Главная страница
Навигация по странице:

  • Матбуот ва нашри китобњо.

  • Корњои фарњангию равшаннамої.

  • Гузаштан ба алифбои лотинї.

  • §4. Мубориза ба муќобили ќуввањои зиддишўравї Чорањои зарурї барои пешгирии њаракати зиддишўравї.

  • Зарбањои ќатъи ба муќобили ќуввањои Иброњимбек.

  • Охирин њуљуми Фузайл Махсум.

  • §5. Ташкилёбии Љумњурии Шўравии сотсиалисти Тољикистон МШС Тољикистон дар њайати ЉМШС Ўзбекистон.

  • Таъсиси округи Хуљанд ва ба ЉМШС Тољикистон њамроњ намудани он.

  • Таъсиси Љумњурии Шўравии сотсиалистии Тољикистон.

  • Эъломия дар бораи ба Љумњурии Шўравии сотсиалистии Тољикистон

  • БОБИ XVII. Тољикон дар давраи дигаргунсозињои сиёсї, иљтимоию иќтисодї ва фарњангии солњои 1929 - 1941

  • апа. ТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01.. Намоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов


    Скачать 3.71 Mb.
    НазваниеНамоз отамов, Давлатхоа ДовудЇ, Сайфулло МулЛоонов, маъруф исоматов
    Дата10.10.2022
    Размер3.71 Mb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаТХТ. Хотамов, Давлатхоча, Сайфулло. Маъруф. нусхаи охирон 28.01..doc
    ТипДокументы
    #724565
    страница37 из 57
    1   ...   33   34   35   36   37   38   39   40   ...   57
    §3. Дигаргунсозињо дар њаёти фарњангї
    Маориф. Новобаста аз он ки дар њудуди љумњурии мухтории Тољикистон то соли 1925 њам дар соњаи маориф баъзе чорањои зарурї андешида шуд, вале натиљааш назаррас набуд. Аз љумла, дар соли тањсили 1925/26 дар мактабњои шўравї њамагї 3% толибилмон тањсил мекарданду халос. Њол он ки дар соли 1925 дар њудуди Тољикистон 1677 адад мактабњои усули кўњна амал мекарданд.

    Декабри соли 1926 анљумани 1 муассисони Шўроњои Тољикистон, дар ќатори дигар њуљљатњо чуноне таъкид гардид, эъломияро «Дар бораи љорї намудани таълими умумии мењнаткашон» ќабул кард. Бо маќсади амалї намудани ин эъломия њукумати љумњурї диќќати асосиро ба ташкил намудани мактабњои нав, таъмини онњо ба омўзгорон ва љалби љавонон ба чунин мактабњо равона кард. Дар ин роњ танњо бо корњои ташвиќотї мањдуд нашуда, ба оилањое, ки фарзандонашон дар мактабњои шўравї тањсил мекарданд, ќарзи имтиёзнок медоданд, онњоро дар муддати як сол аз андози ягонаи кишоварзї озод менамуданд ва ѓайрањо. Дар чунин мактабњо ба фарзандони коргарон ва камбаѓалон бе пул либос, пойафзол, хўроки пагоњирўзї ва нисфирўзї медоданд. Дар натиљаи ин чорабинињо шумораи мактабњои шўравї ва талабагони онњо пай дар пай меафзуданд. Чунончї, агар соли тањсили 1924/25 миќдори умумии мактабњои шўравї 31 адад ва шумораи талабагони онњо 904 нафарро ташкил дода бошанд, пас соли тањсили 1928/29 миќдори ин гуна мактабњо ба 317 адад ва шумораи талабагонашон ба 12325 нафар расид. Вале ин миќдор њам нисбат ба мактабњои кўњна хеле кам буданд. Ин њама гувоњи он аст, ки майли падару модарон њанўз њам бештар ба мактабњои усули кўњна нигаронида шудааст. Албатта бо чунин њолат амалдорони шўравї муросо карда наметавонистанд. Бинобар ин соли 1929 дар њудуди љумњурї мактабњои усули кўњнаро барњам доданд. Бо љои онњо мактабњои шўравї бунёд карданд.

    Мањви бесаводї. Барои дар байни мардум барњам додани бесаводї мактабњои мањвї бесаводї ањамияти махсус доштанд, ки онњо махсус барои калонсолон ташкил карда мешуданд. Агар дар љумњурї соли 1925-26 миќдори чунин мактабњо – 63 адад ва шумораи толибилмон – 1496 нафар бошанд, пас дар соли тањсили 1927-28 миќдори чунин мактабњо ба 271 адад ва шумораи толибилмони онњо ба 7400 нафар расиданд. Соли 1928 дар љумњурї њатто љамъияти «Нест бод бесаводї» бунёд гардид.

