Китоби лексия. ЛЕКСИЯ_Наз.Иктисоди_18-19. Пайдоиш ва марилаои асосии инкишофи назарияи итисодї Афкори итисодии муосир ва наши оно дар инкишофи илми итисодї
Скачать 0.96 Mb.
|
6.4. Чандирии тақозо ва арза.Ибораи «чандирӣ» аз тарафи иқтисодшиносони мамолики Ғарб тавсифу маънидод карда шудааст. Маҳз ба туфайли кашфи хислати чандирии тақозову арза имконият пайдо шуд, ки ба ин ҳодисаҳо баҳои дурусти амалӣ дода шавад ва дар рафти фаъолияти хоҷагидорӣ мавқеи дурусти тақозову арза муайян карда шавад. Мафҳуми чандирї, ки онро баъзан «ҳаракатнок» ҳам меноманд, барои тасвири сатҳи мутобиқати як нишондиҳандаи тағйирёбанда ба дигаргуншавии нишондиҳандаи дигар истифода бурда мешавад. Барои тасвиру маънидоди чандирӣ одатан вобастагии байни тақозову нарх ва пешниҳоду нархро истифода мебаранд. Барои ҳисоб кардани чандирии байни нарху тақозо чунин маънидодро пешниҳод мекунад: чандирии тақозову нарх ҳамчун нисбатан ё таносуби тағйироти дар фоиз ифодашудаи ҳаҷми тақозо ба дигаргуншавии фоизи нархи вай муайян карда мешавад. Дар зери мафњуми чандирии таќозо ва арза њолат ё худ вазъи мўътадил ва ба њам мувофиќ будани нархи молњо ва њаљми умумии фурўши онњо фањмида мешавад. Вобастагии таѓйироти нарх, таъсири он ба сифат ва њаљми мањсулот, молу хизмат аз љумлаи унсурњои муњимтарини чандирї мебошанд. Чандирї њамчун нишондињандаи сари ваќт ба эътибор гирифтани таѓйироти таќозо ё арза вобаста ба нарх сурат мегирад. Ин таѓйирот тавассути фоиз ифода карда мешавад. Дар адабиёти иќтисодї чандирии таќозо ва чандирии арзаро аз њамдигар фарќ мекунанд. Чандирии таќозо њамчун ченаки фоизии таѓйироти талабот ба молњо дар натиљаи 1% таѓйир ёфтани нарх тасаввур карда мешавад. Масалан, дар давраи муайян (рўз, њафта, моњ, сол) нархи ягон мањсулот ба андозаи 10% афзуда бошад, пас муайян кардан лозим меояд, ки вобаста ба он чї ќадар мањсулот дар ин давра фурўхта шудааст. Ин таѓйирот бо воситаи фоиз муайян карда мешавад. Дар адабиётњои иқтисодї чунин ваъзият ё худ шаклњои чандирии нархии таќозо вуљуд дошта метавонад: Чандирии воҳидӣ - вақте, ки ба ҳар як фоизи тағйирёбии нарх, ҳаҷми тақозо низ мутаносибан ба миқдори 1% тағйир меёбад.(Ed=1) Тақозои чандир - вақте ки тағйирёбии ҳаҷми тақозо(бо фоиз) нисбати тағйирёбии нарх(бо фоиз) тезтар мешавад. (Ed>1) Тақозои ночандир - вақте ки ҳаҷми тақозо дар фоиз нисбати тағйирёбии нарх дар фоиз оҳистатар тағйир меёбад.(Ed<1) Тақозои мутлақан ночандир - вақте ки ҳаҷми тақозо дар дилхоҳ тағйирёбии нарх тағйир намеёбад. Тақозои чандирии беохир - дар ҳолати тағйирёбии андаки нарх, ҳаҷми тақозо метавонад то ба беохир тағйир ёбад. (Ed=∞) Шаклњои чандирии тақозо дар графика чунин мебошад: 1. 2. 3. 4. Чандирии арза - таѓйирёбии нисбии нархњо ва миќдори онњоро, ки ба фурўш пешкаш карда мешавад ифода менамояд. Дар адабиёти иќтисодї чунин шаклњои чандирии нархии арза аз њамдигар фарќ карда мешавад: Чандирии ягонаи арза, яъне 1% баланд шудани нархи молњо, мувофиќан 1% баланд шудани арзаю фурўхтани онњоро дар бозор таъмин менамояд. Чандирии арза, яъне 1% зиёд гаштани нарх ќобилияти аз 1% зиёдтар молњои ба бозор пешнињодшавандаро таъмин кардан дорад. Арзаи ѓайричандир, яъне таѓйироти нарх ба зиёд гаштани њаљми молњои ба бозор пешнињодкардашаванда таъсире намерасонад. 