апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
Скачать 3.71 Mb.
|
§ 5. Натиљаи дигаргунсозињои иљтимоию иќтисодї ва фарњангї дар шароити Тољикистон Натиљаи дигаргунсозињо. Солњои 1929-1941 дар Тољикистон ба тамоми душворињо ва хатогињо нигоњ накарда, дар соњањои иљтимоию иќтисодї ва фарњангї муваффаќиятњои назаррас ба даст дароварда шуд. Махсусан дастовардњои соњањои саноат, кишоварзї ва фарњанг назаррас буд. Бо сабаби он ки љумњурии мо хело ќафомонда ва ќашшоќ буд, њукумати Иттифоќ барои пешрафти ин соњањо зиёда кўмак расонид. Дар солњои 30-ўм низ тахминан 70-80% маблаѓгузории љумњурии мо аз њисоби буљаи Иттифоќ буд. Мањз чунин дастгирињо имконият дод, ки Тољикистон низ аз њолати ќафомондагию ќашшоќї то андозае ба дигар љумњурињои Иттифоќ баробар шавад, Аз њолати соф аграрї ба љумњурии аграрию саноатї табдил ёбад. Натиљањои ин гуна пешравињоро дар соњањои људогонаи љумњуриамон дида метавонем. Чунончї: Дар соњаи саноат, љумњурие, ки дар њудудаш то замони Шўравї (ба ѓайр аз баъзе ноњияњои Шимол, махсусан шањри Хуљанд), ќариб ягон хел корхонаи саноатї надошт, соњиби аввалин чунин корхонањо шуд. Тахминан дар як давраи хеле кўтоњи таърихї, дар муддати 15 сол яъне солњои 1925-1940 дар њудуди љумњурї 273 адад корхонањои нисбатан бузурги саноатї сохта шуданд, ки онњо тахминан зиёда аз 20 соњоњои саноатиро дар бар мегирифтанд. Дар ин корхонањо 30,7 њазор нафар коргарон ва мутахассисон кор мекарданд. Аллакай аввали солњои 30-юм роњњои мошингарди Сталинобод – Ќўрѓонтеппа, Сталинобод – Оби Гарм, Ош – Хоруѓ сохта шуданд. Шањрсозї инкишоф ёфт. Соли 1937 аввалин наќшаи генералии шањри Салинобод тасдиќ гардид. Дар натиља дар љумњурии мо на танњо барои инкишофи минбаъдаи саноат, энегетика, шањрсозї ва ѓайра асос гузошта шуд, балки синфи коргар низ ташаккул ёфт, ки дар замони Шўравї ба ин ањамияти махсус медоданд. Албатта дар Тољикистон мувофиќи наќша асосан чунин соњањои саноати сабук: коркарди пахта (махсусан заводњои пахтатозакунї), хўрокворї, масолењи сохтмон ва ѓайрањо инкишоф ёфт. Аммо дар њамон солњо аввалин соњањои саноати вазнин низ, ба монанди коркарди фузулот (барои таъмири мошинњо, корњои обёрї, сохтмони роњњо), металлургияи ранга (маъданњои рангаи Ќарамазор), электроэнергетика ва ѓайрањо ба вуљуд омаданд. Мањз дар њамин давр иќтидори энергетикии дарёњои љумњурї ва боигарии зеризаминии он аз љињати илмї омўхта шуд. Ин њама имконият муњайё намуд, ки дар оянда соњањои гуногуни саноати љумњурии мо, аз љумла саноати вазнин, махсусан инкишофи энегетика, дар наќшаи дурнамои Иттифоќ дохил карда шавад. Дар соњаи кишоварзї, дар љумњурї ба инкишофи пахтакорї диќќати махсус медоданд. Заминњои обёрї асосан барои кишти он муайян карда мешуд. Мањз азхудкунии заминњои нав, махсусан дар водињои Њисор, Вахш, ноњияњои Кўлоб, сохтани каналњои бузурги Вахш, Фарѓона