апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
Скачать 3.71 Mb.
|
§ 5. Бозсозии горбачёвї ва оќибатњои он барои Тољикистон Маќсади бозсозї. Дар Иттињоди Шўравї дар муддати хело кўтоњ – 4 сол паси њам фавтидани роњбарони асосии барљомондаи њизбї (ЊКИШ – КПСС), ба монанди Брежнев – Андропов – Черненко, ба обрў ва эътибори ин њизб ва умуман мамлакати Шўравї бетаъсир намонд. Албатта мотамгирињои пай дар пай дар корњои идоракунї, љо ба љо гузории кадрњо, махсусан иќтисодиёти мамлакат таъсири манфї дошт. Мардум ќисман умед доштанд, ки роњбари љавон онњоро аз чунин вартаи мотамзодагї мебарорад. Њамин гуна роњбари нисбатан љавони њизбии Итифоќ М.С.Горбачёв шуд. М.С.Горбачёв моњи марти соли 1985 дар сини 54-солагї котиби генералии ЊКИШ (КПСС) интихоб гардид. Ў аз соли 1979 дар њайати бюрои сиёсии њизб, ки доираи асосии олимаќоми идоракунандаи њизб ва мамлакат ба њисоб мерафт, њамчун котиби КМ њизб фаъолият дошт ва дар ин доира шахси аз њама љавон буд. Вай њанўз аз замони Ю.В.Андропов ба хулосае омада буд, ки мамлакат ба таѓйиротњои љиддї ниёз дорад. Бинобар њамин њам баъди каме аз ба сари ќудрат омадан, аз апрели соли 1987, дар асоси ќарорњои пленуми кумитаи марказии ЊКИШ (КПСС) сиёсати бозсозиро пеш гирифт, ки онро баъзан «инќилоб аз боло» низ меномиданд. Маќсади асосии бозсозї гўё баромадан аз њолати карахтии замони брежневї, ки дар замони сарварии яксолаи Черненко боз њам фасодтар гардида буд, ба њисоб мерафт. Барои ноил гардидан ба ин маќсад ба таври куллї дигаргун сохтани тамоми соњањои њаёти мамлакат зарур њисобида мешуд. Мањз бо њамин маќсад ният доштанд, ки дар раванди сиёсию – љамъиятї њаёти љамъиятии Иттињоди Шўравиро ба стандартњои љањонї мутобиќ намоянд ва бо роњи гузаштњо ба паст шудани шиддатнокии вазъи љањон, махсусан зиддияти байни Давлати Шўравї ва давлатњои капиталистї мушарраф шаванд. Инчунин мехостанд, ки бо њамин роњ ба љамъияти сотсиалистї руњияи тоза бахшанд, обрў ва эътибори онро дар арсаи байналхалќї бардоранд. Вобаста ба њамин раванд, бо роњи љорї намудани озодандешї мардуми Шўравиро аз њолати карахтї ва муњосираи љамъиятї бароварда, ба фаъол гардидани онњо ноил шаванд. Дар раванди иќтисодї, бо маќсади халос шудан аз корхона ва хољагињои зараровар, зиёд намудани њавасмандї дар истењсолот, раќобатпазир гардидани мањсулотњои истењсолшуда, вазифа гузошта шуд, ки тамоми корхонањоро ба њолати худтаъминкунї ва худмаблаѓгузорї гузаронанд ва ѓайрањо. Тамоми сиёсати сиёсию иќтиисодии замони Горбачёв барои амалї гардидани њамин равандњо нигаронида шуда буд. Амалии сиёсати бозсозї ва оќибатњои он. Албатта маќсади ба миён гузоштаи бозсозї барои мамлакати Шўроњо ягон бадї надошт. Њангоми дуруст, боаќлона ва бесаросемагї амалї намудани он эњтимол бурди тамоми халќњои мамлакат мегардид. Аммо дар амал ин тавр нашуд. На танњо ба шитобкорињои беасос роњ доданд, балки дар зери ниќоби бозсозї баъзе чорабинињоро гузарониданд, ки оќибаташ барои мардум хело вазнин буд. Чунончї: солњои 1985-1988 дар тамоми Иттињоди Шўравї чорабинињои зидди нўшокињои спиртиро пеш гирифтанд. Албатта чунин чорабинї то андозае зарур буд. Аммо дар амал дар мамлакат, аз