Главная страница
Навигация по странице:

  • Таѓйирёбии омилњои нархи истењсолот

  • Таѓйиротњои мавсимї.

  • Шумораи истењсолкунандагон.

  • Интизории истењсолкунандагон.

  • Љадвали арза Нархи равѓан бо сомонї

  • Каљхаттаи арза

  • Китоби лексия. ЛЕКСИЯ_Наз.Иктисоди_18-19. Пайдоиш ва марилаои асосии инкишофи назарияи итисодї Афкори итисодии муосир ва наши оно дар инкишофи илми итисодї


    Скачать 0.96 Mb.
    НазваниеПайдоиш ва марилаои асосии инкишофи назарияи итисодї Афкори итисодии муосир ва наши оно дар инкишофи илми итисодї
    АнкорКитоби лексия
    Дата13.10.2019
    Размер0.96 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаЛЕКСИЯ_Наз.Иктисоди_18-19.doc
    ТипДокументы
    #89788
    страница7 из 11
    1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11

    6.3. Арзаи бозорї: қонуни арза ва омилњои он.


    Унсури дигари механизми бозорї ин арзаи бозорї ба њисоб меравад.

    Арзаи бозорї гуфта, миќдори молу хизматњоеро меноманд, ки истењсолкунандагон бо нархњои гуногун ба бозор пешнињод менамоянд. Нишондињандањои асосии арзаи бозорї ин њаљми арза ва нархи арза ба њисоб мераванд. Њаљми арза – ин њаљми максималии молу хизматњоеро нишон медињад, ки истењсолкунандагон метавонанд ба фурўш бароранд.

    Нархи арза бошад нархи минималии молу хизматњоеро нишон медињад, ки истењсолкунандагон метавонанд тавассути он ба бозор пешнињод кунанд.

    Арзаи бозорї пеш аз њама аз дараљаи нарх вобаста мебошад. Баланд шудани нарх ба афзоиши арза оварда мерасонад ва баръакс паст шудани нарх арзаи молњоро кам мекунад. Вобастагии нархи бозорї ва арзаи бозорї ќонуни арза номида мешавад. Њар ќадаре ки дараљаи нарх баланд шавад, арза меафзояд ва баръакс, њангоми паст шудани нарх арза кам мешавад.              

    Мављуд будани ин ќонуниятњо далел аз он аст, ки байни унсурњои таќозою арза ва нарх алоќаи доимию устувор вуљуд дорад ва он њамчун ќонуни арза ташкил меёбад.

    Ќонуни арза дар шароити бозор талаб мекунад, ки њар як тавлидгар барои зиёдтар ба бозор баровардани мол бояд њавасманд бошад, онро мувофиќи нархњои баланд мубодила кунад, ва бо нархи арзон фурўхтани молу хадамот худдорї намояд.

    Аз дигар тараф, харидор ба он манфиатнок аст, ки њарчи зиёдтар бо нархи пасттар теъдоди зиёди чизњоро ба даст орад. Ин љараён, хоњ нохоњ, њамчун омили боздорандаи фаъолияти субъектњои иќтисодї, њамчун тавлидгарону пешнињодгарони неъматњо мегардад. Њамин тавр, ќонуни арза ва ќонуни таќозо њамчун муњаррики ба њаракат дароварандаи истењсолот ва бозор ташкил меёбад.

    Ба арзаи бозорї чунин омилњо таъсир мерасонанд:

    Таѓйирёбии омилњои нархи истењсолот. Афзоиши нархи захирањо боиси зиёдшавии харољоти истењсолї гардида, арзаро мањдуд месозанд ва баръакс.

    Рушди техники. Истифодаи васеи комёбињо имкон медињанд, ки харољоти истењсолот кам карда шуда, дар ин асос арзаи молњо зиёд шаванд. Мањдуд будани истифодаи ин комёбињо арзаро мањдуд месозад.

    Таѓйиротњои мавсимї. Истењсоли аз њад зиёди як мол дар њолати мањдудияти захирањо боиси кам истењсол шудани молњои алтернативї мегардад.

    Андозњо ва субсидияњо. Афзоиши андозњо боиси афзоиши харољотњои истењсолї гардида, њаљми арзаро мањдуд менамояд.

    Шумораи истењсолкунандагон. Афзоиши онњо боиси зиёдшавии арза мегардад. Дар сурати зиёдшавии тамоили инњисорсозии бозор, болоравии нарх ва мањдудшавии арза ба амал меояд.

    Интизории истењсолкунандагон. Афзоиши истењсолот на њамеша боиси зиёдшавии арза мегардад. Агар интизор равад, ки дар оянда нархњо баланд мешаванд, дар ин њолат арзаи љорї ба хотири дар оянда бо нархи баланд фурўхтани молњо мањдуд мегардад.
    Љадвали арза

    Нархи равѓан бо сомонї

    Мањсулоти тайёр

    20

    25

    15

    15

    13

    9

    10

    6

    8

    4

    5

    2


    Љадвали арза нишон медињад, ки фурушандагон тайёранд молњоро бо нархњои гуногун фурушанд. Раќамњои дар мисол овардашуда аз њамдигар вобаста будани арза ва нархро зоњир менамояд. Ќонуни арза дар шароити имрўза талаб мекунад, ки молњо бо нархи баланд мубодила карда шаванд ва фурўшандагон аз нархи паст фурўхтани молашон худдорї намоянд. Дар назарияи иќтисодї вобастагии арзаи бозорї ва нархро ба воситаи каљхаттањо нишон медињанд ки он чунин мебошад:



    Каљхаттаи арза
    Каљхаттаи арза дар љадвал нишон медињад,ки њангоми афзоиши нарх фурўшандагон њаљми арзаро зиёд мекунанд ва дар сурати паст шудани нарх њаљми арзаро кам мекунанд. Бояд ќайд кард, ки афзоиши нарх боиси афзоиши њаљми арза дар оянда шуда метавонад. Масалан, агар нархи пиёз имсол дар бозорњо баланд шавад, пас дењќонон дар оянда истењсоли онро зиёд менамоянд, ки боиси зиёд шудани арзаи он мегардад.
    1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11


    написать администратору сайта