    Тайёр намудани кадрњо. Барои њукумати љумњурии мухтории Тољикистон масъалаи тайёр намудани кадрњои мањаллї, чї барои идорањои мањаллї ва чї барои мактабњо, аз љумлаи вазифањои муњимтарин ба њисоб мерафтанд. Бинобар ин, чуноне аллакай таъкид гардид, њанўз 31 декабри соли 1924, бо ќарори Кумитаи Инќилобии ЉМШС Тољикистон дар шањри Тошкент Донишкадаи маорифи Тољикистон таъсис ёфта буд. Дар ин донишкада соли 1924 – 130 нафар ва соли 1926 – 171 нафар фиристодагони Тољикистон тањсил мекарданд. Дар соњаи тайёр намудани кадрњо дар худи љумњурї њам баъзе чорањо андешида шуд. Аз љумла, моњи июни соли 1925 дар Душанбе курси семоњаи муаллимтайёркунї кушода шуд. Августи он сол ин курсро аввалин 25 нафар тољикон хатм карданд. Дар як ваќт дар Душанбе курсњои хољагидорї њам фаъолият мекарданд. Тирамоњи он сол курси семоњаи муаллимтайёркунї ба курси то шашмоњаи доимамалкунанда табдил дода шуд. Соли 1928 курсњои муаллиматйёркунї, ба ѓайр аз Душанбе , боз дар Истаравшан, Ѓарм ва Ќўрѓонтеппа таъсис ёфтанд. Дар Душанбе инчунин курси муалллимтайёркунии занона ташкил карда шуд. Барои тољикони Истаравшан ва Панљакент дар Самарќанд курси муаллимтайёркунї, аз љумла занона низ вуљуд дошт.

    18 сентябри соли 1926 дар бораи таъсиси техникуми омўзгории Тољикистон ќарор ќабул гардид. Ноябри соли 1927 техникуми омўзгории занона низ таъсис ёфт. Дар соли тањсили 1928/29 дар љумњурї се техникуми омўзгорї фаъолият мекарданд, ки дар онњо 360 нафар донишљўён тањсил менамуданд.

    Бегуфтугў, љумњурии мо дар он солњои душвор дар масъалаи тайёр намудани кадрњо њам кўмаки љумњурињои иттифоќиро медид. Танњо солњои 1927/1928 барои тањсил, берун аз љумњурї, аз љумла ба шањрњои Москва, Ленинград ва ѓайра 486 нафар љавонон фиристода шуданд. Инчунин, аз Федератсияи Русия, махсусан аз вилоятњои Бухоро, Самарќанд ва ѓайра кадрњои зиёд ба љумњурии мухтории Тољикистон ба кор омаданд.

    Матбуот ва нашри китобњо. Барои бунёд ва мустањкам намдуни тартиботи нав матбуот зарур буд. Аз 15 марти соли 1925 дар Душанбе рўзномаи «Иди тољик» нашр гардид. Баъди чанде ин рўзнома номи «Бедории тољик», аз 8 октябри соли 1928 номи «Тољикистони сурх» - ро гирифт. Аз соли 1925 газетаи русии «Советский Таджикистан», аз соли 1926 маљаллаи «Дониш ва омўзгор», маљаллаи њаљвии «Ширинкор», аз августи соли 1927 маљаллаи «Роњбари дониш» нашр шуданд.

    Барои нашри китобњо, махсусан китобњои дарсї, 7 октябри соли 1925 бунёд гардидани Нашриёти давлатии Тољикистон ањамияти махсус дошт. Дар он аз љумлаи аввалинњо китоби алифбо бо номи «Бањори дониш», хрестоматия бо номи «Калиди дониш» ва ѓайрањо нашр гардиданд.

    Корњои фарњангию равшаннамої. Дар баробари нашри рўзномаю маљалла ва китобњо, барои бунёди китобхонаю чойхонањои сурх низ диќќати љиддї дода мешуд. Соли 1927 дар њудуди љумњурии мухторї 11 китобхона, 32 клубу чойхонањои сурх ва 9 нуќтањои кинонамоишдињї амал мекарданд. Аз октябри соли 1928 дар Душанбе аввалин бор шунавонидани радио оѓоз гардид.