љумла дар љумњурии мо низ дар зери шиори ин чорабинї ангурзорњои зиёде саросемавор хароб ва нест карда шуданд. Феврали соли 1986 анљумани њизби коммунистии Иттифоќ (ЊКИШ - КПСС) охирин наќшаи панљсоларо барои солњои 1986-1990 ва роњхои асосии инкишофи иќтисодиёт ва иљтимоиёти мамлакатро барои то соли 2000-ум муайян кард. Мувофиќи он мамлакат асосан бо низоми пештара - наќшавї, чї дар соњаи саноату сохтмон ва чї кишоварзї пеш мерафт. Аммо тобистони соли 1987 дар Иттињоди Шўравї ќонун дар бораи корхонањои давлатї ќабул гардид, ки мувофиќи он бояд шитобкорона тамоми корхонањо ба њолати худтаъминкунї ва худмаблаѓгузорї гузаронида мешуданд. Њангоми амалии ин ќонун ба эътибор нагирифтанд, ки тамоми корхонањои мамлакат вобастаи якдигар мебошанд. Онњоро њамон ваќт танњо ба низоми наќшавї пеш бурдан мумкин буд. Аммо ќонуни ќабулгардида мухолифи низоми наќшавї ба њисоб мерафт. Дар натиља дар мамлакат низоми наќшавї зуд моњияти худро гум кард. Минбаъд њар як корхона танњо барои даромаднокии худ мекўшид. Зуд доду гирифт ва умуман алоќаи байни корхонањо аз байн рафт. Оќибат корхонањо, бо сабаби нарасидани ашё, паси њам аз кор бозмонданд, коргарон ва мутахассисон бекор гардиданд. Дар мамлакат, ки як муддат бекориро фаромўш карда буданд, сафи бекорон рўз аз рўз меафзуд. Истењсоли мањсулоти саноатї хело кам гардид. Дар натиљаи дар мамлакат љорї гардидани озодандешї мардуми шўравї бори аввал имконият пайдо намуданд, ки фикру андешањои худро озодона, бе ягон тарсу њарос, њатто оиди сиёсати хориљию иќтисодии њизбу давлат баён намуда, шахсони масъулро ба зери танќиди сахт гиранд. Вале дар амал чунин танќидњои сахт, баъзан бо тањќири якдигар сурат мегирифт. Ин гуна њолат махсусан дар байни роњбарони олимаќом, чуноне дар анљумани намояндагони халќњои ИЉШС байни М.С.Горбачёв ва Б.Н.Елтсин сурат мегирифт, анљом меёфт. Ин њама ба воситаи оинаи нилгун на танњо ба мардуми Шўравї, балки ба тамоми љањониён муаррифї мегардид, ки боиси коста шудани обрў ва эътибори роњбарон дар байни на танњо аъзоёни њизб, балки умуман мардуми Шўравї мешуд. Ба ѓайр аз ин њама мањз озодандешї имконият дод, ки дар зери фишори талаби мардум, моњи марти соли 1990 анљумани 3-юми намояндагони халќњои ИЉШС, маддаи 6-уми Конститутсияи (Ќонуни асосии) ИЉШС-ро, ки дар он њизби коммунистии Иттињоди Шўравї њамчун њизби њукмрон (роњбарикунанда) акс меёфт, бекор карда шавад. Ин имконият муњайё намуд, ки дар мамлакат минбаъд њизбњои гуногун, аз љумла њизбњои мухолифин бунёд гарданд. Бозсозии горбачёвї, махсусан озодандешї, дар Иттифоќ мављудияти бисёр иллатњои масъалаи миллиро низ кушод. Аммо роњбарияти Иттифоќ ќудрати зуд њал намудани онњоро надошт. Дар натиља аллакай декабри соли 1986 гирдињамоии зидди марказ (Иттифоќ) дар шањри Алма Ато, соли 1988 баромадњо дар љумњурињои назди Балтика (бо маќсади мањкум намудани шартномаи Молотов-Риббинтроп), њамон сол оѓози љанги байни Озорбойљон ва Арманистон барои Ќарабоѓи Кўњї, хунрезї дар Сумгаитї, соли 1990 хунрезии байни ќирѓизњо ва ўзбекњо дар ќисми љанубии Ќирѓизистон ва ѓайрањо далел шуда метавонанд. Дар арсаи байналхалќї, ки М.С.