МАВЗЎИ 8. ТАШАККУЛИ САРМОЯИ СОҲИБКОРЇ 8.1. Тавсифи гуногуни сармоя аз нигоњи мактабњои мухталифи иктисодї
8.2. Бозори сармоя, объект ва субъекти он
8.3. Сарчашмањои ташаккули сармояи соњибкорї
8.4. Гирдгардиши захирањои маблағгузории корхона. Сармояи асосї ва гардон
8.1. Тавсифи гуногуни сармоя аз нигохи мактабњои мухталифи иктисодї. Дар илми назарияи иќтисодї оиди фањмиш ва муайян кардани моњият, мазмун, таркиб, намуд, сарчашмаи ташкилї ва истифодаи сармоя дар адабиётхои иктисодї аќидањои гуногун мављуд аст. Мафњуми сармоя аз нигоњи мактабњои иќтисодї ба таври гуногун шарњ дода мешаванд. Масалан: намояндагони мактаби марксистї К.Маркс мафњуми сармояро чунин шарњ додаст:
Дар зери мафњуми сармоя (капитал) маблаѓњои муайяни пулї ва молњои тайёр, ки њамчун натиљаи истисмор ва азхудкунии сармоядорї сурат мегирад фањмида мешавад. Ба андешаи ў сармоя чиз набуда, њамчун муносибатњои истењсолии муќаррарии љомеа баромад мекунад.
Намояндаи мактаби неоклассикї П.Самуэлсон сармояро њамчун омили миёнарави истењсолот медонад, ки он њамчун кулли неъматњои моддї, чизњои ѓайримоддї, ва донишу мањорати инсонро дар назар дорад.
Тарзи маънидодкунии сармоя аз љониби классикони иќтисоди сиёсї А.Смит ва Д.Рикардо ба таври зайл шарњ дода шудааст:
А.Смит дар зери мафњуми сармоя мењнати андухташудаи коргарро мефањмад. Тибќи аќидаи Д.Рикардо бошад, сармоя ин маљмўи воситањои истењсолотро ифода мекунад.
Гурўњи дигари иќтисодчиён бар он аќидаанд, ки захирањои пулие, ки бо маќсади истењсоли молу мањсулот ва бурда расонидани он ба истеъмолкунанда масраф карда мешавад, сармоя мебошад.
Дар шароити иќтисоди бозорї сармоя бештар на аз нигоњи назариявї, балки аз нуќтаи назари омили тавлидот тањлилу тавсиф карда мешавад. Зери мафњуми сармоя дар бозори омилњо бино, таљњизот, мошинњои корї, дастгоњњо ва зањирањое, ки асосан дар доираи тиљорат мањфузанд, дар назар дошта мешавад.
Аз гуфтањои боло бармеояд, ки сармоя бояд: якум мазмуни зоњирї, дуюм маќсад ва маќоми истифода ва сеюм натиљаи нињої дошта бошад. Аз ин лињоз, сармояро чунин таъриф додан мумкин аст: Сармоя гуфта маљмўи захирањо ва воситањои пулие дар назар дошта мешавад, ки дар љараёни истењсолот иштирок карда арзишашон меафзояд.
Сармоя тибќи аломатњои ташкилшавї чунин таќсимбанди карда мешавад:
1.Тибќи амалиёт - пулї, молї ва мањсулотї.
2.Тибќи гузаронидан – асосї ва гардон.
3.Тибќи шакли моликият - давлатї, коллективї, хусусї, шахсї ва омехта.
4.Тибќи сарчашмањои ташаккул – худї ва иљоравї.
8.2. Бозори сармоя, объект ва субъекти он. Инкишофи муносибатњои иќтисодии сармоядорї барои тањлили мафњуми сармоя пайдоиши консепсияњои навро талаб намуд. Роњњои гуногуни муайянсозии ин мафњумро људо намудан мумин аст, вале бештари иќтисодчиён ду тарзи маънидодкунии сармояро људо мекунанд:
Сармоя њамчун маљмўи омилњои истењсолот. Сармоя њамчун маљмўи воситањои пулие, ки дар фаъолияти хољагидорї бо маќсади гирифтани даромад истифода карда мешавад.
Бо сабаби гуногунии муайянсозии сармоя, инчунин масъалаи муайянсозии мафњуми бозори сармоя низ вуљуд дорад. Бо назардошти он, ки сармоя њамчун объекти муносибатњои тарафайни фурушандагон ва харидорон дар бозор баромад мекунад, ду тарзи имконпазири муайянсозии ин мафњум људо карда мешавад.