6.5. Рақобати бозорї ва шаклњои он.Раќобат (аз калимаи лотинии «concurrentia» – рақибї, њарифї, мусобиқа, бархўрдан) - гуфта муборизаи њарифонаи иштирокчиёни иќтисоди бозорї барои бењтаргардонии шароити истењсол, харид ва фурўши молњо мебошад. Мувофиқи ақидаи К.Маркс рақобат – ин шакли антогонии мусобиқаи иқтисодӣ ва муборизаи байни соҳибкорон барои шароитҳои беҳтари сармоягузорӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи зиёдтар мебошад. И.Шумпетер рақобатро чун дигарон мубориза намеҳисобад, балки ин мусобиқаи нав бо кӯҳна, ки имрӯз ё фардо нав кӯҳнаро гузашта болотар мешавад, маънидод менамояд. Фон Хейк рақобатро раванди кушода меҳисобад. Ҳангоми вуҷуд доштани рақобат шароитҳои самараноки истеҳсоли маҳсулот, маълумотҳои нави дастнорас оид ба захираҳо, технология ва ояндабиниҳо дар бораи шароитҳои ноошкори ҷамъият ба миён меояд. Аз гуфтаҳои боло ба хулосае омада, метавонем ба рақобат чунин қоида диҳем: Аз як тараф рақобат – ин мусобиқаи иқтисодӣ барои гирифтани натиҷаҳои хуб дар ягон соҳаи фаъолият, муборизаи молистеҳсолкунандагон барои шароити беҳтари хоҷагидорӣ ва гирифтани фоидаи баланд мебошад. Аз тарафи дигар – ин таркиби механизми бозорие мебошад, ки алоқамандии байниҳамдигарии субъектҳои бозориро дар соҳаҳои истеҳсолот, фурӯши маҳсулот ва сармоягузориву маблағгузорӣ таъмин менамояд. Сатҳи муборизаи рақобатӣ бештар аз «даври ҳаётӣ» вобаста мебошад, ки дар раванди он ҳаракати маҳсулот аз аввал то ба гирифтан аз истеҳсолот давом меёбад. Он ба 4 давр тақсим мешавад: Ҷорӣ кардан ва аз худкунии маҳсулоти нав. Дар ин давр ҳаҷми фурӯши маҳсулот ночиз буда, нархи маҳсулоти истеҳсолшаванда баланд мебошад. Рушд, вақте ки зиёдкунии ҳаҷми маҳсулот, рушди тақозо ва нигоҳ доштани сатҳи баланди нарх ба амал меояд. Расидагӣ ё мукаммал, вақте ки ҳаҷми истеҳсолот ба дараҷаи ниҳої (максимум) мерасад, серӣ ва пурии тақозо ба вуҷуд меояд, суръати рушд суст мешавад, рақобат авҷ мегирад ва нарх паст мешавад. Кӯҳнашавӣ ва ё фарсудашавї. Дар ин давра тақозо ба маҳсулот то ба сатҳи паст мерасад, ҳаҷми истеҳсол кам мешавад ва сатҳи муборизаи рақобатӣ паст шуда, қисми зиёди маҳсулот аз истеҳсолот гирифта мевашад ва ивазкунї ба шакли нави он оғоз меёбад. Агар рақобат вуҷуд надошта бошад, бозор наметавонад вазифаҳои навоваронаи худро иҷро кунад, наметавонад оғози эҷодкорӣ ва ташаббускориву ҷӯяндагии субъектони бозорро ошкор намояд, наметавонад ҳамаи он чизҳоро муайян намояд, ки ба хотири онҳо бозор ҳаракатдиҳандаи инкишофи инсоният мебошад. Ҳар як субъектро дар бозор шавқу раѓбати шахсӣ-иқтисодии он ҳаракат медиҳад. Монеаи асосие, ки дар роҳи инкишофи номусоиди ин воқеа меистад, ин рақобат мебошад. Дар шароити вуҷуд доштани рақобат, барои ба даст овардани фоидаи зиёдтар, шавқи шахсї - иқтисодии як субъет субъекти дигариро бо қувваи зиёд ҳаракат медиҳад. Барои дар муборизаи рақобатӣ ғолиб омадан, амалиётҳои пасткунии хароҷот ва нархи маҳсулот, баландбардории сифати он, истеҳсоли молҳои ба тақозо ҷавобгў ва ғайра ба вуҷуд меояд. Вобаста ба муборизаи раќибї чунин шаклњои раќобатро аз њамдигар фарќ мекунанд: Нархї. Ѓайринархї. Раќобати нархї – гуфта муборизаи њарифонаи молистењсолкунандагонро