ва Њисор,аз тарафи давлат бо техника таъмин намудани кишоварзон ва ѓайрањо сабаби пешравии ин соња гардид. Дар натиља, дар љумњурї истењсоли пахта хеле зиёд шуд. Чунончї: агар соли 1929 њамгї 37,1 њазор тонна пахта истењсол карда бошанд, пас соли 1938 он ба 183 њазор тонна расид, яъне ќариб 5 маротиба афзуд. Соли 1937-1938 Тољикистон аз љињати њосилнокии пахта дар Иттињоди Шўравї љойи аввал ва аз њаљми истењсоли пахта љойи дуюмро ишѓол намуд. Бо сабаби инкишофи пахтакорї дар љумњурї истењсоли ѓалла, ки дар замони то Шўравї соњаи асосии кишоварзии Тољикистони Марказї ва Љанубї ба њисоб мерафт, ќатъ нагардид. Соли 1929 дар љумњурї истењсоли ѓалла ба дараљаи замони то Шўравї расид. Солњои 1929-1932 ба њисоби миёна дар як сол 383,3 њазор тонна ѓалла истењсол карда шуд. Соли 1937 бошад истењсоли он ба 488,1 њазор тонна расид. Албатта ин миќдор нисбат ба афзоиши ањолї хело кам буд. Аллакай њамон солњо барои кишти ѓалла асосан талу теппањо ва заминњои лалмиро муайян мекарданд. Аз ин сабаб њосилнокии ѓалла аз њар гектар 7-10 сентнерро ташкил медоду халос. Ба ѓайр аз пахтакорию ѓаллакорї, дар љумњурї боз чорводорї, истењсоли сабзавоту мева, кирмакпарварї (истењсоли пилла), геранпарварї (геран – анљабир, ки парваришаш дар љумњурї соли 1931 оѓоз гардид), истењсоли тамоку ва ѓайрањо пеш рафтанд. Албатта агар њамон солњо сиёсати ба тарзи зўрї ба хољагињои коллективї љалб намудани дењќонони миёнањол намешуд, барои раќобат, дар баробари хољагињои коллективї, аќалан ќисман хољагињои дењќонони миёнањол нигоњ дошта мешуд, эњтимол пешравї дар кишоварзї боз њам зиёдтар мешуд. Аммо ин бо сиёсати њамон ваќт пеш гирифтаи њизби коммунистї, ки њизби яккањукмрон буд, мувофиќат намекард. Дар соњаи фарњанг, аз њама муваффаќиятњои бузургтарини ин самт, ин саросар саводнок намудани мардум, бунёди мактабу донишкадањои замонавї, китобхонањо, театрњои касбї, филмбардорї, радиошунавої, нашри рўзномаю маљаллањо, китобњо ва ѓайрањо ба њисоб меравад. Албатта, мардуми мо – тољикон то замони Шўравї њам саросар бесавод набуданд. Балки чуноне дар бобњои гузашта таъкид шуд ќисме аз онњо таълими мактабу њатто мадрасаро доштанд. Аммо он давр њамаи ин таълимот дар асоси илмњои динї сурат мегирифтанд. Њол он ки њамон давр њам талабот нисбат ба илмњои дунявї зиёд буд. Бо њамин сабабњо, бо ташаббуси љадидон мактабњои усули нав (љадидї) таъсис гардид, ки дар онњо дар як ваќт илмњои динї ва дунявиро меомўхтанд. Вале њукуматдорони амирї ба чунин мактабњо имконияти фаъолиятро надоданд ва худи љадидонро таъќиб намуданд. Дар замони Шўравї бошад баръакси ин воќеат рух дод. Яъне мактабњои динї, ё худ мактабњои усули кўњна, ки дар назди масљидњо ва мадрасањо фаъолият мекарданд, њама баста шуданд. Мактабу донишкадањои замони Шўравї бошанд танњо илмњои дунявиро таълим медоданд. Аз њама муњимаш