Горбачёв мехост бо роњи гузашткунињо ба паст кардани шиддатнокии вазъият ноил гардад ва Давлати Шўравиро ба стандартњои љањонї мутобиќ намояд, дар амал ин ба барњам хўрдани Иттифоќи давлатњои сотсиалистї ба давлати ягона муттањид гардидани Олмон, нињоят аз Иттињоди Шўравї рў гардонидани њамаи давлатњои собиќ сотсиалистии Ѓарб ва ѓайрањо оварда расонид. Дар натиља Иттињоди Шўравї, ки дар арсаи байналхалќї яке аз лидерњо ба њисоб мерафт, чунин мавќеъро аз даст дод. Ва минбаъд ИМА лидери ягона гардид. Аз њама душвортарин ва фољеаноктарин он аст, ки бозсозии горбачёвї нињоят яке аз сабабњои асосии аз байн рафтани худи Иттињоди Шўравї гардид. Маќоми давлатї гирифтани забони тољикї. Дар Љумњурии Тољикистон андешањо оиди маќоми давлатї гирифтани забони тољикї охирњои солњои 80-уми асри ХХ, яъне дар замони бозсозии горбачёвї ба вуљуд омад. Махсусан аз моњи январи соли 1989 дар сањифањои баъзе рўзномањои љумњуриявї маќолањое чоп гардиданд, ки онњо ба њимояи забони тољикї ва анъанањои миллї нигаронида шудаанд. 22 феврали он сол дар шањри Душанбе гирдињамоии серодами шањрвандон барпо гардид, ки он њама ба њимояи забони тољикї бахшида шуда буд. Гирдињамомадагон талаб мекарданд, ки дар Љумњурии Тољикистон ба забони тољикї маќоми давлатї дода шавад. То моњи июли соли 1989 мардуми зиёди љумњурї ба воситаи матбуот, оинаи нилгун ва радио андешањои худро оиди маќоми забони тољикї баён намуданд. Гарчанде, андешањои дузабонї њам вуљуд дошт (яъне баъзењо талаб мекарданд, ки дар баробари забони тољикї ба забони русї њам маќоми давлатї дода шавад), вале аксар пешнињод мекарданд, ки дар љумњурї ба забони тољикї маќоми давлатї дода шавад. Нињоят, 22 июли соли 1989 дар Иљлосияи Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон «Ќонуни забони тољикї (форсї)» ќабул карда шуд, ки мувофиќи он дар љумњурї ба забони тољикї маќоми давлатї дода шуд. Бо њамин забони тољикї маќоми давлатї гирифт ва аз њамон сол сар карда, то соли 2009 дар љумњурии мо њар сол 22-уми июлро њамчун «Рўзи забон» љашн мегирифтанд. Њангоми ќабули «Ќонуни забон», чї тавре аллакай таъкид гардид Љумњурии Тољикистон њанўз дар њайати Иттињоди Шўравї буд ва оиди парокандашавии он њатто аксар фикре њам намекард. Бинобар њамин њам зарурияти мубошироти байни љумњурињои иттифоќиро ба инобат гирифта дар ин ќонун забони русї њамчун забони мубоширати байни миллатњо ва халќњо ќабул гардид. 14 октябри соли 1989 анљумани Муассисони Бунёди забони тољикї (форсї) барпо гардид ва он Оинномаи Бунёди забонро ќабул намуд. Раиси Бунёди забони тољикї, шоири халќии Тољикистон Лоиќ Шералї интихоб гардид. Њамон солњо мардуми тољик ба маоши ночизи худ нигоњ накарда, ба фонди Бунёди забони тољикї як миќдор маблаѓ љамъ карда буданд, то ин ки наќшањои дар «Ќонуни забон» дарљ гардида, амалї шавад. Таъсиси созмонњо ва њизбњо. Дар натиљаи љамъомаду гирдињамоињое, ки мањз соли 1989 дар Тољикистон, махсусан дар шањри Душанбе ташкил гардиданд, боиси таъсиси њар гунна созмонњо ва њизбњо низ шуданд. Аз љумла моњи майи њамон сол дар шањри Душанбе созмон – мањфили сиёсии «Рў ба рў» ташкил ёфт, ки бунёдгузораш З.