барои љалб намудани мизољон меноманд, ки ба воситаи паст намудани нархи молу хизматњо сурат мегирад. Ин усули раќобатро асосан ширкатњои калон метавонанд дурудароз истифода баранд ва мавќеи раќибонро ишѓол намоянд. Дар шароити иќтисоди бозорї паст кардани нарх вобаста ба ду омил асоси сурат мегирад: Кам кардани харољотњои истењсолї; Даст кашидан аз даромад ва фоида. Паст кардани нарх дар шароити раќобати нархї одатан бе таѓйироти номгў ва сифати молу хизматњо сурат мегирад. Раќобати ѓайринархї - ин муборизаи њарифонаи молистењсолкунандагон барои љалб намудани мизољон мебошад, ки истифодаи афзалиятњои технологї, хизматрасонї баъд аз фурўш, додани кафолат ва рекламаи молу хизматњоро пешнињод менамояд, ки сабабгори ба бозор ворид шудани молу хизматњои баландсифат мегардад. Дар шароити имруза раќобати ѓайринархї нисбат ба раќобати нархї сањми зиёдтар дорад. Вобаста ба он, ки чи гуна иштирокчиёни муносибатњои бозорї раќобат мекунанд, раќобати мукамал ва номукамали бозориро аз њамдигар фарќ мекунанд. Рақобати мукаммал ба моликияти хусусӣ ва мустақилияти хоҷагидорӣ асос ёфтааст. Алоқаи байни истеҳсолгарон танҳо тавассути бозор амалї гардонида мешавад. Сатҳи баланди рақобатпазирӣ он вақт ба вуҷуд меояд, ки агар як фирмаи алоҳида ҳангоми фурӯши маҳсулоти худ амалан ба шароити фурўш дар бозор таъсир намерасонад. Умуман барои рақобати мукаммал иҷрои шароитҳои зеринро пешниҳод мекунанд: Ҳаҷми истеҳсоли фирмаи дигар беаҳамият буда, ба нархи фурӯши моли ин фирма дахолат намекунад. Моли ба фурӯш пешниҳодкардаи ҳар як истеҳсолкунанда якхела мебошад. Харидорон аз нархҳо хуб хабардор ҳастанд ва агар касе нархро баланд бардорад, харидорони худро аз даст медиҳад. Фурӯшандагон мувофиқи созиши нарх баромад намекунанд ва аз ҳамдигар бевосита вобаста мебошанд. Фирмаҳо, истеҳсолгарон метавонанд озодона ба ин соҳа дохил шаванд ва ё хориҷ шаванд. Рақобати бозорӣ як қатор камбудиҳо ва бартариҳои муайян дорад. Ба бартарињои рақобат асосан инњо дохил мешаванд: 1. Барои истеҳсоли молҳои зарурии ҷамъият ва самараноктар истифода шудани захираҳо мусоидат мекунад; 2. Ҳангоми тағйирёбии шароитҳои истеҳсолї, ба зарурии тез одат кардан ва сахт мутаассир шудан даъват мекунад; 3. Шароити оптималии истифода кардани дастовардҳои илмї - техникиро дар соҳаҳои истењсоли намудҳои молҳои нав, ҷорї кардани техника ва технологияи нав, коркарди методҳои мукаммалтари ташкил ва идораи истеҳсолот фароҳам меоварад; 4. Озодии интихоб ва муносибати истеъмолгару истеҳсолгарро таъмин менамояд; 5. Ба истеҳсолкунандагон барои қонеъ гардонидани тақозоҳои гуногун ва баланд бардоштани сифати молу хизматҳо мақсад мегузорад. Ба камбудиҳои рақобати бозорї инњоро дохил намудан мумкин аст: 1. Раќобати бозорї ба муҳофизати захираҳои такрористеҳсолнашаванда мусоидат намекунад; 2. Муҳофизати гирду атрофро манфї бањогузорї намудан мумкин аст; 3. Инкишофи истеҳсоли молу хизматрасониҳои истифодаи ҷамъиятиро (роҳҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ ва ғайрањоро) таъмин намекунад; 4. Ба инкишофи илмҳои базавӣ, низоми маълумотҳои ҳамагонӣ ва бисёр қисмҳои хоҷагидорї шароит фароҳам намеоварад; 5. Ба ҳуқуқи меҳнат, даромад ва истироҳат кафолат намедиҳад; 6. Механизми