Дар зери мафњуми сармоя дар бозори омилњои истењсолот сармояи љисмонї, яъне дастгоњ, техника, технология, биноњо иншоотњо ва ѓайрањо дар шакли муайнсозии арзишашон фањмида мешавад. Аз ин рў дар ин маврид бозори сармоя як ќисми бозори омилњои истењсолотро нишон медињад. Субъектњои асосии бозори сармоя, доираи соњибкорон ва доираи соњибкорони њамфикр (Хаус-холда) бањисоб меравад.Таќозо ба сармоя дар бозори омилњо ин таќозои фирма ба сармояи љисмоние, ки барои амалигардонии лоињањои маблаѓгузории фирмањо заруранд, баромад менамоянд. Дар зери мафњуми сармоя дар бозори молия, сармояи пулї фањмида мешавад. Бинобар ин бозори сармоя яке аз ќисмњои ташкилкунандаи бозори сармояи карзї баромад мекунад. Бозори сармояи ќарзї дар худ маљмўи муносибатњои тарафайнро, ки он љо объекти хариду фуруш сармояи пулї баромад мекунад ва дар он таќозою арза ба шакли муайян дароварда мешавад, таљассум мекунад. Бозори сармояи ќарзї, ба бозори пулї ва бозори сармоя чудо мешавад. Бозори пулї бо амалиётњои кўтоњмуњлати бонкї, ки мўњлати он то як сол мебошад, алоќаманд аст. Бозори сармоя ба амалиётњои миёнамуњлат ва дарозмуњлати бонкї хизмат мерасонад.
8.3. Сарчашмањои ташаккули сармояи соњибкорї Дар тули фаъолияти соҳибкорї барои њар як соњибкор муайянкунии њаљми маблагғузорӣ, хусусияти ташкилї ва сарчашмае, ки аз давраи фаъолият вобастаги дорад пеш меояд.
Барои ташкили соҳибкории тиҷоратӣ дар давраи аввали фаъолият муайянкунии њаљми сармояи аввалияи гузошташуда лозим аст. Сармояи аввалия дар худ суммаи андухти ибтидої ва хароҷотҳои ҷориро дар давраи аввали фаъолият ифода мекунад. Андухти аввали сармоя бештар барои бақайдгирии корхона, кушодани суратҳисоби бонкӣ, хариди бино ё ҳуқуқи ба иљора гирифтани онро пайдо кардан, таъмир ё азнавсозии бино, хариди нақлиёт, таҷҳизот, дастгоҳ, гирифтани патент ва литсензия сарф карда мешавад. Хароҷотҳои ҷорї бошад дар худ хариди ашёи хом ё маводњо, пардохти иҷора, музди кор, ҳиссаҷудокунӣ ба фонди иҷтимої ва ғайраро ифода мекунад.
Њамин тавр сармояи авалин тақозои соҳибкорро дар сармояи асосӣ ва гардон, ки барои хариди фондҳои истеҳсолӣ (асосӣ ва гардон) музди кор, хароҷот барои идоракунї ва дигар хароҷотҳои истеҳсолї ва ғайриистеҳсолї нигаронида шудааст, инъикос мекунад.
Сарчашмаҳои пушонандаи сармояи аввалин ва пуррасозии ашёҳои соҳибкор метавонад ҳамчун сармояи худї ва ё сармояи қарзӣ бошанд.
Ба сарчашмаҳои худї бештар фоида аз фаъолиятҳои асосї, фоида аз амалиётҳои молиявї, дигар намуди даромадҳо, фонди оинномавї, фонди истеҳлок, қарзи харидорон аз ҳисоби молҳои бар душ дошта, даромад аз фуруши ашёҳо ва ғайрањо дохил мешавад. Ба сарчашмаҳои қарзї бошад тамоми шаклњои ќарз аз бонкњо ва дигар ташкилотњои ќарзї дохил мешаванд.
8.4. Гирдгардиши захирањои маблағгузории корхона. Сармояи асосї ва гардон Захираҳои корхона дар шакли фондҳои асоси ва фондҳои гардон намудор мешавад.
Фондҳои асосї, қисми сармояи маҳсулдеҳи корхона мебошанд, ки дар раванди истењсолот иштирок намуда, арзиши худро дар давоми давраи пурраи такрористеҳсол қисм ба қисм ба маҳсулоти тайёр мегузаронад.
Дар амалияи хољагидори фондҳо аз ду нуктаи назар ба њисоб гирифта мешаванд:
Пулї. Натуралї.