    Илм. Аввали соли 1925 дар соњаи аз нуќтаи назари илмї омўхтани љумњурї ќадами нахустин гузошта шуд. 9 январ дар Тошканд «Љамъияти омўзиши Тољикистон ва халќиятњои эронинажоди берун аз он» ташкил ёфт. Ба њайати он олимони номии њамон давр А.А. Знаменский, Н.Л. Корженевский, А.А. Семёнов, М.С. Андреев ва дигарон дохил буданд. Аз тарафи онњо очеркњои илмї оид ба таърих ва мардумшиносии тољикон, дар бораи њаёти набототу њайвонот, иќлим, роњњо, иќтисодиёт ва ѓайра нашр гардиданд. Феврали соли 1926 дар Тошкент Бюрои иќтисодии Осиёмиёнагї оид ба Тољикистон таъсис ёфт, ки вазифааш омўхтани ќуввањои истењсолии љумњурї ба њисоб мерафт. Соли 1927 аз тарафи олимони Донишгоњи давлатии Осиёимиёнагї эъзомияи ботаникї ба Помир – Кўњистони Бадахшон фиристода шуд. Соли 1928 дар ин љо эъзомияи Помир бо сарварии Д.И. Щербаков ва эъзомияи умумии (комплексии) Тољикистонии АИ ИЉШС (СССР) бо сарварии А.Е. Ферсман фаъолият намуданд Соли 1928 бо сарварии академик Е.Н. Павловский эъзомияи паразитарии Осиёимиёнагї ташкил карда шуд, ки онњо дар њудуди љумњурї беморињои зиёди сиряткунандаро омўхтанд. Дар асоси пешнињоди онњо дар Душанбе нуќтаи муайянкунї ва табобати бемории табларза кушода шуд.

    Бо маќсади инкишоф додани кишоварзї нуќтањои зиёди таљрибавї бунёд карда шуданд. Аз љумла, соли 1929 нуќтаи таљрибавии Пажуњишгоњи илмї – тадќиќотии Умумииттифоќї оид ба пахта ташкил карда шуд, ки он ба кашфи навъњои нави пахта, махсусан навъи мањиннах машѓул буд.

    Адабиёт. Дар нимаи дуюми солњои 20- уми асри ХХ чунин адибон, ба монанди С.Айнї, А. Лоњутї, П. Сулаймонї, М. Рањмиї ва дигарон бо асарњои худ машњур гардидаанд. Махсусан, соли 1926 аз тарафи С. Айнї нашр гардидани «Намунаи адабиёти тољик» ањамияти бузурги сиёсї дошт. Зеро, С. Айнї бо ин асари худ соњиби адабиёт ва фарњанги ќадима будани тољиконро исбот намуда, ба душманони миллати тољик, махсусан туркпарастону узбекпарастон зарбаи ќатъї зад. Ба ѓайр аз ин соли 1927 повести «Одина», соли 1928 романи «Дохунда» - и С. Айнї нашр гардид. Соли 1926 маљмўаи шеърњои А. Лоњутї бо номи «Адабиёти сурх» баромад. Мањз дар њамин давр аввалин асарњои адибони љавон Ч. Икромї («Ширин»), А. Дењотї («Њамидаи бадбахт») ва ѓайра нашр гардиданд.

    Санъат. Дар давраи мухторият мувофиќи талаби замон жанрњои гуногуни санъат ташаккул меёфт. Соли 1928 дар Душанбе мактаби мусиќї, соли 1929 дар Хуљанд техникуми мусиќї ташкил ёфт. Мањфил ва театрњои гуногун фаъолият мекарданд. 7 ноябри соли 1929 дар Душанбе бо намоиши идона театри давлатии Тољикистон ба кор шурўъ кард. Аввалин директор ва режесёри он Њомид Мањмудов буд. Октябри соли 1929 аввалин киножурнал намоиш дода шуд, ки он аз хусусї ба Душанбе омадани аввалин поезд наќл мекард.

    Гузаштан ба алифбои лотинї. Гузаштан ба алифбои лотинї ин хоњиши тољикон, ё худ аќалан таклифи ягон нафар роњбари тољикистонї набуд. Балки ин наќшаи роњбарияти њизби коммунистии (болшевикии) Русия, баъд Умумииттифоќї ба њисоб мерафт. Зеро, мувофиќи аќидаи тарафдорони инќилоби пай дар пай (пермаментї), баъди инќилоби Октябр бояд дар тамоми љањон инќилоби сотсиалистї ѓалаба мекард ва он гоњ алифбои умумї – љањонї гўё зарур мешавад. Ба хулоса омада буданд, ки чунин алифбо бояд алифбои лотинї шавад. Мувофиќи наќша бояд Федератсияи Русия њам ба ин њуруф мегузашт. Бинобар ин роњбарияти њизбї ва њукумати иттифоќї, ба роњбарияти љумњурии мухтории Тољикистон супориш дода буданд, ки дар ќатори љумњурињои туркзабони Иттифоќ ин наќшаро амалї намоянд.