таълим дар онњо асосан ройгон буд. Давлат барои мактубу маориф зиёда харљ мекард. Омўзгорон њар лањза ѓамхории давлатро эњсос мекарданд. Аммо дар њамаи љабњањои самти фарњанг дигаргунсозињо дар асоси дар тафаккури одамон љорї намудани танњо таълимоти марксистї – ленинї, аз љумла атеистї (бехудої) ва муборизаи беамон ба муќобили таълимоти динї ва урфу одатњои динию миллї, махсусан таъќиби шахсоне, ки дар њамин самтњо фаъолият доштанд, мегузашт. Нодиртарин дастхату китобњоро маводњои динї њисобида, нест карданд. Биноњои масљиду мадрасањо, ки нишонаеаз фарњангамон ба њисоб мерафтанд, хароб намуданд. Ќабули Конститутсияи Љумњурї. Тољикистон дар як муддати кўтоњ, яъне солњои 1929-1937 се Конститутсияи худро ќабул кард. Аввалин Конститутсия – ин Конститутсияи ЉМШС Тољикистон буд, ки онро апрели соли 1929 анљумани II Шўроњои љумњурї ќабул намуд. Дар он њуќуќу сохторњои замони мухторї акси худро ёфта буд. Баъди тасдиќи Конститутсияи аз тарафи Шўроњои ЉМШС Тољикистон онро бояд анљумани Шўроњои ЉШС Ўзбекистон тасдиќ мекард. Аммо ба ин зарурият намоянд. Зеро, ЉМШС ба ЉШС Тољикистон табдил ёфт. Бинобар ин дар асоси Конститутсияи соли 1924-и Иттињоди Шўравї феврали соли 1931 дар анљумани IY Шўроњои ЉШС Тољикистон Конститутсияи нав ќабул гардид. Акнун дар ин конститутсия њуќуќ ва сохторњои љумњурии иќтисодии Тољикистон акси худро ёфт. Аммо чї Конститутсияи соли 1929 ва чї соли 1931 асосан манфиати синфи коргар ва иттифоќчии он дењќонон, инчунин зиёиёни аз онњо баромадаро њимоя мекард. Ба амалдорони собиќ, руњониён, бойњо ягон хел њуќуќ намедод. Бинобар њамин њам њокимияти сиёсии он давраро ба тарзи умумї «диктатураи пролитариат» меномиданд. Дар миёнаи солњои 30-юм асри ХХ бо амалї гардидани вазифањои сохтмони љамъият сотсиалистї, ба хулосае омаданд, ки дар дохили Иттињоди Шўравї дигар ќуввае вуљуд надорад, ки љамъияти сотсиалистии бунёднамударо барњам дињад. Бо њамин «диктатураи пролетариат» њам гўё вазифаи худро иљро намуд. Бинобар ин 5 декабри соли 1936 Конститутсияи нави ИЉШС ќабул гардид, ки онро «Конститутсияи сотсиализми ѓолиб», ё худ «Конститутсияи Сталинї» њам меномиданд. Ин њуљљат гўё Давлати Шўравиро аз «диктатураи пролетариат» бо давлати умумихалќї табдил дод. Дар асоси њамин Конститутсия 1 марти соли 1937 дар анљумани YI Шўроњои ЉШС Тољикистон Конститутсия (ќонуни асосї) - и нави љумњурї ќабул гардид. Консатитутсияи нав барои њамаи шањрвандон њуќуќи баробар ва овоздињии махфиро дод. Ин Конститутсия ѓалабаи сотсиализмро ќонунї гардонида, давлатро давлати сотсиалистии синфии коргару дењќонон номид. Инчунин эълон кард, ки асоси иќтисодии мамлакатро низоми хољагии сотсиалистї ва моликияти сотсиалистї будани воситањои истењсолот ташкил менамояд. Мувофиќи банди 13-уми он таъкид мегардид, ки ЉШС Тољикистон ихтиёран ба њайати ИЉШС дохил мешавад ва мувофиќи