Дар шакли натуралї ба фондҳои асосї биноҳою иншоотҳо, таљҳизотҳо, воситаҳои нақлиёт ва ғайра дохил карда мешаванд.
Дар шакли пулї фондҳои асосї ҳамчун арзиши пулии ҳамаи унсурҳои номбаркардашуда, ки дар тавозуни корхона маълуманд, ба ҳисоб мераванд.
Фондњои асосии корхона инчунин дар навбати худ ба фондњои фаъол ва ѓайрифаъол људо мешаванд. Фондњои фаъол њамчун олоти мењнат ба њисоб меравад, ки дар раванди истењсолот мустаъќиман иштирок менамояд ва ба самаранокии истењсолот таъсири мусбї мерасонад. Масъалан: техникаю технология, таљњизотњо ва дигар воситањое, ки бевосита дар раванди истењсолот иштирок менамоянд.
Фондњои ѓайрифаъол чунин шакли фондњое ба њисоб меравад, ки дар раванди истењсолот ба таври ѓайримустаќим ширкат меварзанд. Онњо њамчун шароити моддии истењсолот хизмат намуда, мустаќиман дар тавлиди неъматњову хадамот иштирок намекунанд. Масъалан: биноњои истењсолї, иншоотњо ва ѓайрањо.
Фондҳои гардон, ҳамчун як қисми муҳимтарини захираҳои истеҳсолии корхона мебошанд. Онҳо дар ҳар як давраи истеҳсоли (гирдгардиш) пурра иштирок намуда, арзиши худро пурра ва яку якбора ба мањсулоти тайёр мегузаронанд. Фондҳои гардон аз захираҳои истеҳсолї, яъне ашёи хом, ќисмҳои эҳтиётї барои таъмири љорї, сузишворї ва ғайрањо ташкил меёбанд.
Фондҳои гардони корхона бидуни фонди муомилот имконнопазир мебошад. Фондҳои муомилот аз маблағҳои умумии пулї ва молҳое, ки барои фурўш пешниҳод карда мешаванд, иборатанд. Фондҳои муомилот ҳамчун захираҳои маҳсулоти тайёри фурўхтанашуда ва воситаҳои сармоягузорие, ки барои харидани ашё, масолеҳ, сузишворї, пардохти ҳаққи меҳнат ва ғайра заруранд, ташкил меёбанд.
МАВЗЎИ 9. ФАЪОЛИЯТИ СОЊИБКОРЇ ВА БИЗНЕС 9.1. Моњият ва вазифањои соњибкорї
9.2. Шаклњои ташкилию њуқуқии соњибкорї
9.3. Бизнес, моњият ва шаклњои он
9.1. Моњият ва вазифањои соњибкорї. Мафњуми соњибкор (анг. entrepen), аввалин бор ба маънои илмии имрўзааш дар асри XVIII истифода шудааст. Гурўње аз иќтисодшиносон ақида доранд, ки аввалин шуда ин мафњумро иќтисодчии англис Р.Кантилон истифода бурдааст. Гурўњи дигарашон бошанд, иќтисодчии франсуз Ж.Б.Сэй - ро њамчун асосгузори мафњуми соњибкорї медонанд. Соњибкорї афзалятан хислати иќтисоди бозорї буда, њамчун иљрои кору амалиёт, фаъолият ва шавќу њавас, ки ба маќсади ба даст овардани ягон хел даромад нигаронида шудааст, фањмида мешавад.
Дар зери мафњуми соњибкор – шахс ё худ иштирокчии омили истењсолот, ифодакунандаи ќобилият ва фаъолияти мењнатї, фишанги тањрирдињандаи муносибатњои иќтисодї ва таъмиркунандаи сатњи рушд тасаввур карда мешавад. Мањз ба туфайли соњибкор ташкили истењсолот, дастрас кардани сармояю сармоягузорї, навоварї, кашфиётњои илму техника ва љори кардани онњо дар раванди истењсолот рух медињад.
Дар адабиёти муосири иќтисодї соњибкорї аз 3 нуќтаи назар тавсиф карда мешавад:
Соњибкорї њамчун мафњуми иќтисодї, ки кулли муносибатњои иќтисодиро оид ба њам пайваст кардани омилњои истењсолот ифода мекунад. Соњибкорї њамчун усули дар амал тадбиќ намудани хољагидорї, ки дар асоси ќонунгузорињои давлатї, шакли моликият, шакли корхона ва принсипњои ташкили он сурат мегирад. Соњибкорї њамчун навъи махсуси тафаккури иќтисодї буда, натиљаи инкишофи аќл, ахлоќу одоб, ќобилият, мањорат, аќидањои хољагидорї ва истифодаи онњо дар амалияи хољагидорї ба вуљуд меояд.