Саидов, њамон ваќт яке аз фаъолони иттифоќи љавонон (комсомол), баъд шорењи Президенти Љумњурии Тољикистон, директори гинералии «Ховар» ба њисоб мерафт. Дар ин мањфил, ки ба мисли «микрофони озод», дар имрўза ќасри «Вањдат» гузошта шуда буд ва шањрвандони љумњурї, њатто аз ноњияњои дурдаст њам омада андешањои худро озодона баён намуда, ин ё он амалдори њизбї ё давлатиро ба зери танќид мегирифтанд. Баъзан, бо ташаббуси њамин мањфил барои саволу љавоб амалдорони давлатї, аз љумла вазирон даъват карда мешуданд. 15 сентябри он сол дар шањри Душанбе маљлиси муассисони созмони сиёсии «Растохез» барпо гардид, ки дар он бештар намояндагони зиёиён, махсусан љавонон, њатто коммунистон иштирок намуданд. Дар фаъолияти ин љамъият талабњои истиќлолияти сиёсї (дар доираи Иттињоди нави таљдидёфта), иќтисодї, њимояи манфиати фарњангии халќи тољик, беш аз њама баланд бардоштани маќоми забони тољикї ва ѓайрањо дида мешуд. Сарвари ин љамъият иќтисодшинос, (номзади илмњои иќтисодї) Тоњир Абдуљаббор интихоб гардид. Барномаи љамъият хоси њамон давр буд ва ба љамъияти сотсиалистї хавфи љиддї набошт. Аммо сарварони њамонваќтаи њизби коммунистї фаъолияти ин љамъиятро таъќиб намуданд. Дар натиља ин љамъият зуд ба мавќеи зиддикоммунистї ва зиддисотсиалистї гузашт. Мањз дар солњои 1989-1990, дар љумњурї, ба ѓайр аз шањри Душанбе, боз дар шањри Кўлоб (созмони «Ошкоро»), дар шањри Хуљанд (созмони «Эњё»), дар шањри Конибодом ва Истаравшан (созмони «Вањдат»), дар Хоруѓ (созмони «Лаъли Бадахшон») ва ѓайрањо ба вуљуд омада, фаъолият мекарданд. 10 августи соли 1990 дар шањри Душанбе аввалин њизби ѓайрикоммунистї – њизби демократии Тољикистон таъсис ёфт. Сарвари он номзади илмњои фалсафа Шодмон Юсуф интихоб гардид. Њизби нањзати исломи Тољикистон њарчанд пештар бунёд гардида буд, вале танњо аз 6 октябри соли 1990 фаъолияти он ба ќонуният дароварда шуд. Бисёре аз созмонњо ва њизбњои ба вуљуд омада нашрияњои худ – рўзнома доштанд ва ба воситаи онњо андешањои худро дар байни мардум пањн мекарданд. 12 декабри соли 1990 Шўрои Олии ЉШС Тољикистон «Дар бораи иттињодияњои љамъиятї» ќарор ќабул кард, ки мувофиќи он дар њудуди љумњурї њар гуна њизбу созмонњо ошкоро фаъолият карда метавонистанд. Оѓози гузариш ба иќтисодиёти бозорї. Бозсозии горбачёвї, махсусан сиёсати худмаблаѓгузорї ва худтаъминкунї, чуноне таъкид шуд, ба низоми наќшавї, ки ќариб ба тамоми замони Шўравї хос буд, зарба зад ва нињоят хотима гузошт. 26 майи соли 1990 дар рўзномаи «Правда», ки органи њазби њанўз яккањукукмрони Иттифоќ – ЊКИШ (КПСС) ба њисоб мерафт, консепсияи њукумати Иттифоќ оиди гузариши иќтисодиёти ИЉШС (СССР) ба муносибатњои бозорї нашр гардид. Дар он даврањои гузариш барои солњои 1990 – 1995 муайян карда шуда буд. Яъне, мувофиќи консепсия то соли 1995 бояд иќтисодиёти њамаи љумњурињои Иттифоќї ба талаботи бозор мутобиќ карда мешуд. Дар асоси њамон нишондоди њизби њукмрон, дар љумњурии Тољикистон њам чун дар дигар љумњурињои Иттифоќ аз моњи майи соли 1990 барои гузариш ба иќтисодиёти бозорї шурўъ карданд. Баъди барњам хўрдани Иттињоди Шўравї њар як љумњурии собиќ Иттифоќ наќшаи гузариши худро ба иќтисодиёти бозорї тартиб ва такмил дод. Аз љумла љумњурии мо низ. Воќеаи февралии соли 1990 дар шањри Душанбе. Аввали соли 1990 вазъи шањри Душанбе њамоно мураккаб буд. Њар гуна намоишу гирдињамоињои мухталиф ба вуљуд меомаданд. Он ваќт љанги байни Озорбойљону Арманистон њам идома дошт. Дар чунин њолат якбора дар мањаллањои гуногуни шањри Душанбе (ба воситаи масчидњо)овоза пањн шуд, ки гўё «гурезањои арманиро дар ш.