Главная страница
Навигация по странице:

  • 7.5. Маркетинг њамчун воситаи фаъолияти тиљоратии фирма

  • Назарияи суннатї

  • Вазифаи истењсолї

  • Вазифаи њисобдорї

  • Омилњои манфї (негативї)

  • Омилњои объективї

  • Китоби лексия. ЛЕКСИЯ_Наз.Иктисоди_18-19. Пайдоиш ва марилаои асосии инкишофи назарияи итисодї Афкори итисодии муосир ва наши оно дар инкишофи илми итисодї


    Скачать 0.96 Mb.
    НазваниеПайдоиш ва марилаои асосии инкишофи назарияи итисодї Афкори итисодии муосир ва наши оно дар инкишофи илми итисодї
    АнкорКитоби лексия
    Дата13.10.2019
    Размер0.96 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаЛЕКСИЯ_Наз.Иктисоди_18-19.doc
    ТипДокументы
    #89788
    страница9 из 11
    1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11

    МАВЗЎИ 7. ФИРМА ДАР НИЗОМИ МУНОСИБАТЊОИ БОЗОРЇ


    7.1. Микроиқтисод ва сохтори он

    7.2. Мафњуми фирма ва ањамияти он

    7.3. Вазифањои фирма ва омилњои муайянкунандаи фаъолияти он

    7.4. Менељмент њамчун унсури муњими идораи фирма

    7.5. Маркетинг њамчун воситаи фаъолияти тиљоратии фирма

    7.1. Микроиқтисод ва сохтори он.


    Микроиқтисод – ин як қисми назарияи иқтисодї буда, муносибатњои иқтисодии байни одамон ва қонуниятњои умумии фаъолияти хољагидории онњоро меомўзад.

    Микроиқтисод ин илм дар бораи омўзиши рафтори алоњидаи субъектњои иқтисодї мебошад. Ба масъалањои асосии омўзиши микроиқтисод инњо дохил мешавад:

    • Нарх, њаљми истењсолот ва истеъмоли неъматњои муайян;

    • Њолати бозорњои алоњида;

    • Тақсимоти мақсадноки захирањои иқтисодї.

    Микроиқтисод дараљаи нархњои муътадил ва таносуби нархи молу хизматњои алоњидаро дар њолате меомузад, ки дараљаи нархњои мутлақи макроиқтисодї муайян гардидаанд.

    Ба предмети омўзиши микроиқтисод инњо дохил мешавад:

    • муносибатњои иқтисодие, ки бевосита ба истифодаи самараноки захирањои мањдуди иқтисодї равона шудааст.

    • Қабули қарорњои муайяни субъектњои алоњидаи иқтисодї дар шароити муносибатњои нави иқтисодї.

    Ба ањамияти асосии омўзиши микроиқтисод инњо дохил мешаванд:

    • Рафтори иқтисодии шахсоне, ки ба унсурњои асосии иқтисодї ва сохтори љамъиятї устувор гардонида шудааст. Ба сифати унсурњои иқисодї бозор, моликият ва давлат баромад менамоянд;

    • Қабули қарорњои махсуси субъектњои иқтисодї ва амалигардонии амлиётњои мувофиқи иқтисодии онњо.

    • Масъалаи интихоби қарори муайян оиди истифодаи захирањои мањдуд.

    Вазифаи асосии субъектњои иқтисодии микроиқтисод дар он аст, ки интихоби қарори муайяни иқтисодиро дар бобати захирањои мањдуди иқтисодї дар амал тадбиқ намояд. Дар њама гуна љамъият мањдудияти захирањо зарурати интихоби қарори муайянро бо мақсади њали масъалањои зерин ба вуљуд меорад:

    1. чї ва чї қадар истењсол бояд кард;

    2. чї тавр бояд истењсол кард;

    3. барои кї истењсол кард;

    4. чи қадар захираро барои истењсоли љорї ва чї қадар захираро барои истењсоли оянда истифода кард.

    Микроииқтисоди муосир аз чор қисм иборат мебошад, ки инњоянд:

    Қисми аввал ба тањлили қонунияти бавуљудоии тақозои истеъмолкунанда нигаронида шудааст. Дар ин қисми микроиқтисод хати беэтиноии истеъмолкунанда бештар дида мешавад.