Мувофиқи ақидаи Й.Шумпетер ба вазифаҳои соҳибкор инҳо шомил мебошанд:
истењсоли мањсулоти дорои сифатњои нав барои истеъмолкунандаи номаълум; ҷорї намудани тарзи истеҳсолоти нав; пайдо намудани бозори нав; истифодабарии ашёи хом ва ё масолеҳи нав; ҷорї намудани тарзи нави ташкили кор.
Соњибкорї ин фаъолияти хољагидориест, ки дар асоси навоварї, таваккалї, ташаббускорї фаъолият намуда, мақсад аз он гирифтани даромад мебошад. Барои ноил гаштан ба ин маќсад, шарти муњимтарин ин мустаќилияти соњибкорї мебошад. Мустаќилияти соњибкорї дар он зоњир мегардад, ки ба фаъолияти соњибкор касе ё ташкилоте дахолат намекунад. Фаъолияти ў дар њама њолат ва њамеша зери таъсири унсурњои механизми бозор яъне таќозо, арза, нарх ва раќобат қарор мегирад.
Ба фаъолияти соњибкорї якчанд омилњо таъсир мерасонад, ки асоситаринашон инњо мебошанд:
Омилњои сиёсї – яъне бовари ба ҳукумат ва мӯътадилии он, муносибати ҳукумат ба сектори хусусї ва ҷамъиятї. Омилњои иҷтимоӣ – яъне мӯътадилии иҷтимої дар ҷамъият, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сиёсати иҷтимоӣ ва ғайрањо. Омилњои фарҳангӣ – чӣ қадаре, ки сатҳи тараққиёти фарҳанг ва маданият баланд бошад, ҳамон қадар соҳибкории пешбинишуда мӯътадил аст. Омилњои ҳуқуқӣ – соҳибкорӣ танҳо дар ҳолати қонунгузории устувор ва мӯътадил инкишоф ёфта метавонад. Омилњои техникӣ, яъне корҳои илмӣ – тадқиқотї ва соҳаҳои истеҳсолоти илмї дар мамлакат.
9.2. Шаклњои ташкилию њуқуқии соњибкорї Дар зери мафњуми шакли соњибкорї, маљмўи меъёр ва низомњои њуќуќї оиди ташкили фаъолияти соњибкорї дар доираи худи фирма, байни фирмањо, байни корхонаю ташкилотњои гуногуни давлатї ва субъектњои дигари иќтисодї, ки раванди рушди иќтисод ва дараљаи бењбудии оммаро таъмин карда тавонад, фањмида мешавад.
Дар низоми иқтисоди бозорї ососан чунин шаклњои соњибкорї дида мешавад:
Соњибкории истењсолї – чунин шакли фаъолиятест, ки ба тавлиди молу хадамот машғул буда, ба доираи он фаъолияти аксарияти субъектњои иќтисодї дохил мешаванд. Фаъолияти истењсолї њамеша мањорат, истеъдод ва ташаббусро оид ба истифодаи омилњои истењсолот талаб мекунад. Ин раванд хеле њам мушкилу мураккаб буда, барои дуруст ва оќилона ба роњ мондани он маблаѓњои зиёди моддї, мењнатї ва пулї талаб карда мешавад. Соњибкории тиљоратї – фаъолиятест, бањри хариду фурўши молу мањсулот ва пешнињоди неъматњову хадамот амал мекунад. Ин шакли соњибкорї њамчун воситаи ба њаракатдароварандаю инкишофдињандаи соњаи истењсолот ба миён омадааст. Мақсади асосии ташкили соњибкорї дар соњаи тиљорат ин хариди молу мањсулот, таъмин кардани фоидаи баланд њамчун фарќи нархи харид ва нархи фурўш мебошад. Соњибкории молиявї – њамчун амалиёти хариду фурўши воситањои пулї, асъори хориљї ва коѓазњои ќимматнок бо воситаи муассисањои ќарзию пулї, биржањои фондї ва бозори коѓазњои ќимматнок сурат мегирад. Соњибкории суѓуртавї – мақсади асосии ин шакли фаъолият дар он аст, ки соҳибкор ба суғуртакунанда бо пардохти муайяни маблағи пулї зарари имконпазири амвол, ҳаёт ва ғайраҳоро дар натиҷаи сар задании ҳодисаи нохуш рӯйпӯш мекунад. Соњибкории миёнаравї – фаъолиятест, ки бе дарназардошти истењсол ва тиљорат дар асоси амалиётњои гуфтушунид, яъне миёнаравї ба сифати далол амал мекунад.