Душанбе ќабул карда, ба онњо хона – сексия медодаанд». Њамон ваќт ќисми мардуми шањр, дар ташкилотњои гуногун, дар рўйхати навбати хона истода, 10-15 сол интизори хона-сексия буданд. Бинобар ин овозаи бардурўѓ оиди гурезањои арманї 12 – 14 феврали он сол якбора мардуми зиёдро ба майдони Ќасри Президентї баровард. Њарчанд талаби асосии гирдињамомадагон роњ надодани гурезањои арманї буд, вале дар он талабњои муќобили њукумат ва њизби коммунистї низ садо доданд. Ба муќобили гирдињамомадагон ќувва истифода гардид, дар натиља 26 нафар кушта шуданд. Ин воќеа минбаъд вазъи сиёсии љумњуриро боз њам мураккабтар намуд. § 6. Кўшишњои дар доираи Иттињоди Шўравї эълон кардани истиќлолияти ЉШС Тољикистон Ба вуљуд омадани масъала. Њанўз аз замони сарвари њизби коммунистии Иттињоди Шўравї будани Ю.В. Андропов (солњои 1982 – 1984) масъалаи нисбатан васеъ намудани њуќуќњои соњибистиќлолии љумњурињои Иттифоќ ба миён омада буд, ки он барои танзими Иттињоди Шўравї ањамияти махсус дошт. Зеро, усули сохти давлатдорї, ки мањз бо ташаббуси ў пешнињод ва ќисман љорї гардида буд, бояд амалии чунин маќсад якљоя бо мустањкам намудани аппарати марказии иттифоќї ва интизоми сахти мењнатї дар тамоми мамлакат сурат мегирифт. Аммо баъди марги вай, дар замони сарвари њизб будани К.У.Черненко (солњои 1984 – 1985), бо сабаби беморию бемадории худаш, якбора тамоми аппарати њизбию давлатии мамлакат ба бемории фалаљ гирифтор шуд. Ситёсати бозсозии Горбачёв боз масъалаи дар доираи Иттињод васеъ намудани њуќуќњои соњибихтиёрии љумњурињои иттифоќиро ба миён овард. Яъне, масъала меистад, ки дар доираи Иттињоди Шўравї бояд љумњурињои иттифоќї оиди њалли бисёр масъалањо соњибистиќлол бошанд. Оиди ин масъала фикру андешањои зиёде пешнињод гардида буд. Нињоят, тобистони соли 1990 он љумњурињо пайи њам дар доираи Иттињоди Шўравї истиќлолияти худро эълон карданд, ки Љумњурии Тољикистон њам аз љумлаи онњо ба њисоб мерафт. Эъломияи 24 августи соли 1990. 24 августи соли 1990 иљлосияи дуюми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон, даъвати дувоздањўм, Эъломияи истиќлолияти Чумњурии Шўравии сотсиалистии Тољикистонро дар њайати Иттињоди Шўравии таљдидёфта ќабул намуд. Аз љумла дар Эъломия омадааст, ки Шўрои Олї «бо дарки амиќи масъулияти таърихї барои таќдири халќи тољик ва давлати миллии он», «бо назардошти њуќуќи дахлнопазири њар як халќ дар таъини сарнавишти худ», «бо эътирофи он, ки иттињоди озоду баробарњуќуќи миллатњо»-и Шўравї дар њайати ИЉШС-и «таљдидёфта зомини тараќќиёти њамаљонибаи онњо мебошад», бо таъкиди эњтиром ба шаъну эътибор ва њуќуќњои намояндагони њамаи миллатњои сокини Тољикистон, «ба хотири таъмини њаќќи зиндагии шоиста барои њар як инсон ва иродаи халќи»ЉШС Тољикистонро ифода намуда, истиќлолияти Љумњурии Шўравии сотсиалистии Тољикистонро