    Моњи январи соли 1927 дар Самарќанд Кумитаи истилоњоти алифбои тољикї таъсис ёфт ва соли 1928 дар љумњурии мухтории Тољикистон гузаштан ба њуруфи лотинї оѓоз гардид. Аллакай соли 1930 наќшаи гузариш ба алифбои лотинї пурра иљро гардид. Яъне, дар ин сол тамоми њуљљатњои коргузорї ва мактабњо ба њуруфи лотинї гузаронида шуданд.
    §4. Мубориза ба муќобили ќуввањои зиддишўравї
    Чорањои зарурї барои пешгирии њаракати зиддишўравї. Дар њудуде, ки љумњурии мухтории Тољикистон бунёд гардид, ханўз ќуввањои зиддишўравї хеле зиёд буданд. Аввали соли 1925 онњо аз 46 дастањои гуногун иборат буда, дар сафи худ тахмин 1400 нафар љанговаронро доштанд. Маќсади њукумати љавони љумњурї дар чунин њолати душвор аз он иборат буд, ки пеши роњи њаракати навбатии зиддишўравиро гирад. То ин ки аз як тараф дастањои нав ба ин њаракат њамроњ нашаванд ва аз тарафи дигар, бо роњњои фањмондадињї њар чї бештар мардумро аз ин њаракат ба тарафи љамъияти нав - Шўравї љалб намоянд.

    5 феврали соли 1925 Кумитаи Инќилобии ЉМШС Тољикситон ба ќуввањои зиддишўравї мурољиат намуда, онњоро даъват кард, ки фавран аз мубориза даст кашанд. Ба онњое, ки то 18 июни он сол ихтиёран ба тарафи Њокимияти Шўравї мегузаранд, авф эълон карда шуд. Ба бечорагон њар гуна кўмакро ваъда доданд. Аммо он сол дар љумњурї хушксолї, гуруснагї ва барањнагї мушоњида мешуд. Вазъи худи Давлати Шўравї њам аз љињати хўрокворї душвор буд. Бинобар ин наќшаи ба љумњурии мухтории Тољикистон фиристодани хўрокворї иљро нагардид. Албатта худи љумњурї аз чунин њолат бо осонї баромада наметавонист. Њукумати Иттињоди Шўравї чунин њолати љумњурии мухтории Тољикистонро ба инобат гирифта, илова ба буљаи муайяншуда, боз 980 њазор сўм људо кард. Илова ба њамаи ин дењќононро дар муддати ду сол аз супоридани андози кишоварзї озод карданд, ќарзњои пештараро бахшиданд. Новобаста аз душворињо, ба мардум, ба ќадри имкон ѓалла барои хўрока ва тухмї, инчунин ќарзи пулї дода шуд. Ин чорабинињо гарчанде ночиз буданд, вале тавонистанд, ки ќуввањои зиддишўравиро то андозае аз дастгирии васеи мардум мањрум созанд.

    Зарбањои ќатъи ба муќобили ќуввањои Иброњимбек. Дар љумњурии мухтори Тољикистон аввали соли 1925, дар баробари чорањои зарурї, барои пешгирии њаркати зиддишўравї, барои задани зарбаи ќатъї ба муќобили ќуввањои мављудаи онњо омодагињо андешида шуд. Аз љумла 12 апрели соли 1925 Кумитаи инќилобии ЉМШС Тољикистон дар њудуди вилоятњои Душанбе, Ќўрѓонтеппа ва Кўлоб њолати њарбї эълон кард. Ба ташкилотњои маъмурияти сиёсии давлатї (ГПУ) ва шўъбањои махсуси ќисмњои њарбї њуќуќи нисбати иштирокчиёни њаракати зиддишўравї ва пайравони онњо дидани чорањои ќатъї, аз љумла, бе суд, то љазои ќатлро дода буд. Мањз њамин ташкилотњо аз чунин њуќуќњои номањдуди худ истифода бурда, дар ќатори иштирокчиёни њаракати зиддишўравї, одамони зиёди бегуноњро низ ќатл намуданд. Баъди он ки 18 июни соли 1925 мўњлати авф ба охир расид, ќарор карда шуд, ки њамаи дастгиршудагони њаракати зиддишўравї ба суди трибунали њарбї ё худ иљлосияи сањроии Суди Олї супорида шаванд. Онњое, ки бо аслиња дастгир мешуданд, бе суд, дар љояшон парронда мешуданд. Ќуввањои њарбї, яъне ќисмњои аскарони сурх, ки дар хоки љумњурї буданд (аз љумла корпуси 13 – уми тирандозї, ки дар водии Вахш љойгир буд), дар њолати омодабош ќарор доштанд.