Фаъолияти соњибкорї њамеша доираи муносибатњои муайян, муносибатњои байни субъектњо ва объектњои иќтисодиро дарбар мегирад. Ба субъекти соњибкорї тамоми иштирокчиёни ин фаъолият, яъне шахсони алоњида ва гурўњи одамон, ки дар асоси шартнома ва манфиятњои умум ташкил карда мешаванд, дохил мешаванд.
9.3. Бизнес, моњият ва шаклњои он Бизнес (калимаи англисї «business» - фаъол, машѓули кор, шуѓл) дар иќтисоди муосир наќши муњимро мебозад. Мафњуми бизнес ин бањам пайваст намудани захирањои модї, захирањои молиявї ва захирањои иттилоотї бо маќсади истењсоли мол ва фуруши он ба субъектњои дигари иќтисодї яъне корхонањо, ташкилотњо ва шањрвандони дигар ифода меёбад.
Фањмиши «бизнесмен» њамчун шахсе, ки ба фаъолияти истењсолии мол ва хизматњо дар шароити иќтисоди бозорї машѓул шуда, маќсади он гирифтани фоида мебошад. На њар як шахс ва на њар як коргар худро бизнесмен номида метавонад, инчунин на њама бизнес ба љамъият манфиатнок мебошад. Бизнес асоси фаъолияти иќтисоди муосирро ташкил дода, бе он иќтисод фаъолияти муътадилї ва худтанзимшавии худро аз даст медињад.
Ба доираи бизнес иќтидори бузурги эљодї ва зењнии инсон мансуб мебошад. Шахсеро метавон бизнесмен шумурд, ки дорои чунин ќобилияти бузурги эљодї ва зењнї бошад. Бизнесмен талоботњои имрўзаи мардумро ќонеъ гардонида, талаботњои ояндаро низ ба инобат гирифта, доимо дар фаъолияти худ бояд навовар бошад.
Дар адабиёти иќтисодї асосан фаъолияти бизнесро ба бизнеси хурд, миёна ва калон људо мекунанд.
Бизнеси хурд фаъолияти корхонањои хурд, соњибкории инфиродї ва фаъолияти тиљоратии шахсони алоњидаро ташкил медињад. Он асосан дар соњањои савдо, алоќа, сохтмон, саноат, хизматрасонї ва ѓайрањо инкишоф ёфтааст.
Бизнеси миёна њамчун фаъолияти корхонањои миёна дар соњањои гуногуни хољагии халќ амал мекунад. Он начандон устувор буда, дар раќобат бо бизнеси хурд ва калон шикаст хурда аз байн меравад, ё ин ки бо онњо њамроњ мешавад.
Бизнеси калон њамчун маљмўи корхонањои бузург, ширкатњои калон дар љомеа метавонанд вазъи монополї дошта бошанд, бозорро таќсим ва бо молњои гуногуни арзон таъмин намоянд, талаботи одамонро бо хизматрасонии њархела таъмин намоянд.
Дар иќтисодиёти муосир наќши махсусро фирмањои венчурї мебозад. Фирмањои венчурї дар соњањои навоварию тањлили татќиќоти илмї, ихтироотњо таваккалкорона маблаѓгузорї мекунанд.
Маќсади асосии фаъолияти венчурї ин ба вуљуд овардани навоварию ихтироотњо, омўхтани таќозо ба мањсулоти нав ва сари ваќт иљро кардани фармоишњо мебошад.
Ба таври васеъ истифода карда тавонистани фаъолияти венчурї имконият медињад, ки ба сарфи ками сармоягузорї њаљми мањсулоти истеъмолї ва хадамот зиёд карда шуда, ба истењсолот воситањои пулию модди ањолї бештар љалб карда шавад.