ботантана эълон мекунад ва изњор медорад, ки «давлати демократии њуќуќбунёд барпо хоњад кард». Дар моддаи аввали Эъломия низ таъкид шудааст, ки ЉШС Тољикистон «давлати соњибистиќлоли сермиллат мебошад». Дар Эъломияи муњимтарин моддаи 4-ум мебошад, ки дар он дараљаи соњибихтиёрии љумњурї акс ёфтааст. Аз љумла, дар он таъкид гардидааст, ки ЉШС Тољикистон «дар њудуди худ њамаи масъадањои сиёсї, иќтисодї, иљтимої ва маданиро, ѓайр аз масъалањое, ки ихтиёран ба салоњияти ИЉШС «дода мешавад, мустаќилона њал мекунад». Вале дар Эъломия акс наёфтааст, ки љумњурии соњибистиќлоли иттифоќї кадом салоњиятњои худро ихтиёран ба ўњдаи иттињоди таљдидёфтаи Шўравї мегузорад. Албатта, аз мазмуни худи эъломия ва њуљљатњои дигар маълум мешавад, ки чунин вазифањо, ба монанди: мудофиа, бехатарии давлатї, авиатсияи шањрвандї, роњњои иттифоќї, энергетика ва электронї, саноати атомї, флоти бањрї, барномаи иттифоќї оид ба мудофиа ва космонавтика минбаъд бояд ба ихтиёри Иттињоди нави таљдидёфта гузарад. Эъломияи ќабулгардида инчунин дараљаи амалии њуљљатњои иттифоќиро дар њудуди Љумњурии Тољикистон муайян менамояд. Аз љумла, дар моддаи 5-ум таъкид гардидааст, ки Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон амалии њуљљатњои ИЉШС-ро, ки ба њуќуќњои дахлнопазирии Љумњурии Тољикистон мухолифанд, боз медорад. Моддаи 15-уми эъломия ба муносибат бо давлатњои хориља бахшида шудааст. Чунончї, дар ин модда омадааст, ки ЉШС Тољикистон «бо давлатњои хориљї бевосита робита намуда, бо онњо шартномањои иќтисодї, маданї ва илмию техникї мебандад, мубодилаи намояндагони дипломатї, консулгарї ва тиљоратиро ба роњ монда, дар сурати зарурат дар фаъолияти созмонњои байналхалќї ширкат меварзад». Аз ин банд бармеояд, ки њуќуќи имзои шартномањои сиёсиро љумњурињои Иттифоќї ихтиёран ба ўњдаи Иттињоди таљдидёфтаи Шўравї мегузоранд. Оиди шањрвандї бошад, мувофиќи моддаи 9-уми эъломия, њар як шањрванди Љумњурии Тољикистон дар айни замон бояд шањрванди ИЉШС њисоб мешуд. Албатта минбаъд њам њар як љумњурии соњибистиќлоли Иттињоди нави таљдидёфтаи Шўравї њуќуќи озодона аз он баромаданро нигоњ медошт. Инак дар моддаи 7-уми Эъломия омадааст: ЉШС Тољикистон «њуќуќ дорад мувофиќи тартиботе, ки шартномаи иттифоќї муайян мекунад ва мутобиќи ќонунњое, ки дар асоси он тартиб дода мешаванд», аз њайати ИЉШС озодона хориљ гардад. Њамин тавр ЉШС Тољикистон, дар асоси Эъломияи 24 августи соли 1990 дар њайати Иттињоди наве, ки дар назар доштанд, соњибистиќлолии худро эълон карда, њуќуќњои худро дар доираи ин Иттифоќ муайян карда буд. Аммо худи Иттињоди нави таљдидёфта, ё худ Иттињоди озоду баробарњуќуќи миллатњои Шўравї, чї тавре ки њамон лањза мехостанд, бунёд нагардид. Бинобар њамин њам нуќтањои асосии он эъломия дар амал татбиќ нашуд. Минбаъд 9 сентябри соли 1991 дар рўзи эълони истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ба ин Эъломия таѓйироту иловањои зарурї дохил карда шуд. ФАСЛИ VI. ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДАР ЗАМОНИ ИСТИЌЛОЛИЯТ (АЗ СОЛИ 1991 ТО ИМРЎЗ) БОБИ XX. Вазъи иљтимоию сиёсии Љумњурии Тољикистон аз эълони истиќлолияти давлатї то имрўз (солњои 1991 – 2010). |