    Дар байни ќувввањои зиддишўравї хавфноктарин ќуввањои Иброњимбек њисоб карда мешуд. Худи ў асосан дар дењаи Лаќай (њоло шањрчаи Сомониён) ќарор дошт. Бинобар ин вай њар лањза метавонист ба Душанбе – пойтахти љумњурї тањдид кунад. Бо њамин сабаб ќарор карда шуд, ки ќуввањои асосии аскарони сурх мањз ба муќобили Иброњимбек равона карда шаванд. Инак, бањори соли 1925 амалиёти љангии ќисмњои аскарони сурх ба муќобили дастањои Иброњимбек сар шуд. Ин зарбаи аввали ќисмњои аскарони сурх ба муќобили дастањои Иброњимбек ба њисоб меравад.

    Ќуввањои асосии Иброњимбек аз Лаќай ба ноњияи Балљувон гузашта, ба ќисмњо таќсим шуда буданд. Инак, бањор – тобистони соли 1926 ба муќобили дастањои Иброњимбек зарбаи дуюм ташкил карда шуд. Муњорибањо бештар дар њудуди ноњияњои Кўлобу Ќўрѓонтеппа мегузаштанд ва ѓалаба насиби ќисмњои аскарони сурх мешуд. Иброњимбек 21 июни соли 1926 бо 24 нафар њамсафонаш, аз наздикии Бешкаппа ба Афѓонистон гурехт. Бо гурехтани Иброњимбек дар љумњурї њаракати зиддишўравї хело заиф гардид. Моњи сентябри соли 1926 дар њудуди љумњурї гўё 4 гурўњ бо 29 љанговар амал мекарданду халос.

    Охирин њуљуми Фузайл Махсум. Ба Афѓонистон гурехтани Иброњимбек ќуввањои зиддишўравии чї дохилї ва чї берунаро як муддат ноумед кард. Вале охири соли 1928 вазъи Афѓонистон таѓйир ёфт. Дар ин мамлакат Амонуллохон, ки нисбат ба Давлати Шўравї хайрхоњ буд, сарнагун карда шуд. Ба њокимият Бачаи Саќо (Њабибуллохон), ки аз љумла тољикони Афѓонистон буд, соњиб шуд. Бачаи Саќо нисбат ба гурезагони иљбории дар Афѓонистон буда хайрхоњ ва нисбат ба Давлат Шўравї душман буд. Чунин њолат амири гурезаи Бухоро Олимхон ва дигар саркардањои атрофи ў: Иброњимбек, Фузайл Махсум ва дигаронро рўњбаланд кард. Амир Олимхон њатто 19 майи соли 1929 ба восиати матбуоти мамлакатњои Ѓарб «Ба мардуми Бухоро, Хева ва Туркистон» мурољиат карда, онњоро ба муќобили тартиботи Шўравї ба мубориза даъват кард.

    Фузайл Махсум 13 апрели соли 1929 бо отряди 15 нафара, аз наздикии Ќалъаи Хумб, аз дарёи Панљ гузашта, аз набудани ќисмњои аскарони сурх истифода бурда, Ќалъаи Хумбро гирифт. 15 апрел Кўришермат њам, ба њудуди љумњурии Тољикистон зада даромад. 17 апрел Фузайл Махсум аз Ќалъаи Хумб ба сўи Ѓарм њаракат карда, дар роњ сафи љанговарони худро зиёд намуда, то Њоит њайати онро ба 200 нафар расонид. Вай дар тамоми мањалњое, ки ба даст медаровард, тарафдорони љамъияти шўравиро берањмона нест мекард. 21 апрел, 35 км дуртар аз Ѓарм, дар наздикии дењаи Нимич, 18 нафар фаъолони љамъияти Шўравї ба Фузайл Махсум сахт муќобилият нишон дода, њамаашон њалок шуданд, ки бисёре аз онњо омўзгор буданд.