МАВЗЎИ 10. НАЗАРИЯИ ХАРОЉОТ 10.1. Консепсияњои харољотњои истењсолот
10.2. Гурўњбандии харољотњои истењсолот
10.3. Њосилнокии мењнат ва омилњои афзоиши он
10.1. Консепсияњои харољотњои истењсолот Чи тавре ки аз мавзўъњои гузашта бармеояд, њангоми хариди мол агар харидор пеш аз њама ба манфиятнокии он ањамият дињад, барои фурўшанда бошад харољоти истењсолї ањамияти махсус дорад. Харољот омили асосие мебошад, ки ба њаљми арза таъсир мерасонад. Аз њамин љињат пеш аз оне ки истењсолкунанда оиди њаљми истењсолот андеша намояд, ў бояд харољоти истењсолиро тањлил намояд.
Харољот ин пардохтест, ки барои хариди омилњои истењсолот равона шудааст.
Мафњуми харољот аз нигоњи мактабњои гуногуни иќтисодї ба таври гуногун шарњ дода шудааст.
Классикони иќтисоди сиёсї А.Смит ва Д.Рикардо харољотро њамчун масрафи миёнаи љамъиятї, ки ба истењсоли воњиди мол равона шудааст, шарњ додаанд.
Карл Маркс омўзиши харољотро бо тањлили истисмори ќувваи кории кироя, ки дар арзиш ва харољот инъикос меёбад, вобаста медонад. Ба аќидаи К.Маркс барои он, ки мол истењсол шавад, бояд љамъият њам ба мењнати зинда ва њам ба воситаю ашёњо масраф намояд. Маљмўи ин харољотњои мењнатї арзиши молро ба вуљуд меорад, ки онро харољотњои љамъиятї номидааст. Вале аз тањлилњо бармеояд, ки на њамаи харољотњои пешнињоднамудаи Маркс нархро бавуљудоваранда њисобида мешавад. Ба ѓайр аз Маркс намояндагони мактабњои дигари иќтисодї харољотро аз нуќтаи назари хољагидорї шарњ додаанд, ки чанде аз онњоро низ дида мебароем.
Маржиналистон (Менгер) харољотро њамчун њодисаи психологї ва вобаста будан ба њади манфиятнокиаш шарњ додаанд. Ба аќидаи онњо харољот ин масрафест, ки фирма барои омилњои истењсолот равона месозад, вобаста ба њади манфиатнокиаш аз нуќтаи назари фурушанда бањо дода мешавад.
Мактаби австриягї (Визер) назарияи субъективии харољоти имкониятњои алтернативиро пешнињод намудааст, ки мувофиќи он манфиатнокии њаќикии харољоти моли мазкурро љамъият метавонад ба таври дигар низ истифода намуда, аз њамон харољот манфиатнокии пештараро соњиб гардад.
Назарияи институтсионалистї (Љ.Кларк, Љ.Гопсон) харољотњои инсониро пешнињод намудаанд, ки тавассути шароитњои мењнатї ва ќобилияти кори коргар муайян мегардад.
Намояндагони мактаби неоинститутсионализм (Р.Коуз, К Эрроу) назарияи харољотњои трансаксиониро пешнињод намудаанд, ки наќши асосиро дар соњаи муомилот иљро менамояд.
10.2. Гурўњбандии харољотњои истењсолот Дар адабиётњои иќтисодї мафњуми харољот ва масрафро як хел шарњ додаанд. Вале дар асл ин ду мафњум аз якдигар тафовут доранд. Масраф (inputs) ин сарфиятњои алоњида барои ашёњои истењсолї, захирањои таббии, мењнатї ва иттилоотї мебощад. Харољот (costs) - ин на фаќат сарфиятњои алоњида, балки кулли масорифоте, ки шакли арзиши бозориро гирифтааст, ифода менамояд.
Дар адабиётњои хориљї низоми мураккаби харољот тасвир ёфтааст, ки назарияњои гуногуни гурўњбандии харољотро пешнињод намудаанд.
Мувофиќи назарияи якум вобаста ба методи бањодињии сарфиятњо (затрат) харољоти муњосибї ва харољоти иќтисодиро аз њамдигар људо менамоянд. Иќтисодчї нисбат ба муњосиб барои андоза намудани харољот ба таври дигар муносибат мекунад. Муњосиб харољотњои пулии њаќиќиро ба ќайд гирифта, маќсади он тањияи баланси муњосибї ва бешнињоди њисобот нисбат ба амалиётњои фирма мебошад. Назари он бештар ба масорифотњои гузашта равона мешавад. Хулоса харољотњои муњосибї ин масорифотњои њаќиќии омилњои истењсолот барои истењсоли њаљми муайяни мањсулоти бо нархњои харидашаванда мебошад. Дар муќоиса бо муњосиб иќтисодчї бештар ба оянда таваљљуњ медињад ва диќќати ўро харољотњои дарпешистода, ки бо ягон маќсад захирањои мазкурро ба самтњои гуногун ва бо маќсадњои гуногун истифода намудан мумкин аст, ба худ љалб менамояд. Вобаста ба њамин имконияти масрафњои аздастдодашуда ва ё харољотњои алтернативї ба вуљуд меояд.