    Қисми дуюми микроиқтисод арзаро тањлил намуда, пеш аз њама фаъолияти фирмаи алоњидаро аз нуқтаи назари ташаккули харољоти он дар шароити бозор меомузад.

    Қисми сеюми микроиқтисод мутаносибии тақозо ва арзаро вобаста ба шакли рақобат меомузад.

    Дар қисми чорум яъне назарияи тақсимот, тањлили бозор ва масъалаи нархгузории омилњои истењсолот бештар дида мешавад.

    7.2. Мафњуми фирма ва ањамияти он.


    Дар низоми иќтисоди бозорї асоси фаъолияти соњибкорї фирма ба шумор меравад.

    Фирма аз калимаи итолёвии «firma» гирифта шуда, маънояш имзо, савдогар ё худ тољир мебошад.

    Фирма ин ташкилотест, ки як ё якчанд корхонаро дар ихтиёр дошта, захирањои иќтисодиро истифода намуда, молу хадамот истењсол менамояд ва маќсад аз он гирифтани фоида мебошад.

    Фирма њамчун субъекти мустаќили иќтисодї ба фаъолияти соњибкорї ва истењсолї машѓул буда, дорои молу мулки мустаќил мебошад. Фирма дар маънои васеъ ташкилотест, ки дар тобеи худ якчанд корхонаро дошта, нисбати онњо фаъолияти истењсолию хољагидориро равона менамояд.

    Фирма дорои хусусиятњои зерин мебошад:

    1. Њамчун воњиди хољагї дорои мустаќилияти иќтисодї мебошад.

    2. Расман ба ќайд гирифта шуда, дорои буљаи хусусї, оиннома ва бизнес - наќша мебошад.

    3. Фирма оиди фаъолияти тиљоратию истењсолии худ мустаќилона ќарорњо ќабул карда метавонад.

    4. Маќсади нињоии фирма кам намудани харољот ва ба даст овардани фоида мебошад.

    Дар адабиётњои иќтисодии Ѓарб якчанд мафњумњои фирма мављуданд, ки њар яке аз онњо маќсад ва пешрафти фирмаро ба таври гуногун шарњ додаанд.

    Назарияи суннатї маќсади асосии фирмаро ноил гаштан ба њадди аксари фоида шарњ медињад.

    Назарияи менељералї маќсади асосии фирмаро ба њадди аксар расонидани њаљми фурўш ва сипас гирифтани фоида шарњ додаанд.

    Назарияњои дигар бошанд, рушди асосии фирмаро аз њисоби моликиятдорон, менељерон ва сањмиядорон маънидод менамоянд.

    Дар њамаи назарияњо дурнамо (стратегия) унсури зарурии фаъолияти фирма ба шумор меравад.

    Дурнамо - ин интихоби асосии маќсадњои дарозмўњлат ва вазифањои фирма мебошад, ки таќсимоти захирањои заруриро барои расидан ба ин маќсадњо нишон медињад.

    Тарзи нодурусти ба роњ мондани дурнамо метавонад ба муфлисшавии фирма оварда расонад. Муфлисшавї ин чунин њолате мебошад, ки фирма вобаста ба кам шудани даромад имконияти пўшонидани харољоти худро аз даст медињад ва ќобилияти баргардонидани ќарзњои худро дошта наметавонад.

    Дилхоњ фирма ба он њавасманд мебошад, ки сармояи он њамеша дар гардиш ќарор дошта бошад. Такрористењсол ин њаракати арзиши омилњои истењсолот мебошад, ки бо воситаи истењсолот ва муомилот сурат мегирад ва се давраро аз сар мегузаронад, яъне истењсолї, пулї ва шакли молї.

    Марњилањои давраи такрористењсол инњо мебошанд:



    Дар ин љо:

    С - сармояи ибтидої,

    М - мол,

    ВИ - воситањои истењсолот,

    КК - ќувваи коргарї,

    И - раванди истењсолот,

    М1 - мањсулоти истењсолшуда,

    С1 - сармояи ибтидоии афзунгардида.

    Њар яке аз ин се марњила вазифањои муайянро иљро менамоянд:

    • Дар марњилаи якум шароитњои истењсолї ба вуљуд меояд.

    • Дар марњилаи дуюм истењсоли молу хадамот амалї мегардад.