банди 14 ЉШС Тољикистон њуќуќи озодона аз ИЉШС баромаданро нигоњ медошт. Соли 1939 дар ЉШС Тољикистон ислоњоти маъмурї гузаронида шуд ва дар натиљаи он аз таќсимоти округї ба шакли вилоятї гузаштанд. Он ваќт љумњурї аз вилоятњои Сталинобод, Ленинобод, Ѓарм ва Кўлоб иборат буд. §6. Вазъи сиёсї ва оќибатњои таъќиботи сталинї дар шароити Тољикистон Чуноне дар бобњои гузашта таъкид шуд, баъди бунёди тартиботи Шўравї дар тамоми њудуди мамлакати Шўроњо њизбњои коммунистї яккањукмрон гардиданд. Њамин гуна њолат дар замони мављудияти љумњурии мухтории Тољикистон њам хос буд. Аммо дар он давр дар корњои идоракунии љумњурињо, аз љумла љумњурињои Шўравии Осиёи Миёна, нуфузи њизбњои коммунистї њанўз заифтар, баръакс нуфузи вазифаи раиси Кумитаи Инќилобї (ревком), баъдтар раиси Кумитаи Иљроияи Марказї (КИМ) ва њатто раиси Шўрои Комиссарони Халќ (ШКХ) сернуфузтар ба њисоб мерафтанд. Њамин гуна њолат тамоми солњои 20-уми асри ХХ хос буд. Агарчанде, аз нимаи дуюми он солњо масъалагузорї оиди њаёти иќтисодї ва фарњангї мамлакат асосан аз тарафи анљуманњои њизби коммунистї пешкаш мегардид, вале нуфузи органњои ќонунгузору иљроия дар корњои идоракунї, то андозае бештар буд. Аммо аз аввали солњои 30-юмнуфузи њизби коммунистї нисбатан зиёдтар гардид. Аз љумла, моњи марти соли 1931, бо тавсияи њизби коммунистии (болшевикии) Умумииттифоќї барои њизби коммунистии (болшевикии) Тољикистон вазифаи котиби сеюм љорї карда шуд. Ба ўњдаи он махсусан њолати иљроиши супоришњои њизби коммунистии (болшевикии) Умумииттифоќиро гузошта буданд. Бо чунин воситањо мутасаддиёни њизбию давлатии Иттифоќ фаъолияти сарварони љумњурињои Иттифоќро сахт назорат мекарданд. Њар амалдореро, ки хусусиятњои миллии халќи худро ба инобат гирифтанї мешуд, минбаъд бо тўњматњои «миллатчї», ё худ «пайравони унсурњои буржуазї» таъќиб менамуданд. Аз љумла 5 декабри соли 1933 кумитаи марказии њизби коммунистии (болшевикии) Умумииттифоќ, гўё вазъи Тољикистонро муњокима намуда, нисбати сарварони он, раиси Кумитаи иљроияи Марказї (КИМ) Нусратулло Махсум ва сарвари Шўрои Комиссарони Халќ (ШКХ) Абдурањим Њољибоев њамин тавр хулоса бароварда буд. Бинобар ин 23-25 декабри он сол пленуми якљояи кумитаи марказии њизби коммунистии (болшевикї) ва КИМ – и Тољикистон фаъолияти сарварони љумњуриро «муњокима» намуда, хулоса баровард, ки онњо гўё «аз роњи нишондодаи њизб баромада», онро нодуруст амалї кардаанд ва дар амал гўё «дар зери таъсири унсурњои бегонаи бою кулакњо мондаанд». Дар натиљаи ин «гуноњњо» онњо сараввал аз њизб хориљ ва аз вазифаашон озод, баътар суд ва њар ду соли 1938 ќатл гардиданд. Январи соли 1934 котиби аввали кумитаи марказии њизби коммунистии (болшевикии) Тољикистон Мирзо Гусейновро (ў озорї буд) низ, ки ба ин вазифа 25 ноябри соли 1929 интихоб гардида буд, бо «кори Нусратулло Махсум ва Абдурањим Њољибоев» аз вазифа озод карданд. Январи њамон сол Абдуќодир Муњиддиновро низ, ки вазифањои масъулро дар љумњурињои Бухоро ва Тољикистон ба дўш дошт, њабс, суд ва ќатл намуданд. Январи соли 1934 бо тавсияи кумитаи марказии њизби коммунистии (болшевикии) Умумииттифоќї, котиби якўми кумитаи марказии њизби коммунистии (болшевикии) Тољикистон Г.