Харољтотњои алтернативї – ин њаммаи суммаи маблаѓњоест, ки вобаста ба самти ќулайтари истифодаи захирањо равона сохта, имконияти ба даст овардани манфиати бештар мављуд аст.
Мувофиќи назарияи дуюм вобаста ба воридоти ашёњо (средств) харољотњои алтернативиро ба харољотњои айён ва ноайён људо менамоянд.
Харољотњои айён – ин сарфиятњое мебошад, ки фирма барои хариди ашёи хом, воситањо таљњизотњо ва ѓайрањо равона месозад ва онњо дар њуљљатњои бухгалтерї дарљ меёбанд.
Харољотњои ноаён – ин харољотњои интихобї барои истифодаи мустаќилонаи захирањои худї мебошад. Масалан: биное, ки фирма фаъолияташро ба роњ мондааст, худї мебошад ва барои он маблаѓи иљора пардохт намекунад. Вобаста ба ин харољотњои ноаён аз даст додани як ќисми даромадро нишон медињанд, ки агар њамон биноро фирма иљора медод, даромади иловагиро соњиб мегардид.
Назарияи сеюм вобаста ба таъсири њаљми истењсолот харољотњоро ба харољотњои доимї ва таѓирёбанда људо менамояд.
Харољотњои доимї FC (fixed costs) – ин харољотњое мебошад, ки аз њаљми истењсолот вобаста нестанд. Ба ин гуруњи харољотњо маблаѓњои истењлоки бино, фоизи ќарз, музди кори маъмурият ва ѓайрањо дохил мешаванд. Ин гурўњи харољотњо дар њолати аз фаъолият боз мондани фирма низ вуљуд дошта метавонанд.
Харољотњои таѓирёбанда VC (variadle costs) – ин харољотњое мебошад, ки аз њаљми истењсолот вобаста мебошанд. Ба ин шакли харољотњо хариди ашёи хом, воситањо, пардохти музди кор ва ѓайрањо дохил мешавад.
Харољотњои доимї ва харољотњои таѓирёбанда харољотњои умумї ТС - ро ташкил менамояд. Харољотњои доимї, таѓирёбанда ва умумї дар график чунин тасвир меёбанд:
Дар ин љо:
Q – њаљми истењсолот;
С – харољотњо;
FC – харољотњои доимї;
VC – харољотњои таѓйирёбанда;
ТС – харољотњои умумї.
Мувофиќи назарияи чорум барои муайян намудани харољот ба воњиди мањсулоти истењсолшуда харољотњои миёнаи умумї (АТС), харољотњои миёнаи доимї (AFC) ва харољотњои миёнаи таѓйирёбандаро (AVC) аз њамдигар људо менамоянд.
Харољотњои миёнаи доимї ин таќсими маљмўи харољотњои доимї ба воњиди мањсулоти истењсолшуда мебошад.
Харољотњои миёнаи таѓйирёбанда вобаста ба таќсими маљмўи харољотњои таѓйирёбанда ба воњиди мањсулоти истењсолшуда њосил мегардад.
Харољотњои миёнаи умумї баробар аст ба харољотњои умумї, таќсими њаљми мањсулоти истењсолшуда.
Мувофиќи назарияи панљум бо маќсади муайян намудани њаљми максималии истењсолоти фирма харољотњои нињої њисоб карда мешавад. Харољотњои нињої MC (marginal cost) – ин харољотњои иловагиест, ки барои њар як воњиди иловагии мањсулоти истењсолшаванда бо усули камхарљ дар муќоиса бо истењсолоти пештара мебошад.
Ин шакли харољот барои фаъолияти стратегии фирма зарур мебошад. Харољотњои нињої метавонанд даромади нињоиро ба вуљуд оранд. То он мавриде, ки харољотњои нињої аз даромади нињої паст бошад, фирма метавонад фаъолияти худро васеъ намояд. Агар харољотњои нињої аз даромади нињої баланд шудан гирад, дар он њолат фирма зарар мебинад.