    Дар Душанбе 15 апрел хабари аз сарњад гузашта, Ќалъаи Хумбро гирифтани Фузайл Махсум, расид. Њамон ваќт дар ин љо кори анљумани II Шўроњои Тољикистон давом мекард ва фавран ба муќобили Фузайл Махсум чорањои заруриро андешиданд. 29 апрели соли 1929, дар наздикии Ѓарм, бо ду самолёт десанти хурде фаромад. Аз ин Фузайл Махсум ва атрофиёни ў ба воњима афтоданд. Вай дар ин љанг зиёда аз 100 нафар љанговарони худро талаф дода, 3 май аз наздикии Ќалъаи Хумб боз ба Афѓонистон гурехт.

    Бозгашти фирориён. Баробари бунёди љумњурии мухтории Тољикистон яке аз вазифањои асосии њукумати он баргардонидани њамватанони ба хоки Афѓонистон фироршуда ва љойгир намудани онњо ба њисоб мерафт. Њанўз 7 декабри соли 1924 Кумитаи Инќилобии ЉМШС Тољикистон ба он фирориён мурољиат карда, даъват намуд, ки агар онњо хоњиши ба ватан баргаштан ва бо мењнати халол машѓул шуданро дошта бошанд, њукумати љумњурї ба онњо барои амалии чунин маќсадашон њама шароитњоро муњайё менамояд.

    12 сентябри соли 1925 дар назди Кумитаи Инќилобии ЉМШС Тољикистон Комиссияи марказї оид ба расонидани кўмак ба фирориёни бозгашта, эмигратњои сиёсї ва онњое, ки аз њайати гурўњњои зиддишўравї ихтиёран баромада, ба тарафи Шўроњо гузаштанд, бунёд карда шуд. Мувофиќи хулосаи њамин комиссия миќдори умумии мардуми аз ќисми Марказї ва Љанубии Тољикистон фирор карда, тахминан 200 њазор нафар, ё худ 40 њазор оиларо ташкил медодаанд. Аз ин миќдор 15 њазор оилањои миёнањол будаанд.

    Аз як тараф корњои фањмондадињии тарафдорони тартиботи Шўравї ва аз тарафи дигар авзои њамонваќта носолими Афѓонистон сабаб шуд, ки то октябри соли 1926 тахминан 7 њазор оила, ё худ 40 њазор нафар фирориён ба ватанашон баргарданд. Аммо маъракаи коллективонидани соњаи кишоварзї, ки дар сар то сари мамлакат оѓоз гардида буд, минбаъд сафи фирориёни иљбориро ба Афѓонистон боз њам зиёд намуд.

    §5. Ташкилёбии Љумњурии Шўравии сотсиалисти Тољикистон
    МШС Тољикистон дар њайати ЉМШС Ўзбекистон. ЉМШС Тољикистон 5 – сол, яъне солњои 1924 – 1929 дар њайати ЉШС Ўзбекистон буд. Бо маќсади мунтаззам нигоњ доштани алоќаи байнињукуматии Тољикистон ва Ўзбекистон, 20 декабри соли 1924 аз тарафи Кумитаи Инќилобии ЉМШС Тољикистон намояндагии доимии љумњурии мухторї дар ЉШС Ўзбекистон таъсис гардид. Барои ба эътибор гирифтани манфиати Тољикистон – њамчун љумњурии мухторї, махсусан барои њалли масъалањои молиявї ва иќтисодї, дар назди ташкилотњои давлатии Ўзбекистон бюро ва комиссияњои махсус ташкил карда шуд. Инчунин дар ташкилотњои њукуматии он низ намояндагони ЉМШС Тољикистон шомил буданд. Аз љумла, дар назди Комиссариати маорифи халќии ЉШС Ўзбекистон Шўро оиди миллатњои аќал ташкил карда шуд, ки ба он намояндаи ЉМШС Тољикистон сарварї мекард.

    Аммо њукумати њамонваќтаи љумњурии Ўзбекистон, на њама ваќт ба љумњурии Тољикистон, ки нисбатан зиёда ќафомонда ва харобгардида буд, холисона назар мекард. Махсусан дар соњаи маориф манфиати тољикон бештар ба эътибор гирифта намешуд. Ба мансабњо асосан шахсонеро таъин мекарданд, ки онњо дар њуљљат њамчун «ўзбек» номнавис шуда бошанд. Тољиконро бештар маљбур менамуданд, ки худро њамин тавр, яъне «ўзбек» муарифї кунанд. Тољиконеро, ки худро «ўзбек» номнавис мекарданд, ба мансабњои гуногун таъин менамуданд. Ба дасти њамин тољикони ўзбекшуда мактабњои тољикиро мебастанд ва њаёти маънавии тољиконро мањдуд менамуданд.