И. Бройдо гардид. Раиси њукумати (ШКХ) љумњурї Абдулло Рањимбоев таъин шуд. Вале Бройдо охири њамон сол аз вазифааш озод карда шуд ва ба љояш аз Москва С.К. Шадунусро фиристоданд. Ў мутахассиси соњањои обёрї ва пахта буд, бинобар ин то аз вазифа рафтанаш (декабри соли 1936) барои инкишофи пахтакорї корњои зиёде кардааст. Моњи январи соли 1937 котиби якуми кумитаи марказии њизби коммунистии (болшевикии) Тољикистон Ўрунбой Ашуров, ки аз оилаи дењќони камбаѓали тољик баромадааст, таъин гардид. Ў аз коргари оддии њуруфчин то ба вазифаи сарвари њизб расида, таљрибаи бой пайдо карда буд. Вале вай њам худи њамон сол ќурбони таъќибот шуд. Ба љойи А.Ашуров аз Москва Д.З. Протопопов фиристода шуд ва ў то соли 1945 сарварии њизби коммунистии Тољикистонро ба ўњда дошт. Вай дар кори нест кардани кадрњои намоёни љумњурї хизматњои «бузург» кардааст. Мањз дар замони роњбарии ин шахс нисбати кадрњои намоёни љумњурї маќолањои тўњматангез бештар нашр гардиданд ва онњо барои «љазо» додани шахсони барояшон нолозим дастак шуданд. Яке аз ќурбоншудагони замони ў Шириншоњ Шоњтемур мебошад, ки аз соли 1929 то соли 1932 сараввал котиби масъул, баъд котиби дуюми кумитаи марказии њизби коммунистии (болъшевикии) Тољикистон, аз соли 1933 то 1937 сарвари КИМ ЉШС Тољикистон ва яке аз раисони КИМ ИЉШС буд. Ўро низ бо тўњмати иштирок доштан дар ташкилотњои миллатчигии зиддишўравї њабс, худи њамон сол суд ва ќатл намуданд. Танњо дар як рўзи 22 октябри соли 1937 аз љумлаи роњбароин љумњурї: А. Рањимбоев, А. Мавлонбеков, М. Ќурбонов, Ў. Ашуров, И. Исмоилов, С. Абдуллоев ва Х. Боќиев аз вазифаашон озод, баъд суд ва ќатл гардидаанд. Умуман шумораи чунин љазодидагон на танњо аз љумњурии Тољикистон, балки аз тамоми Иттифоќ хеле зиёданд. Бо сабаби он ки Сталин дар њамон давр сарварии њизби коммунистии (болшевикии) Умумииттифоќиро ба ўњда дошт, ў аз муваффаќиятњои ба даст даровардаи мамлакат саргарм шуда, дар њаќиќат дар солњои 30-уми асри ХХ нисбати раќибони худ сиёсати љазодињї - несткуниро пеш гирифта буд. Бинобар њамин њам љазодињии он давр дар таърих «љазодињї» ё худ «таъкиботи сталинї» ном гирифтааст. Минбаъд ќариб њамаи шахсони дар он давр ноњаќ љазо гирифта, сафед карда шуданд. БОБИ XVIII. Тољикистон дар солњои Љанги Бузурги Ватанї ва азнавбарќароркунии баъдиљангї (солњои 1941 – 1950) §1. Оѓози љанги дуюми љањон ва Љанги Бузурги Ватанї Оѓози љанги дуюми љањон. Њарчанд љанги якўми љањон соли 1918 ба итмом расида буд, вале вазъи љањон бењтар нагардид. Минбаъд, на танњо душмании давлатњои бузурги капиталистии љањон бо Иттињоди Шўравї, ки Тољикистон низ аъзои он буд, сол аз сол боло гирифт, балки зиддияти байни худи давлатњои бузурги капиталистї њам дар ављ буд. Фашистон, ки соли 1922 дар Италия ва соли 1933 дар Олмон ба њокимият соњиб шуда буданд, рўйрост ташвиќоти љанги нави љањониро мебурданд. 