монеъшавї ба адолати ҷамъиятии пайдошаванда надорад ва ҷамъиятро ба табақаҳои бойю камбағал ҷудо мекунад. Бозори рақобати мукаммал одатан дар зинаҳои миёнаи инкишофи иқтисодиёти бозорї ба саҳнаи фаъолият мебарояд. Албатта, амалан ҳеҷ гоҳ бо мазмуни мутлақ бозори рақобати мукаммал ҷой надошта бошад ҳам, аммо барои тасвироти дар илм қабулшуда ҳамин нишондод ҳам дуруст буда метавонад. Раќобати мукаммал метавонад ба раќобати номукаммал мубаддал гардад, агар дар бозор яккањукмрон (монополист) пайдо шавад. Дар нимаи асри 19 дар зери таъсири пешрафти илмию техникї (ПИТ) раванди махсусгардонии истењсолот ва пайдоиши корхонањои азим, яъне монополия ба вуљуд меояд. Монополия (аз калимаи юнонии mono - як, poly - мефурўшам) дар њолате ба вуљуд меояд, ки истењсолкунандаи алоњида мавќеи намоёнро дорост ва бозори моли додашударо назорат мекунад. Ба алоқамандии ташкил намудани монополияҳо, рақобати монополӣ барои ҷой иваз кардан бо рақобати мукаммал омадааст. Дар ин марҳила ҷамшавии сармоя, ташкилёбии ширкатҳои саҳомӣ, ташкили назорат аз болои захираҳои табии ва моливу молиявӣ ба вуҷуд меояд. Бо ёрии реклама монополияҳо ба ташаккули тақозо таъсир мерасонанд, тавассути муносибатҳои молиявӣ бошад ба супоришгарону рақибон дахолат мекунанд. Ҳолати монополии фирма он гоҳ «ҳақиқӣ» буда метавонад, ки агар он захираҳои камёбу нодир ва такрористеҳсолнашавандаро соҳибӣ кунад, вале метавонад сунъӣ сохташуда бошад, ки фирма худаш бо роҳҳои қабули қарору ташкилкунӣ монополияро ташкил мекунад. Дертар равандҳои монополияшавӣ қонуният мегардад. Ин аз шароити истеҳсолот, рақобат, бо пурқувваткунии оғози ташаккул вобаста мебошад. Таҳлили муаммоҳои рақобати монополї нишон медиҳад, ки дар шароити монополия якчанд намудҳои рақобати монополӣ вуҷуд дорад, ки асоситаринашон инњо мебошанд: Монопсония - шакли сохтори бозорие мебошад, ки дар он харидори моли муайяншуда монополияи ягона мебошад, яъне дар дасти харидор аст. Бо маҳдуд кардани хариди худ, харидор аз ҳисоби кам шудани як қисми даромадҳои фурушанда ба худ фоидаи монополиро таъмин мекунад. Монополия қисми асосии рақобати номукаммал ба шумор меравад. Барои маънидоди мавқеи монополии харидор фарз карда мешавад, ки фурўшандагони молҳо сершумор мебошанд, аммо харидор яккаву ягона. Дар ин ҳолат рақобат на байни харидорон, балки дар байни фурушандагон сурат мегирад. Бинобарон ҳам, фурушандагон байни худ рақобат карда, кушиши арзон кардани нархро пеш мегиранд. Олигопсония – Шакли сохтори бозорие мебошад, ки вуҷуд доштани гурӯҳи харидорони моли муайяншударо нишон медиҳад. Бо маҳдуд кардани харидҳои худ, харидорон аз ҳисоби кам шудани як қисми даромади фурӯшандагон ба худ мавқеи монополиро таъмин мекунанд. Олигополия – чунин намуди таркиби бозорие мебошад, ки дар он якчанд (гурӯҳи) фирмаҳои бузург истеҳсолотро ҳукмрон мешаванд (монополия мекунанд) ва ҳиссаи асосии мањсулотро ба фурӯш мебароранд. Онҳо байни худ бештар рақобати ғайринархиро таъмин мекунанд. Дуополия – намуди таркиби бозорие мебошад, ки дар он танҳо 2 молтаъминкунандаи моли муайян амал мекунад ва миёни онҳо шартномаҳои монополистї оид ба нарх, бозори фурўш ва квотаҳои истеҳсолї тамоман вуҷуд надорад. Дуополия ин шакли одии олигополия мебошад. |