    Таъсиси округи Хуљанд ва ба ЉМШС Тољикистон њамроњ намудани он. Вилоятњои Панљакент ва Ўротеппа гарчанде мувофиќи таќсимоти њудуди миллии соли 1924 ба ЉМШС Тољикистон шомил карда шуда бошанд њам, аммо онњо, чуноне дар боло таъкид шуд, гўё бо сабаби аз ЉМШС Тољикистон хело дар канор будан, то охири соли 1926, аз љињати идоракунї, амалан дар њайати љумњурии Ўзбекистон буданд. Танњо охири соли 1926 он вилоятњо ба ихтиёри љумњурии Тољикистон гузаштанд.

    Сентябри соли 1926 дар натиљаи таќсимоти ноњиявї дар љумњурии Ўзбекистон бунёди округи Хуљанд пешнињод гардид ва он феврали соли 1927 аз љињат ташкилї таъсис ёфт. Њамон ваќт ба њайати округи Хуљанд, ноњияњои Исфара, Конибодом ва Ашт шомил буданд. Њатто роњбарияти њамонваќтаи љумњурии Ўзбекистон ошкоро иќрор шуда буданд, ки аксарияти ањолии ин округро тољикон ташкил мекунанд ва майли ба ЉМШС Тољикистон њамроњ шуданро доранд. Роњбарияти љумњурии мухтории Тољикистон борњо, дар сатњи гуногун ба ЉМШС Тољикистон њамроњ намудани округи Хуљандро гузошта буданд.

    Апрели соли 1929 анљумани II Шўроњои округи Хуљанд ва анљумани II Шўроњои ЉМШС Тољикистон барпо гардиданд. Онњо масъалаи ба њайати ЉМШС Тољикистон њамроњ намудани округи Хуљандро муњокима карда аз анљумани III Шўроњои ЉШС Ўзбекистон хоњиш намуданд, ки пешнињоди онњоро тасдиќ намояд. 25 майи соли 1929 Кумитаи иљроияи Марказии (КИМ) ЉШС Ўзбекистон ќарорро дар бораи ба ЉМШС Тољикистон њамроњ намудани округи Хуљанд ќабул кард.

    Сентябри соли 1929 округи Хуљанд ба њайати ЉМШС Тољикистон њамроњ карда шуд. Њамон ваќт ањолии округ 250,8 њазор нафарро ташкил медод. Минбаъд ањолии љумњурии мухторї ба зиёда аз 1150 њазор нафар расид ва дар он 72% - ро тољикон ташкил медоданд. Масоњати љумњурї аз 142,5 њазор км2 иборат буд. Ноњияњои округи Хуљанд, нисбат ба ноњияњои љумњурии мухторї, аз љињати иќтисодї ва фарњангї пешрафта њисоб мешуданд.

    Таъсиси Љумњурии Шўравии сотсиалистии Тољикистон. Дар замони мављудияти љумњурии мухтории Тољикистон аксари арбобони он масъалаи тољиконро то њанўз пурра њалнашуда њисобида, ба ташкилотњои гуногуни иттифоќї арзу шикоятњо фиристодаанд. Дар ин асос онњо дар назди ташкилотњои иттифоќї борњо масъалаи ба љумњурии иттифоќї табдил додани ЉМШС Тољикистонро гузоштаанд. Инак, 6 июни соли 1929 бюрои сиёсии кўмитаи марказии њизби коммунистии (болшевикии) Умумииттифоќї масъалагузории аз њайати ЉШС Ўзбекистон баромадани ЉМШС Тољикистон ва ба љумњурии иттифоќї табдил додани онро маъќул шуморид. 12 июни соли 1929 раёсати кумитаи иљроияи марказии ИЉШС, 17 июни њамон сол бюрои иљроияи кўмитаи марказии њизби коммунистии (болшевикии) Ўзбекистон низ чунин њалли масъаларо маъќул шумориданд.

