќтисодї дар асоси тамоюли якоњангии њамаи унсурњои низом вуљуд дошта метавонад. Вобаста ба ин тафсири онњоро дар таърифњои зерин мушоњида кардан мумкин аст:
Низоми иќтисодї – шакли махсуси низоми алоќаи байни тавлидгарон ва истеъмолкунандагони неъматњои моддї, ѓайримоддї ва хизматњо мебошад. Низоми иќтисодї маљмўи механизм ва институтњое мебошад, ки барои ќабул ва амалї гардонидани ќарорњо оиди истењсолот, даромад ва истеъмол дар доираи сарзамини муайян ба роњ монда мешавад. Низоми иќтисодї, њамчун маљмўи ташкилотњо, ќонунњо, ќоида, анъана, тафаккур, рафтор ва ќарору ќарордодњое, ки мустаќим ва ѓайримустаќим ба раванди ташаккули ахлоќ ва натиљагирии он таъсир мерасонад, сурат мегирад.
Назарияи иќтисодї њамчун илм на шакли инфиродиву мушаххаси низомњои иќтисодї, балки ташаккули муносибатњои иќтисодро – (муносибатњои байни одаму табиат, оиди истифодаи захирањои иќтисодї) дар бар мегирад. Ин муносибатњо њамчун муносибатњои ташкилию иќтисодї дар доираи низомњои ягонаи иќтисодї ва ќисматњои он ќарор дорад.
Дараљаи инкишофу ташаккули низомњои иќтисодї зери таъсири омилњои гуногуни иќтисодї ќарор мегирад, ки ба онњо дохил мешаванд:
Омилњои табиї - мусоидати иќлим, љойгиршавии мамлакатњо дар мавзеъ ва минтаќањои љањонї, захирањои об, канданињои фоиданок, њосилхезии замин ва ѓайрањо. Омилњои маданї - фаъолияти маънавию маориф, руњї, фаъолияти њаётпазирии инсон, сатњи инкишофи маориф, илм, маданият, фарњанг ва ѓайрањо. Омилњои истењсолию иќтисодї - предмет ва воситањои мењнат, технологияи истењсолот, шакли ташкили истењсолот, дараљаи даромаднокї, самаранокї, њосилнокию шиддатнокии мењнат ва ѓайрањо. Омили инсонї - наќш ва маќоми инсон њамчун коргар, шумораи мутахассисон, ањолї ва таркиби иќтисодиву иљтимоии онњо, бекорон, шуѓли ањолї, камбуд ё афзоиши ањолї, муњољирати ањолї, манбаи даромад ва зиндагии одамон. Омилњои техникию иќтисодї - сатњи техникаю технология, ихтироотњо, навоварињо, такмили таркибии истењсолот, њаљми фоида, сатњи раќобат, сармоягузорї, захирањои молиявї ва ѓайрањо. Омилњои берунї - робитањои байналхалќї, сатњ ва дараљаи њамгироии иќтисодї, тиљорат, муносибатњои ќарзию пулї, молиявї ва ѓайрањо. Омилњои иљтимої - сиёсати хољагидорї, дараља ва такомули сиёсати иќтисодї, вазъ ва маќоми њизбњои гуногун, њалли масоили иљтимої ва ѓайра.
Тамсилањои низоми иќтисодї чунин таснифбандї карда мешаванд.
Иќтисоди амрї - хислати хоси љањони сотсиалистї буда, ба моликияти љамъиятї будани воситањои истењсолот ва банаќшагирии мутамарказ асос меёбад. Иќтисоди бозорї - ин шакли низоми иќтисодї дар асоси моликияти хусусї, мустаќилият, озодии иќтисодї, худидоракунї ва ѓайра ташкил карда мешаванд. Иќтисоди омехта - низомест, ки дар он шаклњои гуногуни хољагидорї дар асоси истифодаи захирањои иќтисодї ва некўањволии љомеа сањми якљоя мегузоранд. Бемуболиѓа метавон гуфт, ки дар љањон иќтисодиёти ягон давлат дар шакли иќтисоди соф вуљуд надорад ва комилан сирати омехта дорад. Иќтисоди суннатї - дар мояи анъанањои таърихї, миллї ва урфу одатњои ќавмњои гуногун ба роњ монда мешавад. Иќтисодї гузариш - вазъу њолати ин ё он низоми хољагидорие дар назар дошта мешавад, ки дар шароитњои лозимї аз як шакли хољагидорї ба дигараш мегузарад.
|
|
|