25 ноябри соли 1936 давлатњои Олмон ва Япония «иттифоќи зиддикоммунистї» - ро имзо карданд, ки он ба муќобили њаракати коммунистии љањон нигаронида шуда буд. Соли 1937 ба он Италия низ њамроњ шуд. Њукуматдорони њамонваќтаи Англия, Франсия, ИМА ва ѓайра мехостанд, ки Олмони фашистї њар чї зудтар љангро бо Давлати Шўравї сар кунад. Зеро, руњияи бадбинии онњо нисбат ба Иттињоди Шўравї хеле зиёд буд. Бо њамин маќсад, сарварони њукуматњои Англия, Франсия ва Италия 29 – 30 сентябри соли 1938 дар шањри Мюнхен бо канслери Олмон - Гитлер во хўрда, ба ў вилояти Судети давлати Чехословакияро «тўњфа» карданд, ки ин воќеа дар таърих њамчун «сўиќасди Мюнхен» маълум аст. Аммо 15 марти соли 1939 Гитлер тамоми Чехословакияро забт намуд. Августи соли 1939 Иттињоди Шўравї бо Олмони фашистї «Шартнома дар бораи ба муќобили якдигар њуљум накардан»-ро имзо кард. Он њуљљат дар ваќте имзо гардид, ки дар Москва њанўз гуфтушуниди Иттињоди Шўравї бо давлатњои Англия ва Франсия, оиди шартномаи дарозмуддати њамкорї дар ќитъаи Аврупо, њангоми њуљум ба муќобили яке аз ин давлатњо, ба итмом нарасида буд. Яъне, хусумате, ки тарафњо нисбати якдигар доштанд, њамон лањза онњоро нагузошт, оиди таќдири ќитъаи Аврупо њамфикр бошанд. Мувофиќи банди иловагї ва махфии шартномаи байни Иттињоди Шўравї ва Олмони фашистї, онњо дар ќитъаи Аврупо «њудуди нуфузи» худро муайян карданд. Ин банд, ки дар таърих бо номи вазирони корњои хориљии њар ду давлат - Иттињоди Шўравї ва Олмон - «Пакти Молотов - Рибентроп» маълум аст, моњиятан муќобили сиёсати пешгирифтаи Иттињоди Шўравї ва идеологияи коммунистї буд. То 1 сентябри соли 1939 аксарияти давлатњои Аврупо аллакай ба зери таъсири фашистони Олмон монда буданд. Минбаъд тамоми иќтисодиёт ва иќтидори њарбии ин давлатњо ба манфиати Гитлер ва маќсадњои забткоронаи ў фаъолият мекарданд. 1 сентябри соли 1939 Олмони фашистї ба муќобили Лањистон (Полша) љанг сар кард. Лањистон бо Англия ва Франсия иттифоќчї буд. Бинобар ин њукумати ин давлатњо 3 сентябри он сол ба муќобили Олмони фашистї љанг эълон карданд. Њамин тавр љанги дуюми љањон сар шуд, ки он то 2 – юми сентябри соли 1945, яъне мањви иттифоќчии Олмони фашистї – Япония давом кард. Дар ин љанг 72 давлатњои љањон иштирок намуданд, ки дар сафи ќуввањои мусаллањашон 110 млн нафар сарбозон сафарбар карда шуда буданд. Амалиёти љангї бошад дар њудуди 40 давлатњои љањон мегузашт. Чорабинињои Иттињоди Шўравї барои мустањкам намудани иќтидори мудофиавии худ. Сарварони Иттињоди Шўравї, новобаста аз мављуд будани шартнома бо Олмон (дар бораи ба њамдигар њуљум накардан), боварии комил доштанд, ки дер ё зуд мамлакати Шўравї њам ба ин љанг кашида хоњад шуд. Бинобар ин Њукумати Шўравї аз вазъият истифода бурда, барои мустањкам кардани сарњадоти давлатї ва кувваи мудофиавии мамлакат шурўъ намуд. 7 марти соли 1938 ќарори КМ ЊК (б) Умумииттифоќї ва СКХ ИЉШС дар бораи ба хизмати њарбї даъват намудани шањрвандони љумњурињои миллї баромад. Ин њоло даъвати умумї набуд. Аз Тољикистон тахминан 20% - и сафарбаршавандагон ба хизмат фиристода шуданду халос. 1 сентябри соли 1939 дар Иттињоди Шўравї Ќонун «Дар бораи хизмати умумии њарбї» ќабул гардид. Мувофиќи он тамоми шањрвандон аз синни 15 то 50 сола ба хизмати њарбї даъват карда мешуданд. Дар ин сол, дар Тољикистон љавонон бори нахуст ба тарзи умумї ба сафи аскарони сурх сафарбар карда шуданд. Барои иљро намудани талаботњои ин ќонун дар љумњурињо, вилоятњо ва шањрњо коммисариатњои њарбї ташкил гардиданд. 26 июни соли 1940 укази раёсати Шўрои Олии ИЉШС «Дар барои гузаштан ба рўзи кори њаштсоата, њафт рўзи корї дар як њафта ва манъи аз ташкилотњо ва корхонањо ихтиёран рафтани коргарон ва хизматчиён» баромад. Дигар њамин гуна указ оиди трактористњо, комбайнёрњо ва кормандони ИМТ-МТС бароварда шуд. Роњбарияти Иттињоди Шўравї, низ аз вазъи ба амаломада истифода бурда, њамон банди махфии шартнома бо Олмони фашистиро ба манфиати худ амалї карданд. 17 сентябри соли 1939 Давлати Шўравї заминњои Ѓарбии Украина ва Ѓарбии Белорусияро, ки давлати Лањистон (Полша) онњоро соли 1920 забт карда буд, ба ихтиёри худ даровард ва ин заминњоро ба љумњурињои иттифоќии Украина ва Белоруссия њамроњ намуд. Августи соли 1940 мардуми «исёнбардошта» - и љумњурињои Назди Балтика, бо кўмаки аскарони сурх, њукумати буржуазии худро сарнагун карданд. Дар натиља, њамон моњ дар њудуди Эстония, Латвия ва Литва тартиботи шўравї барпо карда шуд ва онњо њамчун љумњурињои иттифоќї ба њайати Иттињоди Шўравї дохил шуданд. Масъалаи сарњадии байни Иттињоди Шўравї ва давлати Финландия яке аз масъалањои душвортарин ба њисоб мерафт. Иттињоди Шўравї аз давлати Финляндия талаб кард, ки хати сарњадии худро аз шањри Ленинград (њозира Санкт – Петербург), ба дохили мамлакати худ дуртар барад. Зеро, њангоми амалиётњои љангї, ин шањри барои Шўравињо муќаддасро аз њудуди Финляндия бо тўпњои дурзан ба нишон гирифтан мумкин буд. Давлати Шўравї тайёр буд, ба ивази заминњои гузашткардаи Финляндия, аз њудуди Корелияи Шўравї зиёдтар замин гузашт намояд. Њукумати Финляндия ба ин розї нушад. Нињоят, 30 ноябри соли 1939 бањси сарњадии байни Иттињоди Шўравї ва Финляндия ба љанги байни онњо оварда расонид. Дар њамин љанг фарзанди халќи тољик Неъмат Ќарабоев шуљоат нишон дода, на танњо аз фиристодагони Тољикистон, балки аз тамоми љумњурињои Осиёи Миёна аввалин шуда, ба гирифтани унвони баланд – Ќањрамони Иттињоди Шўравї сарфароз шуд. (Укази раёсати Шўрои Олии ИЉШС дар ин бора 21 марти соли 1940 баромада буд). Дар ин љанг давлати Финляндия маѓлуб гардид. Мувофиќи шартномае, ки дар байни Иттињоди Шўравї ва Финляндия 12 марти соли 1940 имзо намуданд, хати сарњадиро аз шањри Ленинград 150 км. дуртар партофтанд. Охири соли 1940 аскарони сурх Бессаробияро ба даст дароварданд ва онро ба љумњурии мухтории Малдавия њамроњ намуданд. Дар натиљаи он Малдавия аз љумњурии мухторї ба љумњурии иттифоќї табдил ёфта, бевосита ба Иттињоди Шўравї хамроњ шуд. Њамин тавр, Иттињоди Шўравї, баъди оѓози љанги дуюми љањон, ба «пакти Молотов - Риббентроп» такя намуда, солњои 1939 – 1940 на танњо њудуди худро васеъ намуд ва ањолиаш зиёдтар гардид, балки вазъи стратегии худро дар Ѓарб каме бењтар намуд. Оѓози љанги бузурги ватанї. Сањарии 22 июни соли 1941 Олмони фашистї, бе эълони љанг, ањдшиканона ба њудуди Иттињоди Шўравї њуљум кард. Худи њамон рўз иттифоќчиёни он, давлатњои Италия, Финляндия, Венгрия ва Руминия њам ба Иттињоди Шўравї љанг эълон карданд. Якбора ба муќобили Иттињоди Шўравї ќувваи хело бузурги душман: 190 дивизияи иборат аз 5,5 млн нафар аскар ва афсарон, 3,7 хазор адад танк, ќариб 5 њазор адад самалиётњои љангї, зиёда аз 47 њазор адад тўп ва минамётњо нигаронида шуда буд. Душман, аз бањри Сиёњ то бањри Балтик якбора ба њуљум гузашт. Яъне Олмони фашистї на танњо иќтидори њарбии худ ва иттифоќчиёнаш, њатто ќувваи давлатњои забтнамудаашро низ ба муќобили Иттињоди Шўравї равона кард. Аммо Иттињоди Шўравї барои якбора баргардонидани чунин ќувваи бузурги душман њанўз пурра омода набуд. Зеро, њарбикунонии мамлакат, ки соли 1939 сар шуда буд, њанўз ба итмом нарасида буд. Махсусан, хатти сарњадии он мулкњое, ки солњои 1939 – 1940 ба ихтиёри Иттињоди Шўравї гузаштанд, њанўз пурра мустањкам набуданд. Роњбарияти њамонваќтаи Иттифоќ боварї доштанд, ки Олмони фашистї таќдири давлати Англияро пурра њал накарда, ба муќобили Иттињоди Шўравї љанг сар намекунад. Бо њамин сабаб ба хабарњои агентурї, оиди мўњлати њуљуми ногањонии фашистон, ки хело гуногун ва зиёд буданд, кам ањамият медоданд. Ба ѓайр аз њамаи ин «тозакунии» сарварони ќисмњои аскарони сурх, ки миёнаи солњои 30 – юм сар шуда буд, њанўз идома дошт. Дар натиљаи ин чорабинї, бо њар гуна тўњматњо як ќисми афсарону генералњо, њамчун «душмани халќ» нест карда шуданд, ки ин ба омодагии ќобилияти љангии аскарони сурх таъсири манфї расонида буд. Новобаста ба њамаи ин, дар њамон лањзаи хело мураккаб мустањкамии иттифоќи байни халќњои Шўравї исбот гардид. Зеро, њамаи онњо њуљуми душманро ба хона – ватани худ њисобида, якбора барои мудофиаи он бархестанд. Аз њамин сабаб њам ин љанг аз тарафи мардуми Шўравї Љанги Бузурги Ватанї ба њисоб меравад. |