    6 июли соли 1929 Бюрои Осиёмиёнагии кўмитаи марказии њизби коммунистии (болшевикии) Умумииттифоќї оиди ба љумњурии иттифоќї табдил додани ЉМШС Тољикистон наќшањои омодагиро тасдиќ намуд. Ба сарвари коммиссия оиди аз њайати ЉШС Ўзбекистон људо намудани ЉМШС Тољикистон - Макеев, ки љонишини раиси Шўрои иќтисодии Осиёи Миёна буд, фармуд, ки аз 1 октябр, яъне то оѓози буљаи нави солона, корњои муайян намудани сарњади байни ЉШС Ўзбекистон ва ЉМШС Тољикистонро ба итмом расонанд. Комиссияи номбурда бо сарварии Макеев, бо танаффусњо, аз 25 июл то 8 сентябри соли 1929 фаъолият намуд. Дар љамъомадњои он дар байни намояндагони Тољикистон ва Ўзбекистон бањсу мунозирањои тезу тунд ба амал омаданд. Дар он намояндагии Тољикистонро А.Њољибоев ва намояндагии Ўзбекистонро Р.Исломов сарварї мекарданд.

    Дар як ваќт бо фаъолияти комиссияи номбурдаи бюрои Осиёимиёнагї, дар худи љумњурии мухтории Тољикистон њам баъзе чорабинињо оиди ба љумњурии иттфоќї табдил додани он мегузашт. Аз љумла, 11 августи соли 1929 раёсати кўмитаи иљроияи марказии Шўроњои ЉМШС Тољикистон ба њукумати (Шўрои Комиссарони) љумњурї пешнињод намуд, ки чорабинињоро оиди таъсиси ташкилотњои љумњуриявии хоси љумњурии иттифоќиро бинад. 11 сентябри он сол иљлосияи II Кумитаи Иљроияи Марказии (КИМ) Шўроњои ЉМШС Тољикистон маърўзаро оиди сохтори хољагї ва фарњангї дар љумњурї ва инкишофи ояндаи онњоро шунида ќарор кард, ки аз њайати ЉШС Ўзбекистон баромада ба љумњурии иттифоќї табдил ёфтани ЉМШС Тољикистон зарур аст ва ин љумњурии навбунёд бояд бевосита ба њайати ИЉШС (СССР) шомил гардад. Барои њалли ин масъала зарур шумориданд, ки анљумани фавќулоддаи Шўроњои ЉМШС Тољикистон даъват карда шавад.

    15 октябри соли 1929 дар шањри Душанбе анљумани III фавќулоддаи Шўроњои љумњурї ба кори худ шурўъ кард. 16 октябр дар майдони назди Хонаи дењќон (њозира бинои театри драммавии русии ба номи В. Маяковский), дар њузури намояндагони анљуман, ќисмњои аскарони сурх ва мардуми аз гўшањои гуногун омада, Эъломия дар бораи ба Љумњурии Шўравии сотсиалистии Тољикистон тадбил додани ЉМШС Тољикистон ќабул гардид. Њамин тавр бо душворињои хеле зиёд Љумњурии Шўравии сотсиалистии Тољикистон таъсис ёфт. Њамон лањза ба њайати љумњурї Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, округњои Хуљанд, Ўротеппа, Њисор, Ѓарм, Ќўрѓонтеппа, Кўлоб ва Панљакент шомил буданд.

    Инчунин, дар њамон Эъломия таъкид мегардид, ки ЉШС Тољикистон ихтиёран, дар асоси эъломияи анљумани якуми Шўроњои ИЉШС (СССР), њамчун аъзои комилњуќуќ, ба њайати Иттифоќ дохил мешавад. 5 декабри соли 1929 иљлосияи Кумитаи Иљроияи Марказии ИЉШС (СССР) ќарор кард, ки Шартнома дар бораи таъсиси ИЉШС (СССР) дар њудуди ЉШС Тољикистон низ пањн карда шавад. Онро анљумани VI Шўроњои ИЉШС (СССР) низ маъќул шуморид. Њамин тавр Љумњурии Тољикистон аъзои њафтўми ИЉШС гардид.

    Бо сабаби бунёди ЉШС Тољикистон, 25 ноябри соли 1929 бюрои сиёсии кумитаи марказии њизби коммунистии (болшевикии) Умумииттифоќї ќарор ќабул кард, ки ташкилоти вилояти тољикистонии њизби коммунистии (болшевикии) Ўзбекистон ба њизби коммунистии (болшевикии) Тољикистон табдил дода шавад.

    Умуман таъсиси ЉШС Тољикистон ќадами дигари љиддї ба сўи соњибистиќлолии давлатии Љумњурии Тољикистон ба њисоб меравад. Бинобар њамин њам ин воќеа низ барои тољикон ва тољикистониён ањамияти бузурги таърихї дорад.


    БОБИ XVII. Тољикон дар давраи дигаргунсозињои сиёсї, иљтимоию иќтисодї ва фарњангии солњои 1929 - 1941
    1   ...   33   34   35   36   37   38   39   40   ...   57


    написать администратору сайта