    • Дар марњилаи сеюм фурўши молу мањсулот ва ба даст овардани фоида амалї мегардад.

    7.3. Вазифањои фирма ва омилњои муайянкунандаи
    фаъолияти он.


    Маќсади асосии фирма фаъолияти доимию устувор ва бо ин маќсад ба даст овардани фоидаи баланд мебошад. Вобаста ба ин фирма дар шароити бозор бояд мустаќилона роњњои баланд бардоштани дараљаи фоиданокиро љўстуљў намуда, фаъолияти соњибкории худро ривољ дињад. Новобаста аз њаљму меъёр, шакли моликият ва адои хизмат, њар як фирма барои иљрои вазифа ва маќсади муайян нигаронида шудааст.

    Фирма њамчун субъекти мустаќили иќтисодї як ќатор вазифањои муњимро иљро менамояд, ки инњо мебошад:

    1. Вазифаи истењсолї, ки ташкили истењсолот ва тавлиди молу хадамотро дар бар мегирад.

    2. Вазифаи тиљоратї, ки таъминоти моддию техникї, фурўши мањсулоти тайёр, фаъолияти маркетингу рекламаро барои гардиши фаъоли мол дар бозор ва сатњи раќобатпазирии онро нишон медињад.

    3. Вазифаи молиявї: љалб намудани маблаѓгузорї, гирифтани ќарзњо, њисоби дохилии фирма бо шарикон, интишори ќоѓазњои ќимматнок, пардохти андоз ва инчунин ба даст овардани фоида, идоранамоии таваккал ва ташкили низоми суѓуртавї.

    4. Вазифаи њисобдорї: сохтани бизнес - наќша, тавозун, харољотнома (смета) ва пешнињоди њисобот ба кумитањои давлатии андоз ва омор.

    5. Вазифаи маъмурї, ки ин њамчун идоранамої, ташкилотї, њавасмандгардонї, банаќшагирї ва тањлил оиди фаъолиятро дар бар мегирад.

    6. Вазифаи њуќуќї, ки иљроиши ќонунњо, ќоидањо ва стандартњо, инчунин тавассути онњо њимояи омилњои истењсолотро дар бар мегирад.

    Ба фаъолияти фирма инчунин омилњои зиёде таъсир мерасонад, ки он боиси рушд ё пастравии фаъолияти фирма мегардад. Омилњои асосии ба фаъолияти фирма таъсиррасонанда инњо ба шумор мераванд:

    Омилњои мусбї (позитивї) - омилњое мебошанд, ки ба раванди истењсолот таъсири мусбї мерасонанд, яъне боиси инкишофи фаъолияти фирма ва зиёд шудани даромаднокии он мегарданд.

    Омилњои манфї (негативї) - омилњое мебошанд, ки ба фаъолияти фирма ба таври манфї таъсир мерасонанд, яъне садди роњи инкишофи фирма мегарданд.

    Омилњои дохилї – омилњое мебошанд, ки аз фаъолияти дохилии фирма шањодат медињанд. Масалан, дуруст ба роњ мандани идораи фирма, навоварї, дараљаи техникаю технология ва ѓайрањо.

    Омилњои берунї омилњое мебошанд, ки аз фирма вобаста набуда, берун аз низоми идораи фирма ба вуљуд омадаанд. Масалан: вазъи сиёсї, мавќеи љуѓрофї, вазъи бозор, дараљаи талабот, сатњи таваррум ва ѓайра.

    Омилњои объективї - омилњое мебошанд, ки новобаста ба субъекти идора ба вуљуд меоянд.

    Омилњои субъективї - омилњое ба њисоб мераванд, ки пурра ба шахсиятњои идоракунанда вобаста мебошанд.

    7.4. Менељмент њамчун унсури муњими идораи фирма


    Шакли асосии идоранамоии фирма менељмент ба њисоб меравад. Менељмент аз калимаи англисии «Menegment» гирифта шуда, маънояш идоранамої мебошад. Менељмент ин низомест, ки имкониятњои бењтарини истифодабарии ашё, воситањои истењсолот, ќувваи корї ва захирањои молиявї хулосањои мушаххас мебарорад.

    Пайдоиши он аз тараќќиёти љамъиятњои сањњомї ва иттињодияњо, ки идоранамоии амволи он аз молик ба намояндаи он, яъне менељер мегузарад, вобаста мебошад.

    Менељер – ин коргари кирояе ба њисоб меравад, ки дар асоси пардохти музди муайян ба фаъолияти ташкилотии фирма машѓул мебошад ва маќсади нињоии он афзун намудани фоидаи сањмдорон яъне молик мебошад.

    Менељмент дар нимаи аввали асри ХХ ба вуќуъ омадааст. Асосгузори он муњандиси амрикої Тейлор ва франсуз А.Файол ба њисоб меравад.

    Тейлор шароити таъминоти такмил ва мањсулдињии мењнатро истифода кардааст. Барои ба ин маќсад ноил шудан ба андешаи ў иљроиши 4 - вазифаи идоранамої: интихоби маќсад, интихоби ашё, тайёрнамоии воситањо ва назорати натиљањо зарур мебошад. Ба аќидаи Файол менељер вазифадор аст фаъолияти фирмаро пешбинї, ташкил, идора, мувофиќат ва назорат намояд.

    Менељменти њозира 4 вазифаро иљро менамояд:

    1. Банаќшагирї – яъне муайян намудани маќсади фаъолияти фирма, самти фаъолият ва воситаи ба маќсад расидани ў. Унсури асосии банаќшагирї бизнес - наќша ба њисоб меравад. Он њамчун наќшаи умумии фирма буда, њамчун њуљљати њисоботии истифодаи маблаѓгузорињо ба њисоб меравад. Маќсади тањияи бизнес - наќша ин роњнамої намудан, тасвири њолат ва имкониятњои тараќќиёти фирма мебошад. Бизнес - наќша бояд тавре тартиб дода шавад, ки боварии маблаѓгузорро ба сармояи гузоштааш дар назди фирма ва роњбарияти он таъмин карда тавонад. Бизнес - наќша барои 3-5 сол тартиб дода мешавад. Он аз ќисматњои зерин иборат аст:

    - тањлили бозор ва стратегияи маркетинг;

    - стратегияи мањсулот;

    - стратегияи истењсолот;

    - рушди низоми идоранамоии фирма ва моликият;

    - стратегияи молиявї.

    1. Ташкилотї – яъне ташкили сохтори фирма ва њамкории ќисматњои он.

    2. Њавасмандгардонї – яъне шавќманд кардани коргарон ба мењнат. Дар ин љода на танњо њавасмангардонии иќтисодї, балки њавасмандгардонии психологї низ дар назар дошта шудааст.

    3. Назорат – яъне муайян намудани натиљаи фаъолиятњои фирма вобаста ба наќшаи тањиягардида.

    7.5. Маркетинг њамчун воситаи фаъолияти
    тиљоратии фирма


    Назарияи маркетинг бори аввал дар И.М.А. дар натиљаи тезу тунд гардидани масъалаи фурўш пайдо шуда, соњаи фаъолияти муомилотро фаро гирифтааст. Дар солњои 40-50 уми асри ХХ маркетинг бо назарияи идора якљоя шуда, њамчун ќисми пурракунандаи менељмент шинохта шудааст.

    Мутахассиси соњаи маркетинг Ф.Котлер онро њамчун фаъолияти инсон дар ќонеъ гардонидани эњтиёљ ва мубодилаи молњо шарњ додааст.

    Ба раванди идоранамоии маркетинг инњо дохил мешавад:

    1. Тањлили имкониятњои бозор ва љамъ намудани иттилоот оиди сатњи бозор.

    2. Интихоби бозори маќсаднок, ки бозори муайян ва харидори муайянро дар назар дошта, аз 4 марњила: муайян намудани њаљми таќозо, пешгуїи талабот, људо намудани ќисматњои бозор ва муайяннамоїи мавќеи молро дар бозор иборат аст.

    3. Омодасозии комплекси маркетинг, ки тањлили 4 гурўњи омилњои маркетингро яъне мол, нарх, усули таќсими мол ва усули њавасмандгардонии фурушро дар назар дорад.

    4. Мубаддалгардонии њаётии чорабинињои маркетингї оиди низоми банаќшагирї, ташкилотї ва назорати маркетингро дар назар дорад.


    1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11


    написать администратору сайта