10.3. Њосилнокии мењнат ва омилњои афзоиши он Бори аввал омўзиши њосилнокии мењнатро олимон А.Смит ва Д.Рикардо поягузорї кардаанд. Баъдтар К.Маркс ва Ф.Энгелс назарияи њосилнокии мењнатро бештар такомул дода истода, онро асоси пешрафти иќтисодиву иљтимої ва сиёсии љомеа номиданд.
Њосилнокии мењнат яке аз нишондињандањои самаранокии фаъолияти мењнатии коргарон мебошад, ки онро таносуби мањсулоти истењсолшуда ё хизматгузорї ба њарољотњои сарфшудаи мењнат муайян менамояд.
Њосилнокии мењнат – ин таносуби њаљми мањсулоти истењсолшуда ба харољотњои сарфшудаи мењнатї дар як воњиди ваќти муайян мебошад. Баъзе аз намояндагони мактабњои иќтисодї њосилнокии мењнатро ба шиддатнокии мењнат як чиз мењисобанд, вале дар асл ин ду нишондињанда аз якдигар фарќ карда мешаванд.
Шиддатнокии мењнат – ин миќдори харљи энергия мебошад, ки организми инсон дар раванди мењнатї дар як воњиди ваќт сарф мекунад. Яъне шиддатнокии мењнат ин суръати харљи энергияи организм мебошад.
Ба шиддатнокии мењнат омилњое аз ќабили кўшиши љисмонї, шиддати асаб, дараљаи кор, якоњангии он ва шароитњои мењнатї таъсир мерасонанд.
Алоќамандии ин ду категория дар он аст, ки барои баланд бардоштани њосилнокии мењнат мењнати шиддатнок талаб карда мешавад, зеро маълум аст, ки барои иљрои њар як кор саъю кўшиш ва сарфи энергияи муайян лозим мебошад. Аз ин рў, дар раванди истењсолот шиддатнокї ва њосилнокии мењнат алоќаи ногусастанї доранд. Фарќияти ин ду категория бошад дар он аст, ки натиљаи њосилнокии мењнат пеш аз њама афзоиши истењсоли мањсулот ва паст гардонидани арзиши аслии он мебошад, аммо шиддатнокии мењнат танњо суръати хaрљи энергияи организми инсонро ифода мекунаду халос.
Њосилнокии мењнат дар зери таъсири омилњои гуногун доимо дар таѓйирот аст. Агар баъзе аз ин омилњо ба болоравии њосилнокии мењнат мусоидат намоянд, баъзеи дигар баръакс, боиси паст шудани он мегарданд. Дар маљмўъ њамаи омилњои ба њосилнокии мењнат таъсиррасонро метавон бо ду гурўњи мушаххас таќсим намуд. Гурўњи якумро омилњое ташкил менамоянд, ки ба болоравии њосилнокии мењнат, бењдошти ташкили кор ва шароитњои иљтимоии коргарон мусоидат менамоянд. Ба гўруњи дуюм омилњое дохил мешаванд, ки ба њосилнокии мењнат ба таври манфї таъсир мерасонанд, аз ќабили шароитњои номусоиди табиї, тарзи нодурусти ташкили истењсолот ва мењнат, вазъияти номуътадили иљтимої ва ѓайра.
Дар сатњи корхонањои алоњида њамаи омилњоро бо омилњои берунї ва дохилї таќсим менамоянд. Ба омилњои дохилї сатњи таъминоти техникии корхона, самаранокии технологияи истифодашаванда, таъминоти энергия, ташкили мењнат ва истењсолот таъсири амалии низоми њавасмандкунии мењнат, омўзиши кадрњо ва болобардории тахассусии коргарон ва ѓайра дохил мешаванд.
Ба омилњои берунї таѓйирёбии арза ва таќозо дар бозор, шароитњои иљтимої – иќтисодї дар љомеа ва минтаќа, сатњи кооператсия бо дигар корхонањо, таъминоти моддї – техникї, шароитњои табиї ва ѓайра дохил мешаванд.
Вобаста аз моњияту мўњтавои таркибиаашон њамаи омилњоро ба се гўруњ таќсим мекунанд:
Омилњои моддї – техникї – яъне сатњи инкишофи техникаву технология, љори кардани комёбињои навтарини илму техника дар истењсолот ва муккамалгардонии воситањои мењнат. Омилњои ташкилї - яъне ташкили истењсолот ва идоракунї. Омилњои иљтимої - иќтисодї – яъне шумораи коргарон, сатњи тахассусии онњо, шароитњои мењнатї ва маишї, муносибати коргарон бо моликият, самаранокии њавасмандкунии